24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 225

Афзоиши парвозҳои байни Тоҷикистон ва Эрон

0

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳангоми мулоқоти худ дар Амрико дар бораи афзоиши парвозҳо байни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми сентябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон “афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур шумурданд.”

Ба қавли манбаъ, президентҳои Тоҷикистон ва Эрон инчунин дар бораи “афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд”, гуфтугӯ карданд.

Аммо ҷониби Эрон расман дар бораи ин ҷузъият ва бахусус “афзоши парвозҳо байни ду кишвар ва содда кардани рафтуомад” чизе нагуфтааст, вале таъкид карда, ки сарони ду кишвар “бар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин афзоиши таъомулоти Эрону Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ таъкид карданд.”

Гуфта мешавад, раҳбарони Тоҷикистон ва Эрон зимни мулоқот дар бораи густариши таҳдиди хатарҳо аз хоки Афғонистон ба кишварҳои минтақа низ табодули назар карданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

0

Президенти Тоҷикисон дар ҳошияи нишастҳои мубоҳисавии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Президенти Қирғизистон мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми сентябри соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо президентҳои кишварҳои Қирғизистон, Эрон ва Алҷазоир дар шаҳри Ню-Йорки Амрико мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов гуфтааст, дар рафти ин вохӯрӣ “муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои СММ ва “масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.”

Аз сӯи дигар, котиботи Президенти Қирғизистон гуфтааст, ки дар вақти мулоқоти “Содир Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон ба масоили делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамчунин доир ба мавзуъҳои дигар табодули назар карданд.”

Гуфта мешавад, ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷаббор дар шаҳри Ню-Йорк ҳамагӣ баъд аз мулоқоти 5 рӯзи пеши онҳо (14-уми моҳи ҷорӣ) дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Он замон Президенти Қирғизистон дар барномаи “Шоми дӯстӣ” ва дигар барномаҳои ҳошиявие, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тартиб дода шуда буданд, ширкат нокарда, ба кишвараш баргашта буд.

15-уми сентябри соли ҷорӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар суҳбат бо расанаҳои кишвараш гуфт, ки агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвоҳои худ дар бораи заминҳои баҳсӣ пас нагардад, ба ҳуҷҷату санадҳое ҷадиде, ки тоза аз бойгонӣ пайдо кардааст, вориди музокира хоҳад шуд. Ҷониби Қирғизистон инчунин таҳдид ҳам карда буд, ки барои пуштибонӣ аз ин даъвоҳои сармояи пулӣ ва нерӯи низомӣ ҳам доранд.

Дар вокуниш ба ин изҳороти кишвари ҳамсоя 16-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро даъват карда, ба вай нотаи эътирозии худ дар бораи ин даъвоҳои ҷадиди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро таҳвил дод.

Ҳамлаи низомии Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ

0

Рӯзи сешанбе, 19-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод, ки нерӯҳои низомии ин кишвар 60 нуқтаи қувваҳои ҷудоиталаби арманиро дар Қарабоғи Кӯҳӣ тасарруф карданд.

Бино ба гузориши расонаҳои арманӣ, дар ин даргирӣ дастикам 27 нафар, аз ҷумла 2 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз минтақаи даргирӣ 7 ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ҳадаф аз ин “амалиёти вежа” дар Қарабоғи Кӯҳӣ “эҳёи назми қонуни асосӣ” ва халъи силоҳи ҷудоихоҳони мусаллаҳ аст. Ин кишвар арманиҳои сокини Қарабоғи Кӯҳиро ба “таҳаррукоти террористӣ” муттаҳам мекунад.

Ба гузориши расонаҳо, Озарбойҷон ин иқдоми низомиашро “амалиёти зидди террористӣ” унвон карда, ҳадафи асосии онро “пешгирӣ аз таҳаррукоти террористӣ, аз байн бурдани нерӯҳои арманӣ ва пойгоҳҳои низомии онҳо дар минтақа” эълон кардааст. Ин кишвар минтақаи мазкурро қонунан бахше аз хоки худ медонад.

