Хона блог саҳифа 248

Парвандаи нависандаҳои тоҷик ба додгоҳ рафт

0
Акс аз саҳфаи фейсбукии Абдухалил Холиқзода

Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи пурсарусадои тоҷир ва нависандаи шинохтаи тоҷикро пас аз анҷоми таҳқиқ ба додгоҳ фиристодааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, 8-уми январи соли 2024 Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванди тоҷири шинохта Абдухалил Холиқзода, молики Бемористони Ибни Сино ва нависандаи саршиноси кишвар Русати Қодирро ба додгоҳ фиристодааст.

Ба қавли манбаъ, қарор аст Додгоҳи шаҳри Душанбе, ки ин парванда ба он ҷо фиристода шудааст, ҳафтаи оянда дар бораи баррасии ин парванда тасмим бигирад ва рӯзи баргузории нахустин мурофиаи додгоҳӣ низ маълум шавад.

Пеш аз ин дар 15-уми августи соли 2023 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш ба хабарнигорон гуфта буд, ки Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Сино ва муаллифи китоби “Ҳаводи рӯзгори ман” дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “таҳқири намояндагони маҳалҳо” боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, тобистони соли гузашта, бархе кормандони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пас аз 3 моҳи нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” маъракаеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи муаллифи он Абдухалил Холиқзода ба роҳ андохта, ӯро ба маҳалгароӣ, таҳқири мардумони дигар маҳалҳо ва барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам карда буданд, ки шӯреро дар ҷомеа ба по карда буд.

Сипас Прокуратураи генералии Тоҷикистон вориди амал шуд ва муаллифи китоб Абдухалил Холиқзода ва чанд рӯз пас муҳаррири он нависанда Рустами Қодирро низ боздошт кард ва то ҳол ҳар дуи онҳо дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Словения ҳам алайҳи Исроил қиём кард

0

Словения тасмим гирифт, ки расман ба мурофиаҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ICJ) алайҳи Исроил ҳамроҳ шавад.

Бино ба иттилои расонаҳои исроилӣ, Нахуствазири Словения эълон кард, ки кишвараш бар зидди ҷиноятҳои Исроил дар Навори Ғазза, Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ бо Африқои Ҷанубӣ ҳамроҳ мешавад.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ҳамроҳ шудани Словения дар ин парванда назорат кардан бар сиёсатҳои Исроил дар Каронаи Бохтарӣ, Навори Ғазза ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва хулосаи машваратӣ гирифтан аз иттиҳомоти наслкушӣ алайҳи Исроил, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Африқои Ҷанубӣ дар Додгоҳи Ҷиноӣ шунида шуд, мебошад.

Саловения дар ҳоле дар ин парванда ҳамроҳ мешавад, ки Урдун қабл аз он дар ин қазия бо Африқои Ҷанубӣ пайваста, онро дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳамроҳӣ карда буд. Он замон вакилони ҳуқуқии Исроил дар Додгоҳи Байналмилалли Ҷиноӣ дар дифоъ аз худ гуфта буданд, ки Африқои Ҷанубӣ “воқеиятҳоро таҳриф кардааст.”

Инчунин дар авҷи ин даргириҳо раиси ҷумҳури Туркия ҳам эълон карда, ки бо ташкили гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳои муътабар иттиҳоми наслкушии Исроил дар Навори Ғаззаро дар додгоҳҳои байналмилалӣ собит хоҳад кард.

Аммо аз сӯи дигар Амрико ин иттиҳомоти наслкуширо дар Навори Ғазза тавассути давлати Исроил “иттиҳомоти пӯч” хонда, ахиран Олмон ҳам эълон карда буд, ки ҳамчун кишвари савум дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар робита ба шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил ва иттиҳоми наслкушии Исроил дар Ғазза аз ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.

Гуфта мешавад, имрӯз, мақомоти эронӣ низ эълон карданд, ки Теҳрон ба унвони тарафи савум вориди шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ хоҳад шуд ва аз иддаои матраҳшуда ҳимоят мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, аз замони оғози ҷанг дар Навори Ғазза беш аз 24 ҳазор нафар кушта ва наздик 8 ҳазор каси дигар зери вайронаҳо беному нишон шудаанд. Адади захмиҳо ҳам беш аз 61 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Инчунин мақомоти исроилӣ дар ҳамин фурсати замонӣ ҳудуди 400 нафар аз фаластиниҳоро дар Каронаи Бохтарӣ ба қатл расонида, беш аз 3500 каси дигарро боздошт кардаанд.

