14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 203

Баргузории иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД

0

Иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аминияти Паймони Дастҷамъӣ (СПАД) дар Беларус баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-юми ноябри соли 2023 иҷлоси навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии СПАД дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус баргузор мешавад.

Ба қавли манбаъ, пеш аз ин як ҳайате аз Тоҷикистон бо раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири коҳои хориҷӣ ба Баларус рафта буданд. Дар он ҳайат вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода низ ҳузур доранд.

Ҳадаф аз сафари ин ҳайати воломақоми Тоҷикистон ба Беларус иштирок дар “ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СПАД” арзёбӣ мешуд.

Гуфта мешавад, дирӯз, 22-уми ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо ҳузури сарони кишварҳои узви ин созмон ба Беларус рафта буд.

Инчунин дар рафти ин сафар Президенти Тоҷикистон бо Президенти Баларус ҳам мулоқот кард. Дар рафти мулоқоти ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва низомӣ суҳбат карданд.

Аҳмад Масъуд: Афғонистон ба Толибистон табдил шудааст

0

Даҳҳо нафар аз намояндагони гурӯҳҳои мухолифи Толибон, ки баъд аз дубора сари қудрат омадани Иморати исломӣ дар Афғонистон аз ин кишвар хориҷ шуданд, имрӯз дар Маскав гирдиҳам ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 23-юми ноябри соли 2023, даҳҳо нафар аз намояндаҳои нерӯҳои муқовимати Афғонистон бо даъвати “Ҳизби Русияи Одил” ба Маскав рафта, ҳамоишеро зери унвони “Афғонистон-байни гузашта ва оянда: Роҳе ба сӯи сулҳи одилона ва рушди устувор” баргузор карданд.

Дар байни касоне, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доранд, Муҳаммад Муҳақиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва дигарон мебошанд.

Дар ин нишаст, ки яке аз суханронҳои асосии он Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд, бо изҳори нигаронӣ, ироаи шикоят ва гилояҳое аз Толибон низоми ҷорӣ дар кишварро зери суол қарор дода, таъкид кард, ки “имрӯз Афғонистон ба Толибистон табдил шудааст.”

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, “қуввати Афғонистон дар эҳтиром ба танаввуъи қавмӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва торихии он аст. Ҳар гурӯҳ, ки бихоҳад бо ҳазфи дигарон худро бар мардум таҳмил кунад, шармсори торих хоҳад буд.”

Муҳаммад Муҳақиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон ҳам яке дигар аз суханронҳо дар ин нишаст буд, гуфт: ” Амрико Ашраф Ғанӣ ва Толибонро намояндаи худ ва муҷоҳидонро душмани худ мепиндошт.”

Гуфта мешавад, ин нишасти мухолифони Иморати исломӣ дар Маскав дар ҳамон толоре баргузор мешавад, ки ду сол пеш Толибон бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Маскав рафта, он ҷо чунин як нишастеро баргузор карда буданд.

Аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то ҳол зиёда аз 27 моҳ мегузарад ва рӯз ба рӯз муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва робитаҳои сиёсӣ байни Кобул ва Маскав беҳтар мешавад. Вале Русия барои нахустин бор аст, ки ба сурати аланӣ як чунин ҳамоишеро бо ҳузури мухолифони Толибон дар Маскав баргузор мекунад.

Русия дар Тоҷикистон сомонаи мушакии С-300 насб мекунад

0

Русия ба Тоҷикистон 8 системаи падофанди дифоъи ҳавоии С-300-ро таҳвил дод. Дар ин бора худи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23-уми ноябр эълон кард.

Владимир Путин зимни мулоқоте бо аъзои ҳукуматаш аз сафари Раҳмон ба Маскав гузориш дода, онро хуб арзёбӣ кард. Ӯ зимнан ишора кард, ки Русия дар чаҳорчӯби иҷоди системи муштараки дифоъи ҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон ҳашт системи С-300 додааст.