Озарбойҷон иддао дорад, ки ҳамлаи низомияшро ба ин минтақа пас аз оне оғоз кард, ки арманитаборҳо дар қисмати шимолии Қарабоғ дар роҳи пулис мина гузошта, 6 нафар, аз ҷумла 4 нерӯҳи пулисро куштанд.

Дар ҳамин ҳол Арманистон рӯзи гузашта бо нашри баёния ин иддаоро рад карда, таъкид мекунад, ки “чуноне қаблан ҳам гуфта будем, боз такрор мекунем, Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳеч нерӯи низомие надорад.” Ва афзуда, ки масъулияти муқобила бо ҳамалаҳои Озарбойҷонро арманиҳои ҷудоихоҳи мустақар дар Қарабоғи Кӯҳӣ бар дӯш доранд.

Вазорати дифои Арманистон ҳамлаи навбатии Озарбойҷонро “таҷовузи густарда”-и ин кишвар ба Қарабоғи Кӯҳӣ хонда, онро идомаи сиёсати “поксозии қавмӣ”-и Боку дар минтақа маънидод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи тавофуқоти соли 2020, бояд аз ин минтақа Нерӯҳои посдори сулҳи Русия бо ду ҳазор сарбоз муҳофизат мекарданд, аммо дида мешавад, ки Маскав ба артиши Озарбойҷон иҷозати таҳаррукоти густардаро додааст.

Байни Арманистону Озарбойҷон, ки ҳарду Қарабоғи Кӯҳиро ҷузъи хоки худ медонанд, барои нуфуз ба ин минтақа борҳо даргирии мусаллаҳона сурат гирифтааст. Бори охир даргирии мусаллаҳона байни ин ду кишвари ҳамсоя тирамоҳи соли 2020 буд, ки ба шикасти нерӯҳои арманӣ ва ба даст овардани заминҳои қобили таваҷҷуҳе ба нафъи озариҳо анҷомид.

Танишҳои хунини соли 2020 байни ин ду кишвар пас аз шаш ҳафта бо миёнҷигарии Русия ва Туркия поён ёфт. Аммо аз авоили моҳи июни соли ҷорӣ ва пас аз баста шудани долони Лочин тавассути Озарбойҷон, ки ягона роҳи иртиботи арманиҳои Қарабоғ ба Арманистон аст, бори дигар танишҳо боло гирифт.

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

0

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти додситонии Қазоқистон гуфтаанд, ки зиёда 310 ҳазор қурбонии сиёсие, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз кишвар бадарға ва ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуда буданд, сафед карда шуданд.

Ба қавли “Озодӣ” додситонии Қазоқистон гуфтааст, ки “256 ҳазор парвандаи дигар то охири сол ирсол карда мешавад. 311 ҳазор касоне, ки бадарға ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда буданд, сафед карда шуданд.”

Пеш аз ин кишварҳои Узбекистон ва Қирғизистон ҳам даҳҳо ҳазор шаҳрвандони худро, ки дар замони таъқибҳои столинӣ аз ин кишварҳо бадарға ва ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуда буданд, сафед карданд ва ё дастур доданд, ки парвандаҳои сиёсии онҳо аз нав дуруст бозбинӣ карда шавад.

18-уми сентябри соли ҷорӣ Додситони кулли Қазоқитсон эълон карда буд, ки мақомоти ин кивар зиёда аз 2 миллиону 4 ҳазор асноди мартбут ба парвандаҳои қурбониёни солҳои 1929-1956-ро дастарси омма қарор додаанд.

Гуфта мешавад, раванди сафед кардани қурбониёни сиёсии даврони столинӣ ба ҷуз Тоҷикистон дар дигар кишварҳои минтақа ва пасошӯравӣ даҳсолаҳо инҷониб идома дорад. Тоҷикистон то ҳол қурбониёни сиёсии даврони столиниро “босмачӣ” ва “душмани халқ” медонад.

