Хона блог саҳифа 349

Даргузашти рӯзноманигори шинохта Олег Панфилов

0

Рӯзноманигор, публисист ва нависандаи шинохта Олег Панфилов дар синни 66-солагӣ дар Гурҷистон даргузашт.

Имрӯз, 10-уми феврали соли 2023 хабари даргузашти Олег Панфилов рӯзноманигори шинохтаи зодаи Тоҷикистонро ҳамсараш хонум Оксана Маслак дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Хонум Оксана дар бораи сабаби вафоти ногаҳонии ин журналисти шинохта то ҳол шарҳе надодааст. Аксари шиносони ӯ мегӯянд, то дирӯз бо онҳо телефонӣ суҳбат мекард, бемор набуд. Вале тақрибан ду ҳафта пеш худаш аз таб доштану бемор буданаш хабар дода будааст, аммо дӯстонаш мегӯянд, баъдтар сиҳат ёфта буд.

Олег Панфилов 7-уми сентябри соли 1957 дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд)-и Тоҷикистон ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории ҳамин Ленинободро хатм кардааст.

Аз соли 1974 ба ҳайси рӯзноманигор дар телевизиони Тоҷикистон кор карда, солҳои 1979-1989 корманди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Тоҷикистон буд.

Вай дар солҳои 1991-1996 мухбири “Независимая газета” буд. Дар Русия раиси бюрои Маскави Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ва директори Маркази журналистикаи изтирори Иттиҳоди журналистони Русияро бар уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин солҳои 1994-2010 ва 2014-2019 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ кардааст.

Моҳи сентябри соли 2008 шаҳрвандии Гурҷистонро дарёфт карда, аз соли 2009 дар ин кишвар зиндагӣ мекард ва профессори Донишгоҳи давлатии Иляи Гурҷистон буд. То соли 2012 дар Шабакаи аввали Қафқоз, ки бо ташаббуси раисҷумҳури вақти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ таъсис ёфтааст, кор кардааст.

Имсол дар Украина китоби ӯ “Украина и Грузия – почему вместе?” нашр шуд. Вай муаллифи китоби “Антисоветские истории” аст. Яке аз китобҳои шинохтаи ӯ дар бораи рӯзноманигорони тоҷик “Таджикистан: журналисты на гражданской войне, 1992—1997” мебошад.  

Олег Панфилов саҳми бузурге дар ба даст омадани сулҳи тоҷикон дорад. Панфилов муаллиф ва ҳаммуаллифи 54 китоб ва 8 филмнома буда, дорандаи ордени “Шараф”-и Гурҷистон ва чандин ҷоизаҳои дигар низ мебошад.

Гурӯҳи эҷодии Azda tv даргузашти ин журналисти маъруфро ба наздикон ва пайвандону ҳаводоранаш таслият мегӯяд ва даргузашти ӯро як зойиъаи бузург дар байни аҳли илму адаб, аз ҷумла дар риштаи журналистика медонад.

Ҷудо кардани 800 миллион сомонӣ барои бунёди “Роғун”

0

Ҳукумати Тоҷикистон тибқи нақшаи тартиб додашуда барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 800 миллион сомонӣ (ҳудуди 78 миллион доллар) маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.

Дар қароре, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар 2-уми феврали соли ҷорӣ тасвиб шуда, омадааст, ки ин маблағ аз ҳисоби Фонди муътадилсозии рушди иқтисод аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

“Тарзи пардохти маблағҳои иловагӣ дар доираи нақшаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023, ки барои пур кардани сармояи оинномавии НБО “Роғун” пешбинӣ шудааст, танзим карда шавад”, – омадааст дар қарори Ҳукумат.

Тавре расонаи “Viral News” иттилоъ медиҳад, пас аз дарёфти маблағҳои ҷудошуда, чӣ гуна истифодаи онҳо НБО “Роғун” ҳисоботи хароҷотро ба Вазорати молияи кишвар пешниҳод менамояд.

Гуфта мешавад, дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта Ҳукумат дастур дода буд, ки барои ҷудо кардани маблағ барои бунёди НБО “Роғун” аз Фонди муътадилсозии рушди иқтисод 150 миллион сомонӣ ҷудо карда шавад.

Тибқи як қарори Ҳукумати кишвар дар моҳи ноябри соли гузашта, мебоист сармояи оинномавии НБО “Роғун” аз ҳисоби ин фонд ба маблағи 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар) муқаррар карда шавад.

Ба иттилои “Viral News”, илова бар маблағҳои зикргардида, як моҳ қабл Ҳукумат барои ҷамъоварии 1 миллиард сомонӣ аз Бонки миллии кишвар барои маблағгузории Маҷмааи сӯзишворӣ ва энержӣ иҷозаи порлумонро гирифт. Вале баъдан маълум шуд, ки ин маблағ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сарф шудааст.

