9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 125

Боздошти як ҷавонзани-19 сола барои “шантаж”-и мардон

0
????????????????????????????????????????????????????????????

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавонзани 19-сала дар шаҳри Конибодом хабар дод, ки ӯ бо роҳи таъмаъҷӯӣ аз мардон пул меситонидааст.

ВКД мегӯяд, пас аз шикояти як марди 30-сола кормандони милитсияи шаҳри Конибодом амалиёти ҷустуҷӯӣ гузаронида ва ин ҷавонзанро боздошт карданд.

Бино ба иттилои тафтишотии ВКД, гумонбар бо ҷабрдида, ки телефонӣ мобилӣ мефурӯхтааст, моҳи августи соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми харидани телфон ошно шудааст.

Дар шарҳи хабар гуфта мешавад: “Ҷавонзан 14-уми август соатҳои яки шаб ба ин мард бо “Ватсап” занг зада, хохиш мекунад то либосҳояшро кашида баданашро ба ӯ нишон диҳад, ин ҷавонзан бо “скриншот” кардан аз ӯ акс мегирад ва баъдан ин мардро таҳдид мекунад, ки ба ӯ маблағ диҳад дар ғайри ин сурат аксҳои урёни беобрукунандаи ӯро паҳн мекунад.”

“Бо ваъдаи пок кардани аксҳо аз ҷабрдида 1000 сомони мегирад бо ин қаноат накарда, такроран 15-уми август боз занг зада 300 сомони дигар талаб карда мегирад.”, омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои муҷрим аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вале назари гумонбар ва ё ҷабрдида дар бораи қазияи мазкур расонаӣ нашудааст.

Бархе мегӯянд, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки кормандони поёнии сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла КДАМ ва ВКД барои пул кор кардан духтаронеро омода мекунанд, ки бо мардон ошно шаванд ва сипас бо чунин тариқ акс гирифтан он мардонро ба ҷанголи худ дармеоваранд ва дар ниҳоят чунин мардон аз тарси беобрӯ ва ё зиндонӣ шудан бо додани пули зиёд ҷони худро мехаранд.

Нигаронии Тоҷикистон аз озору азияти муҳоҷирон дар Русия

0

Омбудсмени Тоҷикистон аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

Рӯзи панҷшанбе, 10-уми окятбри соли ҷорӣ, Умед Бобозода, Ваколатдорلا ҳуқуқи инсон (омбудсмен) дар Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз авҳоли бади муҳоҷирони кишвар изҳори норозигӣ кардааст.

Тавре сомонаи расмии ин ниҳод менависад, Умед Бобозода дар номаи худ зимни изҳори нигаронӣ аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҳамтои русаш хоста, ки “Барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия мусоидат намуда,” ин гуна қазияҳоро зери назорат ва баррасии худ қарор диҳад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар номаи худ таъкид кардааст, ки “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнуи муомила, аз қабили дағалӣ, латукуб ва таҳқир алайҳи онҳо истифода мекунанд ва мо аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон нигарон ҳастем.”

Умед Бобозода дар идомаи номаи худ бо изҳори нигаронӣ афзудааст, ки “аксар вақт шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Русия дар марз бо муддати тулонӣ ва рӯзҳои зиёд бидуни шароити дурусти нигоҳдорӣ ва ғизо боздошт мешаванд, ки дар байни онҳо аъзоёни ҳайати расмӣ, донишҷўён, пиронсолон, занон ва кӯдакон низ ҳастанд.”

Гуфта мешавад, шоми 22-уми марти соли 2024 дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” алайҳи мардум ҳамлае сурат гирифт. Мақомоти Русия чанд нафар аз шаҳварндони Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла боздошт карданд, аммо бархе аз онҳо ин иттиҳомотро рад карда, мегӯянд, ки мақомоти рус бо фишорҳои шадид аз онҳо баёнот гирифтаанд.

