15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 291

Эълони оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон ба сурати расмӣ рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазонро эълон карданд.

Имрӯз, 16-уми марти соли 2023, маҷаллаи Дин ва Ҷомеаи марбут ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон

Гуфта мешавад, пеш аз ин ҳар сол дар чунин рӯзҳое Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аъзои худро даъват карда, дар бораи эълон кардани рӯзи аввали рамазон, муқаррар кардаи нисоби закот, ҳаҷми фидя ва закоти фитр қарорҳои худро содир мекард.


Аммо то замоне ки ин матлаб таҳия мешуд, дар сомонаи марбут ба Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон ва сомонаи Кумитаи дин ва сомонаи Ҷомеа, ки он ҳам марбут ба Кумитаи дин аст,  ҳеч матлабе дар ин хусус нашр нашудааст.

Пеш аз ин, дар минтақа кишвари Қирғизистон ҳам 23-уми марти соли ҷориро рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон эълон карда буд. Инчунин баъзе марказҳои илмӣ ҳам дар Ховари Миёна 23-уми мартро рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон пешбинӣ кардаанд, вале эълони рӯзи аввали Рамазон дар хеле аз кишварҳои исломӣ тибқи маъмул пас аз дидани моҳ сурат мегирад.

Бо ин вуҷуд, моҳи шарифи Рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом буда, соле як моҳ рӯза доштан ба пайравони ба синни балоғат расидаву солим ва оқили он фарз гардонида шудааст. Беморон ва мусофирон ҳам метавонанд дар ин моҳ рӯза нагиранд ва қазои онро дар дигар вақт ба ҷо гузоранд. Пирони барҷомонда бошанд ба ҷои рӯза гирифтан метавонанд фидяи онро ба ниёзмандон пардохт кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Лондон меравад?

0

Рӯзҳои 28 ва 29-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин Форумро пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар гуфтааст.

Гуфта мешавад, дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон, Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ин кишварҳо дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ иштирок хоҳанд кард.

Инчунин дар доираи Форум молу маҳсулоти Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир мегардад. Қарор аст дар поёни форум, санадҳои ҳамкорӣ байнӣ соҳибкорони ду кишвар имзо шавад.

Тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бизнес-форум ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, аз 15-уми декабри соли 2021 Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мебошад. Шавҳари ӯ Шамсулло Соҳибов, молики ширкати монополисти “Фароз” намояндаи тиҷоратии Точикистон дар Британияи Кабир аст.

Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

0

Вохӯрии панҷуми вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзҳои- 14-15-уми сентябри соли 2023 бо раёсати Тоҷикистон Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар назар аст, дар кори ин нишасти минтақавӣ, сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, “ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.”

То 15 соли зиндон барои хабарҳои нодуруст

0

Мақомоти Кремлин бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои ин кишвар ҷазо барои нашри хабарҳои нодурустро сахттар кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, мақомоти Русия бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси маъмурӣ ҷазо барои интишори хабарҳои нодуруст дар хусуси ҷангҳои Русия алайҳи Украинро хеле вазнин кардаанд.

Думаи давлатии Русия дар сомонаи расмии худ хабар дода, ки “Қонун дар бораи туҳмат, туҳмат ба иштирокчиёни амалиёти махсуси низомӣ”-ро қабул кардааст.

Бар асоси ин Қонун дар дигар қонунгузориҳои Русия низ тағйирот ворид шудааст, аз ҷумла тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҷазо барои касоне, ки хабарҳои нодурустеро дар хусуси “амлиёти махсуси низомӣ”-и Русия дар Украина (дар расонаҳо нашр) мекунанд, то 15 соли зиндон зиёд кардаанд.

Инчунин дар Кодекси маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии Русия тағйирот ворид шуда, ҷазо барои касоне, ки дар паҳн кардани ахбори нодуруст, саҳмгузорӣ мекунанд, ҷарима дар ҳаҷми то 50 ҳазор рубл барои шаҳрвандон ва то 500 ҳазор рубл барои шахсони ҳуқуқӣ (ниҳодҳои расмӣ, расонаҳо) пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз як сол аз оғози ҳамлаҳои низомии Русия дар Украина ба қавли расонаҳои ғарбӣ, беш аз 100 ҳазор нафар аз афсарону сарбозони Русия кушта ва даҳҳо ҳазор каси дигар захмӣ шудааст. Теъдоди куштаҳо ва захмиҳои Украина низ аз марзи 100 ҳазор нафар гузаштааст, вале то ҳол Русия ба ҳадафҳои худ нарасидааст ва зоҳиран қасди хотима додани ҷангро ҳам надорад.