Мо аллакай ду бастаи системаҳои зиддиҳавоии С-300-и худро ба Тоҷикистон интиқол додем. Инҳо ҳашт дастгоҳи партобкунанда мебошанд”, – шарҳ дод ӯ.

Бояд гуфт, ки худи имрӯз, 23 ноябр дар Минск нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад ва гуфта мешавад, дар он масъалаи ташкили системаи ягонаи дифоъи ҳавоии кишварҳои узви СПАД баррасӣ мешавад. Ва Русия ҳам таъкид карда, ки дар чаҳорчӯби ин раванд кишвараш ба Тоҷикистон ин сомонаи дифоъиро таҳвил додааст.

Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукуматаш таъкид карда, ки масъалаи интиқоли боқимонда аз сомонаҳои дифоъи ҳавоии С-300-ро ба Тоҷикистон то охири ҳамин сол ба анҷом расонанд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмие вориди Маскав шуд ва бо Путин мулоқот кард. Нахуст гуфтушуниди дуҷониба сурат гирифт ва сипас машваратҳо бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт, ки дар натиҷа бастае аз санадҳои аҳмкории ду кишвар ба имзо расид.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, Русия пас аз шуруъи ҳамлаҳояш ба Украина ва рӯбарӯ шудан ба таҳримҳои Ғарб, дар чорчӯби СПАД талош дорад байни кишварҳои аъзо як системаи дифоъи низомии ягона дар муқобили Ғарб эҷод кунад.

Тахриби хонаи Толиб Аёмбеков

0

Мақомоти Тоҷикистон хонаи яке аз раҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Толиб Аёмбековро дар шаҳри Хоруғ тахриб доранд. Дар ин бора “Pamirinside”, ки бештар ахбори ин вилоятро пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манобеаш аз шаҳри Хоруғ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин хона, ки замини калон доштааст дар маҳаллаи Шошхоруғи шаҳри Хоруғ дар назди тарабхонаи “Марко-поло” буда, он аз ҷониби ҳукумат баъд аз боздошти Толиб Аёмбеков мусодира шудаааст.

Инчунин мақомот аз ин раҳбари ғайрирасмии Бадахшон, тарабхонаи “Алёш”, бино ва ҳудуди корхонаи “Хлебзавод”-ро мусодира кардааанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти кишвар баъд аз саркӯби эътирози сокинон дар Хоруғ ва Рӯшон дар соли 2022 бо баҳонаи мубориза бо ҷинояткорӣ даҳҳо фаъолу чеҳраҳои шинохтаро дар ВМКБ боздошту зиндонӣ карданд.

Дар ин миён, мақомот  полковники бознишастаи Идораи марзбонии Тоҷикистон Толиб Аёмбековро боздошт ва ба ҳукми абад маҳкум карданд.

Пас аз чанд рӯзи боздошти Толиб Аёмбеков маҳаллаи онҳо, ки ба номи Абдуламон Айёмбеков буд, ба номи шоир Ширин Бунёд иваз карда шуд.

Аз хонаводаи Аёмбековҳо Толиб ягона нафаре нест, ки боздошт мешавад, инчунин бародаронаш Оқил ва Аноятшо Айёмбековҳо ба муҳлати 30 солӣ ва бародарзодааш Мамадамон Аёмбеков барои 10 сол равонаи зиндон шудаанд.

Инчунин мақомот писарони Толиб Аёмбеков, Мамадалӣ Айёмбеков (соли 2019 дастгиру муҳокима шуда буд) дар умум ба 22 сол зиндон, Ғуломалӣ Абдураҳмонови 33-сола ба ҳукми абад ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-соларо ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Охир аз ҳама мақомоти қудратии кишвар боз як бародари дигари Толиб Аёмбеков, Рашид Аёмбековро боздошт карда буданд. Ӯ охирин нафар аз бародарони Толиб буд, ки боздошт нашуда буд. То ҳол мақомот дар бораи ӯ чизе нагуфтаанд.

