Хона блог саҳифа 280

Таркиш дар Тошканд даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт

0

Бар асари як таркиши сахте, ки шаби гузашта дар шаҳри Тошканд рух дод, даҳҳо нафар захмӣ ва дасти кам як нафар кушта шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, бомдоди рӯзи 28-уми сентябри соли 2023 тақрибан соати 02:43 дақиқа ба вақти маҳаллӣ таркиши сахте дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд рух дода, ки садои он аз дурии то 30 километр дуртар шунида шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъоддаи Узбекистон гуфтааст, ки ин таркиш дар яке аз анборҳои гумруки Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба амал омадааст. Дар натиҷаи ин таркиш даҳҳо нафар захмӣ шуда, дасти кам як нафар ҷон бохтааст.

Пеш аз ин Вазорати тандурустии Узбекистон ҳам дар ибтидо хабар дода буд, ки тамоми осебдидагон аз ҷои ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд ва дар байни онҳо ҳолати ҳолати ҳеч касе вазнин арзёбӣ намешавад.

Ин таркиш, ки дар анборҳои ширкати “Интер Логистик” рух додааст, шиддати он қадар сахт буда, ки ба қавли расонаҳо, аз ин анборҳо чизе солим боқӣ намондааст. Ҳатто дару тиреза, девору сақфу боми бархе хонаҳои наздик ба фурудгоҳ низ аз шиддати сахти ин таркиш осеб дидаанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии Mash бо нашри чанд навор аз ин ҳодиса хабар додааст, эҳтимол меравад, сабаби асосии таркиш дар Тошканд, вуҷуди батареяҳои акумулаторӣ барои мошинҳои барқӣ бошанд, ки дар он ҷо нигаҳдорӣ мешуданд.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдор пас аз ин ҳодиса таҳқиқоти худро дар бораи муайян кардани сабабу омилҳои ин таркиш оғоз кардаанд, аммо то замони таҳияи ин хабар гузориши расмие дар бораи ҳаҷми зарар, теъдоди пурраи маҷрӯҳон ва ҷонбохтагонро нашр накардаанд.

Тавре дар сомонаи расмии ин ширкат гуфта шудааст, “Интер Логистик” аз соли 2017 ба ин сӯ ба интиқоли борҳои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар бандарҳои Федератсияи Русия, Украина ва Аврупои Ғарбӣ; интиқоли мол тавассути роҳи оҳан ва автомобилӣ дар саросари Русия ва ИДМ; интиқоли мол дар контейнерҳо ва ғайра мешғул будааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар кард

0

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими кишвари Омлон шуд.

Ба иттилои манбаъ, сафар бо ҳадафи иштирок дар “Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” буда, он то рӯзи 30-юми сентябр идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалиро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент дар умури равобити хориҷӣ ва масоили иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон низ иштирок хоҳанд кард.

Қарор аст сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кунанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳои масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс низ пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин, дар доира сафараш Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ширкат мекунад.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ хабар доданд, ки имрӯзу фардо дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор мекунанд.

Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари серӯза ба Берлин меравад.

Дар ин бора “Asia-Plus” дар истинод ба Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми сентябр оғоз ёфта, то 30-юми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Интизор меравад, ки бо шумули Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ ба Олмон сафар намуда, бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кунанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳои масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, баррасӣ хоҳанд кард.

Инчунин мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс низ пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин, дар доира сафараш Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ширкат мекунад.

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон, мухолифони режими Раҳмон дар хориҷ аз баргузории ду тазоҳурот дар шаҳри Берлин хабар доданд.

Шикояти калонсолтарин блогери тоҷик аз мақомдорони Тоҷикистон

0

Калонсолтарин блогери тоҷик, Бобои Муҳаммадҷон, маъруф ба бобои блогер, аз мақомоти кишвар хостааст, ки ба кори моҳипарварии ӯ монеа нашаванд.

Ин блогери тоҷик дар шабакаи ютубии худ ба номи Qand Show навореро нашр карда, аз мақомоти Додситони кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки пеши роҳи онҳоеро, ки оби ҳавзҳои моҳиҳояшро бе далел қатъ мекунанд, бигирад.

Бобои Муҳаммадҷон, ки дар шаҳри Ваҳдат “Хоҷагии моҳипарварӣ” дорад, дар ин навори худ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Додгҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон, инчунин ба Додситонии шаҳри Ваҳдат ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиат карда, аз “монегузорҳо” шикоят мекунад. Ӯ мегӯяд, ки “ин моҳиҳо чӣ гуноҳ доранд, ки обашонро қатъ мекунанд? Калон намешаванд, азоб мекашанд, мемиранд, оиди ҳаминҳо муроҷиат дорам.”

