Хона блог саҳифа 176

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия барои ҳамеша ихроҷ шуд

0

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо вуҷуди доштани иқомаи доимӣ ихроҷ ва ворид шудани ӯро ба ин кишвар барои ҳамеша манъ кардаанд.

Хабаргузории “Настоящее Время” ба нақл аз мақомоти қудратии Русия менависад, ки ин зодаи Тоҷикистон то вақте зинда ҳаст, наметавонад дигарбора ба хоки ин кишвар ворид шавад.

Вай дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид карда, ки марзбонони Русия бо вуҷуди доштани иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ), издивоҷ бо шаҳрванди Русия ва доштани чор фарзанд бо ҳамсараш, ӯро бидуни ҳеч далели қонеъкунандае аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Марзбонони Русия ба вай гуфтаанд, ки “беҳтараш даҳонатро банд ва дигар дар ин бораи суҳбат накун!”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо нигаронӣ дар бораи сарнавишти зану фарзандонаш дар суҳбатҳои видеоии худ мегӯяд, ки ҳеҷ кас дар мақомоти Русия ба ӯ шарҳ надод, ки чаро чунин қароре дар бораи ихроҷ ва манъи вуруди ӯ ба Русия қабул шудааст.

Ин мард мегӯяд, мақомоти Русия ӯро ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон дар яке аз фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав боздошт карданд ва ба муддати як шабонарӯз дар толори интизорӣ нигоҳ доштанд. Ва ҳамонҷо телефонҳои ӯро тафтиш карда, изи ангуштонашро ҳам гирифтанд ва барои ташхиси бемориҳо аз даҳонаш ҳам “тест” гирифтанд. Дар ниҳоят, пас аз чанд соати интизорӣ, ба ӯ хабар доданд, ки барои ҳамеша аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Вай ҳатто ҳангоми кӯшиши навбатӣ барои ворид шудан ба Русия аз тариқи Баларус ва шаҳри Қазон низ ба ӯ гуфтаанд, ки наметавонад ба қаламрави ин кишвар ворид шавад. Мақомоти марзбонӣ ҳукми ихроҷи ӯро ба дасташ дода, таъкид кардаанд, ки сабабҳои содир шудани ин қарорро бо роҳҳои қонунӣ пайгирӣ кунад. Аммо кӯшишҳои ҳал кардани ин масъала тавассути адвокат низ натиҷае надодааст.

Гуфта мешавад, қаблан ҳам бе далили воқеӣ ихроҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия вуҷуд дошт, вале пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба хоки Украина дар соли 2022 ин раванд шиддат гирифт ва ҳоло бо андактарин баҳона муҳоҷиронро ихроҷ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон хостори таъсиси давлати Фаластин шуд

0

Перезиденти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хостори таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 24-уми сентябри соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Милали Муттаҳид (СММ) дар Амрико иштирок ва суханронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст бо ишора ба ҷангҳои ахир дар Ховари Миёна гуфт: “мехоҳам таъкид намоям, ки буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи кишвари мо мебошад.” Вай афзуд: “Вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.”

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба торихи истиқлолхоҳии фаластиниҳо ва ранҷи бешумори онҳо дар тӯли 76 соли ахир, гуфт: “Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад.”

Гуфта мешавад, ин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Миллали Милали Муттаҳид садо додааст, ки ҳафтаи гузашта Маҷмаи умумии СММ бо содир кардани як қарор аз Исроил хост, ки дар муддати 12 моҳ аз тамоми қаламрави сарзаминҳои ишғол кардааш дар хоки Фаластин хориҷ шавад.

Ҷангҳои ахир дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун байни фаластиниҳо ва Исроил тайи як соли ахир хеле шиддат гирифта, дар ин муддат беш 42 ҳазор кушта ҳудуди 130 ҳазор нафар дигар захмӣ ва беному нишон шудааст.

Дар Русия 43 ҳазор “патент”-ро бекор кардаанд

0

Вазорати корҳои дохилии Русия аз аввали соли 2024 беш аз 43 ҳазор иҷозати корӣ (патент)-и муҳоҷиронро бекор кардааст.

