8.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 32

Фармон! Кори муҳоҷирон дар Русия боз ҳам маҳдуд мешавад

0

Раиси вилояти Новосибирский бо судури фармони махсус кор кардани муҳоҷирони бешаҳрвандиро хеле маҳдуд кардааст.

Андрей Травников, раиси вилояти Новосибирский бо имзои ин фармон кор кардани муҳоҷирони хориҷиеро, ки шаҳрвандӣ надоранд ва бо иҷозатномаи корӣ (патент) кор мекунанд, дар чанд самт мамнуъ кардааст.

Дар ин фармон, ки аз аввали моҳи октябр содир шудааст, гуфта мешавад, кор кардани муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва савдои нӯшокаҳо дар мағозаҳо, нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, ошхона ва мағозаҳои фурӯши ғизо дар дохили идора ва мактабу донишгоҳҳо, хӯроккашонӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ қатъиян мамнуъ аст.

Гуфта мешавад, ин қарор махсуси вилояти Новосибирский аст ва аз аввали соли 2026 фармон ба ҳукми иҷро медарояд. Дар фамони мазкур соҳаи сохтмон ва биносозӣ, ки одатан муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин ҷойҳо кор мекунанд, зикр нашудааст. Зоҳиран дар ин соҳа барои муҳоҷирони бешаҳрвнадӣ маҳдудият нашудааст. Аммо ба гуфтаи муҳоҷирон, дар ин соҳа низ кор кардан осон нест. Чун иҷозати корӣ (патент)-ро хеле гарон кардаанд.

Рӯзи чоршанбе як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Новосибирский, бо шарти ифшо нашудани номаш дар тамос бо Azda tv гуфт, ки аз ин фаромн огоҳ аст, вале то ҳанӯз он иҷро нашудааст. Ӯ гуфт, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва аксари муҳоҷирон низ барои мушкил эҷод нашудан ба гирифтани шаҳрвнадӣ талош мекунанд. Аммо вай таъкид кард, ки дар умум маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон нисбат ба солҳои қаблӣ ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст.

Аз ин пеш низ шаҳрдории Маскав ва баъзе раҳбарони вилоятҳои Русия чунин фармонҳоеро содир карда буданд, ки муҳоҷирон наметавонанд дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолият кунанд. Мақомоти Русия ин тасмимҳои худро “беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва амниятии шаҳрвандон” ва “дар авлавият гузоштани шаҳрвандони Русия барои таъмини ҷои кор” унвон мекунанд.

Аммо ба назари таҳлилгарон, тасмимҳои маҳдудсозии шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз сар задани ҷанги Русия бо Украина оғоз ёфт. Зеро ин ҷанг ба шароити иқтисодии Русия бетаъсир набуд. Аммо – ба гуфтаи онҳо, бо ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Маскав, ки аксари гумонбаронаш муҳоҷирон тоҷикистонӣ буданд, ин раванд шиддат гирифт.

Мулоқоти Раҳимзода ва Пизишкиён дар Эрон

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодла бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Мулоқоти Раҳимзода ва Пизишкиён 28-уми октябри соли ҷорӣ, дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар Эрон баргузор гардидааст. Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Раисҷумҳури Эрон дар ин мулоқот изҳори нигаронӣ кардааст, ки “бегонагон дар талошанд” монеи эҷоди робитаҳои нек миёни кишварҳои исломӣ бошанд ва бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус бо кишварҳои исломӣ бар асоси умумиятҳои фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ таъкид намуда, пешниҳод карда, ки кишварҳои минтақа метавонанд барои осон кардани робитаҳои иқтисодӣ, пули муштараки минтақавиро таъсис диҳанд.

Пизишкиён ҳамчунин ба раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салом расонда, таъкид карда, ки мардуми ду кишвар аз забон, фарҳанг ва адабиёти муштарак бархӯрдор мебошанд ва ин сарвати фарҳангӣ метавонад заминаи ояндаи дурахшон барои халқҳо гардад.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъкид намуда, ки таъмини амният барои густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти бузург дорад ва Эрону Тоҷикистон бояд дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқ ҳамкории зич дошта бошанд. 