Аз сӯи дигар, мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки дар рафти ин ҷанг ва ҳамлаи Ҳамос дар 7-уми октябри соли 2023 наздик ба 2 ҳазор нафар кушта ва беш аз 5 ҳазор каси дигар захмӣ шудааст. Исроил омори кушта ва захмиҳои худро пурра эълон намекунад.

Бо гузашти беш аз 100 рӯзи ҷанг дар Навори Ғазза беш аз 100 ҳазор нафар кушта, захмӣ ва беному нишон зери харобаҳо нопадид шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Маблағгузории навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон

0

Ҳайате аз намояндагони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ дар Душанбе бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот краданд.

Гуфта мешавад, ин мулоқот дар чорчӯби кумак ба лоиҳаи “Миллати солим”-и тақдим намудаи ин вазорат ва оғози маблағгузорӣ ба он сурат гирифтааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи “Миллати солим” дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардидааст ва ҳадафи он “боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар” мебошад.

Мақомоти Вазорати тандурустии кишвар миқдори маблағе, ки бояд барои лоиҳаи “Миллати солим” пардохт шавад, зикр намекунанд, аммо худи Бонки ҷаҳонӣ моҳи октябри соли 2023 эълон карда буд, ки маблағи ин лоиҳа 57,25 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар хабари Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешуд, ки лоиҳаи мазкур “аз ҳисоби грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) ($40 миллион), Фонди ҷаҳонии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон (12,5 миллион доллар) ва Барномаи омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва вокуниш ба саломатӣ (4,75 миллион доллар) маблағгузорӣ мешавад.”

Бино ба иттилои расмӣ, Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 26 тарҳро маблағгузорӣ мекунад, ки маблағи умумии онҳо 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ва аз соли 1996 инҷониб бонки мазкур барои Тоҷикистон тақрибан 2,9 миллиард доллар дар сурати грантҳо ва қарзҳои хеле имтиёзнок ҷудо кардааст.

Таъсири сиёсати Раҳмонов дар Қирғизистон

0

Мақомоти Қирғизистон 11 рӯзноманигорро бо иттиҳоми даъват ба нооромиҳо боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи KLOOP, кормандони пулиси Қирғизистон рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар манзилҳои хабарнигорони мустақил ва идораи “Temirov Live” кофтуковҳои густурда анҷом дода, дари ин идораро муҳр задаанд.

Дар пайи ин кофтукофҳо 11 рӯзноманигор, аз ҷумла Маҳабат Тоҷибек қизи, Сапар Акунбеков, Азамат Ишенбеков, Сайпидин Султоналиев, Актилек Капаров, Тинистан Асипбеков, Мақсад Тоҷибек уғлу, Ҷодар Бузумов, Ҷумабек Турдалиев, Айке Бейшекеева ва Оқил Орозбеков барои 48 соат боздошт ва телефону ноутбукҳои худашон ва ҳатто наздиконашон мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ин рӯзноманигорон бо тарҳҳои “Temirov Live” ва “Айт Айт Десе” дар гузашта ҳамкорӣ доштанд ё то ҳол ҳамкорӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон бо нашри изҳорот гуфт, ки кофтукови оммавӣ дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” сурат гирифтааст.

Тавре ин ниҳод мегӯяд, 30 декабри соли 2023 пулис дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои “Айт Айт Десе” ва “Темиров Live” маълумотеро, ки ба нооромиҳои оммавӣ даъват мекунад дарёфта, рӯзи 12-уми январ тахшис онро таъйид кардааст. Вазорат дақиқ нагуфтааст, ки сухан дар бораи кадом матлаб меравад.

Гуфта мешавад, ин иттиҳоми эълонкардаи ВКД ба рӯзноманигороне, ки боздошт шудаанд, аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аммо рӯзноманигор Болот Темиров мегӯяд, ки ин расона дар матлабҳои худ ба бетартибиҳо даъват накардааст. Инчунин Маҳабат Тоҷибек қизи роҳбари лоиҳаи “Темиров Live” гуфтааст, ки боздошту кофтуковҳои густарда ба матлаби рӯзноманигорон дар бораи сардори ВКД Уланбек Ниёзбеков ва вакили парлумон Нодира Нарматова марбут аст.

Рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дафтари хабаргузории 24.kg дар Бишкекро кофтукоб карда, тамоми таҷҳизотро бо худ бурданд ва худи дафтарро муҳр заданд. Раҳбарияти нашрияро низ барои бозпурсӣ бурдаанд. Бино ба иттилои КДАМ, кофтуков дар доираи парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи “таблиғоти ҷанг” сурат гирифта, дар ин парванда роҳбарияти 24.kg ҳамчун шоҳид мегузаранд.

Дар вокуниш ба боздошту кофтуковҳо чандин вакили парлумони Қирғизистон гуфтаанд, ки ин амал ба озодии баён ва равандҳои демократӣ дар кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Намояндаи САҲА дар умури озодии ВАО Тереза ​​Рибейро дар шарҳи ин вазъ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки “чунин тафтишот метавонад ба озодии расонаҳо ва пӯшиши масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа дар кишвар таъсири сард гузорад”.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Дидбони ҳуқуқи башар, Шарики байналмилалии ҳуқуқи башар (IPHR), Бунёди Ҳелсинкии ҳуқуқи инсон, Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) низ аз кофтуков ва боздошти хабарнигорон изҳори нигаронӣ карда, онро маҳкум кардаанд.

Инчунин Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки озодии баёнро ҳифз кунанд ва тарҳи қонунеро, ки порлумони Қирғизистон барои маҳдуд кардани озодии баёну барррасӣ доранд, хатарнок номид.

Қирғизистон, ки демократитарин давлати Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт, дар ҳоле даст ба боздошту бозпурси рӯзноманигорон зада истодааст, ки кишвари ҳаммарзи он, Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин корро чанд сол боз таҷриба дорад.

Ба вуҷуд омадани танишҳо байни Эрону Ироқ

0

Ба дунболи ҳамлаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ба Арбили Курдистони Ироқ байни Бағдоду Теҳрон танише ба вуҷуд омадааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 16-уми январи соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Ироқ Насир Абдулмуҳсин, сафири худ дар Эронро барои машварат аз Теҳрон ба Бағдод фаро хондааст.

Вазорати хориҷии Ироқ сабаби бозхонии сафири худ дар Эронро “барои машварат” унвон кардааст. Гуфта мешавад, пас аз ҳамлаҳои ахири Эрон ба Арбили Курдистон 4 нафар ҷон бохтаву 6 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба қавли Вазорати корҳои хориҷии Ироқ, ҳукумати ин кишвар ҳамлаи Эронро “таҷовуз ба истиқлолияти Ироқ ва амнияти мардуми он ва сӯиистифода аз ҳамсоягии нек медонад.”

Нахуствазири минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ Масрур Боризонӣ ҳам вуҷуди мақарри ҷосусии Мусоди Исроил дар Арбилро рад карда, Эронро ба он муттаҳам кард, ки дар ин ҳамлаҳо шаҳрвадони мулкиро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Инчунин Ироқ бо ташкил як Кумитаи таҳқиқотӣ дар ин бора мехоҳад, ки дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон шикоят кунад. Қосим Алаъраҷӣ, мушовири Амнияти миллии Ироқ ҳам дар раъси ҳайате барои таҳқиқ ва баррасии ҷузъиёти ин ҳодиса аз Бағдод ба Арбили фиристода шудаанд.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ба сабаби ҳамлаҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ба Арбили Курдистон, Абулфазл Азизӣ, сафири Эрон дар Ироқро низ фаро хонда, ба вай нотаи эътирозӣ супоридааст.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам ин ҳамларо дар дифоъ аз истиқлоли худ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва зидди терруристҳое, ки суботи ин кишварро халалдор кардан мехостан, хондааст.

Хабаргузории расмии Эрон ИРНО ҳам бо нашри як гузориши муфассал гуфтааст, ки ин ҳамла “дар посух ба иқдомоти террористии Кирмон ва Росак ва террори сардори Сипоҳ дар Сурия” ба “мақарри ҷосусии сервиси хориҷии режими саҳюнистӣ (Мусод) дар Арбили Курдистони Ироқ” анҷом шудааст.