Наздиконашон боздошт ва ҳукмҳои сангини додгоҳро нисбати Аёмбековҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Оғози намоишгоҳи китоб дар Алмаато

0

Китобдорони Тоҷикистон бо даҳҳо нусха аз китобҳои таърихӣ, бадеӣ, публилсистӣ ва донишномаҳо ба намоишгоҳи китоби Алмаато рафтаанд.

Рӯзи 22-уми ноябри соли 2023 “Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон” таҳти унвони “Бо роҳи бузурги абрешим – 2023” дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора Раҳмоналӣ Шералиев, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

Раҳмоналӣ Мирализода, ки дар раъси як ҳайати расмӣ ба Қазоқистон рафтааст, мегӯяд, ин намоишгоҳи байналмилалӣ то 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази намоишгоҳии “Атакент-Экспо”-и шаҳри Алмаато идома мекунад.

Дар ҷамъи ин намоишгоҳ “ноширони кишварҳои Федератсияи Россия, Туркия, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Озарбойҷон” Тоҷикистон ва дигарон ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалӣ “нашриётҳои “Адиб”, “Ирфон” ва Сарредаксияи илмии “Энциклопедияи миллии тоҷик” намояндагӣ мекунанд. Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд.”

Омодагии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Эрон

0

Тоҷикистон ба хотири густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва тронзити молу колоҳо аз омодагии худ барои сармоягузорӣ дар Эрон хабар дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аз омодагии кишварамон барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, дар вақти мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, таронзити молу колоҳо ва хадамоти фаннӣ ва инчунин дар бораи омодагии ҷониби Тоҷикистон барои сармоягузорӣ “дар бандари Чобаҳор ба хотири таъсисоти лозим ҷиҳати тронзити колоҳо аз қаламрави Эрон” гуфтугӯ кардаанд.

Гуфта мешавад, 3-уми декабри соли 2017 нахустин марҳилаи бандари Чобаҳори Эрон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он замон Эрон умедвор буд, ки сохти ин бандар метавонад вобастагии кишварҳои Осиёи Марказиро аз бандарҳои дигар кишварҳо, бахусус Покистон камтар мекунад.

2-уми июни соли 2019 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар бораи ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон ва имкони истифода аз бандари Чобаҳори Эрон гуфтугӯ карда буд.

Бандари Чобаҳор (Чор Баҳор) муҷаҳҳазтарин ва пешрафтатарин бандари уқёнусии Эрон аст, ки аз ҳамагуна таҳримҳои ҷаҳонӣ муъоф аст. Ин бандар воқеъ дар устони Сиистон ва Балучистони Эрон аст. Эрон барои ободтар кардани ин бандар бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон ҳамкорӣ мекунад.

Тавофуқи Исроилу ҲАМОС ба оташбаси 4-рӯза

0

Бо миёнҷигарии давлатҳои Қатар ва Миср байни Исроил ва Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Ғазза оташбаси 4-рӯза эълон хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, соати оғози ин оташбас бояд давоми 24-соати оянда эълон шавад. Гуфта мешавад, тибқи бандҳои ба тавофуқрасидаи он, ҲАМОС вазифадор шуда, ки 50 зану кӯдаки асири исроилиро озод кунад ва дар муқобил Исроил низ вазифадор шуда, ки шуморе аз занону кӯдакони зиндонии фаластиниро раҳо мекунад.

Рӯзи чоршанбе ҲАМОС бо нашри ин эълон хабар дод, ки тавофуқи оташбаси чаҳоррӯза рӯзи 22-уми ноябри соли ҷорӣ ҳосил шуда, аз чанд банди муҳим иборат аст. Аз ҷумла:

. Оташбас аз ду ҷониб ва таваққуфи ҳама навъи амалҳои низомии артиши Исроил дар тамоми минтақаҳои Ғазза, аз ҷумла таваққуфи ҳаракати тонку худравҳои низомӣ;

. Иҷозати ворид кардани садҳо комюни кумаки инсонӣ, тиббӣ ва сӯзишворӣ ба тамоми минтақаҳои Ғазза бидуни истисно ба Шимолу Ҷануб.

