8.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 29

Навраси 17-солаи тоҷикро дар Русия пайдо карда, ба Тоҷикистон фиристоданд

0

Дар шаҳри Красноярск мақомоти прокуратура як навраси 17-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд, ки бе ҳуҷҷат ва бе ойла дар ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.

Ба иттилои прокуратураи вилояти Красноярск, ин наврас баҳори соли ҷорӣ ба Русия омадааст ва ба мақомот гуфтааст, ки “мехост шаҳрро бубинад ва қобилияти худро нишон диҳад”. Аммо дар тӯли чанд моҳ ӯ на таҳсил кардаасту на ҷое ба кор даромадааст. Муҳлати қонунии иқомати ӯ дар Русия низ ба поён расидааст.

Пулиси шаҳр мегӯяд, барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират, нисбати наҷавони тоҷик ҷаримаи маъмурӣ таъин шуд. Чун ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки ӯ дар Русия бе ҳуҷҷатҳои расмӣ ва бе намояндаи қонунӣ (Падар Модар) қарор дорад.

Пас аз дахолати прокуратура, қарор бозбинӣ шуда, наврас ихтиёран Русияро тарк намуда, ба назди волидонаш дар Тоҷикистон баргаштааст.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки наҷавон аз рӯзи омаданаш ба Русия дар чӣ шароит ва аз кадом ҳисоб зиндагӣ кардааст ва ҳамчунин маълум нест, ки падар ва модараш аз сафар ӯ ба Русия огоҳ будаанд ё на.

Ин дар ҳоле аст, ки борҳо падару модарон аз гум шудани фарзандонашон баъди рафтан ба Русия хабар медиҳанд ва бо дархост ба мақомоти дахлдор ва тавассути интернет ба ҷустуҷӯи фарзандонашон мепардозанд.

Беш аз 50 шаҳрванди тоҷик дар Қазоқистон наҷот дода шуданд

0

Чанде аз мусофирони тоҷик, ки дар байнашон кӯдакон низ ҳастанд ва мехостанд аз Русия ба Тоҷикистон биёянд, дар роҳҳои Қазоқистон дармонданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон субҳи 7-уми ноябр хабар дод, ки 53 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо автобус аз Русия ба Тоҷикистон мерафтанд, дар роҳ автобуси онҳо хароб шуд ва мақомот огоҳ шуда, онҳоро аз сармои сахт наҷот дода, то таъмири автобус ба ҷои амн бурда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ин 53 мусофир 8 нафарашон кӯдакони ноболиғ будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон мегӯяд, автобуси мусофирон, ки аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекард, дар наздикии деҳаи Жибек Жолии вилояти Акмолаи Қазоқистон вайрон шуд.

“Наҷотдиҳандагон ҳамаи мусофиронро аз сармо наҷот дода, ба ҷои гарм кӯчониданд. Мусофирон дар нуқтаи гармикунии ноҳияи Аршали ҷойгир карда шуда, пас аз таъмири автобусашон роҳи худро идома медиҳанд. Табибони ёрии таъҷилӣ ҳолати саломатии шаҳрвандонро мавриди муоина қарор доданд.”, омадааст дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар ба тамоми мусофирон таъкид мекунад, ки мавсими зимистон мерасад ва пеш аз сафар баромадан эҳтиёткор бошанд ва вазъи обу ҳаворо санҷида, баъд ба роҳ бароянд.

Солона ҳазорҳо мусофир, бахусус шаҳрвнадони Тоҷикистон бо мошини сабукарв ё автобус тариқи Қазоқистон ба Русия мераванд. Ва мутаассифона, ҳолатҳои нохуши зиёд ҳам сабт шудааст, ки шаҳрвандони кишвар ё ба садама дучор гаштаанд ва ё дар сармои шадиди саҳроҳои тӯлонии ин кишвари паҳновар дармондаанд.

Ихроҷи беш аз 4 ҳазор муҳоҷир аз Русия

0

Дар Русия амалиёти васеи “Нелегал-2025”, ки ба иддаои мақомоти ин кишвар ба ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират равона шуда буд, хотима ёфтааст.

