Хона блог саҳифа 102

Чанд ҳолати ғарқшавӣ дар дарёи Вахш

0

Дар Тобистони имсола мутаассифона, чанде аз кӯдакону ноболиғон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ва дигар дарёҳову кӯлҳо ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҳолати ғарқшавӣ ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар ду моҳи охир, махсусан дар дарёи Вахш хабар додааст.

Аз ҷумла, ин ниҳод меяд, 22-уми июни соли 2025, соати 16:00 шаҳрванд Камолов Бахтиёр Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

31-уми июли соли 2025, тақрибан соати 17:30, ду сокини деҳаи Л. Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант, аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.

Ҳамчунин, 5-уми августи соли 2025, як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми оббозӣ дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш, аз беназоратии волидайн ғарқ шудааст.

Аз чор нафар ғарқшуда, ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар то ҳол идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, аксарияти ҳодисаҳои ғарқшавӣ, ки бар асари он шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд, дар натиҷаи надонистани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои зиёд шудани ғарқшавии шаҳрвандонро, ки аксарияташонро кӯдакон ташкил медиҳанд, зиёд будани рӯдхонаҳо ва кӯлҳо дар кишвар ва набудани шароити хуб барои оббозӣ, ба монанди маконҳои махсуси шиноварӣ медонанд. Ба бовари онҳо, ҳукумат метавонад ҳадди аққал бо ташкил кардани ҷойҳои махсус дар лаби рӯдхонаҳо ва кӯлҳо барои оббозӣ ва ҳузури ҳайати наҷотдиҳандаҳо шароити хубро барои оббозии сокинон, махсусан кӯдакон таъмин кунад.

Кушта шудани 6 рӯзноманигор дар як ҳамлаи Исроил ба Ғазза

0

Рӯзи якшанбе, 10-уми август дар як ҳамлаи Исроил ба хаймаи рӯзноманигорон се рӯзноманигор ва се наворбардори аҳли Ғазза кушта шуданд.

Анас Шариф ва Муҳаммад Қурайқеъ ҳамроҳ бо наворбарононашон, ки барои шабакаи маъруфи “Ал-Ҷазира” хабару гузориш медоданд ва вазъи асафбору мушкилоти тоқатфарсои мардуми Ғаззаро ба ҷаҳониён мерасонданд, дар ин ҳамла ҷон бохтанд.

Ба иттилои расонаҳо, ин ҳамла рӯзи якшанбе ба як хаймае, ки рӯзноманигорон онҷо мезистанд ва аз онҷо барои омода кардани гузоришҳо омодагӣ медиданд, ҳамла сурта гирифт. Артиши Исроил низ пас аз ҳамла масъулияти куштани Анас Шариф ва ҳамроҳонашро ба дӯш гирифтааст.

Аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқибашар ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд. Аз ҷумла, раҳбари Иттиҳоди рӯзноманигорони Британия дар як мусоҳиба бо “Ал-Ҷазира” куштани рӯзноманигоронро маҳкум карда, гуфт, ки “қатли рӯзноманигорон дар Ғазза талош барои пӯшиши ҳақатҳо аст. Ва ин амали Исроил ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки барои ворид кардани рӯзноманигорони хориҷӣ ба Ғазза талош кунад”.

Бунёди “Рӯзноманигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот бо маҳкум кардани ҳамлаи дирӯзаи Исроил аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хоста, ки барои пешгирӣ аз қатли рӯзноманигорон ва ворид кардани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза талош кунанд ва вазифаи инсонии худро анҷом диҳанд.