Баъд аз ин ҳамла фишору озори муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия зиёд шуд ва тақрибан 20 ҳазор тоҷикистонӣ, аз ҷумла бархе донишҷӯён ҳам аз ин кишвар ронда шуданд. Ҷониби Русия то ҳол ба ин нома ба сурати расмӣ посух надодааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

0

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар бо сафари кори озими Туркманистон шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 11-уми октябри соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасте зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф” вориди Ишқободи Туркманистон шуд.

Ба қавли манбаъ, Президенти Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш суҳбат мекард, гуфт: “Эҷодиёти Махдумқулӣ саршори ғояҳои башардӯстӣ, ба монанди дӯстӣ, бародарӣ, хайрхоҳӣ, ғамхорӣ нисбат ба одамон ва хулқу атвори неки инсонӣ аст. Мероси ӯ, бешубҳа, пули пайвандгаре дар роҳи тавсеаи робитаҳои байнифарҳангӣ ва ба ҳам наздик гардидани кишварҳои мо ва мардумонамон мебошад.”

Ин ҳамоиш ба муносибати 300-умин солгарди ин шоири туркман баргузор гардида, дар кори он бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақа, аз ҷумла Презиеднти Эрон, Президенти Русия низ иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Махдумқулӣ Фироқӣ писари шоири туркман Давлатмуҳаммад Озодӣ аст. Махдумқулӣ дар соли 1754 ба Бухоро ва соли 1757 ба Хева, сипас ба баъзе шаҳрҳои Афғонистони кунунӣ ва Ҳиндустон рафта, дар мадрасаҳои ин шаҳрҳои бузург таҳсил кардааст. Маҳз муҳити фарҳангии Бухоро, ки гаҳвораи тамаддуни тоҷикон аст, дар ташаккули шахсияти шоир нақши босазо гузоштааст. 

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои минтақа дар ҳоле ба Туркманистон сурат гирифтааст, ки бархе коршиносон баргузории чунин маросими пурдабдабаро ба як навъе “чойгардак” байни сарони кишварҳо ташбиҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи онҳо, тамоми сарфу харҷи сафарҳо аз буҷаи давлат пордохт мешавад. Тоҷикистон аз ҷумлаи фақиртарин кишварҳои дунё дониста мешавад. Фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ба авҷи худ расидааст. Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин шароит моҳе чанд маротиба “ҷойгардак” мекунад. Барои мисол, вай танҳо дар камтар аз як моҳи ахир панҷ сафари корӣ ба хориҷа, аз ҷумла ба Қазоқистону Русия, Амрикову Қатар ва инак ба Туркманистон анҷом додааст, ки тамоми сарфу харҷи онҳо аз ҳисоби буҷа пардохт мешаванд.

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

0

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Тибқи иттилои созмони “Freedom for Eurasia”, додгоҳи ин кишвар рӯзи 11-уми октябр ҳукм содир кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон Ситорамо Саидова, ки қаблан бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, ба Душанбе истирдод нашавад.

Мақомот дар Тоҷикистон Ситораморо бо иттиҳоми кумак ба терроризм гунаҳкор медонанд. Аммо пештар нашрияи “The Insider” тибқи маълумотҳои худ ин иттиҳомотро беасос гуфта буд. Аз ин пеш хоҳари ин зан Нигора Саидоваи 27-сола бо ҳамроҳи тифли 7-моҳааш ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ба гуфтаи нашрияи “The Insider”, Нигораморо дар Тоҷикистон режими Раҳмон ба 8 сол равонаи зиндон кард.

“Дар ватанаш Саидова 8 сол дар бадтарин зиндони занона, ки маҳбусон бо таҷовуз ва шиканҷа рӯбарӯ мешаванд, зиндонӣ шудааст.”, менависад “The Insider”. 

Созмони мазкур дар таҳқиқи парвандаи ин ду хоҳар менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо тарс додан аз ДИИШ ба таъқиби муҳоҷирон ва хонаводаҳояшон даст мезанад. Дар ҳоле, ки инҳо ҳам хешовандони ифротиҳо ва ҳам хешовандони мухолифон буда метавонанд.

