21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 193

Афзоиши гардиши мол байни Афғонистон ва Узбекистон

0

Толибон мегӯянд, ки дар соли гузаштаи мелодӣ гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Афғонистон ва Узбекистон зиёда аз 260 миллион долларро ташкил додааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон гуфтааст, ки гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Афғонистон ва Узбекистон дар соли 2023 ба 266 миллион доллар баробар шуда, ки ин рақам дар соли 2022 ҳамагӣ 44 миллион доллар будааст.

Абдуссалом Охунзода, сухангӯи ин вазорат ба расонаҳо гуфтааст, ки Афғонистон бо Узбекистон тиҷорати дуҷониба дорад. Афғонистон дар давоми соли 2023 ба арзиши 27 миллион доллар ба Узбекистон маҳсулот содир карда аст ва ба арзиши 239 миллион доллар ҳам аз Узбекистон молу маҳсулот ворид кардааст.

Гуфта мешавад, Афғонистон ба Узбекистон меваи хушк, оби мева, зардолу, кунҷид, қолин ва ғайра содир мекунад. Аммо аз Узбеикистон нерӯи барқ, орд, лубӣ, доруҳои миниралӣ, газу сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад. Узбекистон бар хилофи Тоҷикистон тавониста муносиботи хуберо ба Толибон ба роҳ монад ва аз ин тариқ бахше аз бозори истеъмолии онро низ ба даст бигирад.

Нигаронии ПМТ аз афзоиши тоҷикон дар сафи созмонҳои терруристӣ

0

Паймони миллии Тоҷикистон бо ирсоли як намо ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз афзоиши ҷалби ҷавонони тоҷикитсонӣ ба сафи созмонҳои терруристӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми январи соли 2024 Муҳиддин Карбирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба унвони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои узви он як нома фиристодаа ст.

Ба қавли манбаъ, раиси ПМТ бо ирсоли номае ба унвони Сомзони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои узви он “аз афзоиши ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои террористӣ, аз ҷумла дар ҳодисаи хунуни шаҳри Кирмони ҶИИ, онро натиҷаи сиёсатҳои саркубгароёнаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон” изҳори нигаронӣ кардааст.

ПМТ дар номаи худ таъкид кардааст, ки “ҳанӯз 10 сол қабл, коршиносону раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ, аз ҷумла роҳбарияти ҲНИТ ҳушдор дода буданд, ки сиёсатҳои иштибоҳӣ ва ҷоҳталабонаи раҳбарияти Тоҷикистон оқибатҳои бад барои кишвари мо ва минтақа дорад ва боиси рушди ифротгароӣ ва терроризм хоҳад гашт.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ин номаи худ ба унвони СҲШ ва кишварҳои узви он гуфтааст: “Боиси таассуф аст, ки равандҳои манфӣ, мисли худкомагӣ, саркубгарӣ, фасод ва хонаводагӣ шудани ҳокимият дар кишвар идома дорад, ки натиҷае ҷуз рушди бештари ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон нахоҳад дошт ва таъсири манфии ин раванд на танҳо ба амнияти кишвари мо, балки ба минтақа ва ҷаҳон ҳам расидааст.”

ПМТ муътақид аст, ки “сиёсатҳои иштибоҳӣ” ва “ҷоҳталабӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ва канор задани нерӯҳои муътадили сиёсӣ ва динӣ боис шудааст, ки мардум ва бахусус ҷавонон аз ворид шудан ба сиёсат бо роҳҳои мусолиматомез дилсард шуда, ба осонӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд ва “натиҷаи ин ҳама имрӯз руйи саҳна омадани ифротгароӣ ва терроризм ба ҷои нерӯҳои муътадили сиёсӣ ва динӣ мебошад.”

Гуфта мешавад, ин номаи раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва нигаронии дигар гурӯҳҳои мухолифин ва огоҳони ҷомеа дар ҳоле садо медиҳанд, ки дар тайи ду соли ахир пешмарга шудани ҷавонони тоҷикистонӣ дар амалиётҳои интиҳорӣ дар кишварҳои минтақа ва бахусус Афғонистон ва Эрон хеле зиёд шудааст.

