Хона блог саҳифа 309

Истеҳсоли 17 намуд мошинҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон истиҳесоли беш аз 17 намуд мошинҳои ҳарбӣ, аз он ҷумла нафарбарҳои низомӣ ва нақлиёти хусусиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 24-уми майи соли 2023 корхонаи ҷамъу васли нақлиёти ҳарбӣ ва хусусие бо номи ҶДММ “Сипар гурӯҳ” дар шаҳри Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, корхонаи “Сипар гурӯҳ” дар доираи “Солҳои рушди саноат”, 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Ба қавли манбаъ, корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, “дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи кишвар ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.”

Гуфта мешавад, дар ин корхона қисмҳои алоҳида барои омода намудани мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва маданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Имороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад ва дар марҳилаи нахуст иқтидори солонаи он “ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад.”

Барканории судяҳо дар Суғду Хатлон

0

Президенти Тоҷикистон чанд тан аз судяҳои вилояти Хатлонро “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳояшон барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-уми майи соли 2023 бар асоси як Фармони Эмомалӣ Раҳмон “Холматзода Сафаралӣ Қурбон аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Қодирзода Ҳасан Нурулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз мақомҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

Инчунин бар асоси як фармони Эмомалӣ чанд судя, аз ҷумла Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз мансабҳояшон барканор шуданд.

7-уми феврали соли 2020 тибқи як фармони раисҷумҳур, Садриддинзода Насрулло раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъйин гардида буд ва пеш аз он дар вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд машғул ба кор буд. Ва Қодирзода Зафар Абдураҳим бошад, то 22-юми декбари соли 2022 дар вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат кор мекард. Тибқи бархе гузоришҳо, ҳар дуи ин судяҳо ба гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои худ муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба касбу корҳои мухталиф синни ниҳоии дар вазифа будан фарқ мекунад, вале дар аксар ҳолат ин амр барои мардҳо то 25 ва барои занҳо то 20 соли корӣ муайян карда шудааст.

Инчунин дар аксар ҳолатҳои дигар мардҳо дар синни 63-солагӣ ва занҳо ҳам дар синни 58-солагӣ бознишаста мешаванд, аммо Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки зиёда аз 30 сол мешавад, вазифаи раҳбарии кишварро дар даст дорад, аз тарси аз даст додани қудрат бознишаста шудан намехоҳад ва ҳоло ҳам омода нест курсиро ба дигарон таҳвил диҳад.

Латтукӯби бераҳмонаи як сарбоз

0

Дар шабаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дид мешавад, ҷавоне зери дастгоҳи нафаскашӣ дар бемористон беҳуш аст ва гуфта мешавад, ӯ ба кумо рафтааст.

Ба гуфтаи корбарони шабаҳои иҷтимоӣ, ин ҷавон Маҷидов Аслиддин ном дошта, баъд аз латтукӯби бераҳмона аз ҷониби ҳамхидматонаш ба чунин ҳолат дучор шудааст. 

Ҳоло ӯ дар бемористони “Қарияи боло” бистарӣ буда, духтурон вазъи саломатиашро хеле бад арзёбӣ мекунанд ва имкони зинда мондаашро хеле поин медонанд. 

Ба гуфтаи яке аз корбарон, Маҷидов Аслиддин бо хоҳиши худ ба артиш рафта буд ва дигар сарбозон ё ҳамон “дембел”-ҳo ӯро таҳқир намуда, гуфтаанд, ки “Ту боз бо хоҳиши худат ба хидмат меоӣ?” ва бераҳмона латтукӯб кардаанд. 

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки дар аввал пайвандонашро хабар накарда буданд, аммо чун вазъи саломатии ин сарбоз бисёр бад шуд, ба наздиконаш гуфтаанд, ки “аз тарс бемор шудааст”. 

Ин бори аввал нест, ки сарбоз баъд аз латтукӯби шадид дар қисмҳои ҳарбӣ ба бемористон интиқол меёбад. Аз сабаби ин гуна латтукӯбҳои бераҳмона ҳолати марги ҷавонон низ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле зиёд аст.

Бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як тағйиротӣ куллӣ ниёз дорад.  

Хонандагони гиромии Azda.tv, ин хабар аз навиштаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода шудааст ва мо онро таҳқиқ дорем. Барои такмили хабар агар Шумо дар ин бора маълумоте дошта бошед, метавонед ба рақами +48 571 60 8008 дар ватсап ва телеграмма маълумоти худро ба мо фиристед!

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар Тоҷикистон

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикитсон шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони наздикӯҳӣ ва соҳилиро аз омадани селҳо ҳушдор медиҳад.