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Вазорати энержии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Ҳукумати кишвар барои ҷалби сармояи созмонҳои молии байнулмилалӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” музокира дорад.

Дар ҳамин ҳол, 6-уми феврали соли равон муовини раиси Бонки исломии рушд Мансур Мухтор бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва дар фарҷоми вохӯрӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин бонк тасмим гирифтааст 250 миллон доллар дар 4 лоиҳаи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди НБО “Роғун” маблағгузорӣ кунад.

Ба иттилои Вазорати энержии Тоҷикистон, барои анҷоми пурраи НБО “Роғун” 5 миллард доллар лозим аст.

Номаи табрикии Сироҷиддин Муҳриддин ба Амир Абдуллоҳиён

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи табрикотӣ ба ҳамтои эрониаш Амир Абдуллоҳиён Ҷумҳурии исломии Эронро ба муносибати солрӯзи инқилобаш табрик кард.

Бино ба иттилои сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ин номаи худ ба Амир Абдуллоҳиён гуфтааст, “бо камоли хушнудӣ Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҷаноби олӣ табрик ва таҳният арз намуда, беҳтарин таманниёти худро иброз медорам.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст: Мо шоҳиди пешрафти чашмгир ва бузурги кишвари дӯст ва бародари Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоми арсаҳои давлатдорӣ ва афзоиши эътибору манзалати он дар саҳнаи байналмилал ҳастем, ки дар имтидоди хостаҳо ва ормонҳои мардуми шарифи Эрон мебошад.

Гуфта мешавад, то замони таҳияи ин матлаб сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ирсоли чунин номае ба Вазири корҳои хориҷи Эрон иттилоъ надода буд.

Инқилоби Эрон дар соли 1357 ҳиҷрӣ хуршедӣ мутобиқ ба соли 1979 мелодӣ (машҳур ба инқилоби исломӣ) бо мушорикати руҳониён, бозориён, аҳзоби сиёсии мухолиф, равшанфикрон, донишҷӯён ва мардуми одӣ дар Эрон анҷом пазируфт ва низоми подшоҳии ин кишварро сарнагун ва заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ бо роҳбарии Руҳуллоҳ Хумайниро фароҳам кард. Ин инқлоб бо номи “Инқилоби Баҳмани 57” низ шинохта мешавад.

Гурӯҳи наҷоти Тоҷикистон корро дар Туркия оғоз кард

0

Гурӯҳи наҷоти Тоҷикистон, ки дирӯз вориди Турия гардида буд, имрӯз корҳои наҷотдиҳиро дар Қаҳрамонмараш шуруъ кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои

Бо вуҷуди он ки дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти мардумони зери оворҳо бандмонда, ба қавли мақомоти Турия, беш аз 100 ҳазор нафар фаъолона ширкат мекунанд, вале аз сӯи дигар бо гузашти умедҳо барои наҷоти афроди боқимонда камтар мешавад.

Шабакаи Алҷазираи Қатар ҳам, ки ба сурати мустақим ва пайи ҳам ахбори ҷадид ва навгониҳои ин ҳодисаи мудҳишро пайгирӣ мекунад, хабар медиҳад, ки теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия наздик ба 22 ҳазор нафар расидааст.

Бар асоси охирин омори нашршуда аз ин ҳодиса, теъдоди ҷонбохтагон дар Турия зиёда аз 18 ҳазору 400 нафар ва дар Сурия 3 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи ҳамин оморҳои нашршуда шумори маҷруҳон дар Турия ва Сурия ҳудуди 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди доштани имконоти зиёди Туркия, аз қабили иқтисоди нисбатан қавӣ ва таҷҳизоти пешрафта, кишварҳои зиёде ба кумаки мардуми ин кишвар ва наҷоти зарардидагони он шитофтанд ва ин кумакҳо ҳамоно идома дорад, аммо вазъият дар Сурия ва бахусус манотиқе, ки таҳти султаи озодихоҳони он ва зери ҳимояи Туркия қарор доранд, хеле нигаронкунанда аст.

Муҳоҷират аз кишварҳои ИДМ ба Русия коҳиш ёфтааст, ба ҷуз Тоҷикистон

0

Бино ба гузориши солонаи “Росстат”, дар соли 2022 раванди муҳоҷират ба Русия аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) коҳиш ёфта, ба ҷуз Тоҷикистон, ки омори муҳоҷирати корӣ бештар шудааст.

Акс аҳ Интернет

Тавре расонаҳои Русия хабар медиҳанд, муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия соли гузашта ба маротиб коҳиш ёфтааст, аммо дар 11 моҳи соли гузашта танҳо омори муҳоҷирон аз Тоҷикистон рӯ ба рушд будаст.

