Хона блог саҳифа 178

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

0

Бо вуҷуди он ки соҳаи тандурустии кишвар аз камбуди кадрҳо танқисӣ мекашад, пизишкони ҷавони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Бархе пизишкони тоҷике, ки аз Русия ба Ватан баргаштаанд ва мехоҳанд дар Тоҷикистон таҷрибаҳои омӯхтаи худро ба кор баранд, дар бемористонҳои кишвар ҷой кор пайдо намекунанд, зеро масъулин аз онҳо пул талаб кардаанд.

Рӯзи чоршанбе як манбаъ бидуни зикри номаш ба Azda TV гуфт: “Дар Русия чанд сол дар як бемористони маъруф кор мекардам, ҳатто муовини мудири он бемористон таъйин шудам. Ҳечгоҳ касе аз ман пул талаб накарда буд. Ҳатто бароям хонаи бепул ва тамоми шароитро муҳайё карда буданд. Вале дилам хост ба Ватан баргардам, назди падару модар бошам ва ба ҳамватанони худ хидмат кунам. Ҳоло, ки омадам ва ба ҳар бемористоне барои кор сар мезанам, мегӯянд, бояд пул биёрӣ то ба кор қабулат кунем.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки “Ҳатто барои ҳамчун як духтури оддӣ қабул кардан баъзе бемористонҳо 60 ҳазор сомонӣ ва баъзе дигар то 80 ҳазор сомонӣ пора талаб карданд. Ин ҳам ба воситаи шиносбозиву воситакобӣ буд, агар бешинос мерафатм чӣ қадар пул талаб мекарданд?”

Ин пизишки тоҷик, ки солҳо дар Русия кор кардааст ва таҷрибаи тӯлонӣ дар соҳаи худ дорад, мегӯяд: “Ҳоло ҳайронам, ки дар Ватан бимонам ё ба хориҷи кишвар равам. Чун ҳамкоронам аз Русия ҳоло ҳам маро даъват доранд, аммо дилам мехоҳад ба мардуми худам хидмат кунам, вале мебинам, ки намешавад.

Чунин пул талаб карданҳои мудирони бемористонҳои шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистонро низ чанд табиби дигари тоҷик ба Azda TV тасдиқ карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз норасоии кадрҳо дар бемористонҳо шикоят мекунад ва ба гуфтаи ин ниҳод, солона садҳо табиби тоҷик кори худро тарк карда, ба дигар кишварҳо барои кор сафар мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имсол дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба ин масъала ишора карда, гуфта буд, ки “дар вилояти Хатлон 748 табиб, дар вилояти Суғд 545 табиб ва 55 ҳамшираи тиб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 361 табиб ва 151 ҳамшираи тиб ва дар ВМКБ 23 табиб ва 7 ҳамшираи тиб” намерасад.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид карда буд, ки соли гузашта 546 табиб ва 1 ҳазору 187 корманди миёнаи тиббӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар карданд, аммо дар 6 моҳи соли 2023 бошад, 70 табиб ва 343 ҳамшираи тиб тарки Тоҷикистон карда, ба муҳоҷират рафтаанд.

Аз оморҳои ироа намудаи вазири тандурустӣ бармеояд, ки ба таври умум имсол дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор пизишк ва ҳамшираи тиб намерасад.

Аммо табибони тоҷике, ки ба Ватан баргаштаанд, ҷои кор пайдо намекунанд ва ба сабаби реша давондани фасоду порахӯрӣ онҳо наметавонанд дар бемористонҳои кишвар кор кунанд. Чаро ин вазъиятро мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Ожонси зидди фасоди кишвар, ки вазифааш пешгирӣ аз фасоду ришва аст, назорат намекунад?

Захмӣ шудани сафири Эрон ва садҳо нафари дигар дар Лубнон

0

Дар ҷануби Лубнон садҳо нафар бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботии “Пейҷер” захмӣ шудаанд. Аксари захмиён аъзоёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” гуфта мешаванд.

Манобеи амниятӣ гуфтаанд, ки имрӯз сешанбе, садҳо узви Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷануби ин кишвар ва дар канори ҷанубии Бейрут бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботи радиоӣ, ки онҳо истифода мекарданд, сахт маҷруҳ шудаанд.

Хабарнигори “Ал-Ҷазира” бо такя ба манобеи худ инфиҷори васоили иртиботи навъи “Пейҷер”-ро таъйид карда, ки  дар манотиқи мухталифи ин кишвари Лубнон беш аз 1200 нафар маҷрeҳ ба ҷо гузоштааст. 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Меҳр”-и Эрон навишта, ки Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Лубнон бар асари ҳамлаи киберии Исроил захмӣ шудааст. Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ, сафир захмҳои сабук бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст. Гуфта мешавад, ҳамроҳи сафири Эрон ду муҳофизаш низ захмӣ шудаанд.

Як манбаи амниятӣ ба “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки таркиши дастгоҳҳои иртибототӣ дар Лубнон бар асари ҳамлаи ҳакерӣ, ки тавассути технологияи бесим ба роҳ монда шудааст, сар задааст. Манбаи амниятӣ тавзеҳ дода, ки таркиши дастгоҳҳои иртиботӣ дар минтақаҳои ҷанубии Бейрут, Биқоъ ва ҷануби Лубнон фаро гирифтааст.

Бо омадани Толибон иқитисоди Афғонистон рушд кард?

0

Бо гузашти се соле, ки Толибон дар Афғонистон қудратро дар даст доранд, бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар соҳаҳои гӯногун, иқтисоди ин кишвар рӯ ба беҳбудӣ аст.

Шохисаҳо нишон медиҳанд, ки иқтисоди Афғонистон аз ҳолати рукуд ба ҳолати истқрор бармегардад ва ин фарзияҳои нотавонии ҳукумати нав дар ҷилавгирӣ аз фурӯпошии иқтисоди ин кишварро заъифтар карда аст.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши “Назорат бар иқтисоди Афғонистон” дар моҳи августи соли гузашта изҳор дошта буд, ки рукуди иқтисодӣ дар соли гузашта бо нишонаҳои рӯшани субот ва каме рӯ ба беҳбудӣ ба анҷом расид. Дар кишвар муомилоти бонкӣ қисман аз сар гирифта шуда, ширкатҳои бештар ба фаъолият шуруъ кардаанд ва вазъи зиндагии хонаводаҳо каме беҳбуд пайдо карда аст.

Аммо, тибқи гузориши мазкур, бо вуҷуди ин дастовардҳои ночиз, дурнамои умумии иқтисодӣ ҳанӯз ҳам муҳаррикҳои устувори рушдро надорад. Дар гузориш ба мақомоти Толибон пешниҳод мешавад, ки бояд гомҳое бар зидди афзоиши сатҳи камбизоатӣ ва сатҳи баланди ноамнӣ дар амнияти озуқаворӣ ва ҳамчунин кам кардани маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои занон, ки иқтисоди ин кишвар ниёз ба кори онон дорад, гирифта шавад.

Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки дар ин кишвар дар бархе соҳаҳо рушди иқтисодро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, коҳиши фасод дар гумрук, андешидани чораҳои зидди қочоқ, пешгирӣ аз порахурӣ, қатъ кардани фирори сармояи бузург, (дар замони ҳукумати қаблӣ он ҳар сол 5 миллиард доллар ва ҳатто бештар аз он будааст), танзими сахттари интиқоли ғайрирасмӣ ва ғайраро метавон номбар кард.

Ҳамчунин қайд шуда, ки коҳиши таваррум нишондиҳандаи дигари беҳбудии нисбӣ дар иқтисоди Афғонистон аст. Тибқи гузориши муштараки Бунёди ояндаи Афғонистон, то моҳи феврали соли 2024 сатҳи таваррум дар як сол 9,7% коҳиш ёфтааст. Ва  Бонки ҷаҳонӣ низ қайд карда, ки нархҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, нархи маводи ғизоӣ 14,4% ва маҳсулоти ғайриозуқа 4,4% арзон шудааст.

Пештар расонаҳо аз беҳтар шудани маоши миёна дар ин кишвар гуфта буданд, ки он ба 200 доллар баробар шудаааст. Ин дар ҳолест, ки маоши миёна дар Тоҷкистон 170 долар гуфта мешавад. 