Дар идома Бобои Муҳаммадҷон мегӯяд, ба ин ниҳодҳо муроҷиат дорам, ки “ҳамин моҳиҳои маро – дилам месӯзад, обро бароияшон қатъ мекуананд, бисёр монеагӣ мекунанд. Ҳамина як бинен охир, ҳамчун як бобо бинед ку барои чӣ монеагӣ мекунанд. Агар ягон кори ман хатову нодуруст бошад, прокуратура бгирад ҳалаш кунад охир, моҳиҳо чӣ гуноҳ доранд?”

Ин блогери калонсоли тоҷик нагуфтааст, ки кӣ ва кадом ниҳод пеши роҳи ӯро мегирад ва намегузорад фаъолият кунад. Танҳо мегӯяд, ки дигар ба “Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат ҳоҷати муроҷиат нест.”

Бобои Муҳаммадҷон бо чандин суханрониҳояш дар шабакаи Ютуб маъруф аст. Баъзе гуфтаҳои ӯ дар байни ҷавонон баҳсҳои зиёдеро барпо карда буд. Аз ҷумла, чанде пеш дар хитоб ба Ҷонон, як бонуи тоҷик, ки ӯ низ блогери маъруф аст, гуфта буд, “Ин гуноҳе, ки ту кардаӣ чандон гуноҳе нест.” Бо ин суханаш мавриди интиқодоти шадиде қарор гирифт.

Чандест мақомоти амниятии Тоҷикистон барои таблиғи сиёсати ҳукумати кишвар аз блогерон истифода мекунад. Ин гурӯҳ бештар ба “мубаллиғони” ҳукумати Раҳмон табдил ёфтаанд.

Бо вуҷуди ин, шикояти ин блогери пирамард аз монеагузориҳо дар фаъолияти соҳибкорияш суолҳоеро дар зеҳни мардум эҷод кардааст. Бархе бар ин назаранд, ки мақомоти кишвар, бахусус КДАМ дар ҳар қадам барои тоҷирон ва фаъолони ҷомеа монеъа мегузоранд ва намехоҳанд касе рушд кунад.

Ироқ се рӯз мотами умумӣ эълон кард

0

Дар пайи як сӯхтори мудҳише дар вилояти Найнавои Ироқ дасти кам беш аз 400 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, шоми дирӯз дар минтақаи Ал-Ҳамдонияи устони
Найнавои Ироқ ҳангоми баргузории ҷашни арусии ду ҷавон, Ҳанин ва Ривон толори баргузории
ҷашни арӯсӣ оташ гирифт ва дар натиҷаи ин сӯхтор садҳо нафар
кушта ва захмӣ шуданд.

Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Ироқ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаро зиёда аз 450 нафар
эълон карда буд, вале баъдтар вазири тандурустии ин кишвар ба Ал-Ҷазира гуфт, дар ин ҳодиса “87 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафари дигар маҷруҳ шудааст.”

Аз сӯи дигар, шабакаи Ал-Ҳурра бо нашри гузорише аз ҷои ҳодиса гуфтааст, теъдоди қурбониён он қадр зиёд буданд, ки (наздиктарин) бемористониҳои ин устон имкони қабули ҳамаи онҳоро
надоштанд, ба ин хотир қисме аз осибдиҳоро ба бемористони устони Арбил интиқол
доданд.

Наҷм Алҷаббурӣ, раиси устони Найнаво гуфтааст, ки бар асари ин ҳодиса дасти
кам 114 нафар кушта ва ҳудуди 200 каси дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Вай сабаби ин
сухтори пурқурбониро оташбозии иштирокчиёни ин маросим дар дохили толор
гуфтааст. Вай теъдоди кулли иштирокчиёни ин маросими арӯсиро ҳудуди 800 то 1000 нафар унвон кардааст.

