Хона блог саҳифа 348

Чаро корхонаву вазоратҳои бузурги Тоҷикистон пули барқро намедиҳанд?

0

Дар Тоҷикистон вазорату ширкатҳои бузурге вуҷуд дорад, ки миллонҳо сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздоранд ва солҳост маблағи қарзи худро пардохт намекунанд.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми феврали соли ҷорӣ мудири ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ” Ивайло Стоянов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод. Стоянов дар ин нишаст рӯйхати вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои бузурги истеҳсолии кишварро муаррифӣ кард, ки миллонҳо сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт накардаанд.

Намояндаи ин ширкат хабар дод, ки ҳаҷми умумии қарзи барқи корхонаву ширкатҳо дар Тоҷикистон дар ду соли ахир ба 534 миллион сомонӣ (52 миллион доллар) баробар шудааст.

Раҳбари ширкати “Шабакаҳои тақсими барқ” гуфт, ки бархе аз корхонаҳо ва вазорату идораҳои кишвар ба таври муназзам пули нерӯи барқро сари вақт ва пурра намепардозанд.

Корхонаҳое, ки аз ҳама бештар аз “Барқи тоҷик” қарздоронд, ин ширкати алюминийи “Талко” мебошад, ки ба қавли ӯ, тайи ду соли ахир ба маблағи беш аз 97,6 миллион сомонӣ пули барқро пардохт накардааст. Қарзи ширкати мазкур аз нерӯи барқ ​​бо назардошти солҳои гузашта ба 487 миллион сомонӣ расидааст.

Инчунин ба гуфтаи Стоянов, аз ҷумлаи қарздорони асосии дигар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст, ки тӯли ду соли ахир қарзи ин идораи давлатӣ ба 172 миллион сомонӣ ва дар маҷмуъ 460 миллион сомонӣ (ҳудуди 46 миллион доллар) пули барқро пардохт накардааст.

Раҳбари ширкати “Шабакаҳои тақсими барқ” дар ин нишаст гуфт, ки дар ду соли гузашта қарзи аҳолӣ дар назди “Барқи тоҷик” афзоиш ёфта, ба 139 миллион сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ қарзи сокинони кишвар аз истифодаи нерӯи барқ ба 1,5 миллиард сомонӣ наздик шудааст.

Карзи умумии тамоми истеъмолкунандагон дар давоми тамоми солхо аллакай кариб 3,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин омор маълум мешавад, ки аз қарзи умумии истифодаи нерӯи барқ танҳо як корхонаву як идораи давлатӣ наздикӣ 30 дарсади қарзҳоро ташкил медиҳанд.  

Қарзи “Талко” аз “Барқи тоҷик” ба ним миллард сомонӣ наздик шуд

0

Танҳо як корхонаи зери раҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода аз ширкати “Барқи тоҷик” наздик ба ним миллиард сомонӣ қарздор аст.

Имрӯз, 13-уми феврали соли 2023 масъулини ширкати фаръии “Барқи тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии худ ба хабарнигорон гуфтанд, ки аз қарзи ширкати алюминийи тоҷик бо номи “Талко” наздик ба 500 миллион сомонӣ мерасад.

Ба гуфтаи масъулони “Барқи тоҷик” танҳо дар соли 2022 қарзи ширкати “Талко” ба 97 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Қарзҳои ин ширкат аз солҳои гузашт бошад, 389 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар маҷмуъ қарзҳои ин ширкат ба 487 миллион сомонӣ баробар шуда, дар феҳристи қарздорон дар ҷои аввал қарор дорад.  

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” нерӯи барқро бо нархи аз ҳама арзон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба “Талко” мефурӯшад, аммо бо ин вуҷуд, ин ширкат, ки вобастаи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон асту аксари кулли фоидаи онро ҳам на давлат, балки ба ҷайби додарарӯси Президенти Тоҷикистон ворез мешавад, касе ҷуръати онро надорад, ки пули қарзашро бигирад.

