Хона блог саҳифа 145

Дар соли гузашта ниҳодҳои давлатӣ ба худи давлат ним миллирад зарар оварданд

0

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ошкор кард, ки шуморе аз вазорату идораҳои ҳукумаматӣ дар соли 2024 ба давлат зиёни молиявӣ бузург ворид карданд.

Ҷамшед Каримзода, раиси ин ниҳод рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарии ниҳодаш ба расонаҳо гуфт, ки соли гузашта зиёни молиявии идораву сохторҳои давлатӣ дар умум ба 506,7 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба 2023 беш аз 101 миллион сомонӣ мебошад.

Каримзода ҳамчунин баён дошта, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2024 дар сохтор ва идораҳои давлатӣ 192 санҷиши молиявӣ гузаронида ва зиёнҳои молиявии мазкур ба давлатро ошкор кардааст ва сабаби асосии ин зиёнҳоро “қонуншиканӣ” ва “фасод” унвон мекунад.

Бо ин ҳол, таҳлилгарон ин ошкорсозиро ба нуги пиряхи фасод дар кишвар монанд мекунанд ва ин ба маънои он аст, ки бахши бузурги фасодҳои анҷомдодаи роҳбарони кишвар ва хонаводаҳои онҳо ҳеҷ гоҳ тавассути ниҳодҳои давлатӣ ошкор нахоҳад шуд.

Масъули Палатаи ҳисоби кишвар дар ин нишаст гуфта, ки дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ маълум гашт, ки Бонки давлатии “Амонатбонк” – 53,1 млн, Вазорати маориф ва сохторҳои он – 11,7 млн, Оҷонсии захираҳои моддӣ – 9,2 млн, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 7,5 млн, Вазорати энергетика ва захираҳои об – 5,8 млн, Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ – 5,7 млн, Кумитаи телевизион ва радио – 1,7 млн ва дигар идораҳову сохторҳо дар маҷмуъ 506 миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ба давлат овардаанд, ки дар байни онҳо кумитаи дин бо -600 ҳазор ва Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон бо -728,5 ҳазор зиёни молиявӣ низ қайд шудаанд.

Дар пайи ошкор шудани қонуншиканиҳо дар ниҳодҳои ҳукуматӣ, ба тавсияи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон 382 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 38 кас аз вазифа барканор шудаанд.

Ба гуфтаи Каримзода, 21 нафаре, ки аз вазифа барканор гардидаанд, кормандони “Амонатбонк”, ки бештарашон сармуҳосиб буданд. Инчунин 3 корманди Вазорати маориф ва сохторҳои он, 9 корманди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, 2 корманди Ожонсии назорат дар соҳаи маориф, 2 корманди КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва сохторҳои он, 1 корманди Ожонсии зиддинашъаи кишвар буданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки фасод ва ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо ришва харида ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз ҷониби зердастон аз имкон дур аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳамасола эълон мукунад, ки бар зидди коррупсия ва решакан кардани он мубориза мебарад, аммо созмонҳои байналмилалӣ аз рушди сол ба соли фасод дар Тоҷикистон хабар дода, ибрози нигаронӣ мекунанд ва Тоҷикистонро дар ҷумлаи фасодзадатарин кишварҳои дунё қайд кардаанд.

Созмони Шаффофияти байналмилал (Transparency International) барои соли 2024 Тоҷикистонро дар байни 180 кишвар дар радаи 19-уми фасодтарин кишварҳои дунё қарор додааст, ки 4-рада аз соли 2023 поёнтар омадааст.

Боздошти муовини шаҳрдори Митиши дар доираи парвандаи модари ҳафт фарзанд

0

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз боздошти муовини раиси шаҳри Митиши хабар дод.

Ин мақомдори рус ба нодуруст санҷидани даромад ва аъзои оилаи зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадова айбдор мешавад.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки муовини шаҳрдор сардори комиссияе буда, ки Таҳмина Самадова ва шавҳару фарзандонашро ҳамчун хонаводаи камбизоат эътироф карда, сертификати хонаро додааст.