Қотили Ҳувайдои 5-сола ба 24 соли зиндон маҳкум шуд

0

Александр Сёмин, гумонбари қатли Ҳувайдои 5-сола баъд аз панҷ соли баҳсҳои додгоҳӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.  

Додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15-уми март шаҳрванди Русия Александр Сёминро дар таҷовуз ва қатли духтараки панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода гунаҳкор дониста, ӯро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, аз ин чаҳору солу ҳафт моҳаш кам мешавад, чун Сёмин дар ин муддат дар боздоштгоҳ буд. Аммо, вакили дифои қотили Ҳувайдо ин ҳукмро сангин номидааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мехоҳад аз болои ҳукм шикоят барад. Саидов мегӯяд, котили фарзадандаш бояд ба ҳукми абад маҳкум шавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22-уми июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши судӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт шуд.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда, сипас ӯро рабудааст.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25-уми июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карда буданд.

Ин ҳодиса сару садоҳои зиёдеро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ба бор оварда, нафарони зиёде хоста буданд, ки ин қазия мунсифона таҳқиқ шавад. Аммо, баҳсҳои додгоҳӣ панҷ сол тӯл кашид.

СААД Тоҷикистону Қирғизистонро оштӣ медиҳад?

0

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, 13 марти соли ҷорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Дар ин дидор ҷонибҳо вазифаҳои СААД ва баъзе масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.

Аз ҷумла гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СААД зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодӣ ва инчунин “муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ” ва ғайраро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти СААД, Тасмагамбетов рӯзҳои 9-ум ва 10-уми марти соли ҷорӣ дар Бишкек қарор дошт ва бо чанде аз мақомоти ин кишвар, ба хусус Президент Содир Ҷабборов дидору гуфтугӯ кард.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки Дабири тозатаъйини СААД талош дорад байни Тоҷикистону Қирғизистон нақши миёнҷигарро бозӣ кунад ва ҳамсояҳоро оштӣ диҳад.

Чанде пеш таҳлилгар ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Александр Князев гуфт буд, ки ин иттиҳоди низомию сиёсӣ (СААД) кайҳост омода аст барои ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.

Пешниҳодҳо барои коҳиш додани таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 5-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Минск зимни нишасти сарони шуъбаҳои ҳамкории байналмилалии ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи СААД баррасӣ ва таҳия шудаанд. Дар ин бора ёвари вазири дифои Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ Валерий Ревенко дар саҳифаи тивиттерияш хабар дода буд.

Бо вуҷуди он ки ҷузъиёти тарҳи таҳияшуда ифшо нашудааст, аммо сафари кории Дабири кулли ин созмон Имангалӣ Тасмагамбетов ба Қирғизистону Тоҷикистон баёнгари татбиқи он барномаи таҳияшуда мебошад. Гуфта мешавад, Тасмагамбетов бо президентҳои ҳарду кишвар Садир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаи кумаки эҳтимолии СААД дар ҳалли баҳсҳои марзиро баррасӣ кардаанд.

Қирғизистон шаҳрвандонашро аз сафар ба Тоҷикистон ҳушдор дод

0

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 14-уми марти соли ҷорӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хостанд, ки муваққатан ба Тоҷикистон сафар накунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо интишори паёме ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дода, ки муваққатан аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварашро маҳдуд мекунад.

“Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон хабар дод, марзбонони тоҷик дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе мусофирони қирғизро намегузоранд вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа шаҳрвандони Қирғизистон маҷбур мешаванд, маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд”, – омадааст дар изҳороти ВКХ Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон то ҳол ба изҳороти ҷониби Қирғизистон вокунише накардааст.  Аммо, дар гузашта борҳо мақомоти тоҷик аз яктарафа бастани марз бар рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят карда буд.

Ин изҳорот дар ҳолест, чанд моҳи ахир сухнаҳо дар бораи нарм шудани муносибатҳо ва ба баъзе тавофуқот расидани ҷонибҳо дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз гуфта мешуд.

Як мухолифи тоҷик дар Белорус боздошт шудааст

0

Мақомоти Беларус мехоҳанд як мухолифи тоҷикро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Низомиддин Насриддинови 44-соларо, ки 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд, хатари истирдод ба Тоҷикистон ва шиканҷаву зиндон таҳдид мекунад.

Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми март дар истинод ба Энира Бронитская масъули созмони ҳуқуқии “Human Constanta” менависад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали имсол истирдоди Насриддиновро талаб карда, Додситонии кулли Беларус паноҳандагии ӯро дар Олмон ба назар нагирифта, барои истирдод розӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ мақомоти Тоҷикистон Низомиддин Насриддиновро ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд.

