Хона блог саҳифа 740

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз набудани оби ошомиданӣ шикоят мекунанд

0

Сокинони вилояти Суғд, аз беобии хонаҳои баландошёна шикоят доранд. Чанд тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар баробари сари вақт пардохт кардани маблағи об то ҳол дар шаҳри Хуҷанд обро ба соат медиҳанд, ҳатто баъзе рӯзҳо онро ҳам намедиҳанд.

Чанд нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба шарти бурда нашудани номашон ба “Аздо тв” гуфтанд:

“Дар ҳоле, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои сер оби Осиёи Марказӣ шинохта мешавад, то ҳол мо сокинони хонаҳои баландошиёна дар шаҳри Хуҷанд аз беобӣ танқисӣ мекашем”.

Ин сокинон мегӯянд, мо ҳар моҳ маблағи обе, ки ба соат медиҳанд ба пуррагӣ пардохт мекунем, агар як лаҳза дер кунем, дунёро ба сарамон чапа мекунанд, вале боз рӯзҳое ҳастанд, ки дар соатҳои муқарар гардида, обро намедиҳанд, вақте аз кор меоем об нест, ё ба кор меравем боз ҳамин вазъ, мо ҳам инсонем, зиндагонӣ дорем, рӯзҳое мешавад, ки аз кор дер меоем, об захира карда наметавонем, вақте обро намедиҳанд, ба бахши обу корез занг мезанем, баъзе рӯзҳо телефонро ҷавоб медиҳанд, баъзе рӯзҳои дигар ҷавоб намедиҳанд, дар як ҳолате қарор дорем, ки бовар намекунед, ки дар  Тоҷикистони сероб умр ба сар мебарем, гумон мекунед дар кадом кишвари африқоӣ зиндагӣ дорем”,- мегӯянд, сокинон.

Ба гуфтаи ин сокинон борҳо аз Ҳукумати шаҳру маҳал аз мардум ба хотири таъмири насосҳои обкашонӣ маблағ ҷамъ карданд, ки насосҳоро таъмин кунем, дигар аз беобӣ танқиси намекашед, вале бо гузашти чанд сол на насос таъмир карданду на ба оби доимӣ, вақте ба берун меравем, мебинем, ки ҷуйборҳо пур аз об аст, вале мо дар ошиёнаҳои баланд об надорем.

Дар ҳамин ҳол як намояндаи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд  ба шарти бурда нашудани номаш ба “Азда тв” гуфт, аз шикояти сокинон огоҳем, ки ҳамеша  аз ин масъала шикоят мекунанд, вале то қубурҳоро иваз накунем, имкони ба ҳама вақт обдодан ба сокинон надорем.

Раиси шаҳри Хуҷанд аввалин иқдоме, ки дар пеш гузошта буд, таъмини хонаҳои баландошиёна бо оби нушокии ҳамешагӣ вале шароитро бинед, чӣ шуд, ҳама нақшаҳоро бар ҳам зад, мо дар оянда нақша дорем, ки  ҳама қубурҳоро нав карда сокинонро ба об таъмин кунем, мегӯяд манбаи мо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳоло хонаҳо зиёд аст, он қубурҳо имкони  ҳамаро дар як вақт ба об таъмин кардан надоранд, қубурҳоро таъмин кунем, дигар мардум ба ҳамешагӣ ба об таъмин мешаванд.

Муроҷиати духтари тоҷик ба сафир: дар фурудгоҳ дармондаам кумакам кунед

0
Сурат: Фейсбук

Мадина Бойматова, як шаҳрванди Тоҷикистон дар мроҷиатномаи видеоие ба уновни сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ва ҷаноби сафир Имомуддин Сатторов хоста, ки ба қазияааш расидагӣ кунанд.

