Хона блог саҳифа 297

Боздошти зиёда аз 10 муҳоҷири тоҷик дар Красногорси Русия

0
Акс аз архив

Мақомоти полиси Русия ҳамроҳ бо Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз маҳалли корҳояшон боздошт карда бо худ бурдаанд.

Бино ба иттилои манобеи AZDA tv, 22-уми июни соли ҷорӣ бархе кормандони мақомоти дохилӣ ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия беш аз 10 нафар аз муҳоҷирони кории тоҷикро аз маҳалли корашон воқеъ дар кӯчаи Сахарови ноҳияи Красногорск боздошт карда бо худ бурдаанд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, ки айни замон аз тарси боздошт нашудан ба дохили ҷангале панаҳ бурдаанд, бо вуҷуди дуруст будани ҳама ҳуҷҷатҳо, мақомоти полис ва Хадамоти муҳоҷират шиносҳо ва ҳамкорони онҳоро аз ду бинои сохтмони нотамом, ки дар онҷо кор мекарданд, боздошт карда бо худ бурданд. Аммо маълум нест, ки дар идораи полис бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд.

Ин муҳоҷирон, ки теъдодашон беш аз 20 нафар аст, мегӯянд, кормандони корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирт дар вақти чунин “ҳамла”-ҳои худ ба макони будубош ва ҷои кори муҳориҷорон ҳамаро боздошт карда бо худ мебаранд. Онҳо ташхис ва тафтиш намекунанд, ки кӣ ҳуҷҷат дорад ва кӣ надорад, ба ҳамин хотир ин муҳоҷирони кории тоҷик низ вақте аз ҳамлаи мақомоти полис огоҳ шуданд, ҷои зист ва ҷои кори худро тарк карда, ба ҷангал панаҳ бурдаанд. Ҷое, ки на ноне барои хӯрдан доранд ва на обе барои ошомидан.

Дар ин чандаи ҳафтаи охир бори чандум аст, ки мақомоти полис муҳоҷирони кории тоҷикистониро дар ин минтақа ба сурати дастаҷамъӣ боздошт мекунанд. Танҳо дар як амалиёте, ки аввали моҳи ҷорӣ сурат гирифта буд, ҳудуди 50 нафар муҳоҷирони кории тоҷикистониро боздошт карда бо худ бурда буданд.

Гуфта мешавад, ҳамла ва фишорҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ ва ба вежа алайҳи муҳоҷирони тоҷикистонӣ наздик ба як моҳ боз дар шаҳри Маскав, вилоятҳо ва ноҳияҳои атрофи он идома дорад.

Мақомоти полис дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори Русия аз 19-то 25 июни соли ҷорӣ амалиёти “Нелегал-2023” низ оғоз кардааст, ки дар ин муддат бар иловаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву хиёбонҳо, ба ҷои кор ва манзилҳои зисти муҳоҷирон низ рафта асноди онҳоро тафтиш мекунанд.

Додситони кул алайҳи сарбозони “КОНИБОДОМ” парванда боз кард

0

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе аз ҳолати таҳқир ва сарҳои ниматарошидаи навсарбозон нашр шуд, ки корбарони зиёде ба он вокуниш карданд.

Дар акс дида мешавад, ки сарбозони калонсолтар сари 9 сарбози қаториро таҳқиромез ба шакли “КОНИБОДОМ”, яъне дар сари ҳар нафар як ҳарфро тарошида онҳоро рост монда ва хандаомез акс гирифтаанд.

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, пас аз нашри ин навор таҳқиқро оғоз кард ва дар натиҷа муайян гардида, ки ин амалро 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич анҷом додааст.

Номбурда бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда Кароматзода Б.Л.,Азамзода М.А., Қурбонов С.Н., Гулмирзоев И.М., Раҳматуллозода И.Р., Кенҷаев К.Р., Раҷабов Р.Н., Мирзоев Н.У. ва Ғуломзода К.С. ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.“, омадааст дар хабарномаи Додситонии кулли кишвар.

Гуфта мешавад, ин корро Исмоилов ҳамроҳи сержанти хурди ҳамин қисми низомӣ Давлатов А.М. анҷом додааст. Давлатов ин саҳнаи таҳқиркуниро бо телефони мобилияш акс гирифта ва он аксро баъди адои хидмати ҳарбӣ “15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.”