Ба таъкиди ИРНО, “ҳамлаи мушакии Сипос ба мақарри ҷосусии “Мусод” (-и Исроил) дар Арбил комилан дақиқ ва бенақс анҷом шуда ва дар асари он Пешрав Дизоӣ, ки масъули пуштибонии ин сервиси ҷосусӣ буда, ҳамроҳи чанд нафари дигар ба ҳалокат расидаанд, ки эҳтимолан писарони вай низ ҷузви кушташудагон ҳастанд.”

Гуфта мешавад, дар чанд ҳафтаи ахир дасти кам се ҳамлаи терруристӣ дар Кирмон ва Росаки Сиистон ва Балучистони Эрон анҷом шуд, ки бар асари онҳо зиёда аз 100 нафар кушта ва беш аз 200 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Масъулияти ҳамлаи пурқурбонии Кирмонро ДИИШ бар уҳда гирифта буд. Исроил ҳам гуфта буд, ки сардори Сипоҳ дар Сурияро дар як ҳамла кушта аст. Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлаи Росаки Сииситону Балучистон кори дасти худи эрониҳои мухолифи низом будааст.

Бо ин вуҷуд, Вазорати корҳои дохилии Эрон бо нашри чанд иттилоия таъкид карда буд, ки омилони асосӣ ва тарроҳи ҳамлаҳои Кирмон се тан аз шаҳрвандони тоҷикистонии узви ДИИШ буданд. Ҳарсеи онҳо ба сурати ғайрирасмӣ ва бо роҳҳои қочоқӣ вориди хоки ин кишвар шуда буданд.

Аммо мақомоти эронӣ шуруъ аз раҳбари ин кишвар то президенту мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ҳам Амрикову Исроилро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо муттаҳам карда, таҳдид карда буданд, ки посухи онҳо дар замон ва макони муносиб дода мешавад.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз кор ронданд

0

Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз корхонаи кимиёии “Химпэк”-и шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон ронданд.

Ин муҳоҷирон рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ, барои боло бурдани музди корашон ва пардохт нашудани рухсатипулӣ, корпаротоӣ карда буданд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ки масъулони корхона ба онҳо ваъда дода буданд, ки маошашонро 15 дар сад зиёд мекунанд, аммо ба ҷойи 80-75 ҳазор рубл 64 ҳазор ва ба баъзеҳо 49 ҳазор рубл додаанд.

Пас аз ин ҳудуди сад муҳоҷир бо нишони эътироз корпартоӣ карданд ва масъулони ин корхона асабонӣ шуда, аз муҳоҷирон талаб кардаанд, ки ҳуҷҷатҳоро гирифта корхонаро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз муҳоҷирон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъд аз корпартоӣ онҳоро даъват карда, маоши ниммоҳаро доданду ҳамзамон аз кор ронданд ва ҳатто ба онҳо иҷоза надодаанд, ки шабро дар хобгоҳи корхона рӯз кунанд.

То ҳол масъулони ин корхона дар бораи якбора аз кор рондани ҳудуди сад корманди тоҷикро шарҳ надодаанд. Ва ҳамчунин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол ба ин масъала вокуниш накардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, корфармоёни рус пайваста ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад. Ба қавли бархе муҳоҷирон, аз ҳама бештар корфармоёни рус ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад.

Чанд моҳи ахир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ низ авҷ гирифтаасту аксар мақомдорони ин кишвар зидди муҳоҷирон дар минбарҳои гуногун суханронӣ мекунанд ва дар ин кишвар “рейд”-ҳои зиёде болои муҳоҷирон сурат гирифт.

Инчунин дар Русия нархи “патент” якбора боло рафт ва вакилони рус бо қабули қонунҳои гуногун талош доранд, кори муҳоҷиронро дар ин кишвар маҳдудтар кунанд.

Вакилони рус сабаби ин маҳдудиятҳоро ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа рабт дода буданду гуфта буданд, ки мехоҳанд бештар ҷойи корӣ ба русҳо расад.

Аммо дар хабару гузоришҳои охир аз ин кишвар гуфта мешавад, ки дар баъзе шаҳрҳои Русия коргар намерасад чун аз сабаби ин маҳдудияту фишорҳои зиёд муҳоҷирон Русияро тарк доранд ва худи русҳо дар корҳое мисли кӯчарӯбӣ ва сохтмонҳо кор кардан намехоҳанд.

