25.9 C
Dushanbe

Истирдоди як паноҳҷӯи дигари тоҷик аз Аврупо

Мақомоти Лаҳистон паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаро бо ҳавопаймои хос ба Булғористон истирдод карданд. 

Як манбаъ бо шарти фош нашудани номаш ба Azda.tv гуфт, ки ин ҳодиса ҳафтаи ҷорӣ сурат гирифта, ба эҳтимоли зиёд Сорбонро аз Булғористон ба Тоҷикистон мебаранд. 

Вакили дифои Сорбон, Богумив Зигмонт (Bogumił Zygmont) рӯзи панҷшанбе дар суҳбат ба Azda.tv истирдоди ӯро ба Душанбе тасдиқ карда, гуфт: “Имрӯз соати 2-и субҳ Сорбонро аз Пшемишл ба Краков интиқол доданд ва соати 8-и субҳ аз Краков бо ҳавопаймои вежае (бо рақами парвози PLF282) ба Булғлристон парвоз кард ва танҳо 15 дақиқа дар Булғористон тавақуфи кӯтоҳ дошт ва парвозашро ба самти Тоҷикистон идомад дод.”

Вакили дифои ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди он ки Сорбон муҷаддадан дархости паноҳандагӣ дода буд ва ҳанӯз ҷавоби радаш наомада, Лаҳистон ӯро ғайриқонунӣ ихроҷ кард. “Мақомоти Лаҳистон дархости Додгоҳи Аврупоро, ки ихроҷи ӯро бекор карда буд, ба инобат нагирифта, ӯро бархилофи ҳама меъёрҳо ба кишвараш истирдод карданд.“, мегӯяд вакили дифои Сорбон.

Богумив Зигмонт ҳамчунин илова кард, ки мақомоти Лаҳистон имрӯз мехостаанд “ду нафари дигарро низ ҳамроҳи Сорбон ихроҷ кунанд, аммо дар наҳоят танҳо Сорбон бо ин парвоз ба Тоҷикистон истирдод шудааст.” Вале вакил аз он ду нафар ном набурд.

Пештар аз ин низ мақомоти Лаҳистон рӯзи 28 май талоши истирдоди Сорбонро ба Тоҷикистон карда буданд, аммо бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, ки қарори манъи истирдоди ӯро аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург гирифта буданд, аз ин истирдод пешгирӣ шуд. 

Дар ҳамин ҳол Payom.net хабар медиҳад, ки пулиси шаҳри Варшава дирӯз дар ҷустуҷӯи Пулод (Абдураҳим) Абдураҳмонов, падари Сорбон Абдураҳимзода хонаи чанд хонаводаи тоҷик дар маҳаллаи Урсуси Варашаваро тафтиш кардааст.

Дар натиҷаи ин амалиёт як нафар бо номи Қутбиддин, ки пештар бо Пулод Абдураҳмонов дар боздошгоҳ будааст, дастгир шудааст. Сабаби боздошти ӯ маълум нест. 

Бино ба навиштаи манбаъ, кормандони пулис ба ҳар хонаи тоҷикони сокини ин маҳалла чандборӣ сар зада, тафтиш кардаанд ва акси нафареро нишон дода, аз онҳо пурсидаанд, ки ӯро мешиносанд ё на. 

Манобеи Azda.tv мегӯянд, ки ҳадди ақал дар чор хона, ки онҷо тоҷикон зиндагӣ мекардаанд, пулис Пулод Абдураҳмоновро ҷустуҷӯ кардааст. 

Payom.net менависад, ки Пулод Абдураҳмонов ба дархости паноҳандагиаш ҷавоби рад гирифта ва ҳанӯз фурсат накардааст аз он ба додгоҳ шикоят барад. Одатан барои шикоят аз болои қарори Хадамоти муҳоҷират даҳ рӯз муҳлат дода мешавад, вале ин ду нафар бо сабаби иваз кардани ҷои истиқомат посухи радро дертар дарёфт кардаанд. 

Гуфта мешавад, Сорбон Абдураҳимзода бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 ба Лаҳистон паноҳ овард. 

Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт. Пулод Абдураҳмонзода низ он замон боздошт шуда буд, аммо дере нагузашта ӯро аз боздоштгоҳ раҳо карданд. 

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд, ки чаро Сорбон Абдураҳимзодаро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо падараш мегӯяд, ки мақомот ӯро барои гӯё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон ва пайравӣ аз он муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтаи падари Сорбон “асос надорад”.

Он замон Пулод Абдураҳмонов гуфта буд, ки дар сурати истирдод писарашро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа таҳдид мекунад. 

Инчунин расонаҳои Лаҳистонӣ навишта буданд, ки мақомоти Тоҷикистон Сорбонро дар пайравӣ аз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гумонбар медонад. 

Аммо Убайдулло Саидӣ, сухангӯи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки “Мо чунин аъзо дар ҳаракати сиёсӣ “Гурӯҳи 24” надорем ва ҳеҷ иртиботе низ бо чунин шахс надоштем”.

Убайдулло Саидӣ мегӯяд: “Табиъист, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҳар озодандеш ва шахсеро, ки фикри худро дар масоили сиёсӣ кишвар матраҳ мекунад, ӯро ба ҳаракатҳои сиёсӣ, ки дар қаламрави кишвар мамнӯъ ҳастанд, гумонбар дониста, аз кишварҳои хориҷ истирдоди онро талаб мекунад”.

Гуфта мешавад, қабл аз ин ҳам Сорбон дар Украина боздошт шуда буд, вале Украина ин паноҳҷӯи тоҷикро ба Душанбе истирдод накард.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач моҳи июни соли гузашта дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки Сорбон Абдураҳимзода аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва “Алқоида” дар пайгард қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта баъд аз ихроҷи чанд паноҳҷӯи тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон ҳамаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, соли 2020 додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. 

Инчунин моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар Тоҷикистон ӯ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба "Актив Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...