23-уми майи соли ҷорӣ КҲФ бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ дод, ки имрӯз ва фардо (рӯзҳои 24-25-уми май) “бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад.” Бо назардошти ин вазъият КҲФ эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳии кишварро (ба истиснои шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) хеле қавӣ медонад.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки давоми ин ду рӯз, ки хатари омадани селҳо хеле зиёд аст, “ба соҳили махзанҳои об нараванд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.”  

Ҳамзамон Кумита сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбӯруғҳо, алафҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ кунанд ва инчунин рафтан ба моҳидорӣ ва шикорро низ ба манфиат намедонад.  

Ҳамасола бо расидани фасли баҳору боришоти зиёди борон селҳои зиёде ҷорӣ мешавад, ки дар натиҷа аксар хонаҳо ва киштзорҳои деҳаҳои наздикӯҳӣ ва соҳилии кишварро нобуд сохта, ба сокинон хисороти фаровон ворид мекунад.

Мақомот ҳамеша аз сокинони деҳаҳо талаб мекунанд, ки худашон ба шакли дастаҷамъӣ ҷӯйбору каналҳоро тоза кунанд, аммо сокинон мегӯянд, тамоми таҷҳизоти зарурӣ дар дасти мақомот аст ва мо танҳо бо белу каланд каналҳоро тоза мекунем, ки ин пеши роҳи селро намегирад.

Дар Тоҷикистон нархи бензин боз гарон мешавад

0

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боз ҳам гаронтар мешавад. Нарҳо дар ҳоли афзоиш буда, ҳар ҳафта то 20-30 дирам боло меравад. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба манобеаш хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, нархи бензини навъи АИ-92 аз 8,10 сомонии аввали моҳ ба 8,90 сомонӣ боло рафтааст. Гуфта мешавад, нархи тамоми анвои сӯзишворӣ дар кишвар ҳар лаҳза дар ҳоли афзоиш аст.

“Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт бензини АИ-92 бо нархи 8,90 сомонӣ, АИ-95 – 9,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гази моеъ аз 4 то 4,20 сомонӣ арзиш дорад.”, омадааст дар хабар.

Аммо нархҳо дар шаҳри Хуҷанд каме тафовут дошта, арзиши як литр бензини навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,80 сомонӣ, АИ-95 – 9,20 сомонӣ аст, вале сӯзишвории дизелӣ баробар бо нархи Душанбе (11,20 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гароншавии нархи сӯзишвориро ба кишварҳои содиркунанд ва ширкатҳои коркарди нафтӣ рабт додааст. Инчунин ба гуфтаи ин ниҳод, сабаби дигари гарон шудани нархҳо дар ин бозор “мавсими кишти баҳорӣ” мебошад.

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳисори мутлақи ин тиҷорат аз ҷониби наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва набудани рақобати солим дар ин соҳа мебошад.

Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта 853 ҳазор тонна фаровардҳои нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст. Гуфта мешавад, наздики 90 дарсад бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Русия ва ба ҳамин миқдор гази моеъ аз Қазоқистон ба бозори дохилӣ тавассути ширкатҳои наздикони раисҷумҳур ворид карда мешавад.

Чаро Ҳукумат мехоҳад қабри мухолифинашро пинҳон кунад?

0

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, қабри мухолифони худро, ки дар амалиёти ба ном зиддитерростӣ ба қатл расонида шудаанд, аз чашми мардум пинҳон нигоҳ доранд. 

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар ин авохир Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки мувофиқи он мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва масъулони гӯручӯб ҷасади “террористҳо”-и кушташударо дар ҷойи таъйин кардаи мақомоти тафтишотӣ дафн хоҳанд кард ва дар мавриди ҷойи дафни онҳо ба касе маълумот дода намешавад. 

Тибқи ин қарор, дар дафтари сабт торихи таваллуд ва рақами қабр навишта мешавад, аммо ному насаби онҳо сабт намегардад.

Инчунин ҷасад ба макони дафн дар тобути сарпӯшида (гроб) интиқол дода шуда, дафнашон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда сурат мегирад.

Дар ин қарор зикр шуда, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ кушта шудаанд, намояндагиҳои дипломатии кишварашон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон огоҳ карда мешаванд.

Қарори мазкур 28-уми апрели соли ҷорӣ қабул гардида, рӯзи 5-уми май дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шудааст. 

Гуфта мешавад, пеш аз қабули ин қарор ҳам нафароне, ки дар амалиётҳои “зиддитеррористӣ” кушта мешуданд, ҷасадҳояшон зери назорати шадиди маъмурони амниятӣ аз сардхона ба қабристон барои дафн кардан мебурданд.

Инчунин макони дафни баъзе аз онҳо то ҳол маълум нест. Аз ҷумла, соли 2011 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов)-ро дар Рашт ба соҳибонашон надода, маҳалли дафни онҳоро низ махфӣ нигоҳ медорад.

