Хона блог саҳифа 182

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

0

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Маросими баргузории ин ҷоиза дар маҳфили хурде аз ҷониби дастёри раисҷумҳур ба ӯ дода шуд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентиябр дар Қасри миллат ба даҳо нафар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард, вале Далер Назаров дар байни онҳо набуд.

Ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1963 таъсис шуда, барои қадрдонӣ аз шахсиятҳои машҳур ва муваффақ дар соҳаи ҳунар, адабиёт ва меъморӣ ба онҳо тақдим мешавад. Мумин Қаноъат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳо шоиру нависанда ҳанӯз дар замони шӯравӣ соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Далер Назар аз ангуштшумор овозхонон ва оҳангсозони тоҷик аст, ки берун аз марзҳои кишвар шуҳрат дорад ва то ҳол маҳбубияташро ҳифз кардааст. Ӯ дар ҷанд филм низ нақш офаридааст.

Машҳуртарин сурудҳои Далер Назар “Чак-чаки борон”, “Маҷнунам кардӣ”, “Зебо ба зебо”, “Духтари деҳқон” ва ғайра мебошанд.

Гуфта мешавад, ин аввалин ҷоизаи давлатӣ аст, ки ба ин ҳунарманди шинохта дода мешавад. Худи Далер Назаров бороҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ниёз ба ҷоиза надорад.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

0

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби “France Football” барои дарёти ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, “Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?”

Барои аввалин бор аз соли 2003 дар ин рӯйхат ду номи футболбози бузург – Леонел Месси ва Криштиану Роналду вуҷуд надорад. Набудани номи ин ду устураи футбол мавзуи рақами яки рӯз дар расонаҳои ҷаҳон шудааст.

Расонаҳо навиштаанд, ки “як давраи тӯлонӣ ва пурифтихор дар торихи футбол, ки ин ду устура дар он ҳукмрон буданд, ба охир мерасад”.

Леонел Месси дар мавсими гузашта барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” буд. Дар он мавсим ин футболбози аргентинӣ дар ҳайати тими миллӣ ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд ва яке аз бозигарони барҷастаи сол буд.

Имсол низ ӯ бо тими милиаш дар Ҷоми Амрико ғолиб омад. Аз ин рӯ, интизор мерафт, ки ин дафъа низ ӯ метавонад барои гаронбаҳотарин ҷоизаи олами футбол мубориза барад.

Рӯзи чоршанбе номи 30 футболбози пешбаришуда барои дарёфти ҷоизиаи “Тӯби толлоӣ” нашр шуд ва тааҷҷубовар он буд, ки номи ин футболбози 37-солаи аргентинӣ дар он вуҷуд надорад.

Ҳамзамон Криштиану Роналду, Роберт Левандовский ва Муҳаммад Салоҳ низ дар ин рӯйхат нестанд. Ин се футболбози машҳур дар солҳои охир барои гирифтани ин мукофоти олӣ пайваста мубориза мебурданд.

Аз ҳама бештар дар ин бора расонаҳои испонӣ навиштаанд. Аз ҷумла, расонаи варзишии “Спорту” менависад, ки “Ба ин рӯйхат нигоҳ кардан ва надидани ин ду ном барои мо аҷиб аст. Ин ду бозигаре ҳастанд, ки барои беш аз як насл осори худро гузоштаанд. Ва ҳоло онҳо барои бори аввал аз рӯйхати барандаҳои ин оҷиза дар канор мондаанд.”

Инчунин рӯзномаи “Le Parisien” менависад, ки “Лионел Мессиро кӣ иваз мекунад? Барандаи ҳаштмаротибаии “Тӯби тиллоӣ” ин дафъа дар миёни номзадҳо нест. Ва ин кор роҳи бозигарони ҷавон, аз ҷумла Винисиуси хурдӣ, Эрлинг Ҳоланд ё Килиан Мбапперо барои дарёфти ин ҷоизаи олӣ боз кардааст. Яке аз онҳо метавонад устураи ин ҷоизаро аз барандагӣ маҳрум кунад” “, – менависанд рӯзноманигорони.”

Эмомалӣ ҳавзи обсофкуниро ифтитоҳ кард

0

Имрӯз 5-уми сентябр, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои пахши тугмаи рамзии ҳавзи обсофкунӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт.

Гуфта мешавад, ҳавзи мазкур бо ҳадафи беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинон, “бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуда аст”.

Дар шарҳи ин хабар, ки дафтари матбуотии Президнт нашр карда, гуфта мешавад, ки Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Рушди Осиёӣ татбиқ гардид. Аммо дар бораи ҳаҷми маблағи сарфшуда ва чӣ қадари он аз сӯи Бонки Рушди Осиёӣ дода шуда аст, чизе гуфта нашудааст.

