21.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 204

Хитоби Раҳмон ба Путин: Шодам, ки Шуморо боз мебинам, пазмон шудам

0

Рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ Эмомлаӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Маскав шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Маскав муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, Эмомалиро дар ин сафар гурӯҳе аз намояндагони Ҳукумат, аз ҷумла Муовини Сарвазири кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва чанд тани дигар ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба қавли расонаҳо, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари худ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин масоили муҳиммеро баррасӣ куанд ва инчунин мулоқоти ҳайтаҳои ду ҷониб низ баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи мулоқоту нишастҳои ду ҷониб чанд санади муҳиме низ ба имзо хоҳад расид. Ҳоло маълум нест Эмомлаӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш масъалаи ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ва ё ба ҷанги Украина фирисотдани онҳоро баррасӣ хоҳад кард ё на.

Аммо дар як наворе, ки аз рафти мулоқоти аввали Путин бо Раҳмон имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, Эмомлаӣ Раҳмон дар хитоб ба Путин мегӯяд, “Ман хеле хушҳолам, ки дар Маскав ҳастам, пазмон шудам, ташаккур барои меҳмондорӣ. Шодам, ки боз Шуморо мебинам.”

Гуфта мешавад, пас аз ин сафари дурӯза Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми ноябр барои иштиок дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, аз Маскав ба онҷо сафар хоҳад кард.

Тағйири “қибла” дар Ховари Миёна

0

Кишварҳои Мирсу Урдун, Арабситони Саудиву Индонизия ва Ташкилоти худгардони Фаластин, ки тайи чанд даҳаи ахир ба самти Ғарб ва бахусус Амрико “иқтидо” мекарданд, инак тағйири “қибла” карда, ба самти Шарқ ва бахусус Чин рӯ овардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, дирӯз, 19-уми ноябри соли 2023, вазирони корҳои хориҷии кишвраҳои Мисру Урдун, Арабситони Саудӣ, Индонизия, Ташкилоти худгарони Фаластин ва намояндаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба мулоқоти вазири корҳои хориҷии Чин ба Пекин рафтанд.

Ҳадаф аз ин сафари вазирони кишварҳои ҳамсояи Фаластин, Ташкилоти худгарондон ва Индонизияву Созмони ҳамкориҳои исломӣ кумак хостан аз Чин барои ором кардани вазъ дар Ховари Миёна ва бахусус дар навори Ғаззаи Фаластин гузориш шудааст.

Дар ин 45 рӯзи ахир ҳама дунё шоҳиди он буданд, ки раҳбарони хеле аз кишварҳои ғарбӣ ба мисли Амрико, Инглистону Фаронса, Олмону Итолия ва ғайра барои изҳори ҳамдардӣ ва ҳимоят аз Исроил нахуст ба Телавив ва сипас ба Қоҳируву Риёз ва Аммон рафта, хостори саркӯби Ҳамос ва идомаи ҷанг дар навори Ғазза шуда буданд.

Ҳамзамон бо гузашти наздик ба 50 рӯз аз оғози ҷанг то ҳол ҳеч як аз ҳомиёни ғарбии Исроил то ҳол ба сурати ҷиддӣ ва ҷорӣ кардани аҳрумм фишорҳо алайҳи Телавив, тавре дар ҷанги Русия алайҳи Украина анҷом дода буданд, хостори оташбаси доимӣ дар навори Ғазза нашудаанд.

кишварҳои Мисру Урдун Исроилро ба расмият мешиносанд ва чанд даҳа аст, ки равобити худро бо ин режим барқарор кардаанд. Ин ду кишвар Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ, ду созмони фаластинро ҳамчун нерӯҳои силоҳбадаст хуш надоранд.

Президенти Миср дар Қоҳира дар мулоқот бо Садри аъзам Олмон ба сурати расмӣ хоҳони саркӯби онҳо шуда буд. Арабистони Саудӣ, ки қасди расман барқарор кардани равобит худ бо Исроилро дошт, бо оғози ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза ин равандро мутаваққиф кард.

Пеш аз ин мақомоти Арабситони Саудӣ нерӯҳои муқавимати фастиниро чашми дидан надоштанд. Ба ҳамин хотир тайи панҷ соли ахир даҳҳо нафар аз фаластиниҳои муқими ин кишварро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ боздошт ва зиндонӣ карда буданд.