Аммо тавре “The Insider” ва ҳафтаномаи “Polityka”-и Лаҳистон маълум кардаанд, мақомоти аврупоӣ маводи парвандаро зиёд дарк намекунанд ва аксар вақт шаҳрвандони Тоҷикситонро ба дасти Раҳмон медиҳанд, ки иттиҳомот алайҳи онҳо беасос аст.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баъзан онҳое, ки иҷборан аз Аврупо баргардонида мешаванд, онҳо дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201 дар наздикии Душанбе тавассути русҳо бозпурсӣ ва шиканҷа мешаванд ва маҷбур дар бораи равобити худ бо Украина шаҳодат медиҳанд. 

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.

Ин гурӯҳ иборат аз 4 нафар ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Гуфта мешавад, онҳо дар ҳудуди Росия аз ҳамватанони муҳоҷири худ ва ҳатто аз ҳамдеҳагону шахсоне, ки қаблан мешинохтаанд, бо зӯр ва таҳдид пул мегирифтаанд.

Дар хабари ВКД гумонбарон иқрор мешаванд, ки муҳоҷирони тоҷикро боздошт карда, ба ҷангал ва ё хонае мебурдаанд ва баъдан бо силоҳ ва корд даҳдид карда, аз онҳо маблағи калон талаб мекардаанд.

Дар барномаи телевизонии ВКД чанде аз ҷабрдидагон шаҳодат доданд, ки ин афрод онҳоро ба ҷангал бурда, теғро дар гулӯяшон гузоштаву пул гирифтаанд. Ба гузориши ВКД, ин гурӯҳи аз 100 ҳазор то 2 миллион рубли русии муҳоҷирони кории тоҷикро ғорат кардаанд.

Дар хабари ВКД аз гумонбарон Муҳаммадҷон Маннонов ва Бобоқул Қориев аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафаралӣ Қулматов аз ноҳияи Ёвон ва Комрон Забирзода аз шаҳри Ҳисор муаррифӣ мешаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Аммо замони боздошт ва истирдоди онҳо мушаххас нест. Ҳамзамон назари худи онҳо, ки дар зери дурбини нерӯҳои амниятӣ гирифта шудааст, дақиқ нест, ки то куҷо ин иттиҳом болои онҳо дуруст аст. Зеро қаблан ВКД дар ҳолатҳои зиёде аз шаҳрвандон шоҳидӣ гирифтааст, ки баъдан ҳақиқат доштани чунин иттиҳомот рад шудааст.

Мошинҳои ҷадиди бидуни ронандаи Илон Маск ба бозор мебароянд

0

Илон Маск, раҳбари корхонаи мошинсозии “Tesla” аз роботакси ҷадиди худ бо номи “Cybercab”, ки бидуни ронанда аст, рӯнамоӣ кард.

Маск эълом кард, ки ин худравҳои ҷадиди ӯ бо қобилияти ронандагии комилан худкор (FSD) ва бидуни ниёз ба ронанда ва контроли инсон ҳастанд ва метавонанд “дар манотиқе, ки қонунгузорон иҷозат диҳанд, аз ҷумла дар Калифорния ва Тексози Амрико фаъол шаванд.”

Дар ин рӯнамоии роботакси ҷадид Маск ҳамчунин гуфт, ки “Cybercab” бидуни фармон ва педоли газу тормуз тарроҳӣ шудааст ва то соли 2026 тавлид тавлид мешавад.

Қимати ин худравҳои бидуни ронанда то ҳол расман эълон нашудааст, аммо пешбинӣ мешавад, ки бо назардошт ба технологияи пешрафта дар ин мошинҳо эҳтимол аз нархи мошинҳои “Tesla”, ки ҳоло роиҷ шудаанд, гаронтар шавад. Аммо рӯзномаи Bloomberg мегӯяд, нархи ин мошинҳо то ҳудуди 30 ҳазор доллар хоҳад буд.

Илон Маск ҳамчунин аз як василаи нақлиёти бузургтаре бо номи “Robovan” низ рӯнамоӣ кард. Ин мошини бузургтар бо ҷои нишасти то 20 мусофир ё кашондани бору коло тарроҳӣ шудааст ва ин низ бидуни ронанда аст. Аммо замони тавлиди ин мошини бузургтар то ҳанӯз эълон нашудааст.