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки латтукӯб ва ё таҳқири сарбозон аз ҷониби ҳамхидматони калонсолтар дар шабакаҳои иҷтимӣ нашр мешавад. Чанде пеш латтукӯби бераҳмаонаи гурӯҳе аз сарбозон нашр шуда буд, ки дар ниҳоят омилони он саҳна барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

“Дедовшина” ва ё кеҳтарсолорӣ дар дохили суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Борҳо шуда, ки аз сабаби бадрафтории кеҳтарон ва хунукназарии масъулон наваскарони зиёде кушта шуда, ҷасади онҳо ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шудааст. Шурӯъ аз сарбозшикор то бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аксари ҷавонони тоҷикро аз адои хидмати ҳарбӣ гурезон кардааст.

Истирдоди як паноҳҷӯи дигари тоҷик аз Аврупо

0

Мақомоти Лаҳистон паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаро бо ҳавопаймои хос ба Булғористон истирдод карданд. 

Як манбаъ бо шарти фош нашудани номаш ба Azda.tv гуфт, ки ин ҳодиса ҳафтаи ҷорӣ сурат гирифта, ба эҳтимоли зиёд Сорбонро аз Булғористон ба Тоҷикистон мебаранд. 

Вакили дифои Сорбон, Богумив Зигмонт (Bogumił Zygmont) рӯзи панҷшанбе дар суҳбат ба Azda.tv истирдоди ӯро ба Душанбе тасдиқ карда, гуфт: “Имрӯз соати 2-и субҳ Сорбонро аз Пшемишл ба Краков интиқол доданд ва соати 8-и субҳ аз Краков бо ҳавопаймои вежае (бо рақами парвози PLF282) ба Булғлристон парвоз кард ва танҳо 15 дақиқа дар Булғористон тавақуфи кӯтоҳ дошт ва парвозашро ба самти Тоҷикистон идомад дод.”

Вакили дифои ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди он ки Сорбон муҷаддадан дархости паноҳандагӣ дода буд ва ҳанӯз ҷавоби радаш наомада, Лаҳистон ӯро ғайриқонунӣ ихроҷ кард. “Мақомоти Лаҳистон дархости Додгоҳи Аврупоро, ки ихроҷи ӯро бекор карда буд, ба инобат нагирифта, ӯро бархилофи ҳама меъёрҳо ба кишвараш истирдод карданд.“, мегӯяд вакили дифои Сорбон.

Богумив Зигмонт ҳамчунин илова кард, ки мақомоти Лаҳистон имрӯз мехостаанд “ду нафари дигарро низ ҳамроҳи Сорбон ихроҷ кунанд, аммо дар наҳоят танҳо Сорбон бо ин парвоз ба Тоҷикистон истирдод шудааст.” Вале вакил аз он ду нафар ном набурд.

Пештар аз ин низ мақомоти Лаҳистон рӯзи 28 май талоши истирдоди Сорбонро ба Тоҷикистон карда буданд, аммо бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, ки қарори манъи истирдоди ӯро аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург гирифта буданд, аз ин истирдод пешгирӣ шуд. 

Дар ҳамин ҳол Payom.net хабар медиҳад, ки пулиси шаҳри Варшава дирӯз дар ҷустуҷӯи Пулод (Абдураҳим) Абдураҳмонов, падари Сорбон Абдураҳимзода хонаи чанд хонаводаи тоҷик дар маҳаллаи Урсуси Варашаваро тафтиш кардааст.

Дар натиҷаи ин амалиёт як нафар бо номи Қутбиддин, ки пештар бо Пулод Абдураҳмонов дар боздошгоҳ будааст, дастгир шудааст. Сабаби боздошти ӯ маълум нест. 

Бино ба навиштаи манбаъ, кормандони пулис ба ҳар хонаи тоҷикони сокини ин маҳалла чандборӣ сар зада, тафтиш кардаанд ва акси нафареро нишон дода, аз онҳо пурсидаанд, ки ӯро мешиносанд ё на. 

Манобеи Azda.tv мегӯянд, ки ҳадди ақал дар чор хона, ки онҷо тоҷикон зиндагӣ мекардаанд, пулис Пулод Абдураҳмоновро ҷустуҷӯ кардааст. 

