27.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 277

Вазири қирғиз: Байни Тоҷикистону Қирғизистон сулҳ намешавад

0

Вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов рӯзи 19-уми октябр дар Бишкек ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки сулҳ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба осонӣ ба даст намеояд.

Тарвре расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, Бекболотов гуфта, ки то дар ҷараёни сулҳ як ҳайати доварон аз ниҳодҳои байналмилалии хориҷӣ, ба хусус Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ин кор довар нашаванд, байни ин ду кишвари ҳамсоя сулҳ намешавад ва мухолифатҳо идома хоҳанд дошт.

Ӯ иллати адами созиш байни тоҷикону қирғизҳоро дар он мебинад, ки ҳарду тараф ҳам барои худ далелҳо доранд ва то довари бетарафе дар байн набошад, наметавон далели тараферо рад кард.

“Чуноне ки медонед, ман чанде пеш бо дабири кулли СПАД Станислав Зас мулоқот доштам. Ман ба ӯ гуфтам, ки миёни қирғизу тоҷик сулҳ ба вуҷуд намеояд. Зеро қиргизҳо ҳам хакикати худро доранд ва тоҷикҳо низ далоили худро. То миёни мо довар наояд, сулҳ нахоҳад шуд.”, – мегӯя Бекболотов.

Вазири дифои Қирғизистон меафзояд, агар доварони СПАД тавонанд ду мушкилиро дар минтақаҳои баҳсбарангези мо як ҳал кунанд, пас мо метавонем сулҳро ба даст биёрем. Яке ин ки: оташбасро назорат кунанд ва дигар ин ки силоҳҳои вазнинро бо ҳадафи сулҳ аз минтақаҳои низоъ берун биоранд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳалли ин ду мушкилӣ метавон ба масъалаҳои сиёсӣ ва таъйину аломатгузории марз низ даст ёфт. “Ин вазъ 30 сол не, балки 98 сол боз идома дорад”, – гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки расиҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон бо ташаббуси Русия дар нишасти сеҷониба дар шаҳри Остона дар мавриди низоъҳои марзӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки бояд ба тавофуқоти имзошуда амал карда шавад. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам ваъда дод, ки омодааст дар ором кардани вазъ ва сулҳ овардан байни ин ду кишвар кумак кунад.

Сафорати Амрико: Тоҷикистон тамоми ақшори ҷомеаро ба шиддат саркӯб мекунад

0

Сафорати Амрико дар Душанбе дар паёми твиттерие зимни нигаронӣ аз боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон тамом ақшори ҷомеаро ба шиддат саркӯб мекунад.

Сафорат дар изҳороташ меорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз қонунгузории ҷиноӣ рӯзноманигорон, блогерон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони оддиро, ки аз ҳуқуқи конститусионии худ барои озодии баён истифода мекунанд, башидат саркӯб мекунад.

Ин ниҳоди дипломотии Амрико дар Тоҷикистон аз нигарониҳои Гузоришгари вежаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодиҳои расона ҳимоят кардааст.

Ҳамчунин дар ин паёми имрӯзааш Сафорати Амрико аз Ҳукумат хостааст, ки раванди муҳокимаҳои рӯзноманигоронро озод баргузор кунад, ба боздоштшудаҳо имкон бидиҳад, ки ҳаққи дастрасӣ ба вакили мудофеъро дошта бошанд.

Ҳамзамон намояндагони Амрико дар Душанбе аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки саркӯб барои озодии баёнро мутаваққиф кунад ва афроди бегуноҳ зиндонӣ шудадро озод кунад.

Ин дар ҳолест, ки Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо пас аз сафараш ба Тоҷикистон рӯзҳои 3 то 7-уми октябри соли ҷорӣ бо нашри изҳороте аз вазъи расонаҳо ва боздошту зиндонӣ шудани рӯзноманигорон дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.