Тоҷикистон аз Қазоқистон гӯшт ворид мекунад

0

Пас аз қимат шудани нархи гушт дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Қазоқистон ба доди мардум расид?

Бино ба иттилои расонаҳо, 16-уми сентябри соли 2024 Тоҷикистон ворид кардани гӯшти гов аз вилояти Туркистони Қазоқистонро оғоз кардааст.

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон соли 2023 бо ширкати “Қайип ата”- вилояти Туркистони Қазоқистон созишномаеро имзо кардааст, ки бар асоси он дар марҳилаи аввал 16 тонна гӯшти говро ба бозорҳои кишвар ворид мекунад. Тибқи ин созишнома қарор аст то охири сол 110 тонна гӯшти гов ворид карда шавад.

Бархе коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон метавонад аз нигоҳи таъмини сокинон ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ худкифо бошад, вале чун хеле аз чарогоҳҳо фурӯхта шудаанд ва рафту омади чорвои мардум ба чарогоҳҳо дар кӯҳҳо, теппаҳо ва дараҳои кишвар низ маҳдуд карда шудаанд, таваҷҷуҳи мардум ба чорводорӣ низ хеле камтар шудааст. Ба ҳамин хотир, рӯз то рӯз талабот ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар кишвар зиёдтар шуда, нархи онҳо онҳо дар бозорҳо қиматтар мешаванд.

Ширкати “Қайып ата” яке аз ширкатҳои бузурги Қазоқистон буда, нақша дорад, ки дар соли 2024 ҳаҷми содироти худро дасти кам 10% зиёдтар карда, то охири сол 5000 тонна гӯшти гов содир намояд. Ин ширкат дар соли 2023 ба Ӯзбекистон 4500 тонна гӯшти гов ва ба Эрон 140 тонна гӯшти гӯсфанд содирот карда буд.

Гуфта мешавад, ин ширкат аз аввали сол то имрӯз, аллакай 2945 тонна гӯшти гов ва 130 тонна гӯшти гӯсфандро ба хориҷи ин кишвар содир намудааст. Вилояти Туркистон яке аз вилоятҳои пешсаф дар содироти гӯшт буда, 80% гӯшти гов ва 75% гӯшти гӯсфанди Қазоқистон аз ин вилоят содир карда мешаванд.

Тоҷикистон барои истихроҷ ва кордарди 800 кони маъдан сармоягузор меҷӯяд

0

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон 800 кони маъданҳои гуногун дорад ва барои истихроҷ ва коркарди онҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ниёз дорад.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон 800 кони канданиҳои фоиданоки худро кашф карда, барои баҳрабардорӣ аз онҳо ба кумаки сармоягузорони хориҷӣ ниёз дорад.

Президенти Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ дар Остона эълон намуданд, ки 98% нерӯи барқи кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда тавлид мешавад ва ҳадафи кишвар то соли 2032 комилан гузаштан ба “энергияи сабз” аст. Тоҷикистон нақша дорад, то соли 2037 худро ба “кишвари сабз” табдил диҳад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки “дар Тоҷикистон ва имконоти мусоиди ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия (акумулаторҳо) ва электротехникӣ” вуҷуд дорад. Вай аз сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла аз Олмон даъват кард, ки дар лоиҳаҳои гидроэнергетика ва саноати сабук иштирок кунанд.

Муҳоҷирон дигар дар вилояти Маскав “шаурма” фурӯхта наметавонанд

0

Мақомоти вилояти Маскави Федератсияи Русия мехоҳанд муҳоҷиронро аз кор дар баъзе соҳаҳо мамнуъ кунанд.

Аз 1-уми январи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят муҳоҷирон дигар дар соҳаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ, варзиш, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф кор карда наметавонанд. Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи омода ва фурӯши хӯрокҳои сарироҳӣ ва нӯшокиҳои спиртву тамокуро нахоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, ин қарор дар ҷаласаи раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв бо аъзои ҳукумат ва роҳбарони шаҳрҳо баррасӣ гардидааст.

Муовини раиси ҳукумати вилоят, Наталия Масленкина гуфтааст, ки айни замон дар ин минтақа маҳдудияти 15 дарсад барои ҷалби кормандони хориҷӣ дар савдои чаканаи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку амал мекунад. Аммо аз соли 2025 вилояти Маскав қасд дорад ба 22 минтақаи Русия, ки чунин фаъолиятро барои хориҷиён пурра манъ кардаанд, ҳамроҳ шавад.

