Хона блог саҳифа 144

Трамп кумакҳоеро, ки ба Тоҷикистон медод, қатъ мекунад

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп қарореро имзо кард, ки мувофиқи он тамоми барномаҳои кумакии Амрико ба кишварҳои хориҷӣ қатъ мешаванд.

Трамп зимни зимни қарорҳои ҷадиди худ, ҳамин тавр дастури баста шудани “Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ”-ро низ дод.

Агентии мазкур ба иловаи дигар барномаҳо дар Тоҷикистон фароҳамкунандаи кумаки молӣ барои мубориза бо бемориҳои ВНМО/СПИД ва сил буду бо Вазорати тандурустии ҶТ ҳамкории наздик дошт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин Вазорат аз пайи ёфтани роҳҳои ҷойгузини таъмини молӣ барои соҳаҳои мазкур аст, то дар раванди мубориза бо бемориҳои мазкур халале эҷод нашавад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи “bne IntelliNews” аз қатъ шудани кумакпулиҳо ба созмони USAID мегӯяд, Амрико ба Тоҷикистон – фақиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аз тариқи барномаҳои USAID кумак мекард. Ва ин кишвар ҳам барои пешбурди раванди дармони ВНМО/СПИД, сил ва ҳамин тавр ҳавзаи маориф ба фондҳои кумакии Амрико ниёз дошт. Акнун баъд аз қатъ шудани ин кумакҳои Амрико Тоҷикистон ё ба созмонҳои кумакии аврупоӣ рӯ меорад ва ё ба суроғи қарзгирӣ аз чиниҳо меравад.

Ҳамзамон ин нашрия дар гузоришаш таъкид мекунад, ки баъд аз қатъи кумакҳои Амрико дар Тоҷикистон барои чиниҳо фурсати наве барои пурнуфузтар кардани қудрати нарми худ пайдо шудааст.

Гуфта мешавад Амрико дуюм бузургтарин сармоягузор ва кумаккунандаи молии муҳимми соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо Доналд Трамп бино ба ваъдаҳои давраи интихоботияш тамоми кумакпулиҳои созмони USAID-ро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон қатъ мекунад.

Интизор меравад, пас аз ин иқдом баъзе аз сохторҳои давлатӣ бо камбуди сармоя мувоҷеҳ шаванд ва аз ин рӯ, ба дархости кумакҳои созмонҳои аврупоӣ ё сармоягузорони чинӣ бираванд.

Даҳҳо парванда ба иттиҳоми “фасодкорӣ” барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ

0

Дар робита ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ, ки соли гузашта рух дода буд, нисбати 26 корманди давлатии дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.

Соли 2024 дар қазияи дуздии беш аз 122 млн сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ нисбати 52 масъул ва кормандони ин Вазорат парванда боз гардида буд. Вале то ҳол пас аз як сол ному насаби нафарони гумонбаршуда маълум нашудааст.

Ӯ дар идома қайд кард, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 корманди Вазорати молия ва 30 корманди мақомоту сохторҳои дигар боз шудаанд.

Тибқи гузоришҳои Агентии зикр гардида, 107,8 млн сомонӣ аз маблағҳои рабудашуда ба будҷети давлат барқарор шуда, барои баргардондани 14,8 млн сомонии дигар ба додгоҳ аризаи даъвогӣ равон шудааст.

Фасоди молиявӣ дар Тоҷикистон ҳамасола яке аз мушкилоти якумдараҷа буда, тибқи оморҳои созмонҳои байналмилалӣ фасоди молӣ сол ба сол дар ин кишвар бештар мешавад. Таҳлилгарон решаи қонуншиканиҳои молиявиро дар мақомоти асосии Тоҷикистон медонанд ва сабаби фақир мондани ин кишварро дар назорати нодуруст ва дуздӣ аз сармояи миллӣ мегӯянд.

Созмони Шаффофияти байналмилал (Transparency International) барои соли 2024 Тоҷикистонро дар байни 180 кишвар дар радаи 19-уми фасодтарин кишварҳои дунё қарор додааст, ки 4 рада аз соли 2023 поёнтар омадааст.

Қатли ду зодаи Осиёи Марказӣ дар пайи “амалиёт” дар Русия

0
Screenshot

Хадамоти амнияти Федералӣ (ФСБ)-и Русия иддао дорад, ки аз як ҳамлаи теруристӣ дар вокзали шаҳри Псков пешгирӣ кардааст.