Намоянади ВКД Ирина Волк сабаби бекор кардани иҷозатномаҳои кориро ба “сари вақт” пешниҳод накардани маълумот аз ҷониби муҳоҷирон дар бораи фаъолияти корӣ ба ВКД-и Русия рабт додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди “патент”-ҳои бекоршуда исмол се баробар бештар аст. Аммо маълум нест аз ин теъдод чӣ қадараш ба муҳоҷирони кории тоҷик марбут аст.

Тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, шаҳрванди хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи додани иҷозатномаи корӣ бояд ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ҷойи кораш огоҳинома пешниҳод намояд. Дар ҳоли пешниҳод накардани чунин огоҳинома, шаҳрванди хориҷӣ заминаи қонунии будубош дар хоки Русияро аз даст медиҳад ва дар аксар ҳолат аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, аз баҳори соли 2024 мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул карда истодаанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Инчунин мақомоти рус тартиби супоридани имтиҳонро барои донистани забони русӣ сахттар карда, дар охири моҳи август Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод карда буд, ки ба муҳоҷирони бидуни тахассус иҷоза дода нашавад, ки зану фарзандонашонро бо худ ба Русия бибаранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, то 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар кишвар 6,2 миллион муҳоҷири корӣ сабти ном шудаанд, ки тақрибан 4,2% аҳолии Русияро ташкил медиҳад ва ҳамзамон дар ин кишвар 630 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебурдаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти Федералии омори давлатии Русия, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон 31 дарсади шумори умумии муҳоҷиони кории Русияро ташкил медиҳанд. Пас аз он муҳоҷирон аз Қирғизистон (10%), Украина (9%), Арманистон (9%), Қазоқистон (9%) ва аз Узбакистон (8%) будаанд.

Тоҷикону узбекон аз ҳама бештар меҳмони ҳамдигар шудаанд

0

Дар як соли ахир аз ҳама бештар Узбекистонро сайёҳони Тоҷикистон дидан кардаанд.

Тибқи як омори расмие, ки хабаргузории узбекситонии “Spot.uz” нашр кардааст, дар 8 моҳи соли 2024 аз 5 миллион сайёҳе, ки ба Узбекистон сафар кардаанд, 1 милиону 470 ҳазораш сайёҳони Тоҷикситон будаанд.

Ба ин тартиб тоҷикистониён аз рӯи шумори умумии сайёҳон, ки ба Узбакситон сафар кардаанд, ҷои аввалро касб мекунанд.

Тибқи ин омор, теъдоди сайёҳон дар Узбекистон 16 дарсад бештар аз соли гузашта буда, танҳо дар моҳи августи ин сол ҳудуди 800 ҳазор нафар аз ин кишвар дидан кардаанд, ки 270 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.  

Ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон аз рӯи шумори сайёҳоне, ки аз Узбекситон дар як соли ахир дидан кардаанд, ҷои дуюмро ишғол мекунанд. Адади онҳо 1 миллиону 450 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ дар ҷои сеюм шаҳрвандони Қазоқистон бо беш аз як миллион сайёҳ қарор гирифтаанд. Аз кишварҳои ғайри собиқ Шуравӣ бошад шаҳрвандони Туркия аз ҳама бештар барои дидани Узбекистон рағбат зоҳир кардаанд.

Дар ҳамин ҳол оморҳои ҷониби Тоҷикстон низ нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар ин кишварро узбекистониҳо дидан кардаанд.

Тибқи маълумоти расмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 шумори сайёҳон, ки ба Тоҷикистон омадаанд ба 265,1 ҳазор нафар мерасад.

