Хона блог саҳифа 292

Эрон вориди бозори тандурустии Тоҷикистон шуданист

0

Мақомоти эронӣ мехоҳанд, ки дар наздиктарин фурсат бо ҷиддияти бештар вориди бозори тандурустӣ дар Тоҷикистон бишаванд ва саҳми худро аз ин бозор бигиранд.

Баҳром Айнулилоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишикии Эрон дар шаҳри Душанбе гуфт: “Ба зудӣ шуъбае аз Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад.”

Вазири эронӣ мегӯяд, қарор аст бо сармоягузории давлати Тоҷикистон як донишгоҳ таъсис дода шавад ва тамоми омӯзгорони он аз тарафи Эрон таъмин шавад.

Ба гуфтаи Айнулилоҳӣ, тайи ин сафар байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзишҳои пизишкии Эрон як тафоҳумномае ба имзо расидааст, ки бар асоси он Эрон метавонад ба Тоҷикистон бо қимати муносиб дору содир кунад.

Вай афзуд: “Бар асоси ин тафоҳумнома давлати Тоҷикистон бозори доруии Эронро ба расмият мешиносад ва аз ин пас бозори доруии хубе дар ин кишвар пеши рӯйи Эрон хоҳад буд.”

Эрон дар ҳоле бо ҷиддият дар бозори тандурустӣ ва ба хусус бозори доруии Тоҷикистон ворид шудан мехоҳад, ки дар ин самт аллакай кишварҳои Русия, Покистон ва Ҳиндустон мавқеи худро хеле мустаҳкам кардаанд. Саҳми аз ҳама зиёдтарро дар ин бозор ширкатҳои мансуб ба духтарон ва домодҳои Эмомалӣ зери даст доранд.

Гуфта мешавад, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзишҳои пизишкии Эрон дар раъси як ҳайати расмӣ 16-уми моҳи ҷорӣ вориди Тоҷикистон шуда ва 17-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот кард.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, “дар мулоқот ҳамзамон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустии ин кишвар, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.”

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қатор амру фармонҳо муовинони Маркази исломшиносии вобастаи Президенти Тоҷикистонро тағйир дод.

Инчунин имрӯз, 18-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо чанд фармонҳо судяҳои бархе шаҳру ноҳияҳои кишварро тағйир дода, ҳамзамон дар мувофиқа бо ӯ прокурорҳои баъзе шаҳру ноҳияҳо низ иваз карда шуданд.

Бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, 10 судя, аз он ҷумла раисони судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб, муовинони суди шаҳри Ваҳдат ва бархе шаҳру ноҳияҳо низ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойҳои худро бо якдигар иваз карданд.

Тибқи чор қарор раиси ҳукумат муовинони пешини вазири кишоварзии Тоҷикистонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо муовинони нав таъйин кард.

Инчунин имрӯз Ваҳобзода Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори Маркази исломшиносии вобастаи Президенти Тоҷикистон таъйин карда шуд. Ва Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил низ муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин карда шуд.

Худкушии як зан бо ду кӯдакаш дар шаҳри Ваҳдат

0

Як зан дар деҳаи Сорвои ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат худ ва ду кӯдаки хурдсолашро, ки яке 3-4-моҳа ва дуюмӣ 3-сола будаанд, ба дарё андохта, худкушӣ кард.

Як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda TV наворе фиристод, ки дар он дида мешавад, аҳолии деҳаи Сорвои ҷамоати Ромит ҷасади беҷони занро аз об берун мебароранд.

Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки байни одамони зиёде, ки дар лаби дарё ҷамъ омада, доду фиғон доранд, занозанӣ сар мезанад ва сари яке аз онҳо бо санг кафонда мешавад. Зоҳиран, наздикони зан бо хонаводаи шавҳар даргир мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дирӯз, 17-уми июл рух дода, сокинон ҷасади занро пайдо карданд, аммо ҷасади тифли ширхораашро то ҳол наёфтаанд. Хушбахтона, духтараки 3-солаашро зинда пайдо кардаанд.

Манбаи Azda TV аз ин зан ва хонаводаи шавҳараш ном набурд, аммо ба гуфтаи ӯ, сабаби худкушии ин зан бо ду кӯдакаш муноқишаҳои хонаводагӣ будааст.

Ба сабаби муноқишаҳои хонаводагӣ, зан як маротиба қаҳр карда, ба хонаи падараш омода буд, вале падараш ӯро маҷбур ба хонаи шавҳараш бармегардонад. Аммо ин бор чун муноқиша сар мезанад, ба хонаи падараш нарафта, ду кӯдакашро мегираду меравад аз болои пули дарёи Кофарниҳон, ки дар наздикии деҳаи Сорво ҷойгир аст, аввал ду фарзандаш ва баъдан худашро ба поён меандозад.“, – мегӯяд манбаъ.

