Хона блог саҳифа 183

Қасди фурӯхтани кӯдак дар ноҳия Ашт

0

Як зани 34-сола дар ноҳияи Ашт бо гумони қасди фурӯхтани кӯдаки навзод аз ҷониби пулиси ноҳия боздошт шудааст.

Ба навиштаи Авесто, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз гумонбар Муқаддас Мададова ном бурда, ӯро дар анҷом додани ҷинояти мувофиқи моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Муомилоти ғайриқонунии ноболиғон” муттаҳам медонад.

ВКД мегӯяд, ин зан қасд дошта, ки як кӯдаки навзоди якмоҳаро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ бифурӯшад. Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда, Муқаддас Мададова чор маротиба шавҳар карда, соҳиби 5 фарзанд аст.

Аз фарзандон якеро ба фарзандхондӣ додаву, дутои дигараш ба хонаи кӯдакон дода шудаанд ва танҳо духтари хурдиашро худаш тарбият мекунад.

Гуфта мешвад, Мададова он навзоди якмоҳаеро, ки мехостааст бифурӯшад, писари худаш будааст. Аммо назари худи гумонбар ва ё наздиконаш дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст. Ва маълум нест ангезаи чунин кораш дақиқан чӣ будааст.

ВКД мегӯяд, дар ҳоли ҳозир парвандаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Боздошити ду ноболиғ бо гумони дуздӣ. Кӣ гунаҳкор аст?

0

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду навҷавони ноболиғро, ки дар дуздии пул гумонбар ҳастанд, боздошт кард.

Гуфта мешавад, ин ду навҷавон дар пайи шикояти Камолов Зубайдуллои 36-сола, ки иддао карда, аз дохили мошинаш 20 ҳазор сомонӣ дуздида шудааст, боздошт гардиданд.

Ба гуфтаи ӯ, шахсони номаълум вориди мошинаш шуда, пулҳояшро дуздидаанд. Камолов мегӯяд, мошинашро дар сари роҳ дар минтақаи Гипроземи ноҳия Сино гузошта фаромӯш кардааст дари мошинашро бо калид бибандад.

Пас аз шикояти ӯ кормандони пулиси ноҳияи мазкур амалиёти аперативию-ҷустуҷӯиро шуруъ карда, дар натиҷа ду ноболиғ бо гумони дуздӣ боздошт шуданд. Ба иттилои пулиси ноҳияи Сино, тафтишот муайян карда, ки ноболиғон чун мебинанд, дари мошин бо калид баста нашудааст, “аз фурсат истифода бурда, вориди мошин шуданду 20 ҳазор сомониро дуздиданд.” Пулис ҳувияти ноболиғонро нашр накардааст, танҳо гуфта шуда, ки онҳо 13-солаанду яке сокини шаҳри Душанбе ва дувумӣ сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.

Ба итиллои Вазоррати корҳои дохилӣ, дар байни ноболиғон ҷинояткорӣ афзоиш ёфта, дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ 332 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 74 ҳолати ҷиноят зиёд мебошад.

Аммо мунтақидони ҳукумат мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон қонуни масъулияти падару модарро қабул кард ва бо қабули он дари масҷду мадрасоҳоро, ки одатан кӯдакон тарбияҳои ибтидоиро аз он ҷойҳо мегирифтанд, ба рӯи онҳо баст. Ва танҳо бо қабули ин қавонин нав хост аз волидон пул ситонад ва онҳоро ҷарима бандад. Дар ҳоле, ки мебоист дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ ва тарбиявиро роҳандозӣ кунад, то навҷавонон дар кӯчаҳо оворагард нашаванду даст ба ҷинояткорӣ назананд.