Ин ниҳод дар изҳороташ ба расонаҳо гуфта, ки ҳамаи “ифротӣ”-ҳо кушта шудаанд.

Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ки “ҷинояткорон” аз Осиёи Марказӣ буда, аъзои як ячейкаи созмони байналмилалии террористӣ буданд. Онҳо қасд доштаанд, ки вокзали роҳи оҳани шаҳрро тарконанд ва баъд аз он ба яке аз давлатҳои Шарқи Наздик фирор кунанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, бо дастури эмиссиари созмон, ки дар хориҷа ҷойгир буда, амал карданд.

“Вақти боздошт ҷинояткорон муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”, хабар медиҳад ФСБ ва қайд кард, ки ҷинояткорон бо оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуданд.

Хадамоти амниятӣ ҳамзамон гуфта, ки “ифротӣ”-ҳо дар ҳолати омодагӣ би ин амали терористӣ будаанд. Онҳо ҷойро назорат кардаанд, ҷузъҳои таркандаи худсохтро харидорӣ карданд ва тавонистанд ба ҷамъ кардани он шуруъ кунанд. Аз маҳалли зисти онҳо аслиҳаи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ёфт шудааст. Мақомот дар шаҳр мардумро аз ҳоло аз эҳтимоли амалиёти теруристӣ огоҳ кардаанд ва талаб кардаанд, ки бо сабаб зиёд будани хабарҳои зидду нақиз танҳо ба маълумоти расмӣ бовар кунанд.

ТАСС хабаррасонии расмии Русия теъдоди кушташудаҳоро нагуфтааст ва айнан аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ будани онҳоро баён накардааст. Аммо чанде аз расонаҳои русӣ, аз ҷумла телеграмканали “мигранты” онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст ва иддао карда, ки мехостаанд баъди амалиёт ба Сурия фирор кунанд.

Хабари боздошти Идибеки Бохтарӣ тасдиқ шуд

0

Додгоҳи шаҳри Бохтар боздошти Идибеки Мардон, маъруф ба “Идибеки Бохтарӣ”-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, тасдиқ кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Идибеки Мардон ба “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” муттаҳам буда, ба ӯ то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, қарори ҳабси “Идибеки Бохтарӣ” моҳи сентябри соли 2024, пас аз нашри як наворе, ки дар он Абдулмаҷид Муминзода ва наздиконашро дашном дода, таҳдид карда буд, ки наворҳои онҳоро пахш мекунад, ғоибона содир шудааст.

Идибек баъди он навор тарки Тоҷикистон карда буд ва маълум нест, ки худаш ба кишвар баргаштааст ё ӯро истирдод кардаанд, аммо дар Додгоҳи Бохтар иддао доранд, ки ӯ “баъди бозгашт ба Тоҷикистон дастгир шуд.”

То ҳол назари худи ӯ ва пайвандону наздиконаш дар ин бора дастрас нест.

Бояд гуфт, ки чанд моҳи пеш Идибеки Мардон аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят карда, бо ду чашми гирён Тоҷикистонро тарк намуда буд. Дертар ӯ бо нашри наворе аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Муминзода гила карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ ба тарки Ватан маҷбураш сохтааст.

Ӯ дар ин навораш шаҳрдори Бохторро дашномҳои қабеҳ карда, гуфт, ки “ӯ фармон додааст, ки миёни Бохтариро шикананд.” Акнун маҷбур аст кишварро тарк кунад. Бохтарӣ низ ишора карда буд, ки 80-90% ҷавонон аз дасти чунин мансабдорон кишварро тарк мекунанд ва ба гурӯҳҳои мухолифин мепайванданд.

Ин блогер пештар бо гузоштани риши дароз ва наворҳои интиқодӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Аммо яку якбора худи ӯ бо мақомдорон дар Бохтар дарафтод ва иддао кард, ки маълумоти зиёде дар бораи фасоди раиси шаҳри Бохтар ва дигар мақомдоронро дар даст дорад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр хоҳад кард.

Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

0

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошту зиндонӣ кард.

