9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 127

Ба талбандаҳо бовар накунед!

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо интишорои муроҷиатномае аз сокинони шаҳр хоста, ки ҳангоми кумак ба шахсони маъюб ва муҳтоҷ эҳтиёт кунанд.

Пулиси Душанбе аз боздошти ду нафар хабар додааст, ки худро маъюб нишон дода, ба талбандагӣ машғул буданд.

Дар наворе, ки аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе нашр шудааст, ду нафар дида мешавад, ки дар воқеъ солим ҳастанд, вале худро бардурӯғ маъюб нишон медиҳанд ва ба мардумфиребӣ машғуланд ва аз ин ҳисоб даромади ҳангуфте ба даст меоранд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздоштшудаҳо Қувват Низомови 53-сола ва Ҳошимҷон Ҷумъаеви 48-сола ном бурдааст.

Ин чунин пулиси Душанбе гуфтааст, аксари талбандаҳо пули ҷамкардаи худро ба нӯшидани машруботи спиртӣ сарф мекунанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинон даъват мекунад, ки кумакҳои худро ба хонаи ятимону бепарасторон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд расонанд.

Ёди муҳоҷирон аз забони мақомдорони тоҷик

0

Мақомдорони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Маскав баргузор шуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар чанде аз кишварҳои ин иттиҳод гуфт.

Вазир аз ҳолати муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёне ёдовар шуд, ки бо мушкили вуруд ба хоки Русия ва будубош рӯбарӯ ҳастанд.

Муҳриддин мегӯяд, ки донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, бо маҳдудиятҳои беасос ва мамнуъияти вуруд рӯбарӯ буда, чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад.

Ӯ ба зарурати бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллӣ баробар ба инобат гирифта шавад, таъкид кардааст.

Муҳриддин зимни суханронияш аз кишварҳои мушаххас ном набурд, аммо ин чанд вақти охир вазъи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия нохуб шуда, мавориди ихроҷ ва мамнуъияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар бештар ба мушоҳида мерасад.

Пештар аз ин Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар поймол мешаванд, нигаронӣ карда буд.

Ба гуфтаи сарвазир, ҳолатҳои роҳ надодан ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия бо баҳонаи “таъмини амният” ба қайд гирифта шуда, дар марз одамон, ҳатто аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон “соатҳо ва ҳатто рӯзҳо” нигоҳ дошта мешаванд.

Расулзода аз ҳамтоёни русаш даъват кардааст, ки ба ҳалли муассири масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират гузаранд, то ки дар ин масъала байни кишварҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шавад.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик аз вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд, ҳатто раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбате бо ҳамтои русаш Владмири Путин ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ишора карда буд. Аммо то ҳанӯз дар ин самт ҳеч тағйироте дида намешавад, ва баракс, рӯз ба рӯз фишору ихроҷ кардани муҳоҷирони тоҷик бештар мешавад.

Афзоиши фишорҳо болои муҳоҷирон дар Русия пас аз ҳодисаи хунини “Крокус сити ҳолл”, ки гумонбарони асосиаш зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, то рафт бадтар шуда, мақомоти ин кишвар бо қабули қонунҳо маҳдудиятҳои нав нисбати муҳоҷирон ҷорӣ мекунанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои минтақа озими Маскав шуд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон имрӯз, 07-уми октябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давталҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Маскав, пойтахти Русия сафар кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин сафар “Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”

Сафари сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳоле ба шаҳри Маскав сурат мегирад, ки имрӯз, Президенти Русия Владимир Путин зодрӯз дорад, сарони давлатҳои узви ИДМ ба хотири аз надик табрик кардани ба Маскав мераванд.

Гуфта мешавад, ҳамон тавре ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бо шукӯҳ ҷашн гирифтани зодрӯзи худ “Рӯзи забони давлатӣ”-ро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр, рӯзи зодрӯзи худашро тағйир дод, дар чанд соли ахир Русия низ ба хотири бо шукӯҳ ҷашн гирифтани зодрӯзи Владмири Путин ташкили бархе ҷаласаҳои муҳимеро дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъӣ ва ғайра ба навъе ба анъана даровардааст.

Латтукӯби омӯзгор дар Ваҳдат

0

Файзихон Раҷабова, омӯзгори фанни торихи мактаби миёнаи №8 шаҳри Ваҳдат аз сӯи волидайни як хонанда шадидан латтукӯб шудааст.

Дар инбора худи омӯзгор бо навиштани шикоятномае ба Рустами Эмомалӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст.

