Хона блог саҳифа 303

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

0

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Ҳатто ӯ аз мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки нагузоранд кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико барномаҳои кумак барои рушди минтақаро дар ин давлатҳо пиёда кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “ин барномаҳо дар асл василаи назорат ва тағйир додани авзои сиёсии минтақа мебошанд.”

Лавров зимни суханронияш дар Донишгоҳи Славиянии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону кишварҳои ғарбӣ ишора карда, афзуд: “Мо аз дӯстони худ мехоҳем, ки нисбат ба барномаҳои ҳамкории кишварҳои ғарбӣ дар соҳаи низомӣ ва хусусан барномаҳои омӯзишии нерӯҳои интизомӣ бо диди интиқодӣ нигоҳ кунанд.”

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ҷиддӣ будани вазъияти муҳоҷирон дар Русия, ки дар ин шабу рӯзҳо зери шиканҷа ва таъқиби шадиди мақомоти интизомии ин кишвар қарор доранд, ин мавзуъ меҳвари гуфтугӯи мақомоти тоҷик бо Сергей Лавров қарор нагирифтааст. Ӯ бештар Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тарғиб мекард ва аз хатарҳои Ғарбу ДИИШ-и Афғонистон ҳушдор медод.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари ҳодисаҳои боздошту латтукӯби муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров бо сафари ду рӯза (рӯзҳои 5 ва 6-уми июн) ба Тоҷикистон сафар кард ва бо мақомоти баландпояи он дидору гуфтугӯ дошт.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

0

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён рафт.

Имрӯз, 7-уми июни соли 2023, Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба сурати расмӣ ягона ниҳоди таъйинкунандаи қурби асъори хориҷӣ дониста мешавад, қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ боло бурдааст.

Тибқи ин арзишгузории ҷадиди Бонки миллӣ, дар ҳоли ҳозир қурби 1 рубли русӣ баробар бо 0,1335 сомонӣ таъйин шудааст. Бар ин асос, ҳангоми харид 1 ҳазор рубли русӣ баробар бо 133 сомонӣ ва 50 дирам арзиш дорад.

Ҳамин тартиб қурби 1 доллари амрикоӣ баробар ба 10,9131 сомонӣ, 1 евро баробар ба 11,6586 сомонӣ ва 1 юуани чинӣ баробар ба 1.5332 сомонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Аммо дар бонкҳои тиҷоратии кишвар, ки маъмулан ба муомилотӣ пулӣ машғул ҳастанд, дар вақти хариду фурӯши арзҳо аз муштариён ин рақамҳо фарқ мекунанд.

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахир ин бори чандум аст, ки Бонки миллӣ қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ боло мебарад, вале қурби сомонӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ба мисли доллари амрикоӣ ва евро ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Қурби рубли русӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ суқут карда ва ин поён рафтани он ба боло рафтани пули миллӣ-сомонии Тоҷикистон ҳам рабт дорад.

Даргузашти Зафар Мирзоён

0

Донишманд ва нависандаи шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён шаби 7-уми июни соли ҷорӣ дар синни 74-солагӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора субҳи имрӯз аксари дӯстон ва наздикони ин олими шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Марҳум яке аз донишмандоне буд, ки аксар нигоштаҳо, нуқтаназарҳо ва мавқеъгириҳояш тариқи расонаҳо ба вокунишҳо рӯбарӯ мешуд ва пайваста талош мекард, ки ҳамчун як марди миллат аз ҷойгоҳи миллат ҳимоят кунад.

Зафар Мирзоиён ба ҳайси “мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” кор мекард.

Вай 5-уми майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омада буд. Ҷинозаи марҳум имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг ба хок супорида мешавад.

Нерӯҳои Русия обанбореро дар Украина тарконданд

0

Нерӯҳои артиши Русия бахше аз обанбори нерӯгоҳи Коховкаро дар Херсон таркониданд, ки аҳолии поёноби ин сарбандро зери об мондан таҳдид мекунад.