Комиссиёри олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри изҳороте гуфтааст: “Кушта шудани 6 рӯзноманигори фаластиниро дар Ғазза маҳкум мекунем ва ин ҳамларо нақси ошкори қонунҳои инсонии байналмилалӣ медонем”.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар як изҳороти тундлаҳн гуфта, ки “Ҳадафмандона куштани рӯзноманигорон ҷиноятҳоеро, ки Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, намепӯшонад”. Ин ниҳоди қатарӣ афзуда, ки ҳадф қарор додани рӯзноманигорон дар Ғазза аз ҷониби Исроил баёнгари аҷзу нотавонии ҷомеаи байналмилаӣ барои поён додани фоҷеаҳоест, ки дар тасаввур намеғунҷад.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон низ дар як баёнияе қатли рӯзноманигоронро дар Ғазза маҳукм карда, хостори муҷозоти масъулон ва омилони ин ҳамла шудааст.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, пас аз ҳамлаи дирӯзаи Исроил шумори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза бо шумули ин 6 рӯзноманигор ба 238 нафар расид.

Раҳимзода: Дар 6 моҳ сабти 600 ҷинояти террористӣ

0

Рамазон Раҳимзодва, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар давоми шаш моҳи гузашта наздики 600 ҷинояти террорисӣ сабт шудааст.

7-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Вазироти корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни нишаст вазир Рамазон Раҳимзода аз натиҷаҳои – ба гуфтааш – мубориза бо терроризм ва экстремизмро дар шаш моҳи аввали соли 2025 гузориш дод.

Ба иддаои Раҳимзода дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 593 ҷиноят, марбут ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки барои содир кардани онҳо 411 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Аз ин шумора 241 нафар, аз ҷумла 91 ҷавон боздошт шудаанд.

Инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат пешгирӣ кардаанд. Вале вазир нагуфт, кадом гурӯҳ чӣ кореро мехостаанд, анҷом диҳанд.

Ҳамчунин 162 ҳолати маблағгузории фаъолияти террористӣ ошкор шуда, 51 нафар боздошт шудаанд ва ба гуфтаи ин мақомдор, онҳо “аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намудаанд”.

Раҳимзода нагуфт, ки маблағҳо ба куҷо фиристода мешуданд, вале иддао кард, ки шаҳрвандони камбизоат ва фирефташуда пули охирини худро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Аврупо ва дигар кишварҳо мефиристанд ва аъзои гурӯҳҳои – ба гуфтааш – террористӣ бо ин маблағ зиндагии бошукуҳ мекардаанд.

Ҳамчунин дар давоми шаш моҳ аз беш аз 7500 шахси дар ҷустуҷӯ буда, 1500 нафар боздошт шуда, 200 нафари онҳо аз кишварҳои хориҷӣ баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 500 нафар дар Русия боздошт шудаанд.

Аз шумораи умумии боздоштшудаҳо, 235 нафарашон аъзои гурӯҳҳои террористӣ буда, ба гуфтаи вазир “166 нафар ихтиёран ба Ватан баргардонда шудаанд.

Дар ҳамин давра 5 оилаи иборат аз 27 нафар, ки 12 нафарашон кӯдакон мебошанду ба гурӯҳҳои террористӣ пайваста будаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба таълими ғайриқонунии динии сокинон дар назди нимчамуллоҳои чаласавоб рабт дода, гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 105 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 175 нафар, аз ҷумла 86 ноболиғ иштирок доштаанд. Ғайр аз ин, 32 донишҷӯ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон ҳамасола аз мубориза бо терроризму боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мегӯянд, ки бисёре аз боздоштшудаҳо аъзои гурӯҳҳои мухолифон мебошанд. Ҳуқуқшиносону коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон пушти муборизаи бо терроризму ифротгароӣ, асосан зидди фаъолони динӣ ва мухолифони сиёсӣ мубориза бурда истодаанд.

Тавофкқи Кобинаи амниятии Исроил бар контроли комили Ғазза

0

Кобинаи амниятии Исроил ба тарҳи нахуствазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу барои густариш ҳамлаҳои низомӣ ва ишғоли комили Ғазза мувофиқат кард.

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи ҷумъа, 8-уми август эълом кард, ки Кобинаи амниятӣ бо тарҳи контроли комили Навори Ғазза мувофиқат кардааст. Бар асоси ин баёния, ин тарҳ ба пешниҳоди Бинёмин Натанёҳу тасвиб шуда ва артиши Исроил барои ишғоли комили Ғазза омода мешавад.

