Ҳю Уилямсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW гуфтааст, ки “Равандҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ сазовори дастгирии байналмилалӣ мебошанд, аммо онҳо бояд бар пояи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун асос ёбанд, то қонуният ва эътибор дошта бошанд. ин ягона роҳест, ки 82 миллион сокини минтақа метавонанд воқеан аз ҳар гуна тавофуқоте, ки роҳбаронашон дар Вашингтон ба даст меоранд, баҳра баранд”.
Пештар аз ин гуруҳе аз мухолифони тоҷик бо навиштани номае аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Гуфта мешавад, ин нишаст, ки 6-уми ноябр дар Вашингтон таҳти раёсати президенти ИМА Доналд Трамп баргузор мешавад, роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро гирд меорад.
Қаблан Департаменти давлатии ИМА аз вайронкуниҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумда шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва набудани мустақилияти низоми судӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон гузориш дода буд.
Аммо хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои мақомотро нишон дода, дар рӯзи аввали оғози давъвати тирамоҳӣ ҳадди ақал ду навори ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш нашр шуда буд.
Қаблан сокинон аз рафтори хашини маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ шикоят мекарданд. Ҳатто ҳолатҳое буда, ки мақомот барқи сокинонро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ карда ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд.
Инчунин гуфта мешавад, мақомот аз роҳҳои дигар низ, ба мисли додани ҳуҷҷати ронандагӣ бар иваз хидмат ва асир гирифтани наздикони сарбозон, истифода бурда истодаанд.
Ба назари таҳлилгарони маҳаллӣ, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмати низомӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомӣ гуфта мешавад.
Ва мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода намуда, ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо ва баъзе нафарони бемору маъюбро низ боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза соати 01:29 дақиқа ба вақти Душанбе рух дода, қувваи он дар пойтахт 4 ва дар Панҷакент 3 баллро ташкил додааст.
Маркази заминларза дар қаламрави вилояти Балхи Афғонистон буда, қувваи он дар он ҷо 6–7 баллро ташкил додааст. Ба гуфтаи Маркази заминшиносии ИМА, ин заминларза дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон низ эҳсос шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки заминларза дар ҳудуди кишвар талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надоштааст. Аммо расонаҳо то ҳол аз ҳалокати 20 нафар ва осеб дидани зиёда аз 300 нафари дигар дар Афғонистон хабар доданд. Мақомоти Толибон гуфтаанд, аз ҳама бештар вилояти Балх ва Самангон хисорот дидаанд ва омори дақиқтар дар бораи талафотро дар рӯзҳои наздик нашр хоҳанд кард.
Дар изҳорот таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ба уҳдадориҳои байналмилалияш пойбанд аст ва “ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.”
Вазорат изҳор дошта, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то ҳадди имкон таҳримҳо ва оқибати манфии онҳоро бар иқтисоди кишвар кам кунад.
Ин дар ҳолест, ки 23-уми октябри соли 2025 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро тасдиқ кард, ки фаъолияти чандин бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюмро низ фаро мегирад. Дар миёни онҳо ташкилотҳои молиявӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон низ ҳастанд.
Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд. Иттиҳоди Аврупо ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.
Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.
Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чӣ ҳад ба фаъолияташон таъсир мегузораду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.
Қарор дар сомонаи расмии Шӯрои ИА нашр шуда, аз 12 ноябри соли 2025 ба иҷро медарояд.
Ба ҳисоби ин созмонҳо, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан як миллион зиндонии сиёсӣ, ки миёнашон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ, сиёсатмадорони мухолиф, роҳбарони мазҳабӣ, ҳунармандон ва шаҳрвандони оддӣ ҳастанд, вуҷуд доранд.
Инчунин ин созмонҳо гуфтаанд, ки режимҳои худкома зиндонӣ кардани афродро ҳамчун абзори фишор ва тарс истифода мебаранд, то озодандешонро хомӯш кунанд ва қудрати худро устувор намоянд.
Онҳо аз давлатҳои демократӣ даъват карданд, ки озод кардани зиндониёни сиёсиро дар авлавияти кори худ қарор диҳанд ва ин масъаларо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба пайваста бардошта, чораҳои мушаххасро ба манфиати маҳбусон талаб намоянд. Инчунин ба созмонҳое, ки аз боздоштшудагон ҳимоят мекунанд ва ба онҳо ва хонаводаҳояшон кумакҳои ҳуқуқӣ ва башардӯстона мерасонанд, ёрӣ расонанд.
Дар байни имзокунандагони ин изҳорот National Endowment for Democracy (NED), Freedom House, Amnesty International, Human Rights Watch, Human Rights Foundation, OVD-Info, Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ, Бунёди Мемориал, Бунёди Ҷон Маккейн, Лоиҳаи байналмилалии ҳуқуқи башар, Victims of Communism Memorial Foundation, World Liberty Congress ва дигарон буда, дар баёнияашон бо хонаводаҳо, вакилони мудофеъ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити фишору саркӯбӣ ҳамоно барои озодӣ мубориза мебаранд, изҳори ҳамбастагӣ кардаанд.