Гуфта мешавад, марҳилаи аввали амалиёти васеи “Нелегал-2025” аз 16 то 25-уми июн ва дуюмаш аз 13 то 22-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардида, кормандони интизомӣ ва қудратии Русия ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро муҳоҷиронро дар ҷойи истиқомату кор, кӯчаву бозорҳо ва ҳатто толорҳои консерту варзишӣ тафтиш кардаанд.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав, дар натиҷаи ин рейдҳо додгоҳҳо беш аз 4,3 ҳазор қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Федератсияи Русияро содир кардаанд.

Дар ҷараёни ду марҳилаи рейд, кормандони пулис зиёда аз 15,7 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ошкор намуда, беш аз 10 ҳазор протокол барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва 2,1 ҳазор барои фаъолияти ғайриқонунии шуғлӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин нисбат ба корфармонҳое, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардаанд, беш аз 1,6 ҳазор протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, 748 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки аз онҳо 430 барои ба қайдгирии сохта ва 235 барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ мебошанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аллакай беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. 

Ва то ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ танҳо дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст.

AI: ИМА бояд масъалаи ҳуқуқи инсонро бо раҳбарони кишварҳои ОМ ба миён гузорад

0

Дар арафаи саммити C5+1, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ мекунад, Amnesty International бо нашри изҳороте аз сиёсатмадорони амрикоӣ даъват намуд, то масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро дар меҳвари гуфтугӯҳояшон қарор диҳанд.

Дар ин изҳорот, ки 5-уми ноябр нашр шудааст, гуфта мешавад, дар пасманзари рушди авторитаризм дар Осиёи Марказӣ саммити мазкур имкониятест барои баррасии саркӯби озодии ВАО ва фазои шаҳрвандӣ минтақа ва бояд Президенти ИМА Доналд Трамп роҳбарони Осиёи Марказиро даъват кунад, то ба рияои ҳуқуқи инсон рӯ оваранд.

Директори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Amnesty International USA Бен Линден бар ин бовар аст, ки саммит имконият ва озмоишест барои Иёлоти Муттаҳида, то нишон диҳад, ки метавонад нақши мусбат дар соҳаи ҳуқуқи инсон бозад ва интизорие, ки гӯё ин вохӯрӣ танҳо хусусияти тиҷоратӣ дорад, рад намояд.

Ба гуфтаи Amnesty International, дар саросари Осиёи Марказӣ саркӯби мухолифон ва маҳдуд кардани озодиҳои инсонӣ идома дошта, бо назорати сахт бар расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот озодии баён ва ҷамъомадҳоро маҳдуд кардаанд ва садои рӯзноманигорон хомӯш шудаву созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҷбуран баста шудаанд.

Дар ин изҳорот барои намуна аз поймол шудани ҳуқуқи инсон, ба 28 сол зиндон маҳкум шудани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар Тоҷикистон оварда шудааст.

Директори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Amnesty International ҳамчунин гуфтааст, ки агар президент Трамп мавзуи ҳуқуқи инсонро дар миён нагузорад, пас, бояд аъзои Конгресс аз роҳбарони Осиёи Марказӣ талаб кунанд, то 2 ҳамла ба ҷомеаи шаҳрвандиро бас кунанд.

Ба гуфтаи Линден, хомӯшӣ дар ин маврид ба маънои чароғи сабз нишон додан ба ҳукуматҳои минтақа аст, ки бидуни ҷазо дидан ба саркӯб идома диҳанд ва сиёсатмадорони амрикоӣ бояд мақомоти Осиёи Марказиро ба риояи ҳуқуқи башар ва эҷоди фазои мусоид барои кори озодонаи ҷомеаи маданӣ водор кунанд.

Ҳамчунин дар изҳорити ин созмони ҳуқуқӣ гуфта мешавад, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд лоиҳаҳои истихроҷи маъданҳои муҳими стратегиро густариш диҳанд, ки ин мавриди таваҷҷуҳи маъмурияти Трамп қарор дорад ва бояд Конгресс назорати созишномаҳои эҳтимолии саммитро таъмин намуда, мақомоти давлатӣ бояд бо ҷомеаҳои маҳаллӣ машварат кунанд ва нигарониҳои онҳо дар бораи муҳитзист ва ҳуқуқи инсонро ба назар гиранд.

Ёдовар мешавем, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар Вашингтон саммити C5+1 бо иштироки роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА баргузор мегардад. Дар рӯзномаи он энергетика, сармоягузорӣ ба маъданҳои муҳими стратегӣ, роҳҳои тиҷоратӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ҷой доранд.

