Хона блог саҳифа 118

Ҳамлаи Исроил ба “Садо ва симо”-и Эрон

0

Исроил бо ҳамлаи мушкаӣ мақарри Садо ва симои Эронро мавриди ҳамла қарор дод. То ҳол талафоти ин ҳамла гузориш нашудааст.

Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, лаҳзаи таркиш ва ҳамла дар сабти мустақимро нишон медидҳад.

Соате пеш артиши Исроил эълон карда буд, ки ба Минтақаи 3-и Теҳрон, ки онҷо Садои ва симои Эрон ҷойгир аст, ҳамла хоҳад кард ва аз сокинони он хост минтақаро тарк кунанд.

Теҳрон ба 22 минтақа тақсим мешавад ва Минтақаи 3 дар шимолу шарқии Теҳрон ҷойгир буда, аз бузургтарин ва сераҳолитарин маҳалҳои пойтахти Эрон маҳсуб мешавад. Аҳолии ин минтақа беш аз 330 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Ба назари таҳлилгарон, ҳамлаи Исроил ба бинои Садо ва симои Эрон баёнгари он аст, ки ҳадафи Исроил на танҳо заъиф сохтани иқтидори низомӣ ва ҳастаӣ Эрон аст, балки ҳамчунин мехоҳад низоми ин кишварро низ тазъиф созад ва аз ин рӯ, ба бинои телевизионӣ ва ахбории он ҳамла кард.

Исроил иддао карда, ки аз оғози ҳамлаҳояш то кунун сеяки иқдори мушакии Эронро аз байни бурдааст. Аммо эрон ин иддаои Исроилро дурӯғ мешуморад.

Ҳамлаҳои низомӣ байни Эрону Исроил аз бомдоди рӯзи ҷумъаи 13-уми июн то имрӯз идома дорад. Бино ба иттилои расонаҳо, дар ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон ба шаҳрҳои Телабиб ва Ҳайфои Исроил 8 нафар кушта шуданд. Аммо аз оғози даргириҳо кушташудагони Исроил ба 24 нафар ва захмиёнаш аз 600 нафар бештар шудааст.

Аммо “Меҳр Нюз” – хабаргузории эронӣ дар такя ба мақомоти расмии ин кишвар гузориш дода, ки дар пайи ҳамлаи Исроил то кунун 224 нафар кушта шуда, 1277 нафар захмӣ шудааст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, 90% қурбониёнро шаҳрвандони оддӣ ташкил медиҳанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, Исроил на пойгоҳҳои низомӣ ва нуқтаҳои ҳассос, балки хонаҳои маскунӣ ва ба шаҳрвандони оддӣ ҳамла мекунад.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, чанд инфиҷор баъд аз нисфирӯзии рӯзи душанбе, 16-уми июн дар қисмати шарқӣ ва ғарбии Теҳрон рух дод. Хабаргузории “Форс” – расонаи давлатии Эрон гузориш дода, ки як пойгоҳи низомӣ дар ғарби Ткҳрон мавриди ҳадафи Исроил қарор гирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷанг миёни Исроил ва Эрон идома пайдо мекунад ва васеътар шудани домани ин ҷангро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

Боз маҳдудият! Дар Русия таҳсил фарзандони муҳоҷирон сахттар мешавад

0

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки омӯзиш дар мактабҳо барои фарзандони муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорони Думаи давлатии Федератсияи Русия Ярослав Нилов пешниҳод намудааст, ки таҳсилоти ройгон дар мактабҳои Русия барои кӯдакони муҳоҷирон бекор карда шавад.

Ба гуфтаи Нилов, буҷаи давлатӣ набояд хароҷоти таҳсили шаҳрвандони хориҷиро ба уҳда гирад. Ӯ мегӯяд: “Бо кадом асос мо бояд кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро ройгон омӯзонем?”

Ин вакили рус ҳамзамон таъкид мекунад, ки “Бигзор оила, корфармо, сафорат, фондҳо ё давлати хориҷӣ пардохт кунад, вале на мо бо андозҳои худ”.

