Хона блог саҳифа 675

Боздошти сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми суистифода аз мансаб

0

Неъматулло Солеҳзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), бо иттиҳоми “суистифода аз мансаб” дастгир шудааст. Солеҳзода моҳи январи соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш дар Вазорати корҳои дохилӣ хабари боздошти Солеҳзодаро расман тасдиқ ё рад накарданд, аммо Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар суҳбат ба ин расона хабарро таъйид намуданд.

Манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 11-уми март гуфт, “фармони боздошти ӯ аз сӯйи додситони кулли Тоҷикистон пас аз тафтиши парвандаи кочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар сурат гирифт.”

Ҷузъиёти рабт доштани ин мақоми пулис дар кочоқи тиллову миллионҳо доллар ҳанӯз равшан нест. Неъматулло Солеҳзода, ки Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳунро роҳбарӣ мекунад, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён” низ дар ҳудуди ин ноҳия аст.

Солеҳзода дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад. Бар асоси иттилои манбаи Озодӣ, Неъматулло Солеҳзода хеши наздики яке аз мансабдори баландпояи Тоҷикистон аст ва имкон дорад, ин хешовандӣ ба сарнавишти минбаъдааш таъсир гузорад.

Ин ҳам дар холест, ки Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун аз боздошти Солеҳзода изҳори бехабарӣ карда гуфтаанд, ки се рӯз боз сари кор наомада аст. Ду шумораи мобилии ӯ рӯзи 11‑уми март фаъол набуданд.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, “шахсан дар ин бора хабар надорад”.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ахиран боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тилло ва миллионҳо долларро тасдиқ карда ва дар як гузоришаш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ чунин гуфт:

“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта ва мусодира гардид”.

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тайид карда гуфт, ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се корманди ин ниҳодаш низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ низ расман дар мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.

Ин қазия замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад кард.

Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки молу маҳсулоти ба қавли мақомоти тоҷик, кочоқӣ ба ӯ тааллуқ надорад.

Аммо сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ин тиллову маблағҳо ба Тоҷикистон расмӣ ворид шуда буданд. Зафар Муҳаммадиев дар нишасти матбуотии 11-уми феврали соли ҷорӣ дар ин маврид ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” чунин посух дод:

“Ин чизҳо буд ва ин гуна борҳо тариқи Узбакистон низ гузашта мерафт. Вай овард (шахси масъули ҷониби Афғонистон) дар сарҳад қайд кард, кормандони мо ба расмияти гумрукӣ дароварданд. Мушоият (ҳайати ҳамроҳикунандаи ин ниҳод)-и мо аз инҷо гирифт ба фурудгоҳи Душанбе бурда супорид. Аз фурудгоҳи Душанбе бояд ба Дубай мепарид”.

Коршиносон тахмин мезананд, ки дар ин қочоқ пойи кадом мақоми баландпояи кишвари Афғонистон дар васат ҳаст.

Рафтани Саймумин Ятимов ба Афғонистон ва баъд аз он садо додани вуҷуди низомиёни ҲНИТ дар Афғонистонро мухолифон як мубодилае медонанд, ки бар асари ин қочоқ ба вуҷуд омадааст. Вале маълумотҳои дигаре низ дар расонаҳо ба нашр расида, ки дар миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “баҳс танҳо бар сари 90 кг тиллову 15 млн доллар нест. Ин манбаъ мегӯяд, ҳарчанд ҳоло ба додгоҳ танҳо парвандаи пешгирӣ аз қочоқи 90 кг тиллову 15 млн доллар ворид шудааст, аммо давоми моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон 1 тоннаву 200 кило тилло ва 112 миллион доллар ба Дубай бурда шудааст.

Амалиёти боздошти ин гурӯҳ аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Нисбат ба кочоқи 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар нишондоди боздоштшудаҳо ҳаст, вале парванда аз рӯйи далели 90 кило тилло ва 15 миллион доллар баррасӣ мешавад. Ин ду мавриди алоҳида аст. Вобаста ба 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”.

Се маҳбус ба нишони эътироз даҳони худро дӯхтанд

0

Дар боздоштгоҳи муваққатии-1 шаҳри Бишкеки Қирғизистон се маҳбус ба нишони эътироз даҳони худро дӯхтанд. Дар ин бора хабаргузории “24.kg” аз кавли манобеи худ хабар дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин маҳбусон, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд ва тафтиши парвандаашон ҷараён дорад, алайҳи раҳбари тозатаъини боздоштгоҳи муваққатӣ эътироз кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории “24. kg”, раиси Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятии Қирғизистон Аскат Эгембердиев ҳозир нашудааст, иллати ҳодисаро шарҳ бидиҳад.

