Хона блог саҳифа 177

Дилмуродро аз Олмон ихроҷ мекунанд

0

Мақомоти Олмон фаъоли сиёсии тоҷик Дилмурод Эргашевро мехоҳанд 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар саҳфаи “X”-и худ бо нашри ин хабар аз вазири корҳои хориҷӣ ва вазири адлияи Олмон хостааст, ки аз ихроҷи ин фаъоли тоҷик пешгирӣ кунанд.

Фоссум дар суҳбати алоҳида ба Azda.tv гуфт, ки дар сурати ихроҷи Эргашев аз Олмон ӯ дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, аз шиканҷа дар Тоҷикистон мақомоти Олмон хабар доранд, аммо бо ин вуҷуд чанд фаъоли тоҷикро ихроҷ карда буданд. Аз ҷумла, ин кишвар соли гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви баландпояи ҲНИТ Шамсиддин Саидов ва Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан Абдуллоҳ ба 7 сол ва Билол ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 28-уми октябри соли 2024, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро ба Додгоҳи маъмурии шахри Клеве бурда, ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳ бо вуҷуди дар ҳоли баррасӣ будани дархости паноҳандагии Эргашев қарор баровардааст, ки ӯ 5 ё 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ шавад.

Гуфта мешавад, ин фаъоли тоҷик аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебарад ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст.

Дар пайи хабари боздошт ва эҳтимоли истирдоди Дилмурод Эргашев ба Тоҷикистон созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфта буданд, ки мақомоти Олмон бо ихроҷи ин фаъол уҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи Женева оид ба мақоми гурезаҳоро нақз хоҳад кард.

Раҳмон аз рушди терроризм ва беҳтар шудани вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 4-уми ноябри соли ҷорӣ зимни ҳамоише дар давлати Кувайт аз паҳншавии терроризм дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Раисҷумҳур дар Конфросни байналмилалии “Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти марзӣ – марҳилаи Кувайт раванди Душанбе”, ки рӯзи 4-уми ноябр дар давлати Кувайт баргузор шуд, изҳор дошт, ки ин нишаст як заминаи муҳими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба барои тамоми кишварҳо дар заминаи мубориза бо терроризм ва маблағгузории он метавонад бошад.

Ӯ ҳамчунин аз “паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ” изҳори нигаронӣ кард. Раҳмон “бозомӯзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникиро” барои пешгирӣ аз терроризм муассир хонд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ таъкид кард, ки дар чорчӯби амалисозии Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 Ҳукумати Тоҷикистон “дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” пешравии бузург доштааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, танҳо дар ду соли ахир даҳҳо нафар аз чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва шахсонии сиёсиву дигарандеш аз ҷониби мақомот боздошт ва бархе ба солҳои тӯлонӣ раовнаи зиндон шуданд, бархе то ҳол дар боздоштгоҳҳо қарор доранд.

Баргузории ин ҳамоиши мазкур дар давлати Кувайт дар ҳолест, ки хеле аз кишваҳои иштироккунанда, аз ҷумла Тоҷикистон, ки беш аз 32 сол инҷониб як нафар дар раъси ҳукумат қарор додад, мухолифони сиёсии худро террорист ва ифротгаро хонда, онҳоро ба шиддат саркӯб мекунад.

Аз сӯи дигар, бархе мухолифони Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд ба зиддин ҳизбҳои мухолиф, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва диндорон ва ворид кардани фишорҳои зиёд алайҳи онҳо ҳукумати Тоҷикистонро ба ифротгароӣ ва терроризми давлатӣ муттаҳам карда, мегӯянд, ки аз дастгоҳҳои давлатӣ ба таври васеъ дар саркӯби озодихоҳон ба нафъи худ истифода мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, аксари созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бархе сиёсатҳои ғалату носанҷидаи ҳукумати Эмомалиро яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар минтақа медонанд. Вале худи ӯ аз минбарҳои баланд дар бораи мубориза бо терроризму ифротгароӣ суҳбат мекунад.

Кушта шудани 18 тоҷику афғон дар Эрон

0

Мақомоти эронӣ мегӯянд, 18 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути нерӯҳои ин кишвар кушта шудаанд.

Дар ин маврид Сардор Муҳаммад Покпур фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 4-уми ноябри соли ҷорӣ зимни як ҳамоише ба расонаҳои эронӣ иттилоъ додааст.

