Хона блог саҳифа 308

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

0
Акс аз архив

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва “рейд”-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ Маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод, ки вазири ин ниҳод Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар робита ба латтукӯби беш аз сад донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар Шарқи дури Русия ба ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев барқия фиристода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар таҳқиқи ҳодисаи мазкур мусоидат кунад.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш таҳқиқ ва холисона баррасӣ намудани “рейд”-ҳои мақомоти интизомии русро алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ҷӯё шудааст.

Пештар аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо даъват намуда, хостори таҳқиқи ҳодисаи мазкур шуда буд.

Пас аз эҳзори сафири Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вокуниши расонаҳои Русия зиёд шуд. Дар аксар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоии Русия гуфта мешуд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз соли 1993 соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, бояд шаҳрвандияшон бекор ва худашон ихроҷ шаванд ва ҳамзамон аз мақомоти кишварашон хостори ҷорӣ кадани низоми раводид (виза) байни кишварҳо шуданд.

Дар ҳамин ҳол корбарони тоҷик низ дар посух ба ин дархостҳои расонаҳои Русия вокуниш карда, навиштанд, ки агар қарор аст чунин бошад, аввал Русия бояд пойгоҳи низомии 201-ро, ки дар Душанбе ҷойгир аст ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи ин кишвар гуфта мешавад, аз Тоҷикистон берун када шавад.

Аммо то ҳол вокунишҳои расмии ниҳодҳои давлатӣ дар ин бора нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз ҳафтаи гузашта мақомоти Русия дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар даст ба тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон заданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин “рейд”-ҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда истодааст.

Гуфта мешавад, боздошт ва латтукӯби донишҷӯён ҳам дар пайи ин “рейд”-ҳо субҳи 19 май сурат гирифтааст. Муқомти интизомӣ ва амниятии Русия суҳби барвақт ҳангоми хоб будани донишҷӯён ба хобгоҳ зада даромада, беш аз 100 нафарро боздошт ва бераҳмона латтукӯб кардаанд. Гуфтанист, айни ҳол мақомоти дахлдори ин кишвар вобаста ба қазияи мазкур тафтишотро оғоз кардаанд.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Дар изҳороти Вазорати мудофиа, ки рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ нашр гардид, гуфта мешавад, ки Маҷидов Аслиддин аввали моҳи апрели соли 2023 аз ноҳияи Рашт ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, рӯзи 13-уми май худро нотоб ҳис намуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат кардааст. 

“Духтури нуқтаи тиббӣ ҳолати беморро ташхис карда, ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонад ва волидони сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад. Волидони сарбоз санаи 14.05.2023 ҳангоми хабаргирии фарзандашон ҳолати ӯро мӯътадил дармеёбанд ва аз командири қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад”,- омадааст дар изҳороти Вазорат.  

Ба иддаои Вазорати мудофиа баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан, вазъи саломатии Аслиддин дар хона бад мегардад ва волидонаш ӯро рӯзи 17-уми май барои ташхису муойина ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” мебаранд ва духтурон муайян мекунанд, ки сарбоз ба бемории “Алоими Гийенна Барре” мубтало шудааст. 

Вазорат аз қавли духтари асабшиноси ин марказ Дилафрӯз Қосимова менависад, ки “Вақте мо бо ҳамроҳии мутахассисони соҳа тамоми бадани бемор сар, гардан, қафаси сина, миён ва тамоми ҷойҳои сутунмӯҳраи Маҷидов А-ро муойина карда, томографияи комютерӣ гузаронидем, дар бадани ӯ ягон осору нишонаҳои лату кӯб дида намешуд ва ташхис муайян кард, ки сарбоз Маҷидов Аслиддин гирифдории бемории “Алоими Гийенна Барре” мебошад”. 

Ба гуфта духтур “Ин беморӣ асосан аз вайрон гардидани иммунитет вобастагӣ дорад ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки дар натиҷаи худ ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад”.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми майи соли ҷорӣ Azda.tv хабареро нашр кард, ки дар он аз латтукӯби бераҳмонаи сарбоз Маҷидов Аслиддин аз ҷониби ҳамхидматонаш ва дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ётани ӯ гуфта мешуд. 