Ширкати “Талко” чанд корхонаҳои дигаре низ дорад, ки ҳама бо шарофати наздик будан ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз пардохти ҳаққи нерӯи барқи истифодашуда, андозҳо ва дигар молиёт сарпечӣ мекунанд.

Ду сол пеш низ баҳси қарздор будани “Талко” дар расонаҳои Тоҷикистон доғ шуда буд. Он замон низ “Барқи тоҷик” ширкати “Талко”-ро дар раъси рӯйхати бузургтарин қарздорон ворид карда буд ва ҳаҷми қарзашро 40 миллион доллар эълон кард. Аммо маълум мешавад, ки бо гузашти 2 сол на танҳо “Талко” қарзашро пардохт накарда, балки қарзаш бештар шудааст.

Барқи тоҷик намедонад “лимит” кай бардошта мешавад

0

“Лимит”-и барқ дар Тоҷикистон то “боридану борону бештар захира шудани об” давом мекунад.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дақиқ намедонад “лимит”-и барқ дар минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад.

Ба гуфтаи Асозода додани барқ ба сокинон бидуни маҳдудият ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад.

Пештар аз ин, 1-уми феврали соли 2023 фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бекор кардани “лимит”-и барқ, ки рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ содир шуда буд, аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” бекор карда шуда буд.

Дар робита ба бекор кардани фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки “дар январи соли ҷорӣ вобаста ба сардиҳои бениҳоят зиёд дастур дода шуд, ки барқ ба таври шабонарӯзи ба аҳолии мамлакат таъмин карда шавад. Чун албатта сардӣ бениҳоят зиёд буд, дар ин рӯзҳои сардӣ мардум бо барқ таъмин карда шуд. Аммо вобаста ба он, ки ҳаво сард буд, истифдабарии барқ дар дохили кившар бениҳоят боло рафт…”

Маҳмадумар Асозода дар идома афзуд, ки бо беҳтар гардидани резиши об, норасоие, ки аз ҳисоби истифодаи аз ҳад зиёд ба миён омад, рӯйпуш карда мешавад ва мардум ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегарданд. Яъне, то он замон дар ин сардии зимистон сокинон бе барқ хоҳанд буд.

Аммо сокинон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшад.

Ҳатто Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфта буд, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти  низоми энергетикии мамлакат мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар дар ин сармои шадид аз бебарқӣ шикоят мекунанд. Субҳи имрӯз як манбаъ аз шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ба Azda tv гуфт, ки то рафт “лимит” бештар мешавад. “Ҳоло дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат барқ дорему халос, 2 сат субҳ ва 3 соат аз тарафи бегоҳ барқ дода мешавад.”

Камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Аммо фурӯши он ба хориҷи кишвар бемушкилие идома дорад.

Шумори қурбониёни заминларза аз 36 ҳазор гузашт

0

Аз заминларзаи мудҳиши Туркия ва Сурия ва кишварҳои минтақа, ки дар натиҷа миллионҳо нафар зарар дидаанд, як ҳафта гузашт ва ҳамоно умедҳо барои наҷоти мардум вуҷуд дорад.

Созмони Милал моро хор кард

Имрӯз, 13-уми феврали соли 2023 гузоришҳои мақомоти Туркия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои заминларзаҳои ахир аз марзи 36 ҳазор нафар убур кардааст.

Бар асоси ин омор теъдоди қурбониён дар Туркия зиёда аз 31 ҳазору 643 нафар ва ин теъдод дар Сурия беш аз 4 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад. Аммо “Марсад“, созмони ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, ки теъдоди қурбониёни ин кишвар ба беш 5 ҳазору 200 нафар расидааст. Шумори маҷруҳони Тукрия ва Сурия низ дар ҳоли афзоиш буда, аз марзи 90 ҳазор нафар убур кардааст.