Хонум Рибейро дар мулоқоташ бо мақомоти тоҷик аз онҳо хоста буд, ки дар ростои муомила бо ВАО талош кунанд дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ ва САҲА амал дошта бошанд ва мушкилоту монеаҳоро бардоранд.

Аммо дида мешавад, ки мақомоти тоҷик на ин ки дар ин соҳа иқдоме карданиянд, балки пас аз изҳороти Намояндаи вежаи САҲА боз чанд рӯзноманигору блогери дигар, аз ҷумла Далери Имомалӣ барои 10 сол равонаи зиндон шуд.

Вокуниши расонаҳои ҷаҳон ба “гилагузорӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон

0

Муроҷиат ё худ гилагузории Президенти Тоҷикистон пас аз ҷаласаи расмӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ+Русия” ба Президенти Русия Владимир Путин дар рӯзҳои ахир сару садоеро дар ВАО-и олам ба по хезонд. Ҷустуҷӯе оиди ин мавзӯъ чунин нишон дод, ки қариб тамоми ВАО-и олам аз ин суханронӣ истифода ва иқтибос гирифта, бо унвонҳои аҷоибу ғароиб онро мавриди баҳс қарор додаанд.

Хабаргузории

Дар сомонаи MCN-и амрикоӣ бо забони англисӣ омадааст: “Ҳоло Путин бояд лексияҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро бишнавад, ки раҳбари Русияро сарзаниш мекунад”. “Аз тарафи Президенти Тоҷикистон сарзаниш шунидани Владимир Путин  нишонаи дигаре аст, ки диктатори Русия эҳтиром ва нуфузи худро дар ҳавлии худ аз даст додааст.”

Дар ҳоле, ки ВАО-и олам ин суханҳои бесару нӯги Президенти Тоҷикистонро бо унвонҳои пуртумтароқу болохонадор дар саҳифаҳои худ таҷассум мекунанд, мухолифони режими Раҳмонов ба ин суханронии ӯ назари дигар доранд.

Яке аз мухолифони режими Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев дар канали ютубии худ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Русия: ноз ё талоқ” оиди ин суханронӣ чунин андеша дорад, ки “шояд Эмомалӣ ин суханҳояшро бо мушовиронаш ва шахсони наздикаш маслиҳат карда, ҳатто машқ карда бошад”. Инчунин Атавуллоев ба нақл аз журналисти рус иброз дошт, ки “ин муомилаи Раҳмонов барои мо ғайричашмдошт буд. Агар ин суханонро Эмомалӣ Раҳмонов дар замони дигар ва дар макони дигар мегуфт, мушкил надошт. Аммо дар рӯзҳое, ки пои Русия, пои Москав дар мӯза тангӣ мекунад дар рӯзҳое, ки ними дунё ва бештари дунё бар зидди Маскав аст ва шахсан бар зидди Путин аст, ин амали Эмомали Раҳмонро мо ҳамчун як “шаппотӣ” қабул мекунем.”

Аммо ин мухолифи режим суханронии Эмомалиро ба “гилаи бародар ба бародар” шабоҳат медиҳад, ки ҳангоме бачаҳояшон зиёд шуд, зиндагӣ мушкил шуд ва бародари кӯчак ба бародари бузургаш шиква мекунад, ки 30 сол ин тараф мо бародар ҳастем, аммо ту барои мо коре накардӣ”.  

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Паймони милли Тоҷикистон, ки дар шабакаи Ютуб таҳти унвони “Шикояти Э. Раҳмон ба Путин. Барои роҳбари як кишвари мустақил ин айб аст”, суҳбат кард. Ӯ ба ин назар аст, ки суханронии Раҳмонов дар сатҳи хеле паст аст ва на ба сатҳи як раисҷумҳури мустақил, балки  ба сатҳи директори як колхоз баробар аст. Ӯ чунин иброз медорад: “Агар тасаввур кунем, ки Эмомалӣ раиси як колхоз аст ва Владимир Путин раиси вилояти Хатлон, баромади Эмомалӣ воқеан қаҳрамонона мебуд”.