Дар пайи ин инфиҷор, субҳи имрӯз, 6-уми июн Президенти Украина бо нашри як наворе дар шабакаи телеграмияш ҷониби Русияро ба терроризм муттаҳам кард.

Дар ин навор, ки аз болои обанбор наворбардорӣ шуда ва дар расонаҳои ҷаҳонӣ низ даст ба даст мечархад, дида мешавад, ки пас аз таркиши сарбанд, ки зери сайтраи русҳо қарор дорад, обҳои зиёде ҷорӣ шуда, сабаби ба вуҷуд омадани селобҳо шудааст.

Аз ҷониби дигар, мақомоти Русия низ бо радди масъулиятпазирӣ, ин ҳодисаро террористӣ эълон карда, ҷониби Украинаиро ба он муттаҳам кардааст. Бо ин ҳол, мақомот эълон кардаанд, ки кӯчонидани аҳолӣ аз маконҳое, ки ба эҳтимоли зиёд аз вуҷуди селобҳо зарар хоҳанд дид, идома дорад.

Гуфта мешавад, Обанбори Нерӯгоҳи Коховка соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Нерӯгоҳи Запорож, ки поёнтар аз ин обанбор ҷойгир шудааст, оби худро аз он таъмин мекунад. Хуруҷи обҳо натанҳо ба хонаҳо ва иморатҳои атрофи обанбор, балки хеле роҳҳо ва заминҳоро ҳам низ харобу валангор кардааст.

133 ҳазор ғуломи муосир дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон аз рӯи шумораи ғуломони муосир дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.  

Бино ба гузориши “Global Slavery Index”, Тоҷикистон ҳудуди 133 ҳазор ғуломи муосир дорад ва бо ин шумора миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст.

Ин гузориш аз ҷониби созмони ҳомии ҳуқуқи “Walk Free” дар ҳамкорӣ бо Созмони байнулмилалии кор ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират таҳия шуда, дар он вазъи 160 кишвари ҷаҳон баҳогузорӣ шудааст. 

Ба гуфтаи гузоришгарон, ҳоло дар ҷаҳон 49,6 миллион нафар ҳамчун ғуломи муосир шинохта шуда, аз се ду ҳиссаи онҳо танхо дар даҳ кишвари ҷаҳон ба сар мебаранд.  

Гузоришгарон бар ин назаранд, ки ғуломдории муосир ба ҳамагуна ҳодисаи истисморе дахл дорад, ки дар он шахс наметавонад аз сабаби таҳдид, зӯроварӣ, маҷбурӣ, сӯиистифодаи нафаре аз қудрат ё фиреб аз коре ё амале даст кашад ва ё онро тарк кунад.

Тибқи гузориши “Global Slavery Index” дар Тоҷикистон аз ҳар 1000 нафар 14 нафар дар ғуломӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ин омор вазъи Тоҷикистон бадтар аз Русия ва Афғонистон гуфта шудааст.

Гузоришгарон Русияву Афғонистонро бо аз сари ҳар 1000 нафар 13 ғулом дар ҷойҳои 9 ва 10 қарор додаанд. 

Бино ба гузориши “Global Slavery Index” бештар аз ҳама ғуломдории муосир дар Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Мавритания ва аз ҳама камтар дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисли  Дания, Шветсия, Нидерландия, Олмон, Норвегия ва Швейтсария паҳн шудааст.

Бино ба арзёбии “Global Slavery Index” соли 2018 дар Тоҷикистон наздик ба 39 ҳазор нафар дар шароити “ғуломии муосир” ба сар мебурданд ва дар миёни 1000 нафар аҳолии Тоҷикистон 4 нафар дар чунин шароит қарор доштанд. Бо ин омор Тоҷикистон он замон миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 75 қарор дошт. 