15-уми сентябри соли ҷорӣ низ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” бо нашри як матлаби Фарҳод Раҳимӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарсахтона аз собиқ низоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳимоят карда буд гуфта буд, “империяи шуравӣ, бо он ки бар мабнои манофеи сиёсӣ-мафкуравии бегона ҳукумат намуда, камбуду навоқиси зиёде дошт, ба мо ҳамчун миллати воҳид имкони миллатсозӣ дода буд, аммо ин мо будем, ки ба таври бояду шояд аз он имкони таърихӣ истифода набурдем.”

Ба таъкиди ин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “сиёсати глобалӣ ва бозиҳои геополитикии вақт чунин ранг гирифта буданд, ки агар болшевик Осиёи Марказиро тасарруф намекард, ҳатман қудрати дигаре минтақаро таҳти нуфуз қарор медод.”

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

0

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, дар мулоқот бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи инсонро дар маркази музокирот қарор диҳад. 

Гуфта мешавад, чанде пеш Ҷо Байден, Президенти Амрико бо ирсоли номаи расмӣ аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки барои ширкат дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – ИМА”, ки қарор аст дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардад, иштирок намоянд.

Дар изҳороти Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шудааст, Искра Кирова, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин созмон мегӯяд, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар пайи мустаҳкам кардани робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунанд, ки ба кӯшишҳои Маскав барои истифода аз роҳҳои тиҷоратӣ тавассути Осиёи Марказӣ муқовимат кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ набояд ба масъалаи доғи ҳуқуқи башар соя андозад ва давлатҳои ғарбӣ бояд дар пайи кафолати волоияти қонун ва ҳуқуқи башар дар минтақа бошанд. 

Инчунин ба гуфтаи ӯ, “Байден бояд қадамҳои мушаххасро барои хотима додан ба таъқиботи дорои ангезаи сиёсӣ, саркӯби озодии баён, беҷазо мондани шиканҷа ва бераҳмии полис аз раҳбарони Осиёи Марказӣ талаб кунад”.

Дар изҳороти HRW аз чанд мавриди ҷиддии поймол шудани ҳуқуқи одамон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар он аз саркӯби эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, дур шудани Қирғизистон аз ҷойгоҳи қаблии худ ба ҳайси кишвари дорои фаъолтарин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо дар минтақа, аз Туркманистон ҳамчунон як кишвари пӯшида ва саркӯбгар дар ҷаҳон ва аз гузаронида нашудани ислоҳоти сиёсӣ дар Узбекистон мисол оварда шудааст. 

Инчунин коршиносони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон дар солҳои 2021-2022 эътирозҳои осоиштаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бераҳмона пахш карданд ва алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар бо иттиҳомҳои сохта парванда кушода, аз онҳо қасос гирифтанд, ичнунин бисёре аз созмонҳои иҷтимоиро аз байн бурданд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки агар ҳуқуқ ва дархостҳои қонунии аксар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ кафолат дода нашаванд, суботи дарозмуддат дар минтақа зери хатар аст.

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

0

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки “Ҷумъа муборак”-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Рӯзи 19-уми сентябри соли ҷорӣ ба дасти Azda tv чанд сабти садоие расид, ки шаҳрвандон аз вилояти Хатлон ба наздиконашон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба онҳо паёмаки “Ҷумъа муборак” нафиристанд, зеро имкон дорад бо баҳонаи ин паёмак онҳо зиндонӣ шаванд.

Дар як сабти садо гуфта мешавад, кормандони амниятӣ ва интизомии кишвар дар вилояти Хатлон хона ба хона гашта, шаҳрвандонро ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба ҳамдигар фиристодани паёмакҳои “Ҷумъа муборак” ва ё дигар навъи табрикоти исломӣ ва саловат фиристодан ба Паёмбари ислом мамнуъ эълон шудааст.

Имрӯз эълон карданд, овардан коғазҳоро имзо кардем, қонун бароварданд, ки ба ҳамдигаратон “Ҷумъаи саид муборак” ва дигар чизҳои мусалмонӣ фиристодан манъ шудааст. Дигар нафиристед ин паёмакҳоро, ки мушкиламон мешавад“, гуфта мешавад дар як сабти садо.