Ин амр раҳбарони кишварҳои ғарбгарои исломиро, ки ба дур аз иродаи мардум сари қудрат омадаанд, сахт нигарон кардааст. Зеро онҳо ҳар рӯз мебинанд, ки нуфӯзи Ҳамос ва дигар нирӯҳои силоҳбадасти исломӣ, ки дар канори фаластиниҳо истодаанд, зиёдтар ва ҷойгоҳу нуфӯзи онҳо дар ҷомеа камтар мешавад.

Дар ин раванд ҷолиб он аст, ки ду ҳафта пеш вақте сарони кишварҳои исломӣ дар нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бархеҳо хоста буданд, ки ҳама кишварҳо якҷоя иқдомҳои амалие барои қатъ кардани ин ҷанг рӯи даст бигиранд, Мисур Урдун ва Арабистони Саудӣ монеи он шуда буданд.

Аммо чун Чин дар баҳори соли ҷорӣ байни кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон, ки беш аз 7 сол қатъи робита доштанд, сулҳу оштиеро барқарор кард ва ба ин васила густариши нуфӯзи худашро дар минтақа ба намоиш гузошта буд. Ин дафъа ҳам раҳбарони дастгоҳҳои диплумосии кишварҳои исломӣ бо умед ба Чин рафтаанд, то дар хомӯш кардани ҷанг ба онҳо кумак кунад.

Гуфта мешавад, акнун аз замони оғози ҷанг дар навори Ғазза ва шиддат гирифтани он дар Каронаи Бохтарии Фаластин ҳеч яке аз кишварҳои арабӣ ба истистони гурӯҳҳое дар Лубнону Яман, Ироқу Сурия, ки ҳамаи онҳоро гурӯҳҳои наздик ба Эрон медонанд, касе дигар барои кумакрасонӣ амалан вориди майдон нашудааст.

Бар хилофи раҳбарон ва мақомоти расмӣ, аксари мардуми оддӣ ва озодаҳои тамоми кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза ва Каронаи бохтарии Фаластин бо баргузории тазоҳурот ва ҳамоишҳои эътирозӣ ҳимояти худро аз фаластиниҳо эълон кардаанд.

Инчунин дар ин як моҳи ахир, қариб кулли сарони кишварҳои исломӣ ва бахусус кишварҳои арабӣ дар ҷойгоҳе қарор гирифтаанд, ки аз чашми мардумони худ суқут кардаанд. Акнун тарси аксари онҳо ин аст, ки сафҳои мухолифони онҳо аз ҳисоби мардуми омма ва бахусус ҷавонон зиёдтар шудааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҳар лаҳза метавонад як таркише кӯчак бақои ҳукумат ва салтанати онҳоро зери суол қарор бидиҳад. Ба ин хотир рафтани онҳо ба Чин пеш аз он, ки кумак хостан барои фаластиниҳои зери тиру тӯпу ва мушту лагади исроилиҳо бошад, як навъ замонатталабӣ барои бақои режимҳои худашон дар раъси ҳарамҳои қудрат дар ин кишварҳост…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Аслиддинро адвокат дидаасту пайвандонаш не

0

Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон Аслиддин Шарипов, бародари мудири телевизиони “Паём” Шавкати Муҳаммадро дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Хуҷанд нигоҳ медорад. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба “хешовандон”-и Аслиддин Шарипов хабар дод, ки баъди якуним моҳи истирдод аз Русия, бедаракӣ ва ҷустуҷӯҳои зиёд ниҳоят вакили мудофеъ чанд рӯзи пеш тавонистааст бо ӯ дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Хуҷанд мулоқот кунад. Аммо маълум нест, ки ин вакил аз Шарипов ҳимояи ҳуқуқӣ хоҳад кард ё на. 

Гуфта мешавад, пайвандони Аслиддин кӯшиш доранд барои ӯ ба боздоштгоҳ либосу ғизо бибаранд ва аз аҳволаш огоҳ шаванд.

Хабари макони нигоҳдории бародари Шавкати Муҳаммад дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанде пеш Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд, ки макони будубоши Аслиддин Шариповро ошкор намуда, ӯро озод кунанд. 

Дар ҳамин ҳол Шавкати Муҳаммад, мудири телевизиони “Паём” дар вокуниш ба ин хабар дар саҳфаи фейсбукиаш навишта ки “Адвокат ягон ному насаб дошта бошад? Ба адвокат кӣ муроҷиат кардааст? Он хешованд кӣ будааст, ки расонаҳо ӯро дарёб кардаанду бо ӯ ҳамсуҳбат шудаанд?

