Пас аз эълони “Гурӯҳи 24” Паймони миллии Тоҷикистон низ аз омодагии худ барои ширкат дар тазоҳуроти Олмон хабар дод.
Эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ бо нашри изҳороте аз тоҷикони муқими Аврупо даъват кард, ки дар эътироз алайҳи сафари раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, ҳамроҳи фаъолон аз кишварҳои дигари ОМ ширкат кунанд.
Дар ин изҳорот, ки дар саҳифаи фейсбукии ПМТ нашр шудааст, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба Олмон як фурсат барои мухолифин номида, гуфтааст, ки “истифода аз фурсатҳо барои расонидани садои мазлумон, зиндониёни сиёсӣ ва муҳоҷирон ба ҷаҳониён ва эътироз алайҳи даъвати диктотурҳо ба кишварҳои мутамаддин яке аз вазифаҳои неруҳои мухолиф дар хориҷ мебошад”.
Паймони миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ аз ҳамоҳангӣ бо мухолифини сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории тазоҳурот дар назди қасри раёсатҷумҳурии Олмон дар Берлин хабар додааст.
Гуфта мешавад, тазоҳурот дар “назди макони мулоқотҳо” рӯзи 29-уми сентябр соати 8 шуруъ шуда, то соати 13 идома хоҳад кард.
Инчунин ПМТ аз тазоҳуроти дигар, ки Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” рӯзи 28-уми сентябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор мекунад ҷонибдорӣ карда, аз тоҷикони муқими Аврупо ва тарафдоронаш даъват кардааст, ки дар ҳарду тазоҳурот ширкат кунанд.
Гуфта мешавад, рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ қарор аст дар шаҳри Берлин мулоқоти президентҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Олмон Френк Валтер Штейнмайер баргузор шавад. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Олмон хабар додааст.
То ҳол мавзуи гуфтугӯҳо нашр нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон низ дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфтаанд.