Хона блог саҳифа 170

Ҳимояи Тоҷикистон аз иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Афғонистон

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар Машҳади Эрон гуфтааст, ки Тоҷикистон аз иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти созмони иқтисодии маъруф ба ЭКО ба шаҳри Машҳади Эрон сафар кардааст. Ӯ дар сухнаронии худ таъкид кард, ки “таърифи пурӯжаҳои иқтисодии муштарак бо Афғонистон як сармоягузории муҳим барои оянда аст ва мо аз он ҳимоят мекунем”.

Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳузур бархе гурӯҳҳои силоҳбадаст дар он сӯи марзҳои Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ” Афғонистон акнун бо террорисм ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба рӯ аст, дар ҳоле, ки мо фикр мекунем ин кишвар метавонад нақши басазое дар тавсеаи иқтисодии ЭКО дошта бошад”.

Ин умеду хушбиниҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон, ки тайи беш аз се соли ахир дар дасти Толибон аст, дар ҳоле баён мешавад, ки тоҷирони Афғонистон бо шикоят мегӯянд, моҳҳо инҷониб бо ду мушкили ҷиддӣ аз сӯи Тоҷикистон мувоҷеҳ шудаанд: 1. Тоҷикистон ба осонӣ ба онҳо виза намедиҳад. 2. Намояндагиҳои бонкӣ дар таҳвили пули онҳо хеле кашолкорӣ мекунанд.

Ҳамзамон бархе намояндаҳои иттиҳодияҳои тоҷирони Афғонистон ва мақомоти расмии он кишвар ба хабарнигорон гуфтаанд, тайи ҳафтаи ахир доду гирифти молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон хеле суст шудааст ва ба сабабҳои виза надодан ва пулҳоро ба таъхир таҳвил додан хеле аз тоҷиронро барои идомаи кор дар ин самт нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, ҳарчанд Душанбеи расмӣ мақомоти Иморати исломӣ дар Кобулро ба расмият намешиносад ва Толибонро як гурӯҳи террористӣ медонад, вале дар масоили иқтисодӣ бо ҳам хеле доду гирифт доранд. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон ва Афғонистон ва бахусус сокинони ҳар ду сӯи Омӯ забону фарҳанг ва дину ойини муштарак доранд ва марзбандиҳои сиёсӣ ба қавле як миллатро дар ду сӯи дарё аз ҳам ҷудо кардааст.

Буҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид

0

Таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон “пурра” ба анҷом расидааст.

4-уми декабри соли ҷорӣ, дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз нишаст раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва он дар шакли созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод мегардад.

Аз ҷумла, Ятимов гуфтааст, ки музокироти муфассал сурат гирифт ва масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду давлат тақрибан ҳал шудааст. Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки ба роҳбарони комиссия дар мавриди сиёсию ҳуқуқӣ “супоришҳои дахлдор дода шуд, ки ин масъаларо то охир кор карда ба анҷом расонанд”.

Қамчибек Тошиев низ зимин суханронияш ин лаҳзаро таърихӣ номида, гуфт, ки қадами боқимонда танҳо таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қабули он аз тарафи порлумон ва имзои сарварони давлатҳост, ки дар чанд моҳи наздик марзи давлатӣ пурра муайян хоҳад шуд.

Аммо Ятимов ва Тошиев дар бораи он ки кадом қаламравҳо дар нуқтаҳои номуайян ба кадом кишвар мегузарад, чизе нагуфтанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 4-уми декабри соли ҷорӣ бо судури фармоне рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишварро муайян кард.

Дар Фармони Эмомалӣ омада, ки “интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шавад.”

Инчунин зимни ҳамин Фармон баргузории интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми моҳи марти соли 2025 муайян карда шудааст.

Дар Фармон низ гуфта мешавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ҷумҳурӣ низ 2-уми марти соли 2025 гузаронида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мухолифони режими Эмомалӣ, ҳеч ҳизби мухолифе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ва он чанд ҳизбе, ки дар парлумон вуҷуд дорад, ҳама ҷонибдорони Эмомалӣ ва ҳизби ӯ мебошанд.

Мунтақидони режими Раҳмон мегӯянд, дар дохили кишвар на ҳизбу на мухолифи сиёсие вуҷуд дорад, пас баргузории интихоботи парлумонӣ ба чӣ маъно аст? Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки аз ҳоло натоиҷи интихобот маълум аст, ҳеч зарурат надорад, ки барои баргузории ин интихобот маблағи ҳангуфт аз буҷаи давлат беҳуда масраф шавад.

Афзоиши қаллобӣ ва ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон

0

Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар аз вуҷуди қаллобон ҳушдор дода, мегӯяд, онҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд мардумро фиреб диҳанд.