Пеш аз Amnesty International созмонҳои ҳуқуқӣ ва гурӯҳе аз мухолифони тоҷик низ аз Амрико даъват карда буданд, ки дар мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзуи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад.

Ҳамчунин аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Аммо то ҳанӯз маъулум нест дар ин нишаст Доналд Трамп аз вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ хоҳад гуфт ё на.

Никоҳ дар пахши зинда дар Истаграм баҳсбарангез шуд

0
Screenshot

Чанд рӯз аст, ки як ақди никоҳи ғайриоддӣ миёни як ҷавони тоҷик ва духтари рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба вуҷуд овардааст.

Дар навори мазкур дида мешавад, ки ақди никоҳ дар пахши зинда ва бо ҳузури ду блогери тоҷик, аз ҷумла блогере, ки бо номи Ҳоҷи Маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта мешавад, анҷом мегирад. Зохиран Ҳоҷӣ Маъруф дар ин маросим ҳамчун шоҳид иштирок мекунад.

Бисёре аз корбарон дар вокуниш ба ин навор навиштаанд, ки дар саҳеҳ будани чунин никоҳ аз нигоҳи шариати исломӣ шубҳа доранд. Дар пайи баҳсҳо, саволҳои зиёде матраҳ шуданд, аз ҷумла оё ақди никоҳ тавассути телефон ва ё пахши зинда қобили қабул ва муътабар аст?

То ба ҳол ниҳоди расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ба монанди Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Аммо ба назари коршиносони динӣ, ин тарзи ақди никоҳ дуруст аст, вале бояд шартҳои никоҳ пурра иҷро шаванд.

Аммо мутахассисони улуми динӣ мегӯянд, агарчи ин тарзи никоҳ дуруст аст, вале аз баски никоҳ аз амалҳои бисёр муҳим ва бузург дар ҷомеа ва рушди наслҳо ба ҳисоб меравад, роиҷ шудани чунин амал боиси нодида гирифтан ва таҳқири аҳкоми шариат ва арзишҳои динӣ аз ҷониби ҷавонони камсавод мегардад. Ба гуфтаи онҳо, набояд аҳкоми шаръӣ мавриди масхара ва камбинӣ байни ҷавонон табдил шавад.

Конститутсия ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ дод?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми шодбошӣ ба Рӯзи Конститутсия гуфт, ки татбиқи меъёрҳои Конститутсия дар кишвар “суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ”-ро таъмин кардааст.

Рӯзи 6-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Конститутсия дар кишвар таҷлил мешавад. Эмомлаӣ Раҳмон ҳар сол дар ин рӯз аз саҳми Сарқонуни ҷумҳурӣ нақл мекунад ва онро сабаби тамоми хубию хушӣ медонад. Оё дар воқеъ Сарқонуни кишвар суботу оромӣ ва рушди иқтисодиро барои ҳама баробар таъмин кард ё танҳо барои баъзе?

Раисҷумҳур зимни суханронии имрӯзааш гуфт, ки мақсади Кониститутсия “фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.” Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз ду миллион шаҳрванди нерӯи кории Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар сафар карда, дар орзуи зиндагии арзанда ва рушди шахсии хеш ва хонаводаашон дар сахттарин ҳолат ба сар мебаранд.

Эмомалӣ таъкид мекунад, ки маҳз бо амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия дар кишвар “фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид.”

Аммо ба назари таҳлилгарон ва мунтақидони Ҳукумат, амалӣ шудани меъёрҳои Кониститутсия аз ҷониби мақомдорон ҷои суол дорад. Ба гуфтаи онҳо, агар меъёрҳои Кониститутсия дар кишвар амалӣ мешуд ва ба он эҳтиром гузошта мешуд, Эмомалӣ то ҳол раисҷумҳур боқӣ намемонд ва ё худро “подшоҳи якумра” эълон намекард.

Ба таъкиди коршиносон, Конститутсия бештар аз оне, ки дар хидмати халқ бошаду амният ва суботи иҷтимоиву иқтисодии мардумро таъмин кунад, дар хидмати худи Эмомалӣ ва хонаводааш аст. Барои ӯ ва хешу табори дуру наздикаш ҳам фазои амнияту оромӣ ва ҳам шароити хеле хуби рушди шахсӣ ва иқтисодиро ба дараҷаи аъло таъмин кардааст. Вале садҳо ҳазор аҳолии оддӣ аз зиндагии оддӣ маҳрум, ҳуқуқҳояшон поймол ва обрӯяшон ҳифз намешаваду маҷбур хоки Ватани худро тарк мекунанд.

Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин меафзояд, ки татбиқи Конститутсия дар кишвар “суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот”-ро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати ташкилкардаи Эмомалӣ даҳҳо дигарандеш, рӯзноманигорон, мухолифони сиёсии худро ба хотири хомӯш кунондани онҳо равонаи зиндон кард ва ҳатто баъзе мухолифони сиёсии худро барои як умр аз озодӣ маҳрум сохт.

Таъмини ҳуқуқҳои оддии шаҳрвнадон, озодии баён, муҳоҷирти аҳолӣ ба кишварҳои дигар, фирори мағзҳо, набуди барқу шароити бади тандурустӣ, ришварву фасод дар вазорату идораҳо, вазъи асафбори артишу сарбозшикор аз мушкилоте ҳастанд, ки ҳамеша мухолифони сиёсӣ, равшанфикрон, рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони ҷомеа ҳалли онҳоро матраҳ мекарданд, вале худи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд ва садояшон мувофиқи ҳамин “Конуститутсияи” сохтаи Эмомалӣ хомӯш кунонида шуд.

Вазорати дифоъ: Навори “бурдани маҷбурии домод ба хидмати ҳарбӣ” шӯхи буд

0

Муаллифони навори “бурдани як ҷавон ба артиш дар рӯзи тӯяш”, дар шароити номаълум иқрор карданд, ки он воқеият надошт ва ҳадафашон шӯхӣ буд.

Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш ба он навори паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки “ин ҳодиса ба хидмати артиш рабт надорад ва танҳо шӯхии бемаврид будааст.”

Муаллифи навор Сайдалӣ Сайдалиев тасдиқ кардааст, ки онро бо мақсади шӯхӣ ва ба даст овардани маблағ аз шабакаҳои иҷтимоӣ сабт ва нашр кардааст. Домод, Султон Сайдалиев низ гуфтааст, ки ҷӯраҳояш бо мақсади шӯхӣ ва маслиҳати пешакӣ ӯро маҷбуран ба мошин савор карда ва ин наворро сабт карданд.

Дар пайи ин ҳодиса, чор нафар рафиқони домод барои “кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва паст задани шаъну шараф”-и домод дастгир ва ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шудаанд. Нисбати Сайдалӣ Сайдалиев маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, чораҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ андешида мешаванд.

Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳо гардида, мақомот таъкид кардаанд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Хатлон ва тамоми кишвар бо сатҳи баланд иҷро гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш низ мақомот бо таври иҷборӣ ҷалб кардани як ҷавон ба аратиш дар шаҳри Кӯлобро рад карда, паҳншавии хабар дар бораи “облава”-ро бо фурӯши маводи нашъаовар рабт дода буданд, ки суолҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд.

Шойгу: Хатари нуфузи террористон аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа ҳанӯз боқӣ аст

0

Дар нишасти ахири котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳушдор доданд, ки ҳанӯз хатари ҳамлаи террористӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя боқист.

Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русия дар робита ба таҳкими марзҳо ҳушдор дод, ки “таҳдиди ворид шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароён аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол аз байн нарафтааст.” Ба гуфтаи ӯ, таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз омилҳои калидӣ дар таъмини суботи тамоми минтақа мебшад.

Ин ҳушдорҳои Шойгу рӯзи чоршанбеи 5-уми ноябр дар ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Маскав садо дод. Ӯ гуфт, ки хатари густариши гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ва ифротӣ аз Афғонистон на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таҳдид мекуқнад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хосса доарнд. Ба гуфтаи Шойгу, роҳандозии барномаи мақсадноки байнидавлатӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки имсол амалӣ мегардад, як қадами муҳим дар самти таъмини амният ба шумор меравад. Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷалби Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ метавонад ба суботу амният мусоидат кунад.

Бар асоси ин барнома, кишварҳои узви СПАД уҳдадоранд, ки манбаъҳои заруриро барои тақвияти муҳофизати марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷудо намоянд.

Кишварҳои узви СПАД дар чанд соли охир борҳо аз афзоиши эҳтимоли ифротгароӣ ва нуфузи гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Вале, ҳамзамон талош доранд муносибатҳои дипломатики худро бо Толибон ба роҳ андозанд.