Бино ба ин омор, 205,1 ҳазор сайёҳи шаҳрвандони Узбекистон аз Тоҷикистон дидан кирдаанд, ки ин шумора 77,4% маҷмуи сайёҳони кишварро ташкил мекунад. Пас аз узбекистониҳо, сайёҳони Русия бо 31,9 ҳазор нафар (ё 12,0%) дар ҷои дуюм ва Қазоқистон бо 7,1 ҳазор тамошогар дар ҷои сеюм қарор гирифтаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, тақрибан то се ҳазор сайёҳи дигар аз Чину Туркия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистонро тамошо кардаанд.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷкистон давоми чанд соли ахир аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мегӯяд ва чанд барномаи сайёҳиро дар сатҳи давлат қабул ва татбиқ кардааст, ки яке аз онҳо барномаи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.

Раҳмон дар Ню-Йорк бо киҳо мулоқот кард?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо як президент ва чанд раҳбари созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кард.

Аз ҷумла, ӯ бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон рӯзи 24-уми сентябр суҳбат карда, “аз рушду тавсеаи равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон” гуфтааст.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таъкид карда, аз барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030 гуфтаанд.

Зимни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон даъват кардааст, аммо маълум нест раисҷумҳури Эрон ба даъвати ҳамтои тоҷикаш чӣ посух додааст.

Ҳамзамон Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳам мулоқот карда, ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқаворӣ, инчунин мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятиро баррасӣ кардаанд. 

Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳамеша аз тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо гуфта, аз масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, бо Гутеррриш гуфтугӯ кардааст.

Илова бар ин, Раҳмон бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот карда, ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирӣ, бахусус дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” изҳори сипос кардааст. Инчунин дар ин суҳбат аз ҷалби сармояи иловагӣ барои барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” гуфта шудааст.

Бояд гуфт, дар 31 соли охир бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳа дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.

Ҳамчунин Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ Селесте Сауло ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом додааст.

Раҳмон дар хориҷ аз сулҳ гуфт, дар дохил чӣ мегӯяд?

0

Эмомалӣ Раҳмон аз 22-уми сентябр барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Дирӯз, 23-уми сентябр Раҳмон дар “Ҳамоиши оянда” иштирок ва суханронӣ кардааст. Ӯ зимни суханронияш дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки “нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст.” Масоилест, ки Раҳмон аз аввали ҳукуматдориаш пайваста дар нишастҳои ин созмон такрор кардааст. 

Ва инчунин дигар мавзуе, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳама мулоқтҳояш ёдоварӣ мекунад, ин, ба қавли худаш “дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ” мебошад. Нуктае, ки ба назари мунтақидон шинохти Раҳмон аз ифротгароӣ ин аст, ки ҳарки аз шеваи ҳукуматдории ӯ интиқод кард, ӯ террорист аст.  

Аммо нуктаи аз ҳама ҷолибе, ки аз ин сууҳбати ӯ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни корбарони тоҷикистонӣ доғ шуд, талаби Раҳмон барои “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад. 

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар нишасти СММ чунин пешниҳод кард: “Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад”.

Ин гуфтаҳои Раҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифону мувофиқон пайдо кард. Саъди Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо матлабе зери номи “Фарри Эзадӣ” менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” “миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуд.”

Ӯ чунин менависад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби шахсияти дар давлати худ сулҳи комил ба дастоварда пешниҳоде кард, ки он аҳамияти байналмилалӣ дошта, таъкид мекунад, ки дар рӯи замин дар даҳ соли оянда ҳама ҷангҳо барҳам дода шавад ва инсоният рӯ ба сулҳ биёрад. Пешвои миллат бо ин пешниҳоди олии байналмилалӣ хешро чун Пешвои сулҳ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.”

Ин устоди Донишгоҳи миллӣ, ки аксаран навиштаҳояш баҳсҳоеро ба бор меорад, мегӯяд, “Зиҳи фарри эзадии Президенти хирадманди мо!”

Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Раҳмон мегӯянд, нафаре, ки худ ба сулҳи тоҷикон хиёнат карду ба ҷои сулҳ даст ба куштану зиндонӣ кардани мардумаш зад, чӣ гуна метавонад улгуи сулҳ дар ҷаҳон бошад? 

