Хона блог саҳифа 171

Масъули “Барқи тоҷик” сабаби бебарқиро шарҳ дод

0


Ширкати “Барқи тоҷик” ба хабари тамдиди созишномаи фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон вокуниш кард.

Нозир Ёдгорӣ, масъули матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” дар матлабе навишта, ки дар фасли сармо дар обанборҳои нерӯгоҳҳои кишвар об хеле кам мешавад, аз ин рӯ, “лимит” ҷорӣ мешавад. Ӯ таъкид карда, ки аоҳлии кишвар ҳамин барқи чандсоатаро низ бояд сарфаҷӯӣ кунанд, “то битавонем аҳолӣ ва иқтисодиёти кишварро то баҳор бо барқ таъмин намоем.”

Ин масъули ширкати “Барқи тоҷик” дар посух ба суоли гузоштаи худ, ки “ЧАРО НЕРУГОҲҲОИ ХУРДУ БУЗУРГ СОХТА ШУДАНДУ МАҲДУДИЯТ БОҚӢ МОНД?”, аз афзоиши аҳолӣ мисол оварда мегӯяд, ки дар қиёс ба пеш аз истиқлол аҳолии кишвар ду баробар зиёд шуда, “аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид.” Ӯ инчунин таъкид мекунад: “Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд.”

Вале ба гуфтаи бархе мунтақидон, ин масъули “Барқи тоҷик” афзоиши аҳолӣ ва афзоиши корхонаҳоро барои бебарқӣ далил оварда, мехоҳад камбудиҳои ширкатро бо ин бипӯшонад. Аммо, оё ӯ намедонад, ки наздики се миллион аҳолӣ ҳамчун муҳоҷир дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва боқӣ тақрибан 7-8 моҳи солро барқ надоранд, вале нархи истифодаи барқро чанд баробар нисбат ба солҳои қабл гаронтар мепардозанд. Чӣ гуна метавон ин қиёсро мантиқӣ номид ва дӯши худро аз масъулият холӣ кард?

Инчунин Ёдгорӣ дар матлаби худ интиқоли барқ ба Афғонистонро “овозаҳои бардурӯғ” хонда, мегӯяд, “баъзеҳо фаҳмида ё бо мақсади иғво намудан дар ин маврид ҳар хел овозаҳоро паҳн менамоянд.”

Ӯ таъкид мекунад, ки ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон барои интиқоли барқ шартнома дорад, “вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати барқрасони “Бершно”-и Афғонистон бо нашри паёме гуфта буд, ки бо раиси ширкати “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқро барои соли 2025 имзо кардааст. Ва ин ширкат нагуфтааст, ки шартномаи интиқоли барқи Тоҷикистон танҳо барои моҳҳои баҳору тобистон аст, балки барои тамоми сол ва бидуни қатъ шудан аст.

Ҳамзамон бархе манобеъ бидуни зикри ном ба Azda TV таъкид карданд, ки барқи Тоҷикистон аз шаҳри Қундуз то як қисмати шаҳри Кобулро таъкимн мекунад ва тамоми сол бидуни ҳеч каму косте ҷорӣ аст.

Ҳамзамон Ёдгорӣ яке аз омилҳои мушкилоти бебарқиро пардохт накардани “саривақтии барқи истифодашуда” донистааст.

“Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки насия дода мешавад, пардохт намоем. Хотиррасон бояд намуд, ки дуздидани барқ як дуздии оддӣ нест. Барқдуздӣ маънои ғорати тамоми ҷомеа, даст халондан ба кисаи давлатро дорад.”

Аммо, ба назари таҳлилгарон, аҳолӣ агар 1 сомонӣ аз барқ қарздор бошад, масъулин ҳатман барқи ӯро хомӯш мекунанд. Ин ки мардумро аз барқ қарздор баровардан ҷуз баҳона ва аз масъулият гурехтан чизи дигаре нест.

Иддаои ин масъули “Барқи тоҷик” барои дуздидани барқ ва ё напардохтани маблағи масрафи он аз тарафи аҳолӣ дар ҳолест, ки тибқи маълумоти худи масъулони “Барқи тоҷик“, ширкати “Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо роҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода беш аз 342 миллион сомонӣ ва пойгоҳҳои обкаш бошад 100 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд.

Аммо масъулони ширкат дар аввали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки қарзи сокинон дар назди “Барқи тоҷик” 48,9 миллион сомонӣ аст.