Маск иддао карда, ки ронандагӣ дар мошинҳои худкор ва бидуни ронандаи ширкати “Teslo” эминтар аз ронандагии инсон аст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, озмоишоте, ки то имрӯз дар ин маврид анҷом шудааст, ин гуфтаҳои Маскро рад мекунад.

Хонандагони ду мактаб бо табар занозанӣ карданд

0

Дар як занозанӣ байни хонандагони ду мактаб як донишомӯз захмӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шоми 7-уми октябри соли ҷорӣ хонандагони синфиҳои 10-и мактабҳои миёнаи №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҳам муноқиша карда, як нафар дар ин даргирӣ бо зарби табар захмӣ шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар робита ба қазияи мазкур 8 хонандаи мактабҳои болозикр боздошт шудаанд. Ангезаи аслии сар задани ҳодиса “ҳисси бадбинӣ” байни хонандагон гуфта мешавад.

Хонандаи яке аз ин мактабҳо бо номи Расулов И. бо табар ба гардани хонандаи дигар бо номи Раҷабов А зарба зада, ӯро маҷруҳ кардааст.“, омадааст дар хабар.

ВКД мегӯяд, вобаста ба ҳодиси мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, қазия пурра баррасӣ мешавад.

Ин бори аввал нест, ки байни ноболиғон муноқишаи гурӯҳӣ рух медиҳад. 5-уми октябри соли ҷорӣ низ дар як муноқишаи гурӯҳӣ бани ноболиғон як ҷавон бо зарби корд кушта шуда, 2 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти “Корд” аз ошкор шудани фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард хабар дода буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар байни ноболиғону навҷавонони пойтахт бо худ гардондани кордҳои хурд ба қавле “муд” шудааст, ки дар аксар ҷанҷолҳои кӯчагӣ аз чунин силоҳҳои сард истифода мешавад.

Мақомоти тоҷик аз “ифротӣ” шудани ҷавонон нигаронанд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки омори пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тариқи интернет ба гунаи нигаронкунанда афзоиш ёфтааст.

Тавре бахши англисии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, барои пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар вилояти Хатлон мақомот маъракаи “Хона ба хона”-ро пеш гирифта, зиёда аз 1800 корманди мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои мухталиф эъзом шудаанд.

Гуфта мешавад, мақомот дари ҳар хона рафта, бо хонаводаҳо суҳбат мекунанд ва бо онҳо “фаҳмондадиҳӣ” мегузаронанд. Аз ҷумла, аз хатароти пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии интернетӣ онҳоро ҳушдор медиҳанд.

Як сокини вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот аз мардум хостаанд, ба хешовандони худ, ки дар Русия кор мекунанд, бирасонанд, ки аз даъваткунандагони эҳтимолӣ ба созмонҳои террористӣ ҳазар кунанд.

Мақомот гуфтаанд, аксари ҷавононе, ки дар гузашта ба гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ғайра пайвастаанд, аксарашон дар Русия муҳоҷир буданд. Онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин гурӯҳҳо ошно шуданд ва баъдан ҳамроҳ гаштанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар моҳи августи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, “Маълумоте, ки мо аз мақомоти интизомӣ мегирем, нигаронкунанда аст. Дар вилояти мо теъдоди ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротии динӣ пайвастан хеле зиёд аст.” Аммо ӯ омори дақиқеро пешниҳод накард.

Вай гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро дастаҳои кории махсусеро аз кормандони ҳукумат, мақомоти интизомӣ, вакилони шӯрои маҳаллӣ, муаллимон ва табибон омода мекунанд ва барои онҳо курсҳои махсус мегузаранд то тавонанд бо мардум масъаларо хуб фаҳмонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми як соли ахир дар чандин амалиёти террористӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Эрон, Русия, Туркия ва Афғонистон гунаҳкорони аслӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад. Ва ахиран мақомоти Толибон низ чанд наворе пахш кард, ки дар онҳо ҷавонони тоҷики аъзои ДИИШ боздошт шудаанд ва иқрор мешаванд, ки тариқи интернет ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

Аммо мунтақидони Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар ин назаранд, ки бастани мадрасаҳои расмӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, мамнуъ кардани вуруди ҷавонони то 18-сола ба масҷид, манъи ҳиҷобу риш ва дигар фишорҳо болои диндорон ва сокинони кишвар сабаб шуда, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар рӯ биёранд.