Ёдовар мешавем, ки собиқ роҳбари Боздоштгоҳи муваққатии-1-и шаҳри Бишкек Марса Юусупбеков, ки қаблан бо иттиҳоми суистифода аз мансаб гунаҳкор дониста ва ба муддати 4 сол дар калонияи ислоҳӣ маҳкум шуда буд, аз ҷониби Суди Олии Қирғизистон ҳукми ӯ бекор ва худи ӯро сафед ва ба кори худ барқарор карда шуд.

Пас аз дигарбора таъйин шудани Юсупбеков ҳамчун сардори Боздоштгоҳи муваққатии – 1 маҳбусон эътироз кардаанд ва аз муомилаи ӯ бо маҳбусон нигаронанд.

Эътирози мардум дар ноҳияи Восеъ, Ҷамолиддин Икромов заминҳояшонро гирифтааст

0

Дирӯз 10 март як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон аз он шикоят доштанд, ки Ҷамолиддин Икромов саҳми онҳоро аз заминҳои хоҷигидорӣ гирифтааст ва онҳо даромади дигаре ба ҷуз аз заминҳояшон надоранд.

Вақте сокинон аз Ҷамолиддин талаб кардаанд, ки заминҳояшонро баргардонад, ӯ гуфтааст, ҳар куҷое ки мехоҳед рафта шикоят кунед, касе ба додатон намерасад. На дар ҳукумат ва на дар вилояту на дар сатҳи Ҷумҳурӣ. Онҳо мегӯянд, сокинон агарчи маълумоти олӣ доранд, вале ҷое кор намекунанд, зеро ҷои кор нест. Мардум аз куҷо ёбанду рузашонро гузаронанд? “Мо додамонро ба куҷо бигӯем?”.

Як сокини норозии дигар изхор дошт, ки ин Ҷамолиддин 148 гк заминро аз худ кардааст, аз ин миқдор 140 гк-ашро гандум кишт карда, боқимонда миқдори ками заминро пахта мекорад ва корхонаи пахта ҳам аз худаш аст ва ҳамаи корро қалбакӣ дуруст мекунад, ки гӯё нақшаро иҷро кардааст.

Ба иддаои ин сокинон муовинони раиси ноҳия ва Ҷамолиддин мардумро ғорат доранд, “кадом рӯз ягон кор мешавад, бад ҳукуматдорон мефахманд, ки кори хуб накардаанд”.

Ҳафизов Амроқул сокини бригадаи 4 мегӯяд, “ман тамоми ин заминҳоро солҳои дароз об додам, ин Ҷамол аст бало аст кӣ аст, биёредаш пеши мо қабрашро ҳаминҷо меканем”.

Ба гуфтаи ин пирамард, ноҳияи Восеъ ҳеч раҳбари ғамхору мардумӣ надорад ҳаммааш ба фоидаи худ кор мекунанд на мардум. Агар ғами мардумро мехӯрданд, инҷо мо наздики 300 нафар ҷамъ омадаем ва касе аз ҳукумат ва намояндагони он назди мардум намеоянд. Ин мардуми ҷамъ омада ҳаққи худро талаб доранд, аммо сокинон мегӯянд, раиси маҳалла ва раиси ҷамоат ҳамроҳашон иштирок надоранд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери ин навор шарҳҳои зиёде навиштаанд. Аксари корбарон ин эътирозро ғайрат ва шуҷоати мардумӣ номида ба мардуми ба додомадаи ноҳияи Восеъ таҳсину офарин мехонанд.

Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва паноханда дар Аврупо дар саҳифаи фейсбукияш навишта ки “Офарин ба мардуми ҷасури ноҳияи Восеъ!”

“Дар баробари он, ки вабои нақзи ҳуқуқи инсон дар тамоми кишварамон паҳн гаштаасту ҳамагон аз он дар азобанд, мардуми шарафдори Восеъ ҷуръат карданд, ки дар бораи мушкилоташон  муроҷиати расмӣ ва расонавӣ кунанд, офарин!