Ин духтари тоҷик зимни муроҷиаташ, ки дар шабакаҳои ҷитимоъӣ аз тарафи корбарон нашр шудааст, аз банд монданаш дар фурудгоҳи Шереметоваи шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Мадина дар ин сабти видоӣ мегӯяд, ки як рӯз боз дар фурудгоҳ дармондааст ва бидуни нушиданиву хӯрданӣ болои курсиҳои фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Ба иддаои Бойматова ӯро аз Туркия барои надоштани раводид ба Масков бозпас гардондаанд ва ӯ ҳоло аз намояндагии Тоҷикистон дар Русия мехоҳад то ба ӯ кӯмак намоянд.

Комиссияи Аврупо лоиҳаи низоми таҳримотро барои нақзи ҳуқуқи инсон муаррифӣ кард

0
Сурат: pixabay.com

Комиссияи Аврупо низоми таҳримоти ИА барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳонро пешниҳод кардааст. Барои тасдиқи ин механизм ризоияти ҳамаи 27 кишвари узви ИА лозим аст.

Иттиҳоди Аврупо ба сӯи имкони ҷорӣ кардани режими таҳримҳои шабеҳ ба рӯйхати Магнитский як қадами дигар гузоштааст. Рӯзи душанбе, 19 октябр, Комиссияи Аврупо дар ҷаласаи худ пешниҳоди режими таҳримотро барои нақзи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон тасвиб кард. Дар ин бора ноиби президенти Комиссияи Аврупо Марош Шефчович дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел хабар дод. Дар ин бора хабаргузории “DW” иттилоъ дод.

“Агар режими нави таҳримоти глобалии ИА барои нақзи ҳуқуқи башар эътибор пайдо кунад, он ба Иттиҳоди Аврупо дар таъқиби масъулони поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон, дар ҳар куҷое, ки онҳо рух диҳанд ва касе, ки барои ин масъул аст, татбиқ мешавад”, – гуфт Шефчович.

Ба гуфтаи Шефчович таҳримҳои ИА дар шакли манъи вуруд ба ИА ва масдуд намудани дороиҳо дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ карда мешаванд. Дар ин пешниҳод пешбинӣ шудааст, ки худи Комиссияи Аврупо риояи манъи вурудро назорат хоҳад кард.

Танҳо Шӯрои ИА салоҳият дорад, ки режими нави таҳримҳоро дар шакли як танзими ИА қабул кунад, ки барои он розигии тамоми 27 кишвари узви он зарур аст. Агар низоми таҳримот қабул карда шавад, дар аввал заминаи ҳуқуқиро фароҳам меоварад. Қадами навбатӣ илова кардани шахсони мушаххас ба рӯйхати таҳримот хоҳад буд ва барои ин қарори нави якдилонаи Шӯрои ИА лозим мешавад.

Дар Тоҷикистон кори фосилавӣ қонунӣ мешавад?

0

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр, дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» кори фосилавиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шавад, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.

Тибқи ин тарҳи пешниҳодӣ “дар қисми 2 лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ)  машғул ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар кардашуда мансуб мебошанд, ки хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурӯҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”.

Дар Тоҷикистон баъд аз интишори бемории ҳамагири COVID-19 мавзӯии кори фосилавӣ бисёр доғ шуд. Бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз оғози ин пандемия ба кори фосилавӣ гузаштаанд ва аксари нишасту ҷаласаҳои худро ҳам фосилавӣ доир мекунанд.

Дар сатҳи расмии давлатӣ бори аввал аст, ки ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон талош дорад ин шеваи корро вориди қонун кунад. То имрӯз дар идораҳои давлатии Тоҷикистон ба кори фосилавӣ иҷозат набуд, ҳамчунин дар замони пандемия низ кормандон ба коргоҳҳо ҳозир мешуданд, дар сурати ба кор наомадан маошҳояшон қатъ мешавад, мегуфтанд.

Иттиҳомоти нав дар парвандаи Иноятзода илова шудааст

0
Сурат: sugdnews.com

Баҳром Иноятзода раиси собиқи шаҳри Кӯлоб бо шаш моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста мешавад.