Ба иддаои Масленкина, дар давоми се соли охир шумораи шикоятҳо дар мавриди фаъолияти кормандони хориҷӣ дар соҳаи савдо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Вай инчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои кор дар Русия иҷозати корӣ (патент)-и махсус дошта бошанд ва барои набудани он ҳам муҳоҷирон ва ҳам корфармоён ҷавобгар ҳастанд.

Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин хабар дода буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Дума барои тақвияти назорат дар соҳаи муҳоҷират дар минтақаҳо чандин пешниҳод садо додааст.

Гуфта мешавад, чанд моҳи охир мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул мекунанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Дархости махсуси Эмомали Раҳмон аз Олаф Шолтс дар Остона

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Қазоқизтон бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон мулоқот кард.

Ин мулоқот рӯзи 17-уми сентябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Миёна сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар масоили гуногун, аз ҷумла идомаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт ва кишварзӣ суҳбат карданд. Олафт Шолтс иброз доштааст, ки “Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем.” 

Эмомалӣ Раҳмон аз Олаф Шолтс барои саҳмгузорӣ дар сохтани нерӯгоҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи “Себзор” дар Бадохшон ва навсозии нерӯгоҳи “Норак” минатдорӣ кард. Расиҷумҳури Тоҷикистон аз садри аъзами Олмон хостааст, ки ин кишвар дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” низ сармоягузорӣ кунад.

Аммо мушаххас нест, ки Олаф Шолтс бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳуқуқи башар ва озодии баён суҳбат карааст ё на. Пеш аз ин мулоқот Дидбони Ҳуқуқи Башар бо навиштани номае аз Шолтс хоста буд, ки дар суҳбат бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба масоили иқтисодӣ иктифо накунад, балки ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён тавваҷуҳ бештар дошта бошад.

Штефан Майстер, коршиноси олмонӣ мегӯяд, чун Русия аз ҷониби Ғарб таҳрим шудааст ва кишварҳои аврупоӣ хариди газу нафтро аз ин кишвар кам кардаанд, Олмон ба дунболи пайдо кардани шарикони нав аст. Ӯ мегуяд, дар замони раҳбари Ангела Меркел талаби риояи ҳуқуқи инсон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мади аввал қарор дошт. Аммо ба назар мерасад Олаф Шолтс ба иқтисод бештар аҳмият медиҳад.

Ба гуфтаи ин коршиноси олмонӣ, дар ин нишаст ба гунае риояи ҳуқуқи инсон садо додааст, вале на ба таври ҷудогона ва мушаххас.

Гардиши 70%-и савдои хориҷии Тоҷикистон

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зиёда аз 70%-и гардиши савдои хориҷӣ ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рост меояд.

Дар ин бора рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти 23-юми вазирони кишварҳои узви СҲШ хабар дод.

Завқизода дар ин нишаст гуфт: “Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ афзоиши устуворро нишон медиҳад.”

Завқизода ҳамчунин зикр кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таҳия шудааст, ки онро аллакай ҳамаи кишварҳои узви ташкилот қабул кардаанд. Дар натиҷаи ҷаласа, иштирокдорон тасдиқ намуданд, ки омодаанд ҳамкориҳои мутақобилан судмандро идома дода, ташаббусҳои баррасишударо амалӣ намоянд.

Гуфта мешавад, теъдоди сокинони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шайнхай тақрибан нисфи аҳолии сайёраро ташил дода ва 27%-и маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳониро муттаҳид менамояд, ки ин барои аъзоёни ташкилот имкониятҳои бузурги иқтисодиро мекушояд.

Аксари муҳоҷирони кории Русия тоҷикон будаанд

0

Аз умуми муҳоҷирони кории Русия аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар ин мақомоти Русия хабар додаанд.

Тавре хабаргузории русии РБК аз қавли Хадамоти Федералии омори давлатии Русия хабар дода аст, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон 31 дарсади шумори умумии муҳоҷиони кории Русияро ташкил медиҳанд. Пас аз он муҳоҷирон аз Қирғизистон (10%), Украина (9%), Арманистон (9%), Қазоқистон (9%) ва аз Узбакистон (8%) будаанд.