Ба гуфтаи таҳлилгарон, якуякбора дар ин радабандӣ боло рафтани мақоми Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки вазъи ҳуқуқии инсон дар кишвар сол ба сол бадтар мешавад.  

Эмомалӣ Раҳмон фишор болои муҳоҷиронро нодида гирифт

0

Тайи як моҳи ахир фишорҳои мақомоти рус болои муҳоҷирон ва бахусус тоҷикистониҳо афзоиш ёфтааст, вале мақомоти олии Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомоти Русия ин масъаларо охириндараҷа медонанд.

Субҳи имрӯз, 6-уми июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайате Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷии Русия, ки бо бастаи фишору таҳдидҳои наву куҳнаи худ вориди Тоҷикистон шуда аст, пеш аз он ки бо Президенти Тоҷикистон мулоқот кунад, ба назди ниёмиёни кишвараш дар “Пойгоҳи 201” рафт. Сергей Лавров бо ин сафари худ аз дохили “Пойгоҳи 201” дасти кам се “паёми махсус” ба раҳбарияти Тоҷикистон фиристод, ки ҳар се ҳомили таҳдиду фишорҳо буданд.

Сергей Лавров дар ин паёмҳои сегонаи худ гуфтанӣ буд, мақомоти кишвараш, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти хеле аз муҳоҷирони тоҷикистониро дар паҳнои Русия ба танг овардаанд, дар сурати адами пазириши “пешниҳод”-ҳо дар дохили пойтахти Тоҷикистон ҳам нерӯҳое доранд, ки дар сурати зарурат ҳамчун обзори фишор алайҳи ҳар касе бихоҳанд аз онҳо истифода мекунанд ва ба ҳамин хотир Тоҷикистон ҳам бояд раванди ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шиддат бахшад.

Вазири корҳои хориҷии Русия пеш аз он, ки бо Президенти Тоҷикистон мулоқот кунад, бо Вазири корҳои хориҷии кишвар ҳам дидор ва музокироте анҷом дода буд. Зоҳиран ҷониби Тоҷикистон паёмҳои Вазири корҳои хориҷии Русияро хуб дарк карда, ба хотири осеб нарасонидан ба ояндаи “кариера” ва бақои худ дар раъси қудрат дар рафти ин мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия масъали таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русияро пас аз баррасии робитаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод, ва маориф дар ҷои охир қарор додаанд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Русия тайи наздик ба як моҳи ахир фишорҳои худ болои муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус тоҷикистониҳоро афзоиш додаанд, ва пахшу нашри наворҳо дар бораи боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон бо вокунишҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст, мақомоти олии Тоҷикистон онро нодида мегиранд.

Субҳи имрӯз ҳам баҳсу баррасии фишору таҳдидҳо болои муҳоҷирон дар вақти музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва бахусус Президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия низ дар шаҳри Душанбе натавонист мақоми аввалро касб кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз бо нашри як матлаб дар бораи музокироти сатҳи олии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар хабар дода гуфта, ки ҷонибҳо баъд аз баррасии “тавсеаи робитаҳои башардӯстона рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ” низ “ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.”

Дар рафти музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия масъалаи “ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия” дар ҷои охир қарор дода шуд, ва интизор мерафт, ки ин маъсала ҳангоми мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Русия ба сурати ҷиддитар пайгирӣ мешуд, аммо дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров на танҳо вокунишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиддитар сурат нагирифт, балки мавриди “таваҷҷуҳи хосса” ҳам қарор дода нашуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикитсон, яке аз эътилофҳои мухолифини Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала гуфт, русҳо нуқтаҳои заъфи Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд ва бо ӯ бозӣ карда метавонанд. Барои ҳамин русҳо манфиатдоранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сари қудрат бимонад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби дигар Эмомалӣ Раҳмон низ “худашро болотар аз ин масъалаҳо медонад ва муҳоҷиринро ҳеч қишри муҳим ё шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон намедонад.”