Нилов пешниҳод карда, ки шумораи кӯшишҳои супоридани имтиҳони забони русӣ, ки аз 1-уми апрели соли 2025 барои қабул ба мактабҳо ҳатмӣ шудааст, маҳдуд карда шавад. Ва ӯ ҷудо намудани маблағро аз буҷаҳои минтақавӣ барои курсҳои таълимии кӯдакони муҳоҷирон ғайриқобили қабул номид.

Ба гуфтаи ӯ, агар кӯдак натавонад забони русиро ёд гирад, “лозим нест ӯро азоб диҳем — бигзор дар хона интизори бозгашти падару модар ба ватанашон шаванд”.

Ӯ пешниҳод намуда, ки омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои аслии муҳоҷирон ба роҳ монда шавад ё дар он ҷо мактабҳои русӣ кушодаву имкониятҳои таълими фосилавӣ низ фароҳам гарданд.

Пешниҳоди Нилов аз ҷониби миллатгароҳои рус истиқбол ёфта, мухолифони ин тарҳ мегӯянд, ки он ҳуқуқи кӯдаконро нақз мекунад.

Ин бори аввал нест, ки маҳдуд сохтани шароити таълим барои фарзандони муҳоҷирон аз забони вакилони Думаи давлатии Русия садо медиҳад. Давоми як соли ахир аз ҷониби вакилони рус чандин қонун барои тангтар кардани шароити будубош ва омӯзиши фарзандони муҳоҷирон қабул гардид.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, давоми ду соли ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле боло рафта, то ҳадде, ки он ба парлумон ва намояндагони давлат ҳам таъсир расондааст, ки ҳар аз гоҳе қонунҳои ҷадид барои маҳдуд сохтани шароити муҳоҷирон қабул мекунанд.

Мулоқоти Си Ҷинпин бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон

0
Ин акс як рӯз пеш аз ин нишаст дар як маросими фарҳангӣ бардошта шудааст

Дар Қазоқистон нишасти дувуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин баргузор мегардад.

Қарор аст Си Ҷинпин имрӯз, душанбеи 16-уми июн бо Тоқаев дидору гуфтугӯ кунад ва рӯзи баъд дар нишасти бисёрҷониба бо ҳузури раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзад.

Гуфта мешавад, ки ин севумин сафари хориҷии Си Ҷинпин дар соли 2025 мебошад. Ин мулоқот дар Остона ҳамзамон бо нишасти сарони гурӯҳи G7 дар Канада баргузор мегардад.

Тавре таҳлилгарон мегӯянд, яке аз аҳдофи асосии ин сафар таҳкими мавқеи Чин дар Осиёи Марказӣ аст, хусусан дар шароите, ки эҳтимоли шиддат гирифтани танишҳо миёни Пекин ва Вашингтон вуҷуд дорад.

Маҳз даҳ сол пеш Си Ҷинпин зимни нишасте дар Қазоқистон ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-ро эълон карда буд.

Таҳлилгарон бар он назаранд, ки Чин мехоҳад дар ҷанги иқтисодӣ бо ИМА суботи иқтисодии худро тавассути рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа нигоҳ дорад.

Ба гуфтаи ин гурӯҳи таҳлилгарон, Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои бойи уран, нафту газ ва металлҳои нодир аст, барои Пекин аҳамияти стратегии баланд дорад. Зеро масирҳои муҳими содиротии рӯизаминӣ ба Аврупо маҳз аз ҳамин минтақа мегузаранд.

Нуфузи Русия дар ин минтақа, ки баъди оғози ҷанги Украина коҳиш ёфтааст, ба Чин имкониятҳои бештар барои густариши тиҷорат бо минтақаеро медиҳад, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии он тақрибан 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Варзишгарони тоҷик дар Будапешт ду медал ба даст оварданд

0


Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов – ҷудокорони тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Будапешти Венгрия баргузор гардид, медалҳои таърихӣ ба даст оварданд.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар вазни то 66 кило ду намояндаи Тоҷикистон — Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар сархатти рейтинги ҷаҳонӣ қарор дорад ва Обид Ҷебов — ба рақобат пардохтанд. Ҳарду варзишгар аз даври дувум вориди сабқат шуда, то даври 1/8 финал расиданд.

Эмомалӣ Нуралӣ бар рақибонаш Нието Чинар аз Испания, Важа Маргвелашвили аз Гурҷистон ва Гусман Қиргизбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд. Дар нимфинал ӯ бо ҳамватанаш Обид Ҷебов рӯбарӯ гашт ва пирӯзӣ ба даст овард.