Инчунин Раҳимзода иддао кардааст, ки “Мардуми Тоҷикистон Президенти Эронро дӯст медоранд ва шаҳри Теҳронро хонаи худ мешуморанд”.

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Масъуд Пизишкиён дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар чанд соли пеш равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор гашт, бо маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ва то имрӯз чандин мақомдори баландпояи Эрону Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ анҷом медиҳанд.

Канда шудани порае аз пиряхи бузург дар Тоҷикистон

0

Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод аз қаторкӯҳои Исмоили Сомонӣ порае аз як пиряхи бузург канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидаст.

Тавре Вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳад, ҳодисаи мазкур 25-уми октябри соли ҷорӣ тахминан соати 11:00-и рӯз дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод рух додааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан ду километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.

Вазорат мегӯяд, хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти ҷиддие надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, “бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.”

Тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон 14 ҳазор пирях сабти ном шудааст. Аммо гуфта мешавад, аз ин шумор зиёда аз 1300-тои он пурра об шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар нишасте дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон “бо суръати шадид об мешаванд”. Вазири энергетика таъкид кард, ки “дар асри 20 тақрибан 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд.”

Иштирокдорони задухӯрди гурӯҳии Маскав ихроҷ ва аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд

0

Муҳоҷироне, ки дар задухӯрди гурӯҳӣ дар шаҳри Маскав ширкат карда буданд, хатари ихроҷ ва ё бекор шудани шаҳрвандӣ таҳдидашон мекунад.

Мақомоти пулиси ин кишвар мегӯяд, дар пайи задухӯрди шадиди гурӯҳӣ дар маҳаллаи истиқоматии “Прокшино”-и шаҳри Маскав, ки рӯзи 25-уми октябр миёни гурӯҳҳои муҳоҷирон рух дод, пулис беш аз 80 нафарро барои бозпурсӣ боздошт кардаст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин муноқиша иштирок доштанд, аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд ва вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ мешавад.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои русӣ, дар задухӯрди гурӯҳӣ, ки бо истифода аз калтак, бел ва дигар ашёи сахт сурат гирифтааст, шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд ва фазои ваҳшатнок дар маҳалла ба вуҷуд омадааст. Ҳанӯз сабаби аслии задухӯрди гурӯҳӣ маълум нест ва гуфта нашудааст, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.

Мақомот мегӯянд, 19 нафар барои амали авбошӣ боздошт шудаанд. Пулис таъкид карда, он муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русия доранд ва дар задухӯрди мазкур иштирок доштанд, эҳтимол аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда мешаванд.

Баяд гуфт, ки пас аз ҳамлаи хунин дар толори консертии Маскав дар соли 2024, ки дар он муҳоҷирони тоҷик гумонбар буданд, мавҷи нигаронӣ аз муҳоҷират дар ин кишвар афзуда, назорату маҳдудиятҳо дар ин самт сахттар гардидааст.

Коршиносон ин иқдомҳоро ҳамчун афзоиши фишор болои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, медонанд.

Задухӯрди навбатӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон

0

Миёни нерӯҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон даргирии мусаллаҳони навбатӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, муноқиша 25-уми октябри соли ҷорӣ, дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ рух дода, дар он чанд нафар кушта шудаанд, аммо шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиён маълум нест.

Бо гузашти ду рӯз аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва Толибон дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ низ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифта, 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Он даргирӣ низ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифта буд.

Пас аз ин даргирӣ дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд.

Бояд гуфт, задухӯрди ахир миёни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки 23-юми октябри соли ҷорӣ Юсуф Вафо волии Толибон дар вилояти Балх бо даъвати расмӣ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишвар, аз ҷумла бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши равобити дипломатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ миёни Душанбе ва Кобул таъкид карда, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро авлаияти кори худ донистанд. 

Дар ин дидор Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ваъда дод, ки аз хоки кишвар ҳеч фаъолияте бар зидди Толибон анҷом нахоҳад шуд.