Нисбати ин мақомдори рус бо иттиҳоми хунукназарӣ (моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, хонаводаи Таҳмина Самадова аз рӯйхати хонаводаҳои камбизоат бароварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба оилаи Таҳмина Самадова шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дертар Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро, ки 14 сол аст шаҳрвандии ин кишварро дорад, бо иттиҳоми қаллобӣ, боздошт кард.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳоло ин модари ҳафт фарзанд барои ҳомила буданаш то поёни баррасии парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Чаро Ҳукумат мубаллиғи худро боздошт кард?

0
Screenshot

Мақомоти вилояти Хатлон Идибеки Мардон, маъруф ба “Идибеки Бохтарӣ”-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, боздошт карданд.

Гуфта мешавад, ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишотии вилояти Хатлон барои суҳбат даъват шуда, баъд аз он дигар хабаре аз ӯ нест.

Дари ин бора блогери таблиғгари дигари ҳукумат Аюб Исҳоқов дар саҳифаи ютубияш хабар медиҳад. Исҳоқов зимни изҳори хушнудӣ ва ташаккурӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои боздошти Бохтарӣ мегӯяд: ”Минатдор ҳастам, ки инхел ҷинояткорора саривақт пеши роҳашонро мегиред”.

Бо даъвои Айюб Исҳоқов, ки худро ҳуқуқшинос муаррифӣ мекунад, Иддибеки Мардон як ҳафта боз дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар қарор дорад. Аммо то ҳол мақомот расман ин хабарро рад ё таъйид накардаанд. Инчунин дар саҳифаи ютубии Бохтарӣ як ҳафта боз чизе нашр нашудааст. Ӯ ки то чанде пеш дар Русия буд, маълум ҳам нест кай ва чӣ гуна ба Тоҷикистон баргаштааст.

Бояд гуфт, ки чанд моҳи пеш Идибег Мардон бо ду чашми гирён аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят карда ва Тоҷикистонро тарк намуда буд. Дертар ӯ бо нашри наворе аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Мӯминзода гила карда, иддо дошт, ки маҳз ӯ ба тарки Ватан маҷбураш сохтааст.

Ӯ дар ин навораш шаҳрдори Бохторро дашномҳои қабеҳ карда, гуфт, ки “ӯ фармон додааст, ки миёни Бохтариро шикананд.” Акнун маҷбур аст кишварро тарк кунад. Бохтарӣ низ ишора карда буд, ки 80-90% ҷавонон аз дасти чунин мансабдорон кишварро тарк мекунанд ва ба гурӯҳҳои мухолифин мепайванданд.

Ин блогер пештар бо гузоштани риши дароз ва наворҳои интиқодӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Аммо яку якбора худи ӯ бо мақомдорон дар Бохтар дарафтод ва иддао кард, ки маълумоти зиёде дар бораи фасоди раиси шаҳри Бохтар ва дигар мақомдоронро дар даст дорад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр хоҳад кард.

Афзоиши бесобиқаи бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон

0

Соли 2024 зиёда аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргаштанд.

Имматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ рӯзи 11-уми феврал ин оморро баён кард. Вале ӯ нагуфтааст, ки дақиқан ин бозгаштҳо ба сахтгириҳои ахири Ҳукумати Русия нисбати муҳоҷирон рабт дорад ё омилҳои дигаре.

Аммо вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар суҳбатҳои худ эътироф кард, ки “вобаста аз дигаргуниҳо дар қонунҳои Русия бозгашти муҳоҷирон ба Ватан бештар шуд.”

Фишори мақомоти Русия ва нафрати мардумии ин кишвар алайҳи муҳоҷирони корӣ дар як соли ахир, хусусан пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”, афзоиши чашмгир доштааст.

Манбаъҳо аз зиёд шудани санҷишҳо ва ихроҷи муҳоҷирон пас аз ҳамла ба толори “Крокус”, ки дар шаби 22-юми марти соли 2024 рух дод, хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, мушкилоти муҳоҷирон ва хусусан муҳоҷирони кории тоҷик пештар низ вуҷуд доштанд, аммо пас аз ҳодисаи мазкур муносибати дағал, санҷишҳои пай дар пай, ихроҷҳои бедалел ба таври чашмгир зиёд гаштаанд.