Ҳамзамон дар хабар гуфта шуда, ки “корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то 30 марти соли 2023 ба анҷом расонида шуд”. Аммо, чаро ин ҳавзи обсофкуниро пас аз як соли анҷоми корҳои сохтмонӣ ифтитоҳ кардаанд, бепосух боқӣ мемонад.

Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия сафар накунанд

0

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дода, ки муваққатан аз сафар кардан ба Русия худдорӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.

“Дар робита ба чораҳои амниятӣ ва пурзӯр кардани назорат дар сарҳадҳои давлатии Русия ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки сабабҳои фаврӣ барои сафар ба ин кишварро надоранд, тавсия дода мешавад, ки то лағви ин чораҳо муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд”, – омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ҳамзамон дар ин хабар гуфта шуда, ки дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандон метавонанд аз сафорати Қирғизистон дар Русия кумак бипурсанд.

Шаҳрандони Қирғизистон пас аз Узбакистону Тоҷикистон бештарин адади муҳоҷиронро дар Русия ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки пас ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Волгаград шароити будубоши муҳоҷирон дар Русия бозҳам баддтар шуд ва зодагони Осиёи Марказӣ аз тафтиши зиёд ва муносибати сарди мақомоти Русия дар чандин маврид хабар доданд.

Зиндагии пасипардаи писарони Путин

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Валидимир Путин, раисҷумҳури Русия аз сабиқ варзишгар Алина Кабаева ду писари 9 ва 5-сола доштааст.

Дар гузорише, ки рӯзи 4-уми сентябр аз ҷониби Маркази таҳқиқотии “Досе” нашр шудааст, гуфта мешавад, писари калонии Путин бо номи Иван соли 2015 ва писари хурдӣ бо номи Владимир соли 2019 таваллуд шудаанд.

Ҳамчунин зикр гардида, ки кӯдакон дар ҳавопаймову яхтаҳои шахсӣ зери муҳофизати кормандони Хадамоти федеролии посбонӣ (ФСО) муҳофизат мешаванд ва бо санадҳои махфӣ зиндагӣ доранд.

Манбаи “Досе” шахсе будааст, ки дар қароргоҳи Путин кор меккардааст. Ӯ мегӯяд, кӯдакон дар қароргоҳи президент зиндагӣ карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир намешаванд. 

Қаблан низ расонаҳо аз ду фарзанд доштани Путин хабар дода буданд. Як рӯзномаи швейтсарии “Sonntags Zeitung” он замон навишта буд, ки яке аз фарзандони Путин дар Швейтсария таввалуд шудааст. Ҳамчунин гуфта шуда буд, ки писари дуюмии Кабаева дар Маскав, аммо зери назорати духтури швейтсарӣ ба дунё омдааст.

Таҳқиқоти “Досе” маълум карда, ки барои фарзандони Путин дар Валдай, маркази махсуси омӯзишӣ таъсис ёфта, омӯзгорон аз Африқои Ҷанубӣ оварда шудаанд. Дар ин таҳқиқот таъкид мешавад, ки бар асоси қарордод омӯзгорон ҳаққи берун рафтан аз қасри президенро надоранд.

Гуфта мешавад, омӯзгорон иртиботи мустқим бо падару модари кӯдаконро надоранд. Бо дояву нигаҳбонони кӯдакон, Оксана Федина, хоҳари Алина Кабаева, кор мекунанд. Вай дар назди мураббиён худро модари кӯдакон муаррифӣ кардааст.

Расонаи машҳури “Бомдод” фаъолияташро қатъ кард

0

Мирзо Салимпур, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, муассис ва сардабири сомонаи хабарии “Бомдод” аз қатъи фаъолияти ин расона ва тарки журналистика хабар дод.

Дар ин бора Мирзо Салимпур имрӯз, 5-уми сентябр бо нашри баёнияе дар сомонаи “Бомдод” иттилоъ дод. Ӯ сабаби қатъи фаъолияташро фишори беморӣ ва зарурати табобат мегӯяд.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик қабл аз “Бомдод” расонаи “Ахбор”-ро роҳандозӣ карда буд. Ӯ дар “Ахбор” замоне ба фаъолият шуруъ кард, ки дар Тоҷиктсон бисёре аз расонаҳои хабарӣ аз фаъолият боз монданд ва “Ахбор” яке аз муҳимтарин шабакаҳои хабарии мустақил шуд. “Ахбор” то имваз шудан ба “Бомдод” миллионҳо бинандаву хонанда ва садҳо ҳазор дунболагир дошт. Аммо баъдтар як филме аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳо пахш шуд, ки ба сиёҳкунии шабакаи “Ахбор” бахшида шуда буд. Худи Салимпур мегӯяд, ҳатто аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ шуъбаи махсусе ташкил шуда, ки ба бадномкуниву туҳматпароканӣ нисбати ин расона машғул аст ва акнун, ки “Бомдод” қатъи фаъолият мекунад, Салимпур аз бемаош мондани кормандони ин шуъба изҳори таассуф карда аст.