Оғози парвозҳо байни Калининград ва Бохтар

0

Ширкати ҳавопаймоии Нордвинд Эйрлайнс (Nordwind Airlines) эълон кардааст, ки парвозҳои худро ба самти Калининград-Бохтар оғоз мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, 12-уми сентябри соли 2024 ширкати ҳавопаймойии Нордвинд Эйрлайнс парвозҳои мустақими худ байни шаҳрҳои Калинингради Русия ва Бохтари Тоҷикистонро оғоз мекунад.

Пойгоҳи телеграмии ин ширкат хабар додааст, ки ин парвозҳо ҳафтае як маротиба аз шаҳри Бохтар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Калининград, Махачқала ва ғайра сурат мегиранд.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки “аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Nordwind парвозҳои мустақими мунтазам аз шаҳри Қазони Русия ба шаҳри Бохтари Тоҷикитсон оғоз мегардад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.”

Оғози парвозҳои нав байни шаҳрҳои Руися ва Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурӯдгоҳҳо ва марзҳои заминии худ ба Ватан боз пас фиристоданд. Ва муҳоҷирон аз он шикоят мекунанд, ки мақомоти ин кишвар тафтишро сахт карда, бо баҳонаҳои зиёд онҳоро ихроҷ мекунанд.

Намoиши китоб дар Душанбе қадаме барои маҳви бесаводӣ

0

Фардо 4-уми сентябр, дар назди бинои нашриёти Вазорати фарҳаги Ҷумҳурии Тоҷикитон ба муносибати Рӯзи китоб намоиши фурӯши китоб баргузор мешавад.

Тавре АМИТ ”Ховар” ба такия ба Вазорати фарҳаги Тоҷикистон хабар дода, ки Раҳмоналӣ Мирализода сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти ин вазорат гуфта, ки дар ин намоиш-фурӯши китоб нашриёти тобеи Вазорати фарҳанг ва дигар нашриёт китобҳои тозанашри худро ба фурӯш мегузоранд. Ӯ мегяӯд, хонандагон ва дӯстдорони китоб инчунин метавонанд  бо муаллифони китобҳо аз наздик шинос шаванд ва аз онҳо соядаст бигиранд.

Ба иттилои расонаҳо, дар Китобхонаи милли Тоҷикистон низ ба мунсибати Рӯзи китоб – рӯзи дарҳои боз эълон шудааст.

Қарор аст мсъулони китобхона меҳмононро ба шароити ин китобхона ошно кунанд. Масъулон ҳадаф аз ташкили ин чорабиниро “баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби омаи мардум ба китоб хондан” арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, мақомоти кишвар соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардаанд. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби масъулин озумуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ” дар соли 2024 них эълон шудааст, ки барои барандаҳо аз 15 ҳазор сомонӣ то 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза ваъда шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки таҳлилгарон сатҳи китобхонии мардуми тоҷикро баҳои паст дода, мегӯянд, насли ҷавони Тоҷикистон чандон алоқае барои хондани китоб надорад ва талошҳои ҳукуматро дар ин самт нокофӣ медонанд.

Сафари Путин ба Муғулистон, оё ӯ боздошт мешавад?

0

Рӯзи душанбе Владимир Путин, расиҷумҳури Русия бо як сафари расмӣ вориди Муғулистон шуд.

Дар фурӯдгоҳи Улан Батори Муғулистон Владимир Путинро мақомоти расмии ин кишвар пешвоз гирифтанд.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ моҳи марти соли гузашта ҳукми боздошти Владимир Путинро бо итиҳоми иниқоли садҳо кӯдаки украинӣ ба Русия содир карда буд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Муғулистон хостааст, аз вуруди Владимир Путинр ба ин кишвар пешгирӣ ва ӯро боздошт кунад. Гуфта мешавад, Муғулистон узви Додогоҳи байналмилалии ҷиноӣ буда, муввазаф аст Владимир Путинро боздошт кунад.

Дар ҳамин ҳол Украина низ аз Муғулистон хостааст Путинро боздошт кунад.