Ба навиштаи омӯозгор Раҷабова ҳодиса аз онҷо шуруъ шуда, ки як хонанди синфи 8 ба раванди дарс халал ворид кард, омӯзгор ин хонандаро сарзаниш мекунад ва ба директори мактаб шикояд мебарад, ин рафтори омӯзгор боиси ғазаби волидайни хонанда гашта, омӯозгор Раҷабоваро дар назди дагар хонанадагон шадидан латтукӯб мекунанд. Гуфта мешавад, ҳоло ҷабрдида дар бемористон бистарӣ шудааст.

Аммо шарҳи ҳодиса аз забони волидайни хонанда ҳанӯз дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест ангезаи ин корашон чӣ будааст.

Ин ҳодиса дақиқан як рӯз пеш аз “Рӯзи омӯзгор”, 5-уми октиябр рух дод, ки он боиси хашми зиёди шаҳарвндон гашт ва дар интернет сару садои зиёдеро ба бор овард. Инчуни корбарони зиёде дар Фейсбук аз ин омӯзгор ҳимоят карда, хостори муҷозоти касоне шуданд, ки ин омӯзгорро латтукӯб кардаанд.

Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтааст, аз латтукӯб шудани омӯзгор огоҳ асту қазияро ҷиддӣ пайгирӣ дорад.

Ин ҳам дарҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, омӯзгорон дар кишвар мазлумтарин кормандони давлатӣ ба шумор мераванд, ки бо камтарин маош ва шароит ба ҷавонони ин маллат таълим медиҳанд. Инчунин омзӯгорон дар маъракаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз сӯи ҳукумат истифода мешванд, дар ҳоле, ки вазифаи асосии омӯзшор фақат таълиму тарбият аст.

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

0

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ”ОЗОН” шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Дар наворҳои нашршуда дида мешвад, ки нерӯҳои ОМОН-и ин кишвар бо шиддат вориди ин ширкат шуда, дар даромадгоҳи он ҷо муҳоҷиреро боздошт карда, бо зӯр ба замин мехобонанду бо лагад мезананд.

Инчунин дар наворҳои дигар дида мешавад, ки нерӯҳои ОМОН муҳоҷиронро баъд аз боздошт бо мушту лагад бераҳмона мезананд ва ба замин хобонда, кашолакунон мебаранду дар як ҷой ҷамъ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин ширкат зиёда аз 100 муҳоҷири тоҷик кор мекунад. Як шоҳиди ҳодиса дар суҳбат Радиои Озодӣ тарзи бархӯрди маъмурони ОМОН-ро “бераҳмона ва хилофи меъёрҳои инсонӣ” номида, гуфтааст, ки аллакай мақомоти ин кишвар ҳукми ихроҷи 16 нафар аз боздоштшудаҳро содир кардаанд.

Ин гуна бархӯрди хашини мақомоти қудратии Русия бо муҳоҷирон бори аввал нест, ки иттифоқ меафтад. Қариб ҳамарӯза муҳоҷирони кории ин кишвар, ки аксаран мардуми Осиёи Марказӣ ҳастанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин рафтори хашин шикоят мекунанд. Вале то ҳол на мақомоти Русия ва на мақомоти кишварҳои аслии муҳоҷирон ба ин муносибатҳои берун аз доираи қонуни нерӯҳои интизомии Русия вокуниш намекунанд. Аммо дар як соли охир Тоҷикистон ду бор аз муҳоҷирони тоҷик хост ба Русия сафар накунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз чанд ҳамлаи террористӣ дар Русия, ки гуморнбарони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, фишор махсусан болои муҳоҷирони тоҷик хеле зиёд шудааст. Ва ҳоло аз он шикоят мешавад, ки мақомоти ин кишвар бо андактарин баҳона муҳҷирони тоҷикро боздошту ихроҷ мекунанд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

0

Вазири корҳои хориҷии Лубнон Абдуллоҳ Буҳабиб ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки ҳафтаи гузашта тавассути Исроил кушта шуд, фош кард.

Вазири корҳои хориҷии Лубнон дар мусоҳиба бо хабаргузории “CNN” гуфт, ки Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил як рӯз қабл аз террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” барои оташбас мувофиқат карда буд, аммо фардои он рӯз якбора ба дафтари марказии ин гурӯҳ дар Лубнон ҳуҷум кард ва ӯро кушт.