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda TV гуфт:

“Тасаввур кунед ҳукумате, ки ба шаҳрвандони худ ҷузъитарин озодиҳоро надодааст ва дар шохисҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар феҳристи ақибмондатаринҳост. Аз озодиҳои шаҳрвандӣ бигирем аз 209 давлат Тоҷикистон дар мақмои 197 қарор дорад, дар озодии баён мақоми 153, дар озодиҳои иқтисодӣ мақоми 146 аз 176 давлат ва баҳамин монанд дар кулли шохисҳои ҷаҳонии озодии инсон, Тоҷикистон пайваста дар тӯли ҳукуматронии Раҳмонов дар охири феҳристҳо қарор мегирад, аммо худи Раҳмонов меояду баъди 30 соли ҳукуматдорӣ ва қатли оми мардумаш барои оламиён сулҳофар мешавад.” 

Шерзамонов ҳамчунин афзуд, “Тасаввур кунед, ки ҳамин ташаббусро Куриёи Шимолӣ пешнҳод кунад, ҳамон суботе, ки тӯли 70 сол дар Куриёи Шимолӣ пойбарҷоаст, дар ягонҷои дунё нест. Ва ҳатто шаҳрвандони ин кишвар дар бисёр феҳрастҳои хушбахтӣ, худро хушбахт медонанд, аммо чӣ қадар шаҳрвандони Тҷокиситон омодаанд дар он кишвар сукунат дошта бошанд? Оё он сулҳеро, ки раҳбари Куриёи Шимолӣ пешниҳод мекунад шаҳрвандони Тоҷикистон ба он розӣ мебуданд ва дар Куриё сукунат мекарданд? Ва он сулҳе, ки гӯё Раҳмонов дар Тоҷикистон ҷорӣ кардааст, оё шаҳрвандон кишварҳои озод мехостанд чунин сулҳеро барои худашон дошта бошанд?” 

Оё Исроил бо Лубнон вориди ҷанг мешавад?

0

Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Исроил ба шимоли Лубнон наздики 500 нафар кушта шуда, ҳудуди 1650 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати беҳдошти Лубнон шоми рӯзи 23-уми сентябр гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи душанбеи артиши Исроил ба минтақаҳои шимолии Лубнон 496 нафар ҷон бохтанд, ки дар байни кушташудагон даҳҳо зан ва 35 кӯдаки ноболиғ будаанд.

Мақомоти лубнонӣ гуфтаанд, ҳамлаи рӯзи душанбе маргбортарин ҳамла буда, давоми 30 соли ахир дар торихи Лубнон болотарин теъдоди талафоти ҷониро дар як рӯз доштааст.

Ин вазоратхона мегӯяд, ки ҳамчунин аз тарси ҷон даҳҳо ҳазор аз сокинони минтақаҳои бомбороншуда барои ҷои амн пайдо кардан хонаҳои худро тарк кардаанд.

Аз оғози ҷанги Исроил бо ҲАМОС наздики як сол мегузарад ва инак Исроил таваҷҷуҳи худро ба марзи шимолии худ бо Лубнон нигаронида, бо гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ҷангро оғоз карданист.

Вазорати дифои Исроил эълон кард, ки аз рӯзи панҷшанбеи гузашта то имрӯз 1600 мақар ва пойгоҳи мутааллиқ ба гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро мавриди ҳадаф қарор додааст. Ва ҳадафи ин ҳамлаҳои ҳавоиро Исроил “амалиёти пешгирона, тазъифи “Ҳизбуллоҳ” ва бозгардонидани аҳолии шимол ба хонаҳояшон” унвон мекунад.