Муттаҳам ба асардуздӣ президенти Академияи илмҳо шуд

0

Имрӯз, 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни як идда аз мақомдорон бо чанд қарору фармонаш ҷойивазкунӣ гузаронд.

Раисҷумҳур аз ҷумла, Қобилҷон Хушвахтзодаро аз мақоми мудири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барканор ва ба мақоми президенти Академи миллии илмҳои кишвар таъйин кард.

Ин дар ҳолест, ки шабакаи “Диссернет“, ки асардуздҳоро фош мекунад, моҳи октябри соли 2022 Қобилҷонро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд. Ин шабака навишта буд, ки Бирфиев Қобилҷон Хушвахтович, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номазади илмҳои иқтисодии худро соли 2010 аз Донишгоҳи аграрии кишвар гирифтааст. Вале қайд шуда буд, ки раиси донишгоҳ дар рисолаи илмияш, ки аз 134 иборат аст, 94 саҳифаашро пурра ва ё қисман аз дигар муаллифон бидуни зикри сарчашма кӯчондааст.

Пас аз нашри ин матлаб дар шабакаи “Диссернет” расонаҳо навиштанд, ки мудири як донишгоҳи муътабари Тоҷикистон моли зеҳнии дигаронро дуздида, худро олим ва номзади илм дар соҳаи иқтисодиёт муаррифӣ кардааст.

То ин дам дар мақоми президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ кор мекард. Раҳимӣ низ бо фармони дигаре аз ин мақом ба мақоми раиси Кумитаи навтаъсисе дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Инчунин Эмомлаӣ Раҳмон имрӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаро бо муовинҳояш аз мақомҳояшон озод карда ба дигар мақомҳо ҷойгузин кард. Аз ҷумла, Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки милиро ба мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин кард, ки ин мақом баъд аз барканории Давлаталӣ Саид холӣ буд. Аммо ба мақоми пешинаи Холиқзода Фирдавс Толибзода интихоб шуд. Тилозода то ин дам муовини аввали раиси БМТ буд.

Бо фармони дигаре имрӯз раиси “Амонтбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини раиси Бонки миллӣ таъйин шуд ва муовини Бонки миллӣ Салимзода Алиҷон Абдуҷалолро ба мақоми раиси “Амонатбонк” интихоб кард.

Бо як фармони дигари Эмомалӣ Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъйин шудааст. Гуфта мешавад, ин ниҳод низ нав таъсис ёфтааст. Ӯ ҳамзамон муовини якуми президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон низ ҳаст. Файзуллозода то ин дам муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи бархе огоҳон, Файзуллозода яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ мебошад.

ПМТ: Аз зуҳури ҷинояти фаромиллӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба сурати ғоибона ҳукми дастаҷамъии яке аз хонаводаҳои мухолифин дар Тоҷикистонро маҳкум кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 16-уми январи соли 2024 Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ҳукми додгоҳи ғоибона нисбати хонаводаи Ёқубовҳо аз ҷумла Илҳомҷон Ёқубов, падару модар ва хоҳарашро “маҳкум карда, онро зидди қонунгузории Тоҷикистон ва қонунҳои байналмиллалӣ медонад.”

Паймони Миллии Тоҷикистон дар идома меафзояд, ки ин ҳукм “дар ҳоле баргузор гардид, ки ҳеҷ нафар аз судшавандаҳо аз он огоҳ карда нашуданд ва аз парванда ва раванди тафтишот бехабар монданд. Аз рӯи маълумотҳо, додгоҳ паси дарҳои баста ва бе вакили дифоъ баргузор гашт, ки худ нақзи қонун ва тартибот аст.”

Ҳамзамон худи маҳкумшуда Илҳомҷон Ёқубов ҳам бо нашри як номаи расмӣ ба унвони “Раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳукми додгоҳ дар ғиёби ӯ, падар ва хоҳарашро ғайриқонунӣ дониста, онро хилофи қонунҳои ҷазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ кардааст.

