Хона блог саҳифа 293

СММ дар бораи манъи иҳонат ба Қуръони Карим қатънома қабул кард

0

Рӯзи чоршанбе, 12-уми июли соли ҷорӣ Шӯрои ҳуқуқи Созмони Миллаи Муттаҳид дар пайи сӯзондани Қуръони Карим қатънома дар бораи нафратпарокании диниро қабул кард.

Қатъномаи мазкур бо 28 раъйи мувофиқ, 12 раъйи мухолиф ва 7 раъйи бетараф қабул гардид. Аз ҷумлаи кишварҳое, ки бо ин қатънома мухоилфат кардаанд, Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ будаанд. Кишварҳои мухолиф бар ин назаранд, ки қатъномаи мазкур бо дидгоҳи онҳо дар мавриди ҳуқуқи башар ва озодии баён созгор нест.

Аммо дар қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз раиси ин шӯро хоста шуда, ки аз давлатҳо бихоҳад зимни баррасии қавонини дохилии худ дар мавриди нафрати динӣ, “халоҳоеро, ки мумкин аст монеи пешгирӣ ва пайгарди қонунии чунин иқдомот шавад, бартараф кунанд.”

Тарҳи ин қатънома аз ҷониби кишвари Покистон пешниҳод шудааст. Ҳамзамон Созмони ҳамкории исломӣ низ аз Шӯрои ҳуқуқи башар хоста буд, ки дар робита ба такрори иҳонати муқаддастарин китоби мусалмонон Қуръони Карим нишасти махсусе доир намуда, қазияи нафратпарокании диниро баррасӣ кунад.

Комиссари Ҳуқуқи башари СММ Фолкер Турк, зимни нишасте дар Женева, мақарри ин созмон, ки барои баррасии оташ задани Қуръон дар Суед (Шветсия) доир шуда буд, аз нафратпароканӣ дар ҳамаҷои дунё интиқод кард ва афзуд, ки ин иттифоқот барои барангехтани хашм ва эҷоди тафриқа дар ҷамеаҳо эҷод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ, ки рӯзи аввали Иди Қурбон буд, марди ироқитабори суедӣ бо номи Силвон Мумико дар муқобили масҷиди бузурги Стокҳолм дар Суед Қуръони Каримро оташ зад. Ин амали ӯ хашми мусалмонони саросари дунёро барангехт ва амали ӯро маҳкум карданд. Инчунин аз кишвари Сеуд хостанд ба чунин иқдомоти таҳрикомез иҷозат надиҳад, чун ин иқдомро наметавон озодии баёну андеша номид.

Дар пайи сӯзондани Қуръон ҳазорҳо нафар дар Покистон, Афғонистон, Туркия, Ироқ, Фаластин, Сенегал ва дигар кишварҳои исломӣ бо барпо кардани тазоҳуроти густарда маҳкум карданд. Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон низ ин иқдомро маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров 20 соли дигар дар зиндон мемонад

0

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ҳукми зиндони адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров боз даҳ соли дигар илова кард. 

Муҳокимаи ин маҳбуси сиёсӣ рӯзи 10-уми июл дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шуд, аммо мақомот пайвандонашро нагузоштанд дар рафти муҳокима ширкат кунанд. 

Додрас Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар донистааст. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар муҳокимаҳои гузашта сохта номида буд. 

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раиси бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Аzda.tv ин ҳукмро туҳмат ва бераҳмона номид. Ёров мегӯяд, мурофиаи бародараш пушти дарҳои баста гузашт ва Бузургмеҳр ба адвокат дастрасӣ надоштааст. 

Гуфта мешавад, баъди ҳашт соли дар маҳбас будан ва татбиқи қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр 10 солу 2 моҳ боқӣ монда буд. Бо ҳукми нав, муҳлати ҷазои ин маҳбуси сиёсӣ баробар ба 20 солу 2 моҳ шуд, ки аз ин 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 18 соли боқимондаро дар маҳбаси Қурғонтеппа адо хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. 