Аммо ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, минтақаҳои бомбороншуда танҳо пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” набуда, балки баъзе бемористонҳо ва хонаҳои маскунӣ бомборон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” низ иттилоъ дода, ки ба ҳамлаҳои Исроил посух дода, ба чанд нуқтаҳои стратегӣ, аз ҷумла фурӯдгоҳи низомии Маҷду ва чанд пойгоҳӣ дигари Исроилро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18-уми сентябр дар як ҳамлаи киберӣ наздики 5 ҳазор дастгоҳи “Пейҷер” дар бадани лубнониҳо таркид, ки гуфта мешавад, аксари кушташудаҳо ва захмиён аъзои гурӯҳи “Ҳизбуллош” буданд. Пас аз ин ҳамла, вазири дифои Исроил Юоф Галант дар изҳороте гуфт, ки “Акнун ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд ва таваҷҷуҳ ба сӯи шимол мешавад.” Баъди ин изҳорот ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Лубнон шиддат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар байни русзабонҳо унвони “бадтарин диктатор”-ро гирифт

0

Дар шабакаҳои иҷтимоии русзабонҳо блогерони зиёде давоми чанд вақти ахир аз тарзи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон интиқоди шадид мекунанд.

Чандест наворҳои интиқодӣ аз ҳуматдории номувваффақи расиҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон, ки 32 сол боз ба курсии раёсатҷумҳурӣ такя задааст, дар шабакаҳои иҷтимоии русзабонон нашр мешавад.

Бинандагони бархе наворҳои интиқодӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба миллионҳо нафар мерасад. Ин раванд боис шуда, ки блогерони бештаре ба ин мавзуъ тавваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва ҳоло мешавад дар шабаки иҷтимоии Ютуб даҳҳо чунин наворро пайдо кард, ки ба интиқоду Эмомалӣ Раҳмон ва зулму нодида гирифтани мардум аз ҷониби ӯ ва ҳукуматаш бахшида шудаанд.

Блогере бо номи “Тони Тут” ҳамагӣ 11 моҳ пеш маводе одмода карда, дар он аз Раҳмон “диктатори қашоқтарин кишвари Осиё” ном мебарад. Ин навори ӯ бо номи “Как Таджикский Диктатор-Миллиардер ПОГУБИЛ свою страну” ҳамагӣ дар 11 моҳ дар Ютюб 2 миллиону 182 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст. Ва таошобинон зери навор зиёда аз 10 ҳазор шарҳу назар навиштаанд.

Суоли асосие, ки ин блогери русзабон матраҳ мекунад, ин аст, ки “Чӣ гуна миллати меҳмоннавозе ба мисли тоҷикон бо ин ҳама дороӣ қашоқтарин кишвари Осиё боқӣ мондаанд?”

Суоли дигараш низ ин аст, ки “Чӣ гуна ин пирамарди диктотури миллиардер, ки танҳо ҳавопаймояш 93 миллион доллар арзиш дорад, тавонистааст бештар аз 30 сол ҳукумат кунад ва хешваондонаш дороии ҳангуфте ба даст биоранд? Дар ҳоле аксари мардони ҷавони ин кишвар дар Русия барои чанд рубли русӣ омодаанд тамоми таҳқиру тавҳинро таҳаммул кунанду хандахариши русҳо бошанд.” 

Ин ягона наворе нест, ки ин гуна шуҳрат пайдо карда аст. Навори дигаре ба ин монанд низ вуҷуд дорад, ки бо дидани бештар аз ду милион ба блогере бо номи “Alex Brok” тааллуқ дорад. Маводи танқидии ин бологерро бо номи “Как Эмомали Рахмон и его семейный спрут погубили страну” бештар аз 1 миллион нафар тамошо кардаанд. Дар зери навори мазкур наздики 5 ҳазор шарҳу назар навишта шуда, ки аксаран Раҳомону тарзи ҳукуматдориашро нафрин мекунанд.

Ҳамин гуна навори дигаре аз шабакаи ютубии “Это интересно” зери номи “Его Превосходительство Эмомали Рахмон” таҳия ва нашр шудааст. Ин навор низ бештар аз ним мииллион тамошобин дорад ва 2 ҳазор шарҳ. Бо чунин адади бинандаҳо дар шабакаи иҷтимоии Ютуб наворҳо аз дар мавриди интиқоди Эмомалӣ Рамҳон ва ҳолати кунунии тоҷикон хело зиёд аст. Ҳатто чунин наворҳоро бо дигар забонҳо низ пайдо кадан мушмкин аст.