Кабирӣ: Русҳо нуқтазаъфҳои Раҳмонро хуб медонанд

0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд, рафтори бераҳмонаи мақомоти интизомии Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик муқаддимае барои сафари Лавров ба Тоҷикистон буд.

Раҳбари ПМТ 6-уми июни соли ҷорӣ дар робита ба сафари Сергей Лавров ба Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки яке аз ҳадафҳои сафари вазири хориҷаи Русия ба кишвар ин розикунонидани Раҳмон барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё мебошад.

Кабирӣ мегӯяд, аллакай маълум шуда истодааст, ки фишорҳо болои муҳоҷирон бо кадом мақсад роҳандозӣ шуда буд. Усули фишор болои муҳоҷирон, “яке аз усулҳои бисёр санҷидашуда ва нуқтазаъфи аслии Раҳмон аст, ки русҳо онро хуб медонанд” ва хуб анҷомаш медиҳанд. Ва ҳаргоҳ агар масъалаи сиёсии ҳалношуда байни Кремлин ва Душанбе ба вуҷуд биёяд, Русия барои расидан ба хостаҳояш аз ин “нуқтаи заъфи Тоҷикистон” моҳирона истифода мебарад.

“Барои мисол, вақте Тоҷикистон хост мисли Қирғизистон барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия маблағ биситонад, ва даъво кард, русҳо фишорро болои муҳоҷирон зиёд карданд ва шуруъ карданд ба ихроҷи муҳоҷирони тоҷик, ки ин барои Тоҷикистон бисёр як масъалаи дарднок аст. Ва баъд аз ин билофосила вазири дифои Русия ба Душанбе сафар кард ва Тоҷикистон дигар ҳеч сухане дар бораи пардохти маблағ барои пойгоҳи низомӣ нагуфт ва бисёр ҳам ором барои 50 соли дигар ба онҳо иҷозат дод дар хоки кишвар бошанд ва бидуни ҳеч пардохте.”, мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.

Бино ба гуфтаи Кабирӣ, аз ин нигоҳ русҳо манфиатдоранд, ки Эмомалӣ дар сари қудрат бимонад, зеро ҳар президенти дигаре омад дар Тоҷикистон, ӯро наметавонанд мисли Раҳмон таҳти фишор қарор бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тай ду-се ҳафтаи ахир мақомоти интизомии Русия бо баҳонаи тафтиши асноди муҳоҷирон садҳо тоҷикистониро боздошт ва ҳатто бераҳмона латтукӯб карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз бадрафтори мақомоти Русия нисбати муҳоҷирон нашр шудааст.

Дар пасманзари ин ҳаракатҳои ғайриқонунии мақомоти Русия мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазирони дохила ва хориҷа, Омбудсмен ва Додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ номаҳо ирсол намуда, хостори таҳқиқи қазия боздоштҳо шуданд, аммо то рафт ин бархӯрди хашини мақомоти Русия дар баробари муҳоҷирони тоҷик бештар шуд.

Таркиш дар Файзобод: 2 кушта ва 6 захмӣ

0

Бар асари як таркиш дар маркази Файзобод муовини раиси вилояти Бадахшон ҳамроҳи ронандааш кушта ва 6 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 6-уми июни соли 2023 бар асари як таркиш дар чорроҳии Маҳкамаи шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон муовини раиси вилоят ҳамроҳ бо ронандааш кушта ва дасти кам 6 каси дигар захмӣ шудааст.

Расонаҳои Афғонистон ба нақл аз Муъизиддин Аҳмадӣ, раиси идораи иттилоот ва фарҳанги Толибон мегӯянд, ин ҳодиса тақрибан соати 08:15 рух дода, дар натиҷа мавлавӣ Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовин ва сарпарасти волии Бадахшон ҳамроҳ бо ронандааш кушта ва 6 нафари дигар аз муҳофизонаш захмӣ шудаанд.

