Хона блог саҳифа 282

Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаъолони помириро талаб кард

0

Cозмони ҳуқуқии “Афви Байналмилал” (Amnesty International) аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки паноҳҷӯёни зодагони Бадахшонро ба Тоҷикистону Русия истирдод накунанд. 

Дар изҳороте, ки ин созмон рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки бисёре аз паноҳҷӯёни помирӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ва ҷойҳои дигар зери хатари ихроҷ қарор доранд ва дар сурати ихроҷ шудани онҳо ин кишварҳо пояи асосии ҳуқуқи башар ва қонуни паноҳандагонро вайрон мекунанд.

Ба гуфтаи ин созмон, қонуни паноҳандагон фиристодани шахсро ба ҷое, ки метавонад ба таъқиб ё нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дучор шавад, манъ мекунад ва помириҳое, ки ба Русияву Тоҷикистон ихроҷ мешаванд, ба боздошту шиканҷа ва зиндон ё нопадид шудан рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.  

Дар идома “Amnesty International” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки вазъи ҳуқуқи одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, назорат карда, дар ҷаласаҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ дар миён гузоранд ва ба ҳалли он талош кунанд.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки табъизи густурда алайҳи помириҳо бояд мустақилона ва аз рӯйи инсоф таҳқиқ карда шавад ва зодагони Бадахшон аз ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандиву сиёсии худ пурра истифода кунанд. 

Инчунин дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2022 саркӯби худро алайҳи помириҳо афзоиш дода, худсарона беш аз 200 сокини ин минтақаро, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро боздошт карда, бо иттиҳомоти сохта ба зиндон андохтанд. 

Ҳамзамон созмони “Афви Байнулмилал” бо чанд шоҳиди ҳодисаҳои моҳи майи 2022 дар ВМКБ суҳбат кардааст, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик бозпурсӣ шудаанд. 

Гуфта мешавад, маҳз пас аз ин ҳодисаҳо садҳо нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷбур шуданд Тоҷикистону Русияро тарк намуда, ба кишварҳои Аврупоӣ паноҳ баранд. 

Шоҳидони ҳодисаҳои охири Бадахшон, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар қарор доранд гуфтаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ натанҳо нисбат ба худ, балки дар ҳаққи модару хоҳару ҳамсарашон дашном шунида, бо мушту калтаку барқ шиканҷа шуданд.

Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон хоастааст, ки ҳама гуна шикоят дар бораи бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо бояд дақиқан таҳқиқ ва гумонбарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

Cозмони ҳуқуқии “Афви Байналмилал” ҳамзамон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки интиқомгириро аз фаъолони помирӣ ва норозиёну мухолифони дигар бас карда, вакилону рӯзноманигорон ва пешвоёни ҷомеаи бадахшониҳоро бешарту қайде аз ҳабс озод кунад.

Вокуниши Толибон ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Толибон дар як вокуниши расмӣ иддаоҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Эронро дар мавриди афзоиши маводи мухаддир “бемаврид” хондааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 21-уми сентябри соли 2023 сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Абдулматин Қонеъ гуфт: “нигаронии кишварҳои ҳамсоя дар робита ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро бемаврид медонем.”

Ба гуфтаи сунхангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққати Толибон, пас аз содир шудани фармони манъи кишт, интиқол ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистон “Вазорати умури дохилӣ дар ростои решкан кардани падидаи мухаддир аз Афғонистон гомҳои амалиеро бардоштааст.”

Пеш аз ин дар рӯзҳои гузашта сарони Тоҷикистон ва Эрон дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Амрико бо изҳори нигаронӣ гуфта буданд, ки қочоқи маводи мухаддир аз марзҳои Афғонистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин нишаст гуфта буд: “Қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.”

Гуфта мешавад, бар асоси оморҳои расмие, ки ахиран Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нашр карда буд, тайи ду соли ахир кишти кукнор дар Афғонистон кам шудааст, вале дар муқобил интиқол ва гардиши маводҳои сунъии он ба мисли “метамфетамин” афзоиш ёфтааст.

Толибон аз замони дубора дар Афғонистон ба қудрат расидан дар Афғонистон, кишт, интиқол ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар ин кишварро манъ карда, эълон карда буданд, бо касоне, ки хилофи ин фармон амал мекунанд, бархурди қонунӣ хоҳанд кард.

Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши ихтилофот

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз афзоиши ихтилофот изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми сентбяри соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ширкат кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар ҷамъи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико суҳбат мекард, гуфт, “аз вазъи феълии амниятӣ дар манотиқи гуногуни Созмон, аз  ҷумла афзоиши таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, авҷ гирифтани ихтилофот ва даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ” мекунад.