Натанёҳу бо ин тарҳ пешниҳод намуда, ки Ғазза аз ҷониби артиши Исроил марҳила ба марҳила ба таври комил тасарруф шавад ва беш аз ду миллион аҳолии ин борика ба минтақаи ҷанубии он кӯчонида шаванд.

Дар ҳамин ҳол аксар созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва кишварҳо аз паёмадҳои ногувори ин тарҳ ҳушдор додаанд. Аз ҷумла, Фолкер Турк, Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо нашри изҳороте хостори таваққуфи фаврии ҳамлаи густардаи артиши Исроил ба Ғазза ва ишғоли комили он шуд.

Изҳороти Турк пас аз эълони Кобинаи амниятии Исроил нашр шуд. Ӯ дар паёмаш таъкид мекунад, ки “Ин иқдоми Исроил ба қарори Додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди зарурати ҳарчи зудтар поён додани ишғолгарӣ, татбиқи роҳҳали дукишварӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниён” мухолифат дорад.

Вазорати хориҷаи Чин бо нашри изҳороте гуфтааст, ки “Амиқан нигаронии тарҳи Исроил барои ишғоли Ғазза ҳастем.”

Ҳамзамон нахуствазири Британия Кир Стармер низ бо нашри изҳороте рӯзи ҷумъа гуфта, ки тасмими Исроил барои контроли Навори Ғазза “Иштибоҳ” аст ва аз давлати Исроил хостааст дар ин тасмим таҷдиди назар кунад.

Кир Стармер дар баёнияаш гуфтааст: “Тасмими давлати Исроил барои ташдиди ҳамла ба Ғазза иштибоҳ аст ва мо аз онҳо мехоҳем фавран дар он бознигарӣ кунанд. Ин иқдом на ба поён додани ин даргирӣ кумак хоҳад кард ва на ба озодии гаравгонҳо, балки сабаби хунрезии бештар хоҳад шуд.”

Вазири корҳои хориҷии Ҳолланд низ бо изҳороте гуфта, ки тасмими Исроил барои ишғоли Ғазза кумаке ба озодии гаравгонҳо намекунад.

Ҳамҳамон кишварҳои Урдун, Туркия ва бархе дигар аз кишварҳо тасими Натанёҳу барои ишғоли Ғаззаро маҳкум намуда, аз авоқиби вахими инсонии он ҳушдор додаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 858 ҳазор нафақахӯр сабт шудааст

0

То 1-уми июли соли 2025, шумораи умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 858 ҳазору 191 нафар мебошад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд.

Аз шумораи умумӣ, 170 ҳазору 52 нафар — нафақахӯрони маъюбанд, ки аз онҳо:

18 ҳазору 220 нафар — маъюбони гурӯҳи якум,

83 ҳазору 691 нафар — маъюбони гурӯҳи дуюм,

33 ҳазору 317 нафар — маъюбони гурӯҳи сеюм,

34 ҳазору 824 нафар — маъюбони то синни 18-сола.

Илова бар ин, то 1-уми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 149 нафар ятими комил ва 77 ҳазору 649 нафар кӯдаки нимятим ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 нафар ва иштирокчиёни ҷанг дар ақибгоҳ 117 нафарро ташкил медиҳад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, ки корҳои худро дар ростои таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазир, аз ҷумла нафақахӯрон, маъюбон, ятимон ва собиқадорон идома медиҳад.

Бо вуҷуди ин, маблағи нафақа дар Тоҷикистон назар ба Қазоқистон Қирғизистон Узбекистон ва Туркманистон хеле кам аст ва пиронсолону маъюбон борҳо шикоят кардаанд, ки ҳатто ин пул ба хароҷоти табобат ва хариди дору намерасад.