Мақомот то ҳанӯз дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд. Ва тафсилоти ин ҳодиса ба таври комил маълум нест. Ҳамчунин назари хонаводаи ин зан ва шавҳараш низ дастраси расонаҳо нагаштааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон занҳо аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ду сол пеш як зан аз ноҳияи Рашт низ худ ва 3 фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ карда буд.

Ба назари ҷомеашиносон ва таҳлилгарони тоҷик, ин падида дар Тоҷикистон ва кишварҳои қафомонда бештар аз шароити бади иқтисодии хонаводаҳо маншаъ мегирад. Инчунин рафтори хашину номуносиби хонаводаи шавҳар бо келин низ яке аз омилҳои асосии чунин худкушиҳо гуфта мешавад.

Сафари Президенти Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

0

Бино ба иттилои расонаҳо, пагоҳ, 18-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайат бо сафари дурӯза ба Арабистони Саудӣ меравад.

Президенти Тоҷикистон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири иштирок дар ду нишасти минтақавӣ иборат аз 18-умин нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва дувумӣ Нишасти Сарони кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки қарор аст 19-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шавад, даъват шудаанд.

Гуфтам мешавад, ин сафар бо даъвати расмии Шоҳ Салмон бин Абдулъазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ анҷом шуда ва интизор меравад, бо истифода аз ин сафари дурӯза ҳайтҳое ба зиёраи Хонаи Худо ҳам рафта, ибодати Умраро анҷом диҳанд.

Ба Арабистони Саудӣ сафар кардани Эмомалӣ Раҳмон ва Умра кардани ӯ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанде пеш Тоҷикистон дар радабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои ноозоди дунё шуморида шуда, дар масъалаи нақзи ҳуқуқи диндорон мавриди интиқод қарор гирифта буд. Тибқи гузоришҳои ин созмонҳо, мақомоти Тоҷикистон алаҳи диндорон, ба хусус занони ҳиҷобпӯшу мардони ришдор маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ карда, як фазои тарсеро дар байни ин қишри ҷомеа ба вуҷуд овардаанд. Ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон аз рафтани шаҳрвандон барои адои Умра дар моҳҳои Рамазон ва ғайри он интиқод кард ва гуфт, ки пеши ин роҳ гирифта шавад.

“Метавонӣ ба хона баргардиву ба иқтисоди кишвари худат кумак кунӣ”

0

Дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуда, ки аз муҳоҷирон даъват мешавад Русияро тарк кунанд ва ба хонаҳояшон баргарданд.

Акси як овезаеро муҳоҷире аз шаҳри Новосибирск ба Azda.tv ирсол кард, ки дар он навишта шудааст: “Муҳоҷир, хабари хуш! Марзҳо бозанд. Ту метавонӣ ба хонаат баргардӣ ва ба иқтисодиёти кишварат кумак кунӣ!“.

Ин паём ё даъват асосан ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркменистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст. Зеро дар ин овоза парчами ин кишварҳо ҷо дода шудааст.

То ҳол маълум нест ин иқдом дасти кори сокинони оддӣ аст ё мақомдорони рус.

Овезаҳо бо навиштаи даъват аз муҳоҷирон, ки ба хонаҳояшон баргарданд дар ҳоле дар баъзе аз кӯчаҳои Русия насб шудаанд, ки чанд вақти охир дар ин кишвар фазои муҳоҷир бадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифтааст.

Пештар аз ин даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бояд бигирад. 

Инчунин чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирон виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ шавад ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия ба таври густарда алайҳи муҳоҷирон тафтишро оғоз када, ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро бозҷӯӣ намуда, шахсони асноддору беаснодро якҷоя боздошт мекунанд. Аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина мефиристанд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Директор ба дуздии тақрибан 300 ҳазор сомнӣ муттаҳам шуд

0

Директори ширкати “Аҳмад Сохтмон” бо иттиҳоми ғайриқонунӣ соҳиб шудани наздики 300 ҳазор сомонии буҷети давлат муттаҳам ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмад Сохтмон” бо баҳонаи таъмиру сохтани “бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272043 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

Агентӣ бо ин иттиҳом бар зидди Назаров Хуршедҷон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Ба иттилои манбаъ, таҳқиқи парванда аллакай ба поён расида, он ба додгоҳ фиристода шудааст.

Моддаҳои ҷиноятие, ки Назаров мувофиқи онҳо муттаҳам мешавад, дар сурати исбот шудан ӯро ҷаримаи то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё зиндонии аз 10 то 15 сол ва ҳатто бештар аз он ҳам интизор аст.

