Хона блог саҳифа 117

Танҳо дар панҷ моҳ Русия аз муҳоҷирон 805 миллион доллар фойда ба даст овард

0

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 муҳоҷирони корӣ ба буҷети Русия 63 миллиард рубл (тахминан 805 миллион доллар) андоз пардохт кардаанд.

Дар ин бора Валентина Казакова, роҳбари Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия, дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад бештар аст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳар моҳ барои гирифтани иҷозатномаи корӣ ё “патент” маблағи зиёд мепардозанд ва он ба буҷет ворид мешавад.

Вай дар идома афзуд, ҳоло дар Русия наздики 3 миллион муҳоҷир кор мекунад. Бештарини онҳо дар сохтмон, савдо ва саноат фаъоланд. “Соли гузашта 6,3 миллион хориҷӣ ба Русия омадаанд ва беш аз нисфашон бо ҳадафи кор. Дар баробари ин, 700 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ вуҷуд дорад ва аз ин шумор 157 ҳазорашон ихроҷ шудаанд.”, мегӯяд ин мақомдори рус.

Аз ҳама бештар дар ин кишвар муҳоҷирон аз Узбекистон бо 23,3%, Тоҷикистон – 16,7% ва Қирғизистон – 10,4%-ро ташкил медиҳанд.

Мақомоти муҳоҷирати Русия аз моҳи феврал рӯйхати махсуси назорати муҳоҷирон дар ин кишварро таъсис доданд. Ин руйхат онҳоеро фаро мегирад, ки қонуншиканӣ кардаанд. Ҳоло дар он рӯйхат зиёда аз 800 ҳазор муҳоҷир сабт шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони бекор, ки нафъе надоранд, аз кишвар хориҷ карда шавад.

Бо вуҷуди саҳми бузурги муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар иқтисоди Русия, онҳо бештар аз дигарон мавриди боздошти беасос, муносибати бераҳмона ва шиканҷа аз ҷониби мақомоти пулис қарор мегиранд.

Нигаронии СММ аз ташдиди танишҳо байни Эрону Исроил

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 100

Созмони Милали Муттаҳид аз паёмади ҷанги Исроилу Эрон ва афзоиши шумори оворагону муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

СММ эълом кард, ки нигарони таъсироти манфии даргирӣ байни Исроил ва Эрон аст. Аз ҷумла, ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид мекунад, ки ҷудо аз таъсироти низомӣ, масъалаи “муҳоҷирати густарда” онро бештар нигарон кардааст.

Стефан Ҷаррик, сухангӯи СММ рӯзи панҷшанбе дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ин ниҳод барномаи изтирорӣ барои расидагӣ ба вазъияти паноҳандагонро дорад ва онро бозбинӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта СММ дар гузориши солонааш дар робита ба раванди муҳоҷират гуфт, ки “то охири моҳи апрели соли 2025 шумораи шахсони гурезагони иҷборӣ ба 122.1 миллион расида, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион бештар аст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ омилҳои асосии афзояндаи муҳоҷирати иҷбориро “ҷангҳои харобиовар” дар Судон, Миёнмар ва Украина гуфтааст. Аммо, мегӯяд, бо ҳамлаи Исроил ба Эрон ва оғози ҷанг байни ин ду кишвар сафи муҳоҷирони иҷборӣ боз ҳам афзоиш меёбад.

Филиппо Гранди, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон гуфт: “Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки шоҳиди бесуботиҳои амиқ дар равобити сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳастем. Зеро ҷангҳои муосир сабабгори офатҳои даҳшатборе ҳастанд, ки мушкилоти сахти инсониро ба ҳамроҳ доранд. Мо бояд барномаҳои худро барои ҷустуҷӯи сулҳ ва ҳалли дарозмуддат барои гурезагони иҷборӣ ва фирориёни ҷанг дучанд кунем”.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузоришаш оварда, ки танҳо шумори онҳое, ки то соли 2024 ба сабаби ҷангу низоъҳо аз давлатҳои худ ба дигар кишварҳо фирор кардаанд, ба 73.5 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ 6.3 миллион зиёд аст. Аммо 42.7 миллион нафари дигар ба сабабҳои гуногун кишварҳояшонро тарк кардаанд.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

0

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена таҳти унвони “Саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза бо радикализми онлайнӣ” баргузор гардид.

Ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия, дар ин ҳамоиш сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ кард.

Вай зимни суханронияш аз таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез, бахусус дар байни ҷавонон, ёдовар шуда, тадбирҳои амалишавандаро дар доираи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2025–2030” муаррифӣ намуд.

Ҷаласа бо ҳузури намояндагони кишварҳои узв ва сохторҳои дахлдори САҲА доир гашта, ба мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи амнияти рақамӣ ва сиёсати ҷавонон равона буд.