Ӯ зимни баромади худ суол мегузорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ба ҳайси кӣ ҳузур дошт? Дар ҷавоби ин суол худи ӯ ҷавоб медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаста буд. Президенти як давлати мустақил, як миллати мустақил, ки 30 сол ин тараф ӯ роҳбари ин давлат аст ва ин кишвар, ин миллат мустақил аст ва дар Созмони Милал курсӣ дорад, раъй дорад, парчам дорад ва парчамаш болотар аз парчами Русия аст, аммо Русия пешво надорад, дар Русия болотарин мансаб Президенти Федератсия Русия аст, вале Тоҷикистон пешво дорад, болотар аз Президент боз пешво дорад.”

Ӯ иброз дошт, ки дар ин суханронӣ сӯҳбати ду бародар, дӯст, ба қавли баъзеҳо ғулом дар назди хоҷа, як шахси рашкин ва ҳар чизи дигар вуҷуд вуҷуд дошт, вале сӯҳбати президенти як кишвари мустақил ва раҳбари як миллати мустақил дар баробари ҳамтои худаш дида намешуд.

Дар шабакаи Ютуб дар телеканали ICTV-украинӣ таҳти унвони “Раисҷумҳури Тоҷикистон Путинро ба ҷои худ шинонд-вай хомӯшона сар ҷунбонд”, баъзе аз корбарон ин суханрониро ба боди масхара кашида чунин иброз доштаанд: “Мо кишвари бой, вале китобҳои дарсӣ намерасад”. “Путин асабӣ мешавад, ин аз лабҳои вай маълум аст”. “Ӯ мехоҳад ба вай пул диҳанд, то наберагонаш дар Дубай хона харанд ва ҳатто агар ба ӯ пули тамоми дунё дода шавад, ӯ ҳамаро медуздад ва боз мепурсад”. “Дар оила фарзондон набояд ба дӯстдошта ва дӯстнадошта ҷудо шаванд, бояд ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ бошанд”. “Барои ин ки туро эҳтиром кунанд, бояд боқувваттар, боақлтар, некӯкортар, озодтар бошӣ ва косалесӣ накунӣ”.

Аз ин суханронӣ, ки ба назари баъзеҳо қаҳрамонӣ ҳисобида шуда ва ба назари баъзеҳо хеле дар сатҳи паст қарор дорад, чунин эҳтимолҳоро низ пеши назар овардан мумкин аст:

1)Шояд Эмомалӣ, ки чандин вақт ин тараф кӯшиш дорад Рустамро дар паҳлӯи Сардор бинад, каме аз номеҳрубонии Путин ба хашм омада бошад. Агарчи ӯ ҳурмат кардани Осиёи Миёна ва миллатҳои хурдро зикр карда бошад ҳам, дар суханронияш як ситезе ба давлатҳои Осиёи Миёна низ дошт.

2)Шояд бо ин гуфтаҳояш Эмомалӣ мехост, ки агар ту (Путин) ба мо беэътиноӣ намоӣ, Чини ҳамсояам омода аст Тоҷикистонро бо пуррагӣ харидорӣ намояд.

Ҳаминро бояд эътироф кард, ки ин суханронӣ монанди як таркише буд, ки чанд рӯз ин тараф мавзӯи баҳси миллионҳо одамон гардид. Чунон ки халқи тоҷик мегӯяд “Аз кулӯх ҳам оташ мепаридааст”.

Абдуллоҳ Мурод

Гилаи Раҳмон аз Аврупо барои додани минбар ва паноҳандагӣ ба мухолифон

0

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти имрӯзаи Душанбе аз созмонҳо ва кишварҳои авупоӣ барои додани паноҳандагӣ ва минбар ба мухолифони ҳукуматаш нигаронӣ ва гиламандӣ кард.  