Додситонии кул мегӯяд, ин гурӯҳ нақша доштанд мардумро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат заҳролуд кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чорчӯби ин парванда то кунун беш аз 30 нафарро боздошту зиндонӣ ва 10 нафари дигарро дар пайгард қарор додааст.

Дар ин бора, 14-уми феврали соли ҷорӣ, Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Додситонии кулли кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иддаои Саидаҳмадзода, боздоштшуҳо аъзои ДИИШ буда, барои аз 8 то 20 сол равонаи зиндон гардидаанд. Аммо ин мақомдори тоҷик номи нафарони боздоштшуда ва дар пайгардбударо зикр накард.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми марти соли ҷорӣ хабаргузории Reuters ва инчунин Азия-Плюс бо такя ба манобеашон аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот доштан бо Вилояти Хуросони “ДИИШ” ва гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буданд. Дертар расонаҳо аз боздошти 20 нафар хабар доданд.

Он замон гуфта мешуд, ки боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак буда, дар байнашон ноболиғон ҳам ҳастанд ва ба як рӯз қафо гузошта шудани ҷашни Наврӯз, ки бояд рӯзи 24-уми марти соли 2024 баргузор мешуд, ба ҳамин хотир будааст.

Пас аз нашри ин хабар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо нашри изҳороте гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Аммо тобистони соли гузашта, Додситони кулли кишвар тасдиқ кард, ки беш аз 20 нафарро барои қасди аҷоми амали террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар боздошт кардааст ва онҳо аъзои ДИИШ мебошанд.

Маълум нест мурофиаи додгоҳии ин афрод дар куҷо баргузор шуда, то куҷо боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро қабул доранд, инчунин назари пайвандонашон ва вакили дифои онҳо дар ин бора то ҳол расонаӣ нашудааст.

Ашӯриён намедонад, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров кай озод мешавад

0

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз кай ба озодӣ баромадани зиндонии сиёсӣ ва раиси собиқи ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин нишаст, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор шуд, Ашӯриён таъкид кард, мувофиқи қонунгузорӣ ҳар шахсе, ки маҳкум ба зиндон шавад, рӯзи оғоз ва анҷоми муҳлати ҷазо дорад ва бо тамом шудани он аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ мебарояд.

Инчунин вазири адлияи кишвар дар мавриди сару садоҳо дар бораи ба озодӣ баромадани Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки соли 2022 бо гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” боздошту зиндонӣ шуда буд, низ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт мо рӯйхати онҳоеро, ки озод шудаанд ҳозир дар даст надорем.

Гуфта мешавад, чанде пеш наздикони зиндонии сиёсӣ Маҳмадарӯзӣ Искандаров дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки ӯ охири соли 2024 ба озодӣ мебарояд, вале то ҳол аз озод шудани ӯ хабаре нест ва маълум нест, ки 4 сол аз ҳукми зиндони ӯ афв шудааст ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки генерал-майор Маҳмадрӯзи Искандаровро пас аз рабуда шуданаш аз Русия, Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз барои 23 сол равонаи зиндон карда буд.

Худи Искандарову ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ номида, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ бозбинии парванда ва раҳоии ӯро талаб карда буданд.

Гуфта мешавад, нишастҳои матбуотии мақомдорон соле ду маротиба баргузор мегардад ва чун аксар мақомдорон дар ин муддат дастраси расонаҳо нестанд, хабарнигорон талош мекунанд дар ин нишастҳо доир ба мавзуъҳои гузашта ва бештар ҳассос посух бигиранд, аммо мақомдорон ба ин гуна суолҳо аксар вақт посухҳои нопурра дода, бештар калимаву ибораҳои “намедонам” ва “дар салоҳияти мо нест”-ро истифода мебаранд. Мунтақидони ҳукумат мегӯянд, ки мансабдорони тоҷик беҳтар аст, нишастҳои матбуотӣ баргузор накунанд.

Вазир аз шарҳи ҳодисаи куштори зиндони Ваҳдат худдорӣ кард

0

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш нахост ҳодисаи хунини Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдатро шарҳ диҳад.

Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор шуд, хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ашӯриёр дар мавриди ҷузъёити ин ҳодиса ва захм бардоштани раиси ҳамин муассисаи ислоҳӣ пурсид.