Инчунин дар идома Шавкати Муҳаммад қайд кардааст, ки “Ҳарчанд вазъият нохуб аст ва дар Тоҷикистон ошкоро бо номи худ гап задан хатарнок аст, бисёр мехостам, кӣ будани ин ҷавонмардро бидонам. ИНСОНИ шариф бо ҳарфи калон будааст. Хабари ёфт шудани макони боздошти додарам шубҳанок менамояд. Илоҳо чунин бошад”.

Ёдовар мешавем, ки Аслиддин Шарипов 21 сентябри соли 2022 бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт шуда буд.

Тибқи иттилои манобеи Azda tv, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда, ки Аслиддин Шариповро, ки дар Русия аз моҳи сентябри соли 2022 боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфта, бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.

Гуфта мешавад, Аслиддин Шарипов бародари Шавкати Муҳаммад мебошад. Шавкати Муҳаммад мудири телевизиони “Паём”, як расонаи муқими Аврупост, ки бо гузоришҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва пӯшиши буҳрони ҳуқуқи башар дар ин кишвар миёни мардум маъруф аст.

Ин рӯзноманигори шинохта гуфта буд, ки ҳадафи боздошту ҳабси бародараш талоши хомӯш кардани ӯ мебошад.

Инчунин Шавкати Муҳаммад 10-уми октябри соли ҷорӣ бо нашри номаи саргушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навишта буд, ки Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.

Шавкати Муҳаммад дар номаи худ айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад мекунд. Аз ҷумла, узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбукро туҳмат медонад.

Ҳамчунин Шавкати Муҳаммад аз Додситони кулли кишвар хоста буд, ки парвандаи Аслиддин Шариповро мунсифона баррасӣ кунад, ӯ мегӯяд, бародараш гуноҳе надорад ва боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст.

Аммо мақомот то ҳол ба таври расмӣ ба ин нома ва дархости созмонҳои ҳуқуқи башар посух надода, сабаби боздошт ва дар куҷо будани Аслиддин Шариповро эълон накардаанд.

Баррасии роҳҳои сармоягузории Арабистон дар Тоҷикистон

0

Яке аз бузургтарин ширкатҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои тиҷорат ва саноати Арабистони Саудӣ мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми ноябри соли 2023 сафири Тоҷикитсон дар Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо раиси ширкати мобилии Даллаи Арабистони Саудӣ роҳҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ба қавли Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арбистони Саудӣ дар мулоқоте, ки бо Валид Тавфиқ, мудири кулли ширкати мобилии Далла дар мақарри сафорати кишварамон дар Риёз, пойтахи Арабистони Саудӣ доштааст, “роҳҳои ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо маҷмуаи ширкатҳои Далла Албаракаҳ”-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, маҷмуаи ширкатҳои Далла Албаракаҳи Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин ширкатҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, сохтмон ва алоқаи мобилӣ дар дохили Саудӣ ва берун аст. Ин ширкат дар беш аз 40 давлати дунё барномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии худро дорад. Он соли 1969 дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамлаи Исроил ба беморхона ва макони парастории бузургсолон дар Ғазза

0

Субҳи рӯзи 20-уми ноябр нерӯҳои Исроил ба беморхонаи Инданезия дар шимоли Навори Ғазза ҳамла карда, онро муҳосира кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои арабизабон, дар пайи ин ҳамла 12 нафар кушта даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, онҳое, ки захмӣ мешаванд, аз сабаби набудани имконоти тиббӣ табибон ба онҳо кумак карда наметавонанд ва эҳтимоли фавти захмиён хеле зиёд аст.

Тавре “Ал-Ҷазира” хабар дод, нерӯҳои Исроил пас аз ҳамла ба бузургтарин беморхонаи Ғазза “Аш-Шифо” рӯ ба бомборон кардани беморхонаи “Инданезия” овардааст. Хабарнигори ин расона аз дохили беморхонаи мазкур дар гузорише гуфт, ки ҳар касе агар аз зерзамини он ба табақаҳои болоӣ рафтан хоҳад, мавриди ҳамлаи нерӯҳои Исроил қарор мегирад ва кушта мешавад.