Дар қувваозмоии финалӣ Нуралӣ бо Такеока Такеши аз Ҷопон рӯбарӯ шуд ва бо вуҷуди толошҳои зиёд, шикаст хӯрд. Бо ин натиҷа, Эмомалӣ Нуралӣ аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, Обид Ҷебов, ки дар ин сабқат яке аз “варзишгарони ояндадор” дониста шуд, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абэро шикаст дод. Ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ Валид Хиёрро мағлуб кард ва аввалин медали ҷаҳонии худро ба даст овард.

Пас аз муваффақиятҳои Расул Боқиев дар соли 2007 ва Сомон Маҳмадбеков дар соли 2024 ин сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.

СММ хостори оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза шуд

0

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе қатънома дар бораи оташбаси фаврӣ ва доимӣ ва бидуни шарт дар Навори Ғаззаро қабул кард.

Ин қатъномаро 149 кишвари узв ҷонибдорӣ ва 12 давлат ба он мухолифат карданд ва 19 ҳайат раъйи бетараф доданд. Ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида ва Исроил, кишварҳои Маҷористон, Аргентина ва Парагвай низ зид овоз доданд. Гурҷистон, Ҳиндустон, Эквадор ва Руминия аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Раъйдиҳӣ баъд аз он баргузор шуд, ки Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 4-уми июн натавонист қатъномаи оташбасро тасвиб кунад, зеро ИМА онро вето кард.

Қатънома, ки бо пуштибонии беш аз 20 кишвари узв таҳия шудааст, “истифодаи гуруснагиро ҳамчун силоҳи ҷангӣ алайҳи мардуми Ғазза” шадидан маҳкум мекунад, инчунин лағви муҳосираи кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Исрлил хориҷ комили ин кишвар аз навори Ғазаро талаб мекунад ва бар зарурати ҳимояи ғайринизомиён бар асоси қонунҳои байналмилалӣ таъкид менамояд.

Ин санад ҳамчунин раҳоии фаврӣ ва бидуни шарти тамоми гаравгонҳои дар асорати Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳбудаи фаластиниро талаб мекунад.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд иҷрои ин қатънома аз назари ҳуқуқӣ ҳатмӣ нест, аммо ҷомеаи ҷаҳониро барои поён додани ин ҷанг, ки ҷони ҳазорҳо инсон аз ҷумла кудакон ва занонро дар Фаластин гирифт, муттаҳид кунад.

Эрон: Дар ҳамлаҳои бомдодии Исроил беш аз 50 зану кӯдак низ захмӣ шуданд

0
Дар акс, раҳабри Эрон ҳамроҳ бо Ҳусейн Саломӣ, Муҳаммад Боқирӣ

Исроил дар як ҳамлаи ғофилгирона алайҳи Эрон, ки дар як марҳила анҷом шуд, чанд тан аз мақомоти низомии радаи аввали Эронро ба қатл расонид.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз, 13-уми июни соли 2025, Алии Хомании, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар робита ба ин ҳамлаҳои пай дар пай алайҳи кишвараш гуфт, “дар ҳамалоти душман, тане чанд аз фармондеҳон ва донишмандон ба шаҳодат расиданд.” Ӯ афзуд, ки ҷонишинони намояндагони кушташуда “бе даранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт”.

Мақомоти эронӣ мегӯянд, Исроил дар ин ҳамлаҳои худ дар баробари ба қатл расонидани чанд тан аз раҳбарони радаи аввали мақомоти низомии эронӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишвар, чанд марказҳои ҳарбӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва марказҳои ҳастаӣ ва чанд бинои маскуниро низ ҳадаф қарор додааст.

Эрон то замони таҳияи ин гузориш ба сурати расмӣ эълон накардааст, ки бар асари ин ҳамла чанд афсару аскар талафот додааст, вале телевизиони расмии ин кишвар хабар дод, ки дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам 50 нафар аз шаҳрвандони мулкӣ, аз ҷумла 35 зону кӯдак захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, дар ин ҳамла сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва сарлашкар Ғуломалӣ, фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ва ҷамъе аз донишмандони эронӣ низ кушта шудаанд.