Бонки миллӣ мегӯяд, шаҳрвандон бояд ҳангоми додани ҳамагуна маълумоти шахсӣ дар интернет аз эҳтиёт кор бигиранд. Чун гурӯҳҳое ҳоло дар бахши тоҷикии шабкаҳои ҷитмоӣ фаъол шудаанд, ки бо истифода аз номи БМТ таблиғоти бардурӯғ ирсол мекунанд ва аз корбарон бо роҳҳои гуногун маълумот мегиранд. Қаллобон ҳамчунин бо нашри эълонҳо корбаронро ба додани рақами корти бонкӣ ва рамзҳое, ки аз тарқии СМС ирсол мешавад, ташвиқ мекунанд. 

Бонки миллӣ ҳамазон таъкид дорад, ки чунин эълонҳо ҳеч рабте ба Бонк надоранд ва аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти шахсиашонро ба шахсони сеюм надиҳанд. Ҳангоми ҳамагуна суолу нофаҳмоӣ аз шаҳрвандон даъвт мешавад, ки танҳо ба рақамҳои боварии ин бонк: 44 600 15 20 тамос бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз афзоиши ҳодисаҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод, қаллобон бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла таблиғоти бардурӯғ ба мисли фурӯши коло ё хидматрасонӣ аз корбарон пул мегиранд. Дар бисёри ҳолат онҳо пешпардохт талаб мекунанд, аммо пас аз ирсоли маблағ тамос бо онҳо куллан қатъ мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ низ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба шахсони номаълум пул ирсол накунанд. 

Беш аз $2,5 млд сармоягузории Чин дар Тоҷикистон

0

Ҷумҳурии мардумии Чин дар 10 соли ахир беш аз 2,6 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Дар ин бора рӯзи 2-уми декабр муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода зимни нишасте бо соҳибкорони чинӣ баён кард.

Юсуфзода дар нишасте бо унвони “Дурнамои сармоягузории соҳибкорони Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ва саноатии Чин баргузор гардид, гуфт, ки аз ин маблағҳои сармоягузоришуда 57 дарсади онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.

Ин мақомдори тоҷик таъкид карда, ки Тоҷикистон барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ шароити хуб омода кардааст. Ӯ мегӯяд: “Қонун дар бораи сармоягузорӣ ба сармоягузорони хориҷӣ кафолатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқи интиқоли даромад бо асъори хориҷӣ ба хориҷи кишвар ва анҷом додани дигар амалиёти асъориро фароҳам меорад.”

Юсуфзода инчунин тавлиди барқи Тоҷикистонро барои чиниҳо ҳамчун “энержии сабз” муаррифӣ карда, афзуда, ки “Моҳи июли соли 2024 дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Чин дар Душанбе дар бахшҳои саноат, нақлиёт ва сохтмон ба маблағи 536 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расида буданд.”

Ба таҳлили коршиносон, Тоҷикистон фазои сармоягузориро шояд барои соҳибкорони чинӣ то андозае осонтар карда бошад, вале дар асл соҳибкорони дохилӣ аз шароити бади соҳибкорӣ, андозу тафтишоти зиёд ва аз вуҷуди ришваву фасод шикоят доранд. Бархе ҳатто талош доранд сармояҳои худро ба ҳар роҳе, ки бошад аз Тоҷикистон берун кунанд.

Суқути як паҳпод дар шаҳри Ҳисор

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки корбарон мегӯянд, дар деҳаи Шарораи шаҳри Ҳисор як паҳподи низомӣ суқут кардааст.

Аммо дар ин наворҳо гуфта мешавад, ки ин паҳподи низомӣ, ки хеле бузург ҳам ҳаст ва бештар ба ҳавопаймои бесарнишин шабоҳат дорад, субҳи 3-юми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Шарора, дар минтақаи аҳолинишин афтидааст.

Дар навор дида мешавад, ки он паҳпод оташ гирифтааст ва парчами Тоҷикистон, ки дар танаш насб шудааст, намудор аст.

То ҳанӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ва маълум нест бо кадом ҳадаф ин паҳпод дар осомни Душанбе ва атрофи он дар парвоз буд.

Ин бори аввал аст, ки паҳподи қувваҳои низомии кишвар суқут мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан аз паҳподҳои низомӣ харидорӣ кардани артиши кишвар ҷое расонаӣ нашуда буд. Танҳо дар замони муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон мақомоти кишвар аз Туркия паҳподи “Байрақдор” талаб карда буданд. Аммо оё дар хариди он муваффақ шуданд ё на, маълум набуд.

Қатли кудаки 9-сола аз ҷониби модарандар

0

Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти зане хабар дод, ки ба қатли фарзанди 9-солаи шавҳараш гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар шаби 14 ба 15-уми ноябр “ба сабаби мушкилоти оилавӣ ва ҳисси бадбини фарзанди “угай”-и худро бо роҳи буғи кардан ба ҳалокат расондааст.