Кор дар ин замина то ҷое расидааст, ки ҳатто Толибон, ки тайи беш аз ду соли ахир қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, аз афзоиши ширкати тоҷикистониҳо дар сафи гурӯҳҳои тундрав ва бахусус дар “Хуросон”-шохаи минтақавии ДИИШ дар Афғонистон нигаронӣ карда, Тоҷикистонро ба кишвари тавлиди “террористҳо” муттаҳам кардаанд.

Саркӯби расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон

0

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз се даҳаи дар сари қудрат будан, худро ҳамчун як ҳокими мутлақ муаррифӣ кард, ки таҳаммули мухолифатро надорад.

Дар гузориши солонаи ин кумита, ки рӯзи 4-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки даҳ сол пеш фазои расонаии Тоҷикистон нисбатан гуногун буд ва имкони интиқод ва баҳсу мубоҳисаҳоро дошт, ба шарте, ки расонаҳои маҳаллӣ ба мавзуъҳое чун раисҷумҳур ва хонаводаи бузурги ӯ дахолат намекарданд ва аммо имрӯз расонаҳои Тоҷикистон дар бадтарин ҳолати худ пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қарор доранд.

Баъди манъи фаъолияти ҳизби умдаи мухолифин (ҲНИТ) дар соли 2015, аксар расонаҳои мустақил маҷбур шуданд, ки баста шаванд ва “даҳҳо” хабарнигор кишварро тарк карданд.

Аммо CPJ мегӯяд, ки солҳои 2022 ва 2023 ва бахусус пас аз ҳодисаҳои хунини Бадахшон, саркӯби матбуот дар Тоҷикистон сахттар шуд ва дар ин ду сол 7 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон, чаҳор хабарнигор, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, аз 7 то ба 7.5 сол зиндон, Хушом Ғуломро барои 8 сол, Далери Эмомалӣ барои 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоеваро барои 20 сол равонаи зиндон карданд.

Шӯрои Ҳуқуқи башари Созмони Милал дар баёнияе мақомоти тоҷикро барои зиндонӣ кардани рӯзнониманигорон интиқод кард ва аз гузоришҳо дар бораи истифодаи шиканҷа барои гирифтани эътироф аз маҳбусон изҳори нигаронӣ кард.

Абдумалик Қодиров, раиси созмони мустақили “Медиа Алянси Тоҷикистон” дар суҳбат бо CPJ соли 2022-ро “суқути журналистикаи мустақили тоҷик” номидааст.

Инчунин мусоҳибони CPJ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо ду расонаи асосии мустақил – Азия Плюс ва Радиои Озодӣ боқӣ мондаанд, ки пайваста ба таъқибу таҳдид дучор мешаванд ва “Азия-Плюс” пас аз таҳдиди мақомот дар моҳи майи соли 2022 маҷбур шуд, ки инъикоси масоили сиёсиро камтар кунад.

Гузоришгарони CPJ мегӯянд, ки ҳукумат бо истифода аз абзорҳои давлатӣ, ба мисли идораи молиёт ё мақомоти интизомӣ ба расонаҳо фишор меорад ва ба расонаҳои гирифтори мушкилоти молӣ гӯшзад мекунанд, ки агар ба ҳарфи онҳо гӯш надиҳанд, ҷаримаи бузург мешаванд ё мудиронашонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар маҷмуъ чанд хабарнигори дигар ҳам бо шарти ошкор нашудани номашон ба CPJ гуфтаанд, ки соли 2022 фазои тарс дар кишвар бештар шуд, ки боиси афзоиши номуайянӣ дар бораи “хатҳои сурх” – мавзуъҳои мамнуъ гардид ва сатҳи бе ин ҳам баланди худсензураро дар байни хабарнигорон шадидтар кардааст.

Дар гузориши CPJ омда, ки ба Дастгоҳи Президент ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон почтаи электронӣ ирсол карда, хостори шарҳи ин вазъ шудааст, вале посухе нагирифтааст.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомии рӯзноманигорон мақомоти тоҷикро барои саркӯби расонаҳо интиқод мекунанд, аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷониби Тоҷикистон ин ҳамаро нодида гирифта, рӯз ба рӯз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуда истодааст.