Русия ҳамеша ин итиҳомотро рад карда ва ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро “дорои ангезаи сиёсӣ” медонад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин сафар барои он ба Русия аҳмият дорад, ки хатти лӯлаи газ аз Русия ба Чин аз масири Муғулистон мегузарад. Русия чанд сол боз аз сохти хатти лӯлаи газ барои интиқоли 50 миллиард мукааб газ аз Русия ба Чин суҳбат мекунад.

Тазоҳуроти густарда дар Исроил ва талаби истеъфои Натанёҳу

0

Шаби гузашта дар Телавив, пойтахти Исроил садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромада, даст ба тазоҳуроти густарда заданд.

Пас аз пайдо шудани ҷасади шаш асири исроилӣ дар Ғазза, мардуми ин кишвар ба хиёбонҳо рехтанд ва сарвазири ин он Бинёмин Натанёҳуро “қотил” хитоб карда, шиор медоданд, ки маҳз ӯ дар қазияи асирон ва раванди сулҳ кӯтоҳӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, ба ҷуз Телавив боз дар чандин шаҳрҳои дигари Исроил мардум даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, ин тазоҳурот ва хашми шаҳрвандони ин кишвар аз ҳукуматаш бесобиқа будааст.

Тазоҳургарон дар шаҳри соҳилии Қайсария бо маъмурони пулис даргир шуда, ба маҳалли сукунати Бинёмин Натанёҳу рафтанд. Онҳо аз давлати Исроил, аз ҷумла сарвазир хостанд, ки барои барқарории оташбас ва бозгардонидани гаравгонҳо ҳарчи сареъ иқдом кунад.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти саросарӣ дар Исроил боис шуда, ки аксари хадамоти умумӣ, аз ҷумла ҳаракати мошинҳо ва ҳамлу нақли шаҳрӣ, бонкҳо, мактабу бемористонҳо ва аксари парвозҳо дар фурӯдгоҳҳо таътил шаванд.

Дар ҳамин ҳол шоми 02-уми сентябр Кохи Сафед эълом кард, ки Ҷо Байден, расиҷумҳури Амрико дар пайи хашми мардум ва тазоҳуроти густарда дар Исроил аз Бинёмин Натанёҳу интиқод карда, гуфтааст, ки ӯ “ба андозаи кофӣ” барои расидан ба ин тавофуқнома талош намекунад. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки “Мо (дар мавриди оташбаси Ғазза) дигар бо Натанёҳу музокира намекунем, балки бо ҳамтоёни худ дар Миср ва Қатар дар ҳоли музокира ҳастем.

Ба иттилои Кохи Сафед, Байден бо тими Амнияти миллии худ барои таъйини стратегияи пешбурди таҳофуқномаи ниҳоии оташбас ҷаласа баргузор кардааст. Ва ин бор раисҷумҳури Амрико бидуни машварат бо Натанёҳу тавофуқномаи оташбаси Ғаззаро баррасӣ мекунад.  

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи октябри соли гузашта артиши Исроил Навори Ғаззаро бомборон мекунад. То кунун талошҳое барои ба даст омадани оташбас сурат гирифтааст, аммо дар ҳеч кадом тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Тибқи охирин омори Вазорати беҳдошти Фаластин, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то имрӯз 40 ҳазору 819 нафар ҷон бохтанд, аксри онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва ҳамчунин наздики 95 ҳазор нафар дар ин даргириҳо захмӣ шудааст.

Иштибоҳи Раисӣ ва Раҳмон

0

Сафири Тоҷикистон дар Эрон фош кард, ки дар вақти таҳия Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағв кардани раводид ҷонибҳо ба муҳтавои он дуруст аҳамият надода буданд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст: “замоне ки он тасвибнома омода шуд, ба ҷои ин ки бинависанд лағви виза миёни Тоҷикистон ва Эрон барқарор мешавад, навишта шудааст миёни Душанбе ва Теҳрон лағви раводид барқарор аст.”