Мирзо Салимпур зиёда аз 30 соли ҳаёти худро дар соҳаи журналистика бахшида, дар расонаҳои зиёде кор кардааст. Ӯ ҳанӯз аз солҳои 90-ум асри гузашта корро ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷиктсон” ва ҳафтаномаи мустақили “Чароғи рӯз” – ду нашрияи пурсарусадои он замон шуруъ карда ва ду маротиба ҳам зирндонӣ шудааст. Инчунин Салимпур 15 сол таҷрибаи корӣ дар “Радиои Озоди”-ро дорад. Чанд соли ахир ӯ бо гардондани расонаҳои “Ахбор” ва баъдан “Бомдод” машғул буд.

Салимпур дар охири баёнияи худ гуфта, ки “бори дигар ба ҳамаатон барои ин ҳама ихлос ва муҳаббате, ки дар ин ҳама сол ба мо намоиш додед, изҳори сипос мекунам. Ҳам ба ҳамкорон ва ҳам ба якояки хонандагону тамошобинони мо”!

Чаро Шокирҷон Ҳакимов ду моҳ боз дар ИВС нигоҳ дошта мешавад?

0
Акс аз саҳфаи Фейсбукии проф. Шокирҷон Ҳакимов ба орият гирифта шудааст

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ду моҳ пеш боздошт шуда буд, то ҳол дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ дошта мешавад.

Гуфта мешавад, ин профессор ва ҳуқуқдони тоҷик аз рӯзи боздошт, 12-уми июли соли ҷорӣ то ҳол дар тавқифгоҳе нигоҳдорӣ мешавад, ки тибқи қонун шахси муттаҳам дар он ҷо аз 72 соат зиёд набояд нигоҳ дошта бишавад. То ин муддат бояд дастури озодӣ ва ё боздошти муттаҳам расман содир шавад ва сурати судури фармони боздошт, бояд бо қарори додгоҳ ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) интиқол бидиҳанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, яке аз далоили нигоҳ доштани Ҳакимов дар тавқифгоҳи кӯтоҳмуддат напазируфтани иттиҳомоти элоншуда алайҳаш аст. Манбаъ гуфта, ки “Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфтааст”. Вале ҳеч масъуле нагуфтааст, ки чаро ва бо кадом далел ӯро ду моҳ боз дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ медоранд.

Ҳамчунин ин расона аз манбаи худ, ки “наздик ба тафтишот” гуфта мешавад, хабар дод, “яке аз иттиҳомҳо дар парвандаи Шокирҷон Ҳакимов ба изҳори назарҳои ӯ дар пайванд ба равобити Тоҷикистону Чин дар расонаҳо марбут аст.”

Гуфта мешавад, наздикони Шокирҷон Ҳакимов аз замони боздошт то ҳол ба ӯ ӯроку либос мебаранд, вале ӯро наметавонанд бубинанд. Танҳо вакили мудофеъ тавонистааст, ки бо ӯ гап занад.

Тибқи иттилои манбаъ, “ӯро саҳару бегоҳ ба ҳавохӯрӣ мебароранд”. Наздиконаш гуфтаанд, “пеш аз боздошт Ҳакимов муолиҷа мегирифт ва ҳоло ҳам баъзе доруро барояш ба тавқифгоҳ мебаранд.”

Ҳамзамон мақомоти тоҷик то ҳанӯз ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд, ки далели асосии боздошти муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чӣ буд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август боздошти Шокирҷон Ҳакимовро ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон марбут донист. Ӯ дар ин нишаст Усмонзодаро расман ба “кӯшиши табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият” муттаҳам кард ва афзуд, ки нисбати муовини аввали раиси ин ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода, инчунин Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи боз шудани парванда алайҳи “чанд нафари дигар” ҳам хабар дод, вале аз онҳо ном набурд.