Инчунин дар шабаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, Аслиддин зери дастгоҳи нафаскашӣ дар бемористон қарор дорад.

Вазорати мудофиаи кишвар дар ҳоле хабари латтукӯби ин сарбозро рад мекунад, ки корбарон мегӯянд, Маҷидов Аслиддин бо хоҳиши худ ба артиш рафта буд ва дигар сарбозон ё ҳамон “дембел”-ҳo ӯро таҳқир намуда, гуфтаанд, ки “Ту боз бо хоҳиши худат ба хидмат меоӣ?” ва бераҳмона латтукӯб кардаанд. 

Бино ба иттилои манбаъ, баъд аз ин ҳодиса дар аввал пайвандонашро хабар накарда буданд, аммо чун вазъи саломатии ин сарбоз бисёр бад шуд, ба наздиконаш гуфтаанд, ки “аз тарс бемор шудааст”. 

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъд аз нашри навори зери дастгоҳи нафаскашӣ будани Аслиддин ва хабари латтукӯб шуданаш мақомоти интизомии кишвар ба пайвандон ва табибони бемористон фишор овардаанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин хабарро нашр кардаанд, бинависанд ва бигӯянд, ки хабар дурӯғ аст ва талаб кунанд, ки хабару наворро аз сомонаҳо пок кунанд.  

Ин бори аввал нест, ки сарбоз баъд аз латтукӯби шадид дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ба бемористон интиқол меёбад. Аз сабаби ин гуна латтукӯбҳои бераҳмона ҳолати марги ҷавонон низ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле зиёд аст. Аммо Вазорати мудофиа дар аксар ҳолатҳо вуҷуди бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбиро рад мекунад ва маргу мири сарбозонро ба беморие рабт медиҳанд ва бо ин роҳ рӯи ҷиноёти сарбозкуширо мепӯшонанд.

Бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як тағйиротӣ куллӣ ниёз дорад.  

Истеъфои сармуррабии футбол

0

Сармураббии дастаи пуровазадори “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 25-уми майи соли 2023 аз шикастҳои пай дар пайи дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода Алиёр Ашурмамадов, сармураббии он аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар ҳамин мавсими бозиҳои даври 11-уми Лигаи Олӣ Регар-ТадАЗ, “зери роҳбарии Ашурмамадов 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикастро ба қайд гирифта аст.

Гуфта мешавад, Алишер Ашурмамадов пас аз ин бозиҳои даври 11-уми Лигаи Олӣ, ки дастаи зери раҳбариаш дар раддабандии беҳтаринҳо аз охир ҷои дуввумро ишғол кард, ба гуфтаи “ВАРЗИШ ТВ” сармураббӣ бо раҳбарияти ин даста “барои қатъи қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.” Ва дар ҳоли ҳозир ин дастаро  Фарҳод Холбеков, ки қаблан ёвари сармураббӣ буд, идора мекунад. 

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

0

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расида, дар бархе минтақаҳо хисороти зиёдеро ба бор овардааст.

Рӯзи 25-уми майи соли 2023, Вазорати ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон иттилоъ дод: “Як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарби раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ буд.”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи кишвар иттилоъ дод, ки “24 майи соли 2023 сооати 14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд.”

Ба қавли манбаъ, 23-уми майи соли равон низ “ба деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сел омад ва лойоба ба манзили истиқоматии се сокини деҳа ворид гардид, ҳамчунин 10 қитъаи наздиҳавлигӣ қисман зарар дид.”

Гуфтанист, дар бархе наворҳое, ки аз шаҳри Ваҳдат бардошта шудаанд, дида мешавад, ки бар асари боришоти зиёд ва ҷорӣ шудани селу лойоба бархе мошинҳоро бо худ мебарад ва ҳамзамон дар яке аз онҳо бо садои баланд гуфта мешавад, ки ин селу лойоба сокинеро бо номи Сайфулло, ки дар дохили мошинаш чанд нафар мусофир ҳам будааст, ҳамаро якҷоя гирифта бурдааст.