Гуфта мешавад, аксарияти муҳоҷиронро мардони синни қобили корӣ ва дорои маълумоти миёнаи пурра ташкил медиҳанд. 

Ин омори расмӣ дар ҳоле нашр шуда, ки дар Русия шароити будубоши муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон башиддат бад мешавад. Аз бадрафтории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати онҳо пайваста хабарҳо ба даст мерасанд. Чизе, ки боис шуд ахиран мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз сафар ба Русия ва Беларус ҳушдор бидиҳанд. Мақомот сабаби ҳушдорро ба сабаби ташдиди назорат дар марзҳои ин ду кишвар гуфтанд. 

Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пайваста мавриди баҳси мақомотҳои тоҷику рус қарор мегирад. Ҳам ҳукумати кишвар дар гузоришҳои худ ва ҳам Президент дар суханрониҳояш ҳамеша талош мекунанд аз кам шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия бигӯянд. Худи Раҳмон дар охирон сафараш ба Русия дар ҳузури Путин идао карда буд, ки дар Русия танҳо 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо донишҷӯ ва қисми дигар кормандони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд. Иддаое, ки фавран аз ҷониби Путин такзиб шуд. Дар Русия ниҳодҳои ғайрирасмӣ адади муҳоирони тоҷикистониро беш аз ду миллион тахмин мезананд. 

Шолтс бо Раҳмон аз ҳуқуқи башар хоҳад гуфт?

0

Як созмони ҳуқуқӣ аз Олаф Шолтс хостааст, дар нишаст бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа таваҷҷуҳ кунад.

Cадри аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” ширкат хоҳад кард. Ҳадафи ин нишаст таҳкими равобити иқтисодӣ, энергетикӣ ва стратегии ин кишварҳо гуфта мешавад.

Олаф Шолтс аввалин садри аъзами Олмон аст, ки аз Осиёи Марказӣ дидан мекунад ва ба ҳамин хотир сафарашро таърихӣ меноманд.

Дар ҳамин ҳол Дидбони ҳуқуқи башар бо навиштани номае аз садри аъзам даъват кардааст, ки дар суҳбат бо раҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ танҳо ба масоили иқтисодӣ иктифо накунад, балки ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар тамаркузи бештар кунад.

Гуфта мешавад, Олмон пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ба ҷустуҷӯи манобеи алтернативии газу нафт шуруъ кард ва ба ҳамин хотир таваҷҷуҳи ин кишвари аврупоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Илова бар ин, Олмон дар баробари дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талош дорад аз кӯшишҳои Русия барои дур задани таҳримҳои иқтисодӣ тавассути Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ба бовари HRW, ҳамкории зичи Олмон бо режимҳои худкомаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбeкистон бидуни назардошти ҳуқуқи башар ва волоияти қонун ғайриимкон аст. Дар ин кишварҳо ҳуқуқи инсон сахт поймол шуда, журналистону фаъолони сиёсӣ боздошту зиндонӣ мегарданд, инчунин ҳуқуқи занҳо ва озодии баёнро мақомоти ин кишварҳо нодида мегиранд.

Дар идома ин созмони ҳуқуқӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати Олмон набояд вонамуд кунад, ки бидуни беҳбудии вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бо ин кишварҳо равобити хуб хоҳад дошт ва нишасти рӯзҳои 16-17-уми сентябр рӯшан хоҳад кард, ки Олмон барои беҳбудии ҳуқуқи инсон чӣ сиёсатеро дар пеш гирифтааст.

Нишасти “Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар Узбекистон, идомаи нишасти моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин аст.

Дар нишасти гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон низ ширкат карда буд.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор карданд.

Рӯзи 29-ум замоне ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон ба тарафи бинои садриаъзами Олмон ҳаракат мекарданд, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷониби ӯ “Диктатор” садо дода, мошинашро бо тухм заданд.

Пас аз ин мақомоти амниятии Тоҷикистон хонавода ва пайвандони даҳҳо нафар аз мухлифонро таъқибу боздошт карда буданд.