Пеш аз ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам бо нашри як изҳороти расмӣ ин ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва “худсарона” хонда буд. Паймони миллии Тоҷикистон содир шудани чунин ҳукмеро дар ҳаққи як хонавода, “ҷазои дастаҷамъӣ” хонда, мегӯяд, “яке аз мақсадҳои асосии ин додгоҳ пӯшиши қонунӣ додан ба тороҷи молу мулки хусусии як хонавода ва тарс додани мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва дигарандешон аст.”

Моҳи декабри соли 2023 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба сурати ғоибона шаҳрвандони Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов, падараш Дадоҷон Ёқубов, модараш Очахон Ёқубова ва хоҳараш Мунира Ёқубова (феълан баъди шавҳар кардан Ҷӯраева)-ро ба солҳои зиёд маҳкум карда буд.

Илҳомҷон Ёқубов, яке аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон ва мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай дар гузашта, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Баъд аз баста шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон, 8 сол инҷониб ҳамроҳ бо хонаводааш дар Аврупо зиндагӣ мекунад. Вай раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон мебошад.

Нафароне, ки ба амнияти Тоҷикистон “хатар” доранд аз Туркия ихроҷ мешаванд

0

Мақомоти Туркия нафаронеро, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд, аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.

Дар ин бора имрӯз, 15-уми январ Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи сафир, Туркия барои шахсоне, ки ба Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ хатар доранд, паноҳгоҳ нест ва ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад. Умут Аҷар мегӯяд, ки дар ҳолатҳои лозима ин гуна нафаронро мақомоти Туркия аз кишвар хориҷ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам ин корро хоҳад кард. 

Инчунин сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти амниятии ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои зич доранд ва дар ин масъала байни ду кишвар табодули назар вуҷуд дорад.

Бояд гуфт, моҳи майи соли 2023 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Туркия бо додситони кулли ин кишвар Бекир Шаҳин масъалаҳои созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар ва истирдоди ҷинояткорону маҳкумшудагонро баррасӣ карда буд.

Дар ҳамин нишаст, Умут Аҷар гуфт, эҳтимол баҳори соли ҷорӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон сафар мекунад ва масъалаи сафари Эрдуғонро ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар дидори охираш ба мақомот дар Душанбе расонидааст.

Ҳамзамон сафир дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар намуда, гуфтааст, ки Туркия дар баҳси сарҳадии ин ду кишвар тарафи касеро намегирад ва ҷонибдори ҳалли он аст.

Дар ҳоле Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар бораи ихроҷи нафарони “хатарнок” аз хоки кишварҳои ҳарду кишвар мегӯяд, ки чанде пеш ду тан аз мухолифини ҳукумати имрӯзаи Туркия дар Душанбе дуздида ва ба Туркия супорида шуда буданд.

Аз ҷумла, Корай Вурал, мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен ва Эмсал Коч, мудири собиқи маркази “Диалог” дар Тоҷикистон аз сӯи шахсони ношинос рабуда ва ба Туркия супурда шуда буданд.

Ичнунин дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия чандин ҷавони тоҷики узви ДИИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон сипурдааст, вале то кунун ҳеҷ хабаре аз истирдоди фаъолони сиёсӣ нашр нашудааст, аммо мухолифони ҳукумати Раҳмонов борҳо дар хоки ин кишвар боздошт ва раҳо шуда буданд.

Тоҷикистон бо Қатар бозӣ мекунад

0

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дувуми бозиҳои гурӯҳӣ бо дастаи мутнахаби Қатар бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 17-уми январи соли 2024, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол даври дувуми бозиҳои худ дар Ҷоми Осиё-2023 бо тими мунтахаби Қатар дар ин кишвар идома медиҳад.

Пеш аз ин дар 13-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозиро бо мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ бин Халифа”-и Давҳаи Қатар ба ҳисоби 0-0 мусовӣ анҷом дода буд.

Дастаи мунтахаби Қатар ҳам дар даври пешин мунтахаби Лубнон оид ба футболро бо ҳисоби 3:0 дар Давҳа мағлуб карда буд. Акнун дар 17-уми январи соли ҷорӣ Чин ҳам бо Лубнон бозӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Чин 1 имтиёзӣ доранд. Баъди бозӣ бо Қатар 22-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозӣ мекунад. Ғолибони ин давра аз ҳама гурӯҳҳо ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.