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Эрон, ба хотири ҳамин як иштибоҳ аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳама мусофироне, ки аз Душанбе ба Теҳрон ва ё аз Теҳрон ба Душанбе сафар мекунанд, виза лозим надоранд, аммо дигар ҳама мусофироне, ки барои мисол аз Машҳад ба Хуҷанд ва аз Кӯлоб ба Киш ва ё баръакс ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекунанд, бояд виза дошта бошанд.

Ҳамзамон Низомиддин Зоҳид аз гарон будани нархи сафар гила карда, гуфтааст, ки яке аз далелҳои дигаре, ки бо гузашти 20 рӯз аз лағви раводид ҳамоно теъдоди мусофирон байни ду кишвар камтар аст, гарон будани нархи билети ҳавопаймоҳо мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон қасд дорад ба хотири осонтар кардани рафту омади сайёҳон дигар хатсайраҳои нави мусофирбарӣ байни бузургшаҳрҳои Тоҷикистон ва Эронро ба роҳ бимонад. Ин хатсайрҳои ҷадид пас аз ислоҳи тавофуқномаи лағви виза байни Тоҷикистон ва Эрон байни Шерозу Душанбе ва байни Кишу Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Тафтишу бозпурсии сахти шаҳрвандони тоҷик дар фурӯдгоҳҳои Русия

0

Аксари мусофирони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, аз он шикоят доранд, ки дар фурӯдгоҳҳои ин кишвар мавриди тафтишу бозпурсии бесобиқа қарор мегиранд.

Як муҳоҷири тоҷик рӯзи душанбе ба Azda tv гуфт, ки рӯзи гузашта аз тариқи Тошканд ба шаҳри Самараи Русия сафар кард, расидан баробар тамоми шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ба дигар бинои ҷудогона гузаронида, хеле тафтиши сахт карданд.

“Маъмурони фурӯдгоҳ ҳатто телефонҳоро ҷустуҷӯ карда, тамоми паёмҳо ва ин ки аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунемро тафтиш карданд. Баъзан вақт як касро соатҳо тафтиш мекунанд”, – мегӯяд манбаъ.

Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, вақте сабаби чунин тафтишу бозпурсии мақомоти амниятӣ ва гумруки фурӯдгоҳро пурсон шудам ва гуфтам, ки ман шаҳрвандии Русияро дорам, дар ҷавоб гуфтанд, ки “Барои мо фарқ намекунад, ки шумо шаҳрвандии Русияро доред ё на, ҳамин ки аслат тоҷикистонӣ асту ба ин кишвар рафтуомад дорӣ, бояд аз тафтиши махсус гузарӣ.”

Ба гуфтаи манбаъ, маъмурони фурӯдгоҳ таъкид кардаанд, ки “Мо вазифадор шудаем, ки муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сӯзан гузаронем. Зеро нисбати шумо ҳушдори зиёд гирифтаем.”

Чандест муҳоҷирони тоҷик аз вуруд ба хоки Русия шикоят мекунанд. Наворҳое, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки марзбонони Русия ҳам дар марзҳои заминӣ ва ҳам дар фурӯдгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро сахт тафтиш мекунанд ва ҳатто аксари онҳоро барои ворид шудан ба ин кишвар роҳ намедиҳанд ва ба Ватан бозпас мефиристанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии ин ду ҳодиса зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, мақомоти Русия шароитро барои муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён душвортар кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти Русия бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ҳазорҳо муҳоҷири бегуноҳ, ки кору зиндагии худро доштанд, боздошт ва ихроҷ шуднд. Вале то ҳол мақомоти Тоҷикистон барои сабук кардани мушкилоти онҳо талоши чашмрасе надоранд ва хомӯширо пеш гирифтаанд.

Соҳаи маориф ва “Рӯзи дониш” дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон тибқи маъмул 1-уми сентиябр дар тамоми муасисаҳои таълимӣ рӯзи аввали хониш шуруъ шуд.