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз зиёд шудани хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ гуфт ва таъкид кард, ки “гурӯҳҳои террористӣ” барои густариши фаъолиятҳои худ аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ истифода мебаранд.

Дар идома Раҳмон бе овардани номи ягон ВАО ва раҳбари ҳаракат ва гурӯҳе бо таасуф гуфт, ки “бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд”.

Ӯ онҳоро ба таблиғу ташвиқи “гурӯҳҳои носолим” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳам намуда, онро ғайрисозанда номидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш боз аз “ҷанги шаҳрвандӣ” ёдовар шуда, онро таҳмилӣ номид.

Аммо ӯ дар тавсифи ҳукуматаш гуфт: “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.

Ба назар мерасад, ки Раҳмон инҷо ба қатлу зиндонӣ кардани даҳҳо зодаи Бадахшон, терростиву экстремистӣ эълон кардани ПМТ, ҲНИТ ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, боздошту зиндонӣ ва дар пайгард қарор додани ҳазорҳо бегуноҳи дигар ишора кардааст, ки ин ҳама бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ сурат мегиранд. Худи Ҳукумат инро дастоварди бузург медонад ва барои ба номи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз созмонҳо ва кишварҳо маблағҳои ҳангуфте низ талаб ва дарёфт мекунад.

Раҳмон низ аз ҳифзи сарҳад, пешгирии “таҳарруки террористҳо”, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар гуфт ва пешниҳод кард, ки кишварҳо назоратро мувофиқи уҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи байналмиллалӣ амалӣ намоянд ва мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм дошта бошанд.

Раҳмонов бе овардани номи ашхосе ё гурӯҳе мегӯяд, ки “имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд”.

Раҳмон аз кишварҳо талаб кардааст, ки масъалаи ҳуқуқи башар ва ифротгароиву терроризм ҷудо аз якдигар баррасӣ шавад ва ба шахсоне, ки ба “содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ” айбдор мешавад паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон агар номи гурӯҳ ё шахсеро инҷо наоварда бошад ҳам ба гуфтаи таҳлилгарон ӯ мухолифони ҳукуматашу озодандешони тоҷикро, ки бештарашон ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, дар назар дорад. Солҳои охир низ мақомоти Тоҷикистон аз паноҳгоҳ додани кишварҳои аврупоӣ ба намояндагони созмонҳои мухолифе ба монанди ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” интиқод мекунанд ва талош доранд пеши ин равандро бигирад.

Дар ҳоле Раҳмон аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва додани минбару паноҳандагӣ ба террористон мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои баёналмилалӣ ва ҳуқуқӣ башарӣ режими ӯро ба хотири саркӯби мухолифону озодандешон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, шадидан мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Истиқболи гарми раиси як маркази зидди эронӣ дар Душанбе

0

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон раиси Муссисаи байналмилалии мутлеоти Эрон (Расонаҳ)-ро бо гамрӣ истиқбол кард.

Акс аз сафҳаи расмаии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тввитер

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар додааст, ки шоми 17-уми октябри соли 2022 сафири ин кившар Валид бин Абдурраҳмон Ар-Рашидон дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Сақар Ас-Суламӣ, раиси Муссисаи байналмилалии мутлеоти Эрон (Расонаҳ)-ро ба ҳузур пазируфтааст.

Муссисаи байналмилалии мутлеоти Эрон (Расонаҳ) бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва ангилсӣ пажӯҳишҳои мухталиферо дар умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангу андеша ва низомиву амниятӣ ва ғайра ҳамчун як ниҳоди зидди эронӣ дар Арабистони Саудӣ таҳия ва нашр мекунад.

Гуфта мешавад, Муссисаи байналмилалии мутлеоти Эрон (Расонаҳ) тавассути дуктур Муҳаммад Сақар Ас-Суламӣ соли 2018 дар Арабистони Саудӣ расман ба кори худ оғоз кард ва яке аз марказҳои таъсиргузор дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ байни кишварҳои Халиҷи Форс, ба хусус Арабистони Саудӣ ва Эрон дониста мешавад.