Ҳамзамон раҳбари Эрон ба сурати фаврӣ кадрҳои дигареро дар мақоми ин раҳбарони низомии аз дастдодааш таъйин кардааст. Барои мисол, Аҳмад Ваҳид, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, раиси муваққати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таъйин шудаанд.

Расонаҳои эронӣ мегӯянд, мақомоти исроилӣ ин ҳамалоти имрӯзаашро алайҳи Эрон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти амрикоӣ анҷом додааст. Аммо мақомоти амрикоӣ дар Кохи Сафед гуфтаанд, ки Телавив ба танҳоӣ ин ҳамлаҳоро анҷом додааст, на бо ҳамкорӣ ва ҳамҳангӣ бо Вашенгтон.

Ҳамзамон артиши Эрон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки артиш дар канори Сипоҳи посдорон таҷовузи ин кӯдаккушони нопок ва рехта шудани хуни пок ҳамватанонро таҳаммул намекунад ва дарси талхе ба Натанёҳу хоҳад дод.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ҳамалоти Исроил ба Эрон нақзи банди 2 маншури моддаи 4 Созмони Миллали Муттаҳид ва таҷовузи ошкор алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Ин кишвар мегӯяд, мувофиқи моддаи 51 маншури СММ посух ба ин таҷовуз ҳаққи қонунӣ ва машруъи Эрон аст ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо тамоми қувва ва ба шевае, ки худ ташхис медиҳанд ба Исроил посух хоҳанд дод.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки ин ҳамлаҳо ” наметавонад бидуни ҳамоҳангӣ ва муҷаввизи Амрико сурат гирифта бошад. Бар ин асос, давлати Амрико ба унвони ҳомии аслии ин режим низ масъули осор ва табаоти хатарноки моҷароҷӯйи режими саҳюнистӣ хоҳад буд.”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Исроил ба сурати расмӣ алайҳи Эрон ҳамла мекунад, балки дар тайи якуним соли ахир низ чанд маротиба ба марокизи ҳастаии Эрон ҳамла кард. Дар посух ба он ҳамлаҳо Теҳрон низ дар иқдомҳои низомие алайҳи Телавив “Ваъдаи содиқ 1″ ва Ваъдаи содиқ 2”-ро анҷом дода буд.

Пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои фаластинӣ бо раҳбарии ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ дар 7-уми ояткбри соли 2023 ба Исроил, ин кишвар ҳамлаҳои хунини худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, то ҳол ҷанги онҳо идома дорад. Исроил ва кишварҳои ғарбӣ Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз нерӯҳои муқовимати фаластиниро ҳимоят мекунад ва амнияти минтақа ва Исроилро ба хатар мувоҷеҳ кардаанд. Аммо дар баробари он Амрико ва муттаҳидонаш дар Шарқу Ғарб аз Исроил ҳимоят мекунанд.

Суқути ҳавопаймои ҳомили 242 нафар дар Ҳиндустон

0

Имрӯз, 12-уми июн, ҳавопаймои Boeing 787-8 Dreamliner-и ширкати Air India, ки бояд аз Аҳмадобод ба Лондон парвоз мекард, ҳудуди панҷ дақиқа пас аз парвоз дар маҳаллаи аҳолинишини “Мегҳани Нагар” ба замин афтоду оташ гирифт.

Дар наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса сабт кардаанд, дида мешавад, ки ҳавопаймо оҳиста оҳиста пойин шуда, баробари ба замин афтодан метаркад ва оташи бузурге ба осмон боло мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 242 нафар, аз ҷумла 169 шаҳрванди Ҳиндустон, 53 шаҳрванди Британияи Кабир, 7 шаҳрванди Португалия, 1 шаҳрванди Канада ва 12 нафар аъзои халабону хидматрасон будаанд.

Гуфта мешавад, сарнавишти мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо то ҳол маълум нест, аммо дар ҷои ҳодиса хадамоти оташнишониву тиб кор карда, зарардидагонро ба наздиктарин бемористонҳо интиқол дода истодаанд.

Тибқи хабарҳои ахир, мақомот ҷасади дастикам 30 нафарро аз зери харобаҳои биноҳо берун оварданд, ки ин ҳавопаймо дар болояшон афтода буд ва наҷотдиҳандагон гуфтанд, ки талафот аз ин бештар аст.

