14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 202

Дар Тоҷикистон ҷазо барои таҷовузи ноболиғон сахттар мешавад

0

Дар Тоҷикистон ҷазо барои шахсоне, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ мекунанд, сахттар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон зери он имзо гузоштааст ва бояд мавриди амал қарор бигирад.

Чанде пеш парлумони Тоҷикистон ба чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки ин тағйироти ахир барои касоне, ки ба ноболиғон озори ҷинсӣ мерасонанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 солро пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле, ки ин қонун қаблан барои чунин ҷиноят аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Инчунин қозии додгоҳ, вобаста ба ҳаҷми ҷиноят метавонад шахси маҳкумро барои умрбод аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян маҳрум кунад.

Сахттар шудани ҷазо барои шахсоне, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ мекунанд, дар ҳолест, ки чанд соли ахир омори чунин ҷиноятҳо дар кишвар бештар шудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 сокини ноҳияи Шаҳринав Азизов Олимбойро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи писарамакаш ба 18 соли зиндон маҳрум кард. Инчунин моҳи сентябри соли 2020 Додгои шаҳри Душанбе Исанов Турғунҷон Жураевичро бо ҷурми таҷовуз ба номуси писарандар ва духтарандари хурдсолаш ба ҳабси якумра маҳкум карда буд.

Хабарҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон аз ҷониби бузургсолон, бавежа аз ҷониби наздикон як масъалаи доғе шудааст, ки чанд соли ахир зиёд расонаӣ мешавад. Равоншиносон зуҳури чунин ҷурму ҷиноятро дар ҷомеаҳо ба сабабҳои равонии худи афроди таҷовузгар рабт медиҳанд. Ба назари онҳо, ин гурӯҳ мардон ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷинсӣ худ дучори мушкил ҳастанд.

Дар робита ба ин қазия равоншиноси маъруфи тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров дар суҳбати катбӣ бо Azda tv чунин гуфта буд: “Аксари ин одамон бемории рӯҳӣ доранд, яъне сарҳади рафтори ахлоқии онҳо муайян нест. Ин гуна бемориро педофилия (пед – кӯдак, филия – дӯст доштан) меноманд. Яке аз сабабҳои педофилия ин аз хурдӣ зарби равонӣ ё зӯроварии ҷисмӣ хӯрдан аст: -яъне касе онҳоро ба кори ҷинсӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ё таҷовуз мешаванд. Сабаби пайдо шудани ин зуҳурот дар Тоҷикистон омадани мигрантҳо аз давлатҳои дигар ва овардани фарҳанги он ҷоҳост. Педофилҳо барои ҷомеъаи мо хатарноканд.

Рушди ҳамкории байнипарулмонӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

0

Рӯзи 28–уми ноябри соли ҷорӣ ҳайате аз вакилони рус бо намояндагони парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз ҳайате аз вакилони Маҷлиси конунгузории вилояти Свердловскии Русия бо сардории раиси он Людмила Бабушкина, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд, бо Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дидору мулоқот карданд.

Ҷонибҳо ин мулоқоти худро “як рӯйдоди таърихӣ” хонда, онро далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ карданд.

Мо ин мулоқотро тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони порлумони Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморем. Муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд”,-гуфтааст Маҳмадалӣ Ватанзода.

Маълум нест, ки вакилони тоҷик бо ҳамтоёни русашон ҳангоми мулоқот дақиқан кадом масоилро баррасӣ карданд. Аммо дар давоми камтар аз як моҳ ин сафари дуюми вакилони рус ба Тоҷикистон мебошад. Ва ҳамзамон дар ин миён Эмомлаӣ Раҳмон низ ҳафтаи гузашта ба Русия сафар карда буд.

Бо вуҷуди сафарҳои байнипарлумонӣ ва мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар боз ҳам дида мешавад, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия коҳиш наёфтааст. Чанд моҳи ахир раванди боздошту ихроҷи муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён бештар шудааст.

На мақомоти тоҷик ва на мақомоти рус аз натиҷаи мулоқотҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия чизе дар мавриди ин ки ҷонибҳо мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда бошанд, нашр накардаанд.

Танҳо аз ин мулоқотҳо гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбатҳо ҷонибҳо “масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар”-ро баррсӣ карданд.

Парвандаи гумонбарони қатли Исматуллоев ба додгоҳ фиристода шуд

0

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи гумонбарон дар қатли муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро пас аз поёни таҳқиқ ба Додгоҳи олии кишвар фиристод.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр тасдиқ карда, ки парвандаҳоро дастрас кардаанд, вале то ҳол рӯзи баррасии мурофиаҳо эълон нашудааст. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, “Аввали моҳи декабр шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ дақиқ хоҳад шуд.”