Тоҷикистон бори дигар ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам шуд

0

Амрико бори дигар Тоҷикистонро ба хотири поймол кардани озодиҳои динӣ шаҳрвандон дар қатори кишварҳои “мавриди нигаронии хос” ворид кард.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 4-уми январи соли ҷорӣ гузориши тозаашро дар мавриди озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон нашр кард. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳамроҳи чанд кишвари дигар ба хотири нақзи шадиди озодиҳои динии шаҳрвандон мисли солҳои пештар дар қатори кишварҳои “мавриди нигаронии хос” ворид шудааст.

Аз ҷумлаи кишварҳое, ки дар онҳо озодиҳои динии шаҳрвандон ба шиддат поймол мешавад ва дар рӯйхати “мавриди нигаронии хос” ворид шудаанд, кишварҳои Бурма, Куба, Чин, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Никарагуа, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд. Ин дар ҳолест, ки аз байни ин ёздвҳ кишвар панҷтояш кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин ҳастанд.

Инчунин гуфта мешавад, поймолкунии ҷиддии озодиҳои динӣ дар кишварҳои дигаре низ ба мушоҳида мерасад, ки онҳо дар рӯйхатҳои боло ворид карда нашуданд. 

Амрико аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи динии шаҳрвандон поймол мешавад, хоста, ки аз ҳамла ба намояндагони ақаллиятҳои динӣ ва ҷойҳои ибодати онҳо, зӯроварии дастаҷамъӣ ва ҳабси тӯлонӣ барои баёни андешаи сулҳомез, саркӯбҳои фаромиллӣ ва даъват ба зӯроварӣ алайҳи ҷамоатҳои динӣ ва дигар қонуншиканиҳо хотима бахшанд.

Дар гузориш қайд гардида, ки масъалаи нақзи озодии динӣ дар саросари ҷаҳон сохторӣ, системавӣ ва амиқ реша давондааст. Ин кишвар аз оқибати чунин рафторҳои ҳукуматҳо дар баробари диндорон ва андешаҳои динӣ ҳушдор додааст.

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Эрон

0

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи душанбе, 8-уми январ ба Эрон сафар кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро раисони кумитаҳои парлумони кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои ин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон “афзоиши сатҳи ҳамкориҳои парлумонӣ байни Тоҷикистон ва Эрон” арзёбӣ шудааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки “ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии байни ду давлат то 500 миллион доллар” мувофиқат кардаанд.

Дар Теҳрон Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Шӯрои сломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот карда, ҳар ду ҷониб як ёддошти тафоҳумеро низ барои ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, ин сафари Рустами Эмомалӣ ва дигар мақомоти расмии парлумони Тоҷикистон ба Эрон дар ҳоле сурат гирифта, ки ҳамагӣ камтар аз як ҳафта пештар дар Кирмони Эрон ду таркиши хунине сурат гирифта буд. Бар асари ин таркишҳо наздик ба 100 нафар ҷонбохта ва беш аз 200 каси дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, яке аз омилони ин таркишҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Аз сӯи дигар, яке аз расонаҳои наздик ба Толибон, ки аксари вақт дар бораи фаъолияти гурӯҳи ДИИШ ва бахусус шохаи Хуросони он матлаб нашр мекунад, мақомоти Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи ҳаросафкан муттаҳам кардааст. Иттиҳоме, ки бо гузашти чанд рӯз ҳанӯз то замони нашри ин матлаб мақомоти Тоҷикистон ба он вокуниш нишон надодааст.

Мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро кӣ оташ зад?

0

Рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ мошини Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оташ гирифт, ки дар натиҷа худи ӯ осеб дида, пойи росташ шикастааст.

Тавре Радиои Озодӣ аз як манбааш дар мақомоти тафтишотии Кӯлоб хабар дод, сабаби оташ гирифтани мошини Салим Салимзода, ки навъаш “Шкода” мебошад, маълум нест. Ва мақомот гуфтаанд, ҳоло барои таҳқиқи ин ҳодиса тафтишотро оғоз карда, сабаби ин ҳодисаро мушаххас хоҳанд кард.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, мошини раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро “ба ташхис фиристодаанд ва натиҷаи онро мунтазиранд.” Мақомот барои чӣ гуна сар задани ҳодиса аз дӯконҳои наздик сабти наворҳои мадорбастаро талаб кардааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мошинҳои мақомдорон дар вилояти Хатлон оташ мегирад. “Шаби 26 ва 27-уми декабри 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси дафтари “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт ва ҳанӯз мақомот сабаби онро шарҳ надодаанд.”