Қаблан гуфта мешуд, ки нисбати шаҳрдори собиқ бо иттиҳоми порагирӣ ва сӯистифода аз ваколат парванда боз шудааст ва иттиҳоми дузанагиаш тафтиш мешавад.

Моҳи июни соли равон Иноятзода аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иттиҳоми порагирӣ дастгир шуда буд. Айбҳое, ки ҳоло нисбати ӯ эълон шудааст, баъдан ба парвандааш илова кардаанд.

Радиои Озодӣ аз манбааш аз додгоҳи вилояти Хатлон навиштааст, парвандаи Иноятзода бо моддаҳои 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) айбдор мешавад.

Гуфта мешавад, иттиҳоми дузанагӣ, ки дар аксар ҳолат ҷаримаро пешбинӣ мекунад, аз парвандаи ӯ лағв шудааст. Дар сурати тасдиқ гардидани ин ҳама иттиҳомоти нав Иноятзодаро то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, таҳқиқ нишон дод, ки ӯ ба наздиконаш бе навбат қитъаи замин барои бунёди манзили зист дода ва низ аз чанд сокини дигар пас аз гирифтани пора ин корро анҷом додааст.

Наздикони Иноятзода айбҳои эълоншуда алайҳи ӯро тӯҳмат ва қасосгирии як гурӯҳи манфиатхоҳ медонанд. Боздошти Иноятзода баъд аз интиқод аз қудои Президенти Тоҷикистон Бег Сабур сурат гирифт.

Сурат: Akhbor.com

Баҳром Иноятзода зимни нишасти матбуотиаш Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Ҷумҳури Тоҷикистонро ба хотири пардохт накрадани қарзҳояш дар назди андоз ва обу барқ ба “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ташбеҳ карда буд.

Нигаронии мардум дар Тоҷикистон аз боло рафтани нархи маҳсулоти хурокворӣ

0
Акс бозори “Меҳргон”: Озодӣ

Баъд аз баргузории интихобот дар Тоҷикистон ба як бора нархи тамоми маҳсулоти ғизоӣ боло рафтааст. Дар ин бора аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба “Аздо тв” хабар доданд.

Бештари сокинон, ки хӯроки асосиашон, қанду шакр, равғану орд, гуфта мешавад, боло рафтани ин навъи маҳсулот сокинонро нигарон кардааст.

Дар баробари набудани ҷойи кор, кам будани нафақа ва маош, баста будани марзҳо, ки имсол бештари муҳоҷирон дар кишвар банд мондаанд, боло рафтани ин нархи маҳсулот, боз як мушкилии печида дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад, болои мушкилоти мавҷуда зам шудааст.

Дар бозорҳои Тоҷикистон як кг қанди сафед,кит пештар 6 сомонӣ буд, ҳоло ба 10 сомонӣ баробар шудааст, як халта орд то 240 – 250 сомонӣ, ҳамчунин як зарф равғани 5 летра, ки  60 сомонӣ нарх дошт, ҳоло ба 75 сомонӣ расидааст, ки дар чунин шароити вазнин ва бо ин нархҳои гарон барои сокинон харидани маҳсулоти ниёзи аввал мушкил шудааст, вале мақомот мегӯянд, ки сабаби асосӣ аз кишварҳои содиркунанда аст, ки онҳо нархҳоро боло бурданд.

Як сокини вилояти Хатлон ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“Мардум ба умед буданд, ки пас аз интихоботи прездентӣ дар Тоҷикистон нархҳо арзон мешаванд ва зиндагии мардум осон мегардад, вале ин орзуҳои мо ҳама мисли хоб ва афсонаҳои бачагона будааст, ки баъд аз як рӯз гузаштани интихобот ба якборагӣ нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозрҳо боло рафт”.

Ба гуфтаи манбаъ рӯзгори аксар сокинон душвортар шудааст ва интизори нафақаи падару модари пирашон ҳастанд.

