24.9 C
Dushanbe

Марги се ҳоҷии тоҷик ҳангоми адои Ҳаҷ

Се нафар аз зоирони тоҷикистонӣ ҳангоми адои фаризаи Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 21-уми июни соли 2024 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки се нафар аз зоирони тоҷикистонӣ ҳангоми адои фаризаи Ҳаҷ-2024 вафот кардаанд.

Ба қавли хабаргузории “Азия-Плюс“, ин зоироне, ки дар вақти баргузории маросими Ҳаҷ-2024 фавтидаанд, сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошанд.

Пеш аз ин бархе хабаргузориҳои хориҷӣ аз марги садҳо нафар зоирони кишварҳои хориҷӣ дар маросими Ҳаҷ-2024 гузориш дода буданд. Дар байни кишварҳое, ки теъдоде аз зороини онҳо дар ин мавсим ҷони худро аз даст додаанд, Миср бо беш аз 223 кас дар ҷои якум ва сипас Индонезия бо беш аз 144 нафар дар ҷои дуюм аст. Омори умумии фавтитагонро мақомоти дахлдори Арабистони Саудӣ беш аз ҳазор нафар эълон кардаанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ яке аз сабабҳои марги зоиронро тоб наовардани онҳо ба бархе бемориҳои мухталиф ва гармии боду ҳаво марбут донистаанд. Сухангӯи расмии Маркази миллии боду ҳавошиносии Арабистони Саудӣ низ гуфта буд, ки душанбеи 17-уми июни соли ҷорӣ дар соати 13:00 минтақаи марказӣ дар Масҷиди ҳаром 51,8 дараҷа гамр, Арафот 48, дар минтақаи Мино ва Муздалифа бошад, 46 дараҷа гармии дамои ҳаво сабт шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, дар рафти баргузории маросими Ҳаҷ-2024 зиёда 1 миллиону 800 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат кардааст. Бар илова, оморҳои ғайрирасмӣ низ аз он ҳикоят доранд, ки бо вуҷуди ихроҷи беш аз 355 ҳазор нафар аз Макка, ҳамоно даҳҳо ҳазор нафари дигар ба сурати ғайрирасмӣ дар ин маросим ширкат кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.