Аммо вазири адлияи кишвар дар посух ба суол гуфт, ки СРИҶҶ дар ВАО изҳорот пахш карда буд ва вобаста ба ин ҳодиса Додситонии кулли кишвар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил кардааст ва шарҳи тамоми ҷузъиёти ҳодиса салоҳияти онҳост.

Инчунин Ашӯриён таъкид кард, ки барои халал ворид накардан ба тафтишот, дар нишасти матбуотии имрӯза ба ҳамин нуқтаи гуфтаҳояш иктифо мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 3-уми феврали соли ҷорӣ, соати 15:44 дар Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат “ошӯб” сар зада буд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри иттилоияе иддао кард, ки 9 маҳбуси ҳамин зиндон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда ба нигаҳбонҳо ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 3 корманди муассиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 3 маҳбуси дигар ба қатл расидаанд ва боқимондаро боздошт кардаанд.

Аммо то ҳол ба дасти Azda.tv акс ва номи 7 маҳбусе расида, ки дар ин “ошӯб” кушта шудаанд ва ҳадди ақал аз ҳукми 3 нафари онҳо камтар аз 2 сол боқӣ монда буд. Тибқи маълумоти ба дасти Azda.tv расида, мақомот ҷасадҳои маҳбусонро ба пайвандонаш насупорида, онҳоро шабона пинҳонӣ ба хок супордаанд.

Пас аз вуқуъи ин ҳодиса дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, назорат дар зиндонҳои кишвар сахттар шуда, маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2 аз вохӯрӣ бо пайвандонашон дар ҳозир маҳруманд.

Ин бори аввал нест, ки дар зиндонҳои кишвар ва маҳз дар зиндони шаҳри Ваҳдат задухӯрдҳои суолбарангезе, ки боиси марги зиндониён мешавад, сар мезананд.

Аз ҷумла, шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.

ВКД боздошти “БОИМ”-ро расман тасдиқ кард

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш истирдод ва боздошт шудани Иброҳим Сафаров расман тасдиқ кард.

Раҳимзода гуфт, ки Иброҳим Сафарови 53-сола, маъруф бо лақаби “Боим” аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод ва дар Фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шудааст.

Вазири ВКД ҳамчунин гуфт, ки Иброҳим Сафаров аз рӯйи 15 парвандаи ҷиноӣ таҳти ҷустуҷӯй қарор дошт. Ӯ дар идома гуфт, Сафаров “Пештар барои ба муомилот баровардани маводи мухаддир дар Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Вайро дар Истанбули Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон овардаанд ва тафтиши парвандаҳояш идома дорад.”

Гуфта мешавад, боздошти Иброҳим Сафаров замоне сурат гирифта, ки Вазорати корҳои дохилӣ пеш аз он Комрон Ҳамроеви 28-сола, сокини шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши маводи мухаддир боздошт карда буд.

ВКД Комрон Ҳамроевро аз хешовандони “БОИМ” номбурда, гуфта буд, маҳз Ҳамроев бо дастури ӯ ба фурӯши маводи мухаддир машғул буд.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Сафаров бори аввал соли 2006 дар Русия бо зиёда аз 200 кило маводи мухаддир боздошт гардид ва бо ин иттиҳом ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Гуфта мешуд, дар зиндон ҳам ӯ аз шароит хуб бархӯрдор будааст.

Он замон расонаҳои русӣ ӯро “Пабло Эскобари Тоҷик” ном гузошта буданд. Мақомомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарои “БОИМ” ҳар сол дар бозори сиёҳи ин кишвар 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекунад.

Сали 2020 “БОИМ” пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд ва баъдан ба Туркия сафар карда, то замони дубора боздошт онҷо зиндагӣ мекард.

Додгоҳи олӣ парвандаи чеҳраҳои маъруфро шарҳ дод

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ, парвандаи чеҳраҳои сиёсиро одилона ном бурд ва онро шарҳ дод.

Додгоҳи олии кишвар Саидҷаъфар Усмонзода ва ҳамроҳонашро ба “Ғасби ҳокимият” ва “Хиёнат ба давлат” муттаҳам кард ва бо кадом моддаҳои Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳкор шудаанд, ҳамаро барои хабарнигорон хонд.