Додситони кул: Омори дақиқ дар бораи иштирокчиёни тоҷик дар ҷанг алайҳи Украина вуҷуд надорад

0

Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон 8-уми август дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки маълумоти омории дақиқ дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанг алайҳи Украина вуҷуд надорад ва касе барои иштирок дар он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Воҳидзода гуфт, бархе аз шаҳрвандон ду шаҳрвандӣ доранд ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русия. Ба гуфтаи ӯ, вақте шахс шаҳрвандии кишвареро қабул мекунад, бояд талабот ва уҳдадориҳои ҳамон давлатро риоя намояд.

“Масъалаи иштирок дар ҷангро худи давлат нисбат ба шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст, муайян мекунад. Барои ҳамин, ин бештар ба шаҳрвандии шахс ва хоҳишу уҳдадориҳои ӯ вобаста аст.”, таъкид кард Додситони кул.

Мақомот то кунун нагуфтаанд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон мустақим ё ғайримустақим дар ҷанг бар зиддин Украина иштирок доранд, аммо як барномаи давлатӣ дар Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина 4-уми август дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишта буд, ки дар сафи пеши ҷабҳаи ҷанг аз ҷониби артиши Русия зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва чанде аз кишварҳои африқоӣ иштирок доранд.

Ӯ таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳо “посухи сазовор” дода хоҳад шуд, вале тарзи ин посухро шарҳ надод.

Агар қисми тоҷиконе, ки дар ин ҷанг иштирок мекунанд, шаҳрвандии Русияро дошта, бархе дигар бо ваъдаи озодӣ ё гирифтани шаҳрвандии Русия, аз миёни зиндониён ва муҳоҷирони беаснод ба ҷанг ҷалб мешаванд.

Чанде пеш як зодаи Тоҷикистон, ки бо Вазорати дифои Русия шартномаи яксола баста буд, дар суҳбат ба Azda.tv иброз дошта буд, ки пас аз анҷоми шартномааш моҳи феврали 2025 иҷозаи тарки ҷабҳа ва ҳатто рухсатӣ нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, садҳо тоҷик бо чунин вазъ рӯбарӯянд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, иштирок дар ҷанги кишварҳои дигар ҷиноят ҳисобида мешавад. Созмонҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ борҳо ҳушдор додаанд, ки шаҳрвандони тоҷик фиреби мақомоти Русияро нахӯранд ва ҷони худро зери хатар нагузоранд.

“Авангард” дар Маскав муҳоҷиронро боздошт мекунад

0

Бо иштироки нерӯҳои вежаи Росгвардия, аз ҷумла дастаи ОМОН бо номи “Авангард”, дар шаҳри Маскав амалиёти густурдаи санҷиши муҳоҷирон баргузор гардид.

Дар натиҷаи ин амалиёт, ки бо ҳамоҳангии Кумитаи тафтишоти ҳарбии Русия рӯзи 5-уми август анҷом ёфт, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратии 400 шаҳрванди хориҷӣ дар як хостел дар маркази пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифт.

Мақомот дар ҷараёни санҷиш шиносномаҳо ва иҷозатномаҳои корӣ (патент)-ҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ин афродро тафтиш карда, дар ниҳоят 300 нафарро бо гумони нақзи қонунгузории муҳоҷиратӣ боздошт намуда, ба шуъбаҳои милитсия интиқол доданд, ки дар байнашон шаҳрвандони тоҷик низ ҳаст.

Ин рейд дар пасманзари шиддат гирифтани назорат болои муҳоҷирон дар Русия баргузор шудааст, ки солҳои охир таҳти фишор ва муносибати бад қарор доранд. Ин вазъ ба таври хос муҳоҷирони тоҷикро, ки қисми зиёди коргарони муҳоҷир дар Русияро ташкил медиҳанд, зери зарба қарор додааст.

Солҳо боз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла таъқиб, боздошт, депорт ва муносибати ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли беш аз сӣ соли охир, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст аз ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳимоят кунад.

Ин дар ҳолест, ки беш аз нисфи буҷети давлатии Тоҷикистон тавассути маблағҳои интиқолии муҳоҷирон таъмин мегардад. Аммо ба ҷойи пуштибонӣ, муҳоҷирон танҳо монда, дар муқобили сиёсати сахтгиронаи Русия бепаноҳ боқӣ мемонанд.

Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки фишор болои муҳоҷирони тоҷик на танҳо масъалаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқист, балки як фишори сиёсӣ низ буда метавонад, ки Тоҷикистон бояд нисбат ба он мавқеи ҷиддӣ ва возеҳ бигирад.

Парвандаи муттаҳамони дуздии 120 миллион сомонӣ ба куҷо расид?

0

Чанде пеш мақомоти кишвар аз боздошти даҳҳо низомии корманди Вазорати мудофеаи кишвар бо иттиҳоми дуздии беш аз 120 миллион сомонӣ хабар дода буданд.

Аммо баъдтар дигар маълум нашуда, ки шумори дақиқи муттаҳамон ба чанд нафар расид ва чанде аз онҳо зиндонӣ шуданду чанд каси дигар раҳо ёфт.

Имрӯз масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтанд, ки дар қазияи дуздии 120 миллион сомонӣ аз Вазорати мудофеаи кишвар бар зидди 71 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Гуфта шуд, ки аз ин 71 нафар 28 нафарашон ғайринизомиён ва масъулоне ҳастанд, ки дар дигар идораҳои давлатӣ фаъолият мекарданд ва 43 нафарашон низомиён ва масъулони худи Вазорати мудофеаи кишвар буданд.

Яке аз муовинони раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки маблағи дуздидашуда аз Вазорати мудофеаи Тоҷикистон 124 миллиону 857 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он миқдор 108 миллиону 344 ҳазору 108 сомонии он барқарор шуда, беш аз 16 миллионаш то ҳол барқарор нашудааст.

Намояндаи Додгоҳи олӣ гуфт, ки аз 71 нафар муттаҳаме, ки бар зидашон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд, танҳо 9 нафарашон аз 5 то 15 сол зиндонӣ шудаанд ва боқӣ бо баргардонидани маблағҳои гирифташуда ва ё ҷарима зиндонӣ нашуданд.

Раиси Додгоҳи олии кишвар илова кард, ки маблағе, ки аз ҷониби масъулоин Вазорати мудофеа дуздида шуд, он барои 124 барои ғизо, сару либоси сарбозон ва таъмини техникаҳои ҳарбӣ ҷудо шуда буд. Вале масъулони ин вазорат ин миллионҳо сомониро ба фоидаи шахсии худ тасарруф карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи хӯроку либоси сарбозон дар қисмҳои низомӣ чандон хуб набуда, шикоятҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ки сарбозон бо хӯроки ғизонок таъмин нестанд.

Парвандаи мазкурро расонаҳои давалтӣ нашр намекунанд, то мардум огоҳ шаванд, ки мақомдорони зиёде вуҷуд дорад, ки то ҳанӯз аз буҷаи давлат, ки аз ҷайби мардум таъмин мешавад, пулҳои ҳангуфтеро медузданд ва ба фоидаи шахсии худ сарф карда, хонаҳои баландошёна ва мошинҳои гаронбаҳо мехаранд.

Вазири адлия чаро ба суолҳо посухи равшан намедиҳад?

0

Имрӯз, 7-уми август дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар ҷараёни нишаст, хабарнигорон аз вазири адлия Музаффар Ашуриён дар бораи шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои кишвар суол доданд. Аммо ба ҷои ҷавобҳои рӯшан ва дақиқ, вазир изҳоротҳои умумӣ доду аз ҷавоб додан ба масъалаҳои асосӣ худдорӣ кард.

Яке аз саволҳои матраҳшуда ба шикояти наздикони зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмурод Одинаев, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рабт дошт, ки ба гуфтаи пайвандонашон аз бемориҳои гуногуне ранҷ мекашанд. 