Пешгирӣ аз қочоқи ғайриқонунии садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон

0

Мақомоти амниятӣ ва марзбонии Узбекистон иттилоъ медиҳанд, ки зимни як амалиёти махсус аз қочоқи маблағи зиёд ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Тавре расонаҳои узбеситонӣ хабар медиҳанд, амалиёти пешгирӣ аз кӯшиши ғайриқонунии интиқоли маблағи бисёр бузурги нақдӣ ба Тоҷикистон дар шаҳри Бекабади вилояти Тошкант аз сӯи маъмурони Хадамоти амнияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳоди гумруки Узбекистон анҷом шудааст.

Тафтишот муайян карда, ки як шаҳрванди маҳаллӣ, шаҳри Бекабад, соли таваллудаш 1991, қасд дошта бо роҳи қочоқӣ 18,68 миллион рубли русӣ, 140,7 ҳазор сомонии тоҷикӣ ва 180 миллион суми узбекиро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Барои пинҳон кардан ва интиқоли ин ҳаҷми маблағ, ӯ пулҳоро ба қисмҳо тақсим карда, 34 нафарро истихдом карда, ба ҳар кадом маблағи муайяне додааст, ки ин пулро интиқол диҳандд. Ҳамаи онҳо ҳангоми вуруд ба гузаргоҳи марзии “Фарҳод” дастгир шуданд.

Инчунин дар хабар гуфта мешавад, мақмоти амниятӣ ва марзбонӣ ҳангоми тафтишоти иловагӣ аз дохили як мошини тамғаи “Tracker”, ки ба қочоқбарон тааллуқ доштааст, маблағҳои иловагиро низ пайдо ва мусодира карданд. Аз ҷумла, аз ин мошин 13,54 миллион рубли русӣ, 24,1 ҳазор сомонии тоҷикӣ, 885 евро, 300 доллари ИМА, 300 юани чинӣ, 6 840 сомҳои қирғизӣ ва 10,2 миллион суми узбекӣ пайдо карданд. Ҳамаи маблағҳо дар бастабандиҳои алоҳида барои интиқоли баъдӣ ба Тоҷикистон омода шуда будаанд.

Дар маҷмуъ, маблағи мусодирашуда дар муқоиса бо асъори миллӣ узбекӣ беш аз 5,2 миллиард сум (зиёда аз 429 ҳазор доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.

Мақомоти Узбекистон мегӯяд, ҳоло ин сокини шаҳри Бекабад боздошт шуда, бар зидди ӯ тибқи банди “а”-и қисми дуюми моддаи 182 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Узбекистон (Интиқоли ғайриқонунии молу мулки асъорӣ тавассути сарҳади гумрукӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ ҳоло дар ҷустуҷӯи шахсони масъул ва соҳибони ҳақиқии маблағҳои мусодирашуда ҳастанд.

Ҳамлаи шабонаи Русия ба Киев се кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт

0

Шаби 25-уми октябри соли 2025 Русия бо истифода аз паҳподҳои интиҳорӣ пойтахти Украина, шаҳри Киевро ҳадаф қарор дод.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаи густурда се нафар, аз ҷумла як духтари 19-сола ва модари 46-солаи ӯ кушта шуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Украина, 29 нафар, аз ҷумла ҳафт кӯдак дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамла боиси оташ гирифтани ду бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Деснянскийи пойтахт шуд ва гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ даҳҳо нафарро аз биноҳои 9 ва 16-ошёна тахлия карданд.

Бино ба изҳороти нерӯҳои ҳавоии Украина, Русия дар ин ҳамла 101 паҳпод истифода бурд, ки 90-тои онҳо безарар гардонида шудаанд. Ин ҳамла дуюмин ҳамлаи шабонаи пайдарпай ба Киев дар чанд рӯзи охир буд, ки аз мардуми осоишта чанд нафар кушта шуд.

Президенти Украина, Владимир Зеленский пас аз ин ҳамла аз кишварҳои ғарбӣ даъват кард, то системаи дифои ҳавоии бештар ба Украина таъмин кунанд.

Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки ҳадафҳои ҳамла ин бор инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои оҳан ва нуқтаҳои ҷойгиршавии нерӯҳои низомии Украинаро дар бар мегирифт.