Табибон мегӯянд, ҳатто наметавонанд ба бемороне, ки дар ҳолати бисёр вазнин қарор доранд, кумак кунанд.

Исроил пас аз ҳамла ба беморхонаи “Аш-Шифо” рӯзи ҷумъаи гузашта ба чанд беморхонаи дигар, аз ҷумла макони парастории пиронсолон ҳамла карда буд, ки даҳҳо нафар кушта ва захмӣ гашт.

Гуфта мешавад, дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил дирӯз низ ду хабарнигорои мустақил дар Ғазза кушта шуданд, ки бо шумули онҳо адади рӯзноманигорони кушташуда аз 7-уми октябр то имрӯз ба 60 нафар расид.

Ожонси оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) мегӯяд, шумори оворагон дар Ғазза 1,7 миллион расидааст. Ва ба иттилои ни созмон, 70 дарсади қурбонинён кӯдакон ва занон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Волкер Турк мегӯяд, аз “таҳаввулоти даҳшатноки 48 соати ахир дар Ғазза ваҳшатзада шудааст”.

Бо вуҷуди талаби зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои таваққуфи ҷанг ва эълони оташбас, Исроил ба ин розӣ нашудааст. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз ҳамла ба беморхонаҳо озод кардани асирон ва тахриби паноҳгоҳҳои ҲАМОС аст. Аммо ҲАМОС ин иддаои Исроилро рад мекунад.

“Патент” барои муҳоҷирон дар Иркутск ҳам қимат мешавад

0

Дар вилояти Иркутски Русия қимати патент барои муҳоҷирони корӣ 9 дарсад боло меравад. 

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ дар ин вилоят барои пешпардохти андоз аз даромад ё “патент” 7984 рубли русӣ пардохт мекунанд, аммо дар соли 2024 он ба 9144 баробар хоҳад шуд.  

Мақомоти Иркутск соли оянда мехоҳанд аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба буҷаи ин вилоят беш аз 2,8 млрд рубли русӣ ворид кунанд.

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Иркутск Кирилл Клоков сабаби яку якбора гарон кардани қимати “патент”-ро ба афзоиши маоши миёна дар ин вилоят рабт додааст.

Пештар аз ин, шаҳру ноҳияҳои дигари Русия низ эълон карда буданд, ки нархи “патент”-ро соли оянда барои муҳоҷирони корӣ боло хоҳанд бурд.  

Мақомдорони рус афзоиши арзиши “патент”-ро бо афзоиши маоши миёна ва ба зарурати ҳифзи ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ дар бозори меҳнат рабт дода, таъкид кардаанд, ки бо ин амал ба буҷаи шаҳру ноҳияҳо маблағи зиёдтар ворид карданианд. 

Коршиносон мегӯянд, ки боло бурдани нархи “патент” ба ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик зарбаи калон мезанаду мушкилоташонро боз ҳам бештар хоҳад кард.

Ҳамлаи Исроил ба Ғазза 42 рӯз боз идома дорад

0

Аз шуруи ҷанги Исроил дар Ғазза инак 42 рӯз сипарӣ мешавад. Ахиран нерӯҳои Исроил бузургтарин беморхонаи Ғазза, Аш-Шифоро зери тасарруфи худ дароварда, онро муҳосира кардаанд.

Расонаҳои фаластинӣ аз қавли мудири ин беморхона гуфтанд, ки вазъият дар дохили беморхона бисёр бад аст, дар ҳар дақиқа як нафар ҷон медиҳад. Нерӯҳои Исроил дар дохили беморхона озодона рафтуо доранд, ки ин далели вуҷуд надоштани нерӯҳои ҲАМОС дар дохили он мебошад. Ҳамчунин гуфта мешавад, нерӯҳои исроилӣ намегузоранд барои беморон ёрии аввалия расонида шавад.

Дар ҳамин ҳол раиси бахши сӯхтагии ин беморхона ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки “шаби гузашта аз сабаби набудани имконоти тиббӣ, навзодони зиёде ҷони худро аз даст доданд. Онҳое, ки дар дохили беморхона дар муҳосира қарор доранд, ё аз гуруснагӣ ва ё аз кумак нарасондани тиббӣ ҷон мебозанд, ҳамаро ваҳшат фаро гирифтааст.”