Сардор Муҳаммад Покпур, ки дар ҳамоише дар Зоҳидони Эрон суҳбат мекард, эълон карда, ки ин 18 нафар тоҷику афғон, ки дар амалиётҳои Росик, Чобаҳор ва Поруди устони Сиистону Балучистон кушта шуданд, маргталабоне буданд, ки дар пӯшиш қочоқбарони маводи сӯзишворӣ аз марз убур мекарданд.

То замони нашри ин матлаб ҳеч тарафе аз наздикону пайвандони ин афроди кушташуда вокуниш накардаанд. Ва ҳамзамон вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон низ ба хабари кушта шудани шаҳрвандони худ ба сурати расмӣ изҳороте пахш накардаанд.

Муҳаммад Покпур дар бораи ному насаб ва аз кудом минтақаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон будани ин 18 нафари кушташуда чизе нагуфтааст, вале вай таъкид карда, ки “иттилои дақиқ дорем, ки хадамоти амниятии душман бо баргузории ҷаласаҳои мухталиф дар бархе кишварҳои минтақа, гурӯҳакҳои террористиеро барои бесубот кардани минтақа маъмури иқдомҳое кардаанд.”

Аз сӯи дигар мухолифони Эрон, ки дар устони Сиистон ва Балучистон теъдоди онҳо зиёдтар аст, нерӯҳои ҷумҳурии исломиро ба он муттаҳам мекунанд, ки моҳона даҳҳо сокини ин устонро бо иттиҳоми қочоқи маводи сӯзишворӣ мекушанд ва ё захмӣ захмӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, минатақаи Сиистони Балучистон, ки аксари аҳолии он суннимазҳаб мебошанд, яке аз фақиртарин минтақаҳои Эрон ба шумор меравард. Ба хотири мубориза бо фақру тангдастӣ садҳо нафар аз сокинони он ҷони худро дар хатар гузошта, ба қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул мешаванд.

Тоҷикистон бозиҳои компютериро мамнуъ мекунад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод карда, ки нашру паҳн кардани бозиҳои компютрӣ, ки дар онҳо саҳнаҳои зӯроварӣ вуҷуд дорад, маън карда шаванд.

Дар ҳоли ҳозир ВКД бозиҳои видеоии “Counter Strike” ва “Grand Theft Auto” (GTA)-ро дар листи бозиҳои мамнуъ ворид карда аст. Дар зимн ВКД аз шаҳрвандон ва соҳибони марказҳои компютерӣ даъват дорад, ки дастрасӣ ба бозиҳои дорои саҳнаҳои зӯроварӣ ва рафтори зиддиҷамъиятиро маҳдуд кунанд. 

Гуфта мешавад, ки ин иқдоми ВКД бар асоси натоиҷи ташхиси фарҳангиву таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гирфита шудааст, ки тибқи он, ин бозиҳои компютерӣ дорои унсурҳои хушунат, куштор ва ғоратгарӣ буда, бар хилофи арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии миллӣ будаанд.

Ҳамчунин мақомоти интизомӣ иддао мекунанд, ки афзоиши рафтори ҷиноӣ дар миёни ҷавонону наврасоне, ки пайваста ба бозиҳои компютерӣ машғул ҳастанд, бештар ба қайд гирифта шудааст.

Дар хабари ВКД омадааст, “ба иттилоъи шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ расонида мешавад, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зуроварӣ дошта қатъиян манъ аст.”  

Вазорати корҳои дохилии кишвар таъкид мекунад, ки давоми рӯзҳои оянда дар марказҳои компютерӣ “рейд”-ҳо мегузаронад.

Ҳоло маълум нест ВКД ва ё мақомҳои дахлдор барои шахсоне, ки ба ин бозиҳо машғул ҳастанд, чӣ ҷазое пешбинӣ кардааст, аммо пештар мақомот дар Тоҷкистон шаҳрвандонро барои “лайк” дар Интернет аз 5 то 10 сол зиндон мекарданд. Қарори ВКД ҳам замоне садо медиҳад, ки ду рӯзи пеш Эмомалӣ Раҳмон ҷазо барои нашру лайки маводҳои интренитро беасос гуфту аз мақомдороне, ки нисбати ҷавонон бо ин баҳона парванда мекушоянд, интиқод кард. 

Амрико: Байни Исроилу Лубнон ба зудӣ оташбас мешавад

0

Расонаҳои амрикоӣ аз пешрафти чашмгири музокироти Исроилу Ҳизбуллоҳ барои дастёбӣ ба оташбас гузориш медиҳанд.

Хабаргузории “Axios” 31-уми октябр аз қавли ду мақомдори амрикоӣ хабар дода, ки давоми 24 соати гузашта Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар масъалаи музокирот ва поён додани ҷанг ба пешрафти қобили таваҷҷуҳе даст ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ин мақомҳои амрикоӣ, ки расона аз онҳо ном набурдааст, изҳори умедворӣ кардаанд, ки тавофуқи ниҳоӣ байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба зудӣ ҳосил мешавад.