Узбекистон расман сафири Толибонро пазируфт

0

Рӯзи чоршанбе, 9-уми октябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов ба таври расмӣ Абдулғаффор Таровиро ба ҳайси сафири Толибон дар ин кишвар пазируфт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар медиҳад, мақомоти ин кишвар аз намояндаи ҷадиди дипломатии Толибон ба хубӣ истиқбол карданд.

Гуфта мешавад, дар дидори вазири корҳои хориҷии Узбекистон бо сафири тозаи Толибон “ба зарурати тавсиаи ҳамаҷонибаи равобит миёни Узбекистон ва Афғонистон, таҳаққуқи зарфиятҳои тоза ва тавсиаи пружаҳои ҷадид, ки ба манфиати мардуми ду кишвар бошад, таъкид шудааст.”

Кишвари Узбекистон қаблан ҳам бо Толибон равобити дипломатиро шуруъ карда буд, вале на ба таври расмӣ. Дар байни кишварҳои ҷаҳон шояд аз аввалин кишварҳоест, ки сафири Толибонро расман мепазирад.

Дар баробари Узбекистон, кишварҳои Русия ва Чин ҳам тақрибан равобити дипломатии шибҳи расмӣ бо Толибон доранд ва сафири Афғонистонро пазируфтаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон дар баробари Толибон мавқеи шадид дошт ва дар минбарҳои гуногуни ҷаҳонӣ аз онҳо интиқод мекард. Аммо ҳоло ин интиқодҳо камранг шудаанд ва Душанбе равобити дипломатиашро бо Кобул оғоз кардааст. Аллакай дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Толибон консулгарӣ доранд ва расман фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон дар ин авохир хабарҳо нашр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти мухолифони Толибонро маҳдуд карда, аз ҷумла дафтари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистонро, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд раҳбарӣ мекунад, дар Душанбе бастааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, вусъат ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ байни Душанбе ва Кобул, қатъи фаъолияти мухолифони Толибон дар Тоҷикистон, коҳиши интиқодҳои аланӣ аз ин гурӯҳ далели таҳкими равобити дипломатӣ байни Ҳукумати феълии Афғонистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тоҷикистон 80-солагии Ҷанги ҷаҳонии дувумро “махсус” қайд мекунад

0

Президенти Тоҷикистон мехоҳад, ки соли оянда пирӯзии нерӯҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмонро дар Ҷанги ҷаҳонии дувум “махсус” қайд кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки Тоҷикистон раёсати давраии Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақилро дар аввали моҳи январи соли 2025 бар уҳда мегирад.

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав суҳбат мекард, гуфт: “яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд”. Инчунин, “дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.”

Ба гуфтаи мунтақидон, Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта узви Ҳизби конмунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва ҳоло ҳам ба ақидаву ғаяҳои он ҳизб бовар дорад. Барои ҳамин ӯ таъкид кард, ки “дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт”.

Пеш аз ин мақомоти олии Русия ҳам эълон карда буданд, ки барои таҷлил аз 80-солагии пирӯзи дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки қарор аст соли оянда баргузор шавад, аз ҳоли ҳозир барномарезӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар корбурди истилоҳи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ки то чанде пешт аксари раҳбарон ва мансабдорони кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо ифтихор аз он ёд мекарданд, хеле аз коршиносон ва равшанфикрони муосири Тоҷикистон таҷдиди назар карда, онро Ҷанги дувум ҷаҳон ном мебаранд. Ба қавли онҳо, корбурди истилоҳи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ба мо тоҷикистониҳо таъаллуқ надорад, зеро асоси ҷанг байни Олмону Русия буд ва дар он замон шаҳрвандони кишварҳои дигар ба мисли Тоҷикистон ҳамчун мустамлика маҷбурӣ дар он иштирок карда буданд.