Ба ҳамин монанд моҳи феврали соли 2023 мошини Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, собиқ додситони ноҳияи Восеъро дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. “Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон оташ задани мошини додситони ноҳияи Восеъро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода чор моҳ баъд аз ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор шуд.”

Ба тоҷик чӣ шудааст?

0

Вақте замзамаҳои ҳодисаи хунин ва мудҳиши ду инфиҷор дар шаҳри Кирмони Ирон ба гӯшҳо расид, нохост ва нохудогоҳ дар кунҷи дили бисёре аз ҳолдонон ваҳму тарсе омад, шояд тоҷике ё чанде аз тоҷикон аз омилони ҳодиса бошанд. Чанде нагузашта буд, ки эълом шуд, як тоҷикистонӣ дар анҷоми ин ҳодисаи оғушта ба хун даст доштааст. Шӯрбахтона, тахмини ин ҳисси ом (common sense) аз об дуруст баромад.

Бори нахуст аст, ки тоҷик худро то ба ин ҳад дар ҳолати ногувору нохушоянд меёбад. Чӣ тавр ворисони Ибни Синову Ҳофиз ва Румию Рудакӣ ва ворисони садҳо тан аз фарзонагони башарият доранд бар барчаспи ифротият маъруф мешаванд? Агар ҷавонони тоҷик дар як ё ду ҳодисаҳои террористӣ даст медоштанд, мегуфтем, ки аз дигар миллатҳо низ дар ин гурӯҳҳо ҳастанд, вале кор аз ин ҳад убур кардааст ва мутаассифона, дорад бо мурури замон ба як падидаи ҷадид табдил мешавад.

Миллате, ки дар тӯли таърих ба ҳамзистии мусолиматомез (Peaceful coexistence) на танҳо машҳур аст, балки бисёре аз сарзаминҳои аслии худро ба сабаби муболаға дар ҳамзистии мусолиматомез ба ҳамсоягонаш бохтааст, имрӯз дорад оҳиста-оҳиста барчаспи нописандидатар аз барчаспи манфии “Равшану Ҷамшуд”-ро касб мекунад.

Худам беш аз 15 сол дар Покистон будам, кишваре, ки дар он гурӯҳҳои мухталифи динӣ, мисли Алқоидаву ғайра фаъол буданд ва он ҳам дар замоне ки авзоъи гео-политикии минтақа дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ ва интиҳои ҷанги сард меҷӯшид. Шоҳиди он будам, ки ҳазорҳо ҷавони тоҷик дар Покистон бо вуҷуди шароити сахти иқтисодӣ ва бо вуҷуди ваъдаҳои додани имтиёзҳои моддӣ дар сурати пайвастан ва таблиғоти густурда ба гурӯҳҳои тундрав шомил нашуданд. Аз соли 1993 то 2001 ҳудуди 2 то 3 ҳазор ҷавони тоҷик дар Покистон буд ва тақрибан нисфи онҳо дар Пишовар буданд, минтақае, ки аз ҳама манотиқ дида меҷӯшид ва гурӯҳҳои тундрав онҷо фаъол ва машғули ҷазби аъзои ҷадид аз ҳисоби ҷавонон буданд. Аммо бовар мекунед, адади тоҷиконе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил шуданд, ба адади ангуштони даст буданд. Дар умум, тоҷикон дар Покистон сумъаи хубе доштанд ва ҳамчун миллате дорои камтарин гароиш ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ маъруф буданд ва мо аз ин ифтихор мекардем.

Вақте ҳодисаи 11-уми сентябри 2001 дар Ню-Йорки ИМА рух дод, мо дар ҳамкорӣ бо СММ ва сафорати Тоҷикистон дар Покистон ва мақомоти покистонӣ беш аз 2 ҳазор ҷавони тоҷикро, ки дар маърази хатари билқувваи ҷазб ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар буданд, аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол додем.

Як дӯсти соҳибназаре дорам, ки назарҳояш хеле муътабар аст, ҳамеша мегуфт: “Тоҷик террорист намешавад ва бовар накунед ҳар касеро, ки мегӯяд, ададе аз тоҷикон ба ДОИШ пайвастанд.” Агар далеле ҳам ба ӯ меовардам, мегуфт, шояд ин як ҳолати истисно аст. Акнун намедонам, ӯ ҳоло чӣ хоҳад гуфт.