Гуфта мешавад, ин суҳбати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи “авҷ гирифтани ихтилофот” дар ҳоле садо додааст, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як изҳорот таҳдид карда гуфт, агар Тоҷикитон аз даъвоҳои худ дар бораи заминҳои баҳсӣ даст накашад, дар ҷаласаҳои оянда ҳуҷҷату санадҳои ҷадидеро, ки тоза аз бойгонӣ пайдо кардаанд, рӯ хоҳад кард ва барои ҳимояи ин иддаоҳояш Қирғизистон нерӯҳои низомӣ ва сармояи пулӣ ҳам дорад.

Дар вокуниш ба ин изҳороти кишвари ҳамсоя 16-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро даъват карда, ба вай нотаи эътирозӣ дар бораи ин даъвоҳои ҷадиди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро таҳвил дод.

Арманистон барои пазироӣ аз арманитаборҳои Қарабоғ омода мешавад

0

Мақомоти Арманистон баъд аз таслим кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озорбойҷон эълони омода шудан барои пазироӣ аз арманитаборҳои ин минтақа шудаанд.

Бино ба иттилои ББС, пас аз таслими минтақаи Қарабоғ дар баробари нерӯҳои озарбойҷонӣ, Некол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфта, ки кишвараш “барои мизбонии беҷошудагон омода мешавад.”

Ба қавли манбаъ, Нахуствизири Арманистон афзуда, ки имконоте барои даҳҳо ҳазор нафар дар назар гирифта шудааст, ҳар чанд, ки шоҳиди “таҳдиди мустақим” алайҳи арманитаборҳо нест.

Гуфтанист, пеш аз ин бархе мақомҳои ин минтақа ҳушдор дода буданд, ки мумкин Қарабоғи Кӯҳӣ ба “поксозии қавмӣ” мувоҷеҳ шавад, аммо ҷониби Озарбойҷон таъкид кардааст, ки дунбонли барқарор кардани “сулҳу оромиш” дар ин минтақа мебошад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон ба қатл маҳкум шуд

0

Додгоҳи шаҳри Шерози Эрон як шаҳрвандони Тоҷикистонро ба эъдом ё қатл маҳкум кард. 

Бино ба иттилои хабаргузории “Мизон”, Раҳматулло Наврӯзов, ки ӯро шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ”-и шаҳри Шероз, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, гунаҳкор дониста мешавад. 

Козим Мусавӣ, масъули Додситонии вилояти Форс рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки Раҳматулло Наврӯзов, машҳур ба номи “Мустафо Исломёр”, ба ду бор эъдом маҳкум гардид.

Ба иддаои Мусавӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДИИШ иқрор шудааст.

Инчунин дар робита  ба ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғ ду нафари дигар барои панҷ сол равонаи зиндон гардиданд. 

То ҳол назари Наврӯзов ва пайвандонаш дар бораи ҳукми додгоҳ дастрас нест ва маълум нест аз болои ҳукм шикоят хоҳад бурд ё на. Тибқи қонунҳои Эрон Раҳматулло ҳақ дорад то 20 рӯз аз болои ҳукми Додгоҳи Шероз ба зинаҳои болотар шикоят барад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ ба зиёратгоҳи шиаён дар Шероз ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва 7 каси дигар маҷруҳ шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса маъмурони амниятии Эрон нафареро боздошт карданд, ки худро Раҳматулло Наврӯзов ва шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда буд.

Он замон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ”-и Шерозро маҳкум карда, гуфт, дар бораи ширкат доштани шаҳрвандони кишвар дар ин ҳодиса ягон дархости расмӣ нагирифтааст ва дар сурати дарёфти дархости расмӣ, Душанбе омода аст ба мақомоти Эрон дар ин замина кумак кунад.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ” муттаҳам мешаванд. Рӯзи 26-уми октябри соли 2022 ба ин зиёратгоҳ низ ҳамалаи террористӣ сурат гирифта буд, ки дар натиҷа 15 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шуданд. Пас аз ҳодиса билофосила ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. 

Дертар мақомоти Эрон акси шиносномаи як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо номи Комрони Субҳон нашр карда, гуфта буданд, ки омили аслии ҳамла ба “Шоҳчароғ” ӯ аст.

Комрони Субҳон дар задухӯрд бо мақомоти интизомии ин кишвар захмӣ гашта, баъдтар ҷон дода буд.

Собиқ Твиттер пулакӣ мешавад?