Мо пас аз гуфтугӯи зиёд бо “Ҳизбуллоҳ” комилан ба оташбас мувофиқат карда будем ва ба амрикоиҳо ва фаронсавиҳо ончи ки мувофиқат шуда буд, ҳамро иттилоъ додем. Онҳо низ ба мо хабар доданд, ки Натанёҳу бо баёнияи содиршуда аз ҷониби Амрико ва Фаронса дар мавриди оташбас мувофиқат кардааст.“, мегӯяд вазири корҳои хориҷии Лубнон.

Ин мақомдори баландпояи лубнонӣ дар мусоҳибааш ҳамчунин таъкид мекунад, ки “Қарор буд фиристодаи Амрико ба Бейрут барои музокира бар сари оташбас биёяд. Онҳо ба мо хабар дода буданд, ки Натанёҳу бо ин мувофиқат кардааст. Ва мо низ мувофиқати “Ҳизбуллоҳ”-ро дар бораи ин масъала гирифта будем. Аммо як рӯз пас аз ин тавофуқот Исроил бо бомборон кардани қароргоҳи “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Бейрут Насруллоҳро террор кард.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми сентябри соли ҷорӣ Исроил дафтари марказии гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро бомборони шадид кард, ки дар натиҷа раҳбари ин гурӯҳ, Ҳасан Насруллоҳ бо чанде аз фармондеҳонаш кушта шуданд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, Исроил пас аз даргирии соли 2006 бо “Ҳизбуллоҳ” то кунун дар бораи террори раҳбарони ин гурӯҳ маълумоти истихборотӣ ҷамъоварӣ карда буд ва ҳар замон барои анҷоми он нақша мекашид ва ахиран муваффақ шуд.

Дар пайи террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” ва ҳуҷуми Исроил ба хоки Лубнон, давлати Эрон шаби 1-уми октябр бо мақсади интиқомҷӯӣ то 250 мушаки баллестикӣ ба сӯи Исроил партоб кард, ки чанде аз онҳо ба аҳдофи худ расиданд.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

0

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Толибон бо нашри наворе аз ин 3 узви гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон эътироф мегирад. Ин се нафар дар чанд амали террористӣ гумонбар мешаванд. Ҳарсе ҳам мегӯянд, таълимоти низомиро барои интиҳорӣ ва амалҳои террористӣ дар кӯҳҳои Балучистони Покистон гирифтаанд.

Яке аз ин боздоштшудаҳо худро Расул писари Диловар, зодаи ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун)-и вилояти Хатлон муаррифӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар ДИИШ ба номи Усмон машҳур аст.

Ба иқрори худи Расул, ӯ якуним сол пеш ба гурӯҳи ДИИШ даъват шуда ва баъдан тариқи паёмрасони Телеграм роҳнамоӣ шуда, худро ба ҷойҳои лозимӣ расондааст. Пас аз пайвастан ба ин гурӯҳ ӯро барои омӯзиш ба вилояти Балучистони Покистон бурдаанд.

Дар кӯҳҳои Балучистон муаскарот (пойгоҳҳои низомӣ)-и гурӯҳи ДОИШ буд, тӯли якуним моҳ онҷо дарсҳои ақидавӣ мехондем, баъд аз якуним моҳ моро ба Афғонистон равон карданд. Дар Кобул дар хонаи як ДОИШ-ӣ ба номи Ҳорун мунтазири амали интиҳорӣ будам.“, мегӯяд Расул.

Маълум нест боздошти ин шаҳрвнади Тоҷикистон кай сурат гирифтааст, аммо хабари боздошти онҳоро Ожонси хабарии Бохтар имрӯз, 3-юми октябр нашр кард. То ҳол мақомоти тоҷик дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон вокунише накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки Толибон аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми пайвастан ба ДИИШ хабар медиҳад. Моҳи августи соли гузашта чунин наворе низ нашр шуда буд, ки як гурӯҳ аз шаҳрвнадони Тоҷикистон худро узви ДИИШ муаррифӣ мекарданд.

Дар он навор ҷавонони тоҷики боздоштшуда ба узви ДИИШ будани худ иқрор карда, аз кардаашон изҳори пушаймонӣ мекунанд. Ному насаб ва макони зисти онҳо низ ба таври комил нашр шуда буд.

Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтааст, иддао дорад, бахши умдаи гурӯҳи ДИИШ-и Хуронсонро ҷавонони тоҷикистонӣ ташкил медиҳанд. Ва аксари амалиёти интиҳорӣ ва таркишҳое, ки ҳоло дар Афғонистон анҷом мешаванд, онҳоро ин гурӯҳ анҷом медиҳанд.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

0

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори “Олимпия” боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои пулиси Варшава, боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ буда, яке аз онҳо шаҳрванди 38-солаи Украина ва дуюмӣ шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон аст. Ҳарду ба муҳлати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Ҳодисаи тирандозӣ рӯзи 8-уми сентябри соли ҷорӣ рух додааст. Он ҳам замоне буда, ки кормандони пулис кӯшиш кардаанд ҳуҷҷатҳои як мардеро, ки дар фурӯши телефонҳои дуздӣ гумонбар мешуд, тафтиш кунанд. Ҳангоми тафтиш ӯ фирор намудааст, гумонбари дуюм ба сӯи пулис тир кушодааст, ки дар ҷараёни тирандозӣ як марди роҳгузари 57-сола маҷруҳ шудааст.

Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи гумонбарон чанд ҳафта давом кардааст. Дар тафтишот кормандони пулиси Варшава ҳамроҳи кормандони шуъбаи мубориза бо терроризми ҷиноӣ ва кушторҳо иштирок карданд ва сабтҳои камераҳои назоратиро пайдо намуда, шоҳидони ҳодисаро пурсуҷӯ кардаанд.

Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми “ҳамла ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз силоҳи оташфишон” парванда боз шуда, ба онҳо аз як то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Номи шаҳрванди Тоҷикистон ва назари ӯву адвокаташ дар ин бора дастрас нест.

Авзои тағйирёбандаи Ховари Миёна

0

Пас аз ҳамлаҳои ахири Эрон ба Исроил авзои сиёсӣ ва низомӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба шиддат нигаронкунанда шудааст.

Шоми сешанбеи 1-уми октябри соли 2024 Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кард, ки дар ду маврид ҳамлаҳои мушакии сангинеро алайҳи Исроил анҷом дод. Исроил ҳам гуфт, ки Эрон товони ин ҳамлаҳоро пардохт хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ِСайид Аббос Ироқчӣ ҳам дар саҳфаи худ дар шабакаи Х, гуфт: “Мо аз ҳаққи худ барои дифои машруъ бар асоси Моддаи 51- Созмони Милали Муттаҳид истифода кардем ва танҳо пойгоҳҳои низомӣ ва амниятиро, ки масъули наскушӣ дар Ғазза ва Лубнон ҳастанд, мавриди ҳадаф қарор додем”.

Ҳамзамон Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил ҳам дар саҳфаи худ дар шабаи Х хабар дода, ки “режими Оятуллоҳ (ишора ба Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон) аз хатҳои қирмиз убур кардааст ва давлати Исроил дар баробари ҳамлаи ваҳшиёнаи Эрон ба шаҳрвандони мо сокит нахоҳад монд.”

Аз сӯи дигар, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо қадрдонӣ аз ин нерӯҳои кишвараш дар ҳамла ба Исроил гуфт, “он Гунбади оҳанине, ки онҳо (исроилиҳо) дуруст карданд, гунбади оҳанин нест, балки аз шиша ҳам шиканандатар аст. Дунё бояд дар муқобили як режими опортоед (apartheid)-и наслкуш биситанд ва битавонад онро сари ҷояш бинишонад. Мо аз мурдан наметарсем, зиндагии бо иззат беҳтар аз зиндагии дар зиллат аст.”

Аммо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ дар замони ҳамлаи мушакии Эрон ба паноҳгоҳе дар Қудс панаҳ бурда буд, пас аз ин ҳамла гуфт: ” Эрон имшаб иштибоҳи бузургеро муртакиб шуд ва товони онро хоҳад дод. Ҳар касе ба мо ҳамла кунад, мо онро мавриди ҳамла қарор хоҳем дод”.

Дар ҳамин ҳол, сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои муссалаҳи Эрон дар шарҳи ин ҳамла аз ҷумла гуф: “Ду моҳи гузашта ду моҳи бисёр сахте барои Эрон, барои “Меҳвари муқовимат” (Эрон нерӯҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ансоруллоҳи Яман ва дигар гурӯҳҳои силоҳбадасти суриягӣ ва ироқие, ки бо он ҳамкорӣ мекунанд, онҳоро нерӯҳои “Меҳвари муқовимат” медонад) буд. Аз ҳангоми террори шаҳид Ҳания, раҳбари сиёии ҷунбиши ҲАМОС дар Теҳрон бо дархости мукаррари амрикоиҳо ва аврупоиҳо ва дигарон мабнӣ бар ин шумо хештандорӣ кунед, то оташбасро дар Ғазза барқарор кунем, давраи сехте дар хештандориро пушти сар гузоштем. Фақат пойгоҳҳои низомӣ зада шуд.”

