Хона блог саҳифа 154

Идомаи тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо мақомдороне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Додситонии кул, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъйин гардиданд, мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаҳои ҳукуматӣ, дар тағйироту ҷойивазкунии навбатӣ сардорони раёсатҳои Додситонии кул, додситонҳои шаҳрҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав ва Балҷувон, инчунин додситонҳои ҳарбии гарнизонҳои Бохтар ва Суғд нав шудаанд.

Ҳамзамон дар Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ низ тағйироти кадрӣ дар зинаҳои поёнии он сурат гирифтааст.

Раҳмонов дар мулоқот бо “кадрҳои нав”-аш аз муҳим будани касбият, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ гуфта, аз онҳо хостааст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва муносибатҳои ғайриоинномавиро дар мадди аввал гузошта, фазои солими хидмати ҳарбиро фароҳам созанд.

Раисҷумҳури худкомаи кишвар ҳамеша зимни суханрониҳояш ё ҷойивазкунии мақомдоронаш аз таъмини фазои солими хидмати ҳарбӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, аммо коррупсия дар кишвар реша давонда, Тоҷикистон дар 20-гонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад. Инчунин дар қувваҳои низомии кишвар фазои солими хидмати ҳарбӣ вуҷуд надошта, аз сабаби бадрафтори нисбати сарбозон ҷавонон аз хидмат дар артиш фирор мекунанд.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аз аввали соли ҷорӣ раисони баъзе шаҳру ноҳияву кумитаҳо иваз карда шуданд.

Аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Ҳукмҳои сангин ба Усмонзода ва ҳамроҳонаш

0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ барои чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва кормандони пешини давлатӣ, ки бо гумони “ғасби қудрат” боздошт шудаанд, муҳлатҳои сангини зиндонро талаб кардааст.

Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд, аммо манобеи “Радиои Озодӣ” хабар додаанд, ки Додситонии кул барои мансабдорони шинохта ҷазоҳои сахт, аз ҷумла барои Саидҷаъфар Усмонзода собиқ вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ 30 солии зиндонро талаб кардааст.

Додситонӣ барои боздоштшудаҳои дигар дар парвандаи маъруф бар “табадуллот”, аз ҷумла барои Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол, Абдулфайз Атоӣ, собиқ корманди Вазорати корҳои хориҷӣ – 23 сол, – Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини собиқи раиси Ҳизби демократ – 23 сол, – Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи КДАМ ва ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ – 26 сол ва барои Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи КДАМ – 26 сол зиндон талаб карааст.

То ҳол назари наздикон ва вакилони боздоштшудаҳо ва худи онҳо дар ин бора маълум нест.

Инчунин маълум нест, ки Додситонӣ барои Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, ки бо ҷурми “хиёнат ба давлат” муттаҳам мешавад, чанд соли зиндон талаб кардааст.

Додситонӣ Рухшона Ҳакимоваро ба он муттаҳам карда буд, ки дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон як пурсиш гузаронда, баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он назар додаанд.

Гуфта мешавад, таҳқиқи парвандаи Рухшона низ ҳамроҳи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишвар идома дошт. Аммо худи ӯ ба хотири фарзанди 5-моҳа доштан ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст. Вале мақомот шиноснома ва дигар асноди ӯро гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки мақомот ӯро рӯзи 12-уми июни соли 2024 бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд, оғоз ёфт. Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ дар парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. 

Ин чеҳраҳои боздоштшуда бо моддаҳои 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 306 (талош барои ғасби қудрат), 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат)-и Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам мешаванд.

Худи гумонбарон дар мурофиаҳои гузашти итиҳомоти мақомотро рад карда гуфта буданд, ки зери фишори сахти муфаттишон қарор гирифтаанд.

Ихроҷи беш аз 80 ҳазор муҳоҷир аз Русия

0

Дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷир барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират аз хоки Русия ихроҷ шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, аз ин шумори ихроҷшудаҳо беш аз 23 ҳазор нафарашон ба Москав ва вилояти Москав рост меояд, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 – 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки сабаби асосии ихроҷи ин афрод вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё будубош дар кишвар мебошад ва муҳоҷирони рондашуда то панҷ сол ҳаққи баргаштан ба Русияро надоранд.

Аммо дар соли 2024 хабарҳое нашр шуда буданд, ки муҳоҷирон бе сабаб ва бо доштани ҳамма ҳуҷҷатҳои лозима низ аз Русия ихроҷ шудаанд ва баъзе афрод якумра ҳаққи вуруд ба хоки ин кишварро дигар надоранд.