Ҷолиби диққат дар хеле аз наворҳои нашршуда аз ҷои ин ҳодиса он аст, ки
вақте бархе иштирокчиён оташбозӣ мекунанд ва сӯхтор дар сақфи ин бино сар мезанад,
аксари иштироқчиён дар ҷойҳои худ истода, машғули хӯрдану пойкӯфтану рақсидан ҳастанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сӯхторхомӯшкунии Ироқ бо анҷоми таҳқиқоти ибтидоӣ
дар бораи сабабҳои ибтидоии ин сӯхтор гуфтаанд, оташбозии иштирокчиён ҳангоми
баргузории ҷашни арӯсӣ омили асосии ин сӯхтор будааст. Сақфи ин бино низ аз
маводҳои палостикии зудсӯз сохта шуда, ки ҳангоми сӯхтор шуълаҳои оташ дар
зарфи чанд лаҳза ҳамаҷоро фаро гирифтааст.

Давлати Ироқ ба хотири теъдоди зиёди қурбониён 3 рӯзи мотами миллӣ эълон
карда, президенти ин кишвар ҳам гуфтааст, “ин як фоҷеи дарднок ва як ҳодисаест, ки қалби ҳамаи ироқиҳоро ба дард овардааст.”

Инчунин таъкид шудааст, биное, ки дар он ин толори ҷашнҳои арӯсӣ сохта шуда
буд, мухолифи меъёрҳои қонунгузорӣ сохта шуда, қоидаҳои эминии сар задани
сӯхтор риоя нашуда буданд. Ба ҳамин хотир, дасти кам 6 нафар аз моликон ва дигар касоне, ки дар сохтани он саҳм доштанд, боздошт шудаанд.

Тазоҳуроти мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон

0

Пас аз эълони “Гурӯҳи 24” Паймони миллии Тоҷикистон низ аз омодагии худ барои ширкат дар тазоҳуроти Олмон хабар дод.

Эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ бо нашри изҳороте аз тоҷикони муқими Аврупо даъват кард, ки дар эътироз алайҳи сафари раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, ҳамроҳи фаъолон аз кишварҳои дигари ОМ ширкат кунанд.

Дар ин изҳорот, ки дар саҳифаи фейсбукии ПМТ нашр шудааст, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба Олмон як фурсат барои мухолифин номида, гуфтааст, ки “истифода аз фурсатҳо барои расонидани садои мазлумон, зиндониёни сиёсӣ ва муҳоҷирон ба ҷаҳониён ва эътироз алайҳи даъвати диктотурҳо ба кишварҳои мутамаддин яке аз вазифаҳои неруҳои мухолиф дар хориҷ мебошад”.

Паймони миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ аз ҳамоҳангӣ бо мухолифини сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории тазоҳурот дар назди қасри раёсатҷумҳурии Олмон дар Берлин хабар додааст. 

Гуфта мешавад, тазоҳурот дар “назди макони мулоқотҳо” рӯзи 29-уми сентябр соати 8 шуруъ шуда, то соати 13 идома хоҳад кард.

Инчунин ПМТ аз тазоҳуроти дигар, ки Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” рӯзи 28-уми сентябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор мекунад ҷонибдорӣ карда, аз тоҷикони муқими Аврупо ва тарафдоронаш даъват кардааст, ки дар ҳарду тазоҳурот ширкат кунанд. 

Гуфта мешавад, рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ қарор аст дар шаҳри Берлин мулоқоти президентҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Олмон Френк Валтер Штейнмайер баргузор шавад. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Олмон хабар додааст.

То ҳол мавзуи гуфтугӯҳо нашр нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон низ дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфтаанд.

Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон

0

Президенти Тоҷикистон баъд аз баргашт аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки барои ширкат дар иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии кишварҳои узви С5+1 рафта буд, машварати корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми сентябри соли 2023 машварати кории Эмомалӣ Раҳмон бо “роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” баргузор шуд.

Дар ин ҷаласаи корӣ бар иловаи раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода, духтараи худи Эмомалӣ хонум Озода Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.

Пеш аз баргузории ин машварати корӣ бо раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 26-уми моҳи ҷорӣ низ президенти кишвар бо раҳбарони як қатор ноҳияҳои наздимарзӣ, аз он ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Қубодиён ва Тоҷикобод низ телефонӣ суҳбат карда буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар машварати корӣ бо раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.”

Аммо, бархе коршиносон мегӯянд, пас аз изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар хусуси даъвоҳои Тоҷикистон барои бозпас гирифтани заминҳои ба иҷора додашуда ва дар зарфи камтар аз як ҳафта ду бор мулоқот кардани сарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмонро нигарон кардааст.

Ба қавли онҳо, агар ин нигарониҳо вуҷуд намедоштанд, дар машварти кории Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар авлавият гузоштани баррасии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ чӣ маъно дорад?