0

Элон Маск, мудири Х (собиқ Твиттер) дар баёнияе гуфт, ки эҳтимол аз ин ба баъд шабакаи иҷтимоии маъруфаш ройгон нахоҳад буд.

Ӯ то ҳол ҳаҷми маблағи пардохт барои истифода аз ин шабакаи иҷтимоиро нагуфтааст, танҳо таъкид карда, ки “эҳтимол пардохти маблағи каме барои корбарон иҷборӣ хоҳад шуд.”

Элон Маск афзуд, ин шабакаро ба он хотир пулакӣ карданӣ аст, ки мехоҳад бо маблағи ба дастомада, мушкилотеро, ки ботҳо дар ин платформ ба вуҷуд овардаанд, бартараф созад.

Аммо дар вокуниш ба ин гуфтаи Маск ҳисоби расмии идораи Х бо нашри паёме гуфт, ки ин суханҳои мудири он танҳо як пешниҳод аз ҷониби ӯаст. Вале идораи шабака дар бораи ин ки оё ворид кардани пешниҳоди Маск дар барномаашон ҳаст ё на ва агар бошад онро кай иҷро мекунанд, чизе нагуфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, аз замоне ки Элон Маск ин шабакаи иҷтимоиро бо маблағи 44 миллард доллар харид, талош дорад, роҳи даромадашро аз он бештар кунад. Ҳоло ӯ аз ҳар корбаре, ки нишони обӣ дорад, 8 долларӣ ҳар моҳ дарёфт мекунад.

Афзиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки интиқоли маводи мухаддир дар ду соли гузашта тавассути марзҳои Афғонистон бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми сентябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар нишастҳои Созмони Милали Муттаҳид гуфт, “дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.”

Эмомалӣ Раҳмон нагуфт, ки зиёда аз 10 тонна маводи мухаддири қочоқиро баъд аз мусодира ба куҷо бурданд ва ё чӣ кор карданд, вале таъкид кард, “вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.”

Бо ин вуҷуд, тайи ду соли ахир марзбонон ва маъмурони гумруги кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон ва ҳатто Қазоқистон ҳам бо нашри чандин аксу наворҳо эълон карда буданд, ки даҳҳо киллогарм маводи мухаддир аз мошинҳои сабук ва боркаши тоҷикистоние, ки ба интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ машғул мебошанд, пайдо ва мусодира кардаанд.

Ин нигарониҳои Тоҷикистон дар ҳоле сода додааст, ки имрӯз, 21-уми сентябри соли ҷорӣ Кордорои Сафорати Амрико дар Афғонистон дар мулоқот бо ҳайъати Толибон дар Давҳаи Қатар дар бораи решакан кардани маводи мухаддир, маъишиятҳои ҷойгузин ва дармони муътодон ба маводи мухаддир дар Афғонистон таъкид кардааст.

Гуфта мешавад, бар асоси оморҳои расмие, ки ахиран Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нашр карда буд, тайи ду соли ахир кишти кукнор дар Афғонистон кам шудааст, вале дар муқобил интиқол ва гардиши маводҳои сунъии он ба мисли “метамфетамин” афзоиш ёфтааст.

Толибон аз замони дубора дар Афғонистон ба қудрат расидан дар Афғонистон, кишт, интиқол ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар ин кишварро манъ карда, эълон карда буданд, бо касоне, ки хилофи ин фармон амал мекунанд, бархурди қонунӣ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон Қуръонсӯзиро маҳкум кард

0

Президенти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид амалҳои Қуръонсӯзӣ ва таҳқир ба муқаддасоти динию мазҳабиро маҳкум кард.

Рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суҳбат мекард, гуфт: “зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо, ғайри қобили қабул мебошад.”

Президенти Тоҷикистон ҳамдигарфаҳмӣ байни фарҳангу динҳои мухталифи ҷомеаро омили ҳамбастагӣ дониста, дар идома гуфт, “тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд.” Вай таъкид кард, “поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.”

Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи корбарон, худи Эмомалӣ Раҳмон ва дастгоҳҳои ҳукуматии ӯ эҳсосоти диниву мазҳабии шаҳрвандони худро борҳо поймол кардааст, ки ин гуфтаҳояш бо амалкардаш мувофиқат намекунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ барои он ки масоили диниву мазҳабиро тобиши сиёсӣ медиҳад, фишорро болои диндорон зиёд мекунад, рафтани ҷавонони то 18-соларо ба масҷид манъ крадааст ва ҳазорҳо нафарро бо баҳонаҳои мухталиф равонаи зиндон намуда, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Дар ин нишастҳои бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон ҳам дар вақти суханрониаш як нусха аз Қуръони Каримро дар дасташ гирифта, боло бардошт ва аз ҷумла гуфт, “пушти пардаи ин нафратпароканиҳо тарроҳии бузургтаре вуҷуд дорад, аммо таъолими қуръонӣ барои ҷавомеи башарӣ ҳаргиз намесӯзад ва оташи тавҳин ва таҳриф ҳарифи ҳақиқат нахоҳад шуд.”