Ин парванда бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” боз шуда буд. Ҳасан Ҳасанов иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатии мақомот номида буд.

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Чаро Эрон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор кард?

0

Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар пайи судури баёнияи муштараки кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Русия сафири ин кишвар дар Теҳронро эҳзор кард.

Рӯзи сешанбе Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо матолиби дарҷёфта дар баёнияи муштараки кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Русияро дар хусуси ҷазираҳои сегона рад кард ва ҳамзамон изҳор дошт, ки “ин ҷазоир тааллуқи абадӣ ба Эрон дошта ва судури ин гуна баёнияҳо бо равобити дӯстонаи Эрон ва ҳамсоягон муғйират дорад.

Эрон ҷазираҳои Тунби Бузург, Тунби Кӯчак ва Абумусоро ҷузъи қаламрави худ меҳисобад ва мегӯяд, ин мавзуъ “ғайри қобили гуфтугӯ” аст. Аммо Имороти Муттаҳидаи Араб онҳоро хоки худ меҳисобад ва борҳо талаб карда, ки бо роҳи мусолиматомез ин ҷазираҳо ба ин кишвар баргардонида шаванд. Ва ҳатто масъаларо то ба Созмони Миллали Муттаҳид ҳам бардоштааст.

Нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Русия рӯзи душанбе, 10-уми июл дар Маскав баргузор гашт. Дар ин нишаст вазирони хориҷии кишварҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Баҳрайн, Кувайт, Қатар ва Русия ширкат карданд.

Аъзои Шӯрои ҳамкорӣ дар поёни нишаст баёнияеро имзо карданд, ки дар он гуфта мешавад, парвандаи ин се ҷазира бори дигар ба Девони байналмилалии додгустарӣ фиристода шавад ва ин кишварҳо “хостори ҳаллу фасли ин масъала мутобиқи қавонини байналмилалӣ” шудаанд.

Русия аз мавзеи кишварҳои арабӣ дар хусуси ин се ҷазира пуштибонӣ кард, ки ин мавзеъгирӣ хашми Теҳронро ба бор овард ва бо ин далел сафири Маскав дар Теҳрон эҳзор шуд.

Ихроҷи 7 ҳазор муҳоҷир аз Русия

0

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи тафтишҳои ахири муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар қарор аст 7 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шаванд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия дар марҳилаи аввали тафтиш ё “рейд”-и муҳоҷирон бо номи “Нелегал-2023” дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишвар ҳудуди 7 ҳазор қарор қабул кардаанд.

Намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки “дар робита ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, муомилоти ғайриқонунии аслиҳа ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ зиёда аз 2000 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.

Ба гуфтаи Ирина Волк, дар ҷараёни ин амалиёт кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳудуди 45 000 ҳолати нақзи қонуни муҳоҷират, аз ҷумла зиёда аз 33 ҳазор ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои вуруд, гузаштан тариқи транзит ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русияро ошкор кардаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар беш аз 12 ҳазор ҳолати риоя нашудани анҷоми фаъолияти кориро аз ҷониби хориҷиён ҳуҷҷатгузорӣ намуда, 273 нафарро, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ ва байналмилалӣ қарор доштаанд, ошкор карданд

Маълум нест, ки миёни муҳоҷироне, ки қоидаи будубошро дар Русия вайрон караанд чанд нафари онҳо шарвандони Тоҷикистон аст. 

Амалиёти “Нелегал-2023”-и мақомоти рус аз 19-уми июн оғоз шуда, то 25 июн идома кардааст. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ки “рейд”-ҳо пештар аз ин шурӯъ шуда буданд ва то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Русия идома доранд. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия тафтишу боздошти муҳоҷирон дигарбора авҷ гирифтааст ва мақомоти интизомии ин кишвар ҳангоми гузарондани “рейд”-ҳо даст ба қонуншиканиҳои зиёде мезананд. 