Дар ҳамин ҳол Наҷиб Миқотӣ, Сарвазири Лубнон низ дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ ин пешрафт дар музокиротро таъйид карда, афзудааст, ки Амос Ҳохштейн, фиристодаи вежаи Амрико дар суҳбати телефонӣ бо ӯ гуфтааст, эҳтимол меравад рӯзҳои наздик ва ё ҳаддиаксар то рӯзи 5-уми ноябри соли ҷорӣ ин оташбас ба даст биёяд.

Гуфта мешавад, яке аз масъалаҳои асосии ин тавофуқ ҷудосозии ҷабҳаи Лубнон аз ҷабҳаи Ғазза аст, ки то ҳол Ҳизбуллоҳ ба таври комил ба ин розӣ нашудааст.

Дар ин миён расонаҳои исроилӣ санадеро аз пешнависи ин музокирот мунташир кардаанд, ки бар асоси он ду тараф бар таваққуфи комили иқдомоти низомӣ миёни Лубнон ва Исроил тавофуқ мекунанд ва масъулияти иҷрои ин тавофуқ дар ҷануби Лубнон ба уҳдаи артиши Лубнон хоҳад буд.

Расонаҳои исроилӣ мегӯянд, дар ин пешнавис омада, ки Исроил ҳар вақт эҳсоси таҳдид кунад, ҳаққи анҷоми амалиёти низомӣ дар дохили Лубнонро бо ҳамоҳангии Амрико дорад. Аммо мақомоти Лубнон ин иддаои Исроилро рад карданд ва мегӯянд, ки Лубнон ба ин шарт мувофиқат накрадааст.

Низ гуфта мешавад, ки Исроил тибқи ин санад вазифадор аст нерӯҳои худро бояд давоми ҳафт рӯз аз Лубнон хориҷ кунад. Ва оташбас тайи 60 рӯз ба таври комил иҷро мешавад. Ва яке аз шартҳои дигари музокирот ин аст, ки артиши Лубнон бояд назорат бар марзи ин кишварро бар уҳда гирад на Ҳизбуллоҳ.

Ҳамчунин таъкид шуда, ки пас аз гузашти 60 рӯз музокирот байни Исроил ва Лубнон бо миёнҷигарии Амрико дар бораи иҷрои комили Қатъномаи 1701-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешавад.

Талаби ду созмон барои ихроҷ накардани як фаъоли тоҷик аз Олмон

0

“Freedom for Eurasia” ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз мақомоти Олмон талаб доранд, ки фаъоли сиёсӣ Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон истирдод накунад.

Ҳарду созмон бо нашри изҳороте мегӯянд, ки баъди бозгашт ба Ватан Эргашев метавонад ба зиндони тӯлонӣ ва латтукӯб, ки хоси режими худкомаи феълӣ мебошад, рӯбарӯ шавад.

“Freedom for Eurasia” таъкид мекунад, ки мақомоти Олмон бо ихроҷи ин фаъоли тоҷик уҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи Женева оид ба мақоми гурезаҳо, ки бозгашти иҷбории одамонро ба кишварҳоеро, ки хатари таъқиб ва муносибати ғайриинсонӣ манъ мекунад, нақз хоҳад кард.

Дар изҳороти ин созмони ҳуқуқӣ гуфта мешавад, ки дар гузашта мақомоти Олмон ду фаъоли тоҷикро истирдод карда буд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин баъди истирдодаш дар Душанбе ба 7 соли зиндон ва Билол Қурбоналиев барои фаъолиятҳои сиёсияш ба даҳ соли зиндон маҳкум шуданд.

“Freedom for Eurasia” аз СММ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар хостааст ба қазияи Эргашев ба таври фаврӣ дахолат кунанд ва бо вокуниши сареъ метавонанд аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар изҳороташ аз мақомоти Олмон ва ҷомеаи байналмиллалӣ хоҳиш намудааст, ки дар раванди қабули қарор оид ба Дилмурод Эргашев адолат, шаффофият ва инсонпарвариро риоя намуда, ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.