Ба гуфтаи огаҳони умур, мақомоти кишвар ин қарорро ба хотире қабул кардааст, ки намехоҳанд рӯзе ҷиноятҳояшон, ки дар вақти ин амалиётҳо содир кардаанд ва нафарони бегуноҳро ба қатл расондаанд, таҳқиқ ва ошкор шавад. 

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон 23-уми май дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки “режими имрӯзаи Тоҷикистон аз мурдаи қаҳрамонҳое мисли Муҳаммадбоқир ҳарос дорад”.

Шерзамонов мегӯяд: “Дар арафаи солгарди Вомари хунин мақомоти зиддибашарии Бадахшон наздикони шуҳадоро ҳушдор додаанд, ки ҳар касе оши худоӣ диҳад ё ҳар навъе аз ин қаҳрамонон ёдбуд гузаронад, аз тарафи додгоҳ мавриди таъқиб қарор мегирад. Мақомот хеле дар ҳарос буданд, чӣ рақам мардуми Хоруғ аз Муҳаммадбоқир ёд хоҳанд кард. Ҳамаи ин нигарониҳо боис шуданд, ки ахиран санаде ба тасвиб расида, ки минбаъд инҳо ба худ ҳақ медиҳанд, чунин қаҳрамонони миллатро баъди қатл кардан худашон пинҳонӣ зери хок мекунанд. Бо ин амалашон инҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ ҳад, ҳатто аз мурдаи инҳо дар ҳаросанд”. 

Муовини раиси ПМТ дар идома гуфт, ки “шояд инҳо дар оянда нақшае нисбати зиндониҳо дошта бошанд ва террорист гуфта тамоми нишонаҳои ҷинояташонро таги хок карданианд”.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм садҳо нафар аз мухолифону фаъолонро равонаи зиндон карда, даҳҳо тани дигарро ба қатл расонидаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои ин амалаш мавриди танқид қарор додаанд. 

Синон Уғон дар интихоботи Туркия аз Эрдуғон ҳимоят мекунад

0

Синон Уғон, номзад аз эътилофи OTO дар интихоботи президентии Туркия, ки рӯзи 28-уми май баргузор мешавад, аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳимоят мекунад.

Оқои Синонро, ки сиёсатмадори миллигарои ифротӣ мегӯянд, дар интихоботи прездинтии 14-уми майи соли ҷорӣ бо бадаст овардани 5,2% овозҳо дар мақоми сеюм қарор гирифта буд, 22-уми май дар нишасти матбуотие дар Анқара аз ин тасмимаш ба расонаҳо хабар дод.

Аксар таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пуштибонии Синон Уғон, ки беш аз 2,8 миллиони овозҳоро соҳиб аст, аз яке ин ду номзад – Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қличдоруғлу метавонад нақши калидӣ дар интихоботи президентӣ ва онядаи кишвараш дошта бошад.

Гуфта мешавад, Синон Уғон пас аз он ки интихоботи президентии Туркия ба даври дуюм кашида шуд, ҳам бо эътилофи оппозитстюн ва ҳам бо эътилофи ҳизби ҳоким нишатсу гуфтугӯҳоро оғоз кард. Дар нияҳот ӯ рӯзи душанбе ба расонаҳо гуфт, эътилофи Қличдоруғлу натавонист ӯ ва тарафдоронашро қонеъ кунад.

Дар интихоботи президентии Туркия, ки рӯзи якшанбеи 14-уми майи соли ҷорӣ баргузор шуд, ҳеч номзаде натавонист аксарияти мутлақи ороро касб кунад ва бо ин сабаб интихобот ба даври дуюм гузашт.

Дар он Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз эътилофи “Ҷумҳур” 49,52%, Камол Қличдоруғлу аз эътилофи “Миллат” 44,88%, Синон Уғон аз эътилофи ОТО 5,17% ва Муҳррам Инҷе, ки як рӯз пеш аз интихобот номзадияшро пас гирифт, 0,43%-и овозҳоро ба даст оварда буданд.

Бозии Тоҷикистону Афғонистон мусовӣ анҷом шуд

0

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон, ки дар чорчӯби мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вориди рақобатҳо шуда буданд, бозиро баробар анҷом доданд.

Дар даври дуюми бозиҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки 22-уми майи соли ҷорӣ баргузор шуд, дастаи футболи то 17-солаи Тоҷикистон ва мунтахаби то 20-солаи Афғонистон дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода бозӣ карданд.

Қарор аст 24-уми майи соли ҷорӣ соати 17:00 даври сеюми ин бозиҳо оғоз шавад ва дар ин бозӣ мутнахаби то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи футболи Туркманистон дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, ин чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Баргузории ин бозиҳо яке дар шаҳри Турсунзода ва дуввумӣ дар шаҳри Душанбе дар нақша гирифта шудааст. 24-уми майи соли ҷорӣ дастаҳои футболи Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе вориди майдони рақобатҳо мегарданд.