Ба гуфтаи Энира Бронитская маълум нест, ки нисбати ин фаъоли тоҷик кай парванда боз шудааст, аммо дар парванда гуфта шуда, ки Насриддинов “дар Фейсбук маводи вобаста ба ҲНИТ-ро нашр карда, дар YouTube ҳам кадом видеоеро дар бораи президенти Тоҷикистон гузоштааст”.

Гуфта мешавад, Насриддинов аз замони боздошташ дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои Беларус қарор дорад ва аз қарори Додситонии кулли Беларус шикоят кардааст. Интизор меравад, даъвои ӯро 30-юми марти имсол дар додгоҳи вилоятии Гродно баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинов аз соли 2015 бо хонаводааш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекунад ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дорад.

Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2020 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ карда шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.

Эрон равобити худ бо кишварҳои арабиро оддӣ месозад

0

Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ахиран бо миёнҷигарии Чин равобити худ бо Арабистони Саудиро оддӣ кард, тасмим гирифта бо дигар кишварҳои арабӣ низ оддӣ бисозад.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Ҷумҳурии исломӣ тасмим гирифтааст, ки пас аз оддӣ кардани равобити худ бо Арабистони Саудӣ инак муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои Миср ва Баҳрайн ҳам аз сар бигирад.

Ба қавли ин расонаҳо, Носир Канъонӣ, сухангӯи вазири умури хориҷаи гуфта, ки “диплумосӣ натиҷаи худро ба хубӣ нишон додааст. Аз сар гирифтани равобити сиёсии Эрону Арабистон нишонаи муассир будан ва муваффақ будани роҳкори диплумотик барои рафъи сӯи тафоҳумот ва гом гузоштан дар масири ҷадиде барои тавсеи муносибот бар мабнои масолеҳ ва манофеи муштарак аст.”

Аз сӯи дигар, мақомоти расмие дар кишварҳои Баҳрайн ва Миср ҳам дар суҳбат бо расонаҳо таъйид карданд, ки ба хотири рафъи нофаҳмиҳо ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуд масъулони дипломатӣ кори худро идома медиҳанд ва дар ояндаи наздик Теҳрону Манома ва Қоҳираву Теҳрон ҳам равобити дипломатии худро аз сар хоҳанд гирифт.

Гуфта мешавад, пас аз оғози “баҳори арабӣ” дар соли 2011-2013 дар кишварҳои арабии Шимоли Африқо ва Ховари Миёна Эрон ба зоҳир аз эътирозҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ ва дар Сурия аз ҳукумати Башшор Асад ҳимоят мекард.

Инчунин вақте дар соли 2014 ҳам Ҳусиҳо дар Яман сари қудрат омаданд, ангушти иттиҳомоти кишварҳои арабӣ алайҳи Эрон зиёдтар шуд. Кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва Миср то ҳол Эронро ба дахолат кардан дар умури дохилии арабӣ, ба мисли Ироқу Сурия, Лубнон ва Яман муттаҳам мекунанд.

Аз сӯи дигар, Эрон ҳам Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои арабиро ба дахолат кардан дар умури дохилии худ аз тариқи расонаҳои мухталиф ва шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам мекунад. Ҳамин масъалаҳои дахолат дар умури дохилии кишварҳо боис гардида буд, ки равобити Эрон бо Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Миср камранг ва пас аз ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон қатъ гардад.

Дар Тоҷикистон наздик ба як миллион нафар дар гуруснагӣ ба сар мебаранд

0

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд, ки наздик ба як миллион нафар аз норасоии ғизои солим дар кишвар ранҷ мебаранд.

Дафтари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар саҳфаи твиттерии худ эълон карда, ки ҷанг дар Украина, КОВИД-19 ва тағйирёбии обу ҳаво сабаб шуда, ки зиёда аз 800 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз ноамнии шадиди ғизоӣ ранҷ бибаранд.

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо задани ин занги хатар аз дигар созмонҳои кумаккунандаи ҷаҳонӣ низ хостааст, ки бо таваҷҷуҳ ба осебпазир будани ҷамъият, аз ҷумла кӯдакон “ба хотири арзёбӣ ва посухи сареъ додан” ба ин масъала дар кишвар вориди амал шаванд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон тайи чанд соли ахир аз минбарҳои баланд даъво доранд, ки бо сабаби сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумат ва талошҳои он сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст, вале маълум мешавад, ин иддаоҳои ҳукуматдорон асоси воқеӣ надоранд.