Дуктур Муҳаммад Сақар Ас-Суламӣ ҳамчун раиси Муссисаи байналмилалии мутлеоти Эрон (Расонаҳ) дар замоне аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба нишасти Душанбе зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» даъват шудааст, ки муносиботи Эрон ва Тоҷикистон пас сардиҳои чандсола тоза гарм мешаванд.

ПМТ: Ҳукумат ба мо машруъият бахшидан намехоҳад

0

Раҳбари Департаменти иттилоотии Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки АМИТ “Ховар” ба хотири “машруъият надодан” исми созмони онҳоро дар феҳристи сомонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон зирк накардааст.

Имрӯз, 18-уми октябри соли 2022, Темур Варқӣ, раҳбари Департаменти иттилооти Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар як суҳбати катбӣ дар посух ба ин ки оё Суди олии Тоҷикистон дар робита ба террористӣ хондани ПМТ дар қарори худ таҷдиди назар кардааст ё хайр, ба Azda tv гуфт: “Ба фикрам онҳо ба аллоҳидагӣ моро террорист гуфтанд ва нахостанд ба ПМТ машруъият додан. Гуфтан, ки ҳамика бас аст, ПМТ-ро таблиғ накунем, хубаст гуфтанд.”

Пеш аз ин субҳи имрӯз Агнетии миллии иттиллотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” номи 18 созмон ва ҷамъиятҳои мамнуъ дар кишварро нашр карда буд, ки дар ҷамъи онҳо исми Паймони Миллии Тоҷикистон вуҷуд надошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба қавли “Спутник-Тоҷикистон” ҳанӯз 3 сол пеш дар 14-уми октябри соли 2019 “Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон карда буд, ки ташкилоти “Паймони Миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстримистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҷумҳурӣ мамнуъ гардид”-ааст.

Ҷолиб он, ки мо дар ҷамъи  ташкилоту созмонҳое, ки қаблан Суди олии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро дар дихили кишвар мамнуъ эълон карда буд, исме ҳеч ташкилотеро бо номи “Иттиҳоди миллии Тоҷикистон” надоштем.

Аммо акнун суол ин ҷост, ки оё АМИТ “Ховар” дар ҳамин шабу рӯз қасдан ба ҷои “Паймони миллии Тоҷикистон” номи онро ғалат зикр карда ва “Иттиҳоди миллии Тоҷикистон” навиштааст ва ё созмони дигареро дар назар дорад, ки мо тоҷикистониҳо аз вуҷуди он нав хабардор мешавем, нофаҳмост ва баҳсу ковишҳои мо низ дар ин хусус то ҳол натиҷа надодаанд.

Гуфта мешавад, Паймони Миллии Тоҷикистон як созмони эътилофӣ буда, зери чатри он чор ҳизбу ҳаракатҳои мухолифини Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҷамъ шудаанд. Ин созмон соли 2017 дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз таъсиси худ хабар дода буд.

Вафоти собиқ раиси Додгоҳи олии Афғонистон дар Иморот

0

Собиқ раиси Додгоҳи олии Афғонистон дар урдугуҳои муҳоҷирон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вафот кард.

Бино ба иттилои ББС, Сайид Юсуф Ҳалим, раиси пешини Додгоҳи олии Афғонистон дар урдугоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ даргузаштааст.

Марги собиқ раиси Додгоҳи олии Афғонистон, ки ҳудуди 14 моҳ дар интизори сафар ба Амрико дар урдугоҳи муҳоҷирон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба сар мебурд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мухталиферо дар байни афғонистониҳо ба вуҷуд овардааст.

Раисҷумҳурии гурезии Афғонистон Ашар Ғанӣ ва ёронаш, ки дар гузашта дар раъси ҳукумат қарор доштанд, марги Сайид Юсуф Ҳалимро ногаҳонӣ хонда, аз иҷрои вазифаи пурмасъулияти вай дар барқарории адолат тавсиф кардаанд.