Иштироки Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар ҳолест, ки Душанбе ба ин созмон барои додани минбар ба мухолифони Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои солонаи ҳуқуқи инсон дар Варшаваи Лаҳистон норозӣ аст. Тоҷикистон САҲА-ро ба ҳимоят аз мухолифонаш муттаҳам мекунад. Хусусан пас аз баҳсҳои шадид байни мухолифон ва намояндагони Ҳукумат дар он нишаст, дигар дар ин чорабинӣ иштирок намекунад.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

0

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия “рейд”-и муҳоҷирон бо номи амалиёти “Нелегал” оғоз ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти рус, ин тафтишот аз 16-ум то 25-уми июни соли ҷорӣ идома ёфта, ҳадаф пешгирӣ ва ошкорсозии қонуншиканиҳои муҳоҷирон, санҷиши қонунияти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар бозори кор мебошад.

Мақомоти рус иддао доранд, ки танҳо дар рӯзи аввали “рейд”-ҳо 13 ҷиноят ва 122 қонуншиканӣ ошкор гардида, вуруди 6 муҳоҷир ба Русия манъ шудааст.

Инчунин кормандони шуъбаи муҳоҷират, пулис ва Росгвардия дар бозори ноҳияи Курчатов санҷиш гузаронида, ду ҳолати вайронкунии реҷаи будубош ва як ҳолати фаъолияти кории бидуни “патент” сабт гардид. Корфармое, ки муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор қабул карда буд, метавонад бо ҷарима то 800 ҳазор рубл ё муваққатан баста шудани фаъолият рӯбарӯ шавад.

Ин бори аввал нест, ки дар вилояти Челябинск рейд гузаронида мешавад. Ба иддаи мақомоти ин вилоят, аз аввали соли 2025 беш аз 664 ҷиноят ва 5,6 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ошкорнамуда, 371 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ ва 932 нафар аз ҳаққи ворид шудан ба Федератсияи Русия маҳрум шуданд. Маълум нест чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

0

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил “посухи қавӣ” хоҳад дод.

Алӣ Хоманӣ дар паёмаш гуфт: “Мо бояд посухи қавие ба режими террористии саҳюнистӣ бидиҳем. Ҳеч раҳму мурувате ба саҳюнистҳо нишон нахоҳем дод.” Раҳбари Эрон қабл аз ин бо таҳдид ба Исроил навишта буд, ки “Акнун набард оғоз мешавад.”

Аз тарафи дигар, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Абдурраҳим Мусавӣ аз сокинони Тел-Авив ва Ҳайфо даъват кард, ки барои ҳифзи ҷони худ шаҳрҳоро тарк намоянд.

Шаби гузашта Эрон дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии вайронгари Исроил бо беш аз 20 мушак ба Тел-Авив ҳамла кард, ки чанде аз онҳо ба ҳадаф расиданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки дар мавҷи ёздаҳуми амалиёти “Ваъдаи содиқ 3”, насли аввали мушакҳои “Фаттоҳ”-ро истифода бурдааст ва изофа намуд, ки ин амалиёт “оғози поёни устураи дифои ҳавоии артиши саҳюнистӣ” мебошад.

Аз сӯи дигар, шшабакаи телефизионии 12-и Исроил гузориш дод, ки то ҳол беш аз 1800 нафар дар Исроил дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон кушта ва маҷруҳ шудаанд.

Ҳамзамон Исроил субҳи имрӯз бо 50 ҷанганда ба манотиқи ҳассоси Эрон ҳамла кард. Исроил иддао карда, ки ба ҳарими ҳавоии Теҳрон даст пайдо кардааст ва тавоноии мушакии Эрон рӯ ба камшавӣ аст, вале Эрон мегӯяд, мушакҳое дорад, ки то ҳол истифода нашудаанд ва бо партоби онҳо Исроилро ғофилгир хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки субҳи рӯзи чоршанбе бархе расонаҳои амрикоӣ бо такя ба мақомҳои низомии кишварашон гузориш доданд, ки қувваи дифои ҳавоии Исроил заъиф шудааст ва агар кумаки Амрико набошад, дар ин ҷанг давом оварда наметавонад.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” бо истинод ба арзёбиҳои иктишофии амрикоӣ ва исроилӣ навишт, ки Исроил метавонад то 12 рӯзи дигар бе кумаки ИМА алайҳи мушакҳои Эрон муқовимат кунад.

Расонаҳои амрикоӣ дар ҳоле аз заъиф шудани нерӯҳои исроилӣ мегӯянд, ки артиши Исроил иддао дорад, ҳамлаҳои беамонаш ба партобгарҳои мушак дар саросари Эрон, қудрати мушакии Сипоҳро ба шиддат тазъиф кардааст.

