Хона блог саҳифа 247

Омодагии Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо бо САҲА

0

Тоҷикистон аз омодагии худ барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 30-уми ноябри соли 2023 Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 30-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок ва суханронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ аз омодагии Тоҷикистон “ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон” хабар додааст.

Инчунин Содиқ Имомӣ гуфт, “се ченаки фаъолияти САҲА – сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ” дар авлавиятҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон арзёбӣ мешаванд ва дар амри “мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим” изҳори назар кард. Инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим суҳбат кард.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи нишаст бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) Маттео Мекаччи низ мулоқот карда, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ченаки инсонии ин созмон мавриди баррасӣ қарор додааст.

Поёни оташбас ва оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза

0

Субҳи рӯзи ҷумъа, 1-уми декабри соли ҷорӣ оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил бидуни тамдид ба поён расид. Лаҳзае пас аз поёни муҳлати оташбас нерӯҳои Исроил ба тамоми минтақаҳои Ғазза ҳамларо шуруъ карданд.

Аз рӯзи ҷумъаи гузашта, 24-уми ноябр миёни ҲАМОС ва Исроил барои 4 рӯз оташбас эълон шуда буд ва он дар ду марҳилаи гуфтушунидҳо барои 3 рӯзи дигар тамдид шуд. Аммо ин бор бидуни тамдид оташбас поён ёфт.

Исроил мегӯяд, аз субҳи барвақт ба чандин нуқтаҳои ҲАМОС ҳамла кардааст. Аммо расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҳамлаҳо мисли пештар ба хонаҳои маскунӣ ва болои мардуми осоишта сурат мегирад.

Аз лаҳзаи оғози ҳамлаҳои имрӯза ба Рафаҳ, қисми ҷанубии Ғазза, ки Исроил мегӯяд, ба он минтақа ҳамла намекунад, аллакай 6 фаластинӣ кушта шуда, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” аз даргириҳо миёни нерӯҳои ҲАМОС ва Исроил дар чанд минтақаи Ғазза гузориш дод. Гуфта мешавад, аритиши Исроил чанд нуқтаеро дар наздикии бемористони Носир, дар Хонюнус ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон мақомоти Исроил эълон кадаанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии он тамоми минтақаҳои Ғаззаро бомборон хоҳанд кард. Расонаҳо аз қавли сухангӯи артиши Исроил нақл карданд, ки мегӯяд, “дубора ба ҷанг бо қувваи бештар баргаштем ва ҳеч гуфтушуниде барои озодии асирони исроилӣ сурат намегирад.”

Ин дар ҳолест, ки бархе коршиносон дар таҳлилҳои худ мегӯянд, барои Исроил озодии чанд шаҳрвандаш, ки ҳоло дар дасти ҲАМОС асиранд, чандон муҳим нест. Ҳоло мехоҳад бомборонро болои Ғазза ва мардуми он шиддат бахшад.

Дар давоми 7 рӯзи оташбас табодули озодии асирон сурат гирифт. Ҳамчунин дар рӯзҳои кумакҳои башардӯстонае низ аз гузаргоҳи Рафаҳ вориди Ғазза шуданд, аммо аксар созмонҳо ва кишварҳои миёнҷигар борҳо таъкид карданд, ки вазъи инсонӣ дар Ғазза бисёр хатарнок аст ва ҳаҷми кумакҳои воридмешуда 10% иҳтиҷоти мардуми зарардидаро намепӯшонад.

Ҳамчунин Ожонси оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) борҳо аз камбуди об ва набудани сӯзишворӣ дар бемористонҳо бонги хатар зада буд. Ба гуфтаи ин ниҳод, агар кумакҳои сари вақт ба мардум нарасанд, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои хатарнок хеле зиёд аст.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон барои оташ задани бинои пулис

0

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми оташ задани шуъбаи пулис ва қасди куштани сардори шуъбаи муҳоҷират дар Краснодар боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Сергей Юрченкои 68-сола, рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ тақрибан соати 10:00 вориди шуъбаи пулиси шаҳри Апшеронск шуда, парвандаҳои бойгониро оташ задааст.

Гуфта мешавад, кормандони сӯхторнишонӣ оташро зуд хомӯш кардаанд, аммо яке аз афсарони милиса аз дуди оташ заҳролуд шудааст.

Баъд аз боздошти Юрченко, муфаттишон иддао доранд, ки ӯ инчунин қасди куштани сардори шуъбаи муҳоҷират Нелли Евсюковаро доштааст.

Мақомоти рус сабаби ба чунин кор даст задани Юрченкоро муайян доранд.