“Дар шароите, ки марзҳо бастаанд, ҷойи кор нест, маошу нафақа дар пастарин ҳолат қарор дорад, чӣ тавр мешавад зиндагӣ кард? Ҳоло дар оила танҳо ҳама ба умеди 450 сомонӣ нафақаи модари пиранд, имсол бо сабаби пандемия мо ба муҳоҷират рафта натавонистем, оё мешавад, бо 450 сомон 5-6 нафар як моҳ зиндагонӣ кунад?” – мегӯяд манбаи мо.

Ин сокин дар идома иброз дошт, ки гаронии қиматҳо барои мансабдорону вазирон ҳеҷ дахл надорад, онҳо танҳо дар фикри ҷайби худ ҳастанд, мехоҳанд дар кадом вақте набошад, мардумро тороҷ кунанд, оё имкон надоштанд, ки дар ин давра ақлан ин намуди мавдҳои хуроквориро танзим кунанд, вале барои онҳо манфиаташон болотар аз зиндамондани мардум аст.

Дар ҳамин ҳол як манба аз фурӯшандагони бозор ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“дар ҳақиқат нархҳо дар бозор боло рафтанд, ин вобаста ба фурӯшандагон нест, мо низ намехоҳем нархҳо боло раванд, бояд аз масъулин пурсида шавад, ки чаро нархҳо боло рафтанд?”

Ба навишати “Фараж” Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Раёсати хадамоти зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, яке аз омили боло рафтани нархи шакар ва қанди сафедро дар бозору фурушгоҳои вилоят баланд шудани нархи он дар худи кишварҳои содиркуннада арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, “як тонна шакар, ки пеш аз Тоҷикистон ворид мешуд, 361 доллар арзиш дошт, ҳоло аз 480 то 510 додлар шудааст, ки аз ин ҳисоб соҳибкорон нархро бардоштанд”.

Ин дар ҳолест, ки як сол қабл Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, воридоти 16 намуди маҳсулоти хуроквориро зери назорат мегирад, вале бо гузашти як сол то ҳол ин иқдом амалӣ нагардидааст.

Коршиносон сабаби дар амал татбиқ нагардидани қарори Ҳукуматро ба тиҷорати хонаводагӣ вобаста будани маҳсулот унвон мекунанд.

Дар Тоҷикистон давоми 9 моҳ ҳазорҳо соҳибкор фаъолияти худро қатъ карданд

0

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 652 шахсони ҳуқуқӣ (ширкату корхонаҳо) ва ҳудуди 17 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ тиҷорати худро барҳам дода, корхонаҳояшон аз фаъолият бозмондааст.

Дар иттилоияи Агентӣ омадааст, ки 824 соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатнома ва 14,4 ҳазор соҳибкорони инфродӣ, ки тибқи патент кор мекарданд ва инчунин 1,7 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (ба соҳибкорони инфиродӣ мансубанд) фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, то 1 октябри соли равон шумори субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ 337 ҳазорро ташкил дода, 35,6 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва зиёда аз 301 ҳазор – соҳибкорони инфиродиро дар бар мегирад.

Дар муқоиса нисбат ба соли гузашта шумораи умумии субъектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ 2,4% ё худ 7,9 ҳазор зиёд гардидааст.

Дар вилояти Хатлон ҳудуди 29%-и субъектҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Суғд беш аз 26%, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 24%,  дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳудуди 16% ва дар ВМКБ 5% амал мекунанд.

Коршиносон яке аз сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти корхона ва ширкату субеъкҳои хоҷагидориро андозҳои баланд, санҷишҳои аз ҳад зиёди мақомоти назоратӣ ва коррупсияро ба сифати омилҳои асосии монеагузор дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

Чанде қабл Барномаи рушди СММ дар бораи таъсири пандемия ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таҳқиқотеро нашр намуд, ки дар он дар бораи маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ сухан мерафт.