Дар ин нишаст таъкид шуда буд, ки “аз замони таъсиси ин ширкат ҳаҷми қарзҳои боқимонда то 1-уми январи соли 2024 ба 3 миллиарду 424 миллиону 479 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.”

Тибқи ин омор, агар аҳолӣ аз “Барқи тоҷик” 48,9 миллион сомонӣ қарздор бошад, пас 3 милларду 375 миллиону 579 ҳазор сомонии дигар қарзи кӣ аст? Яъне, қарзи аҳолӣ аз умуми қарзҳои “Барқи тоҷик” камтар аз 1,5% аст, пас чаро ҳамеша бояд аҳолӣ гунаҳкор бошад?

Шуруи парвозҳои мустақим байи Душанбе ва Доҳа

0

Бино ба иттилои расмӣ, байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Доҳаи Қатар парвози мустақим боз шудааст.

Шуруъ аз рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа оғоз кард. Парвозҳо ҳафтае як маротиба дар рӯзи чоршанбе сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” хабар дода аст. 

Гуфта мешавад, ки парвозҳо аз Душанбе ба самти Қатар дар рӯзҳои зикшуда соати 09:00 ва аз Доҳа ба самти Душанбе соати 12:20 (бо вақти маҳаллӣ) анҷом хоҳад ёфт. Давомнокии парвоз ба самти Доҳа 3 соату 50 дақиқа ва дар бозгашт ба сӯи Душанбе 3 соату 40 дақиқа навишта шудааст. Ин ширкати ҳавлпаймоии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин хатсайр барои парвозҳо аз ҳавопаймои “Boeing” истифода хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар шарҳи хабар гуфта шуда, ки хатсайри Душанбе-Доҳа-Душанбе бо дастури Президент, Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро анҷом медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ин масир натиҷаи иҷрои созишномае байни давлатҳои Тоҷикистон ва Қатар буд, ки соли 2017 ба имзо расида буд.

“Қаллобон” талоши шикастани ҳамёни электронии журналистро карданд

0

Рӯзноманигор Маҳпора Каримова аз кӯшиши шикастани ҳамёни электрониаш бо зангзаниҳои бешумор дар саҳифаи фуйсбукияш шикоят кардааст. 

Ин рӯзноманигори тоҷик бо навиштани паёме дар саҳфаи фесбукияш хабар дода, ки зери “ҳамалаи ҳадафмандона” қарор гирифта аст. Ӯ мегӯяд, аз соати 10-и субҳ то 9-и бегоҳ аз даҳҳо рақами ношинос ва аз кишварҳои гуногун ба ӯ занг зада, кӯшиши шикастани ҳамёни электрониашро (дар телеграм, ватсап, фейсбук) кардаанд.

Акси рақамҳои телефонӣ низ дар зери ин навиштаҷот гузошта шудааст. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки рақамҳои телефонӣ марбут ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва чанд кишвари аврупоӣ ҳастанд. Маълум нест ба кадом хотир ин корро мехоҳад анҷом бидиҳад, аммо хонум Каримова мепурсад, ки оё ометавонад ин кор аз сӯи қаллобон анҷом дода шавад? 

”Онҳо аз суҳбат бо ман ва ё кӯшиши гирифтани маълумот худдорӣ карданд. Қаллобҳи аҷиб!”- менависад Маҳпора Каримова. 

Рӯзноманигор ва муаллифи филми ҳуҷҷатии “Мардикор” Маҳпора Каримова чанде пеш аз мавриди хушунати ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтани писари ноболиғаш аз ҷониби кормандони милитсия изҳори назар карда буд. Сабаби боздошти писари ноболиғи рӯзноманигорро кормандони милитсия дар “зоҳиран монанди ҷинояткор” будани ноболиғ шарҳ додаанд. Ба ҳамин хотир нозирони минтақавӣ дар кӯча кисаҳои ӯро кофтукоб кардаанд ва пас аз ёфтани сигори электронӣ, ноболиғро ба шуъбаи минтақавӣ бурда, ӯ ва модарашро чанд соат он ҷо нигоҳ доштаанд.

Ҳушдори Бег Сабур ба ширкатҳои мобилӣ

0

Ба операторони алоқаи мобилӣ барои сифати пасти хизматрасонӣ ҷарима ва ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.

26-уми ноябри соли ҷорӣ дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Бег Сабур ва бо иштироки намояндагони операторони мобилии кишвар, КВД “Шаҳри ҳушманд” ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа афзоиши шикояти муштариён дар бораи сифати пасти хизматрасонӣ бо фаро расидани сармо, омодагиии ширкатҳои мобилӣ ба зимистонгузаронӣ, вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ва дигар мушкилот баррасӣ гардидаанд.

