19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 673

Қариб 80% шаҳрвандони Амрико Ҷо Байденро президенти ояндаи худ медонанд

0
Дар акс Доналд Трамп ва Ҷо Байден: unn.com.ua

Тибқи як назарсанҷие, ки “Ройтерз” ва муассисаи “Ипсос” (Ipsos) гузаронидаанд, 79 дарсади овоздиҳандагон бовар доранд, ки Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3 ноябр пирӯз шудааст.

Ба назари 13 % овоздиҳандагон, натиҷаҳои интихобот ҳанӯз рӯшан нест ва қариб 5 дарсади дигар намедонанд, кӣ пирӯз шудааст. Танҳо ба назари 3% дигар, Доналд Трамп барандаи интихобот аст.

72% овоздиҳандагон мегӯянд, бояд мағлубиятро эътироф кард. Ба боварии қариб 60% овоздиҳандагон баъд аз анҷоми президентии Доналд Трамп, ки рӯзи 20 январ ба охир мерсад, интиқоли қудрат ба таври осоишта сурат мегирад.

Дар робита ба иддаои Трамп, ки гуфта буд дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст, 70% пурсидашудагон гуфтаанд, ки кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ кори худро софдилона анҷом додаанд.

Ба навиштаи “DW” Доналд Трамп ҳанӯз пирӯзии Ҷо Байденро эътироф накардааст. Бо гузашти 1 ҳафта, Трамп ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки дар интихоботи 3 ноябр тақаллуб сурат гирифтаааст, аммо то ҳол барои таъйиди гуфтаҳояш далел ё мадракеро нишон надодааст.

Ба ғайр аз Трамп бештари Ҷумҳурихоҳон аз эътирофи Ҷо Байден ҳамчун барандаи интихобот худдорӣ мекунанд. Ҳатто Майк Помпео котиби давлатии ИМА аз давраи дуввуми президентии Трамп гуфтааст, менависад “DW”.

Помпео дар як сӯҳбаташ дар Вашингтон гуфтааст, ки “Як интиқоли қудрати ором ба давлати дуюми Трамп сурат хоҳад гирифт”. Ӯ талаб кардааст, ки мунтазири қарорҳое бошанд, ки дар Конститутсияи ИМА сабт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 ноябр дар ИМА интихоботи президентӣ баргузор гардид. Ҷо байден бо гирифтани 290 райъи коллеҷӣ худро барандаи интихобот эълон кард. Доналд Трамп дар ин интихобот 214 райъро ба даст овард ва гуфт, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки то ҳол натоиҷи интихобот расман эълон нашудааст. Баъд аз эълони расмии натоиҷи интихоботи Амрико ба эҳтимоли қавӣ Ҷо Байдени 78-сола 46-умин президенти Амрико ба шумор хоҳад рафт.

Парвандаи фирории тоҷик дар Русия ба додгоҳ фиристода шуд

0

Додситонии шаҳри Сургути Русия хабар дод, ки парвандаи шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки аз маҳбаси ЛИУ-17 фирор карда буд, ба додгоҳ фиристодааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик ба ҷуз иттиҳоми фирор аз маҳбас боз ба ғоратгарӣ айбдор карда шудааст.

“Ахбор. ком” менависад, ки бино ба иттилои Хадамоти матбуоти додситонии ҳавзаи мухтори Хантию Манси – Югра (ХМАО), “тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршаванда, ки моҳи августи соли 2020 барои ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, дар маҳбас, вақте донист, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз як парвандаи ҷиноятӣ бар зидди ӯро бо иттиҳоми боз як мавриди ғоратгарӣ тафтиш мекунанд, худсарона аз муассисаи ислоҳӣ фирор кард”.

Маврид ба ёдоварсит, ки рӯзи 24 сентябр ин маҳбус аз зиндони табобатию ислоҳии ЛИУ-17 дар шаҳри Сургут, ки бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкумшуда буд, фирор кард.

Баъд аз як рӯз ӯро аз бозори «Аскания» боздошт карданд. Пойгоҳи хабарии маҳаллии «К-Информ» дар он вақт хабар дода буд, ки маҳбуси фирорӣ 23 сол дошта, зодаи Тоҷикистон аст. Дар идома хабар гуфта мешавад, ки ӯро ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз фирораш ба ЛИУ-17 интиқол додаанд.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии «К-Информ» ин зиндонӣ ҳангоми сайругашт дар ҳавличаи маҳбас панҷараи оҳанини шифтро канда, болои бом баромадааст ва худашро ба он тарафи девори маҳбас партофта фирор кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия (ФСИН), дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳамчунин беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо қарор доштаанд.  