Мақомоти рус иддао мекунанд, ки ҳадафи аслии амалиёти “Нелегал-2023” ба эътидол овардани вазъи муҳоҷират дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст.

Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон

0

Рӯзи 12-уми июли соли 2023 бо фармони раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз бахшҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон тағйири кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Президент, имрӯз Раҳмон бо як фармон Қурбонзода Суҳробро аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон озод намуд ва бо як фармони дигар ба ҷои ӯ Мирзомуродзода Рустамро ҷойгузин кард.

Раисҷумҳур ҳамчунин сардори Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба самтҳои ҳаракати Президент ва меҳмонони олиқадр, сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва инчунин сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо иваз кард.

Гуфта мешавад, ба хотири вуҷуди қонуншиканиҳои зиёд дар байни кормандони БДА-и ВКД, аз ҷумла рондани мошинҳои бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва дигар қонуншиканиҳо, дастур дода шудааст, ки тамоми кормандони БДА аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Аксари корбарон бар ин назаранд, ки дар пайи чанд тасодуфи мудҳиши як моҳи ахир, ки сабаби марги даҳҳо нафар гардид, пок кардани сафи кормандони БДА ба маврид аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, кормандони ин ниҳод ҳуҷҷатҳои ронандагиро мефурӯшанд ва ё аз бисёри қонуншиканиҳои роҳ бар ивази гирифтани ришва чашм мепӯшанд.

Саидумар Саидов ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

0

Саидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. 

То ҳол маълум нест, ки мурофиа кай ва дар куҷо баргузор шудааст ва Саидумарро бо чӣ ҷурме равонаи зиндон кардаанд. 

Мақомот аз замони боздошти Саидумар то ҳол чизе нагуфтааст. 

Аммо Шамсиддин Саидов дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки додрас Аҳлиддин Назарзода Саид “Саидумарро бе ягон далел фақат ба хотири ин, ки дар ҳаққи тағояш Абдуллоҳ дуъо кардааст, 6 сол ҳукми зиндон додааст”. 

Мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Кӯшонинён 18-уми апрели соли ҷорӣ Саидов Саидумар, хоҳарзодаи Шамсиддини Саидро даъват карда, пас аз чанд соати бозпурсӣ дар бораи тағояш ӯро боздошт ва алайҳаш мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз карданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, Саидов Саидумар, ки оиладор ва интизори таваллуди аввалин фарзандаш буд, ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё бо худи Шамсидддини Саид дар иртибот будааст, аммо Шамсиддини Саид мегӯяд, наздиконаш “аз тарси фишори мақомот ҳеч иртиботе бо ман надоштанд.”

Ин узви аршади ҲНИТ пештар ба Azda.tv гуфта буд, ки боздошти хоҳарзодааш идомаи фишорҳои мақомот болои ӯст. “Пас аз ҳукми 7 соли зиндон ба Абдуллоҳи писарам боздошти хоҳарзодаамро идомаи фишорҳо болои хеш меҳисобам.”

Ёдовар мешавем, ки мақомоти тоҷик пас аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддини, писари Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон 29-уми марти соли ҷорӣ ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Худи Абдуллоҳ ва пайвандонаш иттиҳомоти мақомотро сохта медонанд ва онро қабул надоранд. Фаъолон ва созмонҳои байналмилалӣ зиндонӣ шудани Абдуллоҳро ба фаъолиятҳои падараш рабт медиҳанд ва борҳо озодии ӯро аз мақомот талаб карда буданд.

Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад.

Корманди ҳарбӣ бо ҷурми қаллобӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷурми қаллобии дар ҳаҷми калон барои 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 10-уми июли соли ҷорӣ хабар дод, ки иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Мирсалимов Рустам Обидҷонович танҳо дар давоми қариб се моҳ 31 нафарро дар ҳолатҳои гуногун фиреб дода, дар маҷмӯъ аз онҳо наздики 700 ҳазор сомонӣ гирифта, азхуд кардааст.

Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Мирсалимов Р.О. бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, ба онҳо дар маҷмуъ ба маблағи 689493 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.“, омадааст дар хабари Додситонии кул.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо либоси ҳарбӣ ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, гуфта, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ кумаки хайриявӣ барои ниёзмандон дарёфт кардааст ва ба шарти додани он кумак аз кормандони он 6793 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда гирифтааст.

Инчунин, Мирсалимов Р.О. амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, 2 октябри соли 2022 бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон”, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии шахри Душанбе рафта, бо сохибкор Абдураҳимов М. вохӯрда, худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.

Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.“, таъкид мешавад дар хабар.

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, нисбати номбурда бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, додгоҳ низ ҳукми зиндонии ӯро содир кард.

Гуфта мешавад, Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе барои Мирсалимов “ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр” ҳукм баровард.

Намозгузорони Котелники аз рафтори ғайриқонунии ОМОН ба Путин шикоят карданд

0

Гурӯҳе аз намозгузорони шаҳри Котелникии вилояти Маскав дар муроҷиати видеоие ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз рафтори хашин ва ғайриқонунии кормадони мақомоти амниятии ин кишвар дар баробари намозгузорон шикоят карданд. 

Ин навор, ки рӯзи 10-уми июл дар шабакаи ютубии “Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав” нашр шудааст, дар он гурӯҳе аз намозгузорон дар бораи ҳодисаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта нақл мекунанд, ки он рӯз ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гурӯҳе аз кормандони ОМОН вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир карда, бо рафтори дағалона талош карданд намозгузоронро пароканда кунанд.

Намозгузорони ин масҷид аз Путин хостаанд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунад. 

Ба гуфтаи онҳо, кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон аз нерӯ истифода карданд. 

Онҷо занҳову кӯдакон низ буданд. Вақте намозгузорон, ки аксаран шаҳрвандони Русия ҳастанд, аз онҳо талаб карданд, ки сабаби чунин бархӯрдро шарҳ диҳанд, нерӯҳои интизомӣ аз олоти сӯхторхомушкунӣ истифода карданд”, –  мегӯянд намозгузорон.

Ҳамчунин дар ин муроҷиат гуфта мешавад, ки Ҷамъияти мусулмонони шаҳри Котелники бо дастгирии муфтии Русия шайх Равил Гайнутдин таъсис ёфта, он аз ҳисоби намозгузорон фаъолият мекунад ва аз давлат кӯмак намегиранд.

Муроҷиаткунандагон таъкид мекунанд, ки афсарони ОМОН бо ин амалашон ба сулҳу ваҳдати байни миллатҳову динҳо дар ҷомеа латма ворид мекунанд, дар ҳоле ки “тӯли таърих мусулмонон ҳамеша дар паҳлӯи ватан будаанд”.

Дар идомаи ин навор, намозгузорон мегӯянд, ки Ҷамъият зидди нақзи қонунҳои муҳоҷират аст, аммо онҳо наметавонанд нафароне, ки қонунро вайрон мекунанд дар масҷид пайгирӣ кунанд, зеро ин бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ва берун аз деворҳои масҷид анҷом дода шавад.

Дар охир онҳо аз Путин хоҳиш кардаанд, ки ба ин вазъ дахолат кунад ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт биандешад. 

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта кормандони ОМОН ба масҷиде дар шаҳри Котелники ҳангоми хондани намози Ҷумъа ворид шуда, якбора алайҳи намозгузорон аз гази ашковар истифода мекунанд ва мехоҳанд ҳама намозгузоронро ба берун бароранд. Аз рафти ин амалиёт наворҳои зиёде аз ҷониби намозгузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав ҳамон рӯз “рейд”-и навбатии нерӯҳои амниятии Русияро дар ин масҷид маҳкум кард ва амали афсарони ОМОН-ро “ваҳшиёна” номид. 

Ин тафтиши таҳқиромезро, ки аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд буд, қотеъона маҳкум мекунем”, омадааст дар изҳороти Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав. 