Инчунин дар бархе наворҳо дида мешавад, ки ин селу ва обхезеҳо ба роҳҳо ва хонаҳои мардум зарар расонидаву даҳҳо гову гусфанди мардумро низ аз по афтондааст. Мардум тавонистаад, ки қисмеро ҳалол кунанд, аммо қисми зиёди дигар талаф ёфтааст.

Бархе сокинон мегӯянд, яке аз иллатҳои асосии сар задани селу обхезиҳо дар Тоҷикистон сари вақт даруст мустаҳкам накардани соҳилҳо ва тоза накардани ҷӯю каналҳо мебошад.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 24 майи соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрии масъулони ин ниҳод бо сафири Русия дар Тоҷикистон С. Григорев сурат гирифт.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот “ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд. Ҳамзамон зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак қайд карда шуд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “инчунин ҳодисаи субҳи 19 май дар хобгоҳи № 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии “Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур”-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Россия бавуқуъомада, ки зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муҳассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия мавриди бозпурсӣ ва муносибати бераҳмона қарор дода шуданд, муфассал баррасӣ гардид.”

Гуфта мешавад, аз як сӯ дар рӯзҳои ахир боздошту шиканҷаи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар шаҳри Маскав ва дигар бузургшаҳрҳои он мавҷи вокунишҳои муҳоҷирон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст. Ва аз сӯи дигар, хеле аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар суҳбатҳои алоҳида бо расонаҳо таъкид мекунанд, ҳангоми муроҷиат кардан барои тамдиди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти расмӣ, дар аксар ҳолатҳо бо ваъдаҳои зиёд онҳоро барои иштирок кардан дар ҷангҳои Украина даъват мекунанд.

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов паси дарҳои баста

0

25-уми майи соли 2023 дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Хуршед Фозилов паси дарҳои баста баргузор гардид. Додситон ба рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб кард.

Пайвандони ин рӯзноманигори боздоштшуда дар суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳоро расман ба мурофиа даъват накарда буданд. Аммо пас аз талаби додситон ва суханронии вакили мудофеъ баҳс ба миён омада, бародар ва модари Хуршед Фозиловро ба макони мурофиа роҳ додаанд.

Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов мегӯяд, аз ӯ пурсидаанд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард ё не? “Суол доданд, ки кумаки молӣ менамуд? Гуфтам, фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам.”

Дар мурофиа аз рӯзноманигор ду вакили мудофеъ – Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов ҳимоят кардаанд. Вакили мудофеъ Анвар Бобохонов гуфтааст, ки иттиҳом нисбати зерҳимояааш беасос аст ва аз додрас хостааст, ки ин рӯзноманигорро аз толор озод кунад.

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ду ҳафта пеш ба охир расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.

Модари рӯзноманигор аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов дар ҳоле дар боздоштгоҳ баргузор мешавад, ки пештар Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хост, ки мурофиаро дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор кунанд ва ба наздикону пайвандонаш иҷозаи ширкатро диҳанд. Аммо ин дархостро додрас рад кардааст.

Одатан мурофиаҳои додгоҳии фаъолону рӯзноманигорон ва мухолифон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ паси дарҳои баста баргузор мешавад. Мақомот ҳамингуна мехоҳад далелҳоеро, ки бегуноҳии ин афродро собит мекунанд, аз чашми ҷомеа пинҳон нигаҳ доранд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. 

Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, ки мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад. 

Саҷдаи Роналду баъди гол задан. Ӯ мусалмон шудааст?

0
A Lebanese woman protester walks draped in a national flag along the Fuad Chehab avenue, near the Martyrs' Square, in the centre of the capital Beirut on October 29, 2019 on the 13th day of anti-government protests. - An unprecedented cross-sectarian movement has brought major cities across Lebanon to a standstill since October 17, as protesters keep up demands for a complete overhaul of the political system. (Photo by JOSEPH EID / AFP)

Криштиано Роналду ҳамлагари дастаи футболи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ шоми сешанбе дар бозии мусобиқавӣ бо дастаи “Ал-Шабоб” пас аз расондани ҳадаф аз хушҳолӣ ба замин афтода, саҷда кард.