Ҳамзамон шаби гузашта раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо Шӯрои амнияти миллии Амрико нишаст ташкил дод, то масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ кунад. Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки Амрико дар ин шабу рӯз вориди ҷанг шуданӣ нест.

Вале Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Social Truth” дар хитоб ба раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ навишт, ки “Медонем махфигоҳат куҷост ва сабри мо дар ҳоли лабрез шудан аст.” Трамп пештар дар ин шабака навишта буд, ки “Контроли осмони Эрон ба таври комил дар ихтиёри мо аст.” Ва аз Эрон “таслими бе қайду шарт”-ро талаб карда буд.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон кардани ҷиноят равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ баргузор шуда, додрас панҷ нафар аз боздоштшудаҳоро ба муҳлатҳои аз панҷ то панҷуним соли зиндон ва чор тани дигарро шартан барои огоҳ накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 8-моҳӣ маҳкум кардааст.

Тафтишот иддао карда, ки маҳкумшудагон аҳдофи ҷараёни мамнуи “Салафия”-ро миёни мардум таблиғ намуда, сиёсатҳои зидди динии ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекарданд. Аммо хешовандони маҳкумшудагон гуфтаанд, ки онҳо иттиҳомоти мақомотро рад карда, изҳор доштанд, ки пайрави “Салафия” нестанд.

Дар маҷмуъ, дар ин парванда номи 17 нафар зикр шудааст, ки ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳашт нафари онҳо дар хориҷ, асосан дар Русия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, боздошти ин афрод, ки аксарашон ҷавонону зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд ва дар Душанбе зиндагӣ ва кор мекардаанд, моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Он замон расонаҳо аз боздошти 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо, ки бештарашон хешу табори ҳам будаанд, хабар дода буданд.

Инчунин пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод карда буд ва то ҳол тақдири боздоштшудаҳо дар Душанбе ва истирдодшудаҳо аз Русия норӯшан боқӣ мондааст. Номи ҳамаи ин афрод то ҳол расонаӣ нашудааст ва мақомот ҳам дар ин бора чизе намегӯянд.

Пештар аз ин низ дар моҳи майи соли 2024 Azda.tv аз амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздошти беш аз 20 сокини ҳамин водӣ хабар дода буд.

Пас аз муддате хомушӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи 2024 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомот 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд.

Вале моҳи декабри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми фаъолияти ифротгароӣ аз 2 то 23 сол маҳкум ба ҳабс кард. Назари худи маҳкумшудаҳо то ҳол дастрас нест.

Ҳаққи истифодабарии Русия аз НБО “Сангтуда-1” боз тамдид шуд

0

Парлумони Тоҷикистон дар нишасти навбатияш рӯзи 16-уми июни соли ҷорӣ, муҳлати истифодаи НБО “Сангтӯда-1”-ро барои Русия тамдид кард.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст вакилони парлумон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи истифодаи НБО “Сангтӯда-1” аз 30 июли соли 2009 ба тасвиб расониданд.

Протоколи мазкурро ба вакилон муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр ва раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло муаррифӣ намуданд.

Ҳадафи асосии Протоколи мазкур “ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” гуфта мешавад. Дар созишнома ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 млн. доллари ИМА муаяйн карда шудааст.

Тибқи ин созишномаи нав, аз соли 2025 нархи тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд.

Пралумони кишвари муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо ва ҳаққи истифодаи Русия аз НБО “Сангтуда-1”-ро, ки тибқи созишномаи қаблӣ бояд соли 2034 ба поён мерасида, то соли 2048 (бо 15 соли илова) тамдид кард.

Созишномаи нав “Барқи тоҷик”-ро вазифадор мекунад, ки давоми солҳои 2025 – 2034 марҳила ба марҳила маблағи қарзи худро аз НБО “Сангтуда-1”, ки 3 млрд 257 млн сомонӣ (баробар ба 297 миллион доллари ИМА) аст, пурра пардохт кунад.

Ҳамчунин ин созишнома муқарра карда, ки “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз НБО “Сангтуда-1” ба ҷои 3,168 сент 1,5 сенти ИМА мехарад, яъне 2,1 мартиба нарх барояш тахфиф карда шуд, вале то охири соли 2032 ин нарх ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад. Ва аз соли 2033 то охири соли 2048 нарх нерӯи барқ 3,3 сенти мешавад.