Исроил бо ҳамлаи худ ба беморхонаи Аш-Шифо иддао карда буд, ки ҲАМОС дар зери он пойгоҳи низомӣ дорад ва асирони исроилӣ онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, вале бо вуҷуди тасарруфи комили беморхона то ҳол натавониста ин иддаои худро собит кунад.

Ҳамзамон раиси Ожонси оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) дар як баёнияе рӯзи 17-уми ноябр мегӯяд, аз шаби гузашта тамоми иртиботот бо Ғазза қатъ шудааст. Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, хомӯшии барқ дар Ғазза мумкин аст боиси афзоиши ваҳшат дар онҷо ва ташвиши бештар дар назми маданӣ шавад.

Исроил пас аз оғози ҳамлаҳои худ ба Ғазза обу барқро қатъ карда, воридоти кумакҳои башардӯстонаро боз доштааст. Бо вуҷуди исрори Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи ҷанг ва эълони оташбасу иҷозати ворид шудани кумакҳои инсонӣ, Исроил ба он иҷозат намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Исроил дар 7-уми октябри соли ҷорӣ то кунун Исроил бевақфа Ғаззаро бомборон мекунад. Тибқи омори Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори кушташудагон дар Ғазза ба беш аз 12 ҳазору 300 нафар расидааст, ки 75 % кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин фазорати фаластинӣ, шумори захмиён марзи 29 ҳазорро гузашта, инчунин беш аз 6000 ҳазори дигар дар зери вайронаҳо мондаанд.

Исроил низ эълон кард, ки дар пайи ин даргириҳо то кунун беш аз 1200 нафар кушта шуда, беш аз 200 нафари дигар асир афтодаанд.

Ҷарроҳии Хушрӯз дар бемористони зиндон

0

Блогер ва рӯзноманигори зиндонӣ Хушрӯз Ҷумаев (Хушом Ғулом) дирӯз, 16-уми ноябр дар беморхонаи маҳбаси шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуд.

Бино ба иттилои рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова, ҷарроҳӣ ба Хушрӯзи 25-сола бо сабаби шиддат ёфтани бемории “варикоцеле” (варам дар рагҳо) таъин шуда будааст.

Ба гуфтаи хонум Саркорова, ин беморӣ метавонист дар натиҷаи шиканҷаи шадид, аз ҷумла зарбаи барқ, ки Хушом Ғулом дар ҳафтаҳои аввали боздошташ ба он дучор шуда буд, сар зада бошад.

Хушом Ғулом, муҳаққиқи забон, фарҳанг ва таърихи помирӣ дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон, ки даҳҳо нафар аз сокинони ин вилоят аз ҷониби мақомот кушта ва фаъолони он боздошту зиндонӣ шуданд, рӯзи 19-уми майи соли 2022 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Мақомот панҷ рӯзи аввали боздошти Хушом Ғулом дар бораи дар куҷо буданаш чизе намегуфтанд ва тамоми ин муддат ӯ аз дастрасӣ ба вакили дифоъ маҳрум буд. Аммо баъдтар худи мақомоти тафтишишотӣ барояш вакили дифоъ таъйин карданд.

Гуфта мешавад, дастрасӣ надоштан ба вакили мудофеъ, бахусус дар рӯзҳои аввали боздошт, яке аз маъмултарин нақзи ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон ба шумор рафта, муфаттишон дар ин муддат кӯшиш мекунад, ки ҳарчӣ зудтар “эътирофи гуноҳ”-и афроди боздоштшударо ба даст оранд.

Одатан дар рафти тафтишот дар Тоҷикистон барои ба даст овардани “эътироф” кормандони мақомот аз амалҳои мухталифи ғайриқонунӣ, аз ҷумла ба шиканҷаи боздоштшудаҳо даст мезананд ва болои онҳо ба воситаи таҳдиди наздикону пайвандонаш фишори бештар меоранд.

Мақомот парвандаи Хушрӯзро, мисли парвандаи аксари фаъолони помирӣ бо мақсади аз омма пинҳон доштани қонуншиканиҳои сершуморе, ки дар рафти тафтишот содир шудааст, махфӣ эълон карда буд.

Додгоҳи Тоҷикистон дар охири моҳи декабри соли 2022 рӯзноманигор Хушоми Ғуломро бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187 қисми 2) гунаҳкор донист ва ба ҳашт соли зиндон дар колонияи низомаш шадид маҳкум кард. Гуфта мешавад, Хушом Ғулом ҳукмашро дар маҳбаси ракқами 7-и шаҳри Душанбе маъруф ба “Якум Советский” адо мекунад.