. ҲАМОС вазифадор аст 50 асири исроилиро аз занону кӯдакони аз 19-сола поён дар муқобили озод кардани 150 зану кӯдаки фаластинии аз 19-сола поён аз зиндонҳои Исроил озод кунад.

. Таваққуфи комили парвози ҳавопаймоҳо дар ҷануби Ғазза ба муддати 4 рӯз;

. Таваққуфи парвози ҳавапаймоҳо дар шимоли Ғазза ҳаррӯз ба муддати 6 соат, шуруъ аз соати 10:00 субҳ то 4:00 бегоҳ;

. Дар давоми 4 рӯзи оташбас Исроил дар тамоми минтақаҳои Ғазза набояд ба касе дастдарозӣ кунад ва ё касеро боздошту зиндонӣ кунад;

. Ҳаракати озодонаи одамон аз шимоли Ғазза ба ҷануби он аз хиёбони Салоҳиддин замонат дода шавад.

Ин чанд банде аст, ки ҲАМОС мегӯяд, шартҳои ӯст ва ба он тавофуқ ҳосил шудааст.

Аз ин тавофуқи чаҳоррӯза миёни Исроил ва ҲАМОС Иттиҳоди Аврупо ва аксар кишварҳои дунё истиқбол карданд. Бархе кишварҳои дигар талаб доранд, ки ин оташбас бояд доимӣ бошад, аммо дар ин маврид то ҳол ҷонибҳои даргир чизе нагуфтаанд.

Боздошти се зодаи Осиёи Марказӣ ва заҳролудшавии беш аз 20 нафар дар Русия

0

Пулиси Русия се зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир ва заҳролуд кардани беш аз 20 нафар боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар шаҳри Астрахани Русия 3 нафар ба сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддири навъи “метадон” ба ҳалокат расида, ҳудуди 20 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Аммо шабакаи телеграмии “Shot” шумори ҳалокшудаҳоро 4 нафар ва заҳролудшудаҳоро 26 нафар мегӯяд.

Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустии вилоят, дар ҳоли ҳозир 17 нафар аз заҳролудшудагон таҳти табобат дар бемористон қарор доранд, ки вазъи 6 нафари онҳо вазнин ва 11 нафари дигар миёна гуфта мешавад. Инчунин 2 нафари дигар пас аз расонидани ёрии тиббӣ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаи русии “Известия” бо такя ба манобеи худ менависад, ки аксари қурбониён ҷавонон буданд ва дар миёни ҳалокшудагон ду духтари 19-сола мебошад. Ҷасади яке аз ин духтарон, ки донишҷӯи коллеҷи тиббӣ будааст, дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ёфт шуда, ҷасади духтари дуюмро аз манзилаш пайдо кардаанд.

Инчунин як марди 29-сола, ки қаблан барои қаллобӣ, дуздӣ ва истеъмоли маводи мухаддир боздошт шуда буд, ба ҳалокат расидааст. Дар бораи нафари чаҳорум ҳанӯз хабаре нест.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Астрахан аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди «а» қисми 3 моддаи 228. 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогҳои онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз карда, се нафар аз зодагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро боздошт кардааст.

Ба иддаои расонаҳои русӣ, ин 3 нафар вақте аз заҳролудшавии сокинони вилоят хабардор мешаванд, ба автобус савор шуда, аз Астрахан ба Ставропол мераванд, аммо дар онҷо аз ҷониби кормандони мақомот боздошт мешаванд.

Ду боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуданд ва ба онҳо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол маълум нест, зодаи Тоҷикистон, ки миёни боздоштшудаҳост иттиҳоми мақомотро қабул кардааст ё на.

61 журналист дар ҷанги Исроил бо фаластиниҳо дар Ғазза кушта шуд

0

Шумори журналистони кушташуда дар ҷанги Исроил бо фаластиниҳо дар Навори Ғазза ба 67 нафар расидааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар давоми 45 рӯзи ҷанги Исроил бо фалистинҳо ва дигар нерӯҳои наздик ба онҳо дар Навори Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Лубнон 65 журналист кушта шудааст.