Боварӣ дорам, ки агар чунин иқдоми неки ин мардумро дигар сокинони кишварамон барои барқарор шудани ҳуқуқ ва озодиҳои худ истифода баранд Тоҷикистон рӯ ба беҳбуди хоҳад овард. Мансабдорону ҳокимон набояд фаромуш кунанд, ки онҳо фақат кормандони кирояи халқ ҳастанд ва дар назди мардум бояд нисбати амалҳои худ ҷавобгӯ бошанд!”

Баргузории нишасти сулҳи Афғонистон дар Туркия

0

Дар назар аст авохири моҳи март дар Туркия нишасти сулҳи Афғонистон баргузор гардад. “Tolonews” аз қавли манобеъаш таъкид карда, ки Доктор Абдулло Абдулло низ дар ин нишаст ширкат хоҳад намуд ва дафтари Рёсати ҷумуҳурӣ дар ҳоли машварат бо бархе аз сиёсатмодорони кишвар дар бораи ин нишаст аст.

Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ низ ин хабарро тайид карда гуфта, ки нишасти сулҳи Афғонистон зери раҳбарии СММ баргузор хоҳад шуд ва ин нишаст яке аз муҳимтарин нишастҳое хоҳад буд, ки дар он тасмимҳои ниҳоӣ дар бораи сулҳ бо Толибон гирифта мешавад.

Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афгонистон ҳамзамон иброз дошта, ки дар ҳошияи ҳамоиш дар Туркия мулоқоти дигари сиёсатмадорони афғон ва намояндагони Толибон баргузор хоҳад шуд.

Котиби давлатии ИМА пештар дар номае ба унвонии раисҷумуҳри ин кишвар Ашраф Ғанӣ эълом дошт, ки дар паи мулоқоти сиёсатмадорони афғон ва намояндагони Толибон дар Туркия ҳамчунин мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони вижаи ИМА, Русия, Чин, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон дар назар аст.

Манбаъҳои наздик ба Толибон нишасти Туркияро таъйид кардаанд ва иброз доштаанд, ки намояндагони минтақа дар бораи низоми ояндаи Афғонистон машварат хоҳанд кард.

Муҳаммад Заланд, устоди донишгоҳи Баҳр бар ин назар аст, ки “Мулоқоти Туркия ки рӯзи 27 март анҷом хоҳад шуд, на танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистонро пайдо мекунад, балки бо ҳузури намояндагони ҷомеъаи ҷаҳонӣ тарафҳои афғон ба як роҳи ҳалли давомдор даст пайдо хоҳанд кард”.

Муовини аввали маҷлиси сенати ин кишвар гуфта, ки СММ метавонад, дар ҳамоҳангии барнома нақши барҷастае дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷаи Туркия аз дафтари Толибон дар Қатар дидан карда аст. Сухангӯи Ҳизби адолат ва тавсеъаи Туркия ҳам аз ҳамкорӣ барои ҳалли мунозиъот ва ҷанг дар Афғонистон хабар дода аст. Ӯ гуфта, ки кишвараш дар ин раванд як кишвари миёндаро ва сулҳовар хуҳад буд.

Рӯзи гузашта намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон бо бархе аз аъзои ҳайъати музокиракунанда дар Қатар дидору гуфтугӯҳо анҷом дода ва пеш аз нишасти Туркия қарор аст Москов то 8 рӯзи дигар нишастеро дар бораи сулҳи Афғонистон мизбонӣ кунад.

Дар назар аст дар ин нишаст намояндагони Толибон, намояндагони давлати Афғонистон ва ҳамчунин намояндагон аз кившарҳои минтақа ширкат намоянд.

Ҳалокати се нафар дар ноҳияи Айнӣ бар асари лағзиши тарма

0

Тибки иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар маҳалли Кумарғи болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд рӯзи 10 март бар асари лағзиши тарма се нафар чони худро аз даст доданд.

Гуфта мешавад, як нафар аз ҷонбохтагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дирӯз дар километри 550 роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31 роҳи Хоруғ – Ишкошим низ чанд мавриди лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон барои поксозии роҳ Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо намуда, ки корҳои зиёди бартарафсозии паёмадҳои лағзиши тармаву резиши сангхоро анҷом доданд. Кумита мегӯяд, ки роҳҳои кӯҳии кишвар бозанд.

Бо вуҷуди боз будани роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки аз сафарҳои гайри зарурӣ ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намуда ва хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд, чун хатари лағзиши тарма ҳоло ҳам вуҷуд дорад.

