29.9 C
Dushanbe

Марз боз ноором шуд

Садои тиру тӯп аз нав дар Исфара шунида мешавад ва сокинон мегӯянд, ки ин дафъа ҳам тирпарониро ҷониби Қирғизистон оғоз кардааст.

Шоми имрӯз, 16-уми сентябри соли 2022

Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо нигаронӣ мегӯянд, тарафи Қириғизистон бо ворид кардани техникаи иловагӣ ва нерӯҳои тозанафас ба Боткен “бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст.”

Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст.

Ба қавли “Радиои Озодӣ” Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки “сарҳадбонҳои тоҷик дубора ба мавқеи низомиён дар Кулунду ва Ҷани-Ҷери ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳамла карданд”.

Инчунин дар аксу наворҳое, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта истодаанд, дида мешавад, ҷониби Қирғизистон дар шаҳри Истфар бештар афроди мулкиро дар ҷойҳои пуродам мавриди ҳамла қарор додаистодааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад. Ва бар асоси тавофуқҳои ҳосилшуда ҳар ду ҷониб вазифадор шуданд, ки нерӯҳои худро ба ҷойҳое, ки пеш аз оғози низоъҳои мусаллаҳона ҳузур доштанд, бар мегардонанд, тавофуқе, ки сокинони маҳаллиро нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.