Ин бори аввал нест, ки мансабдорон бо иттиҳоми дуздии буҷети давлат боздошт ва ҳатто зиндонӣ мешаванд. Вале дар Тоҷикистон таҷрибаҳо нишон дода, ки дар аксар ҳолатҳо чунин шахсиятҳо бо дар миён даровардани шиносҳо ва ба қавле “тағаҳо” аз ҷиноятҳои сангин маоф мешаванд ва парвандаашон баста шуда ва ҳатто ба сари кори қаблияшон бармегарданд.

Аммо акси ин гурӯҳ, равшанфикрон ва мухолифони ҳукумат ҳатто бо иттиҳоми камтар аз ҳазор сомонӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. Чанде пеш шоҳиди он будем, ки алайҳи авдвакати зиндонии шинохта Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми қаллобӣ ва тасарруфи 42 ҳазору 500 сомнӣ, ки исботи худро наёфт, парванда боз шуд ва дар ниҳоят боз ба ҳукми зиндонаш беш аз 10 соли дигар афзуданд.

КҲФ аз омадани сел дар Тоҷикистон ҳушдор дод

0

Дар чанд рӯзи оянда дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар дамои ҳаво хеле гарм шуда, сатҳи оби рӯдхонаҳо боло меравад, ки ин эҳтимоли омадани селҳоро зиёд мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки “рӯзҳои 15-17-уми июли соли равон дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад.”

Ҳамчунин дар хабарномаи КҲФ таъкид мегардад, ки дар ин рӯзҳо ба сабаби шиддати сахти гармо эҳтимоли об шудани пиряхҳо хеле зиёд аст.

Дар пайи эҳтимоли баланд шудани сатҳи обҳо дар рӯдхонаҳои кишвар ва ҷорӣ шудани селҳо, КҲФ аз сокинони хоста, ки “дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд.”

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар маслиҳат дода, ки “сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.” 

Кумита ҳамчунин аз сокинони кишвар хоста, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ҷамъи ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ ва моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.  

Ҳамзамон дар хабари КҲФ аз аҳолии кишвар хоста шуда, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ “сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.”

Муроҷиати нави сокинони Котелники зидди муҳоҷирон

0

Сокинони шаҳри Котелникии вилояти Маскав дар муроҷиати навбатиашон ба Путин аз тафтиши нерӯҳои амниятӣ болои муҳоҷирон ҳимоят карда, хостаанд он идома ёбад. 

Гуфта мешавад, ин видео дар посух ба навори намозгузорони ин шаҳр, ки дар муроҷиате ба Путин аз рафтори хашин ва ғайриқонунии кормадони мақомоти амниятии Русия дар баробари намозгузорон шикоят карда, хоста буданд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунад, сабт шудааст. 

Дар навор сокинони Котелники ба ҳимояи мақомоти ҳифзи ҳуҳуқ бархоста, иддао доранд, ки тамоми амалҳои онҳо дар доираи қонун ва дар асоси аризаи шаҳрвандон сурат гирифтааст. 

Сокинони ин шаҳр иддао доранд, ки баръакс, муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғистон, ки гӯё 80 дарсади намозгузоронро дар ин марказ ташкил медоданд, ҳангоми тафтиш муқовимат нишон доданд. 

Муроҷиаткунандагон дар ин навор аз Путин талаб доранд, ки мақомоти амниятӣ бояд тафтиши муҳоҷиронро идома диҳанд, чун дигар ин тавр зиндагӣ карда наметавонанд. 

Мо на Фаронса ҳастем, на Косово, ки онҷо бетартибиҳо идома доранд. Дар хонаи мо бояд тартибот бошад. Фарзандони мо бояд дар амон бошанд. Пеши роҳи вуруди муҳоҷирон ба кишварамон бояд гирифта шавад. Дар акси ҳол, таркиши иҷтимоӣ ба амал меояд. Чун онҳо аллакай ошкоро ба мо мегӯянд, ки мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, на шумо” – мегӯянд сокинони ин минтақа. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми июл дар шабакаи ютубии “Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав” наворе нашр шуд, дар он гурӯҳе аз намозгузорон дар бораи ҳодисаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта нақл мекунанд, ки он рӯз ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гурӯҳе аз кормандони ОМОН вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир карда, бо рафтори дағалона талош карданд намозгузоронро пароканда кунанд.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон, ки аксарашон шаҳрвандони Русия мебошанд, аз нерӯ истифода карданд.

Намозгузорони ин масҷид аз Путин хостаанд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунанд ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт биандешад. 

Кирилл Кабанов, раиси Кумитаи миллии мубориза бо фасод дар шабакаи телеграми худ гуфтааст, ки пас аз муроҷиати намозгузорони Котелники сокинони маҳаллаи Южнийи ин шаҳр ба унвони раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин бо дархости тафтиши ин муроҷиатҳо барои ифротгароӣ ва барангехтани адовати миллӣ, нома навиштаанд. 

