Хона блог саҳифа 302

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

0

Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми июни соли 2023 маросими имзои 15 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикисто ва Қатар бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Пеш аз баргузории ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар раъси ҳайатҳои воломақоми кишварҳояшон дар музорикоти сатҳи олии ҳар ду кишвар иштирок карданд.

Дар байни ин санадҳои имзошуда 9 адади онҳоро “ёддоштҳои тафоҳум”, 5 адади дигарро ҳам “созишномаҳо” ва яки дигар “Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025”, мебошад.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

0

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

То ҳол сабаби боздошти ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик маълум нест. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки рӯзи 5-уми июн низ аз Котелники гурӯҳеро боздошт карданд ва ҳоло онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.

Боздошту бозпурсии муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия дар ҳоле идома дорад, ки вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров рӯзҳои 5-6 уми июн бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон буд ва Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтояш хост, ки “ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд”. 

Аммо баъд аз ин дархост ба гуфтаи муҳоҷирон доманаи ин боздошту бозпурсиҳо то ба Санкт-Петербург расидааст. 

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахир боздошту латтукӯб ва ба маконҳои номаълум бурдани муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия шиддат гирифтааст.

Ҳамарӯза навору сабтҳои садоии зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки дар онҳо бадрафтории кормандонии амниятии Русия нисбати тоҷикон инъикос ёфтааст. 

Дар пасманзари ин ҳаракатҳои ғайриқонунии мақомоти Русия мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазирони дохила ва хориҷа, Омбудсмен ва Додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ номаҳо ирсол намуда, хостори таҳқиқи қазия боздоштҳо шуданд, аммо то рафт ин бархӯрди хашини мақомоти Русия дар баробари муҳоҷирони тоҷик бештар шуд.

Бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ҳама фишор болои муҳоҷирон ба хотири маҷбур сохтани Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

0

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 8-уми июн Муҳаммадтаққӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо нашри як акс ҳамроҳ бо Муҳаммадҷаъфар Мунтазарӣ, Додситони кулли Эрон дар саҳфаи твиттриаш хабар дод.

Ба қавли манбаъ, Муҳаммадҷаъфар Мунтазарӣ, Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон бо даъвати ҳамтои тоҷикистониаш Юсуф Раҳмон дар раъси як ҳайате расмӣ ба Тоҷикистон омадааст.

То замони таҳияи ин хабар сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надода буд, вале сафири Эрон гуфтааст, ки бархе мақомоти расмии Тоҷикистон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба истиқболи ин ҳайати эронӣ рафта буданд.

Гуфта мешавад, ин сафари Додситони кулли Эрон дар посух ба сафари расмии Юсуф Раҳамон, Додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон аст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ҷонибҳо дар дидору нишастҳои худ дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои ниҳодҳои қазоӣ ва пайгирии ёддошти тафоҳумҳое, ки дар гузашта байни ду кишвар ба имзо расида буд, гуфтугӯ хоҳанд кард.

Месси ба Амрико меравад

0

Футболбози 35-солаи аргентинӣ Лионел Месси на дар Арабистони Саудӣ, балкӣ дар Амрико бозӣ хоҳад кард. 

Лионел Месси, футболбози шинохта дирӯз, 7-уми июн аз гузаришаш ба бошгоҳи “Интер Майами”-и Амрико хабар дод. То ҳол аз ҷузъиёти қарордоди ӯ бо бошгоҳи ҷадидаш маълумоти бештар дода нашудааст. 

Дар ҳоли ҳозир бошгоҳи “Интер Майами” дар ҷадвали шарқии Лигаи Олии Амрико (MLS) дар зинаи охирин, яъне 15-ум қарор дорад. Собиқ капитани Англия Дэвид Бекхэм яке аз саҳомдорони ин бошгоҳ аст. 

Худи Месси гузаришашро ба ин бошгоҳ чунин шарҳ додааст: “Ҳоло ман мехоҳам аз таваҷҷӯҳи зиёдатӣ дур шавам, дар бораи оилаам бештар фикр кунам”.

Ин футболбози аргентинӣ мегӯяд, ки агар сухан дар бораи пул мебуд, ба Арабистон ё ба ҷои дигар мерафт. Ба гуфтаи ӯ, маблағе, ки “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ваъда карда буд, хеле маблағи бисёр буд. 

Тибқи хабарҳои нашршуда, дастаи “Ал-Ҳилол” ба Лионел Месси қарордоди се сола ба маблағи 1,5 млрд евро пешниҳод карда буд. 

Ба иддаои ин футболбози аргентинӣ, чанд бошгоҳи аврупоӣ низ ба ӯ қарордод пешниҳод кардаанд. 

“Ростӣ, ман аз тимҳои дигари аврупоӣ пешниҳодҳо доштам, аммо онҳоро ҳатто ба назар нагирифтам, зеро дар Аврупо ман танҳо дар ҳайати Барселона бозӣ карданӣ будам”- мегӯяд Месси. 