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия, бахусус дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав тафтишу боздошти муҳоҷирон дигарбора авҷ гирифтааст.

Бино ба навиштаи расонаҳо, дар ин минтақа муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва нерӯҳои амниятӣ вақтҳои охир дар қаҳвахонаву хобгоҳҳои гуногуни ин шаҳр “рейд” мегузаронд, ки дар натиҷаи он даҳҳо муҳоҷир боздошт мешавад.  

Сомонаи “Голос ислама” менависад, ки  нерӯҳои амниятӣ гӯё бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, аммо афроде, ки аснодашон комил асту ҳеч мушкиле надоранд, низ таҳти бозҷӯӣ қарор мегиранд ва ҳатто ихроҷ ҳам мешаванд.

Боздошти як зани тоҷик бо гумони грифтани наздики 700 ҳазор сомнӣ

0

Вақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зане хабар дод, ба қаллобӣ ва гирифтани маблағи калон аз мардум муттаҳам мешавад.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ин зани гумонбар 43 сол дошта, сокини Турсунзода мебошад. Ӯ танҳо дар давоми ду моҳ наздики 600 ҳазор сомониро аз ду нафар бо роҳи фиреб гирифта ва беш аз ду сол мешавад, ки ин пулҳоро барнагардондааст.

Бино ба маълумоти ВКД, “номбурда 24-уми октябри соли 2020 ҳангоми дар манзили истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 94 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш якчанд воситаи нақлиётро аз давлатҳои хориҷа оварда ба ӯ медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.”

Ҳамчунин тафтишоти ВКД муайян карда, ки ин зан аввалҳои моҳи марти соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии як зани 42-солаи сокини дигари ҳамин шаҳр даромада, бо ваъдаи овардани мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ аз ӯ 500 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо ваъаашро то ҳол иҷро накардааст.

Гуфта мешавад, ин зани 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода пас аз як моҳ боз кори худро такрор карда, моҳи апрели соли 2021 боз бо роҳи фиреб ба боварии як зани 63-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, “аз ӯ 78 ҳазор сомонӣ гирифта” ва то ҳол барнагардондааст. ВКД мегӯяд, ин зани 63-соларо низ ваъда дода, ки аз кишварҳои хориҷӣ бар ивази пулаш мошин оварда медиҳад. Аммо ба ваъдааш вафо накардааст.

То ҳол назари худи гумонбар ва ё наздикону вакили дифоъаш дар мавриди ин иттиҳомот дастраси расонаҳо нашудааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳо зикршуда парванда боз карда, тафтишот идома дорад.

Музокироти навбатии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи марз

0

Мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта музокираи навбатии худро дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар Қирғизистон гузарониданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл хабар дод, вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ду кишвар як ҳафтаи комил, аз 3-юм то 9-уми июли соли 2023 идома пайдо кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ин музокирот дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шудааст. Ва тиқби нақша, қарор аст вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор бишавад.

Маълум нест ҳайатҳои кории ду кишвар дақиқан ба чӣ тавофуқоте даст пайдо кардаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон танҳо гуфтааст, ки “Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.” Ва ба гуфтаи ин ниҳоди дипломатии тоҷик, “Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Ҷониби Тоҷикистон маълумоти дақиқ аз рафти музокиротро ифшо намекунад, дар вохӯриҳои гузашта низ мақомоти тоҷик таъкид мекарданд, ки “мулоқоти гурӯҳҳо дар фазои неки якдигарфаҳмӣ ба поён расида, барои таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ табдирҳои зарурӣ андешида шуд,” аммо ҳолатҳое низ шуда, ки пас аз чунин таъкидҳо боз кашмакашу даргириҳои хунин байни сокинони марзии ду кишвар сар задааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарк доранд ва аз ин миқдор то кунун 300 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст. Аксари низоъҳои марзӣ низ дар ҳамин нуқтаҳои аломатгузоринашуда сар мезанад.