Пулиси вилояти Суғд аз муттаҳам Наргиза Ниёзова ном бурда, мегӯяд, ҳодиса дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сурат гирфтааст ва худи ӯ истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур мебошад.

Дар хабар омадааст, ки Наргиза Ниёзоваи 28-сола ду сол пеш бо Сорбон Ниёзов, ки аз ҳамсари қаблияш се фарзанд дошт, издивоҷ кардааст. Сорбон Ниёзов, падари кӯдаки кушташуда мегӯяд, қабл аз издивоҷ ба Наргиза Ниёзова гуфта буд, ки се фарзанд дорад ва ӯ розӣ шуда буд, ки тарбия кӯдаконро бар уҳда бигирад.

Ангезаи ба ин кор даст задани зан рӯшан нест, аммо гуфта мешавад, рафтори ин зан баъд аз фавтидани фарзани навзоди худаш тағйир карда буд.

Додситонии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд нисбати ин зани муттаҳам бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳоло ӯ дар боздошти пешакӣ қарор дорад. Тибқи ин айбнома, агар гуноҳаш дар додгоҳ собит шавад, ба ин зан аз 15 то 20 соли зиндон ё ҷазои қатл ва ё якумра аз озодӣ маҳрум шудан таҳдид мекунад.

Ҳоло назари худи гумонбар ва ё наздиконаш дастараси расонаҳо нагардидааст ва маълум нест ин қазияро онҳо чӣ гуна шарҳ медиҳанд.

Муътаризони Гурҷистон бо Русия мондан намехоҳанд

0

Дар Гурҷистон пас аз эълони таваққуфи “музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо” мардум дар эътироз ба ин қарори ҳукумат ба хиёбонҳо баромаданд.

Пулиси Гурҷистон талош карда муътаризонро, ки дар назди бинои парлумон дар шаҳри Тифлис ҷамъ омада буданд, бо қуввати зӯр пароканда кунад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, раисҷумҳури ин кишвар, Саломае Зурабишвили низ ба ҷамъи муътаризон пайваста, аз рафтори хашини пулис интиқод кардааст.

Нахуствазири Гурҷистон Иракли Кобахидзе мегӯяд, раванди музокироти пайвасти Гурҷистон ба иттиҳоди Аврупоро муваққатан ва “ба далелҳои гуногуни сиёсӣ ва стратегӣ” боздоштааст. Давлати Кобахидзе мегӯяд, дар ин шабу рӯз идомаи ин раванд манофеи миллии Гурҷистонро ба хатар меандозад. Ва худи Нахуствазир ин тасмимро “фурсати беҳбуд бахшидани равобит бо Маскав” медонад.

Аммо мухолифон ҳизби ҳокими Нахуствазир, Кобахидзеро ҷонибдори Маскав медонанд ва ӯро интиқод мекунанд, ки бо мардум дар тасмимгириҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ шаффоф нест ва давлати ӯ ба манофеи мардум таваҷҷуҳ намекунад.

Таваққуфи музокирот бо Иттиҳоди Аврупо боиси нигаронӣ дар мавриди ояндаи ин кишвар ва кунд шудани раванди аврупоисозии Гурҷистон шудааст. Мухолифони Кобахидзе аз он нигаронӣ мекунанд, ки сарнавишти мушобеҳи дигар кишварҳои таҳти нуфузи Русия дар интизорашон бошад. Ва онҳо талош доранд, ҳарчи зудтар аз зери нуфузи Русия худро озод кунанд. Ва аз ин хотир онҳо таваққуфи музокиротро ба зарари манофеи миллӣ ва демократӣ медонанд.

Баъзе аз мақомоти Аврупо низ аз мардуми муътариз ҷонибдорӣ карда, гуфтаанд, ки барои пешгирӣ аз саркӯби муътаризон ва тарафдорони Иттиҳоди Аврупо бояд болои давлати Кобахидзе аз таҳримҳо ҳамчун абзори фишор истифода шавад.

Ҳизби “Рӯё”-и Гурҷистон ба раҳбарии Кобахидзе дар интихоботи парлумонӣ моҳи гузашта наздик ба 54% овозҳоро ба даст овард. Ин ҳизб мегӯяд, тарафдори равобит бо Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамзамон бо Русия аст.

Боздошти “БОИМ” бо ҷурми фурӯши маводи мухадир

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Иброҳим Сафаров, ки бо тахаллуси “БОИМ” шинохта мешавад, дар Туркия боздошт гардида, ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Радиои Озоди бо такия ба манобеи худ навиштааст, ки Иброҳим Сафаров моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуда, ба “таъсиси гурӯҳи фурӯши маводи мухаддир” ва “нигаҳдории силоҳ” айбдор мешавад.