Payom.net менависад, ки Пулод Абдураҳмонов ба дархости паноҳандагиаш ҷавоби рад гирифта ва ҳанӯз фурсат накардааст аз он ба додгоҳ шикоят барад. Одатан барои шикоят аз болои қарори Хадамоти муҳоҷират даҳ рӯз муҳлат дода мешавад, вале ин ду нафар бо сабаби иваз кардани ҷои истиқомат посухи радро дертар дарёфт кардаанд. 

Гуфта мешавад, Сорбон Абдураҳимзода бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 ба Лаҳистон паноҳ овард. 

Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт. Пулод Абдураҳмонзода низ он замон боздошт шуда буд, аммо дере нагузашта ӯро аз боздоштгоҳ раҳо карданд. 

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд, ки чаро Сорбон Абдураҳимзодаро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо падараш мегӯяд, ки мақомот ӯро барои гӯё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон ва пайравӣ аз он муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтаи падари Сорбон “асос надорад”.

Он замон Пулод Абдураҳмонов гуфта буд, ки дар сурати истирдод писарашро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа таҳдид мекунад. 

Инчунин расонаҳои Лаҳистонӣ навишта буданд, ки мақомоти Тоҷикистон Сорбонро дар пайравӣ аз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гумонбар медонад. 

Аммо Убайдулло Саидӣ, сухангӯи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки “Мо чунин аъзо дар ҳаракати сиёсӣ “Гурӯҳи 24” надорем ва ҳеҷ иртиботе низ бо чунин шахс надоштем”.

Убайдулло Саидӣ мегӯяд: “Табиъист, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҳар озодандеш ва шахсеро, ки фикри худро дар масоили сиёсӣ кишвар матраҳ мекунад, ӯро ба ҳаракатҳои сиёсӣ, ки дар қаламрави кишвар мамнӯъ ҳастанд, гумонбар дониста, аз кишварҳои хориҷ истирдоди онро талаб мекунад”.

Гуфта мешавад, қабл аз ин ҳам Сорбон дар Украина боздошт шуда буд, вале Украина ин паноҳҷӯи тоҷикро ба Душанбе истирдод накард.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач моҳи июни соли гузашта дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки Сорбон Абдураҳимзода аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва “Алқоида” дар пайгард қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта баъд аз ихроҷи чанд паноҳҷӯи тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон ҳамаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, соли 2020 додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. 

Инчунин моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар Тоҷикистон ӯ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ҳалокати 4 мусофир дар Душанбе

0

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе 4 нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар бо ҷароҳатҳои вазнин роҳии бемористон шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 21-уми июни соли 2023, тақрибан соати 17:20 дақиқа як автомашинаи тамғаи “БМВ” бо автомашинаи тамғаи “Мерседес” бархӯрда, “дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда ва 3-нафар мусофирони автомашинаи тамғаи “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд.”

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бидуни фош кардани ҳувияти мусофирон ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, ки гуфтааст, “ҳамзамон ронанда ва як нафар мусофири автомашинаи тамғаи “БМВ” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.”

Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид карда ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, ки аз вай Ҳабибзода Орзӯ ном бурда мешавад, “ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамоҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст.”

Аммо бархе корбарон Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ба “дурӯғгӯӣ” муттаҳам карда гуфтаанд, ки рақамҳои давлатии автомашинаи тамғаи “BMW” “транзит набуд”, бояд “росташро нависед”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки “вобаста ба ҳолати мазкур, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.”

Филмҳои муштараки Тоҷикистону Чин

0

Тоҷикистон ва Чин тасмим гирифтаанд, ки тибқи барномаҳои тавсеаи ҳамкориҳои худ филмҳои муштарак ба навор бигиранд.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми июни соли 2023 Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии Тоҷикфилм ҳангоми мулоқот бо Ли Мингуян, муассиси Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуд (ҶДММ) “Сарез” дар бораи ба наворгирии филмҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин ба тавофуқ расидаанд.