Тибқи омори мақомоти Русия, аз оғози сол 165 112 нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд ва 91 620 нафар Русияро ба мақсади Тоҷикистон тарк кардаанд.

Аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд, ки теъдоди онҳо ба 73 492 нафар мерасад. Ва дар ҷойи дуввум муҳоҷирони корӣ аз Молдова бо 105 нафар мебошад.

Дигар кишварҳои бошанд рушди манфии муҳоҷират ба Русия доранд, аз ҷумла Арманистон – 12 199 нафар, Узбtкистон – 10 360 нафар, Қирғизистон – 9 930 нафар, Украина – 1 785 нафар.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, сабаби коҳиши муҳоҷират ба Русия асосан пас аз ҳамлаҳои ин кишвар ба Украина ва инчунин оғози басиҷи сарбозон ба артиш муҳоҷиронро аз ин кишвар гурезон кард. Ҳатто ин раванд натанҳо сафи муҳоҷиронро коҳиш дод, балки садҳо ҳазор аз шаҳрвандони худи Русия низ аз тарси басиҷ ба артиш ба кишварҳои ИДМ фирор карданд.

“Тоҷик Эйр” дубора фаъолияташро оғоз мекунад

0

“Тоҷик Эйр”, танҳо ширкати ҳавонавардии миллии кишвар, ки фаъолияташаро аз соли 2019 ба хотири буҳрони молӣ ва мушкилоти фаннӣ қатъ карда буд, парвозҳояшро аз нав роҳандозӣ мекунад.

Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки “Мо тарҳи кориямонро ба ҳайати мудираи ширкат пешниҳод кардем ва мунтазири тайид он ҳастем ва баъд аз он парвозҳоямонро аз нав оғоз мекунем”.

Шодмонзода гуфтааст, ки ширкати “Тоҷик Эйр” аз ҳавопаймоҳои “Airbus” дар парвозҳояш истифода хоҳад кард ва ин ширкат дар декабри соли 2022 бо ширкати “Airbus” барои ба лизинг гирифтани ду ҳавоипаймои навъи A319 бо 320 ҷои нишаст ва A321 бо 220 ҷои нишаст ба тавофуқ расидаанд. Ба қавли раиси ширкати “Тоҷик Эйр”, ин ду ҳавопаймои ширкати “Airbus” тавлиди соли 2011 ҳастанд.

“Тоҷик Эйр” замоне ҷузъи 10 ширкати матраҳи ҳавопаймоии ҷаҳон ба ҳисоб меомад, ва новгониҳавоияш дар замони шӯравӣ аз пешрафтатарин навгониҳои муҷаҳҳазу нав буд. Баъд аз истиқлоли кишвар ин ширкати ҳавоии миллӣ замингир шуд ва феълан дар новгониҳавоияш танҳо як ҳавопаймои Boeing 757-200 registration EY-751 дорад.

Ба иттилои масъулин, ин ширкати миллии ҳавонавардӣ барнома дорад дар моҳи март парвозҳояшро аз Душанбе ба Тиблисӣ ва дар моҳи май ба Боку роҳандозӣ кунад.

Пас аз рӯи кор омадани ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар соли 2008, майдони “Тоҷик Эйр” танг шуд ва ором-ором аз бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон ронда шуд.

Ширкати “Сомон Эйр”, ки мутаъаллиқ ба бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад, дар 15 соли ахир монополисти бозори ҳамлу нақли ҳавоии кишвар гаштааст ва худи Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафарҳояш аз ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” истифода мекунад. Ин дарҳолест, ки то соли 2010 ҳама сафарҳои Президенти Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии ҳавоии “Тоҷик Эйр” анҷом мегирифт.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, парвози Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” як навъ тиҷорат ва роҳест барои чаповули будҷаи давлатӣ, чун Президент барои сафарҳояш аз ҳисоби будҷаи давлатӣ барои “Сомн Эйр” ҳаққи иҷораи парвоз пардохт мекунад.

Бензин гарон мешавад? Қазоқистон содироти бензинро боз медорад

0

Қазоқистон содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро ба хориҷ аз кишвараш ба муддати чор моҳ тариқи ҳама гуна воситаи нақлиёт боз медорад.

Бино ба иттилои Zakon.kz, тибқи фармони муштараки вазорату идораҳои дахлдори Қазоқистон, содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ, ба истиснои равғанҳои молиданӣ, сӯзишвории моеъ, сӯзишвории авиатсионӣ барои баргузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин интиқол дар зарфҳои бензин аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи нақлиёт пешбинишуда, аз қаламрави ин кишвар ба муддати чор моҳ боздошта мешавад.

Гуфта мешавад, фармони муштараки ниҳодҳои марбутаи ин кишвар пас аз даҳ рӯзи нашри аввалини расмии он ба кор медарояд.