Сокинони шимолу ғарбии Сурия, ки аз ҳама зиёдтар зарар дидаву он минтақа зери назорати озодихоҳони ин кишвар қарор дорад, бо сарчапа тасвир кардани парчами Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки Созмони Милал моро хор кард.

Аз сӯи дигар, намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид низ дар Сурия мегӯяд, ки онҳо ҳақ доранд дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин қазоват бикунунд. Дар ин минтақа зиёда аз 4 миллион нафар ба сурати фаврӣ ба кумакҳои аввалия ниёз доранд. Ҳазорҳо нафар аз сокинони ин минтақа бесарпаноҳ монда, дар ин рӯзҳои сард рӯи замин мехобанд. На хаймае доранд, ки сарашонро паноҳ кунанд ва на обу ноне, ки ишмакҳояшон сер шавад.

Кумакҳои СММ баъд 6 рӯз аз гузашти ин ҳодиса ба Сурия расиданд. Имрӯз ҳам Созмони Милал дар бораи ирсоли кумакҳо ва бардоштани таҳримҳои иқтисодӣ аз ин кишвар ташкили ҷаласа дорад ва интизор меравад, ки ба як натиҷаи мусбате даст ёбанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин ҳама шароити душвор ҳамоно ҳама умедҳо барои наҷоти мардумони зери оворҳо ва вайронаҳо ба ҷо монда идома дорад ва дар ин лаҳзаҳое, ки ин матлаб таҳия мешуд, хабар расид, ки гурӯҳҳои наҷот баъд 176 соат як пиразанро ҳамроҳи духтар ва наберааш зинда аз зери вайронаҳо берун бароварданд.

Наздик ба 550 медали варзишкорони тоҷик дар як сол

0

Варзишкорони Тоҷикистон бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар соли гузашта наздик ба 550 медал оварданд.

Бино ба иттилои расмӣ, варзишкорони Тоҷикистон дар соли 2022 “дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 64 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал оварданд.

Ба гуфтаи мақомоти кишвар, соли гузашта 650 нафар варзишгар, аз ин шумора 34 бонувон дар мусобиқаҳо иштирок карда, 150 медали тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ба бойгонии варзиши кишвар ворид карданд.

Гуфта мешавад, ин дастовардҳои варзишкорони Тоҷикистон “нисбат ба соли 2021 150 медал бештар (47 тилло зиёд, 41 нуқра ва 62 биринҷӣ) мебошад.”

Инчунин барои ташвиқ ва тарғиби варзишкорон Вазорати молияи кишвар аз ҳисоби буҷаи ихтисосдодаи Фонди президент ба “35 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд”, 568 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Гурӯҳи имдоди Тоҷикистон боз як кӯдакро зинда аз зери овораҳо наҷот дод

0

Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, гурӯҳи имдоди Тоҷикистон як кӯдаки 3-соларо аз зери овораҳо пас аз гузашти 158 соати заминларза зинда берун баровард.

Гуфта мешавад, тими наҷоти Тоҷикистон, ки 51 нафар ҳастанд, рӯзи 12-уми феврали соли ҷорӣ аз зери овараҳои валангоргашта аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия, тавонистанд зинда берун бикашанд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, пас аз берун баровардани писарбачаи 3-сола ӯро барои муойина ба дасти тими табибон супорида шуд ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Дар наворе, ки расонаи “Анадолу” нашр кард, ки дида мешавад, ки пас аз зинда берун баровардани ин тифл атрофиён шодӣ мекунанд ва ашки чашмони худро пок мекунанд.

Расонаҳои туркӣ мегӯянд, гурӯҳи наҷоти Тоҷикистон бо гузашти ҳафт рӯз аз зилзилаи маргбор, талош доранд то касоне, ки зери овораҳо гир афтодаанд, наҷот диҳад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе, 11-уми феврал Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи наҷоти кишвар дар шаҳри Қаҳрамонмараш як тифли 6-моҳаро ҳамроҳи падараш аз зери оворҳои ба ҷо монда аз заминларза зинда берун бароварданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, то имрӯз омори кушташудагон дар зери овораҳои зилзила дар Туркия ба 29 ҳазору 605 нафар ва дар Сурия ин омор ба 4 ҳазору 500 нафар расид.

