26.9 C
Dushanbe

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ бо чӣ ҷурме боздошт шуд?

Мақомоти кишвар рӯҳонии маъруфи тоҷик Абдулло Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро ҳамроҳ бо бародараш Иззатулло Қувватбеков боздошт карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, айни замон ин рӯҳонии маъруф ҳамроҳи бародараш дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо мақомот то ҳол сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодаанд. Танҳо гуфта мешавад, ки нисбаташон тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

Манобеи хабарӣ пештар иттилоъ дода буданд, ки Мавлавӣ Абдуллоро 18 июни соли ҷорӣ ҳашт нафар аз кормандони мақомоти интимии маҳаллӣ хонаи Мавлавиро ҷустуҷӯ карда, ӯ ва бародарашро боздошт карданд. Инчунин аз хонааш китобҳои динии ӯро бо 80 ҳазор доллар пайдо намуда, бо худ бурданд.

Наздикони Мавлавӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафар муфаттиш рӯзи 20-уми июн бо либоси мулкӣ барои гирифтани баёнот ба манзил зисташон омада, суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд.

“Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”,- мегӯяд Қувватбек Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдулло.

Аз наворҳои суханронии Мавлавӣ Абдулло фаҳмида мешавад, ки ӯ бештар аз таълимоти саҳеҳи динӣ мегӯяд ва мардумро барои даст кашидан аз хурофоту расмҳои ноҷоиз даъват мекунад. Инчунин гуфта мешавад, Мавлаӣ бештар ба дуохонии беморон, аз ҷумлаҳо касалиҳои рӯҳӣ машғул буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.