Ба қавли масъулони Тоҷикфилм, дар рафти ин мулоқот дар бораи тавсеаи робитаю ҳамкориҳои студияҳои филмсозӣ, филмбардории муштарак ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ таъкид шуд. Ва низ ишора шуда, ки ин гуна ҳамкориҳо ба рушди минбаъдаи соҳаи фарҳангу синамо заминаи мусоид фароҳам оварда, дар оянда барои ҳар ду ҷониб манфиатовар хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ба наворгирии филмҳои муштарак ва “баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ бо иштироки ходимони санъату фарҳанги ҳар ду ҷониб” барои ошоноии беҳтари ҳарду миллатҳо ва “робитаҳои дӯстию ҳамҷаворӣ” мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, Чин бо сармоягузории аз ҳад зиёд ба хеле аз кишварҳои дорои иқтисоди заъиф тавониста, ки беш аз 50% бозорҳои онҳоро аз худ карда, акнун ба баҳонаи “ба наворгирии филмҳои муштарак” қасд дорад ҳам ба бозори кино ва филмҳои ин кишарҳо, аз ҷумла Тоҷикистон нуфуз пайдо кунад ва ҳам сиёсат ва фарҳанги худро таблиғ намояд.

Тоҷикистон қабули пардохтҳои нақдии молиёт ва хизматрасониҳоро манъ кард

0

Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон “ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок”-ро манъ карда аст.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-юми июни соли 2023, Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон гуфт, “аз 1 августи соли 2023:

– пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.”

Инчунин тибқи ҳамин фармон таъкид шудааст, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.”

Эмомалӣ Рамҳон Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳуриро вазифадор кардааст, ки иҷрооти заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия кунанд.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон дар ҳоле ин фармони худро содир ва барои иҷрои ҳатмии он ду моҳ вақт таъйин кардааст, ки худи Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин омода нест ва Эмомалӣ Раҳмон бо додани 3 моҳ муҳлат ба ҳукуматаш дастур додааст, “санадҳои худро то 1 сентябри соли 2023 ба фармони мазкур мутобиқ намояд.”

Инчунин таъкид шудааст, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳалокати 4 тоҷикстонӣ дар Қазоқистон

0

Субҳи рӯзи 21-уми июни соли ҷорӣ як мошини ҳомили шаҳвандони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкенти Қазоқистон тасодуф кард, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расид.

Сардори пулиси вилояти Оқтеппаи Қазоқистон Айдос Кулҷонов ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки ҳодиса субҳи имрӯз тахминан соати 8:15 дар километри 631-и шоҳроҳи Самара-Чимкент дар наздикии деҳаи Кобда рух додааст. Дар дохили он ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ба гуфтаи сардори пулис, пас аз тасодуф ду нафар дар ҷои ҳодиса, ки яке духтари ноболиғи 15-сола буд ва ду нафари дигар дар бемористони марказии ноҳияи Кобдински вилояти Оқтеппа ҷон бохтаанд. Вазъи саломатии ду нафари дигар низ вазнин арзёбӣ мешавад.

Пулс дар тафтишоти пешакии худ сабаби сар задни ҳодисаро “рондани мошин дар ҳолати хастагии аз ҳад зиёди ронанда” гуфтааст. Барои таҳқиқи ин парванда аллакаи тафтишот оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ронандаи мошини “Hyundai Starex” – шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли хастагии аз ҳад зиёд мошин ронда, дар натиҷа аз идораи мошин намебарояд ва мошин аз роҳ баромада чаппа мешавад.

То ҳол ҳувияти онҳо ва сокинони кадом минтақаи Тоҷикистон буданашон маълум нашудааст.

“Шоҳидон” зери фишори мақомот зидди Ёров баёнот додаанд

0

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон бо фишору таҳдид даҳҳо зиндониро маҷбур сохтаанд, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров аризаи даъвоӣ бинависанд.

Имрӯз, 21-уми июн Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки беш аз се рӯз мешавад, маълумоти дақиқе аз рафти мурофиаҳои бародараш, маҳбуси сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров пайдо карда наметавонанд.

Мурофиаҳои додгоҳии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров аз рӯзи 13-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.

Парвандаро додраси шаҳри Ваҳдат баррасӣ дорад ва то ин муддат шоҳидон пурсида шудаанд. 

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, мақомот дар рӯзи дуюми мурофиаҳо, яъне 14-уми июн аз наздиконаш забонхат гирифтаанд ва таъкид кардаанд, ки мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва ҳақ надоранд ҷузъиёти онро расонаӣ кунанд. 

Аммо дар ин муддат дар фейсбук аз номи Давлатшоев Назаралӣ Раҳматшоевич, собиқ вакили дифои Бузургмеҳр Ёров матлабе нашр шуд, ки дар он ӯ аз ҷузъиёти парвандаи Ёров навишта, нафари зери ҳимояашро “қаллоб” меномад.