Ҳамзамон Ха Леви Хертзи, раиси Ситоди кулли нерӯҳои Исроил ҳам бидуни ворид шудан ба ҷузъиёт ё замону макони ҳамлаҳои эҳтимолии кишвараш алайҳи Эрон эълон кард, ки посух ба ҳамлаи мушакии Эрон дар роҳ аст. Ӯ таъкид кард: “Исроил тавоноиҳои дақиқ ва ғофилгиронаи ҳамлаи худро нишон хоҳад дод.”

Эрон дар ду маврид ҳам ҳамлаҳои худ алайҳи Исроил, ки зери унвони “ваъдаи содиқ 2” анҷом дод, ҳудуди 300 мӯшаки боллистик истифода кард ва мегӯяд, ки 90% аз ин мушакҳои партобшуда ба ҳадафҳои худ расидаанд. Аммо Исроилу Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса ҳам иддао доранд, ки хеле аз ин мушакҳоро қабл аз он ки ба ҳадафҳои худ бирасанд, дар фазо раҳгирӣ кардаанд.

Оҳанги таҳдидҳои лафзии ҳар ду ҷониб дар ҳоле лаҳза ба лаҳза шиддат мегиранд, ки бархе кишварҳои дунё тарафҳоро ба хештандорӣ даъват мекунанд. Кишварҳои Амрико, Британияи Кабир, Фаронсаву Олмон ва Ҷопон ҳам ин ҳамлаи Эрон алайҳи Исроилро маҳкум карда, ҳимояти худ алайҳи Исроилро эълон кардаанд.

Ба дунболи ин ҳама таҳдидҳо ва эҳтимоли посухи зудҳангом ва ё ғофилгиронаи Исроил ба Эрон хеле аз ширкатҳои ҳавопаймойии дунё парвозҳои худро дар осмони бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрону Ироқ, Урдун ва Сурияву Лубнон ба самтҳои дигар тағйир додаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳам пас аз посухи Эрон ба Исроил ба шаҳрвандони худ дар Эрон тавсия додааст, ки бо таваҷҷуҳ ба тағйири вазъ дар минтақа ва эҳтимоли ноором шудани Ҷумҳурии исломӣ ҳар чӣ тезтар хоки ин кишварро тарк кунанд.

Гуфта мешавад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам бо баргузории як ҷаласа ҳодисаҳои ахир дар Ховари Миёнаро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин ҷаласа бархе кишварҳои ғарбӣ бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Эрон ба Исроил омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ҳимоят аз Исроил эълон карданд, аммо кишварҳои Русия ва Чин ба навъе аз Эрон ҳимоят карда, гуфтанд, ки Эрон танҳо ду моҳ пас аз хештандорӣ, ки бо террорҳои бештар аз сӯи Исроил ҳамроҳ шуда буд, аз нерӯи зӯр истифода кард.

Исроил Дабири кулли СММ-ро ба кишвараш роҳ надод

0

Давлати Исроил Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро аз ворид шудан ба қаламрави худ манъ кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 2-уми октябри соли ҷорӣ Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил Гутерришро ба “таассуб ва ё ғараз доштан алайҳи Исроил” муттаҳам намуд.

Ба қавли манбаъ, Катс дар як барномаи телевизионӣ изҳор дошт, “Ҳар касе, ки ҳамлаи шадиди Эрон ба Исроилро ошкоро маҳкум накунад, чунон ки қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон маҳкум карданд, сазовори он нест, ки дар хоки Исроил қадам гузорад”.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Исроил алайҳи Навори Ғазза, аъзои ҳукумати Исроил чандин бор мавқеъгириҳои Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро шадидан танқид карданд, ки дар баъзе мавридҳо ин вокунишҳо то ҳадди танишҳои лафзӣ пеш рафтанд.

Гуфта мешавад, мавқеъгириҳои Антонио Гутерриш дар бораи фаъолияти Агентии кӯмакрасонӣ ба оврагони фаластинӣ (UNRWA), таъкид бар “ҳуқуқи фаластиниён барои бунёди кишварашон”, масъалаи расонидани кумак ба Навори Ғазза ва “дар давоми 12 моҳ хориҷ шудани Исроил аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин” аз ҷумлаи сабабҳои афзоиши ин танишҳо маҳсуб мешаванд.