Ба вуҷуди он ки 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе, рӯзи таътилӣ рост омад, Вазорати маориф ва илми кишвар ин рӯзро рӯзи дарси эълон кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро баъд аз бозсозӣ мавриди истифода қарор дода ва дар онҷо суханронӣ кард. Ӯ зимни суханронияш хостори таҳияи қонуне дар марвди “боло бурдани мақоми омӯзгор” шуд. Ӯ инчунин аз тарки касб кардани омӯзгорон ва камбуди омӯзгорони босавод изҳори нигаронӣ карда, хостори ҷалби донишомӯзон ва донушҷӯён ба касби омузгорӣ шуд. 

Рӯзи 1-уми сентябр, айнан баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарбияи наврасон Раёсати корҳоии дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки 11 хонандаи мактабро дар ҳолати мастӣ боздошт карданд.

Гуфта мешавад, хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и мактаби миёнаи № 56-и ноҳияи Синои пойтахт барои таҷлили “Рӯзи дониш ва сулҳ” дар тарабхонаи “Роҳат” зиёфат ташкил карда, нӯшокии спиртӣ масраф кардаанд ва дар ҳолати мастӣ аз сӯи пулис боздошт шуанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, падару модорони донишомӯзоне, ки дар ҳолати мастӣ боздошт шуда буданд, ҳамроҳи фарзандонашон барои суҳбат даъват шудаанд.

Нуктаи дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш таъкид кард, масъалаи афзоиши маблағгузории давлатӣ дар соҳаи маориф аст. Ӯ таъкид кард, соли 2024 дар ин соҳа 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ буҷет ҷудо шудааст, ки “5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гуфтаҳои худи ӯ, соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ, соли 2023 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо гардида буд. Ба иддаои Эмомалӣ, ҳамасола беш аз даҳ дарсад буҷети соҳаи маориф афзоиш меёбад.

Иддаои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди афзоиши маблағгузорӣ дар соҳаи маориф дар ҳале аст, ки мунтақидон мегӯянд, аз ҳама пасттарин маошро омӯзгорон мегиранд ва баракси гуфтаҳои раисҷумҳур, соҳаи мавориф фасодзадатарин соҳа дар кишвар аст ва сол то сол мушкилоти ин соҳа бештар мешавад. Таҳлилгарон сабаби мушкилотро дар набудани стратегия хуби таълимӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ дар ин соҳа ва кам будани маоши омӯзгорон медонанд. 

Арманистон узвияташро дар СПАД боз дошт

0

Арманистон эълон кард, ки узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) боз доштааст.

Никол Пашинян такид кардааст, ки дар ояндаи наздик низ ба иқдомоти ҳамсон даст хоҳад зад, аммо ӯ равшан нагуфт, ки оё кишвараш аз ҳайати СПАД берун мешавад ё на.

Ӯ танҳо гуфт, барои ба таври комил хориҷ шудан аз СПАД дар вақти лозима мақомдорони Арманистон тасмим хоҳанд гирифт.

Ҳангоми сар задани муноқишаҳо байни Арманистон ва Озарбойҷон, Эреван аз нерӯҳои СПАД барои муқобила бо Озорбойҷон дархости кумак кард, аммо ин созмон ҳеч эътиное ба дархости ин кишвар накард, дар ҳоле, ки нерӯҳои низомии ин созмон соли 2022 барои муқобила бо тазоҳуротгароне, ки дар натиҷаи гарон шудани қимати сӯзишворӣ дар Қазоқистон ба хиёбонҳо баромада буданд, вориди ин кишвар шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки СПАД соли 2002 бо ташаббуси ҷониби Русия ташкил шуда, ҳоло шаш кишвар – Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қиғизистон ва Русия узви ин созмони амниятӣ мебошанд
ва ҳадафи аслӣ таъмини амнияти кушварҳои узви он гуфта мешавад.