Гуфта мешавад дар ин машварти корӣ “масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузаронидани он, инчунин, бо сару либос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ” низ таъкид шудааст.

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

0

Бонки миллии Тоҷикистон ба “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 25-уми сенябри соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки “ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.”

Пеш аз ин Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” бо номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дар кишвар фаъолият мекард. Бонки миллии Тоҷикистон ин қарори худро дар бораи додани иҷозатнома фаъолият ба ин бонк 13-уми сентбяри соли ҷорӣ содир кардааст. Аммо дирӯз, дар сомонаи расмиаш дар ин бора хабар дод.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид карда, ки “дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 июли соли 2019, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 01 июли соли 2019, №72 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.”

“Халиқ бонк” (Halyk Bank) ё Бонки халқии Қазоқистон фаъолияти бонкии худро дар Тоҷикистон аз соли 2008 оғоз кардааст. Қарзҳои солонаи ин бонк ба муштариёнаш 18%-и солона бо пули сомонӣ ва 12%-и солона бо долларро ташкил медиҳанд. Аммо аксари ахбор ва маълумоти худро дар сомонааш на бозабони давлатӣ-тоҷикӣ, балки забонҳои русӣ ва қисман ҳам бо забони англисӣ нашр мекунад, ки хилофи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

0

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти Арманистон эълон кардаанд, ки бар асари як таркише, ки дар яке аз анборҳои сӯхт сар зад, то кунун дасти кам 20 нафар кушта ва ҳудуди 290 каси дигар захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Арманистон, 13 нафари ҷонбохтаҳо дар ҷои ҳодиса кушта шуданд ва 7 нафари дигар ба сабаби захмҳои шадид дар бемористонҳои маҳаллӣ вафот карданд.

Инчунин гузориш шуда, ки вазъияти саломатии даҳҳо нафари дигар аз ин захмиҳо, ки дар бемористонҳои маҳалии Аревик, Иваниян ва дармонгоҳи махсуси нерӯҳои посдорони сулҳи Русия бистарӣ шудаанд, вахим арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, то ҳол сабабҳои ин ҳодиса ба сурати расмӣ эълон нашудааст. Аммо дирӯз мақомоти маҳаллӣ пас аз сар задани ин таркиш ба ҷои ҳодиса рафта, таҳқиқи сабабҳои онро оғоз карда буданд.

Ин ҳодиса дар шароите рух дода, ки ҳафтаи гузашта Озарбойҷон бо баргузории як ҳамлаи низомӣ дар камтар аз 48 соат минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро, ки муддати беш аз 30 соли ахир дар ихтиёри Арманистон буд, ба тасарруфи худ даровард. Нооримиҳои сиёсӣ дар Арманистони идома доранд.

Ҳазорҳо нафар дар пойхати Арманистон ба кӯчаҳо баромада, Никол Пашинян, Нахуствазири ин кишварро ба хотири аз даст додани ин минтақа ба камкорӣ ва доштани сиёсатҳои ғалат ва носанҷида дар робита ба Қарабоғ муттаҳам мекунанд.

Қарабоғи Кӯҳӣ ҳудуди 120 ҳазор нафар сокинони арманитабор дорад. Пас аз тасарруфи ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон даҳҳо ҳазор хонавода ба хотири тарс аз ояндаи худ дар ин ҷо роҳии Арманистон шудаанд. Аммо мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дунболи таъмини сулҳу суботи ва амнияти минтақа мебошанд.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

0

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри “изҳороти матбуотӣ”-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз “19-25 сентябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти баргузории ин нишастҳо, ки ба муддати як ҳафтаи корӣ дар фазои “дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” идома дошт, ҷонибҳо “масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон“-ро маврди муҳокима қарор дода ва аз “натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.”

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи дигар ҷузъиёти ин нишаст, бахусус муайян кардани хатти сарҳадӣ байни ду кишвар иттилоъ надодааст.

Тоҷикистон бо Узбекистон ҳудуди 1 ҳазору 332 километр марзҳои муштарак дорад. Дар замони ҳукумати Ислом Каримов Узбекистон ҳеч гоҳ омода нашуд, ки ба хотири муайян кардани хатти давлатии марз бо Тоҷикистон сари мизи музокира нишинад.

Ин баҳсҳои муайян кардани хатти марзҳо баъд аз марги Ислом Каримов, собиқ Президенти Узбекистон ва сари кор омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2018 оғоз шуданд.