Ҷорӣ шудани системаи кортӣ дар автобусҳо

0

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд автобусҳои мусофиркшонӣ ба системаи кортӣ-электронӣ гузаштаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” шурӯъ аз 10 ноябри соли ҷорӣ дар автобусҳои мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд системаи кортӣ ҷорӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ду сол қабл ба шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад автобус ворид шудааст, ки ҳоло қисме аз он дар хатсайри дохилишаҳрӣ ва масири шаҳрҳои канорӣ ҳаракат мекунад.

Дар бораи аз кадом ҷиҳат маблағгузорӣ шудани системаи пардохти электронӣ гуфта мешавад, ки он дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Бонки Аврупои таҷдид ва рушд ва ташкилоти молиявии давлати Шветсария -“СЕКО” маблағгузорӣ шуда, ҳаҷми ин тарҳ 5 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифтааст.

Маблағи тарҳи мазкур кумаки бебозгаш гуфта мешавад. Ин низоми нави пардохт дар нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳри Хуҷанд ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ кардааст, ҳамчуноне, ки ин ширкат низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо зери даст дорад.

Баъд ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе омадани Рустами Эмомалӣ писари бузурги Эмомали Раҳмон аз Туркия автобусҳои нав ба Тоҷикистон ворид карда буданд, ки он замон сухан дар бораи ҷорӣ намудани системаи кортӣ сухан мерафт.

Дар он замон низ воридкунандаи автобусҳои нав ширкати “Авесто гурӯҳ” гуфта мешуд.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ “Авесто гурӯҳ” ширкати Рустами Эмомалӣ буда, баъд аз раиси шаҳри Душанбе таъин гардиданаш дар ҷомеа шинохта гардид.

Боздошти корманди Дастгоҳи раиси шаҳр бо иттиҳоми гирифтани пора

0

Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳури Тоҷикистон аз боздошти мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи Раиси шаҳри Бохтар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Агентӣ, Абдураҳмонов А.А., моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои барасмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои зиёрати Каъба мавсими Ҳаҷ-2020 аз номбурда маблағи 80000 сомонӣ талаб карда гирифта гирифтааст.

Гуфта мешавад, маблағи гирифташударо Абдураҳмонов А.А. ба манфиати худ истифода намуда, асноди шаҳрванд Собиров Р.Р-ро, ки мебоист барои ба Ҳаҷ рафтанаш тартиб медод, омода накардааст.

Агентӣ менависад, ки нисбати Абдураҳмонов А.А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаиҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

Байни Арманистону Озарбойҷон оташбас эълон шуд

0

Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар бораи қатъи амалиёти низомӣ байни Озарбойҷону Арманистон ва дар бораи ташкили низоми мусолиҳа дар Қарабоғи Кӯҳӣ изҳорот дод, менависад шабакаи телевизионии “Россия 24”.

Эъломияи оташбасро 9 ноябр президенти Озарбойҷон Алиев, сарвазири Арманистон Пашинян ва президенти Русия Путин имзо карданд.

Дар ин санад дар бораи қатъи пурраи ҳама ҷангҳо дар минтақаи ҷангӣ гуфта шудааст.

“Мо тахмин мезанем, ки созишномаҳои бадастомада барои ҳалли дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи бӯҳрон атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ одилона ва ба манфиати халқҳои арману озарбойҷон шароити зарурӣ фароҳам меоранд.”

Инчунин дар эъломия омадааст, ки ҷонибҳо асирони ҳарбӣ ва ҷасадҳоро ба якдигар бар мегардонанд.

Дар шабакаи Фейсбукии худ сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ дар бораи имзои оташбас чунин менависад:

“Шаҳрвандон, бародарон ва хоҳарони азиз, барои худам ва барои ҳамаи мо як қарори бениҳоят душворро қабул кардам. Якҷоя бо президентҳои Русия ва Озарбойҷон, ман изҳоротро барои қатъ кардани ҷанги Қарабоғ аз соати 01.00 шаб имзо намудам.”

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ дар саҳифаи твитерии худ аз ба анҷом расидани муноқиша байни Арманистону Озарйбоҷон хабар дод ва ин рӯзро рӯзи таърихӣ номид.