Бег Сабур ғайричашмдошт дар ин ҷаласа аз зиёд шудани шикояти сокинон ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ дар бартараф намудани мушкилот изҳорӣ нигаронӣ намуда, эътироф кард, ки сатҳи алоқа дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҳатто дар шаҳри Душанбе ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нест.

Раиси Хадамоти алоқа иддао кардааст, ки давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома дорад, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд. Бег Сабур аз ширкатҳои мобилӣ талаб кардааст, ки мушкилотро ҳарчӣ зудтар бартараф кунанд.

Ӯ гуфт, ки нисбат ба ширкатҳои бемасъулият чораҳои қатъӣ меандешад ва ширкатҳоро аз ҷарима ва қатъи фаъолият то ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва бозхонди иҷозатнома таҳдид хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ даъват шудааст, ки барои назорат аз вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан фаъолияти бетаъхири истгоҳҳои базавӣ ва масъулиятпазирии масъулини ширкатҳо дар маҳалҳо, ҳамкориро бо Хадамоти алоқа бештар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бег Сабур, ки 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистон ва монополияи харид ва тақсими интернетро низ пурра ба даст дорад, дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад.

Баъд аз ин танқидҳо Бег Сабур зоҳиран даст ба кор шуд ва ба хотири беҳтар кардани сифат ва суръати интернет дар аввали соли ҷорӣ бо ширкатҳои чиниву русӣ чандин шартнома баст ва аз намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар хоста буд, ки дар зудтарин фурсат мушкилоти суръати интернетро пайдо намуда, ба ӯ гузориш диҳанд ва онро бартараф кунанд. Аммо дида мешавад то ҳол мушкили сифати алоқа то ҳол дар кишвар ҳалли худро наёфтааст.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Қазоқистон қонунҳои будубоши муҳоҷиронро сахттар кард

0

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон қоидаҳои наверо барои будубош ва иҷозати кории муҳоҷирон дар ин кишвар ҷорӣ кард.

Тавре расонаҳои қазоқӣ хабар медиҳанд, қарори вазири корҳои дохилӣ ин кишвар дар бораи феҳристи ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ барои додани иҷозатномаи будубоши муваққатӣ ва доимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз 18 ноябр нав карда шудааст.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои навшуда ҳангоми пешниҳоди ариза барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ тавассути Иттиҳодияи давлатӣ ба аризадиҳанда лозим аст, ки ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад:
– шакли ариза;
– нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (бо пешниҳоди асл);
– нусхаи суғуртаи тиббӣ (бо пешниҳоди нусхаи аслӣ;
– розигии нотариалии молики хона барои истиқомат (агар аризадиханда сохиби он набошад),
– шаходатномаи изи ангушт.

Дар қарори Вазорати дохилии Қазоқистон инчунин барои иҷозати корӣ гирифтани соҳибкорон ва муҳоҷирони корӣ чанд қонуни наве ҳам ҷорӣ шудааст, аз ҷумла пешниҳод намудани:

– маълумотномаи тиббӣ (шакли 028/у);
– суғуртаи тиббии фарогири ёрии таъҷилии тиббӣ;
– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи доштан ё набудани доғи судӣ;
ва чанд ҳуҷҷати дигар вобаста ба самти фаъолият зарур аст.

Ҷорӣ шудани қонунҳои нав дар Қазоқистон барои гирифтани иҷозати корӣ ва ё иқомати муваққатӣ дар ҳоле сахт мешавад, ки солона даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ пас аз Русия ба ин кишвар сафар мекунанд. Хусусан пас аз ҳодисаҳои “Крокус Сити Ҳолл”, ки хеле аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаҳои андак аз Русия ихроҷ шуданд, аксаран Қазоқистон, Корея Ҷанубӣ ва ё кишварҳои аврупоиро барои кору зиндагӣ интихоб мекунанд.

Дар нишасти навбатии СПАД раҳбарони кишварҳо аз чӣ гуфтанд?

0

Дар нишасти имрӯзаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Рӯзи панҷшанбе, 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат кард.

Дар нишасти СПАД дар Остона инчунин раисҷумҳурони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмони Паймони ҳузур доштанд.

“Вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба” аз мавзуоти меҳварии ин нишаст гуфта мешавад.