Президенти Эрон баъд аз маҳкум кардани амалҳои қуръонсӯзӣ он нусхаи Қуръони Каримро дар даст дошт, бӯсида, сипас рӯи миз гузошт ва ин рафтори ӯ дар сархати хеле аз расонаҳои минтақа қарор гирифтааст.

Гуфта мешавамд, дар бархе кишварҳои ғарбӣ амалҳои қуръонсӯзӣ, ки эҳсосоти миллионҳо нафар аз мусалмононро ҷариҳадор кард, дар чанд соли ахир чанд маротиба такрор шуда, на танҳо суботи фазои дохилии онҳоро халалдор кардааст, балки як навъ эҳсоси бадбинӣ ва душманиеро дар байни хеле аз ҷавомеи кишварҳои дунё ба бор овардааст.

Мулоқоти сарони кишварҳои С5+1 дар Амрико

0
Акс аз сомонаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нахустин мулоқоти сарони кишварҳои С5+1 ба конҳои азими маъданҳо ва сарватҳои зеризаминии Осиёи Марказӣ чашм дӯхт.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми сентябри соли 2023 сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои 78-умин иҷлоси Сомзмони Милали Муттаҳид мулоқот карданд.

Ба қавли манбаъ, дар нахустини нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ + Амрико “Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кард, ки дар доираи C5+1 муколама оид ба коркарди конҳои азими маъданҳои Осиёи Марказӣ ва тақвияти бехатарӣ дар масъалаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминии муҳим, оғоз шавад.”

Дар ин нишаст, ки Президенти Амрико ҳамроҳ бо вазири умури хориҷаи ин кишвар бо сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон мулоқот кард, масоили мухталифе дар заминаҳои амният, тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва ғайра низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Инчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи “эҳтиром ба истиқлол ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо ва раванди ислоҳоти идораи давлатӣ ва таъмини волоияти қонунро баррасӣ карданд.”

Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур донистааст.

Гуфта мешавад, нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Амрико, маъруф ба С5+1 бо даъвати Ҷо Байден, Президенти Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои 78-умин иҷлоси Сомзмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд.

Кумитаи дин: фиристодани паёмаки “Ҷумъа муборак” мамнуъ нашудааст

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабари мамнуъ шудани фиристодани паёмакҳои “Ҷумъа муборак”-ро рад кард.

Имрӯз, 20-уми сентябр Кумитаи дини кишвар бо нашри изҳороте гуфт, ки фиристодани паёмакҳои динӣ тариқи вотсап дар кишвар мамнуъ нашудааст. Ин ниҳоди назораткунандаи умури динӣ, нашри хабари мазкурро “иғвоангезона” хондааст.

“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст.“, омадааст дар изҳороти Кумитаи дин.

Рӯзи гузашта ба дасти Azda tv чанд сабти садоие расид, ки дар онҳо гуфта мешуд, мақомот сокинони вилояти Хатлонро ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба ҳамдигар паёмаки “Ҷумъа муборак”-ро нафиристанд. Дар акси ҳол онҳоро то ду соли зиндон интизор хоҳад буд.

Бо вуҷуди рад кардани Кумитаи дин бархе манобеъ дар вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки маъмурони интизомӣ ва амниятии кишвар ба масҷидҳо рафта, мардумро ҳушдор додаанд, ки чунин паёмакҳоро ба ҳамдигар нафиристанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як сабти садое, ки дирӯз ба дасти Azda tv расида буд, гуфта мешуд, ки мақомоти амниятии кишвар дар вилояти Хатлон хона ба хона гашта, шаҳрвандонро ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои ҷумъа ба ҳамдигар фиристодани паёмакҳои “Ҷумъа муборак” ва ё дигар навъи табрикоти исломӣ мамнуъ эълон шудааст.

“Имрӯз эълон карданд, овардан коғазҳоро имзо кардем, қонун бароварданд, ки ба ҳамдигаратон “Ҷумъаи саид муборак” ва дигар чизҳои мусалмонӣ фиристодан манъ шудааст. Дигар нафиристед ин паёмакҳоро, ки мушкиламон мешавад“, гуфта мешавад дар як сабти садо.