Назорат болои муҳоҷирин ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Инчунин аз 5-уми феврали соли 2025 қонуни наве мавриди амал қарор мегирад, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат медиҳад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ аз кишвар хориҷ кунад. Дар ин ҳолат интизор меравад, шумори муҳоҷирони рондашуда аз ин кишвар бештар хоҳад шуд.

Мулоқоти Расулзода бо ҳамтоёни қирғизу узбекаш дар бораи марз

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v80), quality = 90

Сарвазирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзҳои давлатӣ ва рушди ҳамкориҳо гуфтгӯ карданд.

Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 8-уми январи соли ҷорӣ дар нуқтаи пайвасти марзҳои се кишвар, ҷое, ки вилояти Ботканд, вилояти Фарғона ва вилояти Суғдро бо ҳам мепайванданд, сурат гирифт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо аз анҷоми таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистон ва Узбекистон, ки ҳанӯз авоили соли 2023 пурра ба охир расида буд, гуфтанд.

Ҳамчунин сарвазирон аз муайян гардидани хати сарҳадои Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳо боз аломатгузории он идома дошт, ёдовар шудаанд.

Сарвазирони се кишвар ба зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, логистика, ҳамкориҳои обию энергетикӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таъкид кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз нишаст раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва он дар шакли созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод мегардад.

Аммо Ятимов ва Тошиев дар бораи он ки кадом қаламравҳо дар нуқтаҳои номуайян ба кадом кишвар мегузарад, чизе нагуфта буданд.

Танҳо Қамчибек Тошиев зимни суханронияш дар “Жогорку Кенеш” гуфта буд, ки дар бораи натиҷаҳои таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар миёна ё охири моҳи январи соли 2025 ҳисобот медиҳад. Вале маълум нест, ки Саймумин Ятимов кай ҳисоботи худро ба парлумони Тоҷикистон ва мардум пешниҳод мекунад.

Дертар рӯзи 13-уми декабр Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба фарқ аз раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Ӯ ба расонаҳо гуфта буд, ки бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар дар баъзе ҳолатҳо табодули баробари заминҳо, яъне 50/50 сурат гирифтааст ва ҳуҷҷатгузорӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Аммо Содир Ҷабборов аз ягон нуқтаи марзие ном нагирифт, ки ҷои ҳадсу гумонҳоро дар бораи баробар тақсим шудани нуқтаҳо боз мегузорад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Ҳушдори КҲФ ба ронандагон ва сокинони кишвар!

0

Рӯзи гузашта, 7-уми январи соли 2025, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо нашри матлабе гуфт, бо сабаби гармтар шудани ҳаво эҳтимоли лағзиши тарма, резиши санг ва рег дар роҳҳои кӯҳӣю наздикӯҳӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, аз сифр боло шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барфу борон метавонанд боиси лағзиши тарма, резиши сангу рег шавад ва субҳгоҳон интизори туманро низ бояд дошт. 

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то охири ин ҳафта ҳаво дар кишвар нисбатан гарм боқӣ мемонад.

Кумита барои пешгирӣ аз садамаҳо, ронандагонро огоҳ мекунад, ки то қадри имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои роҳро риоят кунанд ва бо суръати муқарраршуда ҳаракат кардаву фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ  доранд.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки мошинҳо пеш аз ҳаракат санҷида шуда, ва чархҳои зимистона бояд гузошта шаванд. 

Ҳамчунин ин ниҳод ба сокинони минтақаҳои кӯҳию наздикӯҳӣ тавсия дода, ки дар ингуна рӯзҳо, ҳангоми чорводорӣ, шикору ҳезум ҷамъоварӣ ва дигар фаъолиятҳои беруна эҳтиёткор бошанд.

Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳӣ аст, аксар вақт дар фасли зимистон ва аввали баҳор бузургроҳҳои кӯҳии он бо сабаби лағзиши тарма, резиши санг ва дигар офатҳои табиӣ хароб ва барои чанд рӯз масдуд мешаванд.  

Яке аз роҳҳои кӯҳии кишвар ин роҳи Душанбе – Чаноқ мебошад, ки вилояти Суғдро бо пойтахт мепайвандад. Зиёда аз даҳ сол мешавад ин роҳ пулакӣ аст ва масъулияти нигоҳу бини онро ширкати “IRS”-и марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Аммо бо вуҷуди пулакӣ будан ҳаммасола ин роҳ дар фаслҳои сармо гоҳ-гоҳе масдуд мешавад, ки ронандагон ва сокинони кишвар масъулини “IRS”-ро дар камкорӣ айбдор мекунанд.