Аз ҷумла, яке аз масъулини Додгоҳои олӣ, ки дар навор номаш гирифта нашуд, гуфт, ки Рухшона Ҳакимова, бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимво ва модари ду тифли хурдсол дар ҷинояти “Хиёнат ба давлат” бо дигарон шарик аст. Ва ҳамчунин илова кард, ки Рухшона ба ҷинояти “махсусан вазнин” даст задааст.

Ин дар ҳолест, ки наздикон ва ҳамкасбонаш мегӯянд, Рухшона гуноҳе надорад ва Ҳукумат аз ин хонавода “қасос” гирифтаанд.

Додгоҳи олии кишвар дар робита ба пушти парда гузашта парвандаҳои ин чеҳраҳои шинохтаи кишвар гуфт, парвандаи онҳо аз ҷумлаи парвандаҳои ҳассос буд ва ба далели дар худ “маълумоти амниятӣ” доштан паси дарҳои баста гузаштанд. Масъули Додгоҳ инчунин парвандаи рӯзноманигор Иброҳим Адҳамро низ ба ин парвандаҳо монанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли кишвар соли 2024 парвандаеро зери иттиҳоми “Табаддулоти давлатӣ” рӯи даст гирифт ва дар чорчӯби он чанде аз чеҳраҳои шинохта ва собиқ вазиру вакил ва сиёсиёни маъруфро боздошт кард.

Мақомот аввал шуда 12-уми июни соли 2024 Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси ҲДТ ва вакили парлумон аз ин ҳизбро боздошт кард ва дар пайи ӯ Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва чеҳраҳои дигарро боздошт кард.

Ва дар ниҳоят 5-уми феврали имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро аз 8 то 27-солӣ зиндон кард. Ба хусус барои 8 сол зиндонӣ шудани рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, модари ду тифли хӯрдсол, ки тифли хӯрдияш 10 моҳ дораду ширхора аст, дар байни ҷомеаи тоҷик ва созмонҳои ҳуқуқӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Ҳимоят аз Радиои Озодӣ баъди изҳороти нигаронкунандаи Илон Маск

0

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо интишори изҳороте дар сайҳфаи фейсбукии худ аз эҳтимоли баста шудани Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад Радиои Озодӣ яке аз расонаҳои муҳим барои муқобила ба афзоииши нуфузи иттилоотии Русия ва Чин дар минтақа мебошад.

Ин Ҷунбиш дар изҳороташ аз аҳмияти муҳими ин расона дар Тоҷикистон навишта, такид мекунад, ки Радиои Озодӣ яке аз охирин расонаҳои мустақилест, ки хабарҳои воқеӣ ва бетарафро ба шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.

“Дар кишваре, ки озодии матбуот сахт маҳдуд шудааст ва ҳар гуна андешаҳои алтернативӣ саркӯб мегарданд, мавҷудияти ин расона аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Баста шудани Радиои Озодӣ сабаби пайдо шудани холигии иттилоотӣ мешавад, ки онро таблиғоти ҳукуматҳои худкома пур хоҳад кард”- мегӯяд ҶИРТ

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон озодии баёнро асоси рушди демократӣ ва субот дар минтақа дониста, аз Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, то аз Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои мустақил ҳимоят кунанд.

гуфтанист, Илон Маск, мушовири Трамп ва мудири ширкати Tesla, 9-уми феврал дар як паём дар шабакаи иҷтимоии X хостори баста шудани расонаҳои Радиои Аврупои Озод ва Садои Амрико шуд. Вай гуфт, ки ин расонаҳо, ки бо маблағгузории андозсупорандагони амрикоӣ фаъолият мекунанд, бояд баста шаванд. Ӯ дар бораи Радиои Аврупои Озод гуфт: “Ҳоло Аврупо озод аст ва дигар касе ба онҳо гӯш намедиҳад.”

Радиои Озодӣ, бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод буда, марказаш дар шаҳри Прага аст. Ин расонаҳо пуртарафдортарин ва фаъолтарин расона дар Тоҷикистон мебошад, ки бо пуштибонии ҳукумати Амрико фаъолият мекунад. Он хабарҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳонро пӯшиш медиҳад. Садои Амрико низ як расонаи давлатии Амрико мебошад, ки бо забонҳои гуногун, аз ҷумла форсӣ, барномаҳо ва хабарҳои байналмилалӣ пахш мекунад.