Аксарн блогерон мепурсанд, ки чӣ гуна миллате ба мисли тоҷикон чунин як бадтарин диктаторро мисли Раҳмон ба ҳайси раҳбар дошта бошанд?   

Тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон

0

Дабири кулли Созмони Амнияти Аҳдномаи Дастаҷамъӣ гуфтааст, ки барномаи ҳадафманди байни давлатӣ барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон то охир сол қабул мешавад.

Бино ба итттилои расонаҳо, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) изҳор дошт, ки “корҳои доимӣ барои рушди тадбирҳои мушаххас бо мақсади таҳкими фазои амниятӣ дар ҳоли иҷро қарор доранд. Намунаи равшани ин барнома — барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои тақвияти сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон мебошад, ки қабули он дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.”

Ба гуфтаи ӯ, байни аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди ҳамаи масъалаҳои мавҷуда баҳсҳои озодона ва содиқона сурат мегиранд ва қарорҳои он бо риояи комили принсипи иттифоқи оро қабул мешаванд.

Дабири кулли СААД таъкид карда, кишварҳои узви ин созмон “аз лиҳози масоили асосии дастгирии ҳамдигар ва амнияти дастаҷамъӣ якҷоя амал мекунем.”

Ба гуфтаи бархе коршиносон, раҳбарияти олии Тоҷикистон тайи беш аз даҳ сол роҳҳои муфт дарёфт кардани пулро хеле хуб ёд гирифтаанд ва яке аз намунаҳои боризи он ҳамин баҳонаи ҳифзи сарҳадот аст. Дунёро аз Толибон метарсонанд, вале худашон барои сокинони кишвар дар таъмини барқ маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ мекунанд ва барқи истеҳсолашударо ба Афғонистон мефурӯшанд. Бо Толибон муносибатҳои дипломатӣ барқарор мекунанд, то ҷое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои онҳо иҷозати фаъолият низ додаанд.

Гуфтанист, ки қарор дар бораи тақвияти сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2013 қабул шуда буд.

Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон

0

Агентии омори Тоҷикистон гуфта, ки имсол ҳаҷми истеҳсоли гӯшти гову гӯспанд дар Тоҷикистон беш аз 10% зиёдтар шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Агентии омори Тоҷикистон хабар дода, ки “дар моҳҳои январ — августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 148 801 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,8 фоиз зиёд мебошад.”

Ба қавли манбаъ, “дар ин давра саршумори гӯсфанду буз 7,06 миллион сарро ташкил дода, 463,1 ҳазор сар ё 7,0 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумӣ 93,4 фоизи саршумори чорвои калон ва 81,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.”

Ин омори расмӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ин шабу рӯз нархи гӯшти гову буз ва гӯсфанд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 25% гаронтар шудааст. Ҳоло 1 кг гӯшти гов дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳудуди 100 сомонӣ ва 1кг гӯшти бузу гӯсфанд ҳам то 110-120 фурӯхта мешавад.

Инчунин бо таваҷҷуҳ ба камбуди гӯшт ва боло рафтани нархи он дар бозорҳои кишвар Тоҷикистон соли 2023 бо ширкати “Қайип ата”-и вилояти Туркистони Қазоқистон созишномаеро имзо кард. Тибқи ин созишнома бояд дар марҳилаи аввал 16 тонна гӯшти говро ба бозорҳои кишвар ворид кунад. Қарор аст то охири сол 110 тонна гӯшти гов ворид карда шавад.

Ба назари бархе коршиносон, Тоҷикистон метавонад аз нигоҳи таъмини сокинон ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ худкифо бошад, вале чун хеле аз чарогоҳҳо фурӯхта шудаанд ва рафту омади чорвои мардум ба чарогоҳҳо дар кӯҳҳо, теппаҳо ва дарраҳои кишвар низ маҳдуд карда шудаанд, таваҷҷуҳи мардум ба чорводорӣ низ хеле камтар шудааст. Ба ҳамин хотир, рӯз то рӯз талабот ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар кишвар зиёдтар шуда, нархи он дар бозорҳо қиматтар мешавад.