Ҳамчунин сарони кишварҳои узви СПАД дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон суҳбат карда, вобаста ба ин масъала қароре низ қабул карданд. Аммо тафсилоти ин қарор маълум нест.

Эмомалӣ Раҳмон аз раҳбарони кишварҳои узв дар нишасти имрӯзаи СПАД “барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон” изҳори сипос кардааст.

Гуфта мешавад, раёсати баъдии СПАД ба дӯши кишвари Қирғизистон хоҳад буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти СПАД, дар поёни ин нишаст аз ҷониби раҳбарони кишварҳои узви ин созмон бо шумули имзои “Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СПАД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон”, боз 10 барнома ва асноди дигар ба имзо расид.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои муҳим ва дар ҷои аввал меистад. Ба хусус баъд аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон ва тақвият ёфтани гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон, ки аксаран аз шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил шудааст, ӯро бештар нигарон мекунад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ва ҳифзи марз бо Афғонистон борҳо аз Русия ва дигар кишваврҳо кумак хостааст. Ва чанде пеш расонаҳои давлатӣ низ аз бунёди даҳҳо дидбонгоҳи нави марзӣ гузориш дода буданд.

Ба парвандаи “Чеҳраҳои шинохта” боз як рӯзноманигор илова шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини ҲСДТ-ро бо ҷурми “хиёнат ба давлат” муттаҳам карданд.

Радиои Озодӣ ба нақл аз як манбаи огоҳи худ навишта, ки мақомот алайҳи Рухшона бо моддаи “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. “Парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июл, дар доираи парвандаи “талоши табаддулот” ва “ғасби қудрат” боз кардааст,” – мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, таҳқиқи парвандаи Рухшона ҳамроҳи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ба “талоши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам мешаванд, идома дорад. Вале худи ӯ ба хотири фарзанди 5-моҳа доштан ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст. Вале мақомот шиноснома ва дигар асноди ӯро гирифтаанд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки “Додситонӣ Рухшона Ҳакимоваро ба он муттаҳам кардааст, ки дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон як пурсиш гузаронда, баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он назар додаанд.”

Ба хотири муҳри махфӣ доштани парвандаи чеҳраҳои маъруфи кившар, ки ба “Талоши табаддулот” муттаҳам мешаванд, назари онҳо ва ҷузъиёти парванда аз забони онҳо маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми ноябри соли ҷорӣ мурофиаи якуми додгоҳии собиқ раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саъидҷаъфар Усмонзода ва муовинаш Аҳмадшоҳ Комилзода, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ду корманди собиқи ин ниҳод Абдулфайз Атоӣ ва Нурамин Ғанизода, инчунин Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният дар СИЗО-и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста, бидуни иштироки пайвандонашон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Муҳокимаҳои баъдии онҳо 18 ва 22-уми ноябр гузашт. Парвандаҳоро муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода пеш мебарад.

Гуфта мешавад, ҳоло ин чеҳраҳои боздоштшуда бо моддаҳои 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 306 (талош барои ғасби қудрат), 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат)-и Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам мешаванд.

Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон дар ин бора дастраси расонаҳо нест. Аммо пештар гуфта шуда буд, ки Шокирҷон Ҳакимов ҳама иттиҳоми мақомотро рад кардааст.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки мақомот ӯро рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд, оғоз ёфт. Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. Вале он замон маълум набуд, ки ғайр аз Усмонзода киҳо боз шомили ин иттиҳом мешаванд.

Уфти рубли русӣ дар баробари сомонӣ

0

Қурби рубли русӣ дар баробари пули миллии сомонӣ ба таври назаррас пойин рафт.

Бонки милли Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русиро барои фардо, 28-уми ноябр 96 сомону 30 дирам муайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки то 27-уми ноябр қурби 1 рубл 0,1013 сомониро ташкил дода, як ҳафта пеш, 1 рубл 0,1063 сомонӣ арзиш дошт.

Дар сомонаҳои дигар қурби рубл дар баробари сомонӣ аз ин ҳам пойинтар буда, арзиши 1000 рубл 95 ё 94 сомону 30 дирам гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, аз оғози соли 2024 қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ беш аз 20 дарсад коҳиш ёфта, дар моҳи январ арзиши 1000 рубли русӣ 121,70 сомониро ташкил медод.

Ин пойинравӣ ба заифшавии рубл нисбат ба доллари ИМА вобаста буда, аз аввали моҳи ноябр рубли русӣ беш аз 8% арзиши худро нисбат ба доллар аз даст додааст. Дар ҳоли ҳозир Бонки марказии Русия арзиши 1 долларо 105,0604 рубл муайян кардааст, аммо он ғайривоқеӣ буда, арзиши аслии 1 доллар ба 113,25 рубл баробар аст.