Аз 5-уми феврали соли 2025 қонуни наве дар Русия мавриди амал қарор гирифт, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат медиҳад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ аз кишвар ихроҷ кунад. Дар ин ҳолат интизор меравад, шумори муҳоҷирони рондашуда аз ин кишвар бештар шаванд.

Ғайр аз ин, Думаи давлатии Русия дар соли 2024 даҳҳо қарору қонунро қабул кард, ки моҳияти муҳоҷирситезӣ доранд ва ба мақсади душвор кардани шароити онҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Осон кардани ихроҷ, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ ва маҳдуд кардани қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.

Наздикони Раҳмонов кай қарзи барқашонро месупоранд?

0

Шабакаҳои тақсими барқ зимни нишасти хабарӣ рӯйхати корхона ва идораҳои аз ҳама зиёд аз барқ қарздорро эълон кард.

Муҳаммад Ғуломзода, масъули Шабакаҳои тақсими барқ рӯзи 11-уми феврал ба рӯзноманигорон гуфт, ки қарзи “Талко”, корхонаи алюминиюми тоҷик, аз истифодаи пули барқ ба беш аз 570 миллион сомонӣ расидааст.

Қарзи ин ширкат дар моҳи январи соли 2024 зиёда аз 351 миллион сомонӣ ва дар моҳи июли ҳамон сол 492,5 милион сомониро ташкил медод.

Гуфта мешавад, ширкати алюминии тоҷик “Талко”-ро, ки ба наздикони раисҷумҳур, аз ҷумла додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода рабт медиҳанд, ҳамасола дар аввали рӯйхати қарздортарин ширкатҳое қарор мегирад, ки пули барқро сари вақт пардохт намекунанд.

Ва ин дар ҳолест, ки корхонаи “Талко” дар Тоҷикистон аз имтиёзи зиёд бархӯрдор буда, барқро арзонтар аз корхонаҳои дигари саноатӣ ва аҳолӣ, яъне бо қиммати 18,6 дирам барои як киловат/соат дастрас мекунад. Арзиши як киловат/соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои корхонаҳои саноатӣ 70,35 дирам ва барои аҳолӣ 30,75 дирам буда, мақомот мехоҳанд онро боз ҳам гаронтар кунанд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотии имрӯза, масъулони Шабакаҳои тақсими барқ гуфтаанд, ки то ҳол беш аз 4 миллиард сомонии пули барқ пардохтнашудаааст, ки баъд аз “Талко”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо беш аз 186,6 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм ва Обу корези ҷумҳурӣ бо 123,4 милион сомонӣ қарз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Инчунин корхонаҳои буҷавӣ 96,6 млн сомонӣ ва НБО “Роғун” беш аз 14,3 млн сомонӣ аз барқ қарздор будаанд.

Қарзи ҳамаи ин ниҳодҳову корхонаҳо мисли “Талко” аз ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад ва маблағи пардохтнашуда барои барқ дар кишвар дар умум якуякбора беш аз 700 млн сомонӣ зиёд шудааст. Моҳи январи соли 2024 маблағи қарз аз барқ беш аз 3,4 миллиард сомониро ташкил медод.

Инчунин гуфта мешавад, ки аҳолии кишвар беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарзашонро аз барқ насупоридаанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Вазорати энергетикаи Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 гуфта буданд, ки аҳолии кишвар аз барқ 1,5 милиард сомонӣ қарздоранд. Аммо он замон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба ин хабар гуфта буданд, ки аҳолӣ сари вақт пули барқро месупоранд, агар насупоранд масъулин барқи хонаҳояшонро қатъ мекунанд.

Боқимонда қарз, ки беш аз 1 милларду 362 млн сомонӣ ташкил медиҳад, аз “дигарон” будааст. Аммо масъулини ин ниҳод нагуфтаанд, ки “дигарон” гуфта киҳоро дар назар доранд.

Мақомоти тоҷик хомӯширо шикастанд ва дар бораи марз назар доданд

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои ниҳоӣ шудани баҳсҳои марзӣ ва имзои созишномаҳо чанд масъалаи муҳими дигар боқӣ мондааст.