Узбекстон кишварҳои узви СҲШ-ро ба ҳамкорӣ бо Толибон даъват кард

0

Раиси Хадамоти давлатии бехатарии Узбекистон аз ҳамтоёнаш дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай даъват кард, ки бо Толибон ҳамкорӣ кунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Узбекистон, 4-уми сентябри соли ҷорӣ генерал-лейтенант Абдусалом Азизов, раиси Хадамоти давлатии бехтарии ин кишвар корзори муборизаҳои Толибон бо нерӯҳои шохаи Хуросони ДИИШ-ро сутудааст.

Ҳамзамон Абдусалом Азизов ҳамтоёнашро дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҳузури намояндаҳои Толибон даъват ба ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти дохилии ҳукумати муваққати Афғонистон карда, гуфтааст: “Душманро бояд якҷоя ва бо такя ба принсипи тақсимнашавандаи амният мағлуб кард.”

Ба қавли расонаҳои узбекистонӣ, инчунин ӯ таъкид кардааст: хадамоти махсуси Афғонистон бо гурӯҳи террористии “Давлати исломии Вилояти Хуросон” (ДИВХ, ячейкаи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистон) мубориза мебаранд ва муваффақиятҳо доштааст.

Вай инчунин қайд кард, ки заиф кардани чораҳои муқобил дар Афғонистон метавонад ба тақвияти шохаи Хуросони ДИИШ оварда расонад. Қавӣ шудани шохаи Хуросони ДИИШ метавонад таҳдиди мустақим ба амнияти тамоми минтақа бошад. “Бинобар ин, кумак ба Афғонистон дар мубориза бо терроризм яке аз омилҳои калидии таъмини субот дар Осиёи Марказӣ номида мешавад.”

Гуфта мешавад, ин изҳороти раиси Хадамоти давлатии бехтарии узбекистон дар нишасти муштараки Кумитаи минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон оғоз шуд, садо додааст. Ин нишаст имрӯз, 5-уми сентябр ба кори худ анҷом мебахшад.

Тотористон содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

0

Торористон дар давоми як соли ахир дар ҳаҷми 35 миллон доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ содир кардааст.

Дар ин бора 4-уми сентябри соли 2024, расонаҳои русӣ аз қавли Олег Коробченко, муовини Сарвазири Тотористон, ки дар як нишасте дар шаҳри Душанбе гуфтааст, хабар доданд.

Ба қавли манбаъ, Олег Коробченко дар шарҳи ин иттилоъ гуфтааст: “Мо 35 миллион тонна нафт истихроҷ мекунем ва то 70 дарсадашро коркард менамоем. Тоҷикистон шарики стратегии мо дар масъалаи содирот мебошад. Ва ман фикр мекунам, ки интиқол бояд афзоиш ёбад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди маҳсулоти нафтӣ лозим дорад ва содироти минбаъда ба таври мувофиқ амалӣ карда мешавад.”

Муовини Сарвазири Тотористон ҳамчунин қайд карда, ки ширкатҳои нафтии Тотористон имконияти гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар ҳудуди Тоҷикистонро бо мақсади ҷустуҷӯи кони нафт баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди бозорҳои наздиктар ва арзонтари нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар минтақа, ба мисли Қазоқистону Туркманистон ва Эрону Озарбойҷон Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз се даҳа аз ҳукуматдориаш пайваста талош кардааст, ки Тоҷикистонро ба нафти содиротии Русия вобаста нигаҳ бидорад ва ҷониби Русия ҳам ҳар вақте бихоҳад қимати маҳсулоти нафтиро каму зиёд карда, аз ин тариқ болои мардуми кишвар фишор меорад.

Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои низомии Узбекистон

0

Расонаҳои Узбекистон аз оғози размоиши низомии зидди террористӣ дар Тошканд, пойтахти ин кишвар хабар доданд.

Ин размоиши низомӣ имрӯз ва фардо (4-ум ва 5-уми сентябр) таҳти номи “Шарқ зидди террористӣ 2024” бо ҳузури низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, размоиши “Шарқ зидди террористӣ 2024” барои аввал аст, ки дар Узбекистон баргузор мешавад. Раисҷусҳури Узбекистон Шавакт Мирзоев иброз дошт, ки ин размоиши муштарак тавонмандиҳои низомиро барои муқобила бо терроризмро боло мебарад.

Ҳадафи ин размоиш “тақвияти маҳоратҳо ва тавонмандиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқобили ҳамлаҳои террористӣ” баён шудааст.

Дар ҳошияи ин размоиши зидди террористӣ нишасти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мақобила бо ифротгароӣ ва терроризм баргузор шудааст.

Тоҷикистон, Русия, Беларус, Озорбойҷон, Узбекистон, Малдова ва Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.