Киев дар ҳафтаҳои охир пайваста зери ҳамлаҳои шабонаи паҳподҳо ва мушакҳо қарор дорад, ки боиси хисорот ва талафоти ҷонии зиёд дар байни аҳолии осоишта шудааст.

ЧАРОҒҲОИ ХОМӮШШУДАИ ҶОМЕА

0

Худовандо, омӯзгоронро биёмурз. Умрашонро тӯлонӣ ва касбашонро пуррӯзӣ гардон!

Пайёмбари Акрам (С)

Тоҷикон мегӯянд: «дониш чароғи равшан аст». Хелеҳо ҳам ҳастанд, ки муаллимонро ба унвони чароғҳои равшани ҷомеа мешиносанд. Ҷомеае муваффақ мешавад, ки агар муаллимонаш сарфароз бошад. Тоҷикон аз бузургтарин муаллимони таърихашон ифтихор доранд, вале вазъи имрӯзашон нишон медиҳад, онон ноумед аз зиндагӣ ва ҳаргиз мисли жопониҳо наметавонанд бишаванд, ки муаллимонашонро аз ризояту сидқу сафо ба унвони қаҳрамонони зиндагиашон мепарастанд. 

Тасаввур меравад, давраи истиқлолият давраи мадҳу ситоиш шудааст. Истиқлоли миллӣ ҳадияи ногаҳоние барои тоҷикон ва тоҷикистониён буд, ки бояд ба қадраш расид. Беш аз се даҳсола аст, мадҳи истиқлол мекунем ва ҳаргиз хаста намешавем. Аз дастовардҳои истиқлолият боифтихор менависем ва зиёда ҳам мегӯем, вале боре ҳам бар ин намеандешем, ки бо ба даст овардани ин туҳфаи гаронқадри сарнавишт, чӣ арзишҳои беҳтарини иҷтимоӣ ва маънавиро аз даст додем. 

Барои дарки муҳим будани ин мавзӯъ, мо тасмим гирифтем зимни ироаи силсилаи мақолот ва гузоришҳо, авзои қишрҳои осебпазири ҷомеаро баъд аз касби истиқлолияти Тоҷикистон бозгӯ намоем. 

Фориғболии ҷомеа ё беории аҳли илму маориф 

Маҳз дар давраи истиқлолият аст, ки ҳамасола шурӯъ аз 1 октябр то 5 октябр дар Тоҷикистон рӯзи муаллим ҷашн гирифта мешавад. Бояд иқрор шуд, ин иқдоми хуб аст, чун аз сӯйи ЮНЕСКО – ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид 5 октябр рӯзи ҷаҳонии муаллим эълом шуда ва то ҳол беш аз 100 кишвари ҷаҳон инро пазируфтаанд. Ҳамасола дар чунин рӯзе дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз мақом ва нақши муаллимон дар ҷомеа таҷлил мешавад.

Баррасиҳои ахир нишон медиҳад, ки зоҳиран, масъулон ҳамасола пайгири ҳалли роҳҳои масъалаи норасоии муаллимон ва маоши онҳоанд. Тибқи гузориши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад. Гуфта шудааст, бо ҳадафи бартараф намудани ин мушкил, 2170 донишҷӯёни курсҳои болоиро ба кор ҷалб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз мактабҳо волидайн боз ҳам аз сифати пасти таълиму тарбия шикоят ва таъкидҳо, такрор ба такрор бар вазъи сахти даромади муаллимон ва аз бад будани кайфияти таълиму тарбия дар ҷомеа мекунанд. 

Дуруст аст, ки муаллимон санги бинои маориф ва дониши ҳар ҷомеа ҳастанд ва ояндаи наслҳои оянда дар дасти онҳост. Тибқи одат ҳар сол дар ҳаққи муаллимон аз минбарҳои расмӣ аз забони намояндагони давлатӣ садои тавсифу таърифҳо баланд мешавад. Бале, шакке нест, муаллимон равшангари муҳити дониши ҷомеа мебошанд, вале пурсишҳои зиёде ҳанӯз боқианд. 