Паҳн шудани вируси HMPV дар Чин. Оё вируси ҳамагире дар роҳ аст?

0

Бар асоси гузориши расонаҳо, афзоиши вируси HMPV (метапневмовируси инсонӣ) дар Чин боиси нигаронӣ ва эҳтимоли ҳамагирии як вируси нави монанд ба COVID-19 шудааст.

Мақомоти беҳдошти Чин ҳанӯз таъид накардаанд, ки вируси HMPV дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ё не. Аммо Кан Бяо, раиси бахши бемориҳои сироятии Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин, дар нишасти матбуотие таъид карда, ки ҳолатҳои сироят ёфтан аз ин вирус дар байни афроди зери 14 сол ва бузургсолон ва касоне, ки системи эмини заиф доранд, дар шимоли ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ӯ дар идома гуфта, ки эҳтимол дар фасли зимистон ва баҳор кишвар бо бемориҳои мухталифи сироятии роҳҳои нафас мувоҷеҳ шавад.

Нишонаҳои ин беморӣ сурфа, таб, гулудард, маҳкам шудани бинӣ ё обрави бинӣ ва тангии нафас аст. Вай метавонад барои баъзеҳо хело сахт бошад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин вирус нав набуда, ҳанӯз соли 2001 кашф шудааст.

Ба далели афзоиши ин беморӣ дар Чин ва пахши аксҳову наврҳои зиёд аз пӯшидани ниқоби тиббӣ ва ҳузури афрод дар бемористонҳо дар фазои маҷозӣ, корбарон ин вирусро ба вируси COVID-19 ташбеҳ кардаанд.”

Ифшои розҳои нав аз муомилоти пасипардагии ҳукумати Башшор бо Русия

0

Баъд аз суқути ҳукумати Башшор Асад розҳое фош шуда истодаанд, ки мардумро дар ҳайрат мегузоранд.

Гузоришгарони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия як санади маҳрамонаеро фош карданд, ки нишон медиҳад Башшор Асад, собиқ раисҷумҳури Сурия 4 рӯз қабл аз суқути режимаш миллионҳо доаллар пули нақдро ба Масқав тариқи ҳавопаймо интиқол додааст.

Таҳиягарони ин гузориш мегӯянд, интиқоли пулҳои ҳангуфт тавассути ҳавлпаймоӣ Сурия аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқ ба Фурӯдгоҳи Внуковои Маскав сурат гирифтааст.

Ба гузориши Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ин интиқоли молӣ аз ҷумлаи печидатарин иқдомоти молие буд, ки режими собиқи ин кишвар дар он мустақим даст дошт. Аммо, таъкид мешавад, ки ин танҳо ҳолати интиқоли амволи Сурия дар замони ҳукумати Башшор Асад набуда, балки пеш аз он низ чунин парвозҳои маҳрамонаи молӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, аз соли 2020 то миёнаи соли 2024 ҳафтае як маротиба аз Димишқ ба Маскав парвоз сурат мегирифт. “Ин парвозҳо ҳомили ҷузвдонҳои пули нақд буданд, ки арзиши миёнаи онҳо дар ҳар ҷузвдон ба 20 миллион доллари амрикоӣ мерасид.“, омадааст дар гузориш.

Тибқи ин санади маҳрамона, ки Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз манобеи наздики бахши амниятии Фурӯдгоҳи Димишқ дарёфт кардааст, ин маблағҳо таҳти назорати мустақими иттилооти ҳавоӣ ва дар амалиёти фавқулодаа маҳрамона интиқол меёфтааст.

Як манбаи амниятии Фурӯдгоҳи Димишқ ба гузоришгарон чунин гуфтааст: “Ҷузвдонҳое, ки пулҳо дар онҳо ҷой дода шуда буданд, мустақим аз Бонки марказии Сурия ба мошинҳои боркаши пур аз муҳофиз бор карда, ба фурӯдгоҳ оварда мешуданд ва пас аз расидан дар ҳол ба дохили ҳавопаймо интиқол меёфтанд.