Ба назари ӯ, ин изҳорот маънои таслим шудани Арманистонро дорад ва ба ишғоле, ки солҳои зиёд идома дошт, хотима медиҳад. Ин хотимаи ҷанг ғалабаи пуршарафи мост!

Ёдовар мешавем, ки аксарияти сокинони минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро арманиҳо ташкил медиҳанд. Ин минтақа, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълом кард. Ин сабаб шуд, ки аввали солҳои 90 дар ин минтақа даргириҳои низомӣ сурат гирифт, ки то ба имрӯз 30 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст.

Пас аз оташбаси соли 1994 байни ин ду кишвари даргир, давраи нави даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 27 сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфт, ки ба гуфтаи коршиносон ин масъала яке аз буҳронҳои ҷиддитарин дар минтақа ба ҳисоб меравад. Арманистон ва Озарбойҷон якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам карда буданд. Роҳбарони Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса тарафҳои муқобилро даъват карданд, ки даргириҳоро хотима диҳанд ва бидуни шарти пешакӣ музокиротро оғоз кунанд.

Нависандаи маъруфи тоҷик, Баҳманёр Аминӣ даргузашт

0

Баҳманёр Аминӣ, нависанда ва адиби маъруфи тоҷик шаби 10 ноябр дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт.

Вафоти ин нависандаи номдори тоҷикро нобаҳангом гуфтаанд, Радиои Озодӣ аз қавли наздиконаш менависад, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Гуфта мешавад, ҷасади ин нависандаи шинохтаро аз Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент интиқол доданд ва фардо маросими ба хоксупории ӯ онҷо доир мешавад.

Барои дафн нашудани ин нависандаи тоҷик дар қатори дигар шоирону адибони миллат дар минтақаи Лучоби шаҳри Душанбе донишмандони тоҷик вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Сафар Абдулло, донишманди саршиноси тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш менависад, ки аз Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоста, ки Баҳманёр дар радифи дигар нависандагону шоирони тоҷик ба хок супурда шавад. Аммо Низом Қосим баъд аз дархосташ аз мақомоти масъул гуфтааст, ки “Низомнома”-ашон иҷозат намедодааст.

“Ман ин хабари сангинро ба (Низом Қосим) расондам ва хоҳиш кардам, ки муҷавиз бигирад, то дар Лучоб ба хок биспоранд. Ӯ  гуфт, ман ҳоло меравам ва кӯшиш мекунам…Фикр кардам дар ин маҳалла, ки чандин шоъирону нависандагони мо ба хок супорида шуданд ва бархе касони дигар, ки ба ҳеч ваҷҳ ба мартабаи Баҳманёр нестанд, барои Баҳманёр низ ҷой хоҳанд дод. Мунтазирӣ дер накашид. Барои дар гӯристони Лучоб гӯр кардан “Низомнома” ашон иҷоза намедодааст !!! Пурсида мешавад, касоне, ки ба гарди домани Баҳманёр намерасиданд ва соҳибназарон ҳамаи осорашонро ба як ҷумлаи Баҳманёр иваз нахоҳанд кард, чӣ гуна ба он ҷо роҳ ёфтанд?!  Ҳарчанд чандон муҳим нест”.

Дар ҳамин ҳол Абдуқодири Рустам, донишманди дигари тоҷик менависад:

“Муллоҳо наъши Фирдавсиро иҷозаи дафн кардан дар гӯристон надода буданд, “Низомнома”-и ҳукумати шаҳри Душанбе, иҷоза надод, ки ҷанозаи устод Баҳманёрро дар Лучоб гӯр кунем….. Дар ин гӯристон фақат “халқӣ”-ҳоро дафн мекардаанд… Аммо, агар Баҳманёр – бузургтарин нависандаи тоҷик пас аз сари устодон Айнӣ ва Улуғзода бо вуҷуди маҳбубият ва шуҳрат дар миёни хонандагон на нависандаи халқӣ шуд ва на барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ гуноҳи кист?

Баҳманёр ба гӯристони Лучоб ниёз надорад, аммо халқи тоҷик ниёз дошт беҳтарин нависандаи муосираш дар қатори устодон дафн бишавад…

Агар ин маъниро намефаҳмед, дареғи шумо ва афсуси мо!”

Ҳолномаи нависанда аз Озодӣ:

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ буд.

Хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш – Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – “Садои Шарқ” – таъин гардид.

Баҳманёр бо сабки хос ва мавзуъҳои тозае вориди адабиёт шуд ва як водии тахайюлии Сармадро бунёд кард, қаҳрамононаш аз ҳикоя ба ҳикоя ва сипас ба роман кучида, зиндагии худро давом доданд.

“Ишқи сайёд” ,”Аспи обӣ”, “Зарринаи Зарнигор” маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” романҳои Баҳманёр мебошанд. Вале романи севумаш “Ғӯтях” ё “Айсберг” бо дасти худи нависанда нобуд шуд.

Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ буд. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд: ду писару ду духтар.

Дар Русия барои муҳоҷирони кирокаш маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунанд?

0
Акс: vedomosti.ru

Чанде аз роҳбарони шаҳру вилоятҳои бузурги Русия дар охири моҳи октябр ба сарвазири ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки танҳо ба шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳоди Авроосиё иҷозаи фаъолият дар таксиҳоро диҳанд ва дигар шаҳрвандонро аз ин кор боз доранд. Дар ин бора хабаргузории Ведомости иттилоъ медиҳад.

Бино ба навиштаи ин сомона шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, губернатори Санкт-Петербург, Александр Беглов ва раҳбарияти вилоёти Маскав ва Ленинград, Александр Воробев ва Александр Дрозденко аз сарвазири Русия, Михаил Мишустин дархост  кардаанд, ки қонун дар бораи мусофиркашонӣ дар ҳудуди Русия таҷдиди назар бишавад.

Кобинаи вазирони Русия дар ҷавоби масъулони баландпояи ин кишвар гуфта, ки пешниҳоди шумо дар баррасӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки қонунгузории амалкунандаи Русия истифодаи худкориро дар кори мусофиркашонӣ бидуни соҳибкорони инфиродӣ иҷозат намедиҳад.

Дар тарҳи қонун меъёре илова шудааст, ки ба ронандагоне, ки режими махсуси андозбандии “Андоз аз даромади касбӣ” -ро интихоб кардаанд, иҷозати кор медиҳад.

Ин тағйирот ба ҳиссаи бештари ронандагони таксӣ аз ҳисоби муҳоҷирон рабт дорад, ки гуфта мешавад, бозори меҳнати шаҳрвандони Русияро танг карда 50 дарсади кори мусофиркашониро онҳо ташкил медиҳанд.

Дар муроҷиатнома омадааст, ки танҳо дар ҳамин чаҳор манотиқи кишвар 178 ҳазор таксӣ фаъол аст, ки 45% аз маҷмӯи таксиҳо дар саросари Русияро ташкил медиҳад.

Аз руйи бархе маълумотҳо дар назар аст, ки фаъолияти худкор ё таксиронӣ танҳо ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Авроосиё – Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон дода шавад.

Тоҷикистон, ки то ба имрӯз ба узвияти ин Иттиҳод шомил нагардидааст, дар сурати қабули қонун, шаҳвадони Тоҷикистон аз фаъолияти таксиронӣ маҳрум мегарданд, ки боз як мушкилии дигар бар болои мушкилиҳои ҷойдоштаи муҳоҷирон зам мегардад.

Картошка ҷамъоварӣ шуд, оё нархи он арзон мешавад?

0

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст, дар аввалҳои моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба иттилои сомоанаи Авесто ҷамъоварии ҳосили картошка нисбат ба соли гузашта 58 тонна зиёд будааст.

Дар Тоҷикистон картошка баъд аз нон дуввумин ғизо ба ҳисоб меравад, ки сокинон аз он бештар истифода мекунанд.

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ ҳамсола сокинони кишвар зиёда аз як миллиону 200 ҳазор тонна картошка истеъмол мекунанд. Таъмини аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ ғайри имкон буда, бештари он аз хориҷи кишвар – Покистон, Афғонистон ва Русия ворид карда мешавад.

Моҳи апрел ва май аз сабаи баста гардидани марзҳо нархи як кило кортошка дар бозорҳои Тоҷикистон аз 10 сомон то 15 сомонӣ боло рафт, дар баробари гарон шудани он ба сокинон ба миқдори муайян фурӯхта мешуд.

Ҳоло нархи як кило картошка дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 2 сомону 50 дирам то 4 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳумкумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир талош дорад, ки кишти картошкаро дар Тоҷикистон зиёд намояд, вале дар ин самт мувафақ нашудааст.