Гуфта мешавад, мақомот то ҳол 14 нафарро бо гуноҳи даст доштан дар ҷинояти рабудану қатли муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” боздошт кардааст. Аммо, раванди мурофиаҳо пушти дарҳои боз мегузарад ё баста марълум нест.

Ин дар ҳолест, ки 24-уми ноябри соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд: “пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 14 айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Дилшод (Маъруф ба Дилшоди СБ) санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.”

Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли 2023 хабари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расонаӣ шуд. Ин хабар аз ҳама хабарҳои пурсарусадо дар соли ҷорӣ буд. Мақомот пас аз ҷустуҷӯи зиёд 12-уми август тавонистанд ҷасади Шуҳратро аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо кунанд.

Мақомот дар робита ба рабудан ва куштани Шуҳрат, Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, ки баъдан дар фурӯдгоҳи Молдова кушта шуд, Шоҳрух Хӯҷаев, Бахтовар Сафаров ва чанд нафари дигарро гумонбар дониста, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушод. То ҳол назари гумонбарон дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест то куҷо ба даст доштани худ дар ин ҷиноят эътироф мекунанд.

Дар Тоҷикистон қимати андозу ҷарима боз боло меравад

0

Соли оянда дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисобҳо 4 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар матни қонуни “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024” гуфта шудааст. 

Дар ҳоли ҳозир як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буда, дар соли 2024 он ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ин нишондиҳанда мувофиқи қонун “Дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобҳо” бо назардошти беқурбшавии пул боло бурда мешавад.

Гуфта мешавад, бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, андоз, боҷ, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ёрӣ ба камбизоатҳо афзоиш меёбад.

Гуфта мешавад, ҳаҷми пардохти хидмати ҳарбии пулакӣ низ тағйир ёфта, ҷавонон ба ҷойи 51 ҳазор, беш аз 54 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Инчунин маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло рафта, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004, 4 ҳазору 680 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 420 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, ки ҳоло барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинашон 5 ҳазору 712 сомонӣ месупоранд, аз соли оянда 6 ҳазору 48 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба ва аз соли 2019 то 2024 ҳар сол зиёд мешавад.

Дар солҳои 2015-2016 як нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ, соли 2019 – 55 сомонӣ, соли 2020 – 58 сомонӣ, соли 2021 – 60 сомонӣ ва соли 2022 – 64 сомонӣ буд.

Ифтитоҳи 8 чоҳи нафт дар Афғонистон

0

Толибон мегӯяд, ки 8 чоҳи нафт дар вилояти Сари Пули Афғонистон дар ҳавзаи Омӯро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми ноябри соли 2023 мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии раисулвузарои Толибон дар раъси як ҳайати расмӣ барои ифтитоҳи 8 чоҳи нафт дар ҳавзаи Омӯдарё ба вилояти Сари Пули Афғонистон рафтааст.

Ба қавли идораи Муовинати иқтисодии Раёсатулвузурои Толибон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 350 нафар аз муҳандисони чинӣ ва афғон ва 550 нафар коргарон низ дар ин ҳавза кору фаъолият мекунад.

Ҳамзамон бархе коршиносони афғон мегӯянд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин 8 чоҳи нафтӣ метавонад вобастагиҳои Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро дар амри таъмини ниёзҳои маводи нафтӣ коҳиш диҳад.

26-уми ноябри соли ҷорӣ мақомоти Толибон хабар дода буданд, ки Идораи стандарти миллии Афғонистон 130 мошини нафткаши ҳомили маводи сӯхти Эронро ба далели паст будани кайфияти онҳо пас фиристодааст.

Пеш аз ин ҳам Толибон чанд маротибаи дигар чунин хабар нашр карда буданд, ки даҳҳо мошини нафткаши ҳомили маводи сӯхти кишварҳои Узбекистон ва Покистонро ҳам ба далели камкайфият будани маҳсулоти сӯзишвории онҳо пас фиристодаанд.

Гуфта мешавад, ҳавзаи нафтии Омӯдарё яке аз ҳавзаҳои шинохташуда дар минтақа аст ва пеш аз он ки Афғонистон истихроҷ нафтро аз ин ҳавза оғоз кунад, Узбекистон солҳост, ки бо истифода аз чоҳҳои нафтӣ ва газии ин ҳавза бахше аз ниёзҳои худро таъмин мекунад.