Ба назари таҳлилгарон, коҳиши қурби рубл дар баробари сомонӣ ба кисаи бе ин ҳам холии хонаводаҳои муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунанд, таъсири манфӣ мерасонд.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 1,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва аксари пулҳои интиқолшуда аз Русия, ки беш аз 90% аз ҳаҷми умумии воридоти маблағ ба Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бо рубл сурат мегирад.

Ва бори аввал аст, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, муҳоҷирон дар соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристоданд, ки ин миқдор маблағ ба 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Эътирофи мақомот: Муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар саҳми бузург доранд

0

Мақомоти тоҷик эътироф карданд, ки муҳоҷирони корӣ, ки аксарашон дар Русия кор мекунанд, саҳми бузурге дар иқтисоди Тоҷикистон доранд.

Тибқи маълумоти Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳо, танҳо дар соли 2022 онҳо зиёда аз 5,2 миллиард доллар ба кишвар интиқол додаанд.

Радиои Озодӣ бо нашри як гузориш дар ин бора таъкид мекунад, ки ин маблағ бар асос гуфтаҳои Анвар Бобозода тақрибан 49,2 дарсад аз Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и ҷумҳуриро ташкил дода, аз ҳаҷми содироти маҳсулоти миллӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ даҳҳо баробар бештар будааст.

Ин нишон медиҳад, ки муҳоҷират дар таъмини иқтисоди кишвар ва рӯзгори хонаводаҳо нақши калидӣ дорад. Ҷаноби Бобозода таъкид карда, ки пули муҳоҷирон барои иқтисодиёти Тоҷикистон манбаи муҳими маблағгузорӣ буда, барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Муҳоҷирон дар баробари таъмини хонаводаҳои худ, дар бунёди мактабҳо, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ саҳмгузорӣ мекунанд. Ончи ба сурати расмӣ дар ин гузориш эътироф шудааст, танҳо дар соли 2023 онҳо 300 миллион сомонӣ барои сохтмони 206 иншоот ихтисос додаанд.

Интиқоли пули муҳоҷирон, сарфи назар аз чолишҳои мавҷуда, то ҳол яке аз сутунҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад ва саҳми онҳо дар рушди кишвар ниҳоят назаррас аст. Ин 5,2 миллиард доллар пули нақдест, ки муҳоҷирон интиқол додаанд, вале ончи аз молу колоҳои гаронарзиш ва ғайра, ки бо худ ба кишвар ворид кардаанд, ҳисоби онҳо ҷудост.

Гуфта мешавад, ин барои нахустбор аст, ки яке аз масъулин ва ё муҳақиқони Тоҷикистон бо инстинод ба манбаъҳои расмӣ дар дохили кишвар эътироф мекунанд, ки саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди кишвар наздик ба 50 дарсад аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Бо ин вуҷуд, ҳама сахтиҳо ва фишору шиканҷаҳои равонӣ ва ҷисмоние, ки муҳоҷирон дар кишварҳои муҳоҷирталаб ва бахусус Русия мутаҳаммил мешаванд, дар аксари ҳолатҳо на ҳукумат ба доди онҳо мерасад ва на дигар мақомоти масъул дар Русия ба гапи онҳо гӯш мекунанд ва аз онҳо ҳимоят менамоянд.

Бекор шудани раводид байни Тоҷикистон ва Молдив

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Малдив бо имзои як созишнома низоми раводид байни ду кишварро бекор карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикиситон эълон кард, ки 26-уми ноябри соли 2024 Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив оид ба дутарафа бекор кардани талаботи раводид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико имзо шудааст.

Ба қавли соманаи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Али Насир Муҳаммад, намояндаи доимии Малдив дар СММ ин созишномаро имзо кардаанд.

Ин Созшинома ба шаҳрвандони ҳа ду кишвар иҷоза медиҳад, ки “аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ ва убур ва муваққатан бубудош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз” озод бошанд.

Иҷрои ин санад “пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ” эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, Малдив як кишвари хурде иборат аз маҷмуи ҷазираҳо дар уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст. Сохтори сиёсии ин кишвар президентӣ буда, мисли Тоҷикистон Президент ҳам роҳбари давлат ва ҳам роҳбари ҳукумат мебошад. Ин кишвар бо соҳилҳои зебояш машҳур аст ва яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.