Аммо иддае аз гурӯҳҳои дигар, ки бо ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳар навъе мушкил доштанд, мегӯянд, собиқ раиси Додгоҳи олии Афғонистон фармонбардори Арги раёсати ҷумҳурӣ ва дар раъси он Ашраф Ғанӣ буд ва ҳатто як рӯзе ҳам дар замони иҷрои вазифааш дар ин мансаб Додгоҳи олии Афғонистон истиқлоли комил надоштааст.

Аз сӯи дигар, гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, ки раиси Додгоҳи олии Афғонистон бо вуҷуди он ки метавонист ба мардуми хидмат кунад, вале навкарӣ ба Амрикоро тарҷеҳ дод ва дар охири умри худ ба орзуяш, ки рафтан ба Амрико буд, нарасид ва бо хориву зиллат дар урдугоҳе дар ғурбат ҷони худро аз даст дод.

Гуфта мешавад, Сайид Юсуф Ҳалим аз замони ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар соли 2015 то замони суқути ҷумҳурии исломӣ ба дасти Иморати исломӣ дар соли 2021 ҳамчун раиси Додгоҳи олии Афғонистон ифои вазифа карда буд.

Вай пас аз суқути ҷумҳурии исломӣ бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ барои рафтан ба Амрико ба Иморати Муттаҳидаи Арабӣ фирор карда буда ва дар яке аз урдугоҳҳое, ки бо супориши ИМА дар он кишвар барои интиқоли афғонистониҳо таъсис шуда буд, зиндагӣ мекард.

Бознашри номи 18 созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон

0

Агнетии миллии иттиллотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” номи 18 созмон ва ҷамъиятҳои мамнуъ дар кишварро нашр кардааст, ки дар ҷамъи онҳо исми Паймони Миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Имрӯз, 18-уми октябри соли 2022, АМИТ “Ховар” номи 18 созмон ва ҷамъиятҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро нашр кард, вале тавре қаблан иддао мешуд, исми Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин феҳрист вуҷуд надорад.

Бино ба иттилои Спутник-Тоҷикистон ҳанӯз 14-уми октябри соли 2019 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон карда буд, ки ташкилоти “Паймони Миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстримистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҷумҳурӣ мамнуъ гардид”-ааст.

Дар ин феҳристе, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, созмонҳо ва ташкилотҳое, ки “аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон террористӣ ё экстремистӣ эълон карда шудаанд (бо зикри санаи судури қарори суд)” исми онҳо ба сурати зайл дарҷ гардидаанд:

1. «Ал-Қоида» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

2. «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

3. «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

4. «Ҳаракати «Талибон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

5. «Бародарони мусалмон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

6. «Лашкари Тайба» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

7. «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти Исломии Покистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

8. «Ҷамъияти Таблиғ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

9. «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

10. «Тоҷикистони озод» – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).

11. «Ҳизб-ут-Таҳрир» — ташкилоте, ки экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008).

12. «Ҷамоат (Ҷамъият)» (Ансоруллоҳ) – ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012.

13. «Салафия» – ҷараёни диние, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2009), созмони экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014).

14. «Гуруҳи 24» — ҳаракати ҷамъиятие, ки экстремистӣ ва фаъолияташ ғайриқонунӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олдии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014).

15. «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ, ДОИШ) – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

16. «Ҷабхат -ан -Нусра» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).

17. «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст — ТЭО ПИВ (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015).

18. «Иттиҳоди миллии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019).

Ҷолиб он, ки мо дар ҷамъи  ташкилоту созмонҳое, ки қаблан Суди олии Тоҷикистон фаъолияти онҳоро дар дихили кишвар мамнуъ эълон карда буд, исме ҳеч ташкилотеро бо номи “Иттиҳоди миллии Тоҷикистон” надоштем.