Шумори қурбонинёни зилзила дар Турия ва Сурия ба 26 ҳазор нафар расид

0

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки давоми рӯз дасти кам се маротиба заминҷунбиҳои ҷадиде бо бузургии аз 4,1 то 5 дараҷа шимолу шарқи ин кишварро такон додааст.

Субҳи имрӯз, 11-уми феврали соли 2023 оморҳои расмӣ аз Турия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодисаҳои ғамангез беш аз 26 ҳазору 330 нафарро ташкил дода ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи охирин оморҳо, теъдоди қурбониёни дар Туркия 21 ҳазору 842 нафар ва шумори захмиҳо ба 80 ҳазору 104 каси дигар расидааст. Аммо ин омор дар Сурия 4 ҳазору 487 кушта ва 7 ҳазор 396 маҷруҳро ташкил медиҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон кард, ки гурӯҳи наҷоти кишварамон, ки дирӯз вориди Қаҳрамонмараш шуда буданд, субҳи имрӯз як тифли 6-моҳа ва падарашро аз зери оворҳои ба ҷо монда аз заминларза зинда берун бароварданд. Ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд.

Зиёда аз 100 ҳазор нафар дар гурӯҳҳои наҷоти беш аз 70 кишвари дунё ва фаъолону хайрхоҳони турк ва сокинони ин кишвар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти мардумони зери оворҳоро дар Туркия идома медиҳанд ва лаҳзаҳа ба лаҳлаза талош доранд, ки ҷони мардумро наҷот диҳанд.

Аммо бархе сокинони Сурия бо роҳандозии иқдомҳои кумакхоҳӣ аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, бо гузашти 6 шабонарӯз аз ин ҳодисаҳои мудҳиш ҳамоно ҳам ҳеч гурӯҳи наҷоте аз давлатҳои дунё ба кумаки онҳо наомадааст. Имоконоташон хеле кам ва тавоноиҳояшон ҳам маҳдуд аст, ба ҳамин хотир наметавонанд сари вақт ҷони афроди зери вайронаҳоро наҷот диҳанд.

Бо ин вуҷуд ахбору гузоришҳое аз Турия ва Сурия тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки ҳикоят аз наҷоти дасти кам 20 нафарро дар ҳамин рӯз доранд. Дар байни онҳо аз кӯдаки шашмоҳа то пири 72-сола ҳам вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, бар асари заминларзаҳои шадиде, ки субҳи 6-уми феврали соли ҷорӣ Турия, Сурия, Ироқ, Лубнон, Юнон ва Қибрису Мисрро такон дод, тибқи оморҳои расмӣ зиёда аз 24 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 90 ҳазор каси дигар маҷруҳ шуд. Дар бораи онҳое, ки беному нишон зери вайронаҳо мондаанд, омори дақиқе вуҷуд надорад.

Дар ҳоле, ки даҳшату ваҳшати ин ҳодиса ҳамоно идома дорад ва мардумро ба худ наовардааст, бархе муҳаққиқон бахши заминшиносӣ ва зилзиласанҷӣ мегӯянд, ки эҳтимол меравад ба наздикӣ ҳамчунин заминҷунбии шадиде қисматҳое аз Афғонистону Покистон ва Ҳиндустонро ҳам такон хоҳад дод.

Номаҳои пинҳонии Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин ба Эрон

0

Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳар ду дар алоҳидагӣ ва дур аз чашми расонаҳои расмии кишвар пинҳонӣ ба ҳамтоёни эрониашон нома навиштанд.