Вокуниши Вазорати фарҳанг

0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ дар вокуниш ба фурӯши иҷбории чиптаҳои конесрти Юлдуз Усмонова дар шаҳри Ваҳдат гуфтааст, ки чиптаҳо “тариқи озод” фурӯхта мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, асри 22-уми майи соли 2023 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як раддия гуфтааст: Барои баргузории консерти Юлдуз Усмонова ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва фурӯши иҷбории чиптаҳои барномаи мазкур аз ҷониби вазорат ягон мактуб ирсол нашудааст.

Аммо пеш аз ин ба нақл аз муовини раиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат чунин иттилоъ дода шуда буд: “Аз тарафи Вазорати фарҳанг ба шаҳри Ваҳдат барои баргузории консерти Юлдуз Усмонова ҳунарпешаи Узбекистон мактуб омадааст. Чиптаҳо ба мо пешниҳод шудааст. Чиптаҳо 30 ва 50 сомонӣ аст. Ин як нархи дастрас аст, ки мардум омада хурсандӣ кунанд.”

Бо ин ҳол вақте ин хабар расонаӣ гардид, дар бознашр кардани он дигар расонаҳои кишвар ҳам саҳмгузорӣ карданд ва тавонист дар як замони кӯтоҳ ба вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ гардад. Вазорати фарҳанг ҳам баъд аз ин вокунишҳо бо нашри як раддия иттилоъ дод, ки “аз ҷониби Вазорати фарҳанг расмиёти сафари ин ҳунарпеша ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.”

Гуфта мешавад, консерти навбатии сарояндаи Узбекистонӣ Юлдуз Усмонова дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки ҳудуди 26 ҳазор нафар гунҷоиш дорад, шоми имрӯз, 23-уми майи соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон багузор карда мешавад.

Радиои Озодӣ таҳти унвони “Аз табиб то мулло. Фурӯши иҷбории чиптаи консертии Юлдуз дар Ваҳдат” як матлаберо нашр карда буд ва дар он таъкид мегардид, ки вақте дар ин бора бо Вазорати фарҳанг тамос гирифтанд, “як масъули ин вазорат бидуни он ки ба суолҳо дар мавриди баргузории ин консерт посух диҳад, бо асабоният гуширо гузошт.”

Эмомалӣ Рамҳон: Шумо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед!

0

Имрӯз, 23-юми майи соли 2023 дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон аст ва дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногун аз он таҷлил мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки тамоми марказҳои қабули қарор ва манбаъҳои пурдаромади давлатро байни фарзандон, домодҳо, қудоҳо ва наздикону пайвандони худ тақсим кардааст, дар паёми шодбошии худ хитоб ба ҷавонон гуфт, шумо бояд “манфиатҳои давлативу арзишҳои миллиро ҳимоя кунед ва дар мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонагардида омода бошед.”

Президенти Тоҷикистон, ки ба сурати ғайриқонунӣ беш аз се даҳсола инҷониб курсии президентиро муҳкам қапидаву ахиран ҳам бо қимати беш аз як миллиард сомонӣ барои худаш аз буҷаи давлат як ҳавопаймо харида аст, мегӯяд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти амалкунандаи кишвар, ки бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нест, ки ба сурати қонунӣ курсии раёсати ҷумҳуриро ба касе дигар таҳвил бидиҳад, таъкид мекунад: “Мо ҷавононро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.”

Дар ин муддати 31 сол ҳамарӯза ҷавонони кишвар мебинанд, ки дар раъси қудрат ҳеч гуна тағйироти калидие ба вуҷуд намеояд ва расман дар Сарқонуни кишвар ҳам таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон метавонад барои ҳамеша ва то вақте зинда аст, президенти кишвар боқӣ бимонад, чӣ гуна онҳо ин паёми Президенти Тоҷикистонро, ки таъкид карда “шумо бояд ҳушёру зирак бошед“, қабул кунанд ва дилгарм шаванд, ки оянадаи беҳтареро дар Тоҷикистон метавонанд барои худашон рақам бизананд?

Президенти Тоҷикистон мегӯяд, аксари қишри аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, акнун суол ин ҷост, ки онҳое, ки қасди ворид шудан ба сиёсат ва раҳбарӣ кардани кишварро доранд, дар шароити ҳозираи Тоҷикистон ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон бовар карда, барои сохтани ояндаи беҳтар дар кишвар бимонанд ё мисли онҳое, ки ҳар рӯз гурӯҳ-гурӯҳ шуда, тарки Ватан мекунанд, қасди сафар намоянд?

Амруллоҳи Низом