Ба гуфтаи Месси, дар бошгоҳи Барселона нафароне ҳастанд, ки бозгашташро ба ин бошгоҳ намехоҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси соли 2021 аз Барселона ба бошгоҳи “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса гузашта буд ва дар 75 бозӣ 32 гол зада, 30 партоби головар додааст. Бо ин тим ӯ ду маротиба қаҳрамони Фаронса гашта буд.

Месси мегӯяд, ин ду сол дар Париж барояш дар маҷмуъ душвор буд. 

Лионел Месси яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон ба шумор рафта, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022, ҳафт маротиба барандаи “Тӯби тиллоӣ” ва  шаш маротиба барандаи “кафши тиллоӣ” мебошад. 

Ӯ аз соли 2003 то 2021 дар ҳайати “Барселона” бозӣ карда, бо ин бошгоҳ 10 маротиба қаҳрамони Испания гардидааст. Инчунин 7 маротибагӣ Суперҷоми Испания ва Ҷоми Испания, 4 маротиба Лигаи Чемпионҳо, 3 маротибагӣ Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст.

Амири давлати Қатар вориди Тоҷикистон шуд

0

Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 8-уми июни соли ҷорӣ пас аз боздиди Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвараш вориди Тоҷикистон шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро “самимона” пазироӣ карда, ва “маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.”

Қарор аст, дар ин сафар байни ду кишвар санадҳои муҳими иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба имзо бирасад. Ва эҳтимол меравад, давлати Қатар барои сармоягузорӣ ба бархе лоиҳаҳои муҳими иқтисодии кишвар низ ба мувофиқат хоҳад расид.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон беш аз 7 сол ин ҷониб интизори сафари Амири давлати Қатар ба Тоҷикистон буд, то дар якҷоягӣ бузургтарин масҷиди Осиёи Марказиро, ки бо маблағгузории давлати Қатар дар шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Қатар ба фарқ аз дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷ маблағгузорӣ дар бархе тарҳҳои бузурги Тоҷикистонро пеш аз дигар кишварҳои арабӣ оғоз карда, маҷмаии манзилию тиҷоратии Диёри Қатар ва бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ аз бузургтарин тарҳҳои он мебошанд.

Бар асари таркише дар Бадахшон чанд нафар кушта шуд

0

Дар натиҷаи як таркиш дар масҷиде дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон чанд нафар аз чеҳраҳои шинохтаи Толибон кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 8-уми июни соли 2023 дар масҷиди Набавии шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, ки маросими фотиҳахонии собиқ муовин ва сарпарасти раиси ин вилоят мавлавӣ Нисор Аҳмад Аҳмадӣ ҷараён дошт, таркише рух дод, ки дар натиҷа чандин кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Муъизиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги Бадахшон ба расонаҳо гуфтааст, ки бар асари ин таркиш шуморе аз ширкаткунандагон, аз ҷумла собиқ раиси амнияти Бағлон Сафиуллоҳ Самим низ дар байни ҷонбохтагон вуҷуд дорад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам бо маҳкум кардани ин ҳодиса гуфтааст: ҳамла ба масоҷид ва амокини мазҳабӣ муғойир бо аҳкоми ислом ва мабонии инсонӣ аст ва ҳеч гуна тавҷиҳе надорад.

Дар ҳоле, ки шабакаи Алҷазираи Қатар ба нақл аз манобеи худ теъдоди куштаҳоро 18 нафар ва захмиҳоро 35 каси дигар гузориш кардааст, Хабаргузории расмии Туркия гуфтааст, ки дар ин таркиш дасти кам 15 нафар кушта ва 50 каси дигар захмӣ шудааст. Бо ин ҳол, масъулиятин ин ҳамлаи хунинро то ҳол касе бар уҳда нагирифтааст.

Бархе коршиносон мегӯянд, фаъол шудани ДИИШ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон на танҳо амнияти ин вилоятҳои ҳамҷивори Тоҷикистонро ба хатар андохта, балки дар айни замон як занги хатаре ҳам ба давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ду рӯз қабл аз ин мавлавлӣ Нисор Аҳмад Аҳмад, собиқ муовин ва сарпарасти волии Бадахшон ҳангоми рафтан ба кор дар шаҳри Файзобод тавассути мошини бамбгузоришуда ҳамроҳи ронандааш кушта ва 6 каси дигар аз муҳофизонаш ҳам захмӣ шуда буданд. Масъулияти он ҳамларо ДИИШ бар уҳда гирифта буд.

Шикояти Зеленский аз СММ ва Салиби Сурх

0

Владимир Зеленский, расиҷумҳури Украина мегӯяд, Созмони Милали Муттаҳид ва Салиби Сурх ба дархостҳои кумак вобаста ба вазъияти пешомада дар сарбанди Каховка посух надодаанд.

Зеленский дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Bild гуфт: “Мо ба дархостҳои худ посух нагирифтем. Ман дар ҳолати шок қарор дорам.” Ӯ дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки қарор буд коркунони Созмони Милал ва Салиби Сурх пеш аз ҳама дар шаҳри Херсон ва дар маҳалли ҳодиса қарор дошта бошанд, аммо то ҳол дар онҷо нестанд.