Пештар аз ин, 20-уми январи соли 2023 бо фармони муштараки вазири энергетика, вазири молия, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мамнуъияти содироти сӯзишворӣ бо роҳи автомобилгард барои шаш моҳи дигар тамдид карда шуда буд.

Манъи содироти ин маҳсулот ба хотири таъмини бозори дохилии Қазоқистон бо маводи сӯзишворӣ гуфта мешавад ва эҳтимоли зиёд ба нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъсири чашмрасе нахоҳад дошт. Зеро воридоти дизелу бензин аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба миқдори начандон зиёд сурат мегирад. Асосан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гази моеъ оварда мешавад, ки он 84,1% аз ҳаҷми умумии воридоти газро ташкил медиҳад.

Тақрибан 90%-и сӯзишвории дизелӣ ва бензин ба Тоҷикистон аз Русия ворид карда мешавад.

Путин: “Алқоида” дар Афғонистон тақвият меёбад

0

Панҷумин давраи нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон рӯзи чоршанбе, 8-уми феврал дар Маскав оғоз шуд.

Дар ин нишаст мушовирони миллии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Русия, Ҳиндустон ва Эрон ҳузур дошта, дар масоилӣ амниятӣ, ҳуқуқи башарӣ мубориза бо терроризм ва дигар масоили мубрами Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон созмонҳои ҳаросафкан ва террористии байналмилалӣ дар ин кишвар фаъолтар шудаанд. Ӯ афзуд, аз ҷумла “Алқоида” дар ҳоли афзоиши зарфиятҳои худ аст.

Путин Афғонистонро барои Русия муҳим хонд ва таъкид кард, ки ба хусус дар ин авзои кунунӣ “аҳаммияти Афғонистон барои Русия ду баробар шудааст.” Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, маншаъаи 80% маводи мухаддири дунё Афғонистон аст.

Низ дар нишасти мазкур ишора шуд, ки силоҳҳои баҷо мондаи Амрико дар Афғонистон, ки миллиардҳо доллар арзиш доранд, мумкин аст ба гурӯҳҳои террористӣ фурӯхта шаванд ё дар ҷанги эҳтимолӣ миёни афғонҳо истифода шаванд.

Ҳамчунин мушовирони амниятии кишварҳои минтақа аз адами ташкили давлати фарогир дар Афғонистон нигаронӣ карда, зимнан ҳушдор доданд, ки таъхир дар эҷоди як давлати ҳамашумул сабаби ба вуҷуд омадани тамоми мушкилоти ин кишвар хоҳад буд.

Дар ин нишаст, бо вуҷуди он ки масоил амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа баррасӣ мешавад, намояндаи Толибон ҳузур надорад ва дар нишастҳои гузашта боре ҳам даъват нашудаанд.

Толибон мегӯянд, дар ҳар нишасте, ки Афғонистон дар он баҳси меҳварӣ бошад, ҳузури намояндаи Иморати исломӣ ҳатмӣ аст.

“Бидуни шак дар чунин нишастҳо баҳсҳои интиқодӣ ва ё ҳам дидгоҳ ва ё супоришоте вуҷуд хоҳад дошт ва ин намояндаи Иморати исломӣ хоҳад буд, ки бо ҳузури худ дар чунин нишастҳо ба масоили мубҳам посух хоҳад дод ва далоили худро баёно хоҳад дошт.”, омадааст дар посухи Толибон.

Ёдовар мешавем, ки сеюмин давраи ин нишаст дар Деҳлии Ҳиндустон ва чорумин давраи он моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд. Он замон низ бар рӯи ташкили ҳукумати ҳамашумул, мубориза бо терроризм таъкидоти зиёде шуда буд.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 09.02.2023 | AZDА TV

0

Олмониҳо: Абдуллоҳи Шамсиддинро озод кунед!

Ихроҷи як оилаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Кумаки Тоҷикистон ба Туркия

Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистн дар Бишкек

Кумаки Тоҷикистон ба Туркия

0

Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаҳои ахири Туркия дар ҳаҷми наздик ба 100 тонна маводи хӯрока ва дигар ашёи зарурӣ фиристод.

Субҳи имрӯз, 9-уми феврали соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба зарардигони заминларзаҳои ахир дар Турия кумакҳои худро ирсол кард.

Тибқи иттилои расмӣ, “кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.”

Инчунин хабаргузории расмии Тоҷикистон АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад, ки ҳамзамон “ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.”

Гуфта мешавад, “ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздик ба 100 тонна мебошад.” Инчунин 50 нафар имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумлаи мутахассисони омӯзишдида, духтур-ҷарроҳ ва травматологҳо низ барои кумак расонидан ба зарардидагон фиристода шуданд.