То ҳол Azda tv натавонист ин хабарро аз манобеи дигар тасдиқ кунад, таҳқиқи он идома дорад. Вале маълум нест ин навъи паёмак мутобиқи кадом қонуни ҷиноии кишвар ҷурм дониста шуда, фиристонандаи он ҳатто ба ду соли ҳабс муҷозот мешавад.

Ҳамчунин аз бинандагон ва мухотабони гиромӣ хоҳиш мешавад, ки агар дар ин бора чизе медонад ва ё мақомот онҳоро низ таҳдид карда бошад, метавонад маълумотро ба рақами Azda tv (+48571608008) дар вотсап ирсол кунанд. Ҳувияти ирсолкунанда пурра махфӣ мемонад.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

0

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Толибон аз замони дубора сари қудрат омадан дар ин кишвар зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид сохта ба итифода додаанд.

Ба қавли ин онҳо, ин дидбонгоҳҳои ҷадид бо дастури вазири дифои ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон дар дарозоии хатти марзии маконҳое сохта шудаанд, ки дар гузашта мавриди ҳамлаи марзбонони покистонӣ қарор мегирифтанд.

Толибон гуфтаанд, ки маконҳое дар онҳо дидбонгоҳҳои ҷадид сохта шудааст, ҷойҳое дониста мешаванд, ки дар замони ҳукуматҳои қаблии Покистон ҷониби Афғонистон иҷозаи сохтани чунин посгоҳҳро надоштанд.

Пеш аз ин дар солҳои гузашт марзбонони Покистон ба иддаои таҳкими субот дар марзҳои худ бо Афғонистон қисматҳои зиёдеро дар ин хатти марзӣ бо симхор ҳисоркашӣ карда буданд.

Гуфта мешавад, Афғонистон дар ҷануб ва шарқ ҳамсояи Покистон аст. Марз байни ин ду кишварро хатти Дюрванд (Durand Line) ташкил медиҳад, ки он соли 1893 тибқи як муоҳада муайян шудааст. Дарозоии ин хат ҳудуди 2 ҳазору 630 километрро ташкил медиҳад.

Муоҳадаи “Хатти Дюрванд” тавассути Амир Абдураҳмон Хон аз Афғонистон ва аз сӯи дигар Котиби маъмурияти мустамликавии Хиндустон Мортимер Дюранд барои васеъ кардани паҳнои сарзамини Ҳиндустон ба имзо расида буд. Аммо аз замони таъсиси Покистон дар соли 1947, ки бахше аз Ҳиндустон буд, то ҳол ҳукуматҳои Афғонистон онро қабул надорад.

Мулоқоти Эмомалӣ бо Дабири кулли СММ

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Ба иттилои АМИТ “Хоавар”, ин мулоқот рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи 78-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Миалали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон ва СММ ва инчунин ниҳодҳои онро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Эмомалӣ таъкид карда, ки Тоҷикистон барои густариши равобит бо СММ аҳаммияти зиёде қоил аст ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли мухолифони ҳукумати Эмомалӣ, борҳо Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва дигар созмониҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ, эътиқодӣ ва рӯзноманигорону озоданшеонро, ки бегуноҳ зиндонӣ шудаанд, талаб карда буданд, аммо дар ҳеч мавриде, Раҳмонов талаби СММ-ро иҷро накардааст. Ва боз дар ин дидор таъкид карда, ки дар робита бо ин созмони ҷаҳонӣ эҳтироми зиёд қоил аст.

Ба иттилои манбаъ, инчунин ҷонибҳо дар бораи мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла танишҳои геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва молӣ, тағйироти иқлимӣ ва ғайра гуфтугӯ кардаанд.

Яке аз мавориди муҳими ин мулоқот гуфтугӯ дар мавриди Афғонистон будааст. Эмомалӣ бо Гутерриш на дар мавриди хатари Толибон ва таҳдид ба амнияти кишвар, балки дар мавриди кумакҳо ба ҳамсоя ва ҳусни таъомул гуфтааст. Ӯ таъкид карда, ки Тоҷикистон бо тамоми тавон кумакҳои башардӯстонаи худро ба кишвари ҳамсоя мерасонад. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бозорчаҳои марзиро ҳамчун далели кумак ба кишвари ҳамсоя зикр кардааст.