Оё то ба ҳол фикр кардаем, ки ин чароғҳои хомӯши ҷомеа чӣ қадр дар миёни мо мавриди иззату эҳтиром қарор доранд ва чӣ қадр зери ҳимояти мустақими давлат қарор гирифтаанд?

Баъд аз пошхӯрии Ҷамоҳири Иттиҳодияи Шӯравӣ ҳамасола мо аз камбуди маоши омӯзгорон, нарасидани муаллимон дар соҳаи маориф, тарки касби омӯзгорӣ ва тарки муаллимон кишварро барои дарёфти музди меҳнати беҳтар хотирнишон мекунем, вале шоҳидем масъулин ҳеҷ роҳи беҳтаре барои пешгирии мушкилоти маориф ва муаллимон пайдо намекунанд.

Тибқи оморе, ки Кумитаи омори Тоҷикистон ба Ожонси ИТАР-ТАСС хабар додааст ва онро хабаргузории Радиои Озодӣ низ мунташир намудааст, даромади кори якрӯзаи муаллим дар кишвар соли 2003 54 сентро ташкил медода ва омӯзгор бо пул имкони харидани як кило ангурро надоштааст. Дар ҳамин ҳол, вазири маорифи собиқи он замон Сафаралӣ Раҷабов дар ҷаласаи машваратии вазорат эълом намуда буд, ки кишвар аз омӯзгорон садҳо ҳазор доллар қарздор аст. Авзои бади зиндагии муаллимон сабаб гардид, ки садҳо нафар омӯзгори боумеду болаёқат тарки касби пурифтихори муаллимӣ кунанд ва маҷбаран дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия ва кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ муҳоҷират намоянд. Тибқи ҳамон гузориши Вазорати маориф ба мактабҳои ҷумҳурӣ 8 ҳазор муаллим намерасидааст. Баъд аз он гузориш вазири маориф борҳову борҳо таъкид намуда аст, ки касби омӯзгорӣ ҳамоно касби камдаромад дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. 

Дар гузоришҳои дигаре омадааст, ки масъулон ҳамасола кӯшиш мекарданд то маоши муаллимонро ба ҳадди мунисиб баланд бардоранд. Чунончи, тибқи баррасиҳо соли 2010 маоши моҳонаи муаллимон аз 50 то 60 доллари амрикоиро ташкил медод, ки ҳамоно камтарин маош ба ҳисоб мерафт, ки боиси тарки бештари касб ва рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани омӯзгорони ботаҷриба шуд. Бархе аз коршиносон бист соли гузаштаи таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистонро ба унвони “давраи бесобиқаи фирори мағзҳо” арзёбӣ намудаанд. Ошноӣ бо омори солҳои ахир нишон медиҳанд, ки ин арзёбӣ комилан дуруст аст. 

Чунончи, тибқи иттилое, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сайти Еurasianet додааст, соли 2021 1124 нафар омӯзгор ба мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ намерасида аст. Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз як сол теъдоди норасоии муаллимон дар кишвар ба 3400 расидааст. 

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири собиқ дар суханронии худ ин мушкилотро ҳалшудани хонда ва гуфта буд, ки ҳар сол зиёда аз 16 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгории донишгоҳҳо ва донишкадаҳоро хатм мекунанд ва онҳо ҷойи омӯзгорони рафтаро пур мекунанд. Агар ин гузориш воқеъият дошта бошад, пас, оё баррасӣ кардаанд, ки ба чӣ сабаб то ба ҳол норасоии муаллимон, на танҳо дар деҳот, балки дар ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳам дида мешавад? 

Пурсиши дигаре аз вазири муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода, ки худ академики Академияи илмҳои ҶТ мебошад ва ҳамзамон солҳо Раёсати Донишгоҳи муътабарро бар уҳда дошт, боре ҳам фикр накард, ки барои пайдо кардани таҷрибаи корӣ ҳар омӯзгор бояд солҳо заҳмат кашад?