Ин ҷузвдонҳо ба сурати ҷудо аз бори мусофирон, таҳти тадбирҳои амниятии бисёр шадид бор мешуданд. Барои ҳифзи маҳрамона будани амалиёт дастур дода мешуд, ки ҷузвдонҳо пеш аз ҳар бори дигар гирифта шаванд. Ба ҳеч як аз коркунон ё мусофирон иҷоза дода намешуд, ки дар бораи чӣ доштани онҳо пурсуҷӯ кунад. Ҳатто ба ҳамаи коркунон ба таври ҷиддӣ ҳушдор дода мешуд, дар ин мавзуъ дахолат накунанд ё дар бораи муҳтавои онҳо чизе напурсанд“, мегӯяд як манбаи амниятии Фурӯдгоҳи Димишқ.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи “Шарқ-ул-авсат” аз як манбаи суриягии муқими Маскав, ки фаъолиятҳои Башшор ва сармоягузориҳои онро дунбол мекунад, таъкид карда, ки маблағҳо аз Фурӯдгоҳи Внуковои Маскав мустақим ба сафорати Сурия ва аз онҷо ба дасти тоҷирони Башшор тақсим мешуд, то дар бонкҳо барои сармоягузорӣ гузошта шаванд ва ё дар хариди фурӯшгоҳҳои бузургу таъсиси ширкатҳои тиҷоратӣ дар Русия ва Белорус истифода шаванд.

Ҳамчунинин рӯзнома аз манбаҳои худ навишта, ки тамоми ин интиқолҳои молӣ таҳти назорати Муҳаммад Махлуф, тағои Башшор Асад анҷом мешуд. Манбаъ афзуда, ки худи Муҳаммад дар Маскав як меҳмонхонаи бузург ва машҳуреро харидорӣ кардааст.

Низ гуфта мешавад, ду писари Муҳаммад Махлуф, Ҳофиз ва Иҳоб беш аз 20 сохтмонро дар минтақаи Маскав-Сити харидорӣ кардаанд. Маскав-Сити минтақаест, ки дар он сохтмонҳо ва бурҷҳои бисёр гаронқимат вуҷуд дорад.

Гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки пас аз суқути Башшор Асад ва ба сари қудрат омадани мухолифон, ҳукумати нав ва мардуми Сурия дар буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор доранд ва тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, бахши бузурги ҷамъияти Сурия зери хатти фақр қарор доранд.

Ҷаримаи 95 миллион долларии Apple барои сабтҳои ғайриқонунӣ

0

Ширкати машҳури Apple барои поён додани парвандаи ҳуқуқӣ дар бораи сабти ғайриқонунии муколамаҳо уҳдадор шуда, ки 95 миллион доллар ҷарима пардохт кунад.

Баҳси додгоҳии ин ширкат соли 2019 оғоз шуда буд. Масъулини ширкат ба он муттаҳам мешаванд, ки бо барномаи Siri овозҳои истифодабарандагонро бидуни ризоияти онҳо сабт ва ин маълумотро паҳн кардааст.

Гуфта мешавад, пас аз ин тавофуқи ширкат истифодабарандагони дастгоҳҳои дорои барномаи Siri метавонанд то 20 доллар ҷубронпулӣ гиранд.

Ин ҳукм аз ҷониби додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико содир шудааст. Ширкати Apple вазифадор аст, ки ба даҳҳо миллион муштарӣ хисорот бипардозад.

Бар асоси гузориши Reuters, миқдори 95 миллион доллар барои ширкати Apple тақрибан 9 соата фоидаи ин ширкат аст. Гарчанде, ки ин маблағ барои истифодабарандагон маблағи назаррас ба ҳисоб меравад, вале барои Apple он як қисми хурде аз даромадаш мебошад.

Даромади холиси ин ширкат дар соли 2024 94 миллиард доллар баровард шудааст.

Ҳарчанд Apple камбудиҳоро рад мекунад ва таъкид мекунад, ки ин тавофуқ барои пешгирии идома ёфтани додгоҳӣ аст. Ширкати Apple мегӯяд, пас аз шуруъи шикоят қадамҳои зиёде барои беҳтар кардани ҳифзи ҳувияти шахсии истифодабарандагон анҷом додааст.

Кадрҳои нави Эмомалӣ Раҳмон дар мансабҳои давлатӣ

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон рӯзи душанбе, 7-уми январи соли ҷорӣ дар сохтори ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои расонаҳои дохилӣ, Эмомалӣ кадрҳои навтаъиншуда ба вазифаҳои раҳбарӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва чанде аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои суҳбат ба назди худ даъват кардааст.

Дар тағйироти кадрии нави ҳукумати кишвар хеле аз масъулин аз мансабҳои худ сабукдӯш ва ё ҷойгузин шуданд. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Нуробод, раиси Кумитаи хоҷагии манзилӣ ва коммуналӣ назди Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Аҳмади Дониш аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, мудири Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини нахуст ва муовини мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар масъулон шомили ин тағйирот ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст мансабдорони навтаъиншударо ба фаъолияти хубу сифатнок ташвиқ карда, аз онҳо риояи фарҳанги миллиро талаб кардааст. 