Аммо вазири адлия дар ҷавоб гуфт, ки СРИҶҶ дорои муассисаи тиббӣ буда, он дар доираи имкониятҳои худ ба маҳкумшудагон ёрии тиббии муолиҷавӣ мерасонад. Инчунин Музаффар Ашуриён иддао кард, ки агар зарур шавад табибоне, ки дар ҳайати вазорат нестанд аз берун оварда мешаванд ва то имрӯз ягон маҳбус бе таваҷҷуҳ намондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон чор нафар зиндонии сиёсии зодаи Бадахшон, аз ҷумла  Кулмамад Паллаеви 50-сола, Аслан Гулобови 35-сола, Музаффар Давлатмирови 61-сола ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола фавтидаанд. Наздикони онҳо мегӯянд, ки ба онҳо кумаки зарурии тиббӣ дар зиндон расонида нашудааст ва аз беморӣ даргузаштанд. 

Ашуриён масъалаи ба ШИЗО андонхтани Абдусатор Пермухамадзодаро барои суолаш, ки ӯро “чаро ба рӯйхати афвшудагон ворид накардаанд” низ нодида гирифту дар ин бора чизе нагуфт. 

Инчунин дар  ҷараёни нишаст, аз вазир пурсиданд, ки оё мумкин аст дар моҳҳои наздик барои хабарнигорон имкони боздид аз зиндонҳо фароҳам шавад, то онҳо шахсан бо шароити зиндониён шинос шаванд. Вазири адлия ба ин савол посухи рӯшан надод ва танҳо ишора кард, ки хабарнигорон метавонанд бо дигар ниҳодҳо, мисли Дафтари Омбудсмен, ки дар зиндонҳо гӯё мониторинг мегузаронад, ҳамкорӣ кунанд ва тавассути онҳо маълумот дастрас намоянд.

Дар охир Музаффар Ашуриён мисли нишастҳои қаблӣ боз иддао кард, ки талоши Ҳукумат ба беҳтар намудани шароити зиндонҳои кишвар равона шудааст. Аммо ҳамоно пайвандони маҳбусону худи онҳо ва созмонҳои ҳуқуқи аз вазъи бади зиндонҳо, аз ҷумла норасоии дору, шароити бади санитарӣ ва мушкилоти ғизо дар зиндонҳо, инчунин шиканҷаву фишор болои маҳбусон шикоят доранду бар асари бемориву шиканҷаҳои бардавом маҳбусон мемиранд.

Наздики як миллион сомонӣ ҷарима барои дуздии барқ

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар муддати 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 80 нафарро барои дуздии қуваи барқ ҷарима кардааст.

Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 7-уми август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки давоми 6 моҳи гузашта бар зидди 78 нафар барои ғайриқонунӣ истифода намудан аз нерӯи барқ парванда боз шудааст.

Раиси Додгоҳи олии кишвар афзуд, ки аз ин 78 парванда, ба маблағи 955 ҳазору 726 сомонӣ ҳамчун ҷарима ба фоидаи давлат ситонида шудааст.

Аммо Мирзозода шарҳ надод, ки аз ин миқдор парвандаҳо чандтои он ба корхонаву идораҳои давлатии аз барқ қарздор марбут аст ва чандтои он ба шаҳрвандони оддӣ.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар нишасти матбуотӣ эълон карда буданд, ки аз аҳолии кишвар дида, ширкатҳои бузурге, ки ба хонаводаи раисҷумҳур наздикӣ доранд, аз барқ қарздоранд ва ё ин ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз барқ истифода мебаранду пули барқро пардохт намекунанд.

Намояндагони ширкати мазкур ба хабарнигорон гуфта буд, ки аҳолии кишвар аз ҳисоби истифодаи барқ 1,7 миллиард сомонӣ қарздоранд, аммо чанде аз сохторҳои муҳими давлатӣ низ дар рӯйхати қарздорони бузург қарор доранд, аз ҷумла, ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) — бо қарзи 718 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ — 238 миллион, идораҳои буҷетӣ — 108 миллион, ва корхонаҳои обу корез — 16,4 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо – 1 миллиарду 685,6 миллион сомонӣ қарздоранд.