Гуфта мешавад, саҷда кардани ин бозигари партуғолӣ дар ҷараёни бозиҳои даври 28-уми чемпионати Лигаи касбии Арабистони Саудӣ, мавсими 2022-2023, ки дар варзишгоҳи “Марсол Парк” анҷом ёфт, ба титри расонаҳо роҳ ёфта, вокунишҳои зиёди корбаронро ба бор овардааст.

Бархе навиштаанд, ки Роналду мусалмон шудааст, аммо бархе дигар инро рад карда, мегӯяд, саҷда кардан дар ҳама динҳо ҳаст ва ӯ танҳо барои хушҳолияш ин корро кардааст. Ҳамчунин бархе аз корбарони дигар менависанд, ки Роналду аз рафиқону ҳамтимҳояш, ки қариб ҳама мусалмонанд, тақлид намуда, саҷда кард.

Аммо то ҳол худи ӯ расман дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Дар ин бозӣ дастаи “Ал-Шабоб” ду голро ба ҳадаф расонд, аммо дастаи “Ан-Наср” бо 3 гол, ки якумиро дар дақиқи 44-уми бозӣ ҳамлагар Талеско, голи дуюмро дар дақиқи 51 Абдураҳмон Ғариб ва дар дақиқаи 59 Криштиано Роналду заданд, ки бо ҳамин ин даста ғолиби бозӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки январи соли ҷорӣ Роналду бо Бошгоҳи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ шартномаи 200 миллонӣ дар сол баста, вориди он шуд.

Гуфта мешавад, 90 дарсади ин маблағ аз ҷониби ҳукумати Саудӣ ба ин бозингар дода мешавад ва боқӣ 10 дарсади он аз ҷониби худи Бошгоҳи “Ан-Наср”.

Мулоқоти Президенти Узбекистон бо Президенти Сингапур

0

Президенти Узбекистон бо Президенти Сингапур дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар мулоқот кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 23-уми майи соли 2023 Ҳалима Яъқуб, Президенти Сингапур бо сафари расмӣ вориди Узбекистон шуда, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти ин кишвар дидору мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, зимини барномаи сафарии Президенти Сингапур ба Узбекистон, қарор аст хонум Ҳалимаҳ Яъқуб бо раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳдори Тошканд ва шуморе аз раҳбарони мазҳабӣ низ дар ин кишвар мулоқот кунад.

Робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ин ду кишвар аз оғози соли ҷорӣ то ҳол 6 баробар зиёд шуда, тибқи оморҳои расмӣ, Сингапур яке аз бузургтарин кишварҳои сармоягузор дар Узбекистон ба ҳисоб рафта, дар ҳоли ҳозир пружаҳои мавриди иҷрои ин кишвар дар Узбекистон ҳудуди 3 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, Ҳалимаҳ Яъқуб бо даъвати ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев барои ду рӯз вориди ин кишвар шудааст. Вай бар хилофи тамоми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳангоми сафарҳои хориҷӣ бо дабдабаи хос ва сарфу харҷҳои зиёд аз як кишвар ба кишваре дигар мераванд, вай танҳо ҳамроҳи шавҳараш бо ҳавопаймои мусофиркашонии Узбекистон вориди Тошканд шуд.

Ин рафтори хонум Ҳалимаҳ Яъқуб, ки яке аз қавитарин кишварҳои дорои иқтисоди бартарро дар сатҳи ҷаҳон идора мекунад؟ ба вокунишҳои зиёде дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ؟ бахусус Тоҷикистон дорои яке заъифтарин иқтисодҳои дунёст, рӯбарӯ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмони 70-сола, ки муддати 30 соли раҳбариаш Тоҷикистон дар ботлоқи қарзҳои хориҷӣ ғутавар шудааст, моҳе пеш махсус барои сафарҳои хориҷиаш бо қимати беш аз як миллиард сомонӣ ҳавопаймои махсус харид. Бархе корбарони тоҷик ҳам мегӯянд, зоҳиран Президенти Сингапур бо анҷоми ин сафари давталиаш ба кишвари ҳамсоя ба Президенти Тоҷикистон ҳам паём фиристод, ки бо сарфи камтарин хароҷот ҳам мешавад мисли мардуми оддӣ ба сафарҳои давлатӣ ва расмӣ ба кишварҳои дуру наздик рафт.