Назари худи Иброҳим Сафаров ва ё наздиконаш дар мавриди иттиҳомоти эълоншуда алайҳаш дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ ин иттиҳомотро пазируфтааст ё на.

Гуфта мешавад, боздошти Иброҳим Сафаров замоне сурат гирифта, ки Вазорати корҳои дохилӣ пеш аз он Комрон Ҳамроеви 28-сола, сокини шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши маводи мухаддир боздошт карда буд.

ВКД Комрон Ҳамроевро аз хешовандони “БОИМ” номбурда, гуфтааст, маҳз Ҳамроев бо дастури ӯ ба фурӯши маводи мухаддир машғул буд.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Сафаров бори аввал соли 2006 дар Русия бо зиёда аз 200 кило маводи мухаддир боздошт гардид ва бо ин иттиҳом ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Гуфта мешуд, дар зиндон ҳам ӯ аз шароит хуб бархӯрдор будааст.

Он замон расонаҳои русӣ ӯро “Пабло Эскобари Тоҷик” ном гузошта буданд. Мақомомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарои “БОИМ” ҳар сол дар бозори сиёҳи ин кишвар 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекунад.

Сали 2020 “БОИМ” пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд ва баъдан ба Туркия сафар карда, то замони дубора боздошт онҷо зиндагӣ мекард.

Дилшод Шарипов раҳбари нави “Гурӯҳи 24”

0

Дилшод Шарипов бо ба даст овардани аксари овозҳо раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихоб шуд.

Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, ки яке аз номзадҳо ба раҳбарии ин созмони сиёсӣ буд, дар суҳбат бо Azda TV гуфт, 1-уми декабри соли ҷорӣ барои интихоби раиси нави “Гурӯҳи 24” бо иштироки ҳамаи аъзои ин ҳаракати сиёсӣ интихобот баргузор гардид.

Дар ин интихобот Дилшод Шарипов, собиқ раиси Дастгоҳи иҷроия ва муовини иҷрокунандаи раис бо ба даст овардани 76,6 дарсади овозҳо раҳбари нави ин ҳаракат интихоб шудааст.

Ду узви фаъоли ин ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев, масъули бахши фарҳанг ва Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24” 11,7 дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.

Пеш аз баргузории интихобот “Гурӯҳи 24” дар иттилоияе гуфта буд, ки “Се номзади пешбаришуда барои роҳбарии ҳаракат – Дилшод Шарипов, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ва Муҳаммадҷон Абдуллоев – бо таҷриба ва дидгоҳи худ қадаме ба ояндаи ҳаракат мегузоранд. Ҳар кадоме аз онҳо омодаанд, ки мероси Умаралӣ Қувватов ва Сӯҳроб Зафарро давом диҳанд ва муборизаи осоиштаро барои озодии Тоҷикистон идома диҳанд. Ҳамаи номзадҳо барномаи ягона доранд: мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон.”

Бино ба иттилои Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор раҳбарии ҳаракатро то баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ, яъне то охири соли ҷорӣ Ҳусейн Ашуров бар уҳда дошта, раҳбари нав корашро аз аввали соли 2025 шуруъ хоҳад кард.

Раҳбари нав интихобшудаи “Гурӯҳи 24” Дилшод Шарипови 54-сола зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, соҳиби панҷ фарзанд аст. Ӯ аз соли 2018 узви фаъоли ин гурӯҳ мебошад ва дар гузашта ба ҳайси масъул дар бахшҳои иттилоот ва кадрҳо, инчунин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи “Гурӯҳи 24” кор кардааст. Дар моҳи июни соли ҷорӣ Шарипов муовини иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳаракат таъйин гардида буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкори тоҷик ва мухолифи сиёсӣ марҳум Умаралӣ Қувватов таъсис ёфтааст. Худи Умаралӣ Қувватов дар соли 2015 ба қатл расид ва пас аз кушта шудани ӯ Суҳроби Зафар раҳбари ин ҳаракат интихоб гардида буд.

Суҳроби Зафар, раҳбари собиқи гурӯҳ 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия нопадид шуданд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо маълум набуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо ӯ аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва аз вазъи ин ду мухолифи режими худкомаи Раҳмонов чизе нагуфта буд.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Душанбе дар мурофиаи бастае дар Боздоштгоҳи рақами 1 бо иттиҳомоти сохта Суҳроби Зафарро ба 30 сол ва Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум карда буд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ҳукмҳои тӯлонии Додгоҳи шаҳри Душанберо алайҳи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов маҳкум карда, гуфта буд, ки ҳукм дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва пур аз туҳмат содир шудаааст ва он боз як намунаи саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои қонунии мардум дар кишвар аст.