Хона блог саҳифа 357

CPJ: соли 2022 маргбортарин сол барои рӯзноманигорон

0

Дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон беш аз 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шуданд, ки ин баландтарин омор аз соли 2018 ба ҳисоб меравад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), рӯзи 24-уми январ бо нашри гузорише эълон кард, ки назар ба соли 2021 дар соли 2022, 50 дарсад бештар рӯзноманигорон кушта шуд ва шумораи умумии онҳо ба 67 нафар расидааст.

CPJ мегӯяд, ки 35 нафари ин кормандони расонаҳо дар Украина, Мексика ва Ҳаитӣ кушта шудаанд. Аз ыумла таъкид мешавад, ки дар соли 2022 дар Ҳаитӣ дастикам панҷ хабарнигор, аз сӯи дастаҳои мусаллаҳ, ки амалан назорати пойтахти он кишварро дар даст доранд, ба қатл расиданд ва ду нафари онҳо аз тири пулис кушта шудаанд.

Бино ба иттилои CPJ аз 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳое, ки дар Украина кушта шудаанд, 13 тани онҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоъ ва ё гузориш додан кушта шудаанд.

CPJ дар истинод ба рӯзноманигорон менависанд, ки низомиҳои Русия кормандони расонаҳоро барқасдона ба ҳадаф мегиранд.

Дар ин гузориш Амрикои Лотинӣ хатарноктарин минтақа барои рӯзноманигорон дар соли 2022 дониста шуда, дар маҷмуъ 30 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо дар ин минтақа давоми сол кушта шудаанд.

Аз ин шумора дар соли гузашта танҳо дар Мексика 13 хабарнигор ва корманди расонаҳои хабарӣ ба қатл расиданд. Иттиҳоди хабарнигорони Мексика ин рақамро 15 нафар эълон карда, мегӯяд, соли 2022 барои кормандони расонаҳо дар ин кишвар маргбортарин сол тайи се даҳаи ахир будааст.

Сабаби афзоиши қатли хабарнигорон дар Мексика вуҷуди мафияи маводи мухаддир, фасоди сиёсӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва нотавонӣ дар шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин кушторҳо гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, аксари рӯзноманигороне, ки дар Амрикои Лотинӣ кушта шудаанд, ҳамаи онҳо ба инъикоси мавзуҳое аз қабили ҷинояткорӣ, фасодкорӣ, хушунати гуруҳҳои ҷиноӣ ва мушкилоти муҳитзистӣ машғул буданд.

Соли 2022 барои рӯзноманигорони тоҷик низ соли баде буд. Мақомодорони тоҷик соли гузашта беш аз 7 рӯзноманигору блогерро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Эътирофи мақомоти Олмон дар бораи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин

0

Мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки фаъоли сиёсии Тоҷикистон Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Аммо нагуфтанд, ҳоло ӯ дар куҷост?

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳ имрӯз ба Azda tv гуфт, пас аз дархости онҳо мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки писараш Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 18-уми январи соли 2023 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Ба қавли ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо гузашти беш аз 9 шабонарӯз то ҳол на ҷониби мақомоти олмонӣ ва на ҷониби мақомоти тоҷикистон дар бораи сарнавишти писараш Абдуллоҳи Шамсиддин ҳеч иттилое надодаанд ва нагуфтаанд, ки вай дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор дорад?

Аз сӯи дигар, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев, ихроҷи ин писари фаъоли сиёсии Тоҷикистонро аз Олмони демократӣ ба Тоҷикистони “демократӣ” як лаккаи нанг дониста гуфтааст, “номи ин амал ҷинояти башарӣ ва хиёнат бар демукросӣ ва ҳуқуқи инсон аст.”

Раҳбари ҷунбиши “Ватандор” таъкид карда, ки намедонам давлатмардонӣ олмонӣ дар робита ба ин қазия чӣ эҳсосе доранд, аммо “агар Олмон Абдуллоҳро барнагардонад, ин амал чун як доғи сиёҳ ба ҳамеша бар пешонааш хоҳад монд.