Аммо акнун суол ин ҷост, ки оё АМИТ “Ховар” дар ҳамин шабу рӯз қасдан ба ҷои “Паймони миллии Тоҷикистон” номи онро ғалат зикр карда ва “Иттиҳоди миллии Тоҷикистон” навиштааст ва ё созмони дигареро назар дорад, ки мо тоҷикистониҳо аз вуҷуди он нав хабардор мешавем, нофаҳмост ва баҳсу ковишҳои мо низ дар ин хусус то ҳол натиҷа надодаанд.

Гуфта мешавад, ин хабаргузории давлатии Тоҷикистон, ки бевосита ба Президенти кишвар итоат мекунад, дар ҳоле исми созмонҳо ва ташкилотҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе конфаронси байнимилалие зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бо ҳузур беш аз 500 ҳайат аз 52 кишвар дунё ва созмонҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад.

Инчунин намояндаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам дар ин бора то ҳол вокунише накардаанд. Дар сурати пайдо шудани ҳар гуна вокунише дар ин бора дубора ба ин мавзуъ бар мегардем.

Баргузории Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

0

Конфронси байналмилалии Душанбе зери унвони унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ба кори худ оғоз кард.

18-уми октябри соли 2022, бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалие таҳти унвони  “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ба кори худ оғоз кард.

Дар ин нишасти байналмилалӣ ҷамъомадагон “роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд.”

Ҳамзамон дар ин конфаронс Эмомалӣ Рамҳон, Президенти Тоҷикистон ва баъд аз он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва Дабири кулли Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Ҳелга Шмид низ аз тариқи маҷозӣ ва ба сурати “он лайн” суханронӣ карданд.

Кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи он “Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” қабул гардад.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карданд.

Австралия дигар Қудси Ғарбиро пойтахти Исроил намедонад

0

Кишвари Австралия эътирофномаи худ дар бораи ба расмият шинохтани Қудси Ғарбӣ ҳамчун пойтахти Исроилро бекор мекунад.

Тавре расонаҳои Австралия хабар медиҳанд, Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар субҳи рӯзи сешанбе бо пахши изҳороте гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани Қудси Қарбӣ ҳамчун пойтахти Исроил бекор карда мешавад.

Пенни Вонг, вазири корҳои хориҷаи Австралия имрӯз, 18-уми октябр гуфт, ки ҳукумати феълӣ тасмими ҳукумати қаблиро дар мавриди ба расмият шинохтани Қудси Ғарбӣ ҳамчун пойтахти Исроил бекор мекунад. Ӯ ин эътирофро як “найранги беҳаёона” хонда, таъкид кард, ки ҳукумати қаблӣ барои дарёфти пуштибонӣ дар интихобот ба ин иқдом даст зада буд.

Вонг мегӯяд, масъалаи Қудс бояд бо роҳҳои осоишта ва суломез байни худи фаластиниҳо ва исроилиҳо ҳал шавад. Ӯ мегӯяд, Австралия дӯсти содиқи Исроил аст ва ҳамзамон аз мардуми Фаластин пуштибонӣ хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷаи Авсралия таъкид карда, ки сафаорати Австралия дар Тел-Авив буд ва онҷо мемонад ва қарор нест онро ба Қудси Ғарбӣ бикӯчонанд.

Мақомоти Исроил ба изҳороти вазири хориҷаи Австралия вокуниш карданд. Аз ҷумла, имрӯз сафири ин кишвар дар Исроил ба Вазорати корҳои хориҷаи он эҳзор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Доналд Трамп, расиҷумҳури собиқи Амрико Қудсро пойтахти Исроил эълом кард ва пойтахти худро аз Тел-Авив ба Қудси Қарбӣ кӯчонд, вале ин тасмимро аксари кишварҳои дунё эътироф накарданд. Ҳамзамон СММ ҳам бо судури Қатъномае, ки аксарияти қотеъи кишварҳо ба ин тасмими Трамп мухолифат карданд, Қудсро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф накард.