Ба тоҷик дар Русия ва бархе кишварҳои пасошуравӣ барчаспи “Равшану Ҷамшуд” мезаданд, ҳоло оҳиста-оҳиста бар мо дорад барчаспи номатлуби ҷадиде “ифротият” зада мешавад. Аммо ин даъфа на танҳо дар миқёси кишварҳои собиқ Шӯравӣ, балки дар кишварҳои минтақаву ғарбӣ ва тамоми дунё. Ҳамчунин, ин бор масъала барчаспи “ифротият”-и дохилӣ тавассути тарафе ба тарафи дигар бар асоси манофеъи сиёсӣ нест, балки ба маънои воқеъии калима ва масъала ҷиддӣ аст.

Миллати тоҷик мисли ҳар миллати соҳибфарҳанг метавонад дар як мақтаъи замонӣ шароити сахти иқтисодию иҷтимоиро – мисли ҳамин замони мобаъди истиқлол – аз сар бигзаронад, аммо даст доштани фарзандони ин миллат ба таври чашмгир ва бештар аз ҳадди мутавассит дар ҳодисаҳои террористӣ масъалаи соддае нест, ҷои фикр кардан дорад, ба унвони як миллат, на ҳамчун гурӯҳе ё тарафе сиёсӣ ё динӣ ё на бар асоси таассуботи маҳаллӣ.

Аз ҳамин сабаб буд, ки вақте эълом шуд, дар ҳодисаи оғуштахуни Кирмон як тоҷикистонӣ даст доштааст, сарусадоҳое аз тарафи тоҷикон қариб аз ҳама гароишҳои динию сиёсӣ – чӣ дар шакли нигошта ва чӣ дар коментҳо – дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд шуд ва нигаронии худро ба шакле баён карданд. Аммо, мисли ҳамеша, ҳар кас ба масъала аз зовияи гароишҳои динӣ, ё сиёсӣ ё иҷтимоӣ ё маҳаллии хеш нигаристанд ва аз ин зовияҳои танг ҷӯёи авомили бурузи ин падидаи шум шуданд.

Миллатҳои бузургу қавӣ вақте мувоҷеҳи таҳдид ё падидаи номатлуби фаромиллӣ мешаванд, ихтилофоту кашмокашҳо бар мабнои гароишоту тамоюлоти сиёсию динӣ ва таассуботи маҳаллию қавмиро дар он масъалаи мушаххас канор гузошта, саъй мекунанд, авомили аслӣ ва заминаҳои он таҳдид ва падидаи номатлуби фаромиллиро бидуни ғараз биомӯзанд ва роҳҳои пешгирӣ аз онро дар сутуҳи мухталиф матраҳ бикунанд.

Ҳоло бештар аз ҳар замони дигар вақти он расидааст, ки тоҷикон авомили аслии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро беғаразона биомӯзанд ва ба худ ҷиддан суол кунанд, ба онҳо чӣ шудааст, ки доранд аз минтақаи ҳамзистии мусолиматомез фосила мегиранд.

Ва ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар суоли талх, аммо воқеъбинона, худро ба таври густурда матраҳ мекунад: Ба тоҷик чӣ шудааст?

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Вена

Эрон: Як ҳамлагари таркиши Кирмон шаҳрванди Тоҷикистон аст

0

Рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ Вазорати иттилоот (Амният)-и Эрон ҳувияти яке аз ду интиҳориро эълон кард, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки “аз ду террорсти кушташудаи интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳуивяти терористи дувум ҳанӯз ба сурати қатъӣ мушахас нагаштааст“.