Бино ба иттилои шабакаи телеграмии “База”, Сергей Юрченко бори охир 2 сол пеш ба ин шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст ва мақоми ҳуқуқии ӯ ҳамчун “шахси бешаҳрвандӣ” муайян шудааст. Пас аз ин Юрченко дигар ба пулис муроҷиат накардааст.

Дар ҳоли ҳозир алайҳи ин мард бар асоси моддаи 317-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия “ҳамла ба ҷони корманди ҳифзи ҳуқуқ” парванда боз шуда, ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

То ҳол назари Юрченко ва адвокаташ дар ин бора дастраси расонаҳо нест. Инчунин шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ низ маълум нест.

Вақте ректори донишкада “рэкет” мешавад

0

Ихроҷи даҳҳо нафар аз омӯзгорони Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт ба вокунишҳои тунди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.

Бино ба иттилои ҳафтаномаи “Пайк“-и Тоҷикистон, субҳи 29-уми ноябри соли 2023 тақрибан соати 8:00 Раҷабзода Маҳмадёр Носир, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамроҳ бо муовинон ва муҳофизони донишкада ба хобгоҳ рафта, 23 нафари онҳоро аз хобгоҳ “пеш” кардааст.

Ба қавли манбаъ, рафтори ректор, муовинон ва муҳофизони Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Раштро дар вақти пеш кардани муаллимон аз хобогоҳ даҳҳо нафар аз шогирдони онҳо тамошо карда ва ба ин хотир “имрӯз 23 нафар устоди Донишкада баякбор мехоҳанд тарки вазифа намоянд.”

Аз сӯи дигар, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ бо нашри як матлаб ихроҷи ин 23 нафар муаллимонро аз хобгоҳ тасдиқ карда, гуфтааст, ки онҳо “як гурӯҳ сокинони Рашт ва гурӯҳи дигар аз ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш мебошанд.”

Ин вокуниш, ки бо имзои ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт нашр шудааст, таъкид мекунад, ки “дар байни раёсати донишкада ва омӯзгорон ҳеҷ гуна расмиёти ҳуқуқӣ (бастани шартнома) вуҷуд надорад” ва “худи омӯзгорон медонистанд, ки иқомати онҳо дар хобгоҳи донишҷӯён муваққатӣ ва ғамхории навбатии раёсати донишкада аст.”

Инчунин ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт омӯзгорони аз хобгоҳ маҳрумшударо ба он муттаҳам кардааст, ки “вазъи нигоҳдошти утоқҳо аз ҷониби омӯгорон ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ набуд ва чунин вазъ новобаста аз таъкидҳои пайвастаи раёсати донишкада ислоҳ нашуд” ва ба ҳамин хотир онҳоро аз хобгоҳ хориҷ карданд.

Гуфта мешавад, соли 2006 шуъбаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъсис дода шуд. Сисап дар соли 2008 ин шуъба мақоми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро касб кард. Ин донишкада дорои 4 факулата ва беш аз 13 кафедра мебошад. Айни замон зиёда 3500 нафар донишҷӯ дорад.

Тамдиди якрӯзаи оташбас дар Ғазза ва ҳамла дар Қудс

0

Вазорати корҳои хориҷаи Қатар аз тамдиди оташбаси якрӯза, то субҳи рӯзи ҷумъа байни ҲАМОС ва Исроил хабар дод.

Тибқи тавофуқоти қаблӣ, оташбас то субҳи 30-уми ноябри соли ҷорӣ тамдид шуда буд. Аммо кишварҳои миёнҷигар, аз ҷумла Мисру Қатар тавонистанд дар лаҳзаҳои ахир муддати ин оташбасро барои як рӯзи дигар тамдид кунанд.

Ҷониби Исроил низ мегӯяд, ба шарти озодии 10 исроилӣ барои ҳар рӯзи оташбас мувофиқ аст. Ва дар муқобил ҲАМОС низ барои озодии бештари зиндониёни фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ин тавофуқ розӣ шудааст.