Долони нави Чин барои Афғонистон

0

Мақомоти Чин мехоҳанд, ки долони иқтисодии ҷадиде аз тариқи Тоҷикистон барои Афғонистон эҷод кунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ҷав Шин, сафири Чин дар Афғонистон дар мулоқот бо мақомоти ҳукумати муваққати Толибон гуфтааст, ки Чин барои боз кардани ин долони нави иқтисодӣ, ки аз тариқи Тоҷикистон мегузарад, бо моқомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфтугӯро оғоз карда ва ин амр дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ҷав Шин, сафири Чин дар Афғонистон, ки бо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузарои ҳукумати Толибон дар Афғонистон мулоқот карда, таъкид кардааст, ки барои иҷрои ин кор ҳар се ҷонибҳо, Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон бо баргузории як ҷаласаи муштарак тасмим хоҳанд гирифт.

Пеш аз ин Толибон аз Чин хоста буд, ки ба хотири зиёдтар кардани доду гирифтҳои иқтисодӣ байни ду кишвар роҳи Вахони Афғонистонро ҳам ҳамвор кунад. Ҷав Шин ҳам дар ин мулоқот таъкид карда, талошҳо барои фаъолсозии роҳи Вахон низ барои мубодилаи тиҷоратӣ идома доранд.

Пеш аз ин бархе мақомот дар Душанбе эълон карда буданд, ки Тоҷикистон қасд дорад ба хотири густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва логистикӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар наздикии гузаргоҳи марзӣ дар Панҷи Пойон як маркази нави хидматрасонӣ таъсис диҳанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1400 километр марзҳои муштарак доранд ва ба хотири боз кардани як долони нави иқтисодӣ аз Чин ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон зерсохторҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон расман Толобинро як созмони террористӣ эълон карда, ҳамагуна додугирифти шаҳрвандон бо онҳоро ҷурм эълон кардааст. Аммо пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон пеш аз он ки мавзеи худ дар қиболи Толибонро ба сурати расмӣ тағйир диҳад, бо гузашти се сол рӯз то рӯз ҳамкориҳои мухталифи худ бо ин гурӯҳро густариш додааст.

Ҳабси як зодаи Тоҷикистон бо гуноҳи хиёнат дар Русия

0

Додгоҳи шаҳри Маскав зодаи Тоҷикистон Фирӯз Дадобоевро ба иттиҳоми хиёнат ба давлат маҳкум ба зиндон кард.

Мурофиа рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шуда, додрас Дадобоевро ба 13,5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда ва инчунин 300 ҳазор рубли дигар ҷарима бастааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Дадобоев моҳи декабри соли 2022 боздошт ва то ин вақт дар СИЗО-и Лефортово нигаҳдорӣ мешуд.

Ӯ дорои шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия буда, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Маскав ба ҳайси мутахассиси IT кор мекардааст.

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) иддао дорад, ки Дадобоев ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ғайриқонунӣ даст ёфта, қасд доштааст онро ба намояндаи Хадамоти иктишофии Амрико (CIA) супорад.

Гуфта мешавад, дар рафти тафтишот Дадобоев ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст, аммо маълум нест ӯ таҳти чӣ шароите гуноҳро ба дӯш гирифтааст. Назари наздикон ё вакили мудофеаш низ дастраси расонаҳо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои шабакаи иҷтимоии LinkedIn, як нафар бо ҳамин ном дар ширкати паҳнкунандаи маҳсулоти спиртӣ “Elida GROUP LLC” вазифаи сардори шуъбаи IT-ро ишғол мекард. Суол инҷост, ки Дадобоев чӣ гуна дар ин ширкат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ даст ёфтааст?

Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми хиёнат ба давлат барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Дар охирҳои соли 2023, Додгоҳи шаҳри Маскав Зоҳидов Аҳадҷон Маҳмадҷоновичи 36-соларо, ки дар пойтахти Русия ҳамчун ронандаи таксӣ ва устои “сантехник” кор мекард, бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ маҳкум ба 13 соли зиндони низомаш сангин карда буд.

Инчунин дар моҳи октябри соли 2023 мақомоти Русия як муҳоҷири 32-солаи тоҷикро бо номи Шарифҷон Тиллозода дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Украина дастгир карда буданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Шарифҷон Тиллозода, зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон дар ҳудуди як қисми низомии баста боздошт шуда буд. Кормандони ин қисми низомӣ дар аввал гумон карданд, ки ӯ мардикор асту роҳашро гум кардааст, вале маълум шудааст, ки гӯё “ӯ акс гирифта, ба кураторҳои худ ба хориҷ мефиристодааст”.