Озодии 10 зиндонӣ бо пардохти 6 миллиард доллар

0

10 нафар аз зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ бо “пардохт”-и 6 миллиард доллар озод шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, раиси Бонки марказии Эрон эълон кардааст, Қатар 6 миллиард доллари озодшудаи Эронро дар ҳисоби 6 бонки ин кишвар вориз кардааст.

Ба қавли ББС, ин 6 миллиард долллари озодшуда, пули фурӯши нафти Эрон буданд, ки бар асоси таҳримҳои Амрико дар Кореаи Ҷанубӣ банд монда буданд, пас аз талошу музокироти зиёд нахуст ба Қатар ва сипас ба бонкҳои Эрон таҳвил дода шуданд.

Пеш аз ин мақомоти Амрико 5 нафар эрониро бо иттиҳоми дур задани таҳрим боздошт ва зиндонӣ карда буданд. Ҳамчунин аз сӯи дигар, мақомоти Эрон низ 5 нафар эрониёни дорои душаҳрвандӣ-Эрон ва Амрикоро боздошт ва зиндонӣ карда буданд.

Гуфта мешавад, чанде қабл Эрону Амрико бо миёнаравии Қатар ва чанд кишвари дигар ба тавофуқ расиданд, ки дар ивази 6 миллаирд доллари масдуд шудаи Эрон дар Кореаи Ҷанубӣ Амрико 5 нафар зиндонии эронӣ ва Эрон ҳам 5 нафар эронии зидонии дорои душаҳрвандиро озод мекунанд.

Имрӯз пас аз вориз шудани пулҳои озодшудаи Эрон ба ҳисоби 6 бонки эронӣ ҳавопаймои Қатар низ вориди Теҳрон шуд то зиндониёни амрикоиро аз Теҳрон ба Давҳа интиқол диҳад.

Зеленский ҷаҳонро аз оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

0

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 17-уми сентябр дар мусоҳибае бо телевизиони амрикоии CBS гуфт, ки шикасти Украина дар ин ҷанг ба маънои оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм хоҳад буд.

Раисҷумҳури Украина дар остонаи баргузории нишасти навбатии Маҷмаи умумии Сзмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро бо Гитлер муқоиса карда, қудратҳои ҷаҳониро аз сар задани ҷанги ҷаҳонии сеюм тавассути ӯ ҳушдор дод.

Зеленский дар барномаи “60-дақиқа”-ии ин шабака гуфт, ки Русия эътиборашро дар сатҳи ҷаҳонӣ аз даст додааст. “Онҳо Путинро интихоб карда ва аз ӯ як Гитлери дигар парвариш додаанд“, афзуд ӯ. Раисҷумҳури Украина ҳамчунон таъкид кард, ки наметавон замонро ба қафо бозгардонд, аммо метавон Путинро мутаваққиф кард.

Валидимир Зеленский дар ин мусоҳиба афзуд, агар Украина дар ин ҷанг шикаст бихӯрад, Русия чанде пас по ба Лаҳистон мегузорад ва агар русҳо ба Лаҳистон бирисанд, ҷанги ҷаҳонии сеюм шуруъ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, бо ин далел пеши роҳи тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ ба ҷуз ду роҳ дигар роҳе вуҷуд надорад, ё тасмим мегиранд Путинро шикаст бидиҳанд ва ё ин ки ҷанги ҷаҳонии сеюме оғоз шавад.

Раисҷумҳури Украина дар ҳоле аз вуқуи эҳтимолии ҷанги ҷаҳоние дунёро ҳушдор медиҳад, ки қарор аст аз фардо, 19-сентябр то як ҳафта дар Ню-Йорк 78-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури раҳбарони беш аз 140 давлати дунё оғоз шавад.

Гуфта мешавад, яке аз масоили мавриди баррасӣ дар ин нишасти ҷаҳонӣ масъалаи ҷанг дар Украина низ хоҳад буд. Аммо ба андешаи коршиносон, ҳоло баъид аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ битавонанд оташи ин ҷангро хомӯш кунанд.