Сухангӯи ҳукумати Исроил субҳи имрӯз дар нишасти матбуотие гуфт, дар давоми 6 рӯзи оташбас то кунун 102 асир, ки дар дасти ҲАМОС дар Ғазза буданд, озод шуданд. Ба гуфтаи ӯ, 78 нафари озодшудагон шаҳрвандони Исроил ҳастанд ва боқӣ шаҳрвандони хориҷӣ.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳо, бо вуҷуди эълони оташбас нерӯҳои баҳрии Исроил субҳи имрӯз ба соҳили минтақаи Хонюнуси ҷанубии Навори Ғазза ҳамла карданд. Гуфта мешавад, артиши Исроил намегузорад мардум дар рӯзҳои оташбас ва оромӣ ба тарафи шимоли Ғазза ва ё соҳилҳо наздик шаванд. Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе, дар охирин рӯзи оташбас дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуд, ки дида мешавад, тонкҳои Исроил дар қисмати шимолии Ғазза дар ҳаракатанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Исроил субҳи рӯзи 30-уми ноябр аз як ҳамлае аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар қисмати шимолу ғарбии Қудс хабар доданд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин ҳамла 3 исроилӣ ҷон бохта, 7 нафари дигар захмӣ шудааст, ки ҳолати 4 нафараш вахим арзёбӣ мешавад.

Мувофиқи иттилои расонаҳо, дар пайи даргирии нерӯҳои Исроил бо ҳамлагарон се нафари онҳо кушта шудаанд. Гуфта мешавад, нерӯҳои исроилӣ ҳамалагаронро шиносоӣ карда, ба хонаҳои онҳо ҳуҷум карда, чанде аз аъзои хонаводаи онҳоро боздошт кардаанд.

Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад.

Бино ба иттилои расмӣ, охири моҳи дебкари соли ҷорӣ Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба қавли манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон эронӣ, ки қасди иштирок дар ин намоишгоҳро доранд, дар Теҳрон мулоқот кардааст.

Инчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар робита ба “фазои сармоягузорӣ, зарфиятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон” суҳбат карда, “онҳоро барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват” кардааст.

Гуфта мешавад, аз соли 2012 то 2017 муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон як марҳилаи бисёр печидаеро пушти сар гузошт, аммо пас аз соли 2017 раванди муносибатҳо байни ду кишвар ба тадриҷ тағйир кард.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Эрон дар се соли ахир талошҳои зиёдеро анҷом дод, то тавонад на танҳо бахше аз бозорҳои молу маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзии Тоҷикистонро ба даст бигирад, балки бо таъсиси корхонаи тавлиди паҳподҳо дар шаҳри Душанбе акнун тавониста бахше аз бозори таъмини таҷиҳозоти низомиро низ дар ихтиёри худ қарор диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай рафт

0

Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар як нишасти ҷаҳонӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи рӯзи 30-уми ноябри соли ҷорӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати расмӣ ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай иштирок “дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим” мебошад.

Интизор меравад, бар иловаи ширкат дар ин нишаст, ҳайати Тоҷикистон бо бархе ҳайатҳои дигар кишвар ва бархе мақомоти расмии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дидор ва гуфтугӯҳои ҷудогона низ баргузор намоянд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро “Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”

Нигаронии ИА аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

0

Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки гунаҳкорони нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷавобгарӣ бикашанд.

27-уми ноябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Брюссели Белгия ҷаласаи даҳуми солонаи Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Раёсати ин ҷаласаро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндаи ИА Люк Девин бар уҳда доштанд.

Дар ин нишаст ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистону ИА, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, обу муҳити зист, энергетика, ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва масъалаҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ карданд.

Инчунин ҷонибҳо дар бораи музокироти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда (EPCA), ки дар авоили соли ҷорӣ оғоз шуда буд ва дархости соли 2019-и Тоҷикистон барои пайвастан ба низоми “GSP+” гуфтугу карданд. “GSP+” як низоми имтиёзист, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд иҷоза медиҳад молу колои худро аз рӯи тарофаҳои тасҳилии гумрукӣ ба бозори Иттиҳоди Аврупо ворид кунанд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки баъд аз пайвастан ба ин низом содиркунандагони тоҷик даҳҳо миллион доллари худро метавонанд ҳифз кунанд.

Барои пайвастан ба ин низом мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадории худро дар робита бо 27 эъломия, аз ҷумла оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи шуғл, муҳити зист ва иқлимро риоя кунад. Аммо Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳуқуқи башар дар зинаҳои поин қарор дорад.

Дар ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳо, Иттиҳодияи Аврупо аз қабули Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023-2025 дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ба татбиқи пурраи он ва ҷалби пайвастаи ҷомеаи шаҳрвандиӣ ба равандҳои сиёсӣ дар кишвар таъкид кардааст.

Инчунин Иттиҳодияи Аврупо аз боздошти ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорони мустақил ва блогерҳо изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки гунаҳкорони нақзи ҳуқуқи одамонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷавобгарӣ бикашанд.

То ҳол ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ба дархости ИА маълум нест.