Барқарории парвозҳои доимӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон

0

Ҷумҳурии Қазоқистон парвозҳои доимии худро бо 14 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли Хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи граждании ин кишвра хабар дод.

Ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон парвозҳоро дар ҳамаи 45 хатсайри дохилӣ аз сар гирифтаанд.

Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати саноат ва рушди инфрасохтории Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар дод Ҷуҳурии Қазоқистон хамчунин иртиботи ҳавоӣ бо 14 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистону Русияро, ки қаблан бар асари пандемия қатъ шуда буд, барқарор кард.

Бар асоси ин хабар то  ба имрӯз ҳамаи парвозҳои дохилӣ дар 45 хатсайр бо 590 парвоз дар як ҳафта пурра барқарор карда шуда ва дар самтҳои байналмилалӣ парвозҳо ба 14 кишвар тадриҷан аз сар гирифта шуданд – Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус, Украина, Олмон, Узбакистон, Қирғизистон, Миср, Русия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Малдив, Шри-Ланка – дар 35 хатсайр бо 103 парвоз дар хафта  аз чумлаи ин кишвархо хастанд.

Пас аз оғози пандемия, Қазоқистон тақрибан ҳамаи парвозҳои дохилӣ ва хориҷиро мувақатан қаът кард. Аммо аз 1 майи соли гузашта мақомоти ин кишвар парвозҳои  дохилиашро аз сар гирифт. Ва инак сафарҳои байналмиллалиашро бо як қатор кишварҳо низ барқарор намуд.

Боздошти як имом-хатиб дар шаҳри Кулоб

0

Имомхатиби яке аз масҷидҳои шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора Sputnik хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона боздоштшуда Маҳмадсодиқ Саидов буда, 29 сол дорад ва аз соли 2016 инҷониб ҳамчун имомхатиб фаъолият менамуд.

Маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, 5-уми марти соли равон имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонбои Поён” – и шаҳри Кӯлобро кормандони мақомоти амниятии кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ боздошт кардаанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон то ба ҳол аз ҷузъиёти ин боздошт хабар надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористию экстремистӣ ворид  карда шуда ва то ин замон раҳбарони ҳизб ва садҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ироа намудаи мақомотро нисбати ҳизб рад намуда, зиндонӣ намудани аъзоён ва терористӣ хондани ҲНИТ-ро сирф сиёсӣ медонанд.

Сафари наздикҳангоми эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон

0

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни дидору гуфтугӯяш бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иборз дошт, ки як гурӯҳ аз мутахассисони хадамоти федеролии ҳуқуқи истемолкунандагон ва ҳифзи саломатии инсон (Роспотребнадзор) рӯзҳои наздик барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Тасмим дар бораи сафари эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар доираи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 баргузор гардид гирифта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ дар ҷараёни сафари кории мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон дар назар аст, ки онҳо аз озмоишгоҳҳои кишвар дидан намуда, ҳамзамон бо табибони тоҷик вохӯрӣ ва табодули таҷриба намоянд.

Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссия меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар кишвар масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.

Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифорӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки “набудани коронавирус дар Тоҷикистон” дар байни мақомоти Русия шубҳа эҷод кардааст ва онҳо тасмим гирифтаанд мутахассисони Роспотребнадзорро барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон бифиристанд.

Аз 11 март мусобиқаи сеюми Ҷоми “Лига-2021”-и Тоҷикистон шуруъ мешавад

0

Пагоҳ 11-уми март дар Гулистон мусобиқаи сеюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки дар он ин навбат ёздаҳ даста ширкат меварзанд. Мусобиқа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар мусобиқа, ки марҳилаи омодагии бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нави футбол мебошад, ёздаҳ даста ширкат меварзанд. Бозиҳо дар майдонҳои осоишгоҳи Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон баргузор мешаванд.

Тамоми хароҷоти молиявии баргузории мусобиқаи Ҷоми Лига-2021 аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар пушонида мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ ёздаҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд, ки ду гурӯҳ иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат аст. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳ аз рӯи миқдори зиёди холҳои бадастомада муайян карда мешавад.

Тибқи низомномаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойҳои аввалро сохиб мешаванд, дар финали мусобиқа бозӣ мекунанд.