Бар асоси оморе, ки расонаҳо нашр кардаанд, ки то замони нашри ин матлаб ба ҳисоби миёна дар ҳар 18 соате аз ин ҷанг як хабарнигор ё ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳ бо чанд тан аз аҳли хонаводаашон кушта шудаанд.

Аз сӯи дигар, 4 хабарнигори Исроил дар 7-уми ноябр, рӯзе, ки нерӯҳои фаластинӣ ҳамлаҳои худро алайҳи Исроил оғоз карда буданд, кушта шудаанд. Дар давоми ин ҷанг як хабарнигори лубнонӣ, ки барои Ройтерз кор мекард ва имрӯз ҳам ду хабарнигори шабакаи Алмаёдини Лубнон дар ҳамлаҳои нерӯҳои исроилӣ кушта шуданд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин созмони Хабарнигорони бидуни марз эълон карда буд, ки 8 хабарнигор маҷруҳ ва 9 нафари дигар ё боздошт ва ё беномунишон гардидаанд.

Инчунин бар асоси бархе гузоришҳои нашршуда, даҳҳо нафар аз хабарнигорони фаластинӣ дар Навори Ғазза ё ҳамроҳ бо зану фарзандонашон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд ва ё ба танҳоӣ ҷони худро аз даст додаанд. Даҳҳо ҳолати дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки афроди хонавода ва наздикону пайвандони хабарнигорони фаластиниро ба сурати дастаҷамъӣ тавассути бамбабор кардани макони зисти онҳо кушта, аз байн бурдаанд.

Манъи сатру риш дар Қирғизистон

0

Парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ дорад, ки дар ҳолати қабули он пӯшидани ниқоб барои занон ва гузоштани риши дароз барои ҷавонон мамнуъ эълон мешавад.

Тарроҳони қонун мегӯянд, мақсади аслии онҳо манъи пӯшидани рӯсарии занҳо дар Қирӯизистон нест, балки мехоҳанд пӯшидани ниқоби сиёҳеро, ки танҳо чашмони занҳо намоён аст, мамнуъ шавад.

Ин масъала вокуниши шадиди корбарони Қирғизистонро ба бор овардааст. Мунтақидони ин тарҳ мегӯянд, мо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ дорем, ки ҳалталабанд, бояд аввал онҳо бартараф карда шаванд. Онҳо мегӯянд, мақомоти кишвар набояд ба сару либоси мардум кор бигиранд.

Гуфта мешавад, ин лоиҳаи қонуни нав 14-уми ноябри соли ҷорӣ ба баррасии умум гузошта шудааст. Тарроҳони ин лоиҳа мегӯянд, мақсад аз муҳокима ва қабули ин қонун тадбирҳо барои дидани чеҳраи одамон ва шиносоии ҳуввияти онҳо аст, на манъи куллии рӯсарӣ.

Ин лоиҳаи қонун барои онҳое, ки аз он сарпечӣ мекунанд, ҷарима ба андозаи 22 доллар ё 30 соат кори иҷбории ҷамъиятӣ пешбинӣ кардааст. Гуфта мешавад, дар сурати такрор шудани қонуншиканӣ тибқи ин қонун, ҷарима бештар мешавад.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Узбекистон пештар аз дигарон пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ барои занҳо дар идораҳои давлатӣ ва гузоштани риш барои ҷавононро мамнуъ эълон карда буданд.

Тоҷикистон аз солҳои 2008-2009 мубориза алайҳи шиорҳои динӣ, бахусус ришу ҳиҷобро оғоз карда буд, ки баъдтар ин амал шиддат гирифта, садҳо масҷиду даҳҳо мадрасаи исломӣ баста шуданд. Рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид ва то 40-сола ба ҳаҷ мамнуъ эълон шуд. Ва дар пайи он ҷавонони зиёде танҳо ба хотири ришдор будан ё ҷарима шуданд ва ё бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ гаштанд ва инчунин занҳои зиёде ба хотири рӯсарӣ доштан, аз маконҳои корӣ ва мактабу донишгоҳҳо ронда шуданд.