Коршиносони соҳа дар мавриди номуваффақиятии ҳукумат дар ин ҷода, бар ин назаранд, ки бештари заминҳои обиро, ки бояд дар он картошка ва дигар маҳсулот кишт карда шавад, мақомдорон байни худ тақсим карда, ба ҷойи картошка ва ғалладона боғҳо месозанд ва ё пахта кишт мекунанд.

Зарари солонаи кишварҳои Осёи Марказӣ аз офатҳои табиӣ чӣ миқдор аст?

0
Сурат: blogs.worldbank.org

Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ, Лилия Бурунчук дар мавриди хисороти кишварҳои Осиёи Маркзӣ аз натиҷаи офатҳои табиӣ гузориш нашр кардааст.

Хонум Лилия дар гузориш гуфтааст, дар натиҷаи офатҳои табиӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд. Илова бар ин, ба зиёда аз 3 млн нафар осеб мерасад, ки бештари онҳо дар Узбекистон умр ба сар мебаранд.

Дар ин гузориш хисороте, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, 400 млн доллар гуфта шуда, теъдоди зарардидагон ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Дар идома гуфта мешавад:

“Ба ҷуз заминларза, ҳамасола ба ин минтақа ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва тарма, обхезӣ ва болоравии зиёди ҳарорат низ таҳдид мекунад”.

Ӯ гуфтааст, кишварҳои минтақа барои бартараф кардани мушкилот тадбирҳо андешидаанд, вале дар сатҳи тамоми минтақа талошҳои бештар лозим аст.

Шикояти донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ аз лимити барқу интернети паст дар Тоҷикистон

0

Баъзе донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанду аз сабаби баста будани роҳҳо натавонистанд барои идомаи таҳсил саривақт ба дарсҳои худ ҳузур пайдо кунанд ва дар Тоҷикистон мондаанд, аз набуди барқ ва доштани интернети заифу гарон шикоят доранд.

Ин донишҷӯён, ки бештарашон дар Қирғизистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Украина ва Белорус таҳсил мекунанд, мегӯянд, ки аз сабаби коронавирус ва бастани будани роҳҳо наметавонанд ба хориҷ бираванд ва бояд дарсҳояшонро онлайнӣ пайгирӣ кунанд. Вале дар Тоҷикистон интернет гарон асту илова бар он хеле суръати паст дорад.

Дар ҳамин ҳол имрӯз 9 ноябр қариб 20 донишҷӯи донишгоҳҳои хориҷӣ, ки натавонистанд барои идомаи таҳсил ба хориҷ бираванд, дар назди бинои ВКХ ҷамъ омада, талаб намудаанд, ки барои ба хориҷ рафтанашон мусоидат кунанд. Бештари ин донишҷӯён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз набуди барқ ва гарон будани интернету суръати суст доштанашон шикоят кардаанд.  

Аммо дар бештари манотиқи Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ шудааст ва ин донишҷӯён наметавонанд дарсҳои худро ба таври комил пайгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд болои набудани барқ боз интернет хеле гарон аст ва суръати суст дорад. Дар Тоҷикистон 1 гб интернет аз 20 то 30 сомон (2-3 $) нарх дорад ва дар баробари гарон буданаш, суръати бисёр паст дорад.

Дар аксари манотиқи кишвар ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 17-и шаб барқ қатъ мешавад. Масъулони Ширкати “Барқи тоҷик” набуди барқро ба мушкилоти фаннӣ рабт медиҳанд.

Аз набуди барқ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд ва мегӯянд дар бештари манотиқи Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ шудааст. Дар суҳбат бо “Аздо ТВ” ҷорӣ шудани лимити барқро сокинон таъйид карданд ва мегӯянд, дар ноҳияҳои дурдаст аз соати 8 то 19 ва дар манотиқи наздик ба марказ аз соати 8 то 17 барқ хомуш карда мешавад.

Назари масъулони ширкати “Барқи тоҷик” дар ин маврид дастрас нест. Дар ҳоле дар манотиқи гуногуни кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст, ки президент Раҳмон дар бисёре аз суҳбатҳояш ваъда карда буд, ки дигар лимити барқ афсона мешавад ва шаҳрвандон аз набуди он танқисӣ нахоҳанд кашид.

Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, 34 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар 30 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 26 ҳазор нафари онҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия мебошанд.