Раиси Бунёди “Бузургмеҳр” мегӯяд, ки собиқ вакили бародараш ба зангҳо ва навиштаҳои пайвандонаш ва худи ӯ ҷавоб намедиҳад. Ҷамшед Ёров бар ин бовар аст, ки ин матлабро Давлатшоев нанавиштааст.

Ба гуфтаи Ёров, чун худи мақомот аз ҷузъиёти тафтишот ва мурофиаҳо бар хилофи таъкидҳояшон, ки мурофиаҳо махфӣ аст, навишта истодоаанд, қасд дорад худаш фардо, 22-уми июн дар як барномаи онлайнӣ бо забони русӣ аз ҷузъиёти парвандаи бародараш бигӯяд.

Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ки ба дасти Бунёди “Бузургмеҳр” сабти садоии даъвогар Ҳасан Ҳасанов расидааст, ки ӯ мегӯяд: “Мақомот дар зиндон беш аз сад нафарро мавриди фишору шиканҷа қарор додаанд, ки зидди Бузургмеҳр Ёров ариза нависанд”.

Ҷамшед Ёров, ҳомии ҳуқуқ ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр”

Гуфта мешавад, рӯзи 14-уми июн дар мурофиаи додгоҳӣ маҳбус Ҳасанов пойфишорӣ карда буд, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Адвокати шинохтаи тоҷик чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатӣ номида буд. 

Инчунин Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки як нафари дигаре, ки низ зидди бародараш шоҳидӣ дода буд, дар суҳбате гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров ва наздикону пайвандони ӯро намешиносаду ягон вақт ба онҳо маблағ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Ин адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва пайвандонаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Тоҷикистон 100 ҳазор коргар барои Русия омода мекунад

0

Мақомоти Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ба сурати расмӣ барои бозори кори Русия 100 ҳазор муҳоҷир бифиристанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки тибқи як созишномаи ҳукуматӣ қарор аст бар асоси талаботи бозорҳои кории Русия 100 ҳазор муҳоҷири корӣ омода карда, ба ин кишвар фиристад.

Ба қавли манбаъ, 19 уми июни соли 2023 Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Мухтиярова Елена Вячеславовна суҳбат кардааст.

Дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи омода кардани муҳоҷирони корӣ пеш аз сафар карданашон суҳбат карда, таъкид кардаанд, ки то 100 ҳазор муҳоҷири корӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мувофиқи талаботи бозори кори Русия омода карда мешаванд. Эҳтимол меравад дар ин муассисаҳо онҳо аз ҷониби худи корфармоёни Русия омӯзиши касбӣ бигиранд.

Гуфта мешавад, ба сурати расмӣ омода кардан ва ирсоли 100 ҳазор нерӯи кории Тоҷикистон ба бозорҳои кории Русия дар ҳолест, ки дар ин моҳҳои ахир аксари муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар он кишвар аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки аз ҳама зиёд ҳуқуқу озодиҳояшон поймол мешавад.

Ирсоли ин теъдод нерӯи кории Тоҷикистон бар асоси талаботи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия” сурат мегирад.

Тоҷикистон зиёда 2 миллион муҳоҷир дар Русия дорад, ки як қисми онҳо муқим ва қисми зиёди дигари онҳо афроде ҳастанд, ки ба корҳои сахт ва камдаромад машғул ҳастанд ва мақомоти Русия ҳар вақте бихоҳанд аз онҳо ҳамчун абзори фишор болои мақомоти тоҷик ба нафъи худашон истифода мекунанд.

Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 21-уми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди Қурбонро дар саросари кишвар муайян кард.

Тавре Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и тобеи Кумитаи дини кишвар хабар дод, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои уламои кишвар, ки бо ҳузури раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар аъзо баргузор гардид, масъалаи асосӣ “муайян намудани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намози Ид” будааст.

Гуфта мешавад, Шӯрои уламои кишвар дар ин ҷаласа “қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 28 июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-00 баргузор мегардад.

Шӯрои уламои кишвар мисли ҳарвақта имомхатибонро вазифадор кардааст, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.

Ин ниҳоди марбут ба умури динии кишвар ҳамасола фарорасии моҳи Рамазон ва рӯзҳои баргузории идҳои исломиро муайян месозад. Ва дар ҳар ҷаласаи худ имомхатибони кишварро ба гуфтани суханҳое вазифадор месозад, ки аз тарафи мақомоти кишвар дастур шуда бошад.