Гуфта мешавад, идомаи ин раванд, роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.

Дар таҳқиқот гуфта шуда, ки Ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.

Дар идома муаллифон қайд кардаанд, ки  соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.

Мақомоти Русия аз камшавии муҳоҷирони корӣ дар Русия нигаронанд

0
Сурат: аз видео-vestikavkaza.ru

Директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев гуфтааст, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт.

Ба гуфтаи Дмитрий Полетаев, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани қарантина, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Полетаев дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ – ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

“Ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд, раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Маскав ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд,”- гуфтааст Полетаев.

Ба гуфтаи ин коршинос,

“Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд дар мавриди он андеша намоем, ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад”.

Дар идома афзудааст, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор аст  ва аз ин рӯ, онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Ин коршинос гуфтааст, “вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта шаҳрдории Маскав Сергей Собянин аз норасоии муҳоҷирони корӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ айни ҳол камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир расонидааст. Аз ҷумла ба соҳаи манзилию коммуналӣ бештар рабт дорад, чунки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба ҷуз “Тоҷиктелеком” ширкати дигаре мехоҳад ба Тоҷикистон интернет ворид кунад

0

Дар Тоҷикистон ширкати наве бо номи “Авасто Интернет” як ширкати нави воридкунандаи интернет ба кор шуруъ карданист. Дар ин бора дар гузориши вижаи ширкати фароҳамкунандаи IP адресҳо “Ripe Network Coordination Centre” иттилоъ дода шудааст.

Дар ин гузориш вазъи дастрасӣ ба интерент дар панҷ кишвари Осиёи Мркази мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гузориши мазкур рӯзи 22-юми сентябр омода шуда, онро 14-уми октябр муаррифӣ кардаанд.

Дар гузориш омадаааст, ки бархилофи кишварҳои ҳамсоя, ки каналҳои зиёди қабули интернетро доранд, Тоҷикистон ва Туркманистон роҳҳоро барои ворид кардани интернет хеле маҳдуд кардаанд.

Дар идома гуфта шудааст, ки интернет ҳоло ба Тоҷикистон асосан тариқи “Тоҷиктелеком” ворид мешавад. Ба навиштаи муаллифони гузориши “Ripe Network” ин ширкати зертобеи Хадамоти алоқа, интернетро аз ширкатҳои “TTC”, “Megafon” ва қисми камашро аз “Level 3” мехарад.

Дар ин гузориши нашр гардидаи “Ripe Network” дар мавриди ширкате бо номи “Авесто Интернет” гуфта шудааст, ки ин ширкат дар Тоҷикистон навтаъсис мебошад.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар баробари “Тоҷиктелеком” инчунин роҳҳои хурде дида мешаванд, ки тариқи онҳо “Авесто Интернет” ба Тоҷикистон интернет ворид мекунад. Ба қавли гузоришгарони “Ripe Network”, ширкати “Авесто Интернет” интернетро аз ширкати қирғизистонии “ELCat” мехарад. Аз рӯи нақшаи ин иширкат, ҳаҷми интернети воридкардаи “Авесто Интернет” дар баробари “Тоҷиктелеком” кам аст.

То соли 2018 ширкатҳои мухобиротӣ ва интернетрасонӣ дар  Тоҷикистон мустақилона ҳақ доштанд аз хориҷа интернет харидорӣ намоянд, як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа ширкатҳои мухобиротиро муваззаф намуд, ки интернетро танҳо аз “Тоҷиктелеком” бихаранд.

Гуфта мешавад,  “Тоҷиктелеком”, ширкати зертобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол Радио Озодӣ дар маврид ширкати “Авасто Интернет” навиштааст:

“ин аз аввалин ҳолатҳое аст, ки номи як ширкати дигари воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон “Авесто Интернет” расонаӣ мешавад. Дар бораи ин ширкат маълумоти зиёде дар даст нест ва масъулинаш низ ҳозир нестанд дар бораи корашон суҳбат кунанд. Маълумоти каме дар бораи “Авесто интернет” нишон медиҳад, ки он як ширкати зертобеи “Авесто гурӯҳ” мебошад”.