Имрӯз, 10-уми феврали соли 2023,

Ҳамзамон бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чун мақомоти Эрон расман аз Тоҷикистон талаби баргардондани пулҳои Бобаки Занҷониро ба сурати чиддитар оғоз кардаанд, аз чашми расонаҳои расмии кишвар ва мардуми Тоҷикистон пинҳон кардани ин номаҳо се иллат дошта метавонад:

а) Дар ҳоли ҳозир Душанбеи расмӣ, ки бо мухолифони Теҳрон низ дар ин авохир робитаи хубе барқарор кардааст, дӯстӣ ва самимияти худро ба раҳбарияти Эрон ба намоиш гузошта ва бузургнамоӣ кардани ин номаҳо эҳтимол онҳоро биранҷонад;

б) Нуктаи дувум ҳам он аст, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик муносибатҳо ва робитаҳои сиёсии ҳар ду кишвар аз нав сард шаванд, ба ҳамин хотир ҷонибҳо намехоҳанд фардо ин масъаларо касе ба рухи онҳа бикашад.

в) Дар ҳоле, ки хеле аз кишварҳои дунё алайҳи ҷумҳурии исломӣ мавзеъгириҳои худро афзоиш медиҳанд ва таҳримҳои ҷадидеро алайҳи мақомоти ин кишвар ҷорӣ мекунанд, аз нигоҳи сиёсӣ расонаӣ кардани ин номаҳо ва ба намоиш гузоштанӣ дӯстӣ бо Эрон ва раҳбарони феълеии он кишвар паёмадҳои нохубе ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Биноан, ба назар мерасад, ин амр мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, вале зоҳиран дертар фаҳминдаанд, ки сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дӯсти хирс аст, на аз онҳо!

                                                 Амруллоҳи Низом

Додситони Бадахшон аз мансабаш барканор шуд?

0

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Парвиз Орифзода, додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иттиҳоми фурӯши амволи мусодирашудаи раҳбарони мардумии ин вилоят аз мансабаш барканор шудааст.

Бино ба иттилои рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ, рӯзи 9-уми феврали соли ҷорӣ додситони ВМКБ Орифзода Парвиз Рустам бо гумони фурӯши мошинҳое, ки аз фаъолони бадахшонӣ мусодира шуда буданд, аз вазифа барканор шуда ва мақомот нисбати ӯ тафтишотро оғоз кардааст.  

Рустами Ҷонӣ менависад: “Зоҳиран мошинҳоеро, ки мақомот баъди ҳодисаҳои хунини ВМКБ аз дасти фаъолони Помир гирифта буданд, додситони собиқ ба шахсони сеюм фурӯхтааст”.

То ҳол мақомот ба таври расмӣ хабари барканор шудани Парвиз Орифзодаро аз мақомаш таъйид ё рад накардааст.

Дар ҳамин ҳол, “Pamir Daily News” менависад, ки пештар аз як манбаи номаълум хабар гирифта буд, ки Орифзода ба далели сӯиистифода аз мансаб аз мақом барканор шудааст.

Як манбаъ аз Бадахшон ба Azda TV гуфт, ки аз барканор шудани Парвиз Орифзода хабар надорад, аммо “ҷиноятҳое, ки Орифзода содир кардааст ба ҳама маълум аст”. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки Орифзода ва зердастонаш бе қарори суд мошин, телефон ва ҳатто ашёи хонаи сокинон ва раҳбарони мардумии Бадахшонро мусодира мекарданд.

Парвиз Орифзода моҳи майи соли гузашта замони эътирози сокинони ВМКБ дар телевизиони давлатии “Бадахшон” суханронии карда гуфта буд, ки ширкат дар эътирозҳо бо амали террористӣ баробар карда мешавад.

Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 10.02.2023 | AZDА TV

0

Муҳоҷират аз кишварҳои ИДМ ба Русия коҳиш ёфтааст, ба ҷуз Тоҷикистон

Додситони Бадахшон аз вазифааш сабукдӯш шуд?

Ҷудо кардани 800 миллион сомонӣ барои бунёди “Роғун”