Дар ин бора расонаҳои кишвар аз забони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ниҳодаш садо дод, хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҷаноби Сироҷиддин гуфтааст, ки хатҳои марзӣ байни ду кишвар пурра муайян шудаанд ва барои имзои созишнома танҳо чанд масъалаи дигар боқӣ мондааст.

“Масоили ҳалношуда ҷузъиёти техникии роҳе, ки миёни Исфара ва Ворух сохта мешавад, ва ҳамчунин чанд объектҳои обӣ ва истифодаи онҳо дар оянда, ки дар қаламрави ду кишваранд, мебошад.”, гуфт вазир.

Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин гуфта, ки “дар баробари созишномаи марзӣ, ҳамчунин ду шартномаи байниҳукуматӣ низ имзо мешавад, ки масъалаи истифодаи роҳҳо ва манобеи обиро барои ҳар ду кишвар муайян мекунад.”

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишаст афзуда, ки ҳоло ин масъалаҳо дар баррасии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад ва қариб ҳар ҳафта гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави ҳамдигар дидору гуфтугӯ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон борҳо аз ниҳоӣ шудани ин баҳсҳо хабар дода буданд ва қазияро дар сатҳҳои гуногун то раисҷумҳур шарҳ медиҳанд, аммо аз ҷониби Тоҷикистон ба ин мавзуъ бо расонаҳо ё умуман чизе намегӯянд, ё хеле хеле кам мегӯянд. То ҳол ду маротиба ин масъала аз забони раиси Кумитаи замини кишвар хеле кӯтоҳ садо дод ва ҳоло бори аввал аст, ки дар сатҳи вазири хориҷӣ дар ин бора ибрози назар шуд.

Аммо то ҳол аз изҳороти ҳарду тараф ҳам маълум нест, кадом минтақаҳои баҳсӣ ба ҳисоби кадом кишвар гузашта ва тарзи тақсимот чӣ гуна анҷом ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Ҷазои сахт ба ҷавоне, ки ба Муфтӣ ҳамла карда буд

0

Рӯзи 7-уми феврал раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар намози ҷумъа гуфт, ҷавоне, ки бо корд дар дохили масҷид ба ӯ ҳамла карда буд, 26 сол зиндонӣ шудааст.

Дар ин бора 10-уми феврал расонаҳои кишвар хабар доданд.

Ҳодисаи ҳамла ба муфти Саидмукаррам Абдулқодирзода 11-уми сентябри соли гузашта, баъд аз адои намози аср дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе итфоқ афтод, ки дар натиҷа муфтӣ аз пешонияш захмӣ шуд.

Он замон Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри хабари расмӣ ангезаи ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзодаро “авбошӣ” гуфта буд. Аммо худи ӯ дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷавоне, ки ба ӯ ҳамла карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст: “Бовар кунед, дилам ба модари ин ҷавон месӯзад. Дар танҳои модари ин ҷавон ба ёдам омад ва гиря кардам, ки бечора чи кор мекардааст. Фарзандашро гумроҳ кардаанд, аммо модараш гуноҳ надорад, модар барои фарзандаш месӯзад.”

Ин дар ҳоле аст, ки ӯ гуфта буд, аз ӯ пурсидаанд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?” Ва ӯ дар посух гуфтааст: “Худо ҳидояташ кунад.” Аксарият ин гапи муфтиро ба ин таъбир карда буданд, ки муфти ин ҷавонро бахшидааст.

Абдулқодирзода 15 сол аст, ки раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ва ҳамеша аз сиёсатҳои зидди динни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунад ва ба ин қонунҳо баҳои динӣ медиҳад. Ӯ барои сукут кардан дар баробари вайрон кардани масҷидҳо, манъи пӯшидани русарии исломӣ ва тарошидани риши ҷавонони диндор муттаҳам мешавад. Ба ҳамин далел, бархе аз гурӯҳҳои ифротгаро дар интернет ӯро борҳо таҳдид кардаанд.