“Рӯзи 15-уми октябр дар дафтари ширкати “Авесто гуруҳ” касе ҳозир нашуд дар бораи кори ширкати “Авесто интернет” суҳбат кунад. Танҳо як масъули ин ширкат гуфт, “Авесто интернет” дигар фаъол нест. Ҳарчанд дар сомонаи “Авесто гуруҳ” гуфта мешавад, ки “Авесто Интернет” як ширкати пешниҳодкунандаи интернет ба провайдерҳо мебошад”,- навиштааст, Озодӣ.

Маълумотҳои интишоргардида баёнгари он аст, ки ширкати “Авасто Интернет” соли 2016 ташкил шуда, ҳамчунин дар феҳристи ширкатҳои Кумитаи андоз, ҶДММ “Авесто Интернет” гуфта шудааст, ки айни ҳол фаъол буда, самти фаъолияташ “хизматрасони миёнаравӣ” мебошад.

Аз руйи баъзе маълумотҳои тасдиқ нагардида гуфта мешавад, ширкати “Авасто Групп” ба Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Олӣ ва Раиси шаҳри Душанбе таалуқ дорад.

Гуруҳи ширкатҳои “Авесто” соли 2016 таъсис ёфтанд “Авесто Интернет”, ягона ширкати зертобеи “Авесто гуруҳ” набуда, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро дар Душанбе зери даст доранд. Аз ҷумла, бахшҳои муҳиме, ба монанди ворид кардани мусофирбарҳои “ISUZI” ва “AKIA” аз Туркия ба Тоҷикистон, тавлиди оби “Сиёма”, пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ва  ҳоло дар Хуҷанд ин ширкат кортҳои пластикиро дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ раҳандозӣ дорад.

Гуфта мешавад, “Авесто Гуруҳ” айни замон як ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин бо номи “Муосир” аст, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахустин корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар Тоҷикистонро месозад. Сохтмони корхона соли 2018 шуруъ шудааст.

Инчунин ин ширкат ба наздики дар Душанбе корхонаи муштараки “Артел Авесто”-ро ба истифода дод. Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, мудири кулли ширкат Муҳаммад Мирзоев (Муҳаммад Мирзо) аст. Мирзоев дар гузашта дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекардааст, ки аз дӯстони Рустамӣ Эмомалӣ ном бурда мешавад.

Оё барои пешгирии бемориҳо бояд ба маводи ғизоӣ витамину микронутриентҳо илова кард?

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда 6 моҳ муҳлат дод, то ин қарор амалӣ шавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи “Дастури техникӣ оиди ғани гардонии маҳсулотӣ ордӣ”, ки чанде пеш тасдиқ гардида буд, раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳоро ба танзим медарорад.

Тибқи қарори Ҳукумат, Тоҷикстандарт вазифадор шуддааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар барои татбиқи дастури мазкур чораандешӣ намояд.

Ҳамчунин дар ин санад, ки Эмомалӣ Раҳмон онро имизо кард, таъкид шудааст, ки қарори мазкур баъди шаш моҳи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.

Чанде пеш  дар Тоҷикистон қонун қабул гардида буд, ки бар асоси он ба хотири  пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе анвои ғизои дигар витамину микронутриентҳо илова карда шаванд.

Дар қарор таъкид шуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ ба маргу кретинизм меанҷоманд, ба орду дигар ғизоҳо микронутриентҳо илова мегарданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дастури техникӣ  “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон татбиқ мешавад.

Тибқи қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, ки қаблан дар Тоҷикистон қабул гардида буд, дар баробари орд, инчунин ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили қаннодӣ, ширӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.