Дигар аз аҷоиботи ҷомеаи тоҷикон ин аст, ки ба сабаби тарки муаллимони зиёд аз кишвар, касби омӯзгорӣ имрӯз қариб пурра бар уҳдаи занон гузошта шудааст. Шоҳидем, ки бисёре аз ҷавононе, ки риштаи омӯзгориро пешаи кори худ мекунанд, ин корро барои озод шудан аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ва аз тарси ду соли “дедовшина” интихоб мекунанд.

Ба гуфтаи масъулин, онҳо барои ҳалли камбудҳо дар соҳаи маориф ва илм талош мекунанд, вале боре ҳам дар нишастҳо намеандешанд ва чораҳои корсозе намебинанд, ки чӣ арзишҳое дар зарфи ин ҳама сол бидуни бозгашт аз даст меравад. 

Наслҳои пеш медоданд, ки касби омӯзгорӣ дар даврони Шӯравӣ дар ҷомеа болотарин мақомро соҳиб буд. Муаллимони он даврон аз беҳтарин вазъ бархӯрдор буданд. Барои такмили ихтисос ва малакаи худ ҳар як омӯзгор метавонист барои худ вақт ҷудо кунад. Дар он замони начандон дур, ба ҷуз имконоти хуб, институтҳои такмили ихтисос низ амал мекарданд. 

Бархеҳо ба касби муаллимӣ ҳамчун интиқолдиҳандагони иттиллоот менигаранд, вале бехабар аз он ки муаллим нақши асосӣ дар шаклдиҳии фарҳанг, арзишҳои инсонӣ ва ояндаи кишварро дорад. Тибқи гузоришҳои соли 2025, камии муаллимон то андозае афзоиш пайдо кардааст, вале аслитарин мушкилоти омӯзгор то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Вазири маориф Р. Саидзода дар нишасти хабарие гуфт: 

“Ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб мумкин нест, вале баъзе волидон бо хоҳиши худ эҳсон мекунанд”, аммо вазир ишорае ҳам накард кадом хонаводаҳо чунин эҳсонро метавонанд бикунанд. 

Мардум бояд бидонад, ки пардохти ҳар маблағ ба будҷаи давлат қонунӣ бошад. Шоҳидем ва медонем, ки на ҳамаи хонаводаҳо қудрати хайру эҳсон ба давлат карданро доранд. Суйистифодаҳои ҳукуматиён, бахусус Вазорати маориф аз мақоми худ, хилофи қонун дар ҷомеа аст, ки мусалламан, боиси эҷоди халал бар амнияту назм дар кор, сабаби рушди худсариҳо, фасод ва хушунат дар ҷомеа мегардад. Ба гуфтае, бидуни қонун ҷомеа ба самти беназмӣ, зӯргуӣ ҳаракат карда ва зиндагии инсонҳо ба шакли “ҳайвонгуна” дармеояд.

Шиорҳои бардурӯғ

Оё муаллимон ниёзманданд? Ва ё ҳарфу амал яке нест?

Солҳост, ки аз минбарҳо ва нишастҳои хабарӣ масъулин дар бораи ройгон будани мактабҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ мегӯянд, вале мардум медонад, ки ҳарф дигар асту амал дигар. Ин суханон аз забони сарвари давлат Эмомали Раҳмон дар рӯзи “Дониш”, ки соли 2024 ҳам садо дод, вале баъд аз чанд рӯзи дигар дар ҷаласаҳои мактабӣ сарварони мактабҳо суханони Раисҷумҳурро бо дигар маънӣ баён намуда, волидайнро бо баҳонаҳое, чун «моҳонаи мактаб ва кӯмакҳое, ки Шумо мекунед ва ин пули хайру эҳсон ба мактаб ва муаллимони фарзандони шумост… ва ғайра» фареб доданд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз расми ҷоуфтодаи ҷамъоварии маблағ аз хонандагонро амали номатлуб хонд ва ба роҳбарони Вазорати маориф, раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо таъкид намуд, ки ба чунин амал қатъиян хотима бахшанд. Вале натиҷаи ин ҳама «таъкидот» ку?