Гуфта мешавад, пештар аз ин дар миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ чанд тан аз сокинони шаҳри Котелники дар муроҷиати видеоие ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда буданд. 

Инчунин, чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бо изҳоротҳои зидди муҳоҷирон баромад карда, хоста буданд барои муҳоҷирон виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ шавад ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, чи аснод дошта бошанд чи на, ҳамаро якҷоя боздошт мекунанд. Вале, ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад, озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Пас аз ҳодисаи фурӯдгоҳи Кишинёв вазири дохилаи Молдова истеъфо дод

0

Имрӯз, 14-уми июл Анна Ревенко, вазири корҳои дохилаи Молдова аз мансаби худ истеъфо дод. Дар ин бора Сарвазири Молдова Дорин Речан рӯзи ҷумъа ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамроҳ бо Анна Ревенко инчунин ду вазири дигар, Анатолий Топале, вазири маориф ва илм ва Липия Дабижа, вазири инфрасохтор ва рушди минтақавии ин кишвар низ аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Сарвазири Молдова дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки “фардо ман номзадҳои навро барои ин вазифаҳо барои тасдиқ ба президенти кишвар пешниҳод мекунам.

Пас аз ҳодисаи тирпарронии Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Кишинёв, ки ба кушта шудани муовини сардори Раёсати марзбонӣ ва як корманди Хадамотии амнияти ин фурӯдгоҳ анҷомид, сиёсатмадорон ва коршиносони ин кишвар истеъфои роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати марзбониро талаб карда буданд.

Пештар Сарвазири ин кишвар хабар дода буд, ки рӯзи ҷумъа ҷаласаи Ҳукумат дар робита ба ҳодисаи маргбор дар фурӯдгоҳи Кишинёв баргузор мешавад. Сарвазир оиди дархости ҳизбҳои мухолифин ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дар хусуси ба истеъфо фиристодани вазири ВКД, сардори Раёсати марзбонии Молдова ва дигар сохторҳои қудратӣ таъкид карда буд, ки “Ҳукумат дар бораи рӯйдодҳои фурӯдгоҳ ҳисобот омода мекунад ва пас аз он қарорҳо дар мавриди истеъфои вазирон ва қабули кардҳои ҷадид қабул карда мешавад“.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон шоми 30-юми июн дар фурӯдгоҳи Кишинёв, замоне ки ба ӯ иҷозаи убур аз марзи ин кишварро надоданд, аз камари муовини сардори Нерӯҳои марзбонии Молдова дар фурӯдгоҳ Сергей Мунтияну туфангчашро гирфта, ӯ ва як маъмури бахши амниятиро кушт ва бар асари тирҳои ҷавобӣ Ашӯров захмӣ шуда, давоми се рӯз дар як бемористони ин кишвар дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Дар ниҳоят ӯ шаби 3-уми июли соли ҷорӣ даргузашт.

Рустам Ашӯровро дар Тоҷикистон дар ҷинояти рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гунаҳкор медонанд ва алайҳаш парванда боз шуда буд.

Вазорати дохилаи Молдова ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо муайян кардем, ки Рустам Ашӯров собиқ корманди милисаи Тоҷикистон буда ва дар ин сохтор 7 сол кор кардааст.” Инчунин гуфта мешавад, Ашӯров бо иттиҳоми ғоратгарӣ аз вазифа ронда шуда ва зиндонӣ ҳам шудааст.

Баҳси суръати интернету ҷойгоҳи пасти Тоҷикистон дар шохисҳои байналмилалӣ дар маҷлиси Ҳукумат

0

Имрӯз, 14-уми июл дар Қасри миллат ҷаласаи машваратии Ҳукумат бо сардории Эмомалӣ Раҳмон ва писараш шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар масъулон баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар ин нишасти машваратӣ масъулини Ҳукумат роҳҳои беҳтар намудани рушди иқтисодӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Масъулини Ҳукумат дар нишасти мазкур низ роҳҳои рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хидматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишварро баррасӣ карданд.

Масъалаи дар ҷойгоҳи паст қарор доштани Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ масъулини Ҳукуматро нигарон карда, дар ин нишасти навбатӣ ҳамзамон дар бораи беҳтар гардонидани ҷойгоҳи кишвар дар шохисҳои созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва дигар вазорату идораҳои марбута дар бораи “таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он” дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикстон тибқи радабандиҳои ахири ҷаҳонӣ, интернети аз ҳама гарон ва суръати аз ҳама поёнро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур, ки сардори Хадамоти алоқа ва масъулини таъмини бо сифати интернет аст, дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.