Истихроҷи нафти Афғонистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ сурат гирифтааст. Пеш аз оғози истихроҷи нафт аз ин чоҳҳо Толибон барои коркарди маҳсулоти нафтӣ дар дохили Афғонистон бо бархе ширкатҳои чинӣ низ ҳамкориро оғоз карда буданд.

Баррасии масоили тандурустии Тоҷикистону Озарбойҷон

0

Масъулини Тоҷикистону Озарабойҷон дар бораи масоили тандурустӣ гуфтугӯ намуда, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми ноябри соли 2023 Илҳом Абдураҳмон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Теймур Мусоев, вазири тандурустии ин кишвар мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо “вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима қарор доданд.”

Инчунин дар ин мулоқот эъломи омодагӣ карданд, ки “ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурусти ва илми тиб, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, омӯзиш ва табодули таҷриба, иштирок дар конфронс ва форумҳои соҳавӣ” ба сурати ҷиддитар вориди амал хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Озарбойҷон ҳар ду дар гузшата беш аз 70 соли зери султаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (ИҶШ) қарор доштанд. Баъд аз барҳам хӯрдани ИҶШ ҳамкориҳо ва робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ба сурати дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ қавитар шуд.

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

0

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар фанҳоро омода намуда, инчунин бо чопи китобҳои дарсӣ ба кишвар мефиристад.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов рӯзи 27-уми ноябр ба расонаҳо хабар дода, ки дар Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ намерасад ва ин ниҳод тасмим гирифта, ки барои кишвар ба марказҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳои муштараки русӣ-тоҷикӣ омӯзгорони худро бо китобҳои дарсӣ омода карда, бифиристад.

Сергей Кравтсов мегӯяд, ба Тоҷикистон на танҳо омӯзгорони забони русӣ, балки омӯзгорони фанҳои физика, биология ва химя низ мефиристанд.

“Мо ба мувофиқа расидем, ки дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои худ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон тайёр мекунем. Ва ин чунин дар бораи таъмини китобҳои дарсӣ ба забони русӣ як қарори хеле муҳим қабул шуд”, – мегӯяд Сергей Кравтсов.

Ҳамчунин вазири маорифи Русия ваъда дода, ки барои тарғиби фарҳанги русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ талош дорад ва ба қавли ӯ, забони русӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ истиқболи гарм меёбад.

Сергей Кравтсов ҳамчунин ёдовар шуда, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ фаъолият доранд ва барои шомил шудан ба ин мактабҳо рақобати шадид вуҷуд дорад, то ҷое, ки барои 1 ҷой 9 нафар талош мекунад.

Чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия барои китобҳои дарсии мактабҳои русзабони Тоҷикистон то 200 млн рубли русӣ ҷудо мекунад.

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

0

Нишасти 11-уми “Гуфтумони амниятии Ҳирот” бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 27-уми ноябри соли 2023 нишасти 11-уми “Гуфтумони амниятии Ҳирот” бо меҳварияти масоили Ағфонистон бо ҳузури мухолифони Толибон дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишварамон ба кори худ оғоз кард.

Довуд Муродиён, раиси Маркази мутолеоти стратегии Афғонистон, ки аз баргузоркунандаҳои ин нишаст аст, дар конфроси хабарие дар шаҳри Душабе ба расонаҳо гуфт, ки ин марказ “барои Толибон ҳам нома фиристод, то дар он ширкат кунанд, аммо ширкати Толибон дар ин нишаст қатъӣ нест.”

Раҳматуллоҳи Набил, собиқ раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар ин нишаст Иморати исломиро ба он муттаҳам кард, ки “гурӯҳе аз Толибон дар ҳоли баррасии чигунангии дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаии тактикӣ аст.” Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст Толибон ин силоҳҳоро аз Покистон таҳия кунанд ва ё ба муҳандисоне барои ба даст овардани пул пардозанд.”

Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волии Ҳирот ва аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, ки яке аз иштирокчиёни ин нишаст буд, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки “Толибон натанҳо тағйире на карда, балки бамаротиб аз гузашта сахтгиртар ҳам шудаанд.”

Ҳамзамон дар ин нишаст Рангин Додфар, мушовири пешини Шӯрои амнияти миллии Афғонистон таъкид карданд, ки “Афғонистон ба танҳоӣ наметавонад ба сулҳи пойдор ва пешрафтӣ иқтисодӣ даст ёбад, сирфан ба ҳамкорӣ ва ҳамгароии минтақавӣ аст, ки метавонем ба ақабмондагии иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ғалаба кунем.”