Иттиҳомотеро, ки мақомот нисбати ин зодаи Бадахшон ва дигарон эълон кардаанд, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ башар сохтаву сиёсӣ медонанд ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон, озодии ин блогери шинохтаро талаб карда буданд. Аммо мақомот ин ҳама талабу тавсияи созмонҳоро ҳамеша нодида мегирад.

Дар Тоҷикистон боз газ гарону камёфт шуд

0

Гази моеъ, ки сокинон дар Тоҷикистон онро ҳам дар мошинҳо ҳамчун маводи сӯхти арзон ва ҳам дар хона зиёд истифода мекунанд, гарону камёфт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, давоми як моҳи ахир якбора нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дар тамоми кишвар то 15% гарон шуд. Сабаби чунин якбора гарон шудани газро ҳар кас ҳар гуна шарҳ медиҳад.

Аксар соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, аз кишварҳои содиротӣ газ кам ворид мешавад ва сабаби гаронии он ба ҳамин хотир аст. Вале коршиносон мегӯянд, иллати ин кор бештар ба набудани рақобат дар ин соҳа ва инҳисори он аз ҷониби наздикони раисҷумҳур мебошад.

Баъзе сокинони вилояти Хатлон ва Суғд ба расонаҳо гуфтаанд, ки ба ҳар нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки мераванд, навишта шудааст, ки “Газ нест”. Ба қавли бархе ронандагон, “Барои ёфтани газ ҳатто аз як ноҳия ба ноҳия дигар мервем, вале боз ҳам пайдо намешавад.”

Сокинон мегӯянд, дар баробари камёфт шудани гази моеъ нархи роҳкиро низ гарон шудааст. Мусофиркашон сабаби гарон шудани роҳкироро ба гарон шудани газ марбут медонанд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳоло нархи гази моеъ дар аксар минтақаҳои кишвар наздики 8 сомонӣ шудааст, дар ҳоле, ки як моҳ қабл нархи он байни 6 ва 6,5 сомонӣ буд. Аммо ҳоло нархи анвои бензини ба ба 11 ва 11,7 сомонӣ расидааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби 30 ширкат ба Тоҷикистон беш аз 174 ҳазор тонна бензини навъҳои гуногун ба маблағи тақрибан 100 миллион доллар ворид карда шудааст, ки 59 дарсади он ба ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” рост меояд.

Маҳсулоти нафтии Тоҷикистон асосан аз Федератсияи Русия (85,4%), Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Узбекистон (2,6%) ва дигар кишварҳо (2,5%) ворид мешавад.

Аммо гази моеъ асосан аз Қазоқистон (73,5%) ва Русия (тақрибан 24,7%) ворид карда мешавад ва дар нимсолаи аввали соли 2023 14 ширкат ҳудуди 170 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 66 миллион доллар ворид кардаанд.

Раҳмон ба Русия меравад

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21 – 22-уми ноябри соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ ба Русия меравад.

“Азия-Плюс” дар истинод ба сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар додааст, ки Раҳмон дар доираи ин сафараш бо президент ва сарвазири Русия Владимир Путин ва Михаил Мишустин мулоқот хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Раҳмон зимни ин сафараш бо раҳбарони Русия чанд “ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ва муҳим”-ро ба имзо хоҳад расонад, аммо аз ҷузъиёти он чизе гуфта нашудааст.

Бори охир Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пеш аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ мулоқот карда буданд.

Эълони сафари Раҳмон ба Русия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар ин кишвар фазои муҳоҷирбадбинӣ, ки миёни онҳо беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷикистонӣ вуҷуд дорад, авҷ гирифтааст ва вакилони рус талош доранд фаъолияти ин муҳоҷиронро дар хоки Русия маҳдудтар кунанд.

Русия шарики стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ин кишвар дар Душанбе бузургтарин пойгоҳи низомиро дорад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик борҳо талаб карда буданд, ки ба хотири поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ин пойгоҳ баста шавад, вале ба гуфтаи коршиносон, Эмомалӣ Раҳмон ҳечгоҳ ин ҷуръатро надорад, ки барои дифоъ аз шаҳрвандонаш масъалаи бастани пойгоҳи низомии Русияро матраҳ кунад.