Сабти номзадҳо ба вакилӣ ва бойкоти интихобот

0

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз сабти 68 номзад аз рӯйхати ҳизбӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаш ҳизби Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карда буданд, аммо аз панҷ номзади Ҳизби демократ ду номзад сабти ном нашудаанд. Сабаби ба қайд нагирифтан ва номи онҳо то ҳол дастрас нест.

Ҳоло собиқ раиси Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Усмонзода ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси ҳизб барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд.

Гуфта мешавд, аз Ҳизби халқии демократӣ – ҳизби ҳоким дар кишвар аз ҳама бештар, яъне 28 номзад, ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ 13 номзадӣ, сотсиалистӣ 6, коммунистӣ 5 ва Ҳизби демократӣ 3 номзадашон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар ин чанд соли гузашта раисони ҳизбҳои дар боло номбаршуда чандмаротибаӣ тағйир ёфта, бо ҳамин ба ҳизбҳои хомӯш ва “кисагӣ” табдил шудаанд ва онҳо амалан аз ҳизби ҳокими ҲХДТ пуштибонӣ мекунанд ва дар тасмимҳои сиёсии кишвар коре аз дасташон сохта нест.

Инчунин Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизби расман фаъоли дохилӣ, ки мустақил ба ҳисоб мерафт, барои интихоботи парлумони номзад пешниҳод накардааст. Бо вуҷуди хомӯшии раҳбари ин ҳизб Қиёмиддин Азизов, коршиносон бар ин назаранд, ки баъди марги мармузи раҳбари собиқи ин ҳизб Раҳматилло Зоиров ва боздошту зиндонӣ шудани муовинаш Шокирҷон Ҳакимов ин ҳизб ба як ҳизби вобаста табдил шудааст.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол 2-уми март баргузор мегардад ва барои курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Бори аввал аст, ки раванди интихоботи парлумониро намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо сабаби надодани аккредитатсия аз ҷониби мақомот, назорат намекунанд.

Ва интихоботи парлумонии дувум аст, ки бидуни иштироки ҲНИТ баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳизби мухолиф ва фаъол шинохта мешуд, бо иттиҳоми даст доштан дар “нақшаи табаддулоти давлатӣ” ҳизби “террористӣ” хонд ва аз саҳнаи сиёсии кишвар берун карда, фаъолияти ӯро расман баст.

Дар ҳамин ҳол Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонӣ дар кишварро таҳрим намуда, таъкид намудааст, ки он мухолифи меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ буда, аз лиҳози қонуният ғайриқобили қабул мебошад.

“Интихоботи парлумонӣ, ки баргузории он ба 2 марти соли 2025 таъин шудааст, ифодаи иродаи мардум набуда, балки як раванди қаблан тарҳрезишуда ва сохташуда мебошад, ки ҳадафи асосии он ҳифз ва қонунигардонии ҳокимияти худкома аст. Дар шароити нобудсозии пурраи ниҳодҳои демократӣ, набудани рақобати сиёсӣ ва саркӯби шадиди озодиҳои шаҳрвандӣ, ин намоишро наметавон як раванди интихоботии демократӣ номид” – гуфта мешавад дар изҳороти ҶИРТ.

Инчунин дар изҳороти ин созмони мухолиф гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мустақили сиёсиро пайваста бо роҳи зӯроварӣ аз саҳнаи сиёсӣ берун намуда, роҳбарони сиёсии мухолифро аз ҷумла Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Иззат Амон, Мақсуд Иброҳимов, Фаромуз Эргашев, Суҳроби Зафар ва дигаронро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон намуда, шахсони дигари сиёсӣ ва фаъолонро бо истифода аз фишорҳо, таъқиб, қатли ом ва боздоштҳои худсарона аз байн бурдааст ё маҷбур ба тарки Тоҷикистон кардааст.

То ҳол дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи режими Раҳмон дар мавриди интихоботи парлумонии кишвар вокӯнише накардаанд.

Додани маводи мухаддир ба кудакон дар мактабҳо. Рост ё дуруғ?

0

Хабари додани маводи мухаддир дар қолаби қандакҳо ба кӯдакон аз аввалҳои соли ҷорӣ дар расонаҳо ва гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ паҳн шуда истодааст.