Ин вазорат мегӯяд, фардои рӯзи таркиш – рӯзи панҷшанбе, иқоматгоҳи террористони интиҳорие, ки худро дар байни мардум тарконданд, дар атрофи шаҳри Кирмон пайдо шуда ва низ ду нафар аз пуштибонон ва таъминкунандагони онҳо ҳамонҷо шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Вазорати иттилооти Эрон мегӯяд, дар иртибот ба ҳодисаи таркиши ду рӯзи пеш боз 9 нафари дигарро аз 6 вилояти ин кишвар ҳамчун гумонбарон дар қазияи мазкур боздошт кардааст. Ин вазорат дар хабари худ чанд аксе низ нашр кардааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз дар бораи ин хабар ба таври расмӣ иттилое нашр накардаанд. Мақомоти Эрон низ ҷузъиёте аз ҳувияти ин шаҳрвнади Тоҷикистонро нашр накарданд ва маълум нест ӯ сокини кадом шаҳру ноҳияи кишвар аст.

Ёдовар мешавем, асри 3-юуми янавари соли 2024 дар минтақаи Гулзори Кирмон, мақарри қабри Қосим Сулаймонӣ, собиқ раҳбари нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ду таркиши пай дар пай сурат гирифт.

Тибқи охирин оморҳо, дар пайи ин таркишҳо 89 нафар кушта ва беш аз 280 нафари дигар захмӣ шудааст. Маросими баргузории ҷанозаи қурбониёни таркишҳои Кирмон имрӯз баргузор шуд.

Тайғироти кадрӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

0

Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд қарор муовини якум ва муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо кадрҳои дигар аз нав таъйин кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 5-уми январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қароре Насриддин Исматуллоро ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин кард.

Насриддин Исматулло то замони ба ин вазифа таъйин шуданаш дар мақоми Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон дар Бангладеш ифои вазифа мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ӯро аз мақоми сафирӣ озод карда буд.

Инчунин раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарори дигар Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда аст. Фаррух Шарифзода аз соли 2017 то 31-уми майи соли 2023 Сафири Фавқулъода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон буд.

Фаррух Шарифзода, писари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон марҳум Ҳумдин Шарипов аст. Марҳум Хумдин Шарипов яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат буд.

Гуфта мешавад, дар сохтори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар иловаи мақоми муовини якум, 4 мақоми муовинати дигар ҳам вуҷуд дорад. Дар чанд вақти ахир вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон танҳо ду муовин дошт, яке Имомӣ Содиқ Ашурбойзода ва Фарҳод Салим буданд ва се мақоми дигар, аз ҷумла мақоми муовини якум холӣ буданд.

Дар Екатеринбург ба садҳо муҳоҷир даъватномаи ҳарбӣ додаанд

0

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия мақомот аз охири моҳи ноябри соли 2023 то аввали соли ҷорӣ, ҳудуди 450 муҳоҷиреро, ки гуфта мешавад, аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд, сабти ном кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия ба расонаҳо гуфтаанд, ки ин рақам рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, аз ин шумора зиёда аз 150 нафарашон, ки шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, бо Вазорати дифои Русия созишномаи ҳарбӣ бастаанд.

То ҳол маълум нест, ки ин нафарон шаҳрвандии Русияро доранд ё не ва чанд нафарашон зодагони Тоҷикистонанд. Аммо расонаҳои русӣ менависанд, ки мақомоти ин кишвар дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба марказҳои савдо, хобгоҳҳо ва бозорҳои шаҳри Екатеринбург рафта, санҷиш ё “рейд” гузарондаанд.

Дар рафти ин санҷишҳо муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд дар рӯйхати ҳарбӣ сабти ном намуда, 15 муҳоҷиреро, ки аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар саркашӣ карда буданд, боздошт шудаанд.

Пештар аз ин шаби якуми январи соли ҷорӣ, мақомоти ин кишвар беш аз 3 ҳазор муҳоҷирро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт карда буданд, ки аз ин шумора дар асноди 600 муҳоҷир камбудӣ ёфтанд ва эҳтимол меравад зиёда аз 100 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон, мақомот дар байни муҳоҷирон бештар онҳоеро меҷустанд, ки нав шаҳрвандии Русияро дарёт кардаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ ва амниятии Русия моҳҳои охир даст ба боздошти муҳоҷироне зада истодаанд, ки тоза шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва чанде аз мақомдорони ин кишвар низ барои фиристодани муҳоҷирон ба ҷанг дар Украина ҳарф мезананд.

Чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гирифтани шаҳрвандии ин кишварро барои хориҷиён осон карда буд, ки ба гуфтаи коршиносон, ин тасмим барои сарбозгирии бештар аз байни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ равона шудааст.