Ба назари коршиносон ширкати “Барқи тоҷик” чун қарзи ҷониби Русияро гардонида натавонист, парлумон маҷбур шуд муҳлати истифодабарии Русияро аз ин нерӯгоҳ 15 соли дигар тамдид ва ҳамзамон нархи нерӯи барқро арзонтар кунад, то ин ширкати зери қарзмонда тавонад аз қарзҳои ҳангуфти Русия раҳо ёбад.

Марги як мақомдор дар боздоштгоҳ пас аз эълони ҳукмаш

0

Собиқ декани факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Парвиз Рӯзизода пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, Рӯзизода, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт шуда буд, рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи додгоҳие ба “пора гирифтани шахси мансабдор” (моддаи 319, қисми 3) ва “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 139 қисми 2) гунаҳкор ва ба 17 соли зиндон маҳкум гашт.

Аммо пас аз эълони ҳукми додгоҳ, аниқтараш шаби 13-уми июн фишораш баланд шуда, дар боздоштгоҳ дилаш аз кор мондааст ва 14-уми июн ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд.

Гуфта мешавад, Парвиз Рӯзизода дар гузашта низ бо иттиҳоми вобаста ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, вале баъдтар ӯ боз ба кори муаллимӣ баргашта, вазифаи деканро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Сафар Салимзода Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карда, нисбат ба панҷ корманди ин донишгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Он замон пас аз боздошти Парвиз Рӯзизода мақомот дар 11-уми марти соли 2025, Усмон Аюбзода, ректори ҳамин донишгоҳро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт карданд, аммо то ҳол ҳукми ӯ содир нашудааст.

Мулоқоти Раҳмонов бо Си Ҷинпин

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин мулоқот намуда, чанд санадеро низ ба имзо расондааст.

Мулоқоти Раҳмонов ва Си Ҷинпин рӯзи 17-уми июн дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, Раҳмонов сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар робита ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию инсонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ низ гуфтугӯ карданд. Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки беш аз 20 дарсади гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд ва дар кишвар беш аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият дорад.

Ҳамчунин, масоили бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ, ширкатҳои муштараки истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, маҳсулоти дорусозӣ ва кимиёӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чинро самти ояндадори ҳамкорӣ номида, оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар натиҷаи мулоқоти сарони Тоҷикистону Чин чанд санади нави ҳамкориро низ ба имзо расиданд:

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

– Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

– Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Бояд гуфт, Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон танҳо аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст.

Бо чӣ шарту шароите қарзҳои ҳангуфтро Чин ба Тоҷикистон медиҳад, расман эълон нашудааст. Аммо дар ивази ин қарзҳо ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдоранд ва истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар дасти онҳост. 

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз ҳазору панҷсад километри мураббаъи замини Тоҷикистонро, ки бештар аз 1 дарсади масоҳати кишвар аст, ба Чин дода буд.  

Боздошти ҷавондухтари тоҷик бо иттиҳоми нашри наворҳои ғайриахлоқӣ

0

Маъмурони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҷавондухтар ва блогери тоҷик – Пирумшозода Меҳронаро боздошт кардааст.

Ин блогери тоҷик ба нашри наворҳои ғайриахлоқӣ муттаҳам мешавад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки Пирумшозода ҳамеша дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навору акси нимурён ва дорои мазмуни қабеҳ нашр мекард, ки ба гуфти онҳо, зидди арзишҳои фарҳангиву ахлоқии ҷомеаи тоҷик буда, норозигии корбаронро низ ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, бар зидди ин блогер парвандаи маъмурӣ боз шуда, пас аз таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шуд. Ва дар натиҷа додгоҳ нисбати ӯ ҷазои ҷаримавӣ таъин карда, огоҳ кардааст, ки дар сурати такрори чунин кирдор, чораҳои шадидтар амалӣ хоҳанд шуд.

Мақомот аз ҷавонон даъват мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуввияти миллиро ҳифз намуда, ба фарҳангу арзишҳои бегона тақлид накунанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон танҳо шабакаҳои иҷтимоиро масъули ин раванд намедонанд. Онҳо мегӯянд, маҳдуд сохтани озодии мазҳабӣ низ нақши ҷиддӣ дар бадахлоқ шудани ҷавонон доштааст. Ба гуфтаи онҳо, манъи омӯзишҳои динӣ, маҳдуд кардани пӯшиши исломӣ барои занон ва дур кардани уламои дин аз минбар, муҳитеро ба вуҷуд овардааст, ки дар он арзишҳои ахлоқии ҷомеа заиф шудаанд.

Мунтақидон бар ин боваранд, ки ҷои таълиму тарбияи динӣ ва ахлоқӣ дар муҳити суннатии тоҷикон холӣ мондааст ва ин холигиро фарҳангҳои бегона пур мекунанд, ки на ҳамеша бо меъёрҳои ахлоқии ҷомеа мутобиқанд.