Дар ин нишаст ҳамчунин аз Амрико ва муттаҳидони ғарбии он, ки пас аз 20 соли мубориза бо Толибон соли 2021 дубора Афғонистонро ба дасти онҳо супориданд, интиқод шуд. Инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам интиқод карданд, ки дар масоили Афғонистон бо рӯйкарди стандартҳои дугона менигаранд.

Гуфта мешавад, соли гузашта низ 10-умин нишасти “Гуфтумони амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Он замон Маркази мутолеоти Афғонистон дар Тоҷикистон ва Маркази мутолеоти стратегии Афғонистон дар якҷоягӣ мизбони он нишаст буданд.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

0

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Ситоди ҷанги ҳукумати Исроил шаби гузашта дар мавриди авзои ахир ҷаласа гузаронд. Натанёҳу, нахуствазири ин кишвар дар поёни ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, кишвараш аз тамдиди оташбас истиқбол мекунад. Ӯ афзуд, ба шарти он ки дар муқобили ҳар рӯзи оташбас 10 гаравгони исроилӣ аз асорати ҲАМОС озод карда шаванд.

Ҳамзамон ҲАМОС низ аз тамдиди оташбаси чандрӯза истиқбол намуда, дар изҳороте гуфта, ки ризоияти худро ба миёнҷигарони қатарӣ ва мисрӣ расондааст.

Агарчи ҷонибҳо аз идома додани оташбас барои чанд рӯзи дигар истиқбол кардаанд, вале то ҳол маълум нест, кай ба тавофуқи ниҳоӣ мерасанд ва он аз кай шуруъ мешавад.

Шаби гузашта ҲАМОС 13 исроилӣ ва 3 толандию як шаҳрванди Русияро аз асорати худ озод кард ва дар муқобил Исроил 6 зани асир ва 33 навҷавони фаластиниро аз зиндонҳояш раҳо кард.

Тибқи бандҳои тавофуқномаи оташбас, дар давоми 4 рӯзи оташбас ҲАМОС ябод 50 занону кӯдакони асири исроилиро озод кунад ва ҷониби Исроил вазифадор аст 150 зану ҷавонони то 19-соларо раҳо кунад.

Аммо дар бораи ворид шудани кумакҳои башардӯстона, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза гуфтанд, ки то имрӯз сӯзишворӣ ворид нашудааст. Ва раванди ворид кардани дигар кумакҳо низ ба сустӣ пеш меравад.

Дар давоми се рӯзи гузашта Ғазза оромтарин рӯзҳои худро аз 7-уми октябри соли ҷорӣ паси сар мекунад. Вале бо оғози ин оташбас рӯзноманигорони зиёде тавонистанд ба шимоли Ғазза бираванд ва аз маконҳои ҷангзада аксу наворбардорӣ карда, ҳаҷми вайрона ва харобиҳоро намоиш бидиҳанд, ки қаблан ҳаҷми ин вайрониҳо ба дурбини расонаҳо роҳ наёфта буд.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

0

Гурӯҳе аз дӯстону ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.

Фарҳод Одинаев, узви ҲНИТ ва фаъоли маданӣ дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ин гирдиҳамоиро гурӯҳе аз дӯстону ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин бо гузашти 310 рӯз аз ихроҷи ӯ аз Олмон ба Тоҷикистон дар шаҳри Дортмунд дар назди бинои кор бо муҳоҷирати ин шаҳр ташкил карданд. Онҳо зимни эътироз ба ихроҷи Абдуллоҳ бозгардонидани ӯро аз Тоҷикистон ба Олмон талаб карданд.

Ин бори аввал нест, ки дӯстону ҳамкори Абдуллоҳи Шамсиддин дар Олмон дар назди ниҳодҳои давлатии ин кишвар барои раҳоии ӯ даст ба эътироз мезананд ва баргардонидани ӯро талаб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд ва дар фурӯдгоҳи Душанбе мақомоти тоҷикистонӣ билофосила ӯро боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Аз он замон то ҳол фаъолони олмонӣ ҳамроҳ бо хеле аз фаъолони сиёсии тоҷикистонӣ, ки муқими кишварҳои мухталифи узви Иттиҳоди Аврупо ҳастанд, зиёда аз 17 маротиба ҳамоишҳои эътирозӣ барпо карда, барои раҳоӣ ва бозгардандони ӯ ба назди хонаводааш, ки муқими ин кишвар ҳастанд, дархости кумак кардаанд.

Пас аз эътирозҳои пайдарпайи наздикону дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин Вазири корҳои хориҷаи Олмон моҳи июни соли ҷорӣ дар назди вакилони парлумони ин кишвар ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон кори иштибоҳи мақомоташ хонда буд.