17.9 C
Dushanbe

Маркази тиббии $25 млн-и Фонди Оқохон давлатӣ мешавад?

Маркази тиббии Фонди Оқохон дар Хоруғ низ давлатӣ карда мешавад. 

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба додгоҳ пешниҳод кардааст, ин Маркази тиббиро, ки дар маҳаллаи Бархороғи шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, ба ихтиёри ҳукумат гузарад ва ҳоло баҳс сари ин масъала идома дорад. Ба гуфтаи даъвогарон, “ин объект мушкилӣ доштааст”.

Маркази тиббии Оқохон соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд буд. Ин марказ ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) маҳсуб мешавад. 

Пештар аз ин мақомоти кишвар бо як қарор меҳмонхонаи “Серена”-и Фонди Оқохонро, ки дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, давлатӣ кард ва ба ихтиёри мақомоти ВМКБ гузаронд.

Мақомот сабаби ин тасмимро чунин шарҳ додаанд, ки гӯё дар хусусигардонии ин бино дар аввали солҳои 2000-ум дар асноди он мушкилӣ вуҷуда, нодуруст анҷом шудааст.

Бино ба иттилои Pamir Daily News ҳоло ин иншоот ба соҳибкоре бо номи Алишер, зодаи ВМКБ, муқими вилояти Суғд супурда шудааст.

То ҳол мақомоти Бадахшон ва Фонди Оқохон дар Тоҷикистон расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Меҳмонхонаи “Khorog Serena Inn” дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир буда, сохти он ба тарзи хонаҳои мардуми ин минтақа бунёд шудааст ва макони ҷалби сайёҳону гузаронида тӯйҳо ва конфронсҳо мебошад.

Ин меҳмонхона ҷузъе аз ширкати швейтсарии “Serena Tourism Promotion Services SA” буда, ба Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодии AKFED тааллуқ дорад.

Ин ширкат шабакаи меҳмонхонаҳоро дар Кения, Танзания, Занзибар, Руанда, Конго, Уганда, Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе идора мекунад. 

Гуфта мешавад, мақомоти кишвар баъд аз ҳодиҳои ахир дар Бадахшон, ки ба қатли даҳҳо сокинони он ва зиндонӣ шудани садҳо фаъоли мадании ин вилоят анҷомид, бо ҳар роҳе фаъолияти Фонди Оқохонро маҳдуд карда истодааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.