Ҷомеъае, ки дар он масъулонаш эҳтиром на ба қонун на ба фармонҳои “Пешвояш” дорад, оё роҳи эҷоди саодати имрӯзу фардо ҳаст? Ё худ суханони “Пешво” дар рӯзи “Дониш” мумкин аст, як навъ худширинкунӣ дар назди мардумаш буд? Чаро то ҳол масъулоне, ки ҳамеша аз дастгирӣ ва саховатпешаи “Пешво” ҳарф мезананд, вуҷуди чунин қонунро «бо хатти зарҳал» навишта дар дарвозаҳои мактаб намеовезанд? Мумкин ин ба нафъашон нест!!

Дар гузоришҳо омадааст, боз ҳам дар бештари мактабҳои ҷумҳурӣ аз ҳар як хонанда ҳар моҳ пули моҳона ҳамчун пули хайр аз 20 то 30 сомонӣ, кумак ба фарроши мактаб, ба ҷузъ пули таъмир, ки ҳамасола аз ҳар хонанда аз 80 то 100 сомонӣ ва боз барои иваз кардани панҷараҳои синфхонаҳо, таъмири системаи гармидиҳӣ, пул барои хариди таҷҳизот барои хонандагон ва ғайраву ҳоказо ҷамъоварӣ мешавад.

Густариши ин расми аҳмақона, дақиқан ишора бар он дорад, ки муаллимон, чи дар шаҳрҳо ва чи дар деҳот, ба навъи гадоёни волидайни шогирдонашон табдил шудаанд. Таваҷҷуҳ ба муҳтавои матлаби зер дошта бошед! Ба гуфтаи бархе аз омӯзгорон, ки нидояшон нашрияҳое ба табъ расидааст, мегуянд:

«Мо низ намехоҳем эътибори касбии худро пойин оварда аз хонандагон пул талаб кунем, бисёре аз талабаҳое, ки хонаводаҳояшон вазъияти хуби иқтисодӣ надоранд, падари хонавода дар муҳоҷират меҳнатӣ ҳаст, волидайнро маҷбур мекунанд, ки барои пойин наовардани шахсияташ дар назди ҳамсинфон дархости муаллимонро ба ҷо биёваранд.

Мо шарқӣ ҳастем эътибори хонавода барои мо муҳим аст. Бисёре аз омӯзгорон, ки дониши хуб ва таҷрибаи хуби педагогӣ доштанд, маҷбур шуданд ин касби пурифтихорро раҳо ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Нозирони маориф ба масъалаҳои маъмурӣ ва бюрократӣ машғул шуда, ба комёбиҳои илмӣ кам аҳамият медиҳанд. 

Мо пайваста шикоят мекунем, ки либоси мактабӣ мувофиқи талаботи Вазорати маориф нест, мӯйи сарашон тарошида, озода бояд бошанд. Волидайне, ки фарзандонашон ба дарсҳо ширкат намекунанд ё хониши хуб надоранд, эътироз мекунанд, ки ҳар чи маблағе, ки аз ҷониби мактаб дархост мекунед пардохт мекунем. Шумо ҳам гузашт кунед!!»

Худо худ раҳнамо бошад!

Ба назар менамояд, на танҳо масъулини манофеъпараст боиси бадбахтиҳои ҷомеаанд, балки худ ҷомеа аст, ки бояд аз бадбихтиҳояш бигӯяд. Акси ин ҳол, солҳост, ки мо худ маддоҳем, гаштаву баргашта дар ҳаққи муаллимон мадҳияҳо месароем ва ифтихормандона мегӯем, ки муаллим ба фарзандонамон таълим медиҳад, муаллим ҳифзкунандаи ҳамаи арзишҳои неки инсоният, вай ҳомии садоқат, ростгӯӣ, адолат, шуҷоат, меҳрубонӣ ва донишу хирад, омӯзгори ҷомеа аст ва…. 