Ҳамчунин дар чатҳо ва гурӯҳҳои махсуси падару модари мактабхонон ин паёмак давр мезанад, ки дар он гуфта мешавад, гӯё маводи мухаддири наве бо номи “қулфинайи тез (клубничный квик)” байни мактаббачагон истифода шуда истодааст.

Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маводи мухаддирро “дар саҳни мактабҳо ба кӯдакон тақсим мекунанд ва онро “метамфетамини қулфинай ё қулфинайи тез” ном мебаранд. Кӯдакон онро фурӯ мебаранд ва пас аз он онҳоро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол медиҳанд”.

Бо ин ҳол Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо мақомоти расмии кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон ва чанде аз сомонаҳо пас аз санҷиши ин масъала ин шойиаро дурӯғ унвон кардаанд.

Хабарҳои мушобеҳ ва мазмунан як дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, мисли Ҳиндустон ва Шриланка низ паҳн гаштааст.

Аз нуқтаҳои шубҳаовари паёмак ин аст, ки дар он ба ҳеҷ манбаъе ишора нашудааст. Пас аз ҷустуҷӯи акси марбут ба ин паёмак маълум шуд, ки ин акс кӯҳна буда, бори нахуст дар соли 2015 дар нашрияе бо носм “Snopes” мушоҳида шудааст.

Ин нашрия ба шойиаи мушобеҳе, ки дар соли 2015 дар гурӯҳҳои фейсбукии ба забони англисӣ давр мезад, ихтисос дода шудааст.

Расонаи бритониёии “The Sun” низ ин аксро соли 2017 нашр намуда ва навишта буд, ки чаҳор мактабхон пас аз истеъмоли “ҳабҳо дар шакли хирсак” дар Манчестери Бритониё ба бемористон интиқол ёфтанд. Пулис мегӯяд, ки ҳолати мазкур дар маркази шаҳрии Витеншоу ба амал омадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин хонандагон аз бемористон мураххас шудаанд. 

Бо инҳол ба иттилои як манбаъ, ҳангоми дар табобатхона буданаш аз “духтури калони” онҷо шунидааст, ки мегуфт: “Кӯдаконро эҳтиёт кунед, ки акнун дар баъзе маҳаллаҳо гуруӯҳое ба суроғи кӯдакон мераванд ва ба онҳо қандҳоеро пешниҳод мекунанд ва мегӯянд, онро бисанҷед, қандҳои нави сохтаи мо ҳастанд, вале даруни он маводди мухаддир қарор дорад.

Озорбойҷон бар зидди Русия шикоят мебарад

0

Мақомоти Озарбойҷон аз омодагии худ барои пешниҳоди даъво алайҳи Русия ба Додгоҳи байналмилалӣ ҷиноӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ин тасмими Озарбойҷон дар пайи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати AZAL Embraer 190, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, гирифта шудааст.

Боку ба ҷамъоварии далелҳо шуруъ кардааст ва Маскавро барои ба дӯш нагирифтани мсъулият муттаҳам мекунад. Вазоратҳои нақлиёти Қазоқистон ва ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон тасдиқ намуданд, ки Русия дар суқути ҳавопаймо даст дошт. Озарбойҷон талаб мекунад, ки Русия гуноҳро эътироф кунад ва агар эътироф накунад, роҳҳои қонунии дигарро пеш хоҳад гирифт.

Расонаҳои озарбойҷонӣ менависанд, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар як суҳбат бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон изҳори таслият намуда, иқрор карда буд, ки дар замони ҳодиса нерӯҳои дифои ҳавоии Русия ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украинаро дар фазои Грозний, Моздок ва Владикавказ мавриди ҳадаф қарор медоданд, ки тасодуфан ба ҳавопаймои мусофирбарӣ бархӯрдааст. Боку ин иқрори Путинро ҳамчун далел барои баррасии парвандаҳои байналмилалӣ кофӣ медонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои мусофирбари ширкати AZAL Embraer 190 25-уми декабри соли 2024 аз Боку ба Грозний парвоз дошт. Ин ҳавопаймо, ки 67 мусофир дошт, дар ҳудуди Қазоқистон суқут кард. Бар асари суқуқти он 38 нафар кушта шуда, 29 нафар зинда монданд.