Гуфта мешавад, Паймони миллии Тоҷикистон ва Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки то кунун дар чунин қазияҳо фаъол буданд, дар бораи парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин то ҳол расман ба расонаҳо чизе нагуфтаанд. Аммо бо ин вуҷуд, интизор меравад, рӯзҳои наздик ҷамъе аз мухолифон дар якҷоягӣ бо дигар гурӯҳҳо иқдомҳоеро дар ин бора рӯи даст бигиранд.

Вазорати тандурустӣ: 48 заҳролуд не, дилбеҳузур шуданд

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб 48 соат аз заҳролудшавии 48 нафар дар вилоят Хатлон ин ҳодисаро шарҳ дод.

Имрӯз, 26-уми январи соли 2023 Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як матлаб гуфт, “натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст.

Ба қавли манбаъ: “Ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд.” Аммо пеш аз ин гуфта мешуд, ки 24 нафар аз ин афрод, ки вазъи саломатиашон вазнинтар буд, ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудаанд.  

Бо ин вуҷуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин шарҳи Вазорати тандурустиро аксари корбарон интиқод карда, қисме онро нишони камсаводии кадрҳои нолоиқи соҳаи тандурустӣ, ки мансабҳоро ишғол кардаанд, рабт додаву қисме дигар ин шарҳи вазоратро хиҷолатомез арзёбӣ кардаанд.

Корбаре бо номи Мирасил Мирзоев ин ҳамаро хато хонда гуфтааст: “Айбастее, наход дар ҳамин муддат як фарзияи дуруст бароварда нашуд, ин маънои онро дорад, ки ё мутахассиси соҳа надорем ё лаборатория таҷҳизот надорад…. Айби равған, о равған як нафар ё ду нафарро дилбеҳузурӣ мекунад ҳамаро неку ба фикрам…. Ҳама набошад аз як табақ истеъмол кардаанд!?… Як дурӯғи замини гӯянд намешавад...”

Аммо корбари дигаре бо номи Шаъмигул Муҳсинова таъкид мекунад: “Боз гуфтанд, ки намак мушкилӣ доштаст ку! Ман аз як табиби беморхонаи шаҳри Кӯлоб шунидам! Гуфт, намаки коркард нашударо истифода бурдаанд!”

Инчунин корбари дигаре ҳам бо номи Роҳбар Одинаев бо таассуфи зиёде гуфта, ки “агар ҳамин фарзияи хандаовар, ки гӯё истеъмоли зиёди равғани зард сабаби асосӣ бошадро, фарзияи асосӣ донанд, пас вой бар ҳоли медидцинаи мо…”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса меафзояд, “рӯзи  24 январи соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.”

Гапи Толибон ба Узбекистон гузашт

0

Вазири корҳои хориҷии Толибон ба Узебикистон ҳушдор дод, ки ба қарордодҳои худ пойбанд бошад, ду рӯз пас Тошканд ваъда дод, ки дар муддати 24 соат уҳдадориҳояшро анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ваъда додааст, ки имрӯз, 25-уми январи соли 2023 барқи содиротӣ ба Афғонистонро пас аз 11 рӯзи вақфа дубора интиқол медиҳад.

Рӯзномаи “Анис” чопи Кобул ҳам имрӯз, иттилоъ додааст, ки сокинони пойтахти Афғонистон ва чандин шаҳрҳои дигари ин кишвар, ки бо нерӯи барқи воридотии Узбекистон таъмин буданд, чандин рӯз аст, ки аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Шабакаи “Ориённюс”-и Афғонистон ҳам ба нақл аз раиси ширкати барқи Кобул гуфтааст, иллати камбуди барқ “мушкилоти техникӣ” аст ва “яке аз мушкилоте, ки бо мо шарик шудааст, иборат аз чоҳҳои газ дар Узбекистон аст, ки аз он барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешаванд.”