Аммо дар ҳамин ҳол коршиносон ва мунтақидон мегӯянд, дар идораҳои ҳукуматӣ фасод, ришва ва ноадолатӣ хеле роиҷ аст. Ба гуфтаи онҳо, дар рушди фасод ва қонуншиканиҳои калон раҳбарони кишвар, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмон даст дорад ва аз ин рӯ, нитихоби кадрҳо ва ҷойивазкунии онҳо чандон тағйиреро ба вуҷуд намеорад.

Ҳамасола ин ҷобаҷокунии мансабдорон аз вазифае ба вазифаи дигар бо тавсифҳои “кадри сазовор” будани ин афрод сурат мегирад, дар ҳоле, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, бархе ин кадрҳо то поёни вазифааш коре карда наметавонад ва ҳатто бархе бо иттиҳоми ришва ва “сазовор набудан” аз мансабҳо сабукдӯш мешаванд.

Узви собиқи ҲНИТ дар ҳукумати Сурия вазифа гирифт

0

Сайфиддин Тоҷибоев, зодаи Тоҷикистон дар Вазорати дифои ҳукумати нави Сурия сардори Ситоди амалиётӣ таъин шудааст.

Дар ин бора 3-уми январи соли ҷорӣ блогерони наздик ба ҳукумати имрӯзаи Сурия иттилоъ дода, худи Тоҷибоев дар тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз кардааст.

Дар ҳукумати интиқолии Сурия вазифа гирифтани Тоҷибоевро тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо пас аз шикасти режими Башор Асад ин зодаи Тоҷикистон ба рутбаи сарҳанг (полковник) сарфароз гашта буд. Инчунин маълум нест, ки Тоҷибоев шаҳрвандии кишвари Сурияро дарёфт кардааст ё на.

Гуфта мешавад, Сайфиддин Тоҷибоев то сардори Ситоди амалиётӣ таъйин шуданаш, фармондеҳи шохаи низомии гурӯҳи “Ҷамоати Тавҳид ва Ҷиҳод” (Абӯ Убайда ибн Ҷарроҳ) буд, ки аксар аъзои он зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд ва ин гурӯҳ бо “Ҳайати Таҳрир аш-Шом” якҷо зидди ҳукумати Башор Асад меҷангид.

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ба хабари мансаб гирифтани як зодаи кишвар дар ҳукумати нави Сурия вокуниш накардааст. Аммо Сайфиддин Тоҷибоевро мақомоти кишвар бо гумони “ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва даст доштан дар амалиётҳои террористӣ” дар пайгард қарор додаанд.

Сайфиддин Тоҷибоеви 41-сола зодаи ноҳияи Спитамен буда, дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Дар соли 2012 муддате раиси ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен буда, баъдан аз ин мақом истеъфо дода, соли 2013 ба Сурия рафтааст.

Тоҷибоев дар суҳбат бо блогерҳо гуфтааст, ки аз сиёсатҳои ҲНИТ низ норозӣ буд, вале фишору зулми мақомот ӯро маҷбур кард, ки Тоҷикистонро тарк кунад.

Кузов Мирзораҳим, муовини раиси ҲНИТ рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Azda.tv тасдиқ кард, ки Сайфиддин Тоҷибоев то соли 2013 узви ин ҳизб буд ва пас аз фишорҳои мақомот кишварро тарк кард.

“Сайфиддин Тоҷибоев дорои маълумоти олии иқтисодӣ буда, як ҷавони фаъолу пурталош буд ва дар атрофаш ҷавонони маълумотдор, яъне технократҳоро ҷамъ оварда буд.” – мегӯяд муовини раиси ҲНИТ.

Ба гуфтаи Кузов Мирзораҳим, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба имзо расидани “протоколи 32-20” мақомот фишорро болои аъзои ҲНИТ афоиш дод. Ҳарчанд раҳбарияти ҲНИТ талош мекард, бо роҳҳои мусолиматомез мушкилотро ҳал кунад, вале ин фишорҳо сабаб шуд як гурӯҳ аз сафи ҳизб берун шавад, ки баъдан онҳо ба дигар гурӯҳҳо пайвастанд ва хостанд бо роҳҳои гуногун муборизаи худро бо режими худкомаи Тоҷикистон идома бидиҳанд.