Сабаби суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест, аммо ширкати “Air India” гуфтааст, ки дар зудтарин фурсат аз ҷузъиёти ҳодиса хоҳанд гуфт.

Мақомотҳои марбута низ тафтиши “қуттиҳои сиёҳ” ва қисмҳои ҳавопаймороро оғоз кардаанд.

Исроил барои ҳамла ба Эрон омодагӣ мебинад

0

Амрико бо судури фармоне мансабдорон ва баъзе низомиёни худро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Ховари Миёна берун мекунад.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар пайи тасмими ҳамлаи қарибулвуқуи Исроил ба Эрон аст. Шабакаи NBC ба нақл аз панҷ манбаи огоҳ мегӯяд, Исроил дар ҳоли баррасии ҷиддӣ барои анҷоми ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Бино ба ин гузориш, дар сурати анҷоми амалиёти низомии Исроил алайҳи Эрон эҳтимол Амрико ҳимоят накунад.

Таҳлилгарон сабаби ин тасмими Исроилро дар он мебинанд, ки музокироти Теҳрону Вошингтон бар сари маҳдудиятҳои ғанисозии урониюм ба тавофуқ наздиктар мешавад. Дар ҳоли ба даст омадани тавофуқот, эҳтимол таҳримҳо низ алайҳи Эрон сабуктар хоҳад шуд, ки ин барои Исроил “хати сурх” маҳсуб мешавад ва ин кор ӯро нигаронтар кардааст. Ин аст, ки бо иқдомоти якҷониба ва бидуни мушоракати Амрико алайҳи Эрон ҳамла карданист.

Дар ҳамин ҳол сомонаи “Axios” аз як мансабдори исроилӣ ва як мансабдори амрикоӣ нақл мекунад, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати телефонияш бо Бинёмин Натанёҳу таъкид карда, ки дар айни замон бо амалиёти низомӣ алайҳи Эрон мухолиф аст, зеро бовар дорад, ки имкони расидан ба як созишномаи ҳастаӣ бо ин кишвар вуҷуд дорад.

Хабаргузории “Associated Press” ба нақл аз баъзе мақомдорони аршади амрикоӣ менависад, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар садади судури фармоне аст, ки бояд тамоми коркунони ғайрикалидии сафоарти Амрико дар Ироқ, Байрайн ва Кувейт аз ин кишварҳо берун карда шаванд.

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳои Эрону Ғарб ва таҳдидҳои низомии Исроил, Теҳрон аз оғози размоиши низомӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ин размоиш бо дастури Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон сурат гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин размоишҳо бо ҳадафи омодагии баланди дифоӣ ва қудрати боздорандагии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барномарезӣ шуда, бештар рӯи “ҳаракатҳои душман ва вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ” тамаркуз хоҳад шуд.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мегӯяд, таҳаввулоти ахир зарурати омодагии ҳамешагии нерӯҳои мусаллаҳро бештар кардааст.

Гуфта мешавад, ин размоишҳои Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои низомии Исроил ва инчунин судури қатъномае аз ҷониби Шӯрои раҳбарони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки Эронро ба нақзи таъаҳҳудоти ҳастаӣ муттаҳам кардааст, оғоз шудаанд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба судури қатънома алайҳи Эрон дар шабакаи Х навишт, ки “Ҷумҳурии исломӣ дар баробари ин зиёдахоҳӣ, иқдомоти муқтадирона анҷом хоҳад дод. Ғанисозӣ бо мошинҳои пешрафта, роҳандозии маркази ҷадид ва коҳиши назорат посухи машруъ аст.”

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

0

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мехоҳад шароити роҳи оҳани кишварро беҳбуд бахшад.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 82-юми Шӯрои маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ бо директори генералии Роҳи оҳани Русия ва раиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан Олег Белозеров мулоқот анҷом додааст.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла рушди инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳамкориҳои шабакаҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Расулзода баргузории ин нишастро барои таҳкими робитаҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки соҳа муҳим арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки Тоҷикистон ба рушди иқтидори транзитӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи ИДМ аҳамияти хос медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки роҳи оҳани Тоҷикистон яке аз ақибмондатарин системаҳои ҳамлу нақл дар минтақа ба шумор рафта, солҳост ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи роҳи оҳан дар ҷаҳон ва истеҳсоли қаторҳои муосир бо суръати баланд, қаторҳои ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамоно аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда, ба таҷдид ва навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи мутахассисон, ин вазъ на танҳо суръати ҳамлу нақлро коҳиш медиҳад, балки ба сифати хизматрасонӣ ва амнияти мусофирон низ таъсири манфӣ мерасонад.