Пеш аз ин Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Узбекистон ҳушдор дода буд, ки дар ин рӯзҳои сард ба қарордодҳояш дар хусуси интиқоли нерӯи барқ пойбанд бимонад ва сари вақт мардуми кишварро тибқи қарордоҳои имзошуда бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Ба қавли ББС, Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ду рӯз пас аз ин ҳушдори вазири корҳои хориҷии Толибон ваъда додааст, ки ҷониби Тошканд дар муддати 24 соати оянда уҳдадориҳояшро пурра иҷро, барқи содиротии худ ба Афғонистонро дар ҳаҷми 256 мГв таъмин мекунад.

Ин дар ҳолест, дар ин фасли замистон ва сармои шадиде, ки минтақаро фаро гирифтаасту аксари сокинони кишварамон дар сардиву торикӣ ба сар мебаранд, Ҳукумати Тоҷикистон барқро ба ҳамсояҳояш Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мефурӯшад.

Толибон дар оғози январи соли ҷорӣ қарордодҳои харид ва интиқоли нерӯи барқи содиротии Узбекистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон барои соли 2023 аз нав имзо намуда, иҷроиши онҳоро як соли дигар тамдид карда буданд.

Гуфта мешавад, ин шабу рӯзҳо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус сокинони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд. Ҳатто сокинони пойтахтҳои ин се кишвар бо камбуди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бархе коршиносон, пас аз ин ҳушдори Толибон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷониби Узбекистон нерӯи барқи зиёдтаре бо нархи арзонтар аз Тоҷикистон мехарад ва бо баҳои қиматтар ба Афғонистон мефурӯшад. Бо ин роҳ ҳам фоида ба даст меорад ва ҳам ба уҳдадориҳояш дар баробари Толибон амал мекунад.

Амруллоҳи Низом

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 25.01.2023 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0
  • Баррасии интиқоли нафту гази Қазоқистон ба Тоҷикистон
  • Сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
  • Сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон
  • Боз “мобилизатсия” дар Русия оғоз мешавад?

Боз “мобилизатсия” дар Русия оғоз мешавад?

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷорӣ намудани “мобилизатсия” ё басиҷи сарбозон ба артиш ва ҷалби даҳҳо ҳазор сарбозро баррасӣ дорад.

Тавре шабакаи телевизионии CNN дар истинод ба шахсони расмии Амрико ва Ғарб, ки “ба маълумотҳои иктишофӣ дастрасӣ доранд”, хабар медиҳад, Путин ин бор қасд дорад беш аз 200 ҳазор нафарро ба артишаш ҷалб кунад.

Бино ба иттилои CNN, мавҷи нави басиҷи сарбозон “оромтар” мешавад, зеро мақомоти Русия  “аз эътирози оммавӣ ва оқибатҳои иқтисодии он нигаронанд”. Вале гуфта мешавад, то ҳол дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

Котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо ТАСС ин хабарро рад кардааст.

Аммо пештар Песков ҳамчунин иттилоъро дар бораи он ки Хадамоти федералии амнияти Русия аз 9-уми январ хуруҷи шаҳрвандони ба хидмати ҳарбӣ мувофиқро аз қаламрави Русия маҳдуд кардааст, рад карда буд.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми январи соли ҷорӣ Сарраёсати истихбороти Вазорати дифои Украина эълом карда буд, ки Хадамоти федералии амнияти Русия ба тамоми ниҳодҳои марзбонӣ дастур додааст, ки хуруҷи шаҳрвандонро аз кишвар маҳдуд кунад.

Песков ин хабарро дурӯғ хонда буд. Аммо дар давоми як ҳафтаи охир дар фурӯдгоҳҳои Русия барои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, тарки кишвар то 12-уми феврал мамнуъ шудаааст.

Сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон

0

Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон бо сафари расмӣ ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меравад.

Акс аз сомонаи Рахна.нет

Бино ба иттиллои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон, соли ҷории мелодӣ Иброҳим Раис, Президенти ин кишвар бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт.

Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ҳамтои эрониаш Амир Абдуллоҳиён дар Тошканд “изҳори умедворӣ” кардааст, ки тибқи барнома соли ҷории мелодӣ Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ шуда, ки то ҳанӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст ва таърихи дақиқе барои анҷоми сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон то ҳол эълон нашудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ба қудрат расидани Иброҳим Расисӣ дар Эрон муносибатҳои сарди Душанбеву Теҳрон нисбат ба гузашта гармтар шуд. Нахустин сафари хориҷии раиси ҷумҳури кунунии Эрон ҳам ба Тоҷикистон сурат гирифт ва баъд аз он Эмомалӣ Раҳмон низ ба Теҳрон сафар карда буд.

Ин сафарҳои сарони давлатҳо ба Душанбеву Теҳрон санги сари роҳи робитаҳои сард ва ба қавли Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои “душманона”-и онҳоро аз васат бардошт ва ҷонибҳоро пас аз наздик ба 7 соли “дурӣ” ва “ҷудоӣ” дубора ба ҳам васл кард.

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар Тошканд

0

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар раъси ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Тошканд мулоқот ва перомуни масоили мухталиф гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз, 25-уми январи соли ҷорӣ сарони дастгоҳҳои дипломатии Тоҷикистон ва Эрон дар Тошканд мулоқот карданд.

Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот Амир Абдуллоҳиён бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддини Муҳриддин “перомуни роҳҳои густариши ҳар чӣ бештари муносиботи дуҷониба, мавзӯъҳои минтақавӣ ва таҳаввулоти байналмилалии мавриди алоқаи муштарак гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи баргузории ин мулоқот то замони таҳияи ин хабар чизе нагуфтааст, вале ҷониби Эрон мегӯяд, ҷонибҳо инчунин дар бораи тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро ҳам таъкид карданд.

Пеш аз ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз Покистону Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам дидор ва дар бораи масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи тарафҳо гуфтугӯ карда буд.

Гуфта мешавад, ин мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Туркия, Эрон ва Покистон дар ҳошияи 26-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор гардиданд.

Сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон

0

Қарор аст дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Михаил Мишустин, сарвазири Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дод, ки 24-уми январи соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба масоили омодагӣ ба сафари дарпешистодаи сарвазири Русия “Михаил Владимирович Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар назар аст”, гуфтугӯ карданд.

Дар хабар аз аҳдофи ин сафар ва дигар ҷузъиёти он чизе гуфта нашудааст.

Зоҳиран, пас аз буҳрони ҷанг дар Украина Русия талош дорад бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ робитаҳояшро амиқтар кунад. Русия гарчанд шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад, вале давоми як соли ахир дида мешавад, сафарҳои шахсиятҳои сатҳи аввали Русия ба Тоҷикистон бешта шудааст.

Баррасии интиқоли нафту гази Қазоқистон ба Тоҷикистон

0

Рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон масъалаи интиқоли нафту гази ин кишвар ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон Ибодзода Хайрулло бо вазири энергетикаи Қазоқистон Акчулаков Болат Уралович мулоқоту гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар масоили обу энержӣ, аз ҷумла воридоти нафту газ аз Қаоқистон ба Тоҷикстон баррасӣ карданд.

Тоҷикистон маҳсулоти нафтии худро дар шакли омодашудаи бензин ва салярка асосоан аз Русия ва Қазоқистон тавассути ширкати “Фароз”-и мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш ширкати “Фароз” аз барҳамхӯрданаш хабар дода буд, вале таҳқиқоти журналистии расонаҳои дохилӣ нишон дода, ки ин ширкат натанҳо аз байн нарафта, балки ба чанд фаръи дигар тақсим шудааст. Ва ҳоло он аз воридоти газу бензин шуруъ карда, то аз қайди техникӣ гузаронидани мошинҳо ва ҳатто баъзе асонди тиббиву раванди қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва даҳҳо тиҷорати дигарро зери даст дорад.