Хонаводаи рӯзноманигори зиндонӣ ба кумак ниёз дорад

0

Рӯзноманигори тоҷик, Раҷабаи Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои Афкор” аз вазъи бади иқтисодии хонаводаи журналисти зиндонӣ, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабар додааст.

Раҷаби Мирзо аз корбарон хоста, ки ба хонаводаи ин рузноманигор, ки -“Бо чурми гирифтани 400 сомони ба 11 соли зиндон махкум шуд” кӯмак кунанд.

Ин рӯзноманигори тоҷик менависад, “Тибқи хабарҳои расида вазъи молиявии оилаи журналисти зиндонӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки барои гирифтани 400 сомонӣ ба 11 соли маҳбас маҳкум шудааст, бисёр вазнин аст ва ба кӯмак ниёз дорад. Онҳое, ки ба ин оилаи шӯрбахт кӯмак карданианд, бо рақами телефони оилаашон 987 07 27 78 метавонанд тамос гиранд.”

Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомот он замон гуфта буданд, ӯ аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Тафтишот гуфт, гӯё ин журналист ба як хонуме таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Гуфта мешавад, 11 сол ҳукми зиндони ин рӯзноманигорро додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ баровард. Созмонҳои ҳомии озодии матбуот ин ҳукмро, ки барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ гуфта шудааст, ин ҳукмро аз ҳад сангин медонанд.

Аммо ин ҳукми ягонаи Исмоилов нест. Дар соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи “Ашт валангор мегардад” ба муддати 11 моҳ зиндони муваккатӣ ҳукм доданд. Он замон Исмоиловро бо иттиҳоми “тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» маҳкум ба зиндон карда буданд. Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов боздошт ва ҳукми дуввуми зиндонашро идомаи интиқоми мақомоти маҳаллӣ аз фошгӯиҳояш дар матбуоти марказӣ меномад.

Тайи ин солҳо, ки чандин дафъа қонуни авф дар кишвар татбиқ шуд, ин рӯзноманигор умед дошт, ки исми ӯ низ вориди листи авф мешавад. Аммо то кунун чунин қонуне дар ҳақии ӯ татбиқ нашудааст.

Дар бораи хонаводаи ин рӯзноманигори зиндонӣ маълумоти зиёд пайдо накардем. Вале Радиои Озодӣ ҳануз дар соли 2014 аз вазъи бади иқтисодии ин хонавода навишта буд. Бино ба навиштаи ин сомона Маҳтоббӣ Абдуллоева пас аз зиндонӣ шудани ҳамсараш ҳамроҳ бо фарзандони кӯчакаш барои як муддат ба назди модари худ ба шаҳри Кӯлоб меравад ва дар давоми якуним сол то он замон талош кард, аз нӯги сӯзани гулдӯзӣ нони фарзандонашро пайдо кунад.

Дар баробари ин, ҳамсояҳо ва хешу наздикон ҳам ба ин хонавода дасти кӯмак дароз мекардаанд. Ҳамсари Исмоилов, Маҳтоббӣ Абдуллоева гуфта буд, ки соле ду бор ҳаққи дидор бо шавҳараш дар зиндонро дорад ва аз рӯи маълумоти вай, кӯмаки хурде, ки аз рӯи тавонаш ба ҳамсараш мебарад, ба таври пурра ба дасти ӯ намерасад.

Ин рӯзноманигор алакай 8 сол мешавад, ки бо иттиҳоми тамаъҷуӣ барои 400 сомонӣ дар зиндон аст. Дар ҳоле, ки Шаҳбоз Раҷабов як масъули Хадамоти гумрук, ки ӯро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2019 расман ба фасод муттаҳам карда талаб намуд, ки пулҳои аз давлат ғораткардаашро баргардонад, на танҳо зиндонӣ нашуд балки дар ҳукумат мансаби дигаре гирифтааст.

Ҳамин тавр Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро низ моҳи апрели соли 2017 дастгир карда буданд, ки аз хонаи падарии ин мансабдори давлатӣ 35 миллион доллар ёфта буданд. Ҳамон замон Хайрзода ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд, вале моҳи ноябри соли 2019 тибқи қонуни авф озод шуд.

Бо вуҷуди он, ки Давлатбек Хайрзода бар асоси қисми 4-и моддаи 319, яъне порагирии шахси мансабдор ба маблағи калон айбдор мешуд, пас аз камтар аз се соли зиндон раҳо гардид.