Шумори фарзандони муҳоҷирон дар Русия беш аз 600 ҳазор аст

0

Дар Русия 638 174 фарзанди муҳоҷирон ба қайд гирифта шудааанд, ки ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии Русия Игор Зубов, нисфи онҳо аз низоми маориф берун мондаанд. Ин суханҳоро ӯ ҳангоми ҷавоб ба суолҳои вакилон дар Думаи давлатӣ баён доштааст.

Ба гуфтаи Зубов, торафт теъдоди кӯдакони муҳоҷир дар Русия кам мешавад ва таъкид мекунад, он оморе ки аксарияти фарзандони муҳоҷирон таҳсил намекунанд, воқеият надорад.

Тибқи маълумоти ӯ, дар Маскав 80 282 кӯдакони хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо танҳо 25 000 дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд.

Дар ҳамин ҳол, бештари кӯдакони муҳоҷир баъди ба иҷро даромадани қоидаҳои нав аз 1-уми апрели соли 2025 ба муаасисаҳои таълимӣ дохил шуда натавонистаанд. Мувофиқи ин қоидаҳо, фарзандони муҳоҷирон баъд аз гузаштани имтиҳони забони русӣ ва дуруст посух додан ба 90% суолҳо метавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин муддат 2868 дархост барои иштирок дар имтиҳон пешниҳод шудааст. Аммо танҳо 498 кӯдак (17%) иҷозаи иштирок дар имтиҳонро гирифтанд ва дар ниҳоят ба мактабҳо ҳамагӣ 4% аз ҳамаи дархосткунандагон қабул шуданд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ наёфтани 83 дарсади дархосткунандагонро ба имтиҳонҳо ба номукаммал будани ҳуҷҷатҳо, маълумоти нодуруст дар анкетаҳо ва нарасидани ҷой дар мактабҳо рабт медиҳанд.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз натиҷаҳои талаботи нав истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки ин иқдом натиҷаи хуб дод.

Инчунин имрӯз вакилон дар Думаи давлатӣ дар хониши авввал лоиҳаи нави қонунеро қабул кардаанд, ки назоратро аз болои кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, пурзӯр хоҳад кард.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки низоми ягонаи мубодилаи маълумот миёни мактабҳо ва ВКД таъсис дода шавад ва муассисаҳои таълимӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш; натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ; маълумот дар бораи қабул ё хориҷшавӣ аз мактаб; ва далелҳои муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар “рӯёхати шахсони зери назорат” қарор дорандро ба ВКД ирсол намоянд.

Дар навбати худ ВКД муассисаҳои таълимиро дар бораи сабти ном ва бақайдгирии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ хабардор мекунад. Володин иддао дорад, ки ирсоли иттилоот миёни сохторҳо имкон медиҳад, ки қонуният ва мақоми ҳуқуқии будубоши кӯдак ва волидайни ӯ дар Русия таҳти назорат қарор гирад ва қарорҳои дахлдор нисбати онҳо қабул шавад.

Дар пасманзари сахт гардидани назорат аз болои фарзандони муҳоҷирон, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев низ изҳор доштааст, ки хориҷиёне, ки дар Русия корро аз даст додаанд, аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, дактилоскопияро нагузаштаанд, забони русиро намеомӯзанд ва барои ҷамъияти Русия суде надоранд, бояд Русияро тарк кунанд.

Сахт гардидани қоидаҳо барои кӯдакони муҳоиҷрон дар миёни коршиносон вокунишҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд, ки ин қоидаҳо ба кам кардани бор дар мактабҳои буҷетӣ ва тақвияти назорат болои муҳҷирон мусоидат мекунад. Дигарон ҳушдор медиҳанд, ки ин қонунҳо метавонанд теъдоди кӯдакони бе назоратро бештар созанд.