Талаби Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти кишвар соли 2022 эътирозгарони вилоятро бераҳмона саркӯб намуд, ки дар пайи он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуд. Пас аз он мақомот даҳҳо нафар аз сокинону фаъолони мадании ва сеҳраҳои маъруфи ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ва Рӯшонро бо баҳонаи мубориза бо ҷинояткорӣ боздошту зиндонӣ карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз Тоҷикистон раҳоии зиндониёни сиёсиро талаб карда буданд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои таҷовузи ноболиғон сахттар мешавад

0

Дар Тоҷикистон ҷазо барои шахсоне, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ мекунанд, сахттар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон зери он имзо гузоштааст ва бояд мавриди амал қарор бигирад.

Чанде пеш парлумони Тоҷикистон ба чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки ин тағйироти ахир барои касоне, ки ба ноболиғон озори ҷинсӣ мерасонанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 солро пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле, ки ин қонун қаблан барои чунин ҷиноят аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Инчунин қозии додгоҳ, вобаста ба ҳаҷми ҷиноят метавонад шахси маҳкумро барои умрбод аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян маҳрум кунад.

Сахттар шудани ҷазо барои шахсоне, ки ба номуси ноболиғон дастдарозӣ мекунанд, дар ҳолест, ки чанд соли ахир омори чунин ҷиноятҳо дар кишвар бештар шудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 сокини ноҳияи Шаҳринав Азизов Олимбойро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи писарамакаш ба 18 соли зиндон маҳрум кард. Инчунин моҳи сентябри соли 2020 Додгои шаҳри Душанбе Исанов Турғунҷон Жураевичро бо ҷурми таҷовуз ба номуси писарандар ва духтарандари хурдсолаш ба ҳабси якумра маҳкум карда буд.

Хабарҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон аз ҷониби бузургсолон, бавежа аз ҷониби наздикон як масъалаи доғе шудааст, ки чанд соли ахир зиёд расонаӣ мешавад. Равоншиносон зуҳури чунин ҷурму ҷиноятро дар ҷомеаҳо ба сабабҳои равонии худи афроди таҷовузгар рабт медиҳанд. Ба назари онҳо, ин гурӯҳ мардон ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷинсӣ худ дучори мушкил ҳастанд.

Дар робита ба ин қазия равоншиноси маъруфи тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров дар суҳбати катбӣ бо Azda tv чунин гуфта буд: “Аксари ин одамон бемории рӯҳӣ доранд, яъне сарҳади рафтори ахлоқии онҳо муайян нест. Ин гуна бемориро педофилия (пед – кӯдак, филия – дӯст доштан) меноманд. Яке аз сабабҳои педофилия ин аз хурдӣ зарби равонӣ ё зӯроварии ҷисмӣ хӯрдан аст: -яъне касе онҳоро ба кори ҷинсӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ё таҷовуз мешаванд. Сабаби пайдо шудани ин зуҳурот дар Тоҷикистон омадани мигрантҳо аз давлатҳои дигар ва овардани фарҳанги он ҷоҳост. Педофилҳо барои ҷомеъаи мо хатарноканд.

Рушди ҳамкории байнипарулмонӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

0

Рӯзи 28–уми ноябри соли ҷорӣ ҳайате аз вакилони рус бо намояндагони парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз ҳайате аз вакилони Маҷлиси конунгузории вилояти Свердловскии Русия бо сардории раиси он Людмила Бабушкина, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд, бо Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дидору мулоқот карданд.

Ҷонибҳо ин мулоқоти худро “як рӯйдоди таърихӣ” хонда, онро далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ карданд.

Мо ин мулоқотро тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони порлумони Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморем. Муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд”,-гуфтааст Маҳмадалӣ Ватанзода.

Маълум нест, ки вакилони тоҷик бо ҳамтоёни русашон ҳангоми мулоқот дақиқан кадом масоилро баррасӣ карданд. Аммо дар давоми камтар аз як моҳ ин сафари дуюми вакилони рус ба Тоҷикистон мебошад. Ва ҳамзамон дар ин миён Эмомлаӣ Раҳмон низ ҳафтаи гузашта ба Русия сафар карда буд.

Бо вуҷуди сафарҳои байнипарлумонӣ ва мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар боз ҳам дида мешавад, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия коҳиш наёфтааст. Чанд моҳи ахир раванди боздошту ихроҷи муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён бештар шудааст.

На мақомоти тоҷик ва на мақомоти рус аз натиҷаи мулоқотҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия чизе дар мавриди ин ки ҷонибҳо мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда бошанд, нашр накардаанд.

Танҳо аз ин мулоқотҳо гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбатҳо ҷонибҳо “масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар”-ро баррсӣ карданд.