31.9 C
Dushanbe

Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши ихтилофот

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз афзоиши ихтилофот изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми сентбяри соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ширкат кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар ҷамъи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико суҳбат мекард, гуфт, “аз вазъи феълии амниятӣ дар манотиқи гуногуни Созмон, аз  ҷумла афзоиши таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, авҷ гирифтани ихтилофот ва даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронӣ” мекунад.

Гуфта мешавад, ин суҳбати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи “авҷ гирифтани ихтилофот” дар ҳоле садо додааст, ки 15-уми сентябри соли ҷорӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як изҳорот таҳдид карда гуфт, агар Тоҷикитон аз даъвоҳои худ дар бораи заминҳои баҳсӣ даст накашад, дар ҷаласаҳои оянда ҳуҷҷату санадҳои ҷадидеро, ки тоза аз бойгонӣ пайдо кардаанд, рӯ хоҳад кард ва барои ҳимояи ин иддаоҳояш Қирғизистон нерӯҳои низомӣ ва сармояи пулӣ ҳам дорад.

Дар вокуниш ба ин изҳороти кишвари ҳамсоя 16-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро даъват карда, ба вай нотаи эътирозӣ дар бораи ин даъвоҳои ҷадиди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро таҳвил дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби раҳоии Холиқназаров аз зиндон

Аз боздошту бегуноҳ равонаи зиндон шудани Манучеҳр Холиқназаров, вакили дифоъ ва раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ду сол гузашт.

Афзоиши нигарониҳои Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз афзоиши тарсу нигарониҳои худ хабар дод.

Сарвати пурасрор: Ҳамсари сарвазири Тоҷикистон дар Дубай қасрҳои боҳашамат харидааст

Сарвазири Тоҷикистон ва ҳамсараш ба суолҳо дар бораи он ки чӣ гуна тавонистааст дар кишвари худ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиби амволи ғайриманқул шавад, посух надод.

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия дар пасманзари ҳодисаи хунин дар "Крокус" ба Тоҷикистон омад.