Ва аммо намебинем, ки ҷомеаи тоҷикон сахт беору берӯ шудааст. Муаллим, он касе, ки бояд аз ҳақиқат ба шогирдонаш гӯяд, вале дар баробари воқеъиятҳои фоаҷиангези зиндагиаш хомӯш аст. Намехоҳад ҳақиқатро бинад ва аз адолати хору зоршуда гӯяд. Беш аз си сол аст, ки дар баробари поймол шудани ҳақ ва эътибори рехтаву аз дастрафтаи муаллимон забонашро фурӯбурдааст. Намехоҳад бигӯяд, ки даҳҳо сол аст, ки муаллимони кишвар ба як қишри ниёзмандтарин ва «гадоёни босавод» -и ҷомеаи мурдадил табдил шудаанд. Инсоф бояд дошт, дар ҷомеае, ки муаллим худ гарави саломатии ҳар ҷомеа аст, фарзандонаш чӣ гуна метавонанд солим бошанд? 

Оё хақ дорем, бо ин вазъе, ки бар сари муаллимони фарзандонамон эҷод кардаем, худро мусалмону аз пайравони аҳком ва содиқони аҳодиси тарбиягари Паёмбари Ислом (С) маҳсуб бидонем? 

Пеш аз ин ки мушовирони дастгоҳ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон машварат барои беҳбудии мақоми муаллимон диҳанд, аввал худашон ба қадру манзалати муаллимони гадовазъи ҷомеа бирасанд. Фақат дар ин сурат, миллати тоҷик метавонад барои беҳтар шудани вазъи муаллиму таълим ва тарбияти ҷомеа умед бандад дар ғайри ин сурат, ҷомеаи мо ба сӯйи нобудии инсоният равон хоҳад шуд. 

Комбизи Доро

Толибон ба Тоҷикистон китобҳои “Амри маъруф”-и Охундзодаро ҳадя доданд

0

Волии Толибон дар вилояти Балхи Афғонистон, Юсуф Вафо дар як сафар ба шаҳри Душанбе бо намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон ва мақомоти амниятии кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба иттилои расонаҳо Афғонистон, Вафо дар ин мулоқот нусхаҳое аз қонуни “Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”-и дастурҳои раҳбари Толибон Ҳибатулло Охундзода ва чанд маводи дигар, ки андешаҳои Толибонро дар бар мегирад, ба Шӯрои уламои Тоҷикистон тақдим намудааст.

Ҳадафи ин иқдом “фаҳмондани ҳадаф ва андешаи Толибон” гуфта шудааст. Ин китобҳо ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар олимони шинохтаи тоҷик тақдим шудааст. Вафо таъкид кардааст, ки Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари исломӣ мебошанд ва даъват намудааст, ки сафари уламои тоҷик ба Афғонистон ва ҳамкориҳо дар бахши мазҳабӣ тақвият ёбанд.

Ӯ ҳамчунин аз кумаки Узбекистон дар сохтмони мадрасаи бузург дар Балх хабар дода, аз уламои тоҷик даъват кардааст, ки дар рушди муассисаҳои исломӣ дар Афғонистон саҳм гузоранд.

Коршиносони сиёсӣ бар ин боваранд, ки Толибон дар талошанд равобити худро бо Тоҷикистон барқарор кунанд.

Посухи Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳримҳои ИА

0

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе вориди рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо шудани се бонки кишварро шарҳ додааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ нашр гардид, гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимоли пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат намуда истодааст.

Ҳамзамон Бонки миллӣ гуфта, ки тамоми хидматрасониҳои бонкии “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонк” барои муштариён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буда, дар режаи муқаррарӣ ва тибқи нақша анҷом дода мешаванд.

Аммо ин ниҳод таъкид карда, ки барои интиқолҳои байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд ва муштариён дар ин маврид огоҳонида мешаванд.

“Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аҳаммияти ҳамкории созанда бо шарикони байналмилалиро ба инобат гирифта, барои таҳкими суботи низоми молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар саъю кӯшиш менамояд.” – омадааст дар баёнияи БМТ.

Дар ҳоле баёнияи БМ-и кишвар нашр мегардад, ки то ҳол “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонк” сабаби ба рӯйхати таҳримҳои ИА шомил шуданашонро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 23-уми октбяри соли ҷорӣ, Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба бахши молиявӣ равона шудааст. 

Ба рӯйхати нав, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чӣ ҳад ба фаъолияташон таъсир мегузораду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.