10-уми октябри соли 2023 додгоҳи ноҳияи Лефортово дар мурофиае, ки пушти дарҳои баста ӯро бар асоси моддаи 275 Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷосусӣ айбдор намуда, ба муддати ду моҳ, яъне то 10 декабри соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд, аммо то ҳол аз сарнавишти баъдии ӯ хабаре нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҷанги Русия ва Украина шумори нафароне, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ дар Русия боздошт мешаванд бештар шудааст.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 52 нафар бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар Русия зиндонӣ шудаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,5 маротиба бештар аст. Инчунин дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 18 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар бо ин иттиҳом дастгир шуда буданд.

Додситонии кул: Ҷавонони тоҷик дар Русия ифротӣ мешаванд на дар Тоҷикистон

0

Додситонии кулли кишвар бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, дар онҷо тундгаро ва ифротӣ мешаванд ва бо роҳи фиреб ба он гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд.

Ин суханҳо рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ дар як конфронси ҷумҳуриявие, ки бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, садо дод.

Тавре Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, нишасти мазкур зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” доир гашта, дар он намояндагони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмиливу ҷамъиятӣ ва олимону коршиносон ширкат карданд.

Дар ин нишаст намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон Саъдулло Хоҷазода зимни суханронияш гуфта, ки Русия кишварест, ки роҳи муҳоҷирони кории шаҳрвандони Тоҷикистонро барои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ боз кардааст.

“Азия-Плюс” менависад, ки ин намояндаи Додситонии кулли кишвар гуфт, “аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар рафтаанд ва маърифти ҳуқуқияшон дар сатҳи паст қарор дорад, барои гуруҳҳои ифротӣ нисбатан осонтар аст.”

Ӯ ҳамчунин бо нигаронӣ иброз дошта, ки “Барои онҳо маблағи ночиз пардохт карда, имтиёзҳо ваъда медиҳанду бо фиребу найранг ҷавононро ифротгаро месозанд.”

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишаст ҳамчун роҳҳал пешниҳод карда, ки “бо баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон метавонем пеши роҳи шомилшавии шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ” ва созмонҳои ҷиноятӣ бигирем.

Дар ин конфронс бархе коршиносон назари Хоҷазодаро рад карда, гуфтаанд, ки Русия сабаби аслии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ нест, балки бетаҷрибагӣ ва камсаводии худи онҳо низ сабаби асосии чунин корҳост.

Давоми як соли ахир дар ҷандин амалиёти террористӣ дар кишварҳои Эрон, Туркия, Русия ва Афғонистон омилони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта шудаанд. Аз ҷумла, пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Мақомоти Русия пас аз ин ҳодиса вазъи муҳоҷирони кории тоҷикро бисёр сахт карда, ҳазорҳо тоҷикистониро бо баҳонаҳои андак аз Русия ихроҷ карданд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон ва мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, маҳз фишорҳои зиёд болои диндорон дар Тоҷикистон, бастани мадрасаҳои исломӣ, манъи ҳиҷобу риш ва мамнуъ кардани ҷавонони то 18-сола аз рафтан ба масҷид сабаб шуда, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд.

Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бо имзои як санади расмӣ мехоҳанд ҳамкориҳои тиҷоратии худро густариш диҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми октябри соли 2024 дар ҳошияи нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон як санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Ин Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва аз ҷониби Ҳиндустон Субҳрансу Секхар Ачарйа, раиси Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон имзо карданд.

Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ки дар бораи имзои ин санад хабар додааст, таъкид мекунад, ки ҳадаф аз имзои ин санадро ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна ва пешбурди ҳамкориҳо барои омӯзиш ва рушди малака унвон кардаанд.

Гуфта мешавад, нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон дирӯз, 29-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз карда, дар кори он намояндаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистону Ҳиндустон ва Эрону Арабистон ҳам иштирок кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳоро “саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат” унвон кардааст.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмони 72-сола аксари конҳои тилову нуқураи кишварро бо роҳҳои ғайриқонунӣ, гирифтани пора, ва ғайра дар ихтиёри хориҷиҳо ва бахусус чиниҳо додааст. Даромади асосӣ аз ин конҳо низ на баҷуи давлат, балки ба ҷайби бархе наздикону пайвандони худи раиси ҷумҳур, ки ин ҳама конҳоро ба гуфти худашон “сарпарастӣ” мекунанд, соҳиб мешаванд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, дар Тоҷикистон садҳо соҳибкору тоҷири муваффақе вуҷуд дорад, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, як гӯшаи ватани худро обод кунанд, аммо чун фасоди молӣ ва идораӣ дар тору пуди ин ҳукумат реша давондааст, бархе ҳукуматдорон ин дафъа ҳам мехоҳанд, ки конҳои дигарро бо чунин роҳҳои ғайриқонунӣ дар ихтиёри хориҷиҳо қарор диҳанд.