Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол ба поён расид: 16 даста аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 ба анҷом расид ва 32 даста роҳхати даври 1/16 ба даст оварданд. Аз 48 тими ширкаткунанда, 16 даста аз идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими рӯзи охири марҳилаи гурӯҳӣ хориҷ шудани тими миллии Эрон буд. Эрониҳо дар бозии охирини худ бо Миср бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карданд ва бо се имтиёз дар ҷои сеюми гурӯҳи G қарор гирифтанд. Аммо барои роҳ ёфтан ба даври 32 онҳо умедвор буданд, ки бозии Алҷазоир ва Австрия дар гурӯҳи J бо пирӯзии яке аз дастаҳо анҷом ёбад. Ин дидор бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт ва ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар натиҷа, Эрон аз ҳаққи роҳёбӣ ҳамчун яке аз беҳтарин тимҳои ҷойи сеюм маҳрум шуд.

Дар гурӯҳи K низ рақобатҳо ҷолиб буданд. Колумбия ва Португалия бозии охирини худро бо ҳисоби 0:0 анҷом доданд ва ҳарду ба даври 32 роҳ ёфтанд. Дар ҳамин ҳол, Конгои Демократӣ бо ҳисоби 3:1 Узбекистонро мағлуб карда, ҳамчун яке аз беҳтарин тимҳои ҷойи сеюм ба марҳилаи навбатӣ баромад. Бо ин бохт, Узбекистон бидуни пирӯзӣ мусобиқаро тарк кард.

Дар гурӯҳи L бошад, Англия Панамаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо садринишинӣ ба даври 1/16 роҳ ёфт. Хорватия низ бо пирӯзии 2:1 бар Гана ҷойгоҳи худро дар марҳилаи баъдӣ таъмин кард.

Бо анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ, акнун рақобатҳо ба даври 1/16 ё ҳазфӣ мегузаранд, ки дар он ҳар бохт маънои видоъ бо мусобиқаро дорад. Даври 1/16 байни 32 даста рӯзи 28-уми июн оғоз шуда, то 3-уми июл идома мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.