Тоҷикистон худкоматарин кишвари дунё унвон шуд

0

Хонаи Озодӣ” (Freedom Hous) дар гузориши ахираш дар мавриди демократия ва озодиҳои инсонӣ, Тоҷикистонро аз ҳама кишвари диктотурӣ ва худкоматарини дунё муаррифӣ кардааст.

Тибқи ин гузориш, вазъи озодӣ ва демократия дар Тоҷикистон сол то сол бадтар шуда, имсол бо гирифтани 1,04 хол дар радифи худкоматарин кишварҳои дунё қарор гирифт. Ба гуфтаи гузоришгарон, сатҳи иҷрои демократия дар Тоҷикистон имсол 0,60 дасрад будааст.

Дар ҷадвали нави “Хонаи Озодӣ” кишвари Туркманистон аз Тоҷикистон як зина поёнтар буда, 1 хол гирифтааст ва сатҳи иҷрои демократия 0 дарсад арзёбӣ мешавад.

Тибқи баҳогузории ин созмон, Тоҷикистон аз соли 2013 то соли 2023 ҳамасола рӯ ба сӯи худкомагӣ ниҳода, дар он вазъи демократия ва озодии сухану дигар озодиҳои инсонӣ бадтар мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ созмони мазкур дар робита ба баҳогузории озодиҳо дар ҷаҳон Тоҷикистонро аз 100 хол 7 хол дода, онро кишвари ноозод номида буд.

Дар гузориш омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон, дар соли 2022 қудрати худро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, ниҳодҳои мустақилро саркӯб кард. Инчунин ин созмон аз эътирозҳои мардумии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят лашкар кашида, эътирозҳои осоиштаро зӯран пахш кард ва садҳо нафарро бо иттиҳоми сохта равонаи зиндон намуд.

Созмони ҳуқуқии Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон то рафт ҷомеаи пӯшида шуда, дар он диктотура рушд меёбад ва рақаботи сиёсӣ вуҷуд надорад. Инчунин аз гуногунандешӣ пешгирӣ мешавад ва ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии мардум ба таври густарда нақз мегардад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳокимият хеле мутамарказ шуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳдудиятҳои аз ҳад зиёди Ҳукумат рӯбарӯ аст. Озодии баён аз байн рафта, расонаҳои мустақил амалан вуҷуд надоранд ва барои гузориши мустақил ё танқиди Ҳукумат таъқиб ва ҷазои шадид пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон ин созмон низоми додгоҳӣ ва рушди фасодро дар Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии қафомонии Тоҷикистон аз ҷомеаҳои демократӣ хондааст.

Бино ба ин гузориши нави “Freedom Hous”, дар умум сатҳи татбиқи низоми демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле поин буда, дар зинаи аз ҳама болотар Қирғизистон қарор гирифта, низоми демократиро 11 дарсад иҷро мекардааст. Аммо боқӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон 5 дарсад, Узбекистон 4 дарсад, Тоҷикистон 1 дарсад ва Турманистон 0 дарсад гуфта мешавад.

Ин созмон барои пешгирӣ аз ҷиноёти кишварҳои худкома пешниҳод мекунад, ки кишварҳои демократӣ ва ҷиҳатҳои масъул аз роҳҳои дипломатӣ талош кунанд пеши роҳи онҳоро бигиранд. Ва пешниҳоди дигари ин созмон ин аст, ки ба мақомоти баландпояи ин кишварҳои худкома виза дода нашавад ва ё дороиҳои онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико масдуд шаванд.

Рейди муҳоҷирон дар Русия

0

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия мақомоти ин кишвар даст ба тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон задаанд.

Гуфта мешавад, ин “рейд”-ҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда истодааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷиронро бо худ ба шуъбаҳои пулис ва дигар ниҳодҳои қудратӣ мебаранд.

Дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои лозима барои кор ва истиқомат дар Русия муҳоҷиронро раҳо мекунанд. Аммо онҳое, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро надоранду қонунҳои муҳоҷиратро нақз мекунанд, боздошт ва дар оянда ихроҷ мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

То ҳол мақомоти Русия сабаби яку якбора даст задан ба тафтиши густурдаи муҳоҷиронро шарҳ надодаанд.