Аммо рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар изҳороте тахриби сади Каховкаро “фоҷеаи инсонӣ ва иқтисодии бузург” номид. Ӯ таъкид кард, ки СММ дар назар дорад кумакҳои фавриро ба манотиқи зарардида дар чорчӯби оби ошомиданӣ, дору ва кумакҳои аввалия тақдим кунад.

Ёдовра мешавем, ки Обанбори Каховка воқеъ дар ҷануби Украина 6-уми июни соли тарконида шуд. Русия ва Украина якдигарро дар ин ҷиноят муттаҳам мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, то кунун бар асари ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафари дигар овора шудаанд. Гуфта мешавад, ҳоло аксари аҳолии поёноби ин сад кӯчонида шудаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки об дар баъзе манотиқ то сақфи хонаҳо расидааст ва кӯчаву маҳаллаҳо пурра зери об мондаанд. Пештар мақомоти Украина гуфта буданд, ки аз 20 то 40 ҳазор аҳолии шаҳри Херсонро хатари зери об мондан таҳдид мекунад.

Боздошти даҳҳо афғонистонӣ дар Тоҷикистон

0

Мақомоти Тоҷикистон зимни як амалиёти вежа даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, дар байни онҳо низомиёни собиқи ҳукумати Ашраф Ғанӣ низ ҳастанд.

Дар ин бора лаҳзае пеш Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз мақомоти давлатии кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин амалиёти вежаи мақомоти тоҷик дар як нуқтаи марзии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин анҷом шуда, як ҳафта идома кардааст. Далели боздошти ин афродро манобеъ “доштани силоҳ” гуфтаанд.

Аммо мақомоти расмии тоҷик то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Маълум нест ин афрод аз дохили Тоҷикистон мусаллаҳ шудаанд ё аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021 шаҳрвандони зиёде аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Шумори зиёди онҳо ба кишварҳои сеюм паноҳанда шуданд.

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

0

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки аз вайрон кардани киштзорҳои кукнорашон зарар дидаанд, кумакҳои молӣ расонанд.

6-уми июни соли 2023, бахши форсии телевизони ББС бо нашри як гузориши таҳқиқотӣ гуфт, ки кишти кукнор дар Афғонистон наздик ба 80 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, ББС барои анҷоми ин таҳқиқоти худ як гурӯҳеро ба Афғонистон фиристода, ёфтаҳои онҳоро бо тасовири моҳвораии коршиносони мустақар дар Бритония муқоиса кардааст. Ва дар натиҷа маълум шуда, ки дар муқоиса ба як соли пеш кишти кукнор дар Афғонистон “то 80 дарсад коҳиш доштааст.”

Гузоришгарон дар бархе аз иқдомҳои амалии гурӯҳи вежае аз Толибон, ки корашон мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла вайрон кардани киштзорҳои кукнор аст, ширкат карда, аз бархе деҳқонон ҳам пурсидаанд, ки чиро бо вуҷуди мамнуъ будани он боз ҳам ба ин кор машғул шудаанд?

Кишварзон дар посух ба гузоришгарон гуфтаанд, ки кишти кукнор фоидаи хуб дорад, вале кишти ҷаву гандум ва дигар маҳсулот фоидаи камтар дорад ва дар шароити Афғонистон наметавонанд иқтисоди хонаводаҳои худро дуруст таъмин кунанд, ба ҳамин хотир дар минтақаҳои дурдаст ва пинҳонӣ ба кишти кукнор машғул шудаанд.

Забеҳуллоҳои Муҷоҳид, сухангӯи расмии Толибон ҳам дар вокуниш ба ин таҳқиқи ББС аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои он идда аз кишоварзоне, ки бар асари вайрон кардани киштзорҳои кукнорҳояшон зарар дидаанд, кумакҳои молӣ расонанд.

Гуфта мешавад, соли 2022 тибқи як фармони Ҳиббатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон кишти кукнор дар Афғонистон мамнуъ гардид. Дар фармони раҳбари Толибон гуфта мешуд, ҳар касе, ки аз ин фармон сарпечӣ кунад, тибқи қонунҳои шаръӣ мавриди муҷозот қарор мегирад.

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС дар истинод ба раиси департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод. 

Бино ба иттилои Самадӣ, зимни мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашудааст. 

Ба иддаои ӯ, ҷонибҳо бештар атрофи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ cуҳбат кардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров зимни боздидаш аз пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе, маъруф ба “Пойгоҳи 201” гуфт, ки кишвараш умедвор аст, Тоҷикистон ҳарчи зудтар фоидаҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дарк карда, ба он мепайвандад. Ҳатто ӯ ишора кард, ки гурӯҳи махсусе барои ин кор бо мақомоти тоҷик дар гуфтугӯ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷаи Русия бо як сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон рафта буд. Сафари Лавров дар ҳоле ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки чанд рӯзи ахир боздошту латтукӯб ва ба маконҳои номаълум бурдани муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия шиддаст гирифтааст.

Ҳамарӯза навору сабтҳои садоии зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки дар онҳо бадрафтории кормандонии амниятии Русия нисбати тоҷикон инъикос ёфтааст. 

Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама фишор болои муҳоҷирон ба хотири маҷбур сохтани Тоҷикистон барои  пайвастанаш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.