Бояд зикр кард, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Шойгу изҳор дошта буд, ки дар қаламрави таҳти назорати Толибон беш аз 23 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳузур доранд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон назди Доналд Трамп рафт

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давҳаи Қатар ба Вашинготони ИМА сафар кард.

Сафари Раҳмонов имрӯз, 5-уми ноябр бо даъвати раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп сурат гирифтааст. Ӯ 6-уми ноябр дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – ИМА”, ки бо раҳбарии Доналд Трамп баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ин бори дуюм аст, ки нишасти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баргузор мегардад.

Нишасти аввал соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк бо ҳузури Ҷо Байден, раисҷумҳури собиқи Амрико ва раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Ҳадаф аз ин нишаст дар қолаби “C5+1”, тақвият ва густариши ҳамкориҳои дипломатӣ ва иқтисодии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад ва маълум нест, ки дар ин нишаст вазъи ҳуқуқи башар, ки дар ин минтақа хеле бад арзёбӣ мешавад, баррасӣ хоҳад шуд ё на.

Аммо пеш аз ин нишаст созмонҳои ҳуқуқӣ ва гурӯҳе аз мухолифони тоҷик аз Амрико даъват карда буданд, ки дар мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (C5+1) мавзуи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад.

Ҳамчунин аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат намояд.


Дар Ню-Йорк аввалин бор як мусалмон шаҳрдор интихоб шуд

0

Дар интихоботи дирӯзаи шаҳрдории Ню-Йорк ҷавони 34-солаи мусалмон Зуҳрон Мамадонӣ барандаи интихобот шуд.

Ба гуфтаи расонаҳо, дар таърихи Амрико ин бори аввал аст як мусалмон дар бузургтарин шаҳри Амрико – шаҳри Ню-Йорк ҳоким интихоб мешавад.

Пас аз бастани сандуқҳои интихоботӣ ва шумориши овозҳо Мамадонии 34-сола дар баробари дигар номзадҳо, аз ҷумла номзади ҳизби ҳоким, шаҳрдори собиқи Ню-Йорк ва як номзади мустақил пешӣ гирифт ва 50,4% овозҳоро ба даст овардааст.

Дар интихоботи ҳокимони штатҳои бузурги Амрико, Мамадонӣ номзад аз Ҳизби демократӣ дар Ню-Йорк ва инчунин ду номзади дигари демократҳо дар штатҳои Вирҷиния ва Ню-Ҷерси баранда шуданд.

Зуҳрон Мамадонӣ, ба хотири ҳимояташ аз Ғазза ва интиқодоташ аз Исроил хеле мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта буд. Ӯ борҳо гуфта буд, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, намегузорад Натанёҳу ба Ню-Йорк биёяд ва агар омад, боздошташ хоҳад кард.

Мамадонӣ пас аз эълони пирӯзияш шоми дирӯз дар назди ҳаводоронаш суханронӣ намуда, гуфт, ки дар моҳи январ барои ин мансаб ба ҳайси шаҳрдори нав қасам ёд мекунад ва ба кор шуруъ хоҳад кард. Ӯ зимни суханронияш таъкид кард, ки Ню-Йорк шаҳри муҳоҷирон буд ва боқӣ хоҳад монд.

Ӯ зимни хитоб ба ҳаводоронаш ишора кард, ки “Шумо ба ман ба хотири тағйир додани вазъ ва эҷоди сиёсати нав фурсат додед.” Ҳамчунин таъкид кард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Ню-Йоркро аз ҳоло беҳтар хоҳад кард. Ӯ аз тамоми коргарон аз ҳар қавму миллате, ки ҳастанд ва дар Ню-Йорк кор мекунанд, изҳори сипос кард.

Мамадониро зодаи шаҳри Кампалаи пойтахти Уганда медонанд, ки дар хурдияш ҳамроҳи падару модараш ба Амрико муҳоҷират кардааст. Падараш Маҳмуд Мамадонӣ, аз устодони барҷастаи улуми сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Колумбия аст ва модараш Мера Ноир филмсоз аст.

Дар бораи дидгоҳи мазҳабии Мамадонӣ ва хонаводааш иттилооти кам дастрас аст, вале гуфта мешавад, падари ӯ аз аҳли Гаҷароти Ҳинд аст, ки умдатан мусалмонони шиаи дувоздаҳимома ҳастанд. Модари ӯ низ аз хонаводаи ҳинду аз иёлати Панҷоб аст.