Толибон мегӯяд, мошине, ки ҳомили муовини раиси вилоят ва муҳофизонаш буд, аз пеш бамбгузорӣ шуда буд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳ ин ҳодиса рух додааст. Тамоми касоне, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Мақомот барои пайдо кардани маълумоти бештар ва чигунагии анҷоми ин ҳодиса таҳқиқоти худро оғоз кардаанд.

Бо вуҷуди он ки бархе расонаҳо шохаи Хуросони ДИИШ-ро дар ин ҳодиса гумонбар медонанд, вале то замони таҳияи ин матлаб ҳеч касе ва ё гурӯҳе ба сурати расмӣ анҷоми ин ҳодисаро бар уҳда нагирифтааст. Инчунин, гуфта мешавад, дар чанд ҳафтаи ахир ин яке аз маргбортарин таркишҳоест, ки мақомоти баланпояи Толибонро ҳадаф қарор додааст.

Ба Лавров дар бораи муҳоҷирон гуфтанд, вале ӯ шарти худро гузошт

0

Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз мулоқоти вазирони хориҷии Русия ва Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи 6-уми июни соли ҷорӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муриддин дидору гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, вазирони хориҷии ду кишвар зимни мулоқот дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва муҳоҷират муфассал баррасӣ карданд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки мақомҳои баландпояи хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар ин дидор ба масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки беш аз ду миллион нафар дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ишора карда, хусусан ҳодисаҳои боздошту латтукӯби муҳоҷиронро, ки чанде пеш рух дод, мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд.”, омадааст дар хабари Вазорат.

Вале қабл аз ин дидор Сергей Лавров зимни боздидаш аз пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе, маъруф ба “Пойгоҳи 201” гуфт, ки кишвараш умедвор аст, Тоҷикистон ҳарчи зудтар фоидаҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дарк карда, ба он мепайвандад. Ҳатто ӯ ишора кард, ки гурӯҳи махсусе барои ин кор бо мақомоти тоҷик дар гуфтугӯ ҳастанд.

Ба назри баъзе коршиносони минтақа, Тоҷикистон агар масъалаи муҳоҷирон ва эҳтироми ҳуқуқи онҳоро аз Русия талаб карда бошад, Русия ҳам шарти худро барои иҷрои ин кор гузоштааст, ки он ҳам бошад масъалаи маҷбур сохтани мақомоти тоҷик барои пайвастан ба ИИАО мебошад.

Олими шинохтаи тоҷик, Саттор Турсун даргузашт

0

Саттор Турсун, нависанда ва адиби шинохтаи тоҷик шоми 5-уми июни соли ҷорӣ дар хонааш аз олам даргузашт. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ наздикон ва шогирдонаш хабар доданд.

Номбурда, аз он ҷумлаи олимон ва адибони тоҷке буд, ки ҳаёти худро дар эҷодиёт ва пажӯҳишҳои илмӣ сарф карда, дар дохил ва хориҷи кишвар ном бароварда буд.

Ин олими тоҷик соли 1946 дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи Узбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Саттор Турсун ҷоизадори Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, узви собиқадори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчун корманди шоистаи фарҳанги кишвар борҳо қадрдонӣ шудааст.

Ин зиёии тоҷик ҳаёти худро бештар дар соҳаи илму пажӯҳиш сарф карда, дар симатҳои гуногуне, ба монанди мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, сардабири “Садои Шарқ”, узви ҳайъати таҳририяи маҷаллаи “Фарҳанг” ва ғайра кор кардааст. Ӯ аз аввалин сухангӯёни Эмомалӣ раҳмон дар соли 1993 маҳсуб мешавад, аммо дар ин симат зёд фаъолият накардааст.

То ин дам асарҳои зиёде аз ин нависандаи чирадасти тоҷик ба нашр расидааст, ки аз ҷумлаи онҳо: “Се рӯзи як баҳор”, “Санг дар бағал ба тӯфон